Умумӣ

Ёддоштҳо-Қисми 1

Ёддоштҳо

Куллиёти Садриддин Айнӣ дар асоси қарори Совети Вазирони РСС Тоҷикистон аз 15-уми январи соли 1955, рақами 12, чоп карда мешавад.

Аз рўи корҳои тайёрие, ки ҳайати таҳририя пешакӣ бурд, мероси адабии нависандаро ба 15 ҷилд тақсим кардан лозим меояд. Дар тақсимоти асарҳо ба ҷилдҳо асосан принсипи хронологӣ, яъне тартиби пасупешии солҳои таълифи онҳо риоя карда шуд. Аммо азбаски эҷодиёти муаллиф пас аз Революсияи Кабири Сосиалистии Октябр инкишоф  ва нашъунамо ёфта, асарҳои бузургтаринаш дар замони советӣ ба вуҷуд омадаанд, ҷилди якуми «Куллиёт»-ро бевосита аз навиштаҷоти ҳамин давра  сар  кардан  муносиб дида  шуд.

Асарҳои гуногуни дохили ин ё он ҷилд ҳам аз рўи тартиби санаи таълифашон гузошта мешаванд. Бинобар ин ки муаллиф асосан ба сифати насрнавис шўҳрат ёфтааст ва осори назмии вай нисбат ба насраш кам аст, тамоми ашъори дар замонҳои гуногун навиштаи ўро дар як ҷилд ҷой гиронда, онҳоро ба ду давра: пеш аз Октябр ва пас аз Октябр ҷудо кардан лозим меояд.

Тартиб ва мундариҷаи ҷилдҳои «Куллиёт» ба тариқи зерин хоҳад  шуд:

Ҷилди якум: 1. «Мухтасари тарҷимаи ҳоли худам.»

  1. «Ҷаллодони Бухоро».
  2. «Одина»

Ҷилди дуввум: «Дохунда»

Ҷилди сеюм: «Ғуломон»

Ҷилди чорум:  1. «Марги судхӯр»; 2. «Ятим».

Ҷилди панҷум:  «Ҳикояҳо».

Ҷилди шашум: «ёддоштҳо»   (қисмҳои I ва 11|.

Ҷилди ҳафтум: «Ёддоштҳо» (қисмҳои III ва IV).

Ҷилди ҳаштум: Назм.

Ҷилди  нўҳум:   Публиcистика   (очеркҳо  ва   нутқҳо).

Ҷилди даҳум: Асарҳои илмӣ-адабии  оид  ба  таърих.

Ҷилди ёздаҳум: Асарҳои илмӣ-адабии оид ба адабиёт, забон ва санъат.

Ҷилди  дувоздаҳум:   «Луғати  мухтасари  забони  тоҷикӣ».

Ҷилди сездаҳум:  1. «Восифӣ», 2. «Қамар».

Ҷилди чордаҳум: Мактубот.

Ҷилди понздаҳум: 1. Қайдҳои адабӣ; 2. Асарҳои чопнашуда.

Азбаски ҳаёти шахсӣ ва мушоҳидаҳои ҳаётии С. Айнӣ дар эҷодиёти адабии ў ба шаклҳои хеле гуногун ва ба андозаи зиёд инъикос ёфтаанд, барои дурусттар фаҳмидани асарҳо пеш аз хондани онҳо бо саргузашт ва роҳҳои тайкардаи муаллиф ошно шудан аҳамияти калон дорад. Бинобар ин тарҷимаи ҳоле, ки бо қалами худи нависанда дар соли 1940 навишта шудааст, дар аввали ҷилди якум гузошта шуд. Ба фикри мо ин «Мухтасари тарҷимаи ҳол» дар айни замон вазифаи сарсухани нисбатан  мукаммали тамоми  куллиётро низ адо  мекунад.

Воқеаҳо ва номҳои таърихӣ, номи баъзе маҳалҳои номашҳур, инчунин як гурўҳ калимаҳо ё ибораҳои камистеъмол дар охири ҳар ҷилд бо тартиби рақам эзоҳ дода шуда, дар баробари ин эзоҳоти худи муаллиф дар поёни саҳифаҳои дахлдор нигоҳ дошта мешаванд.

