Садриддин Айнӣ

Садриддин Айнӣ

(1878—1954)

АЗ ТАЪРИХИ РЎЗГОР

Бояд гуфт, ки рўзгори воқеии С. Айнӣ баъд аз пирўзии Инқилоби халқии Бухоро (2.09.1920) то имрўз барои алоқамандони адабиёти бадеӣ чандон равшан нест. Он чи ба ин бахши сарнавишти ў сурат бастааст, дар муҳити сиёсии дигар навишта шудааст.

Назар ба иқрори К. Айнӣ (фарзанди бузурги адиб) дар Инқилоби Бухоро мардум ба ду даста ҷудо шуда, гирдиҳамоиҳо меоростанд. Аммо С. Айнӣ бо дўстонаш эътироз баён карда, дар намоиш ширкат накардани хешро изҳор менамояд. Сабаб он будааст, ки Шарифҷон Махдуми Садри Зиё ба воситаи номае С. Айниро ҳушёр додааст, ки амири Бухоро балво хезонда тирпарронӣ карданист. С. Айнӣ ҳамфикронашро фаҳмонданӣ мешавад,  ки:  «Халқ тайёр  нест, миллат хароб мешавад».

Баъдтар масъалаи сарвари ҷумҳурии Бухоро ба миён меояд, ки ба он номзадии Файзулло Хоҷаев, Абдуррауфи Фитрат, С. Айнӣ. Ҳошим Шоиқ пешниҳод мегардад. Дар натиҷа, Ф. Хоҷаев ба сифати раиси Ҷумҳурии халқии Бухоро интихоб мешавад ва ў андактар Шоиқи Афандиро сафири Афғонистон таъин мекунад, С. Айниро ба Ирон фиристоданӣ мешавад. Ҳамон айём С. Айнӣ изҳор доштааст: «Ҳазрати эшон ман на сафир мешаваму на кабир (на сарвар). Агар тавонед ба мо имкон диҳед, ки чун кишварҳои Шарқ дар Бухоро «Анҷумани таърихӣ- адабӣ» (академия)-ро барпо кунем». Ин пешниҳодро Ф. Хоҷаев мепазирад. Ба ин тариқ, Абдуқодир Муҳиддинов, Шоиқ Афандӣ, Домулло Изомӣ, С. Айнӣ дар садорати ин анҷуман қарор мегиранд. Изомӣ мегўяд: «С. Айнӣ ҳар рўз  дар хонае соати 8—45 ҳамаро ҷамъ мекард ва соати 9—00 корро оғоз менамуд. Дар ин анҷуман  танҳо Садри Зиё ҳақ дошт, ки сари вақт ҳозир нашавад»., …Бояд гуфт, ки С. Айнӣ дар миёни ҳамрадифони худ, шояд, аввалин касе аз зиёиёни салтанати амирсолории Бухоро буд, ки ба зудӣ инқилоби русҳоро пазируфт. Чунин рафтори С. Айнӣ миёни алоқамандон саволҳоро пеш меорад. Як саволе, ки посухро дархост дорад, он аст, ки магар С. Айнӣ ба ҳадафи инқилоби русӣ ва ибтикори болшевикҳо сарфаҳм рафтааст? Мо бар ин ақидаем, ки С. Айнӣ то поёни умр ҷомеаи сусиёлистиро нафаҳмид ва ҳама фаъолияте, ки ҷиҳати пойдории сохти ҷадид анҷом дод, ба хотири зинда мондан ва барои мардумаш хизмат кардан будааст.

Яъне, устод, шояд, бо замона худро сохт, зеро дигар илоҷе надошт. Масалан, шоире буд бо номи Абураҳмони кўлобӣ, ки мадрасаро   дар Бухоро хатм карда, баъди баргаштан ду мадраса таъсис дода, донишмандонро аз Бухоро, Кобул, Ҳиндустону Покистон даъват мекунад, то ки дарс гўянд. Илова бар ин, Абдураҳмони шоир ҳамроҳи Олимхон ва Файзулло Хоҷаев Академияи ҳарбии Петербургро  хатм  кардааст. Мавсуф таҳсилдидаи мактабҳои Олмону Туркия низ буд. Забонҳои   арабӣ, туркӣ, русӣ ва олмониро медонист. Эшон мисли Файзулло Хоҷаев аввали   солҳои инқилоб узви ҳизби болшевикӣ мешавад.

Абдураҳмон солҳои сӣ яке аз сардорони сохтмони обёрии Вахш будааст. Ба ин сохтмон мутахассисони олмониву амрикоиро даъват мекардааст. Ў он айём шоири тозакор Мирсаид Миршакарро бо худ мебарад. Бо ҳамин қадар хидмату сарсупорӣ Абдураҳмони шоир соли  1937 бо тўҳмат парронда   шуд. Писари Абдураҳмон—Абдуразоқ   (падари  Ҳабибуллои ҳунарманди шинохта), мадрасаи Бухоро хатм карда, яке аз донишмандони    замони худ будааст. Вале соли 1937 Абдуразоқ, баъди се дафъа ба тўҳмат гирифтор шуданаш, зиндонӣ шуд. Фақат соли 1954   озодаш карданд. Ў ба фарзандаш Ҳабибулло ҳикоят кардааст, ки дар зиндони Қазоқистон 45 ҳазор мударис, ки тарбиядидагони  мадрасаҳои Бухоро  буданд, азият медиданд.

Аз ин ҷумла се ҳазор зинда монда вақти пирӣ ба озодӣ баромаданд … Пас як мулоҳиза бояд кард, ки С. Айнӣ дуруст рафтор кардааст, ё на. Ба хотири рушди адабиёту фарҳанг ва мавҷудияти қавму миллат замонасозӣ кардан ҳеҷ    бадие    надорад, зеро бо мурури замон таърих ҳақҳову ноҳақҳоро ҷо ба ҷо   хоҳад кард. Чунон ки ҳодисаҳои солҳои 90-уми Тоҷикистон нишон дод, ба кишварҳои дигар рў овардани як зумра шоирону донишмандони тоҷик ба хотири манфиати илму адабиёту фарҳанг сурат бастааст.

