Умумӣ

Ёддоштҳо-Қисми 2

—Хон,    дар чӣ    гуна душворӣ   бошад ҳам,    хон      одам шав! Лекин қозӣ, раис19 ва имом нашав! Агар мударрис шавӣ, майлат! — чашмонашро пўшид. Баъд
аз ягон дақиқа на ин ки бо хаш-хаш, балки бо хар-хар  нафас кашидан гирифт. Дар ин миён якбора дар ҷояш қад рост кард, чашмонаш калон кушода шуданд,аммо берун буданд,   ба ҳар тараф чашм дўхт, дубора ғалтид. Дасту пояш сахт   ҷунбиш хўрданду    баъд аз он ором гирифтанд. Ин оромии абадӣ буд…

* * *

Дар ҳамсояқишлоқи мо Йўлдош бой ном савдогар буд. Дар вақти вабо дар кафан ва йиртишфурўшӣ бо-зори ў ривоҷ гирифта буд. Барои мурдаи падари ман ҳам, ў кафану йиртиш дода, моро сад танга қарздор кард. Амак мегуфт: «Агар пули нақд медоштем, ҳамин чизҳоро аз бозор ба 25 танга гирифтан мумкин буд».

Барои харчи нақдаи мурда ҳам 20 танга даркор шуд, ки аз бои мазкур ба ваъдаи бисту панҷ танга карда додан қарз гирифтем. Барои бегоҳи ҷумъа ва душанбе ҳам аз одамони гуногун бисту панҷ танга қарздор шудем. Ба ҳамин тариқа, ман мурдаи падарамро бо харҷи як саду панҷоҳ танга (бисту ду сў-му панҷоҳ тин) қарз бардошта гўронидам.

Баъд аз рўзҳои азодории падарам, гови ҷўшоӣ дар як шаб дам карда мурд. Модарам, ки бемор   мехобид:

—Ҳар балое, ки омадааст,    ба ҳамин   гов занад, кошкӣ пеш аз падарат мемурд, ки шояд ў зинда мемонд. Гўсолаашро ҳам барои садақаи сари худҳотон  бурда ба Хонхӯҷа деҳ! (Хонхӯҷа як одами маиби барҷомонда буд, ки бо садақаи мардум зиндагӣ мекард.)

Ман гўсоларо ба Хонхӯҷа бурдам. Ӯ қабул накард ва:

—Худи шумоён баъд аз мурдани падаратон аз ман мўҳтоҷтар шудед. Ман ҳар чӣ бошам, бо садақа рўз мегузаронам. Аммо шумо ба садақахўрӣ одат накардаед, — гуфт.

Аммо модарам дубора гўсоларо фиристод. Ин дафъа ба зўр қабул кард. Ман дар он вақт фаҳмидам, ки Хонхўҷаи маиб аз имоми қишлоқи мо боинсофтар будааст. Имоми қишлоқ ки панҷоҳ ман (400 пут) гандум ва бисту панҷ, ман (200 пут) ҷав дошт ва чи қадар пули нақд доштанашро намедонистам, даҳ тангаеро, ки ба вай дар мурдаи падарам доданд, бе ҳеҷ «лозим нест» гуфтан гирифт. Ҳатто додарзодаи ў Мулло Набот «ба домулло кам дода шуд» гуфт. Аммо Хонхўҷа аввал қабул накард ва дубора ба зўр ва барои хотири модарам қабул кард. Имоми мо дарвозӣ буд ва Мулло Набот ба ў кафшбардорӣ мекард. (Ман образ ва характери инҳоро дар қисми аввали «Дохунда» дар сари беморӣ ва мурдаи додари Бозор—Сафар нишон додаам)21.

II

Мо аз падар чор нафар мондем: акаам Муҳиддинхўҷа ном дошта, аз ман ҳашт сол калон буд, ман ёздаҳ-дувоздаҳсола будам, додари калонам Сироҷиддин ном дошта, 9 сола буд, додари хурдиам Киромиддин ном дошта, чорсола буд.

Ғайр аз ман ҳамаи онҳо (бо модарам) бемор буданд. Аҳволи модарам рўз то рўз вазнинтар мешуд. Бародаронам беҳтар ва ба қавли мўйсафедон, аз бими мурдан гузашта бошанд ҳам, ба пой хеста озодона гашта наметавонистанд. Ҳамаи вазнинӣ дар гардани ман буд. Ман мурғонро ягон-ягон кушта ба беморони беҳтаршуда шўрбо пухта медодам. Модарам чизе намехўрд. Ба болои ин ҷуворӣ сафед   шуда омада буд, вайро аз ҳуҷуми паррандагон нигаҳдорӣ кардан даркор буд. Аммо ман наметавонистам, ки модарамро ба он ҳол монда ба «ҷувориҳойгўӣ!» равам.

Дар ин миён яке аз тағоиҳоям, ки аз беморӣ нав хеста будааст, барои дидани модарам бо яке аз ҳамдеҳаҳояш омад. Ў аҳволи модарамро вазнин дида бурданӣ шуд ва:

—Ҳарчи бошад ҳам, дар он ҷо падару модараш, пиру бемор ҳам бошанд, зиндаанд, ба пеши онҳо барам

— гуфт.

Ман розӣ шудам, онҳо ду чўбро сароча (нардбон барин) сохта, беморро бар рўи вай хобонда ба ду хар бор карда гирифта бурданд.