Дар ҳар ҷилд доир ба материалҳои дар бар гирифтаи он ё доир ба замони таълифи асарҳои ҳамон ҷилд баъзе суратҳои фотографӣ дарҷ карда мешаванд.

Ҳайати таҳририя ва Нашриёти Давлатии Тоҷикистон ният доранд, ки кори тартиб додан ва нашри «Куллиёт»-ро тақрибан то соли   1961   ба анҷом  расонанд.

Ман дар соли 1878 дар вилояти Бухоро, дар райони Ғиҷдувон, дар қишлоқи Соктаре дар оилаи деҳқон зоида шудаам1. Падарам ду таноб замин дошт, ки ҳосили ин замин оилаашро сер намекард. Бинобар ин барои пўшоки хонаводаи худ бофандагӣ ва барои фурўш чархиосиётарошӣ ҳам мекард. Ресмони чизҳои бофтаниро модарам ришта, калоба, ранг, зағута ва нойча карда медод.

Падарам хату савод дошта, дар вақтҳои ҷавониаш чанд сол дар мадрасаҳои Бухоро истиқомат карда будааст. Аммо баъд аз он ки падараш ўро хонадор кардааст, ў маҷбур шудааст, ки мадрасаро тамом накарда ба саҳро барояд. Лекин муҳаббати илму донишро ҳеҷ, аз хотир набаровардааст. Дар аввалҳои хонадориаш, ки фақат ду сар будаанд ва дар деҳаи Маҳаллаи Болои райони Шофирком—деҳаи тағоиҳоям меистодааст (чунки дар он тарафҳо устоҳои чархиосиётарошӣ кам буда, ин касб фоидаи хуб медодааст), чанде аз деҳқонбачагонро, аз ин ҷумла тағоии калони худамро, ки Мулло Деҳқон ном дошт, ба сурати ихтиёрӣ хату саводнок карда ба Бухоро бурда дар мадраса мондааст.

Падарам дар мадраса кам истода бошад ҳам, дар адабиёт, дар масъалаҳои ҷузъӣ, дар ҳисоб ва, аз ин ҷумла, дар ҳисоби абҷад каме шуғл карда будааст ва ба воситаи ин донишҳо   ба    муллоҳои қишлоқ, ки аксарашон бесавод буда, ҳисоб ва дигар чизҳоро ҳеҷ намедонистанд, ғалаба мекард, дар мунозираҳо онҳоро мағлуб ва шарманда карда мепартофт ва аксар муллоҳои қишлоқ аз вай мекебиданд.

* * *

                                  Дар вақтҳое, ки ман ба синни мактабӣ расидам, дасти падарам намерасид, ки маро шахсан хононад. Бинобар ин маро дар мактаби пеши масҷиди қишлоқи худамон—қишлоқи Соктаре гузошт. Чун ман дар он мактаб чизеро наёмўхтам, маро аз он ҷо гирифта ба пеши зани имоми қишлоқ, ки мактаби духтаракона дошт ва нисбат ба мактабдори мард беҳтар буд, гузошт ва дар ин миён абҷад ва ҳисоби абҷадро2 ба ман ёд дода ба кушода шудани зеҳнам сабаб шуд (ман давраи ҳаёти мактабии худамро дар «Мактаби Кўҳна»3 ном очерки худам батафсил навиштаам).

Ман дар пеши бибихалифа4 (мактаби занона) Ҳофиз, чанд ҷузъ аз Бедил5 ва чанд ҷузъ аз ғазалиёти Соиб6 (дар мактабҳои он замон соибхонӣ расм набошад ҳам, падарам, ки Соибро дўст медошт ва чанд ғазали ўро аз куҷо навишта гирифта будааст, бо ман ба бибихалифа фиристод, ки ҳамон ғазалҳоро ҳам ба ман хононад) хонда, дар даҳсолагӣ мактабро тамом карда баромадам. Лекин ҳанўз савод надош-там, чизҳои дар мактаб хондагиамро хонда тавонам ҳам, чизҳои дигар ва аз он пеш нахондаамро хонда наметавонистам.

