Умумӣ

Ҷамъият, низоми худинкишофёбанда.

Мафҳум ва моҳияти ҷамъият дар таълимоти муҳаққиқон ва илми сотсиология.
Нишонаҳои асосии ҷамъият.
Сохтори ҷамъият ва унурҳои асосии он.
Таркиби иҷтимоии ҷомеа.
Зинаҳои ташаккулёбӣ ва типологияҳои (навъбандии) ҷамъият.

Мафҳум ва моҳияти ҷамъият дар таълимоти муҳаққиқон ва илми сотсиология

Ҷамъият объекти омӯзиш ва категорияи илми сотсиология буда, масъалаи маърифатии он ҷавҳари қадима дорад. Ҳарчанд ҷамъият таърихи 5 млн. сола дорад, вале то асри XIX ба маънии ин мафҳум сарфаҳм нарафта буданд. Бо вуҷуди мушкилии маърифатии ҷомеа олимон кӯшиш ба харҷ доданд, ки ин муамморо ошкор намоянд.
Одамон дар бораи ҷамъият ҳар хел тасавурот доранд. Бисёр вақт бо ин мафҳум маҷмӯи муайяни одамоне, ки аз рӯи кадом шавку рағбат, таваҷӯҳи тарафайн, тарзи ҳаёт ва фаолияти якҷоя муттаҳид мешаванд, ифода меёбад. Гурӯҳи oдамоне, ки байни якдигар ягон чизи умумӣ доранд дар шуури муқарарӣ ба мафҳуми «ҷамъият» фаҳмида мешавад. Масалан, ҷамъияти ҳамкасбон. Сотсиология дар фаҳмиши ин категория аз рӯи назарияи худ рафтор мекунад. Дар фаҳмиши илмӣ «ҷамъият» – ин иттиҳоди худинкишофёбанда ва мустаҳками одамон аст, ки бо манфиатҳои умумӣ байни ягдигар алоқаманд ва дар асоси меъёру арзишҳои умумиҳатмӣ барои қонеъ намудани талабот шахсии худ амал мекунанд. Ҷомеа ҷамъи тамоми муносибатҳои одамонро меноманд. Ба маънои маҳдудтар иттиҳоди одамоне, ки як ҳудуди муайянро дар ихиёр доранд ва соҳиби маданият ва давлати худ мебошанд.
Тамоми таърихи афкори сотсиологӣ ин таърихи кофтуков кардани ақидаи илмӣ ва методҳои кор кардани назарияи ҷамъият мебошад. Дар тӯли асрҳо ақидаҳои гуногуни консептуалӣ дар хусуси категорияи «ҷамъият» баён шудаанд. Дар Юнони кадим Арасту ҷамъиятро ҳамчун маҷмӯи гурӯҳҳое, ки ҳамкории онҳо аз рӯи меъёрҳо ва қоидаҳои муайян ба низом дароварда мешаванд, дида мебаромад. Аввалин маротиба Олими италявӣ Д. Вико (1668 – 1744) ба маънии ба ҳақиқат наздики ин мафҳум наздик мешавад. Д. Вико таърихи ҷамъиятро аз таърихи табиат фарқ намуда, таъкид кардааст, ки офарандаи таърихи ҷамъият худи инсонҳо мебошанд. Инсонҳо на танҳо ҳунармандон, балки ҳамчун муалифони драммаҳои таърихӣ низ баромад менамоянд. Таърихи ҷамъият менависад Д. Вико таърихи тағйири мутақобилаи инсонҳост.
Ҷамъиятшиноси дигар Гендер (1744 – 1803) ҷамъиятро давоми инкишофи табиат дониста, таъкид менамояд, ки қонунҳои ҷомеа хислати табиӣ доранд. Гегел ҷамъиятро зинаи худинкишофёбанда ва худшиносии рӯҳӣ меномид. Муаррихони фронсавӣ В. Гизо ва О. Герри, инчунин иқтисодшиноси англис Д. Рикардо чунин мешумориданд, ки ҷамъият аз синфҳо иборат аст. Муборизаи синфи ва пешрафти қувваҳои истеҳсолкунанда, инкишоф ва тағйиротҳои иҷтимоиро таъмин менамоянд. Олими фронсавии асри ХVIII- ХIХ Анри Де Сен – Симон дар чунин ақида буд, ки ҷамъият ин як корхонаи калоне, ки ҳокимияти инсонро нисбат ба табиат таъмин менамояд.
Барои муттафаккири аввали асри ХIХ Прудон ҷамъият ин гурӯҳҳо ва синфҳои бо ҳам муқобил ва алоқаманд мебошанд, ки кӯшиши коллективонаи худро барои амалӣ кардани адолат равона мекунанд. Яъне ҷамъият:
* Ҳамчун натиҷаи тарккиёти ягонагии узвии ҳисиёти ахлоқие, ки оила, халқ, миллат ва инсониятро бо ҳам пайваст мекунад;
* Чун механизми ба таври автоматӣ худ ба худ амалкунанда, ки аз қисмҳо ва унсурҳои бо ҳам алоқаманд иборат аст.
Г.Спенсер ҷамъиятро организми биологӣ меномад ва назарияи эволютсионии иҷтимоиро кор карда мебарояд.
Э. Дюркгейм мегӯяд, ки ҷомеа зуҳуроти рӯҳӣ, амали ҳиссии колективии фардҳои иҷтимоӣ аст. Ба ақидаи М. Вебер алоқамандӣ ва пайвастагии одамон ҷомеаро ташкил медиҳанд.
Дар байни назарияҳои муосир назарияи «атомисти» – ро чудо кардан мумкин аст, ки аз рӯи вай ҷамъият, ин мачмӯи шахсони амалкунанда ва муносибати байни онҳо мебошад. Муаллифи ин ақида Ҷон Девис аст, ки навишта буд. «Тамоми ҷамъиятро дар охир ҳамчун ҳиссиёти тори тортанак барин сабуки байни одамон тасаввур кардан мумкин аст, ки ҳар як фардро дар маркази тори тортанак нишастааст ва ӯ бо шумораи ками одамон бевосита ва ба ҳамаи ҷаҳониён бавосита алоқаманд аст».
Ифодаи бениҳоят амиқи ин ақида дар назарияи Г. Зиммел мушоҳида мешавад, ки вай ҷамъиятро амали байниҳамдигарии одамон мешуморад. Амали байниҳамдигарӣ доимо дар натиҷаи майлу рағбати муайян ва ё мақсадҳои муайян ташаккул меёбад. Инстинкти шаҳвонӣ, манфиатҳои корӣ, майли динӣ, ҳимоя ва ё ҳуҷум, бозӣ ва ё соҳибкорӣ, кӯшиши ёрӣ расондан, омӯхтан ва бисёр дигар сабабҳо одамро ба фаъолият барои дигарон, зидди дигарон, ба вобастакунӣ ва мувофиқкунии ҳолати дохилӣ ва дар навбати худ барои дарк кардани онҳо равона мекунад. Таъсирҳои байниҳамдигарӣ маънои онро доранд, ки аз намояндагони фардӣ майл ва мақсадҳои водоркунанда, ягонагии ҷамъият ба вуҷуд меояд.
