Қобилияти хонандагон

Қобилият гуфта, хусусияти фардӣ – психологии шахсро мефаҳманд, ки ба талаботи фаъолияти додашуда ҷавобгў буда, имконияти иҷрои бомуваффақияти онро таъмин менамоянд ва шарти ба осонӣ аз худ гаштани донишу маҳорат ва малакаҳо мебошанд.

Б.М. Теплов се аломати асосии зерини мафҳуми қобилиятро ҷудо мекунад: аввалан зери мафҳуми қобилият хусусиятҳои фардӣ – психологиеро мефаҳманд, ки якеро аз дигаре фарқ мекунонаад; дувум, қобилият гуфта на ҳамаи хусусиятҳои фардӣ – психологиро дар назар доранд, балки танҳо онҳоеро, ки ба иҷрои бомуваффақияти ягон фаъолият ё фаъолиятҳои зиёд марбутанд; саввум, мафҳуми қобилият ба он донишҳо, малака ва маҳоратҳое, ки алакай дар шахс вуҷуд доранд, дар айният нестанд, ҳарчанд боиси ба осонӣ аз худ гаштани онҳо мегардад.

Миёни қобилиятҳо ва донишу маҳорату малакаҳо муносибатҳои мураккаби алоқамандии байниҳамӣ вуҷуд дораннд. Масалан, муаллим метавонад аз ҷавоби хонанда Аҳмад аз фани адабиёт қаноатманд набошад, вале хонандаи дигар Баҳромро барои ҳамин гунна ҷавоб ситоиш кунад. Барои чӣ? Чунки хонанда Аҳмад, ки ба адабиёт қобилият дорад, аз имкониятҳои худ пасттар ҷавоб дод, дар сурате, ки хонанда Баҳром дар соҳае ба дастовардҳои баланд ноил гашт, ки дар он қобилиятҳои назаррасе надорад. Одатан, баҳо дар мактаб на қобилиятҳоро, балки дараҷаи донишу маҳорат ва малакаҳоро чен мекунад.

Психологи машҳури рус А.В. Петровский оид ба қобилият чунин мегўяд: «Дар бораи қобилият ҳарф зада истода, аз мафҳумҳои фалсафии «имконият» ва «воқеият» истифода кардан қулай аст. Монанди оне, ки дони ба заминафтида дар нисбати хўшаи пухтарасидае, ки метавонад аз ин дон сабзад (агар сохтор, таркиб, намнокии замин ва боду ҳаво мусоид бошанд), танҳо имконият аст. Қобилияти инсон низ барои ба даст овардани донишу маҳорат ва малакаҳои муафян танҳо имконият ҳастанд.

Ин имкониятҳо дар натиҷаи меҳнати суботкорона ба воқеияттабдил меёбанд. Гуфтан мумкин аст, ки меҳнатдўстӣ, майл ба меҳнат дар он он соҳае, ки шахс қобилият дорад ба мазмун ва сохти қобилият дохил мешавад. Психологи рус Н.С. Лейтес, ки кўдакони қобилияти баланди ақлидоштаро меомўхт, қайд мекунад, ки ҳамаи онҳо пеш аз ҳама меҳнатдўстанд. Майли бузург ба меҳнати фикрӣ хусусияти муҳими эшон маҳсуб меёбад.Қобилиятҳо чун дигар хусусиятҳои шахс на танҳо дар фаъолият зоҳир мегардад, балки дар он ташаккул меёбад.

Иҷрои бомуваффақияти фаъолият якбора ба амал намеояд. Қобилият дар рафти ҳаёту фаъолият ташаккул ва тараққи меёбад. Дар протсесси фаъолият системаи муҳими алоқаҳои шартӣ ба вуҷуд меоянд ва машқ додану мустаҳкам намудани онҳо шарти ташаккули қобилият мешаванд.

Қобилият дар ҳамон хел фаъолияте зоҳир мегардад ва тараққи меёбад, ки дар он мавриди истифода шудани он пайдо мешавад. Ҳар қадаре, ки фаъолият гуногунхел ва пурмазмун бошад, ҳамон қадар қобилият низ ба таври равшан тараққӣ ёфтан мегирад. Вазифаи муаллим аз он иборат аст, ки ба хонанда имконияти амал карданро диҳад ва барои устувор шудани шавқу ҳавасҳои пайдошуда мусоидат намояд.

Агар мавҷудияти кадом як қобилият ҳанўз барои бомуваффақият иҷро намудани фаъолият нокофия бошад, он гоҳ дар навбати худ сустии кадом як қобилият ҳоло ифодаи корношоямии одамро ба ин ё он фаъолият надорад. Агар дигар қобилиятҳо равшан ифода ёбанд ва одам имконияти бомуваффақият иҷро намудани фаъолиятро пайдо кунад, ин барои тараққиёти қобилиятҳои кафомонда шароитҳои мусоидро фароҳам меоварад. Онҳо чунон баробар мешаванд, ки осоре аз сустии аввала намемонад.

