Умумӣ

Ҷомеъа ва фарҳанг.

Низоми маданият дар мухити ичтимои.
Таҳлили амалии байниҳамии иxтимоӣ нишон медиҳад, ки ҳаёти xамъиятӣ характери гуруҳӣ дорад, вале амали байниҳамии иxтимоӣ аз шакли коллективии мавҷудиёт дар олами ҳайвонот фарқ мекунунад. ҳамаи ҳамон хусусиятҳо, зуҳурот, элементҳои ҳаёти инсоният, ки сифатан умумиятҳои инсонро аз олами ҳайвонот фарқ мекунад бо номи фарҳанг ва ё маданият ифода мешавад.
Моҳияти фарҳанг.
Дар Рими қадим аз xое, ки ба мо ин калима расидааст дар зери мафҳуми маданият (фарҳанг) заминро шудгор кардан мефаҳмиданд ва баъдтар ҳамаи дигаргуниҳое, ки дар табиат ба воситаи таъсири инсон ва xуд меомаданд маданият меномиданд. Дар асрҳои ХIII-ХIХ мафҳуми маданият нисбат ба одамон истифода мешуд ва бо ин мафҳум ҳамаи он чизеро, ки одам офаридааст ифода мекунад.
Маданият– аз калимаи лотинӣ cultura гирифта шуда маънояш культура- маънои руёнидан, тарбия кардан, таълимот, тарақиёт, эҳтиром кардан.
Ин усули махсуси ташкил ва тарақиёти фаъолияти ҳаётии инсон, ки дар маҳсули меҳнати моддӣ ва маънавӣ дар системаи қоидаҳои иxтимоӣ ва идораҳо дар арзишҳои маънавӣ дар маxмуи муносибати инсонҳо дар табиат байни ҳамдигар ва бо худи худаш акс меёбад. Дар ин мафҳум ҳам фарқияти фаъолияти ҳастии инсон аз шаклҳои биологии ҳаёт ва ҳам хусусияти сифатан хоси шаклҳои конкретии фаъолияти ҳаётӣ дар зинаҳои гуногуни тарақиёти xамъият дар доираи давраи муайян қайд карда мешавад. Ду навъи маданият xудо карда мешавад. Маданияти моддӣ ва маънавӣ. Класификасия ё ки ба хелу гурeҳо xудо кардани маданият дигар асосҳо ҳам дошта метавонад. Масалан: хусусияти рафтор, шуур ва фаъолияти одамон дар соҳаҳои конкретии ҳаёти чамъияти (маданияти меҳнат, маданияти тарзи зист, фарҳанги адаби, сиёси, ҳуқуқи ва ғайра).Усулҳои фаъолияти ҳаёти шахсони алоҳида (маданияти шахси) гуруҳи ичтимои (маданияти синф) ва ғ.
Маданияти модди ин предмети предмети модди ба шакли иншоотҳо, биноҳо, олоти меҳнат, асарҳои санъат, предметҳои рузгор ва ғайра. Дигар хел гуем ин як кисми системаи умумии маданият он ҳамаи шаклҳои фаъолияти модди ва натичаҳои вайро дар бар мегирад. Маданияти мадани ин дониш, эътиқод, ақида, арзишҳо, идеология, ахлоқ, забон, қонунҳо, анъана, урфу одатҳое, ки одамон онҳоро ба даст меоранд ва аз худ мекунанд. На ҳар як маҳсул ё натичаи модди ва маънави, ки аз тарафи одамон бунёд мешавад қисми маданият шуда метавонад. Фақат ҳамонҳое, ки аз тарафи аъзоёни чамъият қабул шудаанд ва дар шуури онҳо чой гирифтаанд. Масалан ба воситаи навиштан дар қоғаз ва ё дар санг дар шакли малака (нав) урфу одат ва ғайра.
