Умумӣ

«Ҷило-ур-рўҳ»-и Ҷомӣ.

Ин қасидаи Ҷомӣ дар пайравии қасидаҳои ҳамноми Хоқонӣ ва Хусрави Деҳлавӣ («Миръот-ус-сафо») эҷод шудааст, ки бо тақозои мавзўъ ва бардоштҳои ғоявӣ ирфонӣ-фалсафӣ буда, мавзўи такмили нафс ва камолоти рўҳ ва сайри манозили тасаввуфу ирфонро фаро мегирад. Қасида бо чунин матлаъ шурўъ мешавад:

Муаллим кист? -Ишқу кунҷи хомўшӣ дабистонаш,
Сабақ нодониву доно дилам тифли сабақхонаш.

ва қасидаи мазкури ҳазрати Ҷомӣ дорои 130 байт (260 мисраъ) буда, бунёди он бар шуҳудулҳақ фил-кавнайн ва савод-ул-ваҷҳ фи-д-дорайн аст, то пардаҳои миёни дилу дида ва ақлу идрок бардошта шавад ва ба сарманзили мурод, пас аз гузаштани манзилҳои маънавӣ, ворид гардидан даст бидиҳад. Ба назари мутафаккир инсоне, ки дар ҷонаш дарди ишқ нест, на инсон, балки ҷамодест дар сурати одамӣ:

Тане, к-аш нест дар ҷон ҷунбиши дарде, ҷимоде дон,
Ки дода нақшпардози табиат шакли инсонаш.

Аз унвони қасидаи мазкур, ҳатто мўҳтавои он пайдост, ки ҳадаф ҳамоно ҷамоли дил таъбир шуда, мақсад ҳамоно бар дил фикандани таҷаллии рўҳ аст. Аз ҷумла:

Ҷамоли дил талаб кун, не ҷамоли гул, ки гар чун ҳур
Ҷамоли дил шавад тобон, шаванд офоқ ҳайронаш.

Ҳазрати Ҷомӣ дар ин қасида намояндагони фалсафаи машшоъ, хусусан Синоро низ танқид кардааст. Агар ҳадаф дар қасидаи Хоқонӣ тасфия ва тазкияи нафс-миръот бошад, дар қасидаи Ҷомӣ хеле баланд ҷило-таҷаллист, ки оина ба он ниёз дорад.
Қасидаи Ҷомӣ низ дар баҳри ҳазаҷи мусаммани солим буда, афоъили он чунин аст:

V — — — I V — — — I V — — — I V — — —
V — — — I V — — — I V — — — I V — — —

Яъне: мафоъилун, мафоъилун, мафоъилун, мафоъилун. Қасидаи мазкурро «Шиния» низ меноманд, зеро 131 дафъа ҳарфи «ш» дар калимаҳои қофияшаванда ба такрор омадааст.

Leave a Reply