Аз сўи дигар, С Айнӣ аз солҳои мадрасахониаш сар карда беадолатиро мазаммат менамуд ва ҳамеша тарафдори табақаи заҳматкаш буд. Чунин ба назар мерасад, ки С. Айнӣ сохти амирсолории Бухороро шахсан бад медид, аммо ҷуръат ба овоз баланд карданро надошт. Илова бар ин, амир ўро 75 чўб зад ва ба обхонаи арк андохташ ва ба асари воқеаи Колесов бародараш — Сироҷиддинро ба қатл расонд. Андактар бародари дигараш—Муҳиддинро низ ҷисман нобуд кард. Агар аскарони сурх ўро аз обхонаи арк намекашиданд, яқин С. Айнӣ нобуд мешуд. Яъне нависанда дар симои аскарони рус наҷотдиҳандаи худро эҳсос кард. Айён аст, ки С. Айнӣ алайҳи муллоҳо мубориза мебурд, ҳол он ки он айём мардум ба онон боварӣ дошт ва аз паяшон мерафтанд. Аз ин ҷост, ки таъқиби С. Айнӣ шурўъ шуд ва ҳатто хавфи ба қатл расонданаш низ маълум буд. Дар ин ҳолат низ болшевикҳои Самарқанд ўро зери қаноти худ гирифтанд. Гўё бори дуввум С. Айниро аз мурдан русҳо раҳониданд. Ва ниҳоят, С. Айнӣ ҳис кард, ки ҷомеаи нав ба ў зарурат дорад.

Бо вуҷуди ҳама сарсупурдагӣ соли 1937 С. Айнӣ душмани халқ эълон шуд ва хиёбони «Регистон», ки дар Самарқанд номи С. Айниро гирифта буд, бардошта шуд. Ба замми ин ронандаи С. Айнӣ—Бобоқул аз Сталинобод хабар меовард, ки дар ҳама ҷо С. Айниро сиёҳ карда истодаанд. Ба ин далел, С. Айнӣ ҳабси хонагӣ буд ва ҳар лаҳза зиндонро интизорӣ мекашид. Аз ин ҷост, ки ў дарҳол ба А. Лоҳутӣ нома навишт ва аз ин тўҳматҳо ўро воқиф сохт. А. Лоҳутӣ сарнавишти С Айниро ба нависандаи босалоҳияти рус А. Фадеев қисса менамояд. А. Фадеев ҳамроҳи М. Молотов ба назди И. В. Сталин ташриф меоранд. Баъд аз ошноӣ бо рўзгори С. Айнӣ, И. Сталин мегўяд: «Ин марди кўҳансолро эҳтиёт бояд кард. Ў рамзи мардуми бузурги форсизабон мебошад.» Ҳамин буд, ки муовини А. Фадеев —Ставский ба Самарқанд фиристонда шуд ва Айниро бо худ ба Маскав бурда, андактар истироҳати ўро дар Сочӣ ташкил карданд.

Гумон меравад, ки баъд аз ҳодисаи соли 1937 С. Айнӣ кам ё беш ба моҳияти воқеии ҷомеаи сусиёлистӣ сарфаҳм рафт ва баъдҳо кўшиш кард, ки дар васфи он камтар нависад.

Чунон ки маълум аст, С. Айнӣ ҳамеша дар Самарқанд иқомат мекард ва гоҳ—гоҳе ҷиҳати иштирок дар маҷлисҳои садорати Академияи улум, ки сарпарастии онро аз соли 1951 ба ўҳда дошт, ба Сталинобод ташриф меовард.

Ҳарчанд ки С. Айнӣ то поёни умр дар Самарқанд рўзгор бурдааст, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дўст медошт ва аз он ифтихор мекард. Агар касе баъд аз хатми мактаби олӣ ҷиҳати фаъолият ва иқомати доимӣ ба Тоҷикистон кўч бастанӣ мешуд, С. Айнӣ чунин ашхосро табрик мегуфт. Академики тиб Ҳомид Мансуров (ҷияни зани устод) менависад, ки солҳои таҳсилаш дар донишгоҳ ўро С. Айнӣ ташвиқ мекарда аст, ки ҷиҳати кори доимӣ ба Тоҷикистон равад, зеро ҷумҳурӣ ба касони ихтисосманд ниёз дошт.

Менависанд, ки ҳар дафъа, ки С. Айнӣ ба Сталинобод ташриф меовард, дар бўстонсарои ҳукуматӣ қарор мегирифт ва ҳар пагоҳӣ болои сандалии назди ҳавлӣ нишаста, рўзномаву маҷаллаҳои тоҷикиро мутолиа мекард.

Устод бори охир, моҳи майи соли 1954 ба Сталинобод сафар баста, дар кори конференсияи илмие сари масъалаи забон иштирок намуд ва ба сабаби авҷ гирифтани маризиаш дар боғи ҳукуматии Сталинобод бистарӣ мешавад.