Аз худ кардани ин хел маҳсул фаъолият метавонад ба дигар одамон ва дигар наслҳо ҳам ҳамчун як чизи ба онҳо арзишдор ва дорои ҳурмату эҳтиром ирсол шавад. Маданият дар фаъолияти тачрибавии одамон яъне дар истеҳсолот тарзи зист, фаъолияти сиёси адаби илми таълим ва ғайра тачасум меёбад ва барои ҳамин ҳам манои мадани доштаро дар фаъолияти мақсадноки иxтимоии ҳар як фард чудо кардан мумкин аст. Ин бисёрранги ва бисёрпаҳлугии зоҳиршавии маданият бисёрманогии майҳуми маданист ва таърифи онро муайян мекунад. Майҳуми маданият барои тавсири давраҳои таърихи (маданияти юнони қадим) ва ё маданияти асримиёнаги. Умумиятҳои гуногуни этники соҳаҳои мухталифи ҳаёт ва фаъолият (меҳнат, фарҳанг, ҳуқуқи сиёси ва ғ).Аз ин чо консепсияҳои гуногуни маданият ва тарифи он вучуд дорад, ки тарафҳои конкретии омузиш маданиятро инъикос мекунад. Дар сотсиология маданият аз нуқтаи назари ичтимоиёт, яъне аз нуқтаи назари просесҳо ва натичаҳои амали байниҳамии ичтимои дида баромада мешавад.Дар зери мафҳуми маданият дар сотсиология маҷмўи восӣтаҳо, усулҳо, шаклҳо, симоҳо ва тамоюлҳои амали байни ҳамаи одамон бо муҳити зист, ки онҳоро одамон дар ҳаёти ичтимои барои нигоҳ доштани сохторҳои муайяни фаъолият ва муносибат кор карда баровардаанд фаҳмида мешавад. Барои ҳамин ҳам дар таҳлили сотсиологи маданият аз тарафи ба танзим даровардани муносибатҳои байни одамон ҳамчун системаи идеалҳо, арзишҳо, қоидаҳо ва симою рафтор дида баромада мешавад.
Маданият ҳамчун системаи арзиш меъёр ва нормативи  механизми танзими ҳаёти иҷтимоӣ.
Маданият дар илми иҷтимоӣ ҳамчун танзимгари меъёрҳои ахлоқии гурўҳҳои иҷтимои ва ҷомеа баромад мекунад. Ин вазифаи худро маданият тавассут эҷоду пешниҳоди арзишу меъёрҳои рафтори иҷтимоӣ иҷро менамояд. Арзишҳо – унсурҳои асосии маданияти маънавӣ буда, дар танзими муносибатҳои иҷтимоӣ мавқеи хоса доранд. Онҳо дар таърихи башарият чун пуштибони маънавиёт пайдо шуда, барои фаъолияти бошууронаи инсон кўмак мерасонанд. Асоси механизми таъсири маданият ва ҳаёти ҷамъиятиро муқаррар намудани низоми арзишҳо ва муайян намудани махаки он ташкил медиҳад.
Арзишҳо – аҳамияти мусбӣ ва манфии объектҳои асосиро иҳота карда, инсон, гурўҳҳо, синфҳо, ҷамъият на ин ки моҳият, балки муносибатҳои иҷтимои ва талаботҳои онҳоро муайян мекунад. Ҳар як фард ба худ хос арзиш дорад, ки барои танзим даровардани тамоми рафтору кирдори инсон ва қадр намудани дигарон дар ҷомеа ёрӣ мерасонад. Ҳамин тариқ арзишҳо – нишондиҳадаи дасткри баҳодиҳӣ, амр ва манъ, максаду накшҳо, дар шаклҳои меъёрҳои – ба монанди некӣ ва бадӣ, адолату ҳақиқат инкишоф ёфта мешавад. Маданият чун тарзи омўзиши арзишҳои воқеият ҳамчун механизм баромад намуда, арзишҳоро дар ҷомеа ба танзим дароварда, онро ҳифз менамояд, нигоҳ медорад ва инкишоф медиҳад, фард пеш аз ба маданият ворид шудан, низоми арзишҳоро бояд қабул намояд. Ин дар он сурат имконпазир аст, ки агар иҷтимоирасони ҷойдошта боша два дар натиҷа инсон арзишҳои шахсии худро хосил мекунад.
Ташаккулёбии низоми нишондиҳандаи арзишҳо ба он оварда мерасонад, ки ҳар як шахс дар ҷомеа хамчун субъекти фаъол худро муаррифӣ кунад. Нерўи ба низом орандаи арзишҳо низоми мураккаб буда, дар он тамоми рафторҳои инсонӣ, арзишҳо ҳамчун меъёрҳои ахлоқӣ мутаалиқ мебошанд. Меъёрҳои ахлоқӣ бо арзишҳои маданият дар алоқа буда, барои фаъолияти инсон роҳнамо мебошад. Ҳамаи ин дар маҷмўъ меъёрҳои маданиятро ташкил медиҳад. Меъёрҳои маданият гуфта, ҳамаи дастовардҳои ахлоқиро меноманд. Инсон дар раванди фаъолияташ дар ҷомеъа аз рўи онҳо амал мекунад. Умуман меёрҳо, воситаи батанзимории рафтори фардҳо ба гурўҳҳои иҷтимоӣ мебошад.