Аз рафтани модарам чӣ гуна ва ба чӣ дараҷа мутаассир шудани бародаронамро намедонам. Аммо дили ман бисёр вайрон шуд, мехостам бо ҳой-ҳой гиря кунам, аммо барои ташвиш надодани бемор аз овозбарорӣ худдорӣ кардам. Лекин аз чашмонам мисли шишаи сўрохшуда об мерафт. Чашмам ба чашми мода-рам афтод. Аз чашмони ниммурдаи ў ҳам қатраҳои бисёр хурди сиришк бар рўи заб-зард шуда борик гардидарафтааш мешорид. Дар ин ҳол бо овози хафиф: — Ба ҳазор дароӣ! — гуфт…

Онҳо рафтанд. Ман «ў ҳоло намемирад, на ин ки аз падару модарам якбора ҷудо шавам» гўён худро тасалло медодам.

Бештарин вақти ман дар ёбон мегузашт. Бо маслиҳати деҳқонони таҷрибакор сарҳои сафедшудаи ҷувориро ягон-ягон шикаста бароварда, дар як ҷо хирман кардан гирифтам. Барои посбонии ҷувории тайёр ба сари хирман хобидан даркор шуд. Аз ҷуворипояҳо як чайла ҳам сохтам. Шабҳо дар пеши ман Икромхўҷа ном писари миёнаи амакбаччаи падарам, ки модар надошт, мехобид.

Вақте ки қирав рехта киштҳоро хунук зад, ман ҳамаи ҷувориро ғун кардам. Сарҳои нимрас (кўкбошҳо)-ро дар як тараф ҷудо карда монда, сарҳои сафедро барои куфтан тайёр кардам. Бо ёрии деҳқонбачагон хару аспу гов ғун карда, ҳўп баста дар ду рўз кўфтем. Чанде аз деҳқонбачагон ҳам шабҳо пеши мо мехобиданд. Як шаб яке аз он деҳқонбачагон, ки ба бозори Ғичдувон рафта будааст, дертар омад ва ба ман нигоҳ карда:

—Хўш, ту барои «во бибемгўӣ» нарафтӣ? — гуфт.
Ман масъаларо фаҳмидам — модарам мурда бу-

дааст, ки ў аз ягон ҳамдеҳаҳои тағоиҳоям шунида омадааст. Аммо гиряам наёмад. Гўё оташе бар сарам рехта буд, ки ҳама ҷои баданамро сўхта обҳои чашмамро хушконда фиристода буд.

Ман  чизе  нагуфтам,  дигарон  ҳам  лаб намекушоданд. Баъд аз чанд дақиқа Икромхўҷа гуфт:

—Ман ҳам модар надорам. — Ин ягона тасалло
буд, ки ба ман дар ин мусибат дода шуда буд…

Ҷувориро бод карда ғалбер карда чош кардем. Ба сари хирман Йўлдошбой бо ҷуволҳо ва ароба ҳозир шуд. Миёнаравон ҳар як ман (8 пут) ҷувориро даҳ танга (як сўму панҷоҳ тин) нарх карданд. Дар бозор ҷуворӣ 12 танга бошад ҳам, кирои бардошта бурдан, ба Йўлдошбой ду танга кам карданд. Понздаҳ ман (120 пут) ҷувориро 150 танга ҳисоб карда ба бой баркашида додем. Қарзҳои майдаро ҳам ў доданӣ шуд.

Боз тахминан панҷ ман ҷувории сафед монд, ки вайро барои хўрокворӣ ба хона кашондам. Ғайр аз ин кўкбоши (сарҳои нимраси) бисёре ҳам баромад, ки ман онҳоро ба хона кашондам.

Ба қавли деҳқонон, ин ҳосиле буд, ки мислашро дар он давру пеш ҳеҷ надида буданд. «Агар аз паррандагонро нигаҳдорӣ карда метавонистӣ, чил ман ҷувории сафед мегирифтӣ», мегуфтанд.

Баъд аз ғунучини ҷуворӣ тағоиям, ки модарамро бурда буд омад. Ў барои мурдаи модарам моро сад танга қарздор карда будааст: «Аз касе қарз гирифтам, зудтар ёфта додан даркор аст», гуфт. Миёнаравон кўкбошҳоро ҳар ман панҷ танга (75 тин) нарх карда ба ў бист ман (160 пут)  баркашида доданд. Ў ҳам пеш-пеш худ кашонда бурд. Боз кӯкбоши бисёре монд, ки дар зимистон хар бо серию пурӣ хўрд.

Мўйсафедои ба ман мегуфтанд: «Ин қадар ҳосили хуб додани замин хосият надорад. Ҳамин ҳосили аз одат зиёд аст, ки сари падаратро хўрд».

Ман бо вуҷуди хурдсолиам ба ин гап розӣ шуда наметавонистам. Ман фикр мекардам: «Ғўза тамоман пояхушк шуд ва меҳнати яксолаи падарам сўхт. Аммо ин ҳодиса умри ўро зиёд накард. Чаро як қадар зиёд шудани ҳосили ҷуворӣ умри ўро кам мекардааст?»