Пайваста ба рўзҳои охири ҳаёти С. Айнӣ, узви вобастаи академияи улуми Тоҷикистон Соҳиб Табаров менависад: 15-уми июли соли 1954 аҳволи саломатии С. Айнӣ бениҳоят вазнин шуд. Он рўз чошт назди ҳавлие, ки С. Айнӣ бистарӣ буд, А. Деҳотӣ, Неъматуллоев, Ғулом Алиев ва Ҳабиб Аҳрорӣ қарор доштанд. Устод дар хонаи аввали қисми ҷанубу шарқии бино, болои болиштҳои баланд такя дошт. Дар гирду атрофаш хешу ақрабо ва духтаронаш—Холидаву Лутфия дар даву тоз  буданд. Ҳомид Мансуров болои сари С. Айнӣ рост истода, сари ўро бо дасти чапаш баланд нигоҳ медошт ва ба даҳони устод бо дока ва ё пахта об мечаконд. Ин лаҳзаҳои охири зиндагии С. Айнӣ буд. Ҳамон рўз нисфирўзӣ устод бо олами равшан  абадӣ видоъ кард … Баъд аз на кам як соат ҷасади устодро Ҳ. Мансуров, Ғ. Алиев ва чанде дигарон эҳтиёткорона ба назди «Волга»—М—21 оварда, дохили он гузоштанд ва ду— се кас аз наздикони марҳум дар он нишастанд ва дигарон ба мошинҳо савор шуда, роҳи ҳавлии устодро пеш мегиранд.

Дар як муддати кўтоҳ атрофи ҳавлии бўстонсаро, майдони назди фаввораи дар қисмати шарқии ҳавлӣ буда ва тарафи ҷанубии он аз одамон ва мошиинҳо пур мешавад.

Лаҳзае, ки ҷасади устодро ба ҳавлиаш мерасонанд, аллакай кўчаи он вақт Ботаникӣ( ҳоло ба номи Ҳамза Ҳакимзода), кўчаи Рўдакӣ ва атрофи ҳавлии марҳум аз алоқамандон пур буд. Адибону уламо: М. Турсунзода, А. Деҳотӣ, С. Улуғзода, Б. Раҳимзода, М. Миршакар ва муаллимону шогирдони мактабҳои олии шаҳр, мактаббачаҳо, коргарону деҳқонон ҷамъ омада буданд.

Шаби  15-уми июл, баъд аз ин ки рўзи дафни устод маълум мешаваду аксар хонаҳошон мераванд, суратгирон якчанд дафъа акси устодро дар тобут мебардоранд. Ҳамин вақт ҳайкалтарош Е. Татаринова бо иҷозати хешовандони марҳум тарҳи рўи ўро ду—се маротиба ба гаҷ рўйбардор мекунад, ки минбаъд тарҳи симои С. Айнӣ абадӣ боқӣ мемонад.

17-уми июл, соатҳои панҷ—шаши субҳ тобутро бо ҷасади устод ба дохили ҳамон мошини сабукрав гузошта ба бинои Театри опера ва балет меоранд. Соатҳои 10-и пагоҳӣ дар майдони «800-солагии Москва», тахминан, дусад—сесад ҳазор видоъкунандагон ҷамъ меоянд. Тамоми ҷараёни видоъ бо устод аз оғоз то интиҳо, тавассути радиои ҷумҳурӣ пахш мегардад. Матнҳо аз болохонаи театр хонда мешуданд. Овозхонҳои «Шашмақом» Бобоқул Файзуллоев, Шоҳназар Соҳибов, Фазлиддин Шаҳобов, Ҳанифа Мавлонова, Аҳмад Бобоқулов, Барно Исҳоқова, Тўҳфа Фозилова сурудҳои дилхарошро бо сўзу гудоз месуруданд.

Соати чаҳор хайрухуш бо устод хотима ёфта, ҳамагон роҳи Боғи шаҳри маданият ва истироҳатро пеш мегиранд. Аз даромадгоҳи ҷанубу шарқии боғ, ки бо дарвозаю панҷараҳои баланди кунгурадор оро ёфта буд, ба қисми ҷанубу ғарбии боғ даромада, дар ҷанубтари қабри шаҳидон, ҷасади устод С. Айниро ба хок месупоранд. (Муфассалан, ниг. : С. Табаров. Ёди устод. —Садои Шарқ, 1979, № 4, с. 123—133).

Назар ба нақли академик М. Шукуров соли фавти С. Айнӣ ба сифати ҷои мазор интихоб шудани боғи шаҳрӣ мувақатӣ буд, зеро ҳамон вақт мавзеи муносибе барои марқади устод муҳайё набуд. Аз ин ҷост, ки соли 1958 турбати С. Айниро ба «Боғи Айнӣ» кўчонданд. Маълум мешавад, ки ҷасади устод ба дохили сандуқ гузошта шуда, қисми болои бадан мумиё шуда ва болои рўи ў шишабандӣ гардида буд. Вақте ки тобутро аз хок мекашанд, рўи Айнӣ тоза ва зинда намудор мешавад, аммо баъд аз чанд лаҳза ба сабаби аз қабати шиша дохил шудани ҳаво, нармӣ пайдо мешавад ва дигар рўи марҳумро дидан душвор мегардад. Хулоса, турбати устодро бо сандуқ дар ҷойи феълиаш, зери санги мармари қабр, ки хонаро мемонад, мегузоранд. Яъне турбат гўронда нашудааст. Ҳоло болои мазори С. Айнӣ нимпайкараи гаҷии ў қарор дорад. Дар ин боғ шахсиятҳои фарҳангии ҷумҳурӣ академикон Бобоҷон Ғафуров, Муҳаммад Осимӣ ва шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода мадфунанд.

Соли 1978 ҷомеаи тоҷик 100-солагии С.Айниро таҷлил намуд. Дар Душанбе ба хотири устод ду ёдгорӣ қомат рост кард. Яке аз он «М. Горкий ва С Айнӣ» унвон дошта, лаҳзаи сўҳбати ду ҷеҳраи адабиёти шўравиро тасвир мекунад. Ин ҳайкал назди Хонаи адибони Тоҷикистон, дар кўчаи Исмоили Сомонӣ гузошта мешавад. Онро муҷассамасози машҳур Исак Давидович Сфомятниковичи москвагӣ сохтааст.