Меъёрҳоро ба чунин шаклҳо ҷудо мекунанд:
1. Анъана, урфу одатҳо;
2. Меъёрҳои ахлоқӣ (хулқу атвор) марказҳои савдоӣ.
3. Меъёрҳо институтикунонии марказҳои савдоӣ, институтҳои иқтисодӣ;
4. Қонунҳо
Маданият аз калимаи лотини руёнидан, тарбия кардан, таълимот, тараққиёт, эҳтиром кардан буда, ин усули махсуси ташкил ва тараққиёти фаъолияти ҳаётии инсон, ки дар маҳсули меҳнати моддӣ ва маънавии инсонҳо дар системаи нормаҳои иxтимоӣ ва идораҳо дар арзишҳои маънавӣ дар маxмeи муносибатҳои инсонҳо бо табиат байни ҳамдигар ва бо худи худаш акс меёбад. Дар ин мафҳум хеле фарқияти фаъолияти ҳаётии инсон аз шаклҳои биологии ҳаёт ва ҳам хусусияти сифатан хоси шаклҳои конкретии ин фаъолияти ҳаёти дар зинаҳои гуногуни тараққиёти xамъият дар доираи даври муайян қайд карда мешавад.
Ду навъи маданият мавҷуданд:
1) маданияти моддӣ
2) маданияти маънавӣ
Xудо кардани маданият ба ду навъи моддӣ маънавӣ ба навъҳои истеҳсолоти моддӣ ва маънавӣ рост меояд. Классификатсия ё ки ба гурeҳҳо xудо кардани маданият дигар асосҳо ҳам дошта метавонад. Масалан; хусусияти рафтор, шуур ва фаъолияти одамон дар соҳаҳои конкретии ҳаёти xамъиятӣ (маданияти меҳнат, тарзи зист, фарҳанги адабӣ, сиёсӣ ва ғайра)
Маданияти моддӣ ин предметҳои моддӣ ба шакли биноҳо, олоти меҳнат, асрҳои санъат, предметҳои рeзгор мебошад. Дигар хел гeем ин як қисми системаи умумии маданият, ҳамаи шаклҳои фаъолияти моддӣ ва натиxаҳои вайро дар бар мегирад.
Маданияти маънавӣ ин дониш, эътиқод, ақида, арзишҳо, идеология, ахлоқ, забон, қонунҳо, анъана, урфу одатҳое, ки одамон онҳоро ба даст меоранд ва аз худ мекунанд. На ҳар як маҳсул ё натиxаи моддӣ ва маънавӣ, ки аз тарафи одамон бунёд мешавад, қисми маданият шуда метавонад. Қисми маданият шуда метавонанд, ки аз тарафи аъзоёни xамъият қабул шудаанд ва дар шуури одамон xой гирифтаанд. Аз худ кардани ин хел маҳсум фаъолият метавонад ба дигар одамонва дигар наслҳо ҳамчун як чизе ба онҳо арзишдор ва дорои эҳтиром дида шавад.
Маданият дар фаъолияти таxрибавии одамон истеҳсолоти тарзи зист, сиёсӣ, адабӣ, илмӣ, ва таълимӣ таxассум меёбад ва барои ҳамин ҳам маънои маданӣ доштаро дар фаъолияти мақсадноки иxтимоии ҳар як фард xудо кардан мумкин аст. Ин бисёррангӣ ва бисёрпаҳлeгии зоҳиршавии маданият ва таърифи онро муайян мекунад.
Мафҳуми маданият барои тавсифи давраҳои таърихӣ (юнони қадим ва ё маданияти асримиёнагӣ), умумиятҳои гуногуни этникӣ, соҳаҳои мухталифи ҳаёт ва фаъолият (маданияти меҳнат, маданияти ҳуқуқ, маданияти сиёсӣ ва ғ).
Маданият гуфта дар сотсиология муҳити идеалӣ ба таври сунъи моддигардонидашудае, ки муайянкунандаи ҳаёти иҷтимоии одамон маҳсуб меёбад, фаҳмида мешавад. Сотсиологҳо ба маданият маънои иҷтимоӣ дода дар ҳаёти иҷтимоӣ мақоми пешбар доштани онро ҷонибдори мекунанд. Маҳз маданият ҳамчун низоми арзишҳо, меъёрҳо ва намунаи рафтор муҳити иҷтимоиеро ба вуҷуд меорад, ки индивидҳо ва гурўҳҳои иҷтимоӣ дар алоқаманди бо он рафтори худро муайян мекунанд. Маданият натиҷаи алоқаи байни одамон бо муҳити табиист. Лекин ҳамаи ин унсурҳо дар алоҳидаги ҳоло ҷамъият нестанд. Байни онҳо алоқамандие зарур аст, то имконят фароҳам оварад, ки онҳо дар ягонагии ногусастани мавҷуд бошад.