Вазифаи муаллим на танҳо аз он иборат аст, ки хусусиятҳои ҳарҷиҳатаи хонандагонро бодиққат ба ҳисоб гирифта, ҷиҳатҳои пурқимати шахсияти онҳоро муайян кунанд, боз дар он аст, ки хусусиятҳои номатлубро пешгири кунанд, тағйир диҳад ва аз нав тарбия намояд. Дар баъзе ҳолатҳо чунон метобад, ки «беқобилияти», яъне ноўҳдабароии хонанда нисбат ба ягон фанни таълимӣ дар нокифоя будани дониш ва малакаҳо зоҳир мешавад ва инро на ҳама вақт ба осони ошкоро кардан мумкин аст. Баъзе хонандагон ҳангоми гузаштан ба иҷрои фаъолияти боз ҳам мураккабтар ҳоло бо тарзҳои нави иҷрои кор мусалаҳ нестанд, вале дар ибтидо тавассути тарзу усулҳои пеш азхудкардашуда ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил мешаванд ва ба фазли ин муваққатан ўҳдабаро метобанд. Аммо ҳангоми гузаштан ба давраи дигари омўзиш, аз уҳдаи иҷрои супоришҳои таълимӣ намебароянд ва гўё «беқобилиятӣ»-ро дар соҳиб шудани маҳоратҳо нишон медода бошанд. Сабаби асосии нобарории онҳо нокифоягии тараққиёти қобилиятҳо набуда, балки сари вақт ташаккул надодани маҳорати лозимӣ барои рафти ояндаи кори таълимӣ мебошад.

Аҳамияти ниҳоятдараҷаи муҳимро барои тараққиёти қобилиятҳо коршоямӣ ва меҳнатдустӣ доранд. Ба ин таҷрибаи кори мактаб далолат мекунад. Масалан, сабаби бадхонии хонандагони сустхонро танҳо дар сифатҳои ақлу хиради онҳо дидан хато аст. Ба ҳар яки онҳо масъалаҳои аз ҳама душвори барномаро фаҳмонидан мумкин аст. Нобарориҳоро бисёр вақт метавонем дар набудани майли онҳо ба меҳнат бинем.Хонандае, ки ҳангоми кор кардан ба ҷўшухурўш намеояд, саъю кўшиш намекунад, дар ў қобилиятро инкишоф додан душвор аст.

Инчунин хонандагоне хастанд, ки новобаста аз тамбалиашон бомуваффақият дарс мехонанд. Чунин хонандаи сустхон бисёр вақт дар гирифта кор мекунад ва баъзан кай хондани ў пайхас бурда намешавад. Аҳамияти хусусияти мехнатдўстӣ дар ноил шудан ба чунин муваффақиятҳо хонанда калон аст. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки хонандаи дар мактаб пешқадам, мутаасифона дар ҳаёт ба нобарориҳо дучор мешавад ва ин аз набудани одоби ҷиддии кор кардан рўй медиҳад. Қобилияти хонанда тавассути ҳамин нишондиҳандаҳои ақлӣ ва қобилияти кори боз ҳам устувории ў  пурратар тараққӣ меёбад ва боиси ба даст овардани натиҷаҳои назаррас мегардад.Нақши меҳнатдўстӣ махсусан дар дараҷаҳои баланди қобилият бештар эҳсос мешавад. Барои он ки истеъдод тараққӣ ёбад, майли беинтиҳо ба меҳнат кардан зарур аст.

Раванди тарбияи қобилият аз ташаккули характери одам ҷудо намебошад. Аҳамияти марказиро дар харакери хислатҳое ташкил медиҳанд, ки муносибатро ба меҳнат, ба одамони дигар ва ба худаш ифода мекунанд. Ҳамаи ин гуногунии муносибатҳо ба хақиқат, ки ҷиҳатҳои нисбатан муҳими шахсро тавсиф медиҳанд, мувофиқи тадқиқотҳои психологи самаранокии  протсессҳои психикӣ ва маҳорат одамро муайян мекунанд ва онҳо бевосита дар тараққиёти қобилиятҳо таъсири амиқ мебахшанд. Маҳз зуҳуроти муносибати пурҷўшухурўш ва бозавқ ба кор – шарти муҳими таъсири ин фаъолият ба тараққиёти қобилият мебошад. Яъне дар баробари ҷалб кардани хонанда ба ин ё он намуди фаъолият, инчунин ўро ба кор шавкманд намудан зарур аст. Хонандагони қобилияташон инкишофёфта супоришу барномаҳои махсусро талаб мекунанд ва дар мактаб ҷоннок намудани фаъолияти махфилҳои илмӣ, ташкили пурмазмуни корҳои беруназсинфӣ – шарти дигари тараққиёти қобилияти хонандагон ба шумор меравад.  Хонандагоне, ки қобилияташон ба таври кофӣ зоҳир нашудаанд, ба тарбияи шавқу ҳавас ва бедор кардани майли онҳо ба корҳои мустақилона эхтиёҷ дорнд. Иҷрои шаклҳои гуногуни корҳои мустакилона дар мактаб ба ташаккули тафаккур ва хаёли эҷодии хонандагон мусоидат менамояд ва ин  дар навбати худ, барои навовар ва ихтироъкор шудани онҳо дар оянда имкониятҳои васеъ медиҳад.

Хулоса, аз таҳлилҳои боло бармеояд, ки қобилияти инсон ирсӣ набуда, натиҷаи таълиму тарбия ва таъсири муҳити иҳотакарда мебошад.

Likes:
0 0
Views:
106
Article Categories:
Умумӣ

Добавить комментарий