Аммо шеърҳоро дўст медоштам, ҳар чанд маъниҳои онҳоро дуруст нафаҳмам ҳам, оҳанги онҳо ба ман гуворо менамуд ва ба ёд карда хонда гаштани баъзе шеърҳо кўшиш мекардам. Саъдӣ, Ҳофиз, Бедил, Соиб, Навоӣ ва Фузулӣ барин шоирҳои гузаштаро «валй» медонистам. Ва шеъргўии онҳоро аз ҷумлаи каромоти онҳо мешумурдам. Аммо дар он миён воқеае рўй дод, ки ин ақидаи маро зеру забар кард. Як рўзи тобистон буд, падарам аз дари дўкони чархтарошиаш хеста барои намози пешин таҳорат кард (падарам сахт диндор буда, аз намозҳои ҷамоат – масҷид ҳеҷ намемонд) ва баромада  ба масҷид рафт. Ман ҳам аз паси падарам баромада, дар ҳавлии берун, ки аз он ҷо ҷўй мегузашт, ҷӯйчабози карда нишастам. Падарам зуд ва шитобкорона баргашта омад ва маро бардошта бар болои деворчае, ки дар миёнаи ҳавлии мо ва чорбоғи масҷид кашида шуда буд, рост гузошт ва гуфт:

Ҳозир аз мадраса    як    кас баромада ба ҳуҷра меравад, ўро хуб   зеҳн монда бин. Ӯ домуллои акаат мебошад (акаам аз ман ҳашт сол калон буда, ҳамон вақтҳо дар Бухоро мехонд), ў шоир аст, ки шеърҳои бисёр хуб дорад…

Дар ҳамин вақт аз мадрасачаи қишлоқ (ҳозир-ҷои он мадрасача идораи «Колхози Коммунизм»7 аст) чанд кас баромад, пеш-пеши онҳо имом ва дар паҳлуи имом як одами баландқомати камгўшти камриш буд, ки дар ришаш торҳои сафед менамуд. Дар тани ин одам як ҷомаи суф буда, саллааш аз саллаи  имоми мо хеле хурд буд.

Падарам ана ҳамин    одамро ба ман нишон дода:

—Ҳамин    аст домуллои    акаат,    баъди аз намоз омаданам шеърҳои ўро  ба ту хонда медиҳам,—гуфт ва маро аз деворча фуроварда монда, худ ба масҷид рафт.

Дар вақте ки падарам аз масчид баргашта омад, ман дар рўи даричаи ҳавлӣ, дар зери дарахтони зардолу бо Хайбар ном саги худ бозӣ мекардам. Падарам маро чеғ зада оварда, ҳамроҳи худ ба хона даровард ва аз токчаи хона як маҷмўаеро, ки дар вай чизҳои гуногун навиштагӣ буд, гирифт ва аз охири он маҷмўа чанд варақро кушод, ки дар онҳо падарам чанд ғазали Исо8 ном шоирро навишта монда буда-аст ва он ғазалҳоро ба ман нишон дода:

—Ҳаминҳост шеърҳое, ки аз шеърҳои    домуллои акаат навишта гирифтаам. Номи ин кас   Исо-Махдум ва тахаллусаш «Исо»    аст,—гуфт  (ман он шеърҳоро аз он маҷмўа дар    зери номи Исо-Махдум   дар «Намунаи адабиёти тоҷик»9 кўчондаам)  ва он ғазалҳоро ягон-ягон ба ман хонда дода, маъниҳошонро ба тарзе, ки худ мефаҳмед,   ба ман эзоҳ дод ва   аз он ғазалҳо ин байтро:

То ба кай зи бекорӣ бо фасурдаги мурдан,
Нусхае ба каф дорӣ, ҷамъ созу аҷзо кун!