Ёдгории дигар пайкари биринҷии Айнӣ аст, ки 6,9 метр баландӣ дошта, болои пояи 4,2 метра қарор дорад. Муаллифон Умар Элдаров, Александр Агаронов ва Рустам Каримов мебошанд, ки дар бадали ду сол онро офаридаанд. Ин ансамбл дар рў ба рўи музейи Беҳзод, назди хонаи хизмати маишии «Садбарг» ва меҳмонхонаи «Душанбе» барпой аст.

Ба ҳайкал—ансамбли С. Айнӣ боз се композитсия: «Одина», «Озодӣ» ва «Ғалаба» илова шудааст, ки дар маҷмўъ баёнгари рўзгори устод ва қаҳрамонҳои ўянд. (Ниг. : Уктам Пўлодов.. Ёдгории абадӣ. —Ҳамон маъхаз, с. 134—137)

Илова бар ин, дар рўзҳову моҳҳои омодагӣ ба ҷашни садсолагии С. Айнӣ дар маҷаллаву рўзномаҳои Тоҷикистон, хотираҳои фарзандони устод—Холида ва Камол Айнӣ, академик Ҳомид Мансуров, Раҳим Ҳошим, Соҳиб Табаров, Ўктам Пўлодов, Аслиддин Қамаров ва амсоли онон чоп гардиданд. Ин хотираҳо барои боз ҳам равшантар сохтани рўзгор ва фаъолияти эҷодии устод С. Айнӣ ба сифати маводи баарзише шинохта хоҳанд шуд. Ба сабаби ин ки мақолоти мазкур пароканда буда, алъон баъзе аз онҳо аз сафҳаҳои рўзномаву маҷаллаҳои давр канда гирифта шудаанд, мо ҷо—ҷо он мўҳтаворо ин ҷо истифода намудем, то ки алоқамандон зарраи дигар дар мавриди ин чеҳраи барўманди адабиёту фарҳанги форсии тоҷикӣ ошноӣ дошта бошанд.

Чунон ки маълум аст, устод С. Айнӣ аз оғози солҳои бист ба омўзишу таҳқиқи осори Рўдакй алоқа пайдо карда, соли 1934 охирин мақолаашро сари мавзўи дар куҷо мадфун шудани Рўдакӣ менависад, ки он бо номи «Ҷои таваллуд, вафот ва турбати устод Рўдакӣ» дар матбуоти Ирон низ ба чоп мерасад. Адиб дар он аз рўи устухони сару рўи Рўдакӣ ба вуҷуд овардани чеҳраи шоирро орзу мекунад. С. Айнӣ иттилоъ дошт, ки илми антропологӣ ба ибтикори олими шинохтаи рус М. М. Герасимов симои Амир Темур, Шоҳрух ва Улуғбекро барқарор карда буд. Аз ҷумла, устод С. Айнӣ ишора кардааст, ки «агар устухони сару рўи Рўдакӣ солим ба даст дарояд, ба вай симои аслии  ин устоди бузургро ҳам муайян карда мешавад».    Пайваста ба ҳамин мавзўъ, яке аз орзуҳои С. Айнӣ «кофта дидани қабри устод Рўдакӣ ва пас аз ҳазор соли ҷудоӣ бо мардум намоиш додани акси чеҳраи он бузургвор …» будааст. Дар ин маврид С. Айнӣ хеле сахтгир буда ҳар гуфтаву навиштаро оид ба Рўдакӣ дақиқан месанҷид ва барои ў «ҳеҷ чизи хурд, ҳеҷ чизи назарногир ва ночиз вуҷуд надошт».

Аз рўи нақли Камол Айнӣ рўзе ба ҳавлии онҳо дар Самарқанд се кас аз Сталинобод меҳмон мешаванд, ки яке бостоншиноси  рус  В.  Р. Чейлитко  будааст.  Дар    оғоз    устод хеле шод  мешавад, ки мутахассиси қаворашинос (бостоншинос) ба ў муроҷиат  кардааст ва имкон дорад,  ки     симои  Рўдакиро муайян карда тавонад, зеро Чейлитко аз солҳои чиҳил сар карда, дар атрофи Панҷакент ва Панҷрўд чандин бор корҳои харрофиро анҷом медод. Мавсуф ният дошт, ки бо    роҳнамоии С. Айнӣ қабри Рўдакиро кушояд.

Вақте ки С. Айнӣ ғарқи сўҳбатҳои гарме бо меҳмон будааст, писари ў — Камол бо як сатил мева, ки аз боғи беруни шаҳр оварда ва сару либосаш чанголуд шуда буд, дохили ҳавлӣ мешавад. Баъд аз саломи Камолро қабул доштан, С. Айнӣ мегўяд

Барои меҳмон ду табақ мева шуста биёру ҳеҷ ҷой нарав.

Табиист, ки С. Айнӣ ҳамоно сўҳбаташро бо меҳмон идома медод ва сари кашфиёти рўдакишиносӣ баҳс менамуд. Чейлитко, гўё ки кайҳо қабри Рўдакиро кушода бошад, бо як ғурур ва боварии қатъӣ мегуфт, ки ҳатман дар сохтани сурати Рўдакӣ шахсан роҳбарӣ хоҳад кард.

«— Ин кашфиёт чунон кори бузургест, —давом медиҳад ў,.. — ки ба каси дигаре бовар кардан муҳол аст».