Палавкаду ҳам, ки бевосита аввалин ҳосили меҳ-нати деҳқонии ман буд, аз одат берун ҳосил дод (харҷи вай «сари маро нахўрд»). Палавкадуҳои пухта зардшударо дар дўконхонаи бофандагии падарам чидам, аз замин то ба шифт пур шуд. Ман ҳоло дар хотир надорам, ки чанд дона ҳосил гирифтам, аммо ҳамин қадарашро медонам, ки ҳафтае ду рўз — дар рўзҳои бозори Ғиҷдувон як ҷувол-як ҷувол ба хар бор карда ба бозор бурда мефурўхтам, дар бозор 5—6 тин харҷ мекардам. Ин ҳол аз тирамоҳ то баҳор давом карда, аз пули фурўш дусад танга  (сӣ сўм) даромад шуд.

Мо ҳар кадом бародарон аз пули каду барои худ-ҳомон якдонагӣ курта-лозимӣ кардем (ин аввалин либос буд, ки оилаи мо аз бозор харид) ва дар бақияи пул дар баҳор як гўсфанди оча-бача барои парво кардан харидам.

Ман имсол дар оилаамон ҳам ба ҷои падар, ҳам ба ҷои модар кор кардам. Модарам як ҷуволча тутмавиз хушконда монда буд. Яке аз кампирон ба ман ёд дод, ки як миқдор тутмавизро ҷўшонда шира кашида ҳалвоитар пазам, таоми хубест.

Ман дар ҳар се ё чор рўз аз шираи тутмавиз бо ордбирёни ҷуворӣ ҳалвоитар мепухтам, ки бо зағора (нони орди ҷуворӣ) мехўрдем. Аз ҷувории сафед кашак ҳам мепухтам, дар вай ба ҷои ҷуғрот қурут меандохтам, ки модарам хушконда монда буд (ман кашакпазиро дар «Ғуломон» тасвир кардаам)22; ҷомашўиро ҳам худам мекардам. Ҷувориро ба осиё бурда худ орд мекашондам. Танҳо ҳафтае як бор як кампир барои мо зағора пухта медод.

Дар миёнаҳои зимистон акаам қувват гирифт. Лекин ў дар хона намонд ва барои хароҷоти соли ояндаи таҳсилашро ёфтан имоматӣ кофта баромада рафт. Ў аз як қишлоқи дур аз мо имоматӣ ёфт ва дар он ҷо монд. Рўзе пеши мо омада гуфт: «Ман хароҷоти худро меёбам ва барои хондан меравам. Аммо ту ҳозир аз хондан мемонӣ, чунки ба додарҳо нигоҳубин карданат даркор аст».

Ман ҳам, албатта, қабул кардам. Аввал ин ки барои истиқомати Бухоро умеди пул надоштам, дуввум ин ки додари хурдам хурдсол буд ва калониаш бисёр заифбадан буд. Бе нигоҳубини ман онҳо зиндагӣ карда наметавонистанд.

Ман дар баҳорон мешу барра харида ба парво кардани онҳо даромадам. Заминчаи порсоларо боз каду киштам. Лекин ман ду таноб заминро кишт карда наметавонистам. Ба ман маслиҳат доданд — якеашро ҷави баҳорӣ, дигарашро алафи юнучқа коронам, ки ҳардуи ин киштҳо ҳам бисёр меҳнатталаб нестанд.

Лекин ба ҷои тухми ҷави баҳорӣ, тухми ҷави тирамоҳӣ пошида шуда будааст, ки аз замин рўида мисли аҷириқ паҳн шуда монда қад ва сар накашид. Алафи юнучқа ҳам беоб монда дар офтоб сўхт ва ҳосил накард. Каду ҳам ҳосил накард (ман он вақтҳо дар як замин дуруст набудани пайдарҳам киштани як киштро намедонистам). Хулоса, кори деҳқониам имсол тамоман барбод шуд, танҳо як ҷуволча тутмавиз ва як ҷувол ғўлунг хушконда тавонистам.

Бештарин умри ман имсол ба гўсфандчаронӣ гузашт. Ман гўсфандонамро бештарин ба сари мазор мечаронидам (дар «Колхози Коммунизм» ном очерки худ ин ҳолро тасвир кардаам)23. Гоҳо ба чўпонбачагони қишлок ҳамроҳ шуда гўсфанди худро ба дарёбод ҳам мебурдам. Дар он ҷо коллективона лўбиёшўрак пухта мехўрдем (ман лўбиёшўракпазиро дар қисми дуввуми романи «Ғуломон» тасвир кардаам)24.

Он сол дар пеши мо як кори зўр истода буд, барои вай бисёр пул даркор мешуд: мо бояд аз рўи одати умумии онвақта, барои падару модари марҳумамон оши сол медодем, ҳам ду додарамонро тўи хатна мекардем. Мо барои ин кор як ҳавлиро, ки дар қишлоқи тағоиҳомо доштем, фурўхтем ва он корро ҳам ба анҷом расондем.

—   Хон,    дар чӣ    гуна душворӣ   бошад ҳам,    хон      одам шав! Лекин қозӣ, раис19 ва имом нашав! Агар мударрис шавӣ, майлат! — чашмонашро пўшид. Баъд
аз ягон дақиқа на ин ки бо хаш-хаш, балки бо хар-хар  нафас кашидан гирифт. Дар ин миён якбора дар ҷояш қад рост кард, чашмонаш калон кушода шуданд,аммо берун буданд,   ба ҳар тараф чашм дўхт, дубора ғалтид. Дасту пояш сахт   ҷунбиш хўрданду    баъд аз он ором гирифтанд. Ин оромии абадӣ буд…

* * *

Дар ҳамсояқишлоқи мо Йўлдош бой ном савдогар буд. Дар вақти вабо дар кафан ва йиртишфурўшӣ бо-зори ў ривоҷ гирифта буд. Барои мурдаи падари ман ҳам, ў кафану йиртиш дода, моро сад танга қарздор кард. Амак мегуфт: «Агар пули нақд медоштем, ҳамин чизҳоро аз бозор ба 25 танга гирифтан мумкин буд».