такрор хонда, гуфт:

—Одамони донишманд мардумро ба кор чеғ мезананд, бекориро бо мурдан баробар медонанд.Муллоҳои дигар бошанд,    бо   вуҷуди ин ки худашон дар
моли    дунё    ғўтида    рафтаанд,     мардумро    «тарки дунё кунед!» мегўянд.    Яъне мехоҳанд,   ки   мардум дунёро тарк кунанд ва ҳамаашро    худи онҳо (муллоҳо) ғундошта гиранд…

Баъд аз он падарам аз токчаи хона чанд варақ ғазалҳои Соибро гирифта аз байни онҳо ин матлаъро10 ба ман хонда дод:

Ба дўши таваккул манеҳ бори худро!
Валинеъмати хеш кун кори худро!

ва гуфт:

—Мебинӣ, ки одамони калон чӣ гуна ба якдигар ҳамфикранд. Бобо   Соиб   (падарам   Соиби  исфаҳониро аз ҷиҳати эҳтиром «Бобо Соиб» мегуфт), ки сол пеш аз замони мо гузаштааст ва Исо, ки одами замони мост,    ҳар ду ба як мазмун гап   мезананд ва мардумро аз бекорӣ ва    аз таваккул ба тарафи кор мекашанд.

Ман бо дидани Исо ва шунидани шеърҳои ў аз ақидаи аввалиам баргашта, дар ҳар замон ва аз ғайри валӣ будан дар имконияти шеъргўӣ бовар карда бошам ҳам, хостам, ки ин ақидаи дуввуми худро аз падарам тасдиқ кунонам  ва  пурсидам:

  • Магар дар замони мо ва аз ғайри валӣ будан ҳам шеър гуфтан мумкин аст?
  • Албатта, барои шеър гуфтан на    замон шарт аст ва на валӣ будан.    Ман ҳам дар таърихи бинои   нави айвони масҷиди худамон як шеъри таърихӣ гуфтаам,—гўён ин байтро хонд:

Ба соли «мурғ» ин айвон бино шуд,

Бидеҳ бо мурғи ў ту «об»-у «дона»

ва гуфт:

—Агар калимаи «мурғ»-ро бо ҳисоби    абҷад ҳисоб карда, ба вай шумораи ҳарфҳои «об»-у «дона»-ро зам кунӣ, санаи 1303 (1886) мебарояд, ки соли бинои ин айвон аст11.

Ман, ки ҳисоби абҷадро ёд гирифтагӣ будам, ин гапҳои падарамро ба зудӣ ва осонӣ фаҳмидам ва ҳам ҳисоб карда дида, дар амал дуруст будани он қавлро донистам.

  • Шеърҳои дигар ҳам гуфтаед? — ман пурсидам.
  • Не,—гуфт падарам,—як байти дигар дар таърих гуфтаам, ки дар мавриди дигар ба ту хонда медиҳам. Ҳар чанд кўшиш карда бошам ҳам, шеъри дигар гуфта натавонистам. Аммо ту кўшиш    кунӣ  ва чизи бисёр хонӣ, шоир мешавӣ.

Ин мусоҳиба дар ҳаёти ман—дар ҳаёти адабӣ ва ҳам дар ҳаёти кордўстии ман бисёр таъсири калон кард. Ман аз аввал зиёдтар ба шеърхонӣ ва шеърёдкунӣ шуғл кардам ва дар ин зимн саводам ҳам баромад. Ман мехостам, ки шеърҳои дида ва шунидаамро навишта гирам, аммо бехатиам ба ин мақсад. монеъ буд.

Ман ин мақсади худро ба падарам гуфтам. Ў маро ба писари амакбачаи худаш, ки ҳамроҳи акаам дар Бухоро мехонд ва дар хушхатӣ машҳур буд, шогирд кард, ки ў ба ман хатнависиро ёд диҳад (падарам ва акаам бадхат буданд). Ҳамон сол ба ман асбоби китобат ҳам харида дод, ки аз онҳо нишона як қаламдон ҳанўз дар дасти ман боқист (ва дар сари ин қаламдон як фалокат рўй дода буд, ки ягон вақт он воқеаро хоҳам навишт)12.