Чунин ранг гирифтани сўҳбат ва оҳанги гуфтори бостоншинос ба С. Айнӣ хуш намеояд. Аз ин ҷост, ки боз чанд саволӣ дигаре оид ба қабатҳои замин, усули атиқашиносӣ, нишонаҳои сафолшиносӣ, хатхонӣ, сикашиносӣ, инчунин дигар масоили бостоншиносиро ба миён мегузорад ва аз ин тариқ дониши воқеии Чейлиткоро санҷиданӣ мешавад. Бд ин мақсад С. Айнӣ ба меҳмон муроҷиат карда  мегўяд:

—Рафиқ Чейлитко, ҳоло ки шумо мехоҳед қабри Рўдакиро кушоед ва чеҳраи ўро ав рўи устухони сару рўяш мисли аслаш созонед ва мебинам, ки ба худатон боварии қавӣ ҳам доред, ба як суоли ман ҷавоб диҳед.

Ин савол таваҷҷўҳи ҳамагонро ба сўи С. Айнӣ ҷалб менамояд. Устод бо хоҳарзодаи завҷааш Абдулҳамид, ки дар хона бо либосҳои покиза ва дасту рўи шуста мисли фарзанди соҳибхона нишаста буд, ишора карда ва Камолро, ки аз боғ ҳамин ҳоло омада хидмат мекард, бо ангушташ нишон дода, ба Чейлитко мегўяд:

— Шумо ҳоло бигўед, ки аз ин ду писар кадомаш фарзанди ман аст?

Чейлитко ба тарафи Камол назар медўзад, ўро аз сар то пой бодиққат менигарад ва мебинад, ки хидмат дорад, навакак аз боғот меваи тоза овард, либосҳояш ҳам чандон казоӣ нест ва боз фалахмоне овезон дар гардан дорад, дар назараш деҳотибачаеро мемонад. Бостоншинос ба ҳар ду писарбача нигоҳе карда,   ба  хоҳарзодаи  ҳамсари  С.  Айнӣ Абдулҳамид ишорае карда мегўяд:

-Ман шубҳае надорам, ки ин писарак фарзанди шумост.
Бо чунин ҷавоб гирифтан, С. Айнӣ чизе намегўяд ва эҳсосашро ҳам ошкор намекунад. Ҳамин лаҳза як дўсти қарини устод вориди хона мегардад. С. Айнӣ ба зудӣ боз ба меҳмон, муроҷиаткунон мефармояд:

-Пас, ҳоло бигўед, ки ин шахс кист? Ба ин бачаҳо дахле доранд ё не?

Чейлитко ба он мард, ки дар бар куртаэзори маҳаллии сафед ва яктаҳи беастари сафед ва кафши соддаи ҷойдорӣ дар пой дошт, нигоҳе карда, як лаҳза сокит монда, пас мегўяд:

—Албатта ин кас падари ин писар  аст, —ва бо ишораи  дасташ Камолро нишон медиҳад.

С. Айнӣ дигар ҳавсалаи сўҳбат намекунад ва соаташро аз таги кўрпача гирифта як назар андўхта мегўяд, ки вақташ тамом шудааст ва ба ҳамроҳони Чейлитко нигоҳ карда, суханашро давом медиҳад:

—Беҳтар аст, ки ин шахс ба қабри Рўдакӣ ва чеҳраи ў коре  надошта бошад.

С. Айнӣ мактуби овардаи Чейлиткоро аз Сталинобод боз як бори дигар аз назар гузаронда, ба бостоншинос хитоб мекунад:

—Рафиқ Чейлитко, ба ақидаи ман, Шумо ба Сталинобод,рафта, ба корҳои асосии худ машғул шавед беҳтар аст …

(Ҷиҳати маълумоти бештар ба даст овардан ниг. :  К. Айнӣ. Чеҳраи Рўдакӣ. —Садои Шарқ, 1979. № 4, с, 102—109).

Чеҳраи дигар, ки С. Айниро хеле хуб мешинохтааст, шогирди ў, адабиётшинос ва мутарҷими варзидаи тоҷик Раҳим Ҳошим мебошад. Р. Ҳошим дар назди С. Айнӣ дарс хондааст, муддати зиёде бо ў дар як ҷо хидмат кардааст ва чанд сол ба сифати котиб дар хизмати устод будааст. Мавсуф баъдҳо дар бораи ҳаёти шахсии С. Айнӣ, фаъолияти эҷодии ў, муомилаву муносибаташ бо ҳамкорон, корафтодагон, шогирдон ва иштироки ў дар корҳои ҷамъиятӣ хотираҳояшро менависад.

Р. Ҳошим рўзҳои баъди аз зиндони амир халос шудани С. Айниро ба хотир оварда, таъкид мекунад, ки устод ҳанўз ба тамом сиҳат наёфта буд ва аз сўи дигар, солҳои 1918—1919 барои ў, ки бехонаву кўй ва дар зери таҳдиду таъқиби қотилони фиристодаи амир буд, ҳамеша ҷиҳати дарс гуфтан ҳозир мешуд. С. Айнӣ он замон ду—се соат пештар ба мактаб ҳозир шуда, пеши бухорӣ (печка) нишаста ё дафтарҳои шогирдонро хонда ислоҳ мекард ё китобу рўзнома мутолиа менамуд. Яъне интизомнокӣ аз меъёрҳои асосии кору зиндагии устод дониста мешуд.

Солҳои сиюм ба дари даромади хонаи кории С. Айнӣ, ки меҳмонхонааш ҳам буд, як варақ қоғаз насб гардида, ки ба чашми ҳама касоне, ки дохили утоқ мешуданд, вомехўрд. Дар он се таъкид навишта шуда буд:

  • Дар назди ман бисёр нашинед, ки машғули кор ҳастам.
  • Таваққўъи дастархон надошта бошед, ки дастёр надорам.
  • Дар ин ҷо имкони шаб хобидан нест. ‘

Шогирдон ин эълонномаро «Се шарти устод С. Айнӣ» меномиданд.

