Зарбулмасал

Зарбулмасал яке аз густурдатарин жанрҳои хурд дар фолклори халқҳои ҷаҳон ба шумор меравад. Он жанрест, ки дар ҳамаи давру замонҳо, дар ҳар гуна контекстҳои иҷтимоӣ дар лафзу баёни мардум, дар эҷоди осори манзуму насрӣ, дар таълифи матолиби илмию оммавӣ ва иттилоотӣ корбурди назаррасу нишонрас дорад. Бузургон «Зарбулмасал дар сухан асал» гуфтаанд, ки бемуболиға аст ва воқеан ҳам он чун шаҳду асал гуфторро ширину дилкаш мегардонад ва ҳамсуҳбатро азизу арҷманд.

Зарбулмасал аз нигоҳи фолклоршиносӣ матни мўҷази устувор мебошад, ки дар он бо образҳои равшан афкори умум, ҳикмат ва таҷрибаҳои чандинасраи мардум дар контекстҳои таърихӣ-географӣ, ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва психологӣ хулоса шудаанд. Вазифаи асосии зарбулмасалҳо тасдиқи сухан мебошад. Дар нутқи гўянда зарбулмасал на танҳо гуфторро зебову дилкаш мегардонад, балки онро қувват медиҳад, тасдиқ мекунад. Ҳамин тавр тавассути зарбулмасалу мақол одамон муносибат ва мубодилаи афкор менамоянд.

Забони зарбулмасалҳо кўтоҳу ихчам буда, фикр дар онҳо ба тариқи маҷоз баён мегардад. Маънӣ ва мазмуни зарбулмасалу мақолҳоро дар контексти гуфтор, инчунин дар дохили матни хаттӣ мукаммалтар дарёфтан мумкин аст. Зеро ҳар як матн ба ғайр аз вазифаи маъноии худ боз тобишу ишораҳои дигарро низ фаро мегирад.

Зарбулмасалу мақолҳо барои тарбияи инсон, ба вижа насли ҷавон ва танқиди хислатҳову рафтору гуфтори номатлуби баъзе ашхоси ҷомеа мавқеи муҳим доранд. Зеро дар ҳамаи мавзўъҳои ҳаётӣ даҳҳо зарбулмасалҳо эҷод шуда, густариш ёфтаанд. Аз ин рў бисёре аз донишмандон ба ин ҷиҳати зарбулмасалу мақол таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардаанд.

Ҳар вақте ки камина намунаҳои зарбулмасалу мақолҳои мардумони мухталифро мехондам ва лаззат мебурдам, дар сарам ин андеша мечархид, ки матнҳои беҳтаринро аз маҷмўаҳои фолклории халқҳои олам гирдоварӣ кунам ва бо тарҷума ба дасти хонандагони тоҷик бирасонам. Бо ин мақсад кам-кам аз ҳар маҷмўаҳо намунаҳои беҳтаринро интихоб намудам ва пас аз баргардон маҷмўаи «Гулчини зарбулмасалу мақолҳои халқҳои ҷаҳон» ба вуҷуд омад, ки акнун дар дасти шумост.

Дар ин маҷмўа намунаҳои зарбулмасалу мақолҳои 33 халқи олам оварда шудаанд, ки бегумон хонандаи тоҷик бо аксари онҳо бори аввал шинос хоҳад шуд. Инчунин ба гунаи замима дар поёни китоб афоризмҳо ё худ суханҳои бузургони ҷаҳон низ ҷой гирифтаанд, ки аҳамияти на камтар аз зарбулмасалҳоро доро мебошанд. Бисёре аз чунин афоризмҳо кайҳо дар миёни мардум паҳн гашта, вариантҳои халқии он ба вуҷуд омадаанд. Ба ин бахш мо панду суханони ҷовидонаи адибони тоҷику форсро ворид накардем, зеро миқдори онҳо бешумор буда, маҷмўаи ҷудогонаро тақозо дорад. Дар зарбулмасалу мақолҳои мардумони гуногуни олам зиндагию маишат, ҷаҳонбинӣ, менталитет, марзҳо ва меъёрҳои одобу ахлоқ, арзишҳои этникӣ ва дигар масъалаҳои иҷтимоии бозтоб шудаанд, ки инро хонандаи хушзеҳн ба осонӣ дармеёбад.

Метавон гуфт, ки зарбулмасалҳо равзанае барои омўхтани фарҳангу маънавиёт ва муносибатҳои иҷтимоии халқҳои ҷаҳон ба шумор мераванд. Баъзе матнҳо, ки дар маҷмўаи зарбулмасалҳои бисёр халқҳо омадаанд, аслан киноя ё ибораи рехта, ё суханҳои идиоматикӣ мебошанд. Мо баъзе намунаҳои онро низ бо назардошти маънои хубашон тарҷума кардем ва вориди маҷмўа гардонидем. Чунончӣ, «Ин кулоҳ барои сари ту кушод аст», ё худ: «Бо гург дунба мехўраду бо чўпон гиря мекунад».

Тарҷумаи матнҳоро мураттиб асосан аз забонҳои русию англисӣ анҷом додааст. Дар баъзе маҷмўаҳо нусхаи матнҳо ба забони аслӣ низ мавҷуд буданд, ки барои дақиқ баргардон намудан кўмак расонидаанд. Чунончи, дар тарҷумаи зарбулмасалҳои ўзбакӣ, қирғизӣ, қазоқӣ, тоторӣ, қарақалпоқӣ, озарӣ ва ўйғурӣ варианти аслии онҳо низ ба назар гирифта шудаанд. Масалан, зарбулмасали «Тўй, ки гузашт, ғазалхон чӣ лозим?» дар забони ўйғурӣ чунин мебошад: «Тойдин кейин ғəзəлхан немə ө?». Маълум аст, ки дар ҷараёнпазирии таърих фарҳанги устувору решадори Осиёи Марказӣ – фарҳанги тоҷикӣ ба маданият ва забони халқу ақвоми турктабори минтақа, аз ҷумла, ўйғурҳову ўзбакҳо, қирғизҳову қазоқҳо, туркманҳо ва дигар қабоили кўчӣ таъсири зиёд доштааст. Бинобар ин мо дар намунаҳои фолклорӣ, аз ҷумла зарбулмасалу мақолҳои ин халқу қавмҳои ҳамсоя вариантҳои тоҷикиро бисёр дучор мешавем, ки айнан иқтибос ва қисман тарҷума шудаанд. Ҳатто баъзе калимаҳои тоҷикии таркиби онҳо, ки ба забонҳои мардумони туркӣ иқтибос гаштаанд, ҳамчун қофия боқӣ мондаанд. Масалан, зарбулмасали тоҷикии «Хонаи кўдакдор – бозор, хонаи бе кўдак – мазор» ба фолклори ўйғурҳо айнан гузаштааст: «Балилиқ өй – базар, балисиз өй – мазар».

Бисёр зарбулмасалҳои ўзбакӣ бегумон аз фолклори тоҷик ба онҳо гузаштаанд ва мо дар вақти интихоб бештар намунаҳоеро гирифтем, ки дар фолклори тоҷик вариантҳои машҳур надорандва ё хоси он халқ мебошанд. Зарбулмасалу мақолҳое, ки ҳамтои тоҷикӣ доранд, барканор гузошта шудаанд. Маҷмўа барои муҳаққиқони фолклору мардумшиносон, адибону рўзноманигорон, донишҷўёну мактабиён, алоқамандони илмҳои ҷамъиятӣ ва барои кулли дўстдорони адабиёти шифоҳӣ пешкаш мешавад.

Оставьте комментарий