Барои харчи нақдаи мурда ҳам 20 танга даркор шуд, ки аз бои мазкур ба ваъдаи бисту панҷ танга карда додан қарз гирифтем. Барои бегоҳи ҷумъа ва душанбе ҳам аз одамони гуногун бисту панҷ танга қарздор шудем. Ба ҳамин тариқа, ман мурдаи падарамро бо харҷи як саду панҷоҳ танга (бисту ду сў-му панҷоҳ тин) қарз бардошта гўронидам.

Баъд аз рўзҳои азодории падарам, гови ҷўшоӣ дар як шаб дам карда мурд. Модарам, ки бемор   мехобид:

—    Ҳар балое, ки омадааст,    ба ҳамин   гов занад, кошкӣ пеш аз падарат мемурд, ки шояд ў зинда мемонд. Гўсолаашро ҳам барои садақаи сари худҳотон  бурда ба Хонхӯҷа деҳ! (Хонхӯҷа як одами маиби барҷомонда буд, ки бо садақаи мардум зиндагӣ мекард.)

Ман гўсоларо ба Хонхӯҷа бурдам. Ӯ қабул накард ва:

— Худи шумоён баъд аз мурдани падаратон аз ман мўҳтоҷтар шудед. Ман ҳар чӣ бошам, бо садақа рўз мегузаронам. Аммо шумо ба садақахўрӣ одат накардаед, — гуфт.

Аммо модарам дубора гўсоларо фиристод. Ин дафъа ба зўр қабул кард. Ман дар он вақт фаҳмидам, ки Хонхўҷаи маиб аз имоми қишлоқи мо боинсофтар будааст. Имоми қишлоқ ки панҷоҳ ман (400 пут) гандум ва бисту панҷ, ман (200 пут) ҷав дошт ва чи қадар пули нақд доштанашро намедонистам, даҳ тангаеро, ки ба вай дар мурдаи падарам доданд, бе ҳеҷ «лозим нест» гуфтан гирифт. Ҳатто додарзодаи ў Мулло Набот «ба домулло кам дода шуд» гуфт. Аммо Хонхўҷа аввал қабул накард ва дубора ба зўр ва барои хотири модарам қабул кард. Имоми мо дарвозӣ буд ва Мулло Набот ба ў кафшбардорӣ мекард. (Ман образ ва характери инҳоро дар қисми аввали «Дохунда» дар сари беморӣ ва мурдаи додари Бозор—Сафар нишон додаам)21.

II

Мо аз падар чор нафар мондем: акаам Муҳиддинхўҷа ном дошта, аз ман ҳашт сол калон буд, ман ёздаҳ-дувоздаҳсола будам, додари калонам Сироҷиддин ном дошта, 9 сола буд, додари хурдиам Киромиддин ном дошта, чорсола буд.

Ғайр аз ман ҳамаи онҳо (бо модарам) бемор буданд. Аҳволи модарам рўз то рўз вазнинтар мешуд. Бародаронам беҳтар ва ба қавли мўйсафедон, аз бими мурдан гузашта бошанд ҳам, ба пой хеста озодона гашта наметавонистанд. Ҳамаи вазнинӣ дар гардани ман буд. Ман мурғонро ягон-ягон кушта ба беморони беҳтаршуда шўрбо пухта медодам. Модарам чизе намехўрд. Ба болои ин ҷуворӣ сафед   шуда омада буд, вайро аз ҳуҷуми паррандагон нигаҳдорӣ кардан даркор буд. Аммо ман наметавонистам, ки модарамро ба он ҳол монда ба «ҷувориҳойгўӣ!» равам.

Дар ин миён яке аз тағоиҳоям, ки аз беморӣ нав хеста будааст, барои дидани модарам бо яке аз ҳамдеҳаҳояш омад. Ў аҳволи модарамро вазнин дида бурданӣ шуд ва:

— Ҳарчи бошад ҳам, дар он ҷо падару модараш, пиру бемор ҳам бошанд, зиндаанд, ба пеши онҳо барам — гуфт.

Ман розӣ шудам, онҳо ду чўбро сароча (нардбон барин) сохта, беморро бар рўи вай хобонда ба ду хар бор карда гирифта бурданд.

Аз рафтани модарам чӣ гуна ва ба чӣ дараҷа мутаассир шудани бародаронамро намедонам. Аммо дили ман бисёр вайрон шуд, мехостам бо ҳой-ҳой гиря кунам, аммо барои ташвиш надодани бемор аз овозбарорӣ худдорӣ кардам. Лекин аз чашмонам мисли шишаи сўрохшуда об мерафт. Чашмам ба чашми мода-рам афтод. Аз чашмони ниммурдаи ў ҳам қатраҳои бисёр хурди сиришк бар рўи заб-зард шуда борик гардидарафтааш мешорид. Дар ин ҳол бо овози хафиф: — Ба ҳазор дароӣ! — гуфт…

Онҳо рафтанд. Ман «ў ҳоло намемирад, на ин ки аз падару модарам якбора ҷудо шавам» гўён худро тасалло медодам.