Амали якҷояи иҷтимоӣ – ин рафтори иҷтимоии одамон дар лаҳза ва давраи муайяни вақт мебошад. Ин категория характер ва мазмуни муносибати байни одамон ва гурӯҳҳои иҷтимоиро ҳамчун соҳиби амалиёти шаклҳои сифатан гуногуни доимӣ ифода мекунад. Алоқаҳои иҷтимоӣ бошад ин алоқаҳое ҳастанд, ки амали якҷояи одамонро барои мақсади муайян дар шароити мушаххаси кор ва вақт ифода мекунанд.
Дар сотсиологияи муосир барои шарҳи мафҳуми «ҷамъият» назарияе бо номи назарияи шабакавӣ вуҷуд дорад. Ин назария бештар ба фардҳои амалкунанда ишорат мекунад, ки онҳо қарорҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳимро xудашон қабул мекунанд. Дар маркази таваҷҷӯҳи назария хусусияти фаҳмонидани моҳияти ҷамъият ва хусусиятҳои шахсиятии фардҳои амалкунандаро қарор гирифтаанд.
Агар дар назарияҳои «атомистӣ» ва «шабакавӣ» шарти асосӣ дар таърифи ҷамъият ин шакли муносибат бошад, дар назарияҳои гурӯҳи иҷтимоии ҷамъият дар мавриди омӯзиши ҷамъият ду нуқтаи назари асосии бо ҳам муқобил вуҷуд доранд: нуқтаи назари функсионалӣ ва низоӣ.
Доираи назариявии функсионализми муосирро панҷ мавқеи назариявӣ ташкил медиҳанд:
1. Ҷамъият ин системаи ҷисмҳоест, ки ба ягонагии номӣ мутаҳид шудаанд;
2. Системаҳои иҷтимоӣ устувории худро нигоҳ медоранд, чунки дар онҳо механизмҳои назорат, ба монанди мақомотҳои бехатарӣ ва судӣ вуҷуд доранд;
3. Дисфунксия албатта ҷой дорад, вале он худ ба худ бартараф мешавад (шарҳ додан даркор);
4. Тағйирёбӣ ва дигаргуншавӣ аксаран характери тадриҷӣ доранд, на инқилобӣ;
5. Якҷоягии иҷтимоӣ ва ё тасавуроте, ки ҷамъият як чизи устувор аст, дар асоси ризоияти аксари шаҳрвандони мамлакат ва ба системаи ягонаи арзишҳо пайравӣ кардан, амалӣ мегардад.
Нуқтаи назари низоъ, ки дар асоси асарҳои К. Маркс ташаккул ёфтааст. Намояндагони ин нуқтаи назар чунин мешуморад, ки низои синфӣ дар худи таҳкурсии ҷамъият ҷой дорад. Ба ақидаи К. Маркс муборизаи синфӣ ва пешрафти қувваҳои истехсолкунанда инкишофу тағйиротҳои иҷтимоиро таъмин менамоянд. Мафҳуми «ҷомеа» – ро К. Маркс аз нуқтаи назари илмӣ шарҳ медиҳад. Ба ақидаи ӯ, ҷомеа ин маҷмӯи муносибатҳои таърихан инкишофёфтаи байни одамон аст, ки дар натиҷаи фаъолияти байни онҳо ба миён меоянд.
Ҷудо кардани зерсистемаҳои функсионалӣ масъалаи алоқаи детерминистиро ба миён овард. Ба ибораи дигар, масъала дар бораи он аст, ки кадоме аз зерсистемаҳо симои тамоми ҷамъиятро муайян мекунанд. Детерминизм ин таълимоти илмиест дар бораи қонуниятҳои объективӣ ва алоқамандию вобастагии ҳодисаҳо дар табиат ва ҷамъият. Якумин принсипи детерминизм он аст, ки ҳамаи ашё ва ҳодисаҳои олами атроф бо ҳамдигар алоқаҳо ва муносибатҳои гуногун доранд. Дар натиҷаи ин детеминизмро фаққат ба алоқаҳои сабабӣ – натиҷавӣ нисбат додан лозим нест.
Дар хусуси масаълаи кадом зерсистема симои ҷамъиятро муайн мекунад, байни сотсиологҳо ҳамфикрӣ вуҷуд надорад. К. Маркс бартариро дар иқтисодиёт (детерминизми иқтисодӣ) мебинад. Тарафдорони детеминизми технологӣ техника ва технологияро ҳамчун омилҳои муайянкунандаи ҳаёти ҷамъиятӣ мешуморанд. Намояндагони детеминизми маданӣ чунин мешуморанд, ки асоси ҷамъиятро системаи аз тарафи ҳамагон эътирофшудаи меъёрҳо ва арзишҳо ташкил медиҳанд, ва риоя кардани онҳо устуворӣ ва такрористеҳсолии ҷамъиятро таъмин мекунад. Детерминизми биологӣ таъкид мекунад, ки ҳамаи зуҳуротҳои иҷтимоиро аз рӯи тавсифи биологӣ ва генетикии одамон маънидод кардан мумкин аст.
Агар ҷамъиятро аз мавқеъи таҳқиқоти қонунияти амалиёти якҷояи ҷамъият ва инсон, омилҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ омӯзем, дар он сурат ин гуна назария назарияи детерминизми иҷтимоӣ – таърихӣ ном мегирад. Детерминизми иҷтимоӣ – таърихӣ яке аз принсипҳои асосии сотсиология мебошад, ки алоқамандӣ ва бо ҳам вобастагии умумии ҳодисаҳо ва зуҳуротҳои ҷамъиятиро ифода мекунад. Чи хеле, ки ҷамъият инсонро меофарад, ҳамин тавр инсон ҷамъиятро меофарад. Дар муқобили ҳайвонот инсон ин маҳсули амалиёти моддӣ ва маънавии худаш аст. Инсон на фақат объект, балки субъекти амали иҷтимоӣ низ мебошад. Амали иҷтимоӣ ин воҳиди соддатарин ва одитарини амалиёти иҷтимоӣ мебошад. Ин мафҳумро Макс Вебер барои ифода кардани амали инсон, ки аз рафтори гузашта, ҳозира ва ояндаи одамони дигар бошуурона хабардор аст, кор карда баровардааст. Моҳияти ҳаёти ҷамъиятӣ ба фаъолияту амали инсон асос меёбад. Инсон фаъолияти худро дар асоси муносибат бо дигар одамон, ки шаклҳо ва навъҳои онҳо дар тули таърих ташакул ёфтанд, амалӣ мекунад.
