Умумӣ

«Қасидаи шайбия»-и Ҷомӣ.

Қасидаи шайбия

Сафед шуд чу дарахти шукуфадор сарам,
В-аз ин дарахт ҳамин меваи ғам аст барам.
Ба ҳам шукуфаю мева кӣ дид, турфа, ки ман
Шукуфаро нигарам бар дарахту мева х(в)арам,
Шукуфа дер напояд, шигифт аз он дорам,
Ки дам ба дам зи замона шукуфаноктарам,
Зи шири модари даҳрам зарар расид, на нафъ,
Кунун шукуфакунон баҳри дафъи он зарарам.
Зи баски ойинаам айби шайб мӯй ба мӯй
Ба руй дошт, нахоҳам, ки рӯи ӯ нигарам.
Чӣ гуна бинамаш охир, ки гоҳи дидани ӯ
Баёз гирад яксар сиёҳии басарам.
Баёзу мӯй бувад офати басар, чӣ аҷаб,
Агар бувад зи назар дар баёзи мӯ ҳазарам.
Агарчи нест маро дар қусури даҳр назар,
Кунун зи даҳр бувад сад қусур дар назарам.

Тиловате, ки ба шаб кардаме ба партави моҳ,
Ба рӯз менадиҳад даст дар фурӯғи х(в)арам.
Ду чашм кардаам аз шишаи фаранг чаҳор,
Ҳанӯз бас набувад дар тиловати суварам.

Бирафт гавҳари биниш зи чашму тифлсифат,
Диҳад фиреб ба шиша сипеҳри ишвагарам.
Фишондаме чу гуҳар ҳарфро зи махрачи он,
Чу буд сию ду гавхар ниҳон ба ҳуққа-дарам.

Гуҳарфишониям имрӯз мушкил аст, ки дод
Ҷафои чарх ба тороҷ ҳуққаи гуҳарам.
Зи тезгӯшӣ будам чунон, ки аз раҳи самъ
Ҳадиси нафси касон доштӣ ба дил гузарам.

Зи даст рафта кунун гушу бе ишорати даст
Намешавад зи мақолоти ҳамдамон хабарам.
Раҳи ҳавос агарчанд баста шуд, ҳошо,
Ки дар сафои дироят аз он шавад гузарам.

Чӣ эҳтиёҷ ба имдоди ҳис, чу роҳ намуд
Арӯси маънӣ берун зи ҳаҷлаи суварам?
Нахоҳам аз қаи занбӯр кому лаб ширин,
Чу бо ҳаловати худ руста ҳамчу найшакарам,

Хамида гашт қадам ҳамчу «лом», то чу «алиф»
Асо нагирам, суст аст пои раҳсипарам.
Чу лои нафй бувад ин ду ҳарф, донистам,
Ки нафй мешавад аз тахтаи бақо асарам.

Зи заъфи тан шудаам ончунон ки гap ба масал
Гарон шавад сарам аз хоб, бишканад камарам.
Агарна даст шавад ёри пой, мумкин нест,
Ки бар нишастану бар хостан бувад зафарам.

Чу сабҳа сохт маро ҳалқа даҳр, гар хоҳам
Зи пушти ҳалқашуда мӯҳра-мӯҳраро шумарам.
Ба ҳам бувад сару по ҳалқаро, аз ин сари худ
Ниҳода бар сари зону зи шом то саҳарам.

Ҷудо чи гуна кунам чеҳраи худ аз зону,
Ки баста ҳар ду ба ҳам аз таровиши ҷигарам?
Агарчи ҳалқа шудам, он гумон мабар зинҳор,
Ки ҳамчу ҳалқа бувад дар даруни дар мақарам.

Чу ҳалқа бар сари хилватсарои унс занам,
Ба сони ҳалқа бимонад фалак буруни дарам.
Муҳити кавн намояд «ка ҳалқатин би-фулот»
Ба ҷанби арсаи ҳиммат ҳақиру муҳтақарам.

Фарози кунгури ваҳдат нишаста он мурғам,
Ки боз раста зи доми табиати башарам.
Чу дар ҳавои қидам пар занам, равад ба адам
Fyбopи олами имкон зи боди болу парам.

Агар зи хӯшаи Парвин диҳанд дона маро,
В-агар зи чашмаи хуршед бошад обх(в)арам,
Ман он наям, ки кунам бол суст зи авҷи баланд,
Сӯи ҳазиз, к-аз ин обу дона баҳра барам.

Ба қасди касби ғино ганҷи зар талаб чӣ кунам.
Чу бо тавонгарии дил ғанӣ зи ганҷи зарам.
Фурӯғёфта сангест зар зи тобиши ҳур,
Агар ба санг кунам рӯй, обид-ул-ҳаҷарам.

Аҷузаест ҷаҳон сеҳрсозу афсунгар,
Ки сохт сеҳри вай аз сирри кор кӯру карам.
Натиҷае надиҳад ҷуз хасорат, арчи шавад
Қазо ба фарзи маҳол аз зифофи ӯ ватарам.

Чу мокиён паи дона забуни ӯ чи шавам,
Бар ӯ чу қаҳқаҳазан рӯзу шаб чу кабки нарам.
Чу теғи тӯҳмату тири ҷафо расад зи ҳасуд,
Бас аст тарки худӣ хӯду нестӣ сипарам.

Чунин ки маҳбати хайру камол шуд дили ман,
Чӣ мунқасит расад аз таъни адли шӯру шарам.
Пур аст гӯши ман аз сабҳаи малак чу Масеҳ,
Куҷо мушавваши хотир шавад наҳиқи ҳарам?

Шуд аз хақоиқи ирфон дилам хазинаи роз,
Газофи фалсафиён кай ба ним фулус харам?
Пари фаришта магасрони ман шавад, чу ниҳанд
Зи хони илми ладуннӣ чу Хизр моҳазарам.

Ба баҳри шеър агар фикри ман шавад ғаввос,
Баҳои як гуҳар ояд хироҷи баҳру барам.
Ба боғи наср агар килки ман кунад ҷунбиш,
Зи нахли хушк диҳад бор меваҳои тарам.

Ба бӯстони иродат агар бувад шаҷаре,
Ки оварад самари маърифат, ман он шаҷарам.
Вале чӣ суд, ки дар коми завқи тирадилон
Ҳамеша чошнии талх медиҳад самарам.

Хамӯш кунам, ки ба даъвӣ кашид савқи калом,
Ба ғайри маънии худ нест маънии дигарам.
Чу нест лофи ҳунар ҷуз далели беҳунарӣ,
Чаро далели иқомат кунам, ки беҳунарам?

Забон забония омад, бибуррамаш, варна
Кашад зи ҳарзадорӣ ба ҷониби сақарам.
Чу кард бар дилам абвоби файзро мисмор,
Чӣ суд аз ин, ки кунад дар суханварӣ самарам?

Бузургвор Худоё, ба ҳурмати нафаре,
Ки дил нафиркаш омад зи шавқи он нафарам,
Ба ҳаққи гармравоне, ки пой карда зи cap,
Тариқи пайравии пайравонашон сипарам,

Ки бош ёвари ман, то ба нерӯи ҳиммат
Либоси ҳастии мавҳуми хештан бидарам.
Раҳе намой, ки чун Ҷомӣ аз мазиқи вуҷуд
Фитад ба фусҳати иқлими нестӣ сафарам.
Дар он сафар хатаре ҷуз хаёли ҳастӣ нест,
Ба фазли шомили худ дур дор аз он хатарам!

Leave a Reply