Домуллои хушхати ман дар майданависӣ хати хоное дошта бошад ҳам, дар ҷалинависӣ13, ки барои таълими навмашқон даркор аст, моҳир набудааст. Ў ҳарфҳои ҷудогонаро ба тарзи сархати ҷалӣ (калон-калон) менавишт ва ҷоҳои каҷшудаи он ҳарфҳоро бо нўки кордчааш аз дандонаш чирк тарошида гирифта, ба рўи онҳо молида, тарошида мегирифт ва баъд аз он бо нўки қалам дубора пур карда мувофиқи қоида мекард.

Ӯ як хатро ба ман навишта дода вазифа медод, ки то рўзи дигар ба ў нигоҳ карда машқ кунам ва ҳар гоҳ, ки мисли ў навишта тавонистам, ў маро ба сархати дигар хоҳад гузаронид. Ман   пеш аз омўхтани хатнависӣ,    аз    муаллими ҳусни хатти худ фиребгариро омӯхтам: ман ҳам мисли ў ҷоҳои каҷшудаи    ҳарфҳоро бо чирки дандон тарошида гирифта дуруст кардан гирифтам.  Ба ҳамин тариқа, ман   дар андак вақт тамоми    сархатҳоро гузашта, ҳам мураккабкунии    ҳарфҳоро    ёд гирифтам.

Аммо азбаски ҳеҷ машқ накарда будам, тамоман бадхат мондам. Ман шеърҳои дўстдоштаамро дар коғазпораҳо навишта мегирифтам. Аммо як қисми онҳоро баъд аз кўҳна шудан    ҳатто худам ҳам хонда наметавонистам.

Ман дар ин зимн дар пеши имоми қишлоқ «Бидон»14 ном сарфи арабиро, ки дар забони тоҷикӣ тартиб ёфтааст, мехондам ва баъд аз вай «Муиззӣ»15 ва «Занҷонӣ»16 ном сарфи арабии дар забони арабӣ  тартибшударо ҳам хондам. Ҳар чанд дарсҳоро ба ман ба тоҷикӣ тарҷима карда медоданд, ман чизеро на-мефаҳмидам ва дилгирии аз ин дарсҳо пайдошударо бо шеърхонӣ бартараф мекардам.

* * *

 

Падарам як сол пеш аз вафоташ маро ба Бухоро бурда, ба пеши акаам монд, ки ман дар он ҷо тартиби истиқомати мадрасаро ёд гирам ва дар соли оянда барои ба хондан рафтан тайёр шавам. Дар ҳамон сол ман бо акаам як моҳ зиёдтар дар мадраса мондам.   Дар ин як моҳ азоби аввалини мадрасаро дидам.

Акаам он сол дар мадрасаи Мири Араб бо хешбачаи падарам, ки домуллои сархати ман буд, дар як ҳуҷра меистоданд. Ман ба пеши онҳо шахси саввум шуда даромадам. Ин ҳуҷра дар ошёнаи болоии мадраса буда, хеле васеъ, аммо тамоман торик буд. Бинобар ин он ҳуҷра аз бошандагони он мадраса «девхона» лақаб ёфта  буд.

Лекин мо дар ин ҳуҷра дер намондем. Дар миёнаи зимистон, дар вақти сармои сахт ва барфи баланд соҳиби ҳуҷра моро аз ҳуҷрааш баровард. Акаам бо кӯшиши бисёр аз Бозори Хўҷа ном сари бозори Бухоро аз болои боми баққолӣ як болохонача ёфт, ки мо ба он ҷо кўчида рафтем (воқеаи кўч-кўчи мо ҳам хеле аҷиб аст, ки дар ягон вақти муносиб хоҳам навишт).

