Илму дониш

Яке аз шартҳои асосии тарбия ва камолоти маънавии инсон омўхтани илму дониш мебошад. Вақте ки инсон аз донишҳои гуногуни замона баҳра мебардорад, дар навбати аввал худро мешиносад ва баъдан ба фалсафаи зиндагӣ ва арзишҳои фарҳанги башарӣ таваҷҷўҳ зоҳир менамояд.

Ин талош минбаъд ба азму иродаи қавӣ ва созанда табдил мегардад, ки ҷомеаи мо ба чунин нерўи пешрави илмӣ эҳтиёҷи зиёд дорад.

Аз ин нуқтаи назар, мафҳуми калимаи «дониш» аз лиҳози фалсафаи таҳсилоти асри XXI маънӣ ва мундариҷаи хос пайдо менамояд. Дар асри нав ибораву истилоҳоте, аз қабили «фалсафаи таҳсилот», «таҳсилот дар тамоми ҳаёт», «тафаккури эҷодӣ» ва «рушди шахсият» маъмул гардидаанд, ки толибилмон бо онҳо ҳанўз аз зинаҳои аввали донишомўзӣ то расидан ба камолоти касбӣ рў ба рў мегарданд.

Дар шароити имрўзаи рушди босуръати илм ва техникаву технология ҳар як давлат нерўи зеҳнии ҷомеаро ба кашфиёту ихтирооти нав ва тавсеаи соҳаҳои гуногуни истеҳсолӣ равона месозад. Чунин муносибат ба фаъолияти инноватсионии соҳаҳои илму маориф такони ҷиддӣ бахшида, дар навбати худ ба рушди иқтисодиёти миллӣ ва баланд шудани сатҳу сифати зиндагии мардум мусоидат менамояд.

Воқеан, миллате, ки ба илму дониш ва фарҳангу маънавиёт арҷ мегузорад, миллати ояндадор ва тавонову соҳибтамаддун аст.

Оставьте комментарий