Ҳамин тариқ, унсурҳои табиат, одамон ва маданият дар раванди худинкишофёбандагӣ ва алоқамандӣ байни якдигар низоми мураккаби ба таври динамикӣ худтанзимшаванда, ҷомеаи инсониро ба вуҷуд меоранд.
Маҳз дар ҷомеаи инсонӣ мо тамоми нишонаҳои системаро дида метавонем.
Мавҷудияти қисмҳои алоҳида;
Мавҷудияти алоқаҳо байни қисмҳо;
Мавҷудияти хусусиятҳое, ки ба хусусияти дигар қисмҳо монанд нестанд;
Алоқаманди бо муҳити атроф ва табиат;

Омилҳое, ки ба ҳамгироии ҷамъият мусоидат мекунанд.
Маданияти ягонаи ҷамъият, имконият медиҳад, ки дар асоси рамзҳои умумӣ ташкилотҳо, гуруҳҳои иҷтимоӣ, шахсони алоҳида байни худ амал намоянд;
Низоми ягонаи иҷтимоишавӣ (сотсиализатсия), ба насли ҷавон имконият медиҳад, ки маданияти ягонаро қабул намуда онро инкишоф диҳанд;
Низоми назорати иҷтимоӣ, маданияти аксарияти ҷомеаро муайян намуда индивидҳо ва гурўҳҳои гуногунро маҷбур месозад, ба қоидаҳои ягона тобеъ шаванд ва аз рўи меъёрҳои ягонаи иҷтимоӣ амал кунанд;
Ҳамгироӣ (интеграция) – ин раванди муттаҳиднамоии ҷамъият, устуворгардии алоқаҳои иҷтимоӣ, ҳамрайъи байни аъзоёни ҷомеа, мутобиқшавӣ байни қисмҳои гуногуни сохтори он аст.
Дар ҳолати риоя накардани ин шартҳо дар ҷомеа раванди дезинтегратсия (ҷудошвӣ) ба вуҷуд меояд.

Унсурҳои сохтории маданият
Сохтори мааният:
Маданияти моддӣ – ин тамомион маҳсулоте, ки аз табиат мегиранд;
Нишонаҳо (объектҳо) – и рамзи ин арзишҳо ва меъёрҳо;
Намунаи муносбати одамон – ин усули нисбатан устувори тафаккур, дарки рафтори инсон аст;
Маданият ҳачун сохтори арзишӣ – меъёрӣ, ҷамъиятро ба таври муайян бунёд мекунад ва яке аз унсурҳои функсионалии он ба шумор меравад.
Вазифаҳои маданият
Ҳамгироии иҷтимоӣ, яъне ташаккули ҷамъият, дастгирии ягонагӣ ва ҳуввияти он;
Иҷтимоишавӣ – такрористеҳсолнамоии тартиботи иҷтимоии наслҳои имрўза ва интиқоли он ба наслҳои оянда;
Назорати иҷтимоӣ – муайян шудани рафтори одамон аз рўи меъёр ва намунаи хоси маданияти мазкур;
Интихоби маданӣ – бартараф намудани қолибҳои иҷтимоии нодаркор:

Таркиби маданият
Арзишҳо ва меъёрҳои иҷтимоӣ тартиби алоқаҳои иҷтимоиро муайян мекунад. Рафтори иҷтимоии инсон дар асоси он тасаввуротҳое, ки вобаста ба маданият ташаккул меёбад амали мегардад. Маданият дар асоси арзишҳои иҷтимоӣ ва намуна, қолиби рафтореро интихоб мекунад, ки аксарияти ҷамъият онро мепазирад.
Арзиш – бовариҳои умумиҷамъиятие, ки вобаста аз онҳо инсон метавонад дар ҷамъияти мазкур ба мақсадхяш расад арзиш номида мешавад;
Меъёрҳои иҷтимоӣ – қоидаи рафтореро меноманд, ки алоқамандии одамонро дар асоси арзишҳои бартаридоштаи ҷамъиятӣ ва фарҳангӣ танзим мекунанд. Ҳавасмандкуни ва ҷазоҳо риояи ин қоидаҳоро таъмин менамоянд;
Меъёрҳои ҳуқуқ – бо давлат алоқаманд аст ва иҷроиши он умумиҳатми буда аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ танзим мешавад;
Меъёрҳои ахлоқи бошанд вобаста аз афкори умум танзим мешаванд.

Leave a Reply