Умумӣ

Қаноат ва некукорӣ

Мавзўи дигаре, ки дар ашъори Хайём ба чашми мо бархўрд, панд додан дар хусуси фузунӣ наҷустан – ҳариси молу чиз набудан, балки дил ба даст овардан аст. Чун вориди рубоиёти Хайём мегардем, осорхонаи хаёл, тасвирхонаи мунаққаш, сеҳрхонаи килки мафтунгари худовандӣ, адабгаҳи хирад, даргоҳи бениёз, муаммогоҳи сипеҳр, гулистони ҳамешасабз, муқаддаскадаи бузургдоштаи инсониро мебинем. Агар байти зери Анвариро бо забони Хайём оиди ба суханони ҳайратангези худи ў пеш орем, низ ба мақсад мувофиқ меояд:

Чашми ту сеҳри ҳалол асту ҳаром аст маро,
Шоирӣ ҳар чӣ бари сеҳри ҳалоли ту кунам.

Суханони Хайёмро метавон Ҷоми Ҷаҳоннамои оламиён, Косаи гирдгардони соқии давр, оҳанрабои дили ҷаҳониён, додраси дармондагон дар душвортарин ва талхтарин лаҳзаҳои зиндагӣ номид. Аниқтараш каломи Хайёмро метавон ғамзудою мададгору дастгири оламиён эълон дошт. Суханони ин марди шарифу кабир гуворотарин нўшбодҳо, беҳтарин пандҳо дар лаҳзаҳои шодиву ғаманд:

Қонеъ ба устухон чу каргас будан,
Беҳ з- он ки туфайли хони нокас будан.
Бо нони ҷавини хеш, ҳаққо, ки беҳ аст,
К- олуда ба полудаи ҳар кас будан.

Ва:

Чун бода хўрӣ, зи ақл бегона машав,
Мадҳуш мабошу ҷаҳлро хона машав.
Хоҳӣ, ки майи лаъл ҳалолат бошад,
Озори касе маҷўву девона машав.

Ашъори нобиға дар тавсифу баҳси некӣ, шодиву ғам, бодагусорӣ, афрўхтани базми дўстӣ ва ғайра хеле ҳайратгузор аст.
Хайёми бузург бо қатъият бадӣ ва бадхоҳии касонро маҳкум мекунад:

Бадхоҳи касон ба ҳеч мақсад нарасад,
Як бад накунад, ки ба сараш сад нарасад.
Ман неки ту хоҳаму ту хоҳӣ бади ман,
Ту нек набиниву ба ман бад нарасад.

Муаррих ва адиби тоҷик Сайид Роқим (а. 17) низ хуб гуфта:

Бадӣ макун, ки дар ин киштзори зудзавол,
Ба доси давр ҳамон бидравӣ, ки мекорӣ.

Қаҳрамони дўстдоштатарини шоир худи инсон буда, дар гуфтору рафтору кирдораш худи Хайёмро мебинем, ки некбин, некандеш, неккирдор аст. То сарону сарварону кулаҳдорон водораш накунанд ё хоҳишу илтимосу илтиҷо пеш наоранд, ҳеч майли арбада надорад. Худбин нест, ҳамабину санҷидагуфтору санҷидарафтору ҷаҳонбин аст, содагиҳои писандидаи хирадмандонаву арҷмандона низ дар рафтору гуфтораш ҳувайдсст. Хайём худписандиву худбиниву худкомиро сахт маҳкум мекунад:

Бар ҳусну ҷавонӣ, эй писар, ғарра машав,
Бас ғунчаи ношукуфта бар хок бирехт.

Эй гашта шабонрӯз ба дунё нигарон,
В-андеша накарда ҳеч аз рўзи гарон,
Охир ба худ ою нек бингар як дам,
К-айём чӣ гуна мекунад бо дигарон.

Бинобар ин, бо чашми ибрат бояд нигарист ба кори ҷаҳон ва ба некукорию дарёфтани дили бечорагону мустамандон бояд кӯшид:

Зинҳор, кунун, ки метавонӣ боре,
Бардор зи хотири азизе боре,
К-ин мамлакати ҳусн намонад ҷовид,
Аз дасти ту ҳам бурун шавад як боре.