Умумӣ

Ҳикояти «Ошиқи булҳавас».

Булҳавасе бар сари роҳе расид,
Ҷилвакунон чордамоҳе1 расид.
Ҳола шуда гирди қамар маъҷараш2,
Хайма зада бар маҳу хур3 чодараш.
Нағмасаро ҷунбиши халхоли4 ў,
Нофакушо зулф зи дунболи ў.
Наъра баровард, ки : «Эй худпараст!
Пой макун тез, ки рафтам зи даст.

Аз ту ба фарёд шудам, ҳамнафас,
Роҳи карам гиру ба фарёд рас!»
Тозасанам чу шаафи5 ў бидид
В-он ҳама шўру шағаби6 ў шунид,
Чуя гули хандон зи дами ў шукуфт,
Ғунчаи нўшин шукуфониду гуфт: —
«Хоҳари ман марасад инак зи пай!
Беҳ зи чу ман сад сари як мўи вай.
Нест зи хубон сухан он ҷо, ки ўст,
Ман кияму сад чу ман он ҷо, ки ўст!»…

Содадил он васваса чун гўш кард,
Қоидаи кор фаромўш кард.
Дар ғалат афтод зи гуфтори ў,
Чашми вафо тофт зи дидори ў.
Кард басе дар раҳу бераҳ нигоҳ,
Дид раҳе дуру касе не ба роҳ.
Бори дигар лаб ба сухан боз кард,
Лобагарӣ пеши вай оғоз кард…
Бонг зад он моҳ, ки: «Эй ҳарзагўй!
Беҳ, ки бигардонӣ аз ин ҳарза7 рўй.
Қиблаи мақсуд яке беш нест,
Қосиди он қибла дурандеш нест…»
Чанд кашидан зи дубинон газанд?
Дидаи дил, Ҷомӣ, аз инон бубанд.

—————————-
1. Чордамоҳ – духтари чун моҳи шаби чордаҳ зебо.
2. Маъҷар – мўй, мўи бофта.
3. Хур – хуршед, офтоб.
4. Халхол – ҳалқаи тилло ва ё нуқра, ки занон барои зиннат ба пой мебанданд.
5. Шааф — шодӣ, мафтунӣ.
6. Шағаб — ғавғо.
7. Ҳарза – сухани беҳуда, гизофа.

Leave a Reply