Умумӣ

Ҳикояти «Кашаф ва ду бат»

Баст ба сад меҳр бар атрофи Шат1
Ақди муҳаббат кашафе2 бо ду бат3.
Шуд ба фароғат зи ғами рўзгор
Қоидаи сўҳбаташон устувор.
Рўзе аз он ҷо фалаки ростхўй
Гашт зи бемеҳриашон кинаҷўй.

Табъи батон аз лаби дарё гирифт,
Рои сафар дар дилашон ҷо гирифт.
Кард Кашаф нола, ки: Ай ҳамдамон,
В-аз алами фурқати ман беғамон!
Хў ба карамҳои шумо кардаам,
Қут зи ғамҳои шумо х(в)ардаам.
Гар чи маро пушт чу санг аст сахт,
Дорам аз ин бор диле лахт-лахт.

Ҳеч қасам нест ба ҷои шумо,
Пушт ба кўҳам зи вафои шумо.
Не ба шумо қуввати ҳампоиям,
Не зи шумо тоқати танҳоиям.
Нек фурў монда ба кори худам,
Пушт дуто гашта зи бори худам.
Буд зи беша ба лаби обгир,
Чўбаке афтода чу як чўбтир.

Як Бат аз он чўб яке сар гирифт
В-он Бати дигар сари дигар гирифт.
Бурд Кашаф низ ба он ҷо даҳон,
Сахт ба дандон бигирифташ миён.
Майли сафар кард ба майли батон,
Мурғи ҳаво гашт туфайли батон.
Чун сўи хушкӣ сафар афтодашон,
Бар сари ҷамъе гузар афтодашон.

Бонг баромад зи ҳама, к-ай шигифт,
Як Кашаф инак ба ду бат гашта ҷифт.
Бонг чу бишнид Кашаф лаб кушод,
Гуфт, ки: ҳосид ба ҷаҳон кўр бод.
З-ў лаби худ буд кушодан ҳамон,
З-авҷи ҳаво зер фитодан ҳамон.
З-он дами беҳуда, ки ногоҳ зад,
Бар худу бар давлати худ роҳ зад.
Ҷомӣ, аз ин гуфтани беҳуда чанд?
Зиракие варзу лаби худ бубанд.
То ки дар ин доираи ҳавлнок,
Аз сари афлок наяфтӣ ба хок!

_________________
1. Шат – номи дарё.
2. Кашаф – сангпушт
3. Бат – мурғобӣ

Дар ин ҳикояти тамсилӣ ду чиз таъкид мешавад:
1. Ёри мувофиқ, ки ҳар кас бояд дар интихоби ёру дўстон ҳамаҷониба биандешад ва баъд дўст интихоб бикунад.
2. Беш аз он, як сухан он тараф истад, ҳатто барои гуфтани сухани ноҷо ҳамин ки шахс агар ният намояд, он гоҳ пушаймонӣ ҳеҷ гоҳ суд надорад. Зеро Кашаф ҳанўз ҳарфи аввали калимаро ногуфта, аз чўби дўстию ҳамбастагӣ ҷудо шуд. Таъкиди Ҷомӣ маҳз ба ҳамин ҷиҳат аст.

Leave a Reply