Умумӣ

Қоидаҳои сурудхонӣ.

1. Сурудро ҳам рост истода ва ҳам нишаста хондан мумкин. Ҳангоми иҷрои суруд китфҳо бояд озод бошад (бардошта нашавад).
2. Бо ишораи муаллим пеш аз оѓози сурудхонӣ ва бо аломати зерин – ҳангоми бо нота сароидан, орому озод нафас кашед.
3.Дар мавриди сурудхонӣ ёиҷрои машқҳо баовозихудбештар гўш андохта, ҳаракат кунед, ки овозатон тозаву хушоҳанг барояд.
4. Равону форам сурудан – асоси пешравӣ ва муваффақиятҳост.
5. Ҳангоми сурудхонии дастаҷамъӣ кўшидан лозим, ки овози кулли сарояндагон дар як сатҳ бошад, якдигарро пахш накунад.
6. Кўшидан лозим, ки ҳангоми сурудхонӣ ҳиҷову ҳарфҳо бурро ва фаҳмо талаффуз карда шаванд.
7. Барои он ки сурудхониатон ба худатон ва шунавандагон ҳаловатбахш бошад, сурудро таъсирбахшу самимӣ сароед.
8. Аз ҳад баланд ва бо овози гўшхарош ё тақлидкорона ба овозхони шинохта сароидан ғайри мақбул буда, ба овози шумо зиён меорад

Leave a Reply