Солҳои 1948—50 дар Самарқанд Р. Ҳошим  назди С. Айнӣ, то андозае вазифаи котибиро адо мекард. Устод агар коре ё фармоише дошта бошад, аз тариқи хатчае  Р. Ҳошимро ба ҳузураш даъват менамуд. Матни яке аз ин руқъаҳо —чунин мазмунро доро буд: Рафиқ Раҳим Ҳошим! Илтимос дорам, ки соатҳои даҳ як сари қадам омада равед. Айнӣ, 10 январ 1950». ё ин ки С. Айнӣ, вақте ки қисми сеюми «Ёддоштҳо»-ро менавиштааст, бахши ҳамон рўз эҷодкардаашро ба Р. Ҳошим медодааст ва хоҳиш мекардааст, ки онро «бо овози баланд хонад». Бо чунин амал С. Айнӣ гўё мехостааст, ки чӣ навъ садо доданӣ офаридаҳояшро шунавад (Ниг. : Р. Ҳошим. Сухан аз устод ва дўстон …).

С. Айнӣ бо омўхтани забони русӣ муносибати махсус доштааст. Дар ҳамин мавзўъ академик Ҳомид Мансуров менависад, ки «Ҳанўз солҳои сиюм чӣ сон зарурати таълими кўдаконро дар мактабҳои русӣ хуб дарк карда будааст. Аз ин ҷост, ки ў барои фарзандонаш—Холида, Камол ва Абдулҳамид (ҷияни занаш) муаллими русии хонагӣ даъват менамояд. Худи устод низ хеле кўшиш кардааст, ки забони русиро биомўзад. Ҳатто, ў боре соли 1918, ба А. Лемановский ном муаллими забони русӣ муроҷиат намуда, хоҳиш кардааст, ки вай ба С. Айнӣ ёрӣ расонад. Албатта, устод каму беш ба махсусиятҳои забони русӣ сарфаҳм меравад ва дар таҳрири луғати русӣ — тоҷикӣ иштирок мекунад. Р. Ҳошим дар иртибот бо ин лаҳзаеро ба хотир меорад, ки аз баҳси Айнӣ бо профессор ва олими шинохтаи рус Поливанов шаҳодат медиҳад. Чунин мешавад, ки рўзе Поливанов сездаҳ забон донистани худро ошкор месозад. Бо шунидани ин сухан С. Айнӣ аз болои айнак ба ў менигарад, ки маънии шубҳаро дошт. Ҳамин ҳолат С. Айнӣ аз Поливанов мепурсад:

  • Дар ҳамаи ин забонҳо хонда метавонед?
  • Бале.
  • Навишта метавонед?
  • Бале.
  • Гап зада ҳам метавонед?
  • Бале.
  • Забони тоҷикӣ ҳам ба ин забонҳо дохил аст?
  • Бале.
  • Пас маълум мешавад, ки шумо ҳеҷ кадом аз ин забонҳоро намедонистаед.

Ин муколама худ баёнгари он аст, ки С. Айнӣ вобаста ба забондонӣ серталаб будааст. Ҳарчанд ки С. Айнӣ дар забони арабӣ таҳсил карда буд, ҳеҷ гоҳ худро арабидон ба қалам намедод.

Вақте ки соли 1938 як зумра олимони тоҷик мехостаанд, баёни китобиро ба забони гуфтугўӣ наздик оваранд, пасоянди «ро»-ро аз забони тоҷикӣ партофтанӣ мешаванд. Лоиҳаи фармони ҳукумат низ тайёр шуда, 2 январи 1939 дар матбуот ба чоп расида будааст. Дар ин замина чунин пешниҳодҳо сурат гирифтааст: 1) Китоба чанд пулба харидед? 2) Рафиқ Ленин бачаҳоя дўст медошт. Дар ҳарду сурат пасоянди «ро» соқит дониста мешавад.

С. Айнӣ бо воқиф гардидан ба мазмуни чунин лоиҳа, ки имкон дошт ба зудӣ дар шакли фармон салоҳият пайдо кунад, дарҳол аз Самарқанд роҳи Сталинободро пеш мегирад. Устод баъди ду—се соати омаданаш ба меҳмонхона ба воситаи шахсе намояндаи Кумитаи марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон И. С. Брагинскийро, ки зидди дар забони тоҷикӣ истифода шудани пасоянди «ро» будааст, ба наздаш даъват менамояд. Ҳангоме ки ў дохили меҳмонхона мешавад, устод бо қаҳру ғазаб аз болои айнак ба ў савол медиҳад.

—Ҳамон Брагинский, ки ба муқобили пасоянди «ро» баромадааст, шумоед? Шумо шахси рус, аз куҷо медонед, ки ин  пасоянд дар забони тоҷикӣ лозим аст ё не? — ва ғайра. Ҳамин буд, ки пасоянди «ро» нигоҳ дошта шуд.

Мавзўи дигаре, ки вобаста ба рўзгори шахсии С. Айнӣ миёни алоқамандони адабиёту фарҳанг гоҳ-гоҳе дар шакли шўхиомез садо медиҳад, ба масъалаи мумсикӣ иртибот пайдо мекунад. Мегўянд, ки дар офаридани симои Қорӣ-Исмати судхўр устод лаҳзаҳое аз ҳаёти хешро истифода намудааст. Ҳатто баъзан шунидан мумкин аст, ки «Қорӣ Исмат худи Айнист». Албатта ин тавр нест, ки бархе ғайриихтисосмандон чунин мепиндоранд. Аммо мусаллам аст, ки С. Айнӣ ба қадри пуле, ки ба заҳмат ба даст меовард, мерасид ва дар ин самт сарфакориро мепазируфт. Устод аз овони кўдакӣ мўҳтоҷӣ мекашид ва ниёзманди зиндагии беҳтаре буд. Аз сўи дигар, С. Айнӣ хуб дарк мекард, ки пулу сарват инсонҳоро аз ҷодаи инсонгарӣ берун мекашад ва ба сўи ҳаромхўриву хиёнатҳо мебарад.

