Зарбулмасалу мақолҳои амрикоӣ

  1. Кореро, ки худат наметавонӣ, маслиҳат мадеҳ.
  2. Маслиҳати хуб дершавӣ надорад.
  3. Хашм бо аблаҳӣ сар мешавад ва бо дуо ба анҷом мерасад.
  4. Хашм бехудшавии кўтоҳ аст.
  5. Хўроки нав – иштиҳои тоза.
  6. Рўзе як себ хўрдан беҳ аз дидори табиб.
  7. Ҳавои бад атеистро дар як лаҳза ба Худо мегардонад.
  8. Ҳамраҳи бад занҷири шайтон аст.
  9. Рўзи бад ҳеҷ гоҳ шаби нек надорад.
  10. Сартарош сартароширо дар сари аблаҳон машқ мекунад.
  11. Китоби бонкӣ Инҷили хасис аст.
  12. Ҳар касе риш дорад, худаш шона мехарад.
  13. Риш одамро духтур ё файласуф намекунад.
  14. Зебоӣ аз ботин бурун меояд.
  15. Зебоӣ қудрат аст ва табассум шамшери он.
  16. Зебоӣ дарҳои бастаро мекушояд.
  17. Ангуштон пеш аз корду чангак офарида шудаанд.
  18. Аз дуздӣ дида гадоӣ беҳ, аммо аз гадоӣ дида меҳнат кардан авлотар.
  19. Касе аз гадоӣ шармаш наомад, аз дуздӣ ҳам рўй намегардонад.
  20. Гадо ҳеҷ гоҳ муфлис (банкрот) намешавад.
  21. Насиби гадои хашмгин санг аст, на нон.
  22. Вақте аз касе манфиат мегирӣ, озодиатро аз даст медиҳӣ.
  23. Хун бе оташ меҷўшад.
  24. Марди кўрро чию доварии рангҳо.
  25. Марди бе китоб мисли подшоҳи бе хазина аст.
  26. Китобҳо тирезаҳоянд, ки мо тавассути онҳо ҷаҳон мебинем.
  27. Қарз модари ташвишҳост.
  28. Қарз ҳеҷ гоҳ беҳ аз гадоӣ нест.
  29. Ҷоруби нав тоза мерўбад.
  30. Бародарон мисли дасту поянд.
  31. Ҷое, ки тиҷорат сар мешавад, дўстӣ ба охир мерасад.
  32. Дақиқкорӣ ҷони тиҷорат аст.

Оставьте комментарий