Бештарин вақти ман дар ёбон мегузашт. Бо маслиҳати деҳқонони таҷрибакор сарҳои сафедшудаи ҷувориро ягон-ягон шикаста бароварда, дар як ҷо хирман кардан гирифтам. Барои посбонии ҷувории тайёр ба сари хирман хобидан даркор шуд. Аз ҷуворипояҳо як чайла ҳам сохтам. Шабҳо дар пеши ман Икромхўҷа ном писари миёнаи амакбаччаи падарам, ки модар надошт, мехобид.

Вақте ки қирав рехта киштҳоро хунук зад, ман ҳамаи ҷувориро ғун кардам. Сарҳои нимрас (кўкбошҳо)-ро дар як тараф ҷудо карда монда, сарҳои сафедро барои куфтан тайёр кардам. Бо ёрии деҳқонбачагон хару аспу гов ғун карда, ҳўп баста дар ду рўз кўфтем. Чанде аз деҳқонбачагон ҳам шабҳо пеши мо мехобиданд. Як шаб яке аз он деҳқонбачагон, ки ба бозори Ғичдувон рафта будааст, дертар омад ва ба ман нигоҳ карда:

—Хўш, ту барои «во бибемгўӣ» нарафтӣ? — гуфт.
Ман масъаларо фаҳмидам — модарам мурда бу-

дааст, ки ў аз ягон ҳамдеҳаҳои тағоиҳоям шунида омадааст. Аммо гиряам наёмад. Гўё оташе бар сарам рехта буд, ки ҳама ҷои баданамро сўхта обҳои чашмамро хушконда фиристода буд.

Ман  чизе  нагуфтам,  дигарон  ҳам  лаб намекушоданд. Баъд аз чанд дақиқа Икромхўҷа гуфт:

—Ман ҳам модар надорам. — Ин ягона тасалло
буд, ки ба ман дар ин мусибат дода шуда буд…

Ҷувориро бод карда ғалбер карда чош кардем. Ба сари хирман Йўлдошбой бо ҷуволҳо ва ароба ҳозир шуд. Миёнаравон ҳар як ман (8 пут) ҷувориро даҳ танга (як сўму панҷоҳ тин) нарх карданд. Дар бозор ҷуворӣ 12 танга бошад ҳам, кирои бардошта бурдан, ба Йўлдошбой ду танга кам карданд. Понздаҳ ман (120 пут) ҷувориро 150 танга ҳисоб карда ба бой баркашида додем. Қарзҳои майдаро ҳам ў доданӣ шуд.

Боз тахминан панҷ ман ҷувории сафед монд, ки вайро барои хўрокворӣ ба хона кашондам. Ғайр аз ин кўкбоши (сарҳои нимраси) бисёре ҳам баромад, ки ман онҳоро ба хона кашондам.

Ба қавли деҳқонон, ин ҳосиле буд, ки мислашро дар он давру пеш ҳеҷ надида буданд. «Агар аз паррандагонро нигаҳдорӣ карда метавонистӣ, чил ман ҷувории сафед мегирифтӣ», мегуфтанд.

Баъд аз ғунучини ҷуворӣ тағоиям, ки модарамро бурда буд омад. Ў барои мурдаи модарам моро сад танга қарздор карда будааст: «Аз касе қарз гирифтам, зудтар ёфта додан даркор аст», гуфт. Миёнаравон кўкбошҳоро ҳар ман панҷ танга (75 тин) нарх карда ба ў бист ман (160 пут)  баркашида доданд. Ў ҳам пеш-пеш худ кашонда бурд. Боз кӯкбоши бисёре монд, ки дар зимистон хар бо серию пурӣ хўрд.

Мўйсафедои ба ман мегуфтанд: «Ин қадар ҳосили хуб додани замин хосият надорад. Ҳамин ҳосили аз одат зиёд аст, ки сари падаратро хўрд».

Ман бо вуҷуди хурдсолиам ба ин гап розӣ шуда наметавонистам. Ман фикр мекардам: «Ғўза тамоман пояхушк шуд ва меҳнати яксолаи падарам сўхт. Аммо ин ҳодиса умри ўро зиёд накард. Чаро як қадар зиёд шудани ҳосили ҷуворӣ умри ўро кам мекардааст?»

Палавкаду ҳам, ки бевосита аввалин ҳосили меҳ-нати деҳқонии ман буд, аз одат берун ҳосил дод (харҷи вай «сари маро нахўрд»). Палавкадуҳои пухта зардшударо дар дўконхонаи бофандагии падарам чидам, аз замин то ба шифт пур шуд. Ман ҳоло дар хотир надорам, ки чанд дона ҳосил гирифтам, аммо ҳамин қадарашро медонам, ки ҳафтае ду рўз — дар рўзҳои бозори Ғиҷдувон як ҷувол-як ҷувол ба хар бор карда ба бозор бурда мефурўхтам, дар бозор 5—6 тин харҷ мекардам. Ин ҳол аз тирамоҳ то баҳор давом карда, аз пули фурўш дусад танга  (сӣ сўм) даромад шуд.

Мо ҳар кадом бародарон аз пули каду барои худ-ҳомон якдонагӣ курта-лозимӣ кардем (ин аввалин либос буд, ки оилаи мо аз бозор харид) ва дар бақияи пул дар баҳор як гўсфанди оча-бача барои парво кардан харидам.