Бесабаб нест, ки устод барои фарзандонаш, ки дар Петербург таҳсил мекардаанд, моҳе аз се сўм беш ирсол намедошт ва ҳам ба дўстони онҷоияш менавиштааст, ки ба хотири Айнӣ шуда, ба фарзандони ў кўмаки пулӣ накунанд. Ҳамин муносибати устод боиси он шудааст, ки ҳарсе аз ҷигарбандонаш—Камол, Холида ва Лутфия аз пайи қиблагоҳи хеш рафтанд ва ҳар кадом дар боби таҳқиқи адабиёту фарҳанг ҳисса гузошта тавонистаанд. Аз бузургони қарни охир кам шахсиятҳоро метавон пайдо кард, ки дар тарбияи маънавиву фарҳангии фарзандон комёб гардида бошанд.

С. Айнӣ фарзандонро тамоман дар рўҳияи дигар, дар рўҳияе тарбия намудааст, ки кору бори падарро идома бахшидаанд. Фарзандро дар рўҳияи вазир шудану ба хотири мансабдори даврон шудан тарбия накардааст, балки ононро ҷиҳати ба адабиёту фарҳанг ва илм сару кор гирифтан таълим додааст. Масалан, Камол Айнӣ Ҳилолиро муаррифӣ намуд ва як силсила мақолаву асарҳои адабиётшиносӣ навишта, ҳамзамон дар пайи таҳқиқу омўхтани эҷодиёти С. Айнӣ буда, мудом кўшиш дорад, ки саҳифаҳои дар торикӣ мондаи рўзгори қиблагоҳашро равшан созад. Ба ин мақсад, ў маводи зиёде доир ба С. Айнӣ ҷамъ овардааст, ки то имрўз барои алоқамандон номаълуманд. Яъне барои С. Айниро дурусттар шиносондан кўшиш менамояд. Рўзе мерасад, ки ин фарзанди ба нангу номус китоби ҷиддиеро дар мавриди падари барўманди хеш ба вуҷуд, меорад …

Ба тақвияти суханҳои фавқ, бояд таъкид кард, ки «мумсикӣ»-и устод С. Айниро ба маънии сарфакор будан ва ба қадри заҳмати пулёфткунӣ расидан фаҳмидан лозим аст. Дар ҳамин  замина,  пўшида  нест,  ки  бо  мурури вақту замон, оид ба бузургон ҳикояту ривоятҳо бофта мешаванд, то ки манзалати эшонро болотар нишон диҳанд.

Маълум аст, ки моҳи апрели соли 1951 Академияи илмҳои Тоҷикистон ташкил гардид ва нахустпрезиденти он устод С. Айнӣ интихоб шуда буд. Табиист, ки то таҷлили маҷлиси аввалинаш, дар идораҳои болоӣ мавзўи номзадии президентии С. Айнӣ ҳал мешавад. Ба ин хотир яке аз кормандони идораи марбутаро вазифадор менамоянд, ки ба Самарқанд сафар намуда, як хабарро ба устод бирасонад ва ҳам ўро ба Сталинобод даъват кунад. Намоянда эҳтиромона ба С. Айнӣ иттилоъ медиҳад, ки эшон бояд розигиашонро барои ишғоли вазифаи мазкур иброз бидорад. Устод, вақте ки истилоҳи президенти Академияи улумро мешунавад, гўё ба маънии он сарфаҳм намеравад, ки мепурсад:

— Ман чи будани вазифаи президентиро намефаҳмам. Марҳамат карда бигўед, ки маошаш чанд аст?

Намоянда миқдори баланди маошро арз медорад. С. Айнӣ мефармояд:

—Розӣ ҳастам.

Баъдан намоянда аз устод хоҳиш мекунад, ки ҷиҳати иштирок дар маҷлиси аввал бояд озими Сталинобод гардад. Чун анъана завҷаи устод тўшаи сафарии ўро иборат аз ду—се нон ва    як мурғи пухта таҳия намуда, дохили корзинка мегузорад ва онро ба дасти намоянда медиҳад. Онҳо ҳини сафар дар поезд ба сифати савораҳои ҳукуматӣ   пазируфта    мешаванд   ва хурду хўрокашон  низ  аз ҳисоби давлат пардохта    мегардад. Яъне С. Айнӣ аз тўшаи сафариаш гўё фаромўш мекунад, ки аз намоянда дар куҷо будани    сумкаро намепурсад. Ҳангоме ки ба вокзали Сталинобод мерасанд, ўро чанд тан аз шоирону уламо пешвоз мегиранд ва то мошини хидматӣ гуселаш менамоянд. Вақте ки мошини онҳо ба ҳиссаи меҳмонхонаи ҳозираи Душанбе    наздик мешавад, якдафъаӣ устод ба сўи намоянда нигариста, савол мекунад, ки сумка куҷост? Намоянда дар ҳолати ногувор мемонад ва узр мехоҳад, ки сумкаро дар купеи поезд фаромўш кардааст. Мошинро ба қафо мегардонанд ва намоянда бо хушнудӣ    сумкаро    пайдо мекунад    ва мегўяд: «Хайрият, ки фаррошҳо ҳоло рўбучинро сар накарда будаанд». Мошини хидматӣ  роҳи  бўстонсароро пеш мегирад.  С. Айниро ба утоқи беҳтарин ҷо ба ҷо мекунанд. Намоянда сумкаро ба дохили тумбучкаи назди тахти хоби устод мегузораду хайрухуш  карда,  аз пайи кори хеш  мешавад. Баъд  аз се рўз, мисле ки устод гуруснагӣ эҳсос мекунад ва дохили сумкаро хабар мегирад. Аммо, он ҷо мурғи пухтаро намеёбад. С. Айнӣ дар ҳолати ташвишовар  ба намоянда телефон  мекунад ва  аз гум шудани мурғ ўро воқиф месозад. Намоянда таъҷилан худро ба ҷои истироҳати устод расонда, тамоми кормандони бўстонсароро ҷамъ намуда, аз онҳо куҷо шудани маҳсули дохили сумкаро пурсон мешавад. Касе ба саволи ў ҷавоби мусбат дода наметавонад. Ҳамагон худро дар вазъияти ноҳинҷор ва шармовар эҳсос менамоянд ва ба якдигар назарҳои саволомез мекунанд. Ҳамин лаҳза будааст, ки устод дар даҳлези бўстонсаро гурбаеро мебинад, ки хеле вазнин қадам мениҳад. Бо амри С. Айнӣ гурбаро медоранд ва устод онро бардошта вазн менамояд ва ҳозиринро то ду рўз рухсат медиҳад. Баъд аз рафтани онон С. Айнӣ гурбаро дар утоқи худ зиндонӣ месозад ва онро аз истеъмоли таъоме маҳрум менамояд. Бо сипарӣ шудани вақти муайяншуда, кормандонро наздаш ҷамъ намуда, «дуздро ёфтам» мегўяд. Ҳама ҳайрон мешаванд, ки он дузд кӣ бошад? Устод ба сўи гурба ишора карда, мефармояд: «ана дузд». Дуртар аз устод гурба парвое надошт ва фақат лаб мелесид ва бо дастонаш гўё рўяшро мешуст.