Барои ҳамин дар кадом соҳаи ҳаёти иҷтимоие, ки фаъолияти инсон амалӣ шавад, вай доимо характери иҷтимоӣ дорад. Фаъолияти иҷтимоӣ ин маҷмӯи амалҳои иҷтимоии аҳамиятдор, ки аз тарафи субъект дар соҳаҳои гуногун ва дар сатҳҳои гуногуни ташкилоти иҷтимоии ҷамъият амалӣ мегардад, аз пайи мақсад ва манфиатҳои муайяни худ ҳастанд ва барои комил шудан ба онҳо воситаҳои ҳархела (иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва идеологӣ) – ро истифода мебаранд.
Таърих бе муносибатҳои иҷтимоӣ ва берун аз фаъолият вуҷуд надорад ва наметавонад вуҷуд дошта бошад. Фаъолияти иҷтимоӣ аз як тараф, дар асоси қонуниятҳои объективӣ амалӣ мешавад, аз шуур ва иродаи одамон озод аст, вале аз дигар ҷиҳат дар вай одамон иштирок мекунанд ва онҳо вобаста ба мавқеи иҷтимоии худ роҳҳо ва воситаҳои гуногунро барои амалӣ кардани фаъолияти худ интихоб мекунанд. Хусусияти асосии детерменизми таърихии иҷтимоӣ дар он аст, ки объекти вай ин фаъолияти одамон аст ва одамон аз тарафи дигар субъекти фаъолият ҳастанд. Ҳамин тариқ, қонунҳои иҷтимоӣ ин қонунҳои фаъолояти амалии одамон, ки ҷамъиятро ташкил медиҳанд ва қонунҳои амали иҷтимоии худашон мебошанд. Сотсиологи америкоӣ Т. Парсонс ҷамъиятро низоми мггшгосибатҳои одамон ба арзишҳо, меъёрҳо ва алоқамандии одамон номидааст.
Дар ҳаёти воқеи ҷамъияти амиқ ва мушаххас вуҷуд дорад. Ҷамъияти Тоҷикистон, Руссия, Америка ва ғайра. Дар ин сурат ҷамъият ба маънои тангаш, ҳамчун ҳаммаънои миллат – давлати муосир истифода мешавад. Н. Смелзер ба ҳамин маъно ҷамъиятро ҳамчун муттаҳидшавии одамоне, ки сарҳади ҷуғрофии муайян, системаи ягонаи қонунӣ ва ягонагии умумии миллӣ доранд, муайян мекунад. Ба ҳамаи дигаргунфаҳмиҳо дар таърифи ҷамъият нигоҳ накарда ҳамаи сотсиологҳо аз Огюст Конт сар карда то Талкот Парсонс ҷамъиятро ҳамчун системаи ягонаи иҷтимоие меноманд, ки зуҳуротҳо ва ҷараёнҳои ҳар хел тартибот ва характер доштаро дар бар мегирад.
Ҷамъиятро ҳамчун системаи бисёрзинагӣ тасаввур кардан мумкин аст.
Системаи иҷтимоии глобалӣ иттиҳоди инсоният, ташкилотҳо ва идораҳои байналхалқию минтақавиро дар бар мегирад. Ҷамъият ҳамчун системаи калони иҷтимоиест, ки зерсистемаҳои онро иқтисодиёт, иҷтимоиёт, сиёсат ва фарҳанг ташкил медиҳанд. Ҳар яке аз ин системаҳои умумии ҷамъиятӣ зерсистемаҳои бисёреро дар бар мегирад, ки унсурҳои онҳоро худи институтҳои иҷтимоӣ, ташкилотҳои иҷтимоӣ ва ғайра ташкил медиҳанд.
Бояд қайд кард, ки ҷудокунии системаи иҷтимоӣ басо шартӣ буда, онро масъалаҳо ва мақсади таҳқиқот муайян мекунанд. Масалан: дар сотсиологияи марксистӣ ҷудо кардани чор зерсистемаи ҷамъият қабул шудааст: иқтисодиёт, иҷтимоиёт, сиёсат, фарҳанг. Дар доираи таҳлили сохторӣ-функсионалӣ ҳамчун зерсистемаҳои ҷамият: умумиятҳои иҷтимоӣ, институтҳои иҷтимоӣ, ташкилотҳои иҷтимоӣ, нақшҳои иҷтимоӣ, қоидаҳо ва арзишҳо ҷудо мешаванд.
Ҳамин тариқ, ҷамъият ин алоқаҳои иҷтимоӣ ва амали байниҳамии системавии муташаккилона буда, талаботҳои гуногуни одамонро таъмин ва қонеъ мегардонад, устувор, худтанзимшаванда ва худинкишофёбанда мебошад. Ҳамчун системаи бузург ҷамъият аз рӯи қонунҳои худ амал мекунад. Ин имконият медиҳад, ки ҷамъиятро ҳамчун системаи пойдори байниҳамии иҷтимоии одамон, гурӯҳҳои иҷтимоие, ки дар як ҳудуд зиндагӣ мекунад ва бо алоқаҳою муносибатҳои гуногуни фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ муттаҳид шуданд, ба анъана, урфу одат, институтҳои иҷтимоӣ ва системаи қойдавии арзишӣ такя мекунанд, дида баромадан мумкин аст. Барои аниқ кардани ин бояд се мафҳумро аз ҳам ҷудо кунем: мамлакат, давлат ва ҷамъият.
Мамлакат – ин ҳудудест, ки сарҳад дорад ва соҳибистиқлол аст. Мамлакатро илми ҷуғрофия меомӯзад.
Давлат – ин ташкилоти сиёсии мамлакат аст, ки шакли ҳокимият ва сохтори идоракунӣ, яъне ҳукумат ва парламентро дар бар мегирад. Давлатро илми сиёсатшиносӣ меомӯзад.
Ҷамъият – ин сохти иҷтимоии мамлакат аст, ки асоси вайро сохтори иҷтимоӣ ташкил медиҳад. Ҷамъиятро илми сотсиология меомӯзад.

Нишонаҳои асосии ҷамъият

Барои дурустар дарк кардани моҳияти ҷамъият чанд аломатҳои асосии вайро ҷудо кардан лозим меояд:
1. Ҳудуд, яъне мавқеи ҷуғрофӣ, ки сарҳади муайян дорад ва дар он амали якҷояи одамон ба вуҷуд меояд, дар он мутаҳиддии робитаҳои иҷтимоӣ ба миён меоянд, алоқаҳо ва муносибатҳои иҷтимоӣ ташаккул меёбанд;
2. Номи худро дорад; (Барои мисол …?)