Ҷои дуввуми мо бисёр бад буд: як болохонаи чўбкорӣ буда, деворҳояш ба иморате каме пайвастанд, бинобар ин бисёр сард буд. Як дари даромад дошт, ки дар айни замон рўшноӣ ҳам бояд аз ҳамон дар медаромад. Ҳар чанд мо дар он дар коғазгир шинонда бошем ҳам, барои манъи даромадани хунук рўзона ҳам дарро пўшонда менишастем ва дар он вақт он болохона шакли як гўри   торикро мегирифт.

Ин болохона чунон танг буд, ки баъд аз ба Бухоро кафшбардор (хидматгор) шуда рафтани хешбаччаи падарам ҳам, мо ду нафар ака-ука базўр мехобидем. Ҷои дасту рўйшўиаш дар пойгаҳаш буд, ки дар он ҷо об ях мебаст. Бинобар ин мо дар кўча баромада дасту рўй мешустем ва барои дигар корҳои инсонӣ ба мадрасаи Тўпчибошӣ, ки дар рў ба рўи ҷои мо буда, дар он тарафи кўча буд, мерафтем.

Мо ба ин сахтӣ тоб наёварда пеш аз баҳор—пеш аз тамом шудани таҳсил ба қишлоқ рафтем. Ман он сол дар Бухоро чизе нахондам. Фақат аз акаам ошпазиро омўхтам: ман палавпазӣ, кичирӣ ва мошобапазӣ, ҳам шўрбо ва ширчойпазиро ёд гирифтам.

Баъд аз гарм шудани ҳаво акаам барои хондани дарсҳои мондагиаш дубора Бухоро рафт ва ман дар пеши падарам мондам.

Дар пеши падарам масъалаи дар соли оянда Бухоро рафта хондани ман истода буд. Ў аз ман пурсид:

  • Соли оянда барои хондан Бухоро меравӣ?
  • Агар фиристонед, меравам.
  • Имсол ман туро барои таҷриба фиристода будам, ки донам, чӣ қадар харҷи   барзиёд   лозим аст.
    Маълум шуд, ки дар як моҳ панҷ танга (75 тин) бар зиёд харҷ карданам даркор  мешудааст.   Ғайр  аз барои ту китоб лозим   аст, ифтитоҳона   (пуле, ки ба тарзи   ҳадя дар вақти дарссаркунӣ ба домулло — ҳаққи таълим дода мешавад), лозим аст.    Ва либосатр аз либоси саҳро беҳтар кардан лозим аст, ки ҳамаи инҳо пул мехоҳад. Таҷрибаи имсола нишон дод, ки ман барои дуи шумоҳо харҷ карда наметавонам. Бинобар ин худат ҳам ягон кор карда як микдор пул ёфтанат даркор аст.
  • Ман чӣ кор карда    пул    ёфта метавонам?—
    гуфтам бо тааҷҷуб.
  • Ман нишон медиҳам—гўён падарам аз ҷояш хест ва ба рўи суфа баромада майдони поини суфаро, ки он ҷоро    ба  тозагӣ зардолузор карда буд, ба ман нишон дод ва гуфт:
  • Дар ин ҷо ҷуфт даровардан мумкин нест, чунки ниҳолҳо зада мешаванд. Ба ту як каландча гирифта медиҳам.    Ана ҳамин чоро хуб   каландгардон
    мекунӣ,    палавкаду мекорӣ   ва ба бозор    мефурўшӣ.
    Ҳар чанд пуле, ки аз ин кор ёбӣ, барои   хароҷоти худ
    бо худ Бухоро мебарӣ.

Ман қабул кардам. Каланд тайёр шуд. Корро сар кардам. Дар понздаҳ рўз ман ин заминро се бор каландгардон кардам. Дар ҳар бор як қади каландча аз тактар мегардондам. Дар се бор се қади каландча гардонда шуд. Бо нишондоди падарам дар замин пору ва хокҳои пўсида рехтам ва боз як бори дигар каландгардон карда поруҳоро ба хок омехтам.