Ман имсол дар оилаамон ҳам ба ҷои падар, ҳам ба ҷои модар кор кардам. Модарам як ҷуволча тутмавиз хушконда монда буд. Яке аз кампирон ба ман ёд дод, ки як миқдор тутмавизро ҷўшонда шира кашида ҳалвоитар пазам, таоми хубест.

Ман дар ҳар се ё чор рўз аз шираи тутмавиз бо ордбирёни ҷуворӣ ҳалвоитар мепухтам, ки бо зағора (нони орди ҷуворӣ) мехўрдем. Аз ҷувории сафед кашак ҳам мепухтам, дар вай ба ҷои ҷуғрот қурут меандохтам, ки модарам хушконда монда буд (ман кашакпазиро дар «Ғуломон» тасвир кардаам)22; ҷомашўиро ҳам худам мекардам. Ҷувориро ба осиё бурда худ орд мекашондам. Танҳо ҳафтае як бор як кампир барои мо зағора пухта медод.

Дар миёнаҳои зимистон акаам қувват гирифт. Лекин ў дар хона намонд ва барои хароҷоти соли ояндаи таҳсилашро ёфтан имоматӣ кофта баромада рафт. Ў аз як қишлоқи дур аз мо имоматӣ ёфт ва дар он ҷо монд. Рўзе пеши мо омада гуфт: «Ман хароҷоти худро меёбам ва барои хондан меравам. Аммо ту ҳозир аз хондан мемонӣ, чунки ба додарҳо нигоҳубин карданат даркор аст».

Ман ҳам, албатта, қабул кардам. Аввал ин ки барои истиқомати Бухоро умеди пул надоштам, дуввум ин ки додари хурдам хурдсол буд ва калониаш бисёр заифбадан буд. Бе нигоҳубини ман онҳо зиндагӣ карда наметавонистанд.

Ман дар баҳорон мешу барра харида ба парво кардани онҳо даромадам. Заминчаи порсоларо боз каду киштам. Лекин ман ду таноб заминро кишт карда наметавонистам. Ба ман маслиҳат доданд — якеашро ҷави баҳорӣ, дигарашро алафи юнучқа коронам, ки ҳардуи ин киштҳо ҳам бисёр меҳнатталаб нестанд.

Лекин ба ҷои тухми ҷави баҳорӣ, тухми ҷави тирамоҳӣ пошида шуда будааст, ки аз замин рўида мисли аҷириқ паҳн шуда монда қад ва сар накашид. Алафи юнучқа ҳам беоб монда дар офтоб сўхт ва ҳосил накард. Каду ҳам ҳосил накард (ман он вақтҳо дар як замин дуруст набудани пайдарҳам киштани як киштро намедонистам). Хулоса, кори деҳқониам имсол тамоман барбод шуд, танҳо як ҷуволча тутмавиз ва як ҷувол ғўлунг хушконда тавонистам.

Бештарин умри ман имсол ба гўсфандчаронӣ гузашт. Ман гўсфандонамро бештарин ба сари мазор мечаронидам (дар «Колхози Коммунизм» ном очерки худ ин ҳолро тасвир кардаам)23. Гоҳо ба чўпонбачагони қишлок ҳамроҳ шуда гўсфанди худро ба дарёбод ҳам мебурдам. Дар он ҷо коллективона лўбиёшўрак пухта мехўрдем (ман лўбиёшўракпазиро дар қисми дуввуми романи «Ғуломон» тасвир кардаам)24.

Он сол дар пеши мо як кори зўр истода буд, барои вай бисёр пул даркор мешуд: мо бояд аз рўи одати умумии онвақта, барои падару модари марҳумамон оши сол медодем, ҳам ду додарамонро тўи хатна мекардем. Мо барои ин кор як ҳавлиро, ки дар қишлоқи тағоиҳомо доштем, фурўхтем ва он корро ҳам ба анҷом расондем.

 * *

Дар ин миён воқеае рўй дод, ки ман барои хондан Бухоро рафтанӣ шудам: модаркалон ва бобои модариам ба ман хабар фиристоданд, ки додарҳоро гирифта пеши онҳо барам, онҳо «дар охири умрашон» моро як бор дида монанд.

Ман бо додарҳо харро секаса савор шуда ба хонаи онҳо, ки аз деҳаи мо шонздаҳ километр дурӣ дошт, рафтем. Дар он рўз дар ҳамсояқишлоқи онҳо дар ҳавлии Мулло Абдусалом ном домуллои кунҷакии25 (домуллои хурди) акаам аз Бухоро меҳмон омадааст, акаамро барои хизмати меҳмонон ба он ҷо ҷеғ зада бурда будаанд. Ба он ҷо рафтани маро шунида, маро ҳам он ҷо барои хизмат ҷеғ заданд.

Ман рафтам. Ба ман ду самовори калони чойхона-гиро супурданд, ки доим ҷўшонда истам. Дар вақте ки ман дар сари самовор будам, аз меҳмонхона як писарбачаи хурдсол, ки бо ман ҳамқад буд, баромада пеши ман омад. Аммо ба ман нигоҳ накарда ҳамёзае кашид ва худ ба худ ғунг-ғунг кард:

  • Саҳро ба дил зад. Дар ин ҷо як бачаи қўрчбурор нест, ки лоақал кас бо ў байтбарак кунад.
  • Байтбарак чист? — ман аз ў пурсидам.