С.  Айнӣ  ба кормандон  муроҷиат  намуда,  хулоса  мекунад:

— Гап дар ин не, ки мурғи пухта гум шуду банда дар пайи пайдо кардани он шудам. Гап дар он аст, ки, —меафзояд устод, — гунаҳкор шумоён —хидматгорон не, балки ҳамин гурба будааст. Шумо ин ҷо ҳеҷ гуноҳе надоред ва виҷдонатон соф аст. Мо гунаҳгорро ёфтем.

Албатта, ин ҳодиса шояд дар рўзгори С. Айнӣ воқеият надошта бошад. Аммо он ҳақиқатҷўии устодро бори дигар тасдиқ менамояд, ки як умр дар ҷустуҷўяш будааст. С. Айнӣ ҳамеша ба хотири дифоъ аз инсон фаъолият кардааст ва ҳеҷ гоҳ аз роҳи ҳақиқат ва ҳалолкорӣ берун нарафтааст. Ин аст фалсафаи он ҳикояти бофтаи фавқ. С. Айнӣ барои он мавзўи гум шудани мурғи пухтаро баррасӣ намудааст, ки хидматгорони бўстонсаро гунаҳгор дониста нашаванд. Дар ғайри чунин пайкор касе аз кормандон зери шубҳа мемонд ва адлу инсофи одамӣ садама медид …

Пайваста ба мавзўи фавқ, ки аз рафтору хислатҳои шахсии устод сарчашма бардоштааст боз як—ду лаҳзаи дигарро аз забони марҳум, профессори забоншинос Б. Ниёзмуҳаммадов нақл    менамоем. Рўзе С. Айнӣ мактуби шахсии худро ба воситаи ронанда барои фиристондан ба суроғаи нишондодашуда ба котиботи Академия равон карда ва дар баробари нома пули конверт ва маркаро ҳам додааст. Котибот мактуби устодро бо маркаю конверт ба ҷои зарурӣ равон карда, аммо пули ба устод тааллуқ доштаро ба воситаи ронанда пас мегардонанд. С. Айнӣ аз ин воқеа дар ғазаб шуда, ба Б. Ниёзмуҳаммадов, ки ҷонишини президенти Академия будааст, супориш медиҳад, то ки бо кормандони садорат маҷлис гузаронида ба онҳо қатъӣ таъкид кунад, ки минбаъд чунин амалро такрор накунанд ва кори шахсиро дар масъалаи хароҷот аз кори давлатӣ фарқ намоянд ва аз мадраки давлат ягон қирон ҳам ҷиҳати худ истифода набаранд. Ё ин ки рўзе кадом нохалафе дарахтеро, ки аз Африқо оварда будаанд, аз боғи ботаникӣ медуздад. Устод тамоми идораҳои масъули шаҳриро ба по мехезонад ва қотиъона талаб менамояд, ки ҷинояткорро пайдо карда, ҷазои сахт диҳанд .. . Устод С. Айнӣ мошини хидматиашро ягон дақиқа зиёдатӣ ва берун аз вазифаи расмӣ  истифода намебурдааст. Кадом соату дақиқае, ки устод ронандаро рухсат мекардааст, ба садорат маълум менамудааст, масалан чунин менавиштааст: «Рафиқ Ниёзмуҳаммадов! Сестра бо мошини ман барои давоҳои ман рафта буд, ки ҳозир омад ва соати севу понздаҳ дақиқа ҷавоб додам. Имзо, С. Айнӣ».

Ба ҳамин тариқ, ҳар навъ ёддошту хотираҳо ва ҳикояту ривоятҳои бофтаю сохта, ки аз ягон ҷиҳат хислатҳои наҷибонаву шахсии С. Айниро равшан месозанд, бояд ҷамъоварӣ шаванд, зеро ҳар қадар, ки устод ба дуриҳо аз алоқамандон қарор мегирад, ҳамон андоза чеҳраи воқеии ў барои наслҳои баъдӣ аҳамият пайдо менамояд. (Ҷиҳати маълумоти бештар муроҷиат шавад: Садриддин Айнӣ дар хотироти дўстон ва шогирдон. — Д. , 1958).

Оставьте комментарий