Акнун мола зада заминро ҳамвор кардан даркор буд. Барои ин худам як чизи тозае ёфтам: як табақи дарро мола сохтам. Фақат молаи ман сих надашт ва ба сихмола (дандона) эҳтиёҷ ҳам надоштам, чунки кулўхҳои калони заминро дар вақти гардондан бо мўҳраву неши каланд зада маҳин карда будам. Молаи худро ба Хайбар, ки саги калони чўпонӣ буд, бастам ва худам бар болои мола рост истода сагро ба кашидан фармон додам. Саг дар як-ду бор рафтуомад молакаширо ёд гирифт.

Замин тайёр шуд, падарам кишта дод. Хишоба ва обдориашро ҳам бо нишондоди падарам худам кардам.

Падарам ҳам он сол дар деҳқонӣ аз ҳарсола зиёдтар меҳнат кард, чунки   дар Зарафшон   обхезӣ шуда,осиёҳои ба дарё наздик ва ҷўйҳои осиёҳоро об бурда, ба чархи осиё талаб кам монда буд.

Падарам як таноб (чоряки гектар) заминро ғӯза кишта ва як таноб заминро ҷуворӣ (ҷувории сафеди маҳаллӣ) кишт.

Мо, албатта, барои ду таноб замин гови корӣ на-доштем. Падарам заминҳояшро бо гови касона мекишт. Деҳқонони миёнаҳоли ҷуфтиговдор, ки заминашон кам буд, ҷуфти говашонро ба киро медоданд. Пули киро  ҳам арзон буд. Барои дураҳа рондани як таноб замин ба як ҷуфт гов як калла кунҷола додан даркор буд, ки вай дар ҳамон вақтҳо ду танга (30 тин) меистод.

Ҳарчи ҳам бошад, бо ҷуфти гови касона заминро мувофиқи табъ рондан мумкин намешавад. Бинобар ин падарам баъд аз ҷуфтронӣ, заминро як-ду бор каландгардонӣ ҳам мекард.

Ман бар болои он сол дар замини ғўза чӣ навъ кор кардани падарам намеистам. Чунки ғўзапоя хушк шуда меҳнати падарам тамоман сўхт. Аммо дар болои кори ҷуворӣ меистам, ки ҳосили вай он сол моро аз ҳалокат раҳонид.

Падарам ба нияти ҷуворӣ киштан заминра тирамоҳ шудгор карда, нурӣ рехта, қавсоб ва чиллаоб18 дода монда буд. Дар баҳорон бо расидани замин ҷуфт баста заминро ронд ва дар вай калла ба калла хоки офтобхўрда рехт ва боз як бори дигар ронда кишт.

Ҷуворӣ бисёр холӣ баромад, дар ҳар як қадам як бех ҷуворӣ менамуд. Деҳқонони ҳамсоя ба падарам маслиҳат доданд, ки киштро вайрон карда дубора корад. Ӯ қабул накард, «ғўза каландрав, ҷуворӣ уштурдав» (яъне ғўзаро ҳамин тавр бояд кишт, ки дар миёнаҳои буттаҳо каланд бо осонӣ гунҷад ва дар миёнаҳои ҷуворипояҳо бояд шутур давида гашта тавонад) гуфтаанд» гуфт ва корҳои дигари ҷувориро ҳам мувофиқи қоидаи деҳқонӣ ва таҷрибаи худаш ба хубӣ адо кард. Падарам умед дошт, ки он сол аз он як таноб ҷуворӣ 30 ман (240 пут) ҳосил гирад.

Дар он сол дар музофоти Бухоро аҳволе рўй дод, ки зиндагонӣ ва осоиши ҳамаро зеру забар кард: ин вабои умумӣ буд.

Дар аввалҳои тобистони соли 1906 ҳиҷри (дар моҳ-ҳои июни соли 1889) дар Бухоро вабо пайдо шуда, муромурӣ сар шуд. Акаам бемор шуда ба қишлоқ баргашт, тағоимуллом, ки хатми дарс карда буд ва дар шаҳр дарсгўӣ мекард, мурд ва мурдаи ӯро ба қишлоқаш оварданд.