Ў баъд аз он ки ба ман бо диққат нигоҳ кард: — Савод дорӣ? — гуфта пурсид.

  • Каме хонда метавонам.
  • Аз ёд байт медонӣ?

  • Якчанд байт медонам.
  • Байтбарак ҳамин аст, ки ман як байт аз ёд мехонам, охири он байт бо кадом ҳарф, ки тамом шавад,ту дар ҷавоб байте мехонй, ки аввали он бо он ҳарф сар шавад ва баъд аз он ман ба ту ҷавоб медиҳам. Ҳар кас, ки ҷавоб дода натавонад, банд шудагӣ — бой додагӣ ҳисоб меёбад.

— Ин тавр бошад, сар кунед.

Ў хонд ва ман хондам, тахминан 50—60 байт бо ҳам баҳсу ҷавоб   кардем.   Ў дар   охир дар   «ж» банд

шуд. Ҳарфи «ж»-ро «ч» карда ҷавоб гардонданӣ шуд. Ман қабул накардам. Ҷанҷол сар шуд. Дар вақти мунозираи мо аз меҳмонхона як одами миёнсоли як чашмаш кўр баромада пеши мо омада истода гӯш дод ва боз ба меҳмонхона рафт. Аз паси ў ин бача ҳам рафт. Баъд аз як дақиқа маро ба меҳмонхона ҷеғ заданд. Ман рафтам.

Дар пешгоҳи хона як ҷавони навриши тахминан 25—26-сола менишаст, ки ў сармеҳмон буд. Ман ба ӯ салом додам.

—Гапи ту дуруст, — гуфт ў ба ман ва ба акаам, ки чой кашида нишаста буд, нигоҳ карда: — ин бачаро барои хонондан ба шаҳр бурдан даркор аст, қобилиятнок менамояд, — гуфт. Домуллои акаам — соҳибхона ҳам гапи ўро таъкид карда:

—Албатта, бурдан даркор аст, — гуфт.
Меҳмон Шарифҷон-маҳдум26 ном яке аз калонзодагони Бухоро буд, падараш дар вақташ дар Бухоро қозикалон будааст27. Таҳсин ёфтани қобилияти худам аз тарафи ў маро тарғиб кард, ки коре карда барои хондан Бухоро равам (он бача Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим28 буд, ки дар _ он вақт ба Шарифҷон-махдум хизматгор будааст. Ў дар охирҳои умраш дар Сталинобод кор мекард ва дар соли 1934 вафот кард. То охири умраш бо ман дўст буд).

Баъд аз рафтани меҳмонон ман масъалаи Бухоро рафтанро ба пеши акаам қатъӣ карда мондам. Мулло Абдусалом тарафи маро гирифт, «зиндагӣ як навъ мегузарад, Худо подшост», гуфт.

Охир қарор доданд, ки додарҳоро ба модаркалон супорем ва акаам маро ҳамроҳи худ Бухоро барад.

* * *

Ман гўсфандҳоро фурўхта барои худ ва додарҳо як қатор либосҳо кардам ва аз пули гўсфанд панҷ танга (75 тин) боқӣ монд, ки барои эҳтиёт дар киса тугун карда мондам. Додарҳоро бо тутмавиз ва ғўлунг ба модаркалон бурда додам. Харро акаам фурўхта гирифт, ки дар шаҳр барои дуямон харҷ кунад.

Дар соли 1306 ҳиҷрӣ (дар моҳи сентябри соли 1890) ман ба Бухоро барои хондан рафтам. Акаам дар Бухоро дар мадраси Мири Араб дар ошёнаи чорум ҳуҷрачае ёфта будааст, ки ман ҳам дар он ҳуҷра ҷойгир шудам.

Акаам бо пули хар ва даромади имоматии худаш як миқдор хўрокворӣ ва сўзшиворӣ тайёр кард. Лекин агар ин хўроквориро мо ҳарду сарф мекардем, дар миёнаи таҳсил тамом мешуд. Бинобар ин кӯшиш кард, ки хўроки ман аз ягон ҷои дигар таъмин шавад. Ин ҳам ёфт шуд.

Домуллои кунҷакии акаам — Мулло Абдусалом, ки барои Бухоро рафтани ман тарафдорӣ карда буд, маро ба ҳамошони (коллективи ошхўрии) худ ошпаз кард. Онҳо се нафар шарикон буданд, ки ман ҳар рўз ба навбат дар ҳуҷраи яке аз онҳо ош мепухтам. Ҳуҷраҳои онҳоро рўфта медодам ва рўзҳои таътил ҷомашўиҳошонро ҳам карда медодам. Ҳаққи хизмати ман ин буд, ки оши пухтаамро ҳамроҳи онҳо мехўрдам, чои пагоҳонӣ ва шабонаро дар ҳуҷраи акаам менўшидам. Ман бо ҳамин хурсанд будам, ки барои хондан дар Бухоро роҳе ёфтам.

Аммо он сол аз хондан баҳра набурдам: ман се дарс мехондам, китобҳои дарсӣ арабӣ буд. Домуллоҳо ба тоҷикӣ тарҷима карда медоданд, аммо фаҳмонда наметавонистанд ва амр мекарданд, ки иборати китобро бо тарҷимааш ёд кунам.

Хайрият ки ин вазифаи додагиашонро назорат намекарданд. Бо вуҷуди ин ман ба ёд кардан кўшиш мекардам.

