Умумӣ

Қасоиди Ҷомӣ.

Эҷодиёти Ҷоми серсоҳа, гуногунжанр ва мухталифмавзўъ буда, дар достони «Хирадномаи Искандарӣ» чунин ишораи муфиде оид ба ин масъала дорад:

Задам умре аз бемисолон масал,
Сурудам ба васфи ғизолон ғазал.
Ба қасди қасоид шудам тезгом,
Баромад ба назми муаммом ном.
Зи бечорагиҳо дар ин чорсўй,
Ба назми рубоӣ шудам чораҷўй.
Кунун кардаам пушти ҳиммат қавӣ,
Диҳам маснавиро либоси навӣ.
Куҳан маснавиҳои пирони кор,
Ки мондаст аз он рафтагон ёдгор…

Яъне устод Ҷомӣ дар баробари ғазалу қитъа, таркиббанду тарҷеъбанд, рубоиву маснавӣ, мусаммат дар қасида низ панҷаи ниҳоят қави доштааст. Умуман дар девонҳои ў 11-навъи навъҳои лирики ба назар мерасанд ва яке аз жанрҳои нисбатан маъмули эҷодиёти лирикии Ҷомӣ қасидаҳои ўст.
Қасоиди Ҷомӣ аз тавҳиду таҳмид, наъту муноҷот, аз мавзўъҳои ирфону тасаввуф, фалсафаю ҳикмат, мавъизату андарз, панду насиҳат, ҷавоб ба қасоиди гузаштагон, васфи боғҳову иморатҳо ва ғайра иборат мебошанд. Таносуби шумораи қасидаҳои ҳазрати Ҷомӣ аз рўи миқдор (номгўй), шумораи абёт дар девонҳои шоир чунин омадаанд:
Дар девони якум -«Фотиҳат-уш-шубоб» 22 қасида (1014 байт).
Дар девони дуюм –«Воситат-ул-иқд» 22 қасида (505 байт).
Дар девони сеюм -«Хотимат-ул-ҳаёт» 9 қасида (306) байт.

Умуман дар ҳар се девон, ҳамагӣ 53 қасида ҷой дорад, ки аз 1825 байт иборат буда, дар таркиби девон пас аз ғазалиёт дар ҷои дуюм меистад.
Қасоиди Ҷомӣ аслан ирфонӣ-тасаввуфӣ буда, масъалаҳои ваҳдату тамҳид ва наъту муноҷотро дар бар мегирад. Ў дар ин навъи қасида ғолибан ба Ҳоқонии Шервонӣ, Ҳасани Деҳлавию Амир Хусрави Деҳлавӣ ва дигарон пайравӣ намудааст.
Қасида дар ҳар се девони Ҷомӣ ва умуман дар лирикаи шоир мавқеи марказӣ дошта, пас аз ғазал дар ҷои дуюм меистад. Як нукта зикр карданӣ аст, ки Ҷомӣ ҳамчун олим эҷоди қасидаро талаб мекунад ва барои мамдўҳ назари тамоман хоси худро дошта, на ҳар шоҳу вазир ё амиру ҳокимро сазовори мадҳ медонад. Аз ин рў, қасоиди Ҷомӣ дорои мадҳи мамдўҳ ба хотири сила нест, зеро ў ба ин ниёз надошт. Қасоиди ў асосан ирфонӣ, тасаввуфӣ, фалсафӣ, ахлоқӣ-тарбиявӣ ва шарҳиҳолӣ мебошад. Ў баъзе аз сиёсатмадоронро васф карда бошад ҳам, ба хотири дўстии самимӣ, рафоқат, донишмандию маърифатнокӣ, адлу адолатхоҳӣ, раъиятнавозию халқдўстӣ, ватанпарварию муттаҳидӣ ва ғайра аст ва чунин қасидаҳои ў ду-сетост.
Масалан, дар ҷавобияе, ки ба Анварӣ навиштааст, назари Ҷомӣ ба мадҳ маълум мешавад, ки мегўяд:

Ҳар киро дар даҳон забон бошад,
Дар санои шаҳи ҷаҳон бошад.
Он ки султон-ш ар лақаб нанҳанд,
Фарри султониаш аён бошад.
Ҳамчу Нўшервон зи сояи адл
Халқро мояи амон бошад…

Leave a Reply