3. Афзудани шумораи аҳолӣ аз ҳисоби такрористеҳсолии насл дар дохили ҷамъият;
4. Нишонаи дигари ҷамъият ин мухторияти он аст. Ҷамъият мустақилона вуҷуд дорад ва дараҷаи баланди худтанзимнаморо дорост. Такрористеҳсолнамоӣ доим низоми мураккаби муносибатҳои иҷтимоӣ ва мухторияти ҷамъиятро таъмин менамояд. Қобилияти такрори ин алоқаҳои иҷтимоиро дорост ва барои ҳар як институтҳо, умумиятҳо ва ташкилотҳои иҷтимоӣ хос аст;
5. Устувор будан ва қобилияти такрористеҳсоли алоқаҳои дохилӣ ва амали байниҳамдигарӣ, ташкил кардани шароит барои таъмин намудани талаботҳои гуногуни одамонро дошта бошад, яъне ин ҷамъият қисми дигар ҷамъият набошад. Барои одамон имкониятҳои васеи худмуйянкунӣ ва худамалкунӣ фароҳам оварад, зеро ба шарофати устуворӣ ва универсалӣ будан ҷамъият шароитҳои заруриро баҳри қонеътар гардонидани талаботҳои гуногун, гурӯҳҳои иҷтимоӣ муҳайё менамояд. Ҳаёт ва фаъолияти ҷамъият ба воситаи институтҳо ва ташкилотҳои иҷтимоӣ дар асоси он меъёрҳо ва принсипҳое, ки дар дохили худи ҷамият ташаккул ёфтаанд ба низом дароварда, идора мешавад; Танҳо дар ҷамъият инсон ба касби алоҳида машғул шуда, талаботҳои худро ба хӯрок, манзил ва пӯшок таъмин карда метавонад. Ба дастовардани илмӣ-маъданӣ ва ба пешрафти он ноил мешавад. Универсалиати ҷамъият ба одамон чунин шакли ташкили ҳастиро пешниҳод менамоянд, ки онҳо ба мақсади худ расида метавонанд;
6. Қувваи бузурги ҳамгироӣ аломати муҳими ҷамъият аст. Ҷамъият бояд дорои системаи арзишҳо ва меъёрҳои умумие бошад, ки насли наврасро бо ин система ва фарҳанг шинос намояд ва ба системаи алоқаҳо ва муносибатҳои иҷтимоии ташаккулёфтаистода ворид намуда тавонад. Ҷамъият ҳар насли инсонро ба худ мутеъ менамояд, ба ҳам меоварад ва ба фаъолият равона месозад. Одамон бо риштаи ноаён умумиятҳои забонӣ, маданӣ ба ҳам баста шудаанд. Онҳо худ ба он ҷазб мешаванд. Ҷамъият на танҳо сохти пешинаро нигоҳ медорад, балки муносибати нави иҷтимоиро инъикос медиҳад.
Аз ин ҷо бармеояд, ки ҷамъият навъи мураккаби махсус ва ғайриоддии ташкилоти ҳаёти иҷтимоӣ аст. Он дар таркиби худ муносибатҳои мухталифи устувори иҷтимоиро дар институтҳо ва умумиятҳои иҷтимоӣ, ки дар марзи мушаххаси ҳудудӣ – давлатӣ маҳдуд гардонидааст, нигоҳ медорад. Ҷамъият дорои механизми худтанзимнамоист, ки бо ин восита ягонагӣ, тамомият, тартибот ва низоми муносибатҳои институтҳо ва умумиятҳои иҷтимоиро устувор мегардонад.

 Сохтори ҷамъият ва унсурҳои асосии он

Ҷамъият дорои сохтори махсус ва муайяни худ мебошад. Сохтори иҷтимоӣ яке аз мафҳумҳои бунёдӣ дар мавриди дарки моҳияти ҷомеа ва тарзи мавҷудияти он ба шумор меравад. Бидуни таҳлили он донистани хусусияти муносибатҳои иҷтимоӣ дар ҷомеа ва дурнамои тағйирёбии онҳо ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, омӯзиши ҳама гуна раванду падидаи иҷтимоӣ одатан аз омӯзиши сохтори вай оғоз мешавад. Яке аз ҳадафҳои асосии омӯзиши сохтори иҷтимоии ҷомеа ин кӯшиши дарёфти заминаҳои ба табақаҳо ҷудо кардани аъзоёни ҷомеа ва хусусияти дар ин заминаҳо пайдо шудани муносибатҳо дар байни онҳо мебошад.
Таърихи кӯшиши дарёфти заминаи мушаххаси ин масъларо дар осори иқтисодшиносон пайдо кардан мумкин аст. Иқтисодшиносони саддаи ХIX – уми англис сайъ намуданд, ки далелҳои иқтисодии ҷудошавии ҷомеаро ба табақаҳои иҷтимоӣ дарёбанд. Онҳо ба сифати ин гуна омил сарват ва боигарии инфиродиро интихоб намудаанд. Вобаста ба манбаҳои ба даст омадани сарват – музд ва баҳрабардорӣ аз моликият онҳо тақсимшавии ҷомеаро ба гурӯҳҳо имконпазир мешумориданд. Вале ин равиш натавонист ба пуррагӣ моҳияти табақабандии иҷтимоиро ташхис бидиҳад. Бинобар ҳамин, дар охири асри ХХ сохтори иҷтимоӣ ба яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеашиносӣ табдил ёфт ва он дар равияи сотсиологӣ мавқеи муҳимро соҳиб шуд. Сарчашмаи ин равияро дар таълимотҳои К. Маркс, Э. Дюркгейм, Б. Малиновский ва К. Леви-Строс дучор омадан мумкин аст.
Оиди сохтори ҷамъият назарияи марксистӣ пешниҳодоти худро дорад. Мувофиқи ин назария ҷамъият аз синфҳо, табақаҳо ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ таркиб ёфтааст. Ядрои сохтори иҷтимоӣ синфҳо мебошанд. Ба андешаи К. Маркс синфҳо бо роҳҳои зерин пайдо гардидаанд:
* Бо роҳи истисмори иқтисодӣ;
* Бо роҳи муносибати ғуломон, бо асирони ҳарбӣ ва машғулият дар муборизаи сиёсӣ. (ҷумла нофахмо аст)
В. И. Ленин мафҳуми синфро чунин таъриф додаст: «Синф – гурӯҳи калони одамонро меноманд, ки дар низоми истеҳсолоти ҷамъият ба мақому мартабаи хеш, муносибат ва нақшаашон дар ташкили иҷтимоиии меҳнат ва бо азхуднамои миқдори боигариҳои ҷамъият аз ҳамдмигар фарқ мекунанд. Ба ибораи дигар, синфҳо ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ мебошанд, ки яке натиҷаи меҳнати дигарро бо шарофати ба даст даровардани воситаҳои истеҳсолот аз худ менамоянд. Муборизаи синфҳо нерӯест, ки ҷамъиятро ба пеш ҳаракат медиҳад. Танҳо ҳамон синф ҷамъиятро идора мекунад, ки воситаи истеҳсолотро ба даст орад».
В. И. Ленин синфҳоро ба ду намуд ҷудо менамояд:
* Синфҳои асосӣ – дар муносибат ба моликият мавқеи асосиро ишғол намудаанд: сароядорон (капиталистон);
* Ғайриасосӣ – боқимондаи синфҳои иҷтимоӣ, ки дар форматсия вуҷуд дорад.