Ман бо муллобачагони навдарс шабҳо дар рўи саҳни мадраса дарс такрор мекардем. Ҳаво чӣ қадар сард, ҳатто барф бошад ҳам, мо ин корро тарк намекардем. Баъзан чунин воқеъ мешуд, ки барфи рўи сангро бо остини ҷома рўфта дар он ҷо нишаста дарс такрор мекардем. Домуллоҳо ба мо «ҳар чи қадар кас дар роҳи илм риёзат (сахтӣ, азоб) кашад, ҳамон қадар хуб мулло мешавад» гуфта таълим медоданд.

Ман як ҷомаи пахтанок доштам, ки вайро пўшида худро ба вай мепечондам. Он вақт дар Бухоро, хусусан дар мадраса, камзўл ва бурук пўшидан расм набуд. Ман масҳӣ ҳам надоштам. Бо пои бараҳна, бо кафши булғори маҳаллидўхт дар  барфу лой мегаштам, ки поҳоям мекафиданд. Кафидагиҳои пойро аз шамъи даргирифта истодагӣ равған чаконда даво мекардам.

Дар мадрасаи Мири Араб, ки дар он ҷо аз 300 на-фар зиёдатар талаба ва муллоҳои хатмкарда буданд, ман дар он сол ба касе вонахўрдам, ки аз шеъру адабиёт гап занад. Хўҷаинҳои ман дар шабҳои таътил (дар мадрасаҳои Бухоро ҳафтае чор рўз—рўзҳои шанбе, якшанбе, душанбе ва сешанбе дарс ва боқимонда се рўз таътил буд)1 дар як ҳуҷра ғун шуда менишастанд ва ман то вақти хоб ба онҳо хизмат мекардам— ош мепухтам, чой меҷўшондам. Лекин аз сўҳбати онҳо ҳеҷ баҳра намебурдам. Чунки онҳо бештарин дар болои вақф, мансабҳои илмӣ, ба мансабҳои илми ҳақ ё ноҳақ расидани муллоҳои ҷудогона гап мезаданд. Гоҳо дар болои масъалаҳои фалсафаи Юнони қадим— мисли ин ки олам қадим аст ё ҳодис—мунозира мекарданд, ки ман аз онҳо чизе намефаҳмидам. Агар китобхонӣ кунанд, китобҳоеро, ки дар маноқиби шайхҳо ва мўъҷизаи пайғамбарон оид аст, мехонданд, ки онҳо ҳам ба гўши ман як афсонаи дилнокаш барин мерасид. (Ман дар қишлоқ афсонаи кампиронро бисёр шунида будам, ки онҳо хеле дилкаш буданд. Аммо ин китобҳо хеле вазнин ва дилгиркунанда буданд).

Аҳмад-махдуми муҳандиси Дониш, ки ўро Аҳмади Калла29 мегуфтанд, дар он мадраса ҳуҷра дошт. Ҳафтае як шаб аз ҳавлӣ ба ҳуҷрааш меомад, муллоҳо ўро шоир ва донишманд мегуфтанд. Лекин ўро кофир ва бедин медонистанд. Дилам мехост, ки бо ин одам шинос шавам, аммо хурдсолиам ба ин мақсад монеъ буд (таассуроте, ки дар он вақт дар хусуси Аҳмади Калла пайдо кардаам дуру дароз аст, дар ягон ҷои муносиб-хоҳам навишт)30.

Як рўз як китобчаи барои худам хеле муҳимро дар ин мадраса ба даст даровардам. Дар он мадраса Мулло Абдулҳаким ном кўлобӣ буд, ки дар рўзҳои таътил ба бозори китоб рафта китобҷаллобӣ мекард. Рўзе ӯ чанд китобро аз бозор оварда дар пеши дарвозаи мадраса ба муллоҳо муҳим ва пурқимат будани    он     китобҳоро таъриф карда нишон медод. Дар миёнаи он китобҳо як ҷузъ барин китобчаи чопии сангин буд, ки ба вай аҳамият надода ба каноре монд. Ман вай-ро гирифта кушода дидам. «Маҳмуд ва Аёз31» ном як китобчаи шеър буд, ки ба тарзи байтбарак дар ҳар ҳарфи алифбои араб як ғазал дорад ва ғазалҳояш содда ва равон аст.

Ин китобчаро ман бисёр писандидам. Ба болои ин ки ғазалҳояш ба фаҳми ман наздик буданд (сониҳо фаҳмидам, ки қимати адабиаш паст будааст), ин китоб маро дар байтбарак бо яроқҳои ғолиб муссаллаҳ мекард.

Ман аз он мулло «ин китобча чанд пул меистад?»

гуфта пурсидам.

— Ин китоб як чизи бекор аст, инро ман ночор шуда дар қатори якчанд китоби даркорӣ харидам, ки соҳибаш ҳамаи китобҳояшро якҷоя фурўхтанӣ буд,—гуфт.

— Чизи бекор, ки бошад ба ман фурўшед! — гуфтам.

— Чӣ кор мекунӣ ту ин сафсаттаро? — гуфт. —

Хуб, майлат, як танга деҳ!

Ман давон ба ҳуҷра рафта аз панҷ тангаи аз саҳро овардагиам, ки ҳанўз се тангааш буд, як танга (15 тин) гирифта оварда, ба китобфурўш дода он китобчаро моли худ кардам.

Leave a Reply