Китоб – раҳнамои беминнат

Китоб – раҳнамои беминнат

Дар замони ҷаҳонишавӣ ҳар яки мо худро бе истифода аз шабакаи ҷаҳонии интернет тасаввур карда наметавонем, ҳамин тавр не? Пас, агар чунин бошад, чаро боре нишаста андеша намекунем, ки қабл аз интернет аз кадом манбаъҳо истифода мебурдем? Маҳз китоб буд, ки бидуни харҷи зиёдатӣ чун роҳнамои беминнат маънаван хизмат мекард ва ба камолрасии мо ҷавонон аз ҷиҳати нерӯи зеҳнӣ ва рушди тафаккури фитрӣ мусоидат менамуд.

Аз ин ҷост, ки донишмандон дар фазли китоб мегӯянд: китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақл, махзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни ҷаҳон, хоса оинаи ҳаёт ва калиди дари ганҷи сухан аст.

Бояд гуфт, ки замони муосир бо ҳама дастрасиҳову осониҳояш натавонист фазилати китоб ва китобхониро махсусан барои насли калонсол коста гардонад. Чун зиёдтар таваҷҷуҳи афроди солдида ба китобхонӣ равона шудаасту маҳз онҳо бештари ҷавононро ба китобхонӣ «маҷбур» месозанд.

Аммо, таассуфовар аст, ки насли ҷавон ба китобхонӣ аҳамияти камтар дода, боз сар мехалонад ба дунёи маҷозӣ. Кош онро самаранок истифода баранд ва дар оянда ба ҳаёташон лозим шаваду пешпо нахӯранд. Чун аҳён — аҳён нафароне пайдо мешаванд, ки интернетро ба фоидаи корӣ рӯзмарраашон истифода мебаранд, зеро талаботи кориашон онро тақозо мекунад.

Ҳоло байни насли ҷавон, хусусан донишҷӯён амале маъмул шудааст, ки аз рӯйи коҳилӣ ва ё беҳавсалагӣ бо гирифтани супориш аз тарафи муаллим, монанди навиштани реферат дар мавзӯе ба назди интернет мешитобанд. Номи мавзӯъро навишта дар муддати кӯтоҳ иттилои лозимаро пайдо мекунад ва ба устодаш месупорад. Ба қавле ҷони худро халос менамояд.

Гоҳо чунин амал барои аксарият мақбул менамояд ва асоснок карданӣ мешаванд, ки аз уҳдаи ин кор на ҳама мебарояд.

Бо вуҷуди ин, як чизро дарк намекунанд, ки дар ин маврид толибилм ҳам худ ва ҳам муаллимро фиреб медиҳад. Агар барои иҷрои супориши устодаш китобро варақгардон мекард ва “реферат”-ро аз дониши гирифтааш менавишт, манфиатовар мешуд. Лекин бо ин ҳама гуфтанӣ нестам, ки интернет бад аст. Чун ҳар як ҷавон бояд ҳамқадами замон бошад, вале истифодабарии он ҳам меъёр дорад ва онро риоя намудан ва оқилона истифода бурдан ҳамтмист.

Тавре дар боло зикр намудем,  ҷавононе, ки  фарҳанги хуби истифодабарии интернетро доранд барои онҳо вақташон барабас намеравад, вале нафароне намедонанд, вақташон беҳуда зоеъ мешавад. Ҷойи пӯшида нест, ки аксарияти онҳо барои истифодаи оқилонаи он не, балки барои тамошои манзараҳои ғайриахлоқӣ ворид мешаванд. Дар ин маврид интернет барои ҷавонон хатаровар аст.

Гуфтан ҷоиз аст, ки дар замони ҷаҳонишавӣ дар баробари истифодаи шабакаи Интернет ҷавононро мебояд бештар ба китоб рӯй оварда донишу малакаашонро тақвият бахшанд. Аз китобхонаҳо ва мағозаҳои китобфурӯшӣ дидан намуда, бештар вақти худро барои китобхонӣ сарф намоянд. Чун,  китоб сарчашмаи ҳамаи хушбахтиҳо буда, инсонро камоли маънавӣ мебахшад.

Оставьте комментарий