Дар ташаккули фаҳмиши сотсиологии сохтори иҷтимоии ҷомеа саҳми П. Сорокин низ хеле зиёд аст. Тибқи таълимоти ӯ ҷомеа иборат на аз афроди мушаххаси алоҳида, балки аз низоми ҷузъҳои алоқамандест, ки мавҷудияти ин низом афзудани имконияти назорат аз болои рафтори одамон вобастагӣ дорад.
Сохтори иҷтимоӣ ин усули муайяни алоқа ва амали байниҳамдигарии унсурҳо, яъне одамоне, ки мавқеи муайяни иҷтимоиро аз рӯи маҷмӯи меъёрҳо ва арзишҳои дар системаи иҷтимоӣ қабулшуда, ишғол мекунанд. Мафҳуми «сохтори иҷтимоии ҷамъият» – ин низоми тарафҳои ҷамъият ва робитаи унсурҳои ҷамъиятиро ифода менамояд. Ба маънои дигар синфҳо ва гуруҳҳои иҷтимоӣ робита ва таъсири мутақолбили онҳо сохтори ҷамъиятиро ташкил медиҳанд. Сохтори иҷтимои ҷомеа – ин маҷмуи умумиятҳои (гуруҳҳо, табақаҳо) ба ҳам алоқаманду ба ҳам амали байни ҳами доштаи институтҳои иҷтимоӣ, мақомҳои иҷтимоӣ ва муносибатҳои байни онҳост. Тамоми унсурҳои сохтори иҷтимоӣ ҳамчун организми ягонаи иҷтимоӣ дар амали байниҳамианд. Барои боз ҳам возеҳтар тасаввур карлорршг ортамоми душвориву бисёрченака будани сохтори иҷтимоӣ шартан онро ба ду зер гуруҳ ҷудо мекунем: таркиби иҷтимоии ҷомеа (аҳолӣ) ва сохтори институтсионалии ҷомеа.

Таркиби иҷтимоии ҷомеа

Таркиби иҷтимоии ҷомеа – ин маҷмуи умумиятҳои амали байниҳами доштаест, ки дар он табақаҳои иҷтимоӣ, гуруҳҳои иҷтимоӣ ва индивидҳо ҷомеаи конкретиро ба вуҷуд меоранд. Ҳар як умумияти иҷтимоӣ мавқеи муайян, ҷои муайянро дар сохтори иҷтимоӣ ишғол мекунад; дар ин миён баъзе умумиятҳои иҷтимоӣ мавқеъҳои бартаридоштаро ишғол мекунанду дигарон – начандон афзалятнокро. Илова бар ин дар худи умумияти иҷтимоӣ гуруҳҳои иҷтимоӣ алоҳида (индивидҳо) инчунин мавқеъҳои гуногунро ишғол мекунанду мақомҳои гуногуни иҷтимоиро соҳибанд. (нақшаи 1).
Сохтори институтсионалии ҷамъият – ин маҷмуи институтҳои иҷтимоии ба ҳам алоқаманде, ки шакли мустаҳками ташкилнамоӣ ва идораи ҷамъиятро таъмин менамояд. Ҳар як институт (гуруҳи институтҳо) дар соҳаи муайян муносибатҳои иҷтимоиро танзим менамояд, масалан институтҳои сиёсӣ (давлат, ҳизбҳо ва ғ.) – дар соҳаи сиёсӣ, иқтисодӣ – дар иқтисодиёт
   Сохтори иҷтимоиро вобаста ба он, ки дар кадом асос қисмҳои таркибии ҷамъият ҷудо мешавад, ҳар хел дидан мумкин аст, мисли умумиятҳои иҷтимоӣ – териториявӣ (аҳолии шаҳр, деҳот, минтақа), иҷтимоӣ – демографӣ (аз рӯи синну сол ва ҷинс), иҷтимоӣ – этникӣ (авлод, халқият, миллат), иҷтимоӣ – синфӣ (буржуазия, прлетариат) ва иҷтимоӣ – касбӣ ҷудо кардан мумкин аст. Дар сатҳи макро сохтори ҷамъиятро системаи институтҳои иҷтимоӣ: оила, ҳуқуқ, иқтисодиёт, маориф ва илм, давлат, дин ва ғайра ташкил медиҳанд. Дар сатҳи микроӣ бошад сохтори иҷтимоиро системаи нақшҳои иҷтимоӣ ташкил медиҳанд.
Аз рӯи дигар асосҳо ҳам ҷамъият ба сохторҳо ҷудо мешавад. Масалан, аз рӯи ба табақаҳо ҷудо шудани аҳолӣ дар асоси муносибат ба моликият: бойҳо ва камбизоатҳо; аз рӯи муносибат ба ҳокимият: идорашавандагон ва идоракунандагон; дар асоси эътиборнокии касбу вазифа ва ғайра.
Барои илми асри ХХ, хусусан, давраи дуюми ин аср тафаккури системавӣ хос буд. Намояндагони илмҳои табиатшиносӣ, иҷтимоӣ ва гуманитарӣ муҳити атрофро ҳамчун система мебинанд ва бо методҳои системавӣ онро меомӯзанд. Тибқи назарияи умумии системавӣ ҳама чиз дар коинот дар система мутаҳид шудааст, ки аз унсурҳои бо ҳам алоқаманд иборатанд.
Сотсиология методҳои назарияи умумии системаро ифода карда, ҷамъиятро ҳамчун объекти системавии мураккаби ташаккулёфта мефаҳмад. Ба маънои умумияш система (калимаи юнонии sustema – аз қисмҳо ташкилшуда, пайвасташуда) маҷмӯи ягонаи бо ҳам алоқаманд ва нисбатан мустақили унсурҳо мебошад, ки онҳо ин ё он хел амали байниҳамдигарӣ доранд. Принсипҳои асосии системавӣ инҳо мебошанд:
1. Иерархия (зина ба зина), яъне як система унсури таркибии системаи болотар шуда метавонад. Унсурҳои система дар навбати худ ҳамчун системаи тартибӣ поёнтар вуҷуд доранд;
2. Сифати системавӣ – ташкили системаи ягонаи болотар аз унсурҳои алоҳидаи вай иборат мебошад;
3. Таркибӣ – вобастагии амали унсурҳои система ба хусусияти сохти он;
4. Тобеъияти байниҳамдигарии система ва муҳити берун, яъне система хусусиятҳои худро дар муҳит ташаккул ва намудор мекунад.
Ба ҳамаи ҳамин принсипҳо ҷамъияти инсонӣ ҷавобгӯ аст, ки ҳамчун суперсистема ифода мешавад ва шаклҳои гуногуни системаҳои иҷтимоиро дар бар мегирад. Низоми иҷтимоӣ – одамон бо муносибату робитаҳои мутақобилаи худ, ки дар ҷараёни таърих ба вуҷуд омадааст, торафт мураккаб мегардад ва аз як насл ба насли дигар ташаккул меёбанд. Низоми иҷтимоӣ унсури таркибии воқеияти иҷтимоӣ ва бунёди муайяни ягона мебошад. Унсурҳои таркибии ҷамъият ҳамчун системаи иҷтимоӣ ин институтҳои иҷтимоӣ ва гурӯҳҳое мебошанд, ки дорои арзишҳои муайяни иҷтимоӣ ва меъёрҳо буда, аз одамони алоҳида иборат ҳастанд, ки аз рӯи алоқаҳо ва муносибатҳои иҷтимоӣ бо ҳам мутаҳид шудаанд ва вазифаҳои муайяни иҷтимоиро иҷро мекунанд. Ҳамаи ин унсурҳо бо ҳам алоқаманданд ва сохтори ҷамъиятро ташкил медиҳанд. Дар мавриди ҷамъиятро ҳамчун як системаи ягона дида баромадан муҳим аст, ки на фақат унсурҳои таркибии вайро ҷудо кунем, балки алоқамандии онҳоро ҳам муайян кардан лозим меояд. Сатҳи таҳлилии микросотсиологӣ ин омӯзиши низомҳои хурд (доираи робитаи байни шахсӣ) мебошад. Ин система алоқаҳои эҳсосии одамонро фаро мегирад ва ҷамъшавии ин гуна алоқаҳо гурӯҳҳои хурдро ташкил медиҳанд, ки аъзоёни онҳо бо ҳамдигар бо мақсадҳои муайян алоқаманданд. Таҳқиқотчиёни соҳаи микросотсиология, чунин мешуморанд, ки зуҳуротҳои иҷтимоиро танҳо дар асоси таҳлили амали байниҳамдигарии одамон фаҳмидан мумукин аст. Мавзӯи асосии таҳқиқотҳои онҳо рафтор ва кирдори одамон, мақсади амалу фаъолиятҳои байни одамонро, ки дар навбати худ ба устувории ҷомеа ва ё ба тағйирдиҳии он таъсир мерасонанд, ташкил медиҳад.
Дар баробари ин дар вақти омӯзиши ҷамъият ҳамчун системаи махсус се хусусияти муҳими хоси онро бояд ба назар гирифт:
* Шахс унсури тақсимнашавандаи ҷомеа мебошад. Ин маҳдудият заминаи алоқаҳои беҳад гуногуни иҷтимоӣ ва ҳамчунин сохтори иҷтимоӣ мебошад, чунки шахс дар ҳар гурӯҳи иҷтимоӣ вазифаҳои гуногуни иҷтимоиро иҷро мекунад;
* Инсон ҳамчун вуҷуди моддӣ дорои шуур аст. Таъсири моддии одамон ба предметҳои табиат ва дигар одамон бошуурона мебошад, мақсад ва маъно дорад ва боирода аст. Ирода инсонро маҷбур (водор) месозад, ки ба мақсадаш расад;
* Дар ҷамъият ҳамчун система, ки аз мавҷудоти бошуур иборат аст, вазифаҳои идоранамоӣ дар мақомотҳои барои ин мақсад ташкилшуда ҷамъ карда мешавад. Ба ин маъно ҷамъият ин марҳилаи махсуси худташкилкунии системаҳо мебошад, ки дар он идоракунӣ ба дараҷаи баланди тараққиёти худ расидааст.
Ҳамин тариқ, системаи иҷтимоӣ ин ягонагии ба тартибдаровардашудаест, ки фардҳои алоҳида, гурӯҳҳо, ташкилотҳо, институтҳо ва умумиятҳои иҷтимоиро дар бар мегирад, онҳо бо муносибатҳо ва алоқаҳои иҷтимоӣ бо ҳам муттаҳид мешаванд. Амали байниҳамдигарӣ дар муҳити иҷтимоӣ муносибатҳои унсурҳоро тағйир дода метавонад.
Мафҳуми «сохтор» системаро аз ҷиҳати тартиботи дохилӣ шарҳ медиҳад ва ду қисматро инъикос мекунад: таркиби иҷтимоӣ ва алоқаи иҷтимоӣ.
  Таркиби иҷтимоӣ ин маҷмӯи унсурҳои системааст. Хусусияти ҳамаи системаҳои иҷтимоӣ дар он аст, ки онҳо дар асоси умумиятҳои муайяни иҷтимоӣ (гурӯҳҳои иҷтимоӣ, ташкилотҳои иҷтимоӣ, институтҳо ва ғайра) ташкил мешаванд ва унсурҳои аввалини онҳо фардҳо мебошанд. Рафтори фардҳо мавқеъи иҷтимоии онҳо, вазифаҳои мушаххаси онҳо (нақшҳое, ки онҳо дар ҷамъият бозӣ мекунанд), системаи қоидавӣ – арзишие, ки дар умумияти иҷтимоӣ, гурӯҳ ва ташкилот қабул шудааст, инчунин сифатҳои шахсии онҳо (талабот, шавқу ҳавас, тамоюли арзишӣ ва ғайра) муайян мекунанд. Дар раванди амали байниҳамдигарӣ дар доираи умумияти иҷтимоӣ ҳам одамон ва ҳам муҳити иҷтимоӣ ба инсон таъсири доимӣ мерасонанд ва инсон ҳам дар навбати худ ба дигарон ва ба муҳити иҷтимоӣ таъсири худро мерасонад. Дар натиҷа умумиятҳои иҷтимоӣ ҳамчун як чизи ягона ташил мешаванд, ки сифатҳои системавӣ, яъне сифати системаи иҷтимоиро доранд. Системаҳои иҷтимоӣ ҳамчун унсурҳои сохтории ҷамъият баромад мекунанд. Дар навбати худ ҷамъият маҷмӯи системаҳои иҷтимоӣ мебошад.
Унсурҳои системаи иҷтимоӣ дорои алоқаҳои дохилӣ мебошанд. Алоқаҳои иҷтимоӣ (мафҳуме, ки онро Э. Дюркгейм дар сотсиология ворид кардааст) – ин системаи муносибатҳои муташакилона, институтҳо ва воситаҳои назорати иҷтимоие, ки одамону гурӯҳҳои иҷтимоиро дар як амали ягонаи функсионалӣ муттаҳид месозад ва қобилияти худро нигоҳ доштан ва инкишоф ёфтанро дорад. Алоқаҳои иҷтимоӣ фаъолияти муштараки одамон ба хотири ноил шудан ба ин ё он мақсади муайян мебошад. Шаротҳои иқтисодӣ алоқаҳои иҷтимоиро ба миён меорад. Заминаи пайдоиши алоқаҳои иҷтимоӣ вобастагии иҷтимоии одамон мебошад. Дар асоси вобастагии ичтимоӣ тамоми ҳаёти ҷамъият ташкил мешавад ва дар баробари тараққиёти ҷамъият вобастагии одамон зиёд мегардад. Барои амалӣ кардани мақсадҳои муайян ва қонеъ гардонидани талаботҳо шахсиятҳо ва умумиятҳои иҷтимоӣ бо ҳам ба алоқа ва амали байниҳамдигарӣ медароянд. Унсурҳои асосии алоқаи иҷтимоӣ инҳоянд:
• Субъекти алоқа (фардҳо, гурӯҳҳо, умумиятҳои иҷтимоӣ ва ғайра);
• Предмети алоқа (ба хотири чӣ алоқа мекунанд);
• Механизми бавуҷудоии алоқа ва танзими бошууронаи он (тартиби бозӣ);
Дар дохили алоқаҳои иҷтимоӣ боз алоқаҳои амали байниҳамдигарӣ, назорати иҷтимоӣ, муносибатҳои иҷтимоӣ ва алоқаҳои институткунандаро ҷудо кардан мумкин аст. Алоқаҳои иҷтимоӣ ҳам дар шакли муносибат ва ҳам дар шакли амали иҷтимоӣ ва амали байниҳамдигарӣ ифода меёбанд.
Амали иҷтимоӣ (ин мафҳум аз тарафи М. Вебер ба сотсиология ворид шудааст) ҳамчун шакли алоқаи иҷтимоӣ заминаи аввалини системаи иҷтимоӣ мебошад, яъне воҳиди соддатарини фаъолияти иҷтимоист. На ҳар як амали одамон, ки ба талаботи онҳо асос меёбад, амали иҷтимоӣ шуда метавонад. Амали инсон ҳамон вақт характери иҷтимоиро мегирад, ки агар:
• Амал бошуурона бошад (то ин ё он дараҷа ҷанбаи ақлонӣ дошта бошад);
• Амал ба рафтори дигарон равона гардида бошад. Дар мавриде, ки одамон бо ҳам амал мекунанд, амали иҷтимоӣ мебошад (М.Вебер). Дар дигар мавридҳо амали одамон амали иҷтимоӣ набуда, ҳамчун амали фардӣ мебошад. Амали иҷтимоӣ метавонад ба рафтори гузашта, ҳозира ва ояндаи одамони дигар равона гардида бошад.
Амали байниҳамдигарии иҷтимоӣ (таъсири мутақобилаи иҷтимоӣ) – ин шакли алоқаҳои иҷтимоии шахсон ва ё умумиятҳои иҷтимоиест, ки дар дохили онҳо шахсон мунтазам ба ҳамдигар таъсир мерасонанд (Я.Щепанский). Амали байниҳамдигарии иҷтимоӣ ҷараёнест, ки одамон таъсири якдигарро эҳсос мекунанд ва аз фаъолият тағйири умумиятҳои иҷтимоӣ пайдо мешавад ва ба муносибати нави иҷтимоӣ оварда мерасонад. Хусусияти асосии амали байниҳамдигарии иҷтимоӣ ин системаи амиқ ва зичи ҳамоҳангсозии рафтори одамон мебошад. Амали байниҳамдигарии одамон дар он вақт ҷой дорад, ки агар шахсҳо ва умумиятҳои иҷтимоӣ пойдорона ва пай дар ҳам ба рафтори ҳамдигар таъсир расонанд. Дар натиҷаи ин на фақат азнавсозӣ, балки бисёр вақт тағйирёбии муносибатҳои иҷтимоӣ ба амал меояд.
Муносибатҳои иҷтимоӣ. Ин системаи устувори одамон ва умумиятҳои иҷтимоиест, ки дар раванди амали байниҳамдигарии онҳо дар шароити ҳамин ҷамъият ташаккул ёфтааст. Муносибатҳои иҷтимоӣ робитаи устувор ва мустақилият байни фардҳо ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ мебошад. Муносибатҳои иҷтимоӣ яке аз шаклҳои намоёншавии амали байниҳамдигарии иҷтимоиет, ки бо хусусиятҳои дарозмуддату пойдорӣ, худазнавшавӣ ва системанокӣ фарқ мекунанд (масалан, муносибатҳои байнисинфӣ, гурӯҳӣ ва ё байни миллатҳо).
Таҳлили сохтори системаи иҷтимоӣ аз ҷиҳати таркиб ва алоқаҳои дохилии унсурҳо метавонад аз панҷ ҷиҳати бо ҳам алоқаманд арзёбӣ гардад (Г.В.Осипов):
* Ҳамчун амали байниҳамдигарии шахсиятҳое, ки ҳар яки онҳо дорои сифатҳои фардӣ ҳастанд;
* Ҳамчун амали байниҳамдигарии иҷтимоие, ки натиҷаи он ташаккули муносибатҳои иҷтимоӣ ва ба вуҷуд омадани гурӯҳҳои иҷтимоӣ мебошад (ин ҷиҳат ба мафҳуми «гурӯҳи иҷтимоӣ» алоқаманд аст);
* Ҳамчун амали байниҳамдигарии гурӯҳие, ки асоси онро ягон вазъияти умумӣ ташкил медиҳад: шаҳр, деҳот, коллективи меҳнатӣ (ин ҷиҳат бо мафҳуми «умумияти иҷтимоӣ» алоқаманд аст);
* Ҳамчун зинабандӣ (иерархия) – и мавқеи иҷтимоие, ки шахс ишғол менамояд, дар фаъолияти ин системаи иҷтимоӣ ворид аст ва вазифаи иҷтимоиро дар асоси мавқеи иҷтимоияш иҷро менамояд (ин ҷиҳат бо мафҳуми «табақабандии иҷтимоӣ» алоқаманд аст);
* Ҳамчун маҷмӯи қоидаҳо ва арзишҳое, ки характер ва мазмуни фаъолияти унсурҳои ҳамин системаро меомӯзад (ин ҷиҳат бо мафҳумҳои «институтҳои иҷтимоӣ» ва «фарҳанг» алоқаманд аст).
Аз гуфтаҳои болоӣ метавонем хулоса барорем, ки ҷамъият ба маънои томаш аз алоқаҳо, муносибатҳо ва таъсири байн якдигарии одамон иборат буда, тағйироту инкишофи онҳо тараққиёти ҷамъиятро таъмин менамоянд.

Зинаҳои ташаккулёбӣ ва типологияҳои (навъбандии) ҷамъият.

Дар ҷаҳони муосир типҳои гуногуни ҷомеа вуҷуд доранд, ки байни худ аз рӯи бисёр аломатҳои аёнӣ (мисли забон, маданият, мавқеъи ҷуғрофӣ, ҳаҷми ҳудуд) ва ҳам ғайри аёнӣ (дараҷаи якҷоя будан ва дараҷаи устуворӣ) ва ғайра фарқ мекунад. Таснифоти илмӣ талаб мекунад, ки аломатҳои ба худ хос ва аслӣ ҷудо карда шаванд, ки як гурӯҳи ҷамъиятро аз дигар гурӯҳҳо фарқ кунанд ва ё ҷамъиятҳои ба як гурӯҳи муайян дохилшударо муттаҳид кунанд. Навъбандии ҷамъият ин маҷмӯи нишонаҳои устуворе, ки ҷамъият ва халқҳоро дар давраҳои гуногун тавсиф мекунад. Навъбанди ба мо нишон медиҳад, ки ҷамъият чи гуна тағйир ёфта, кадом давраҳоро аз сар гузаронидааст.
Бузургтарин антропологҳои асри XIX Э. Тейлор, ва Л. Морган ҷомеаро дар асоси инкишофи эволютсионӣ таснифот намудаанд. Морган андеша дорад, ки ҳама гуна ҷомеа дар инкишофи худ як роҳ, яъне аз «ваҳшигӣ» ба марҳилаи мобайнии «варварӣ» ва аз он ба ҳолати «таммадунӣ» тай менамояд. Дар мобайнҳои асри ХIХ Карл Маркс типологияи ҷамъиятҳоро пешниҳод кард, ки асоси вайро усули истеҳсолоти неъматҳои моддӣ ва пеш аз ҳама муносибат ба моликият ташкил медиҳанд. Ӯ ҳамаи ҷамъиятҳоро ба панҷ форматсияи ҷамъиятӣ – иқтисодӣ: обшинаи ибтидоӣ, ғуломдорӣ, феодалӣ, капиталистӣ ва коммунистӣ, ки фазаи авали онро ҷамъияти сотсиалистӣ ташкил медиҳад, ҷудо кард.
Типологияи дигар ҷамъиятҳоро ба ҷамъиятҳои содда ва мураккаб ҷудо мекунад. Меъёр (аломат) – и асосӣ – ин сатҳи идоракунӣ ва дараҷаи ба табақаҳо ҷудошавии ҷамъият аст. Ҷамъияти содда ин ҷамъиятест, ки қисмҳои асосии вай яклухт мебошанд. Дар он сарватманду камбизоат набуда, тафриқаи сохтор ва вазифаҳо кам ҷой доранд ва ба осонӣ иваз мешаванд. Инҳо қабилаҳои ибтидоӣ мебошанд, ки дар баъзе ҷойҳо имрӯз ҳам вуҷуд доранд. Ҷамъияти мураккаб ҷамъиятест, ки дорои тафриқаи зиёди сохтор ва вазифаҳои бо ҳам алоқаманду вобаста мебошад (Г.Спенсер).
К. Поппер ду хели ҷамъият: пӯшида ва кушодаро ҷудо мекунад. Асоси фарқияти онҳо пеш аз ҳама ин муносибати назорати иҷтимоӣ ва озодии шахс мебошад. Ба шакли пӯшидаи ҷамъият сохтори иҷтимоии камтағйирёбанда, ҷойивазкунии маҳдуд, дарк накардани навигариҳо, анъанавӣ, идеологияи авторитарӣ, коллективизм хос ҳастанд. Ба ин хел навъи ҷамъият Поппер Прусия, Россияи подшоҳӣ, Германияи миллатгаро, Иттиҳоди Шӯравии давраи Сталиниро дохил кардааст.
Ҷамъияти кушод дорои сохтори иҷтимоии тарақикунанда, ҷойивазкунии васеъ, қобилияти чизи навро қабул кардан, хосияти танқидӣ, индивидуализм ва идеологияи плюралистии демократӣ мебошад. Поппер намунаи ин хел ҷамъиятро дар Афинаи қадим ва давлатҳои демократии Ғарби муосир мебинад.
Олимони амрикоӣ Г. Ленски ва Ҷ. Ленски ба сифати талабот сохтори иҷтимоӣ ва тарзи зиндагиро муайян карда, навъҳои зерини ҷоме аҳоро муайян нимудаад:
* Бо шикор ва ҷамъовари зиндаги мекардагиён;
* Ҷомеаҳои боғпарварӣ дар шарқи наздик, ки дар ҳазораи lV- уми то д, мо пайдо шудаанд;
* Ҷомеаҳои аграрӣ, ки дар Мисри Қадим, Аркод, Шумер ва Бобулистон пайдо шудаанд;
* Ҷомеаҳои аграрие, ки дар охири асри ХVlll – дар Аврупо пайдо шудаанд.
Таҳқиқотчи Д. Белл ҷомеаҳоро дар асоси омилҳои технологӣ бо назардошти камолоти соҳаи сиёсӣ ва маданӣ тасниф мекунад:
* Ҷомеаҳои анъанавӣ (тоиндустриалӣ) ҷомеа аз ҷиҳати иқтисоди қафомондае, ки асоси иқтисодиёташонро кишоварзи ташкил дода тамоми соҳаҳо аз рӯи анъанаҳо ба танзим дароварда мешаванд.
* Ҷомеаҳои баъди индустриалӣ ба дастовардҳои илмӣ-техникӣ асос меёбанд ва захираи аз ҳама арзишнок дар ин ҷомеаҳо иттилоот ба шумор меравад, сохтори иҷтимоии ҷомеа мураккаб мегардад.
Дар назарияи «ҷомеаи фаровони» – и худ Ҷон Кеннет Гелбрейт ба сифати талаботи таснифкунанда сатҳи истеъмолотро муайян мекунад. Ҷомеаи фаровонӣ мамлакатҳои тараққикардаи саноатиеро меномад, ки дар он аксарияти аҳолӣ ба сатҳи баланди зиндаги одат кардаанд. Истеҳсоли мол (маҳсулот) бефосила зиёд мегардад ва ба вуҷуд овардани талаботи сунъи ба чашм мерасад. Дар натиҷа истеҳсоли аз ҳад зиёд пайдо шуда, хариди молҳои нодаркор, танҳо барои нигаҳдории мақоми иҷтимоии худ аст.
Соли 70 – уми асри XX назарияи ҷомеаи посиндустриалӣ (баъдисаноатӣ) хеле машҳур гардид. Намояндагони он Д. Белл, А. Тоффлер, А. Турэн ва Ж. Фусате се зинаи инкишофи ҷомеаро дида баромадаанд:
1. Ҷомеаи то индустриалӣ (аграрӣ);
2. Ҷомеаи индустриалӣ (саноатӣ);
3. Ҷомеаи посиндустриалӣ (баъдисаноатӣ);
Дар ҷомеаи аввал хоҷагии қишлоқ шакли асосии фаъолияти иқтисодӣ мебошад. Дар ҷомеаи индустриалӣ саноат дар маркази фаъолияти иқтисодӣ қарор дорад. Дар ҷомеаи постиндустриалӣ шакли асосии фаолияти иқтисодии одамон хизматрасонӣ, истеҳсолоти фардӣ ва истеъмол мебошад. Айни замон сотсиологҳо дар бораи пайдоиши типии нави ҷомеа – ҷомеи иттилоотӣ бисёр сухан гуфта истодаанд.

Leave a Reply