Дар андак вақт дар қишлоқҳо ҳам вабо паҳн шуд. Модарам дар сари мурдаи бародараш бемор шуд. Ман ўро ба хона овардам, ки ду бародари хурдам ҳам дар қатори акаам бемор шуда хобидаанд ва аз миёна чанд рўз нагузашта падарам ҳам ғалтид. Акнун хонаи мо ранги як беморхонаро гирифт, ки дар он ҷо ҳам доктор, ҳам фелдшер, ҳам сестра ва ҳам санитарка ман будам. Дар як хонаи ҳафтболор панҷ бемор қатор хобида буданд, ман ба навбат ба ҳар кадоми онҳо обҷўш медодам, магасашонро мерондам ва дар берунравиашон ёрӣ мерасондам.

Дар байни як ҳафта ҳамаи хонаҳои қишлоқи мо ва қишлоқҳои ҳамсоя ба ранги хонаи мо гардиданд. Аз қишлоқи мо, ки тахминан сесад хонавор дошт, ҳар рўз як-ду ҷаноза мебаромад.

Ман он вақт намедонистам ва то ҳол ҳам муайян накардаам, ки беморони ман чӣ дард доштанд. Дар он вақтҳо дар қишлоқҳо доктор набуд ва дар қишлоқи мо бошад, ҳамон табиби кўҳна ҳам набуд, ки хасу хошоке ҷўшонда дода беморон ва бемордоронро тасалло диҳад.

Аз ..миёнаи беморони ман аҳволи падарам бисёр бад буд. Ў қариб ҳамеша беҳуш буд. Танҳо об менўшид ва ба гармии баданаш даст расонда намешуд. Ў ҳар боре, ки чашм мекушод, ба ман нигоҳ карда:

  • Ба ҷуворӣ дубора об додӣ? — гуфта мепурсид
    (оби аввалро худаш дода буд).
  • Не, — мегуфтам ман.
  • Дар оби аввал чанд рўз шуд?
  • Даҳ рўз шуд (масалан).
  • Хуб, ҳоло ба об наёмадааст, — мегуфт ва боз чашм мепўшид.

Ин саволи падарам рўзе чанд бор такрор меёфт. Охир як рўз дар саволи худ аз ман ҷавоби «бист рўз шуд»-ро гирифта буд, ки гуфт:

—    Ба об омадааст. Кулӯхи офтобхўрда бисёр андохтаам. Агар тавонӣ, як об деҳ, вагарна нобуд мешавад.

Ман ба ёбон баромада бо осонӣ ҷувориро об додам, чунки об бисёр буд ва мардум бемор буданд ва аз лаби ҷўи калон обро кушодам, худаш омада заминро пур кард.

Баъд аз ягон соати аз обдорӣ омаданам, падарам чашм кушода пурсид:

  • 0б додӣ?
  • Додам!
  • Баракалло! — боз чашм пўшид.

Дар рўзи чилуми бемориаш падарам арақ, карда тамоман ҳушёр шуда шир талаб кард: додам, хўрд. Дар рўзи саввум асозанон ба пои худ берун баромад. Мо ҳама шодмон шудем, ки ў халос шуд. Аммо дар рўзи даҳуми аз беморӣ сар бардоштанаш дубора ғалтид.

Ҳидоятхўча ном амакбачаи падарам буд, ки аз ў калонсолтар буд. Ў бемори сабук буд ва аҳли хонаводааш ҳамагӣ бемор буданд. Бо вуҷуди ин рўзе як-ду бор омада аз падарам хабар мегирифт. Дар бемории аввали падарам ў моро «ҳеҷ воқеа нест, арақ кунад, нағз мешавад» гуфта тасалло медод. Аммо дар бемории дуввум ў ин гуна тасалло намедод. Лекин ба фикри ман, бемории дуввуми падарам аз аввалиаш сабуктар буд, чунки оромтар буд. Рўзи ҳафтуми бемории дуввуми падарам, Ҳидоятхўҷа омада дид ва ба ман гуфт:

  • Агар ҳолаш бад шавад, маро хабардор кун. Агардар хона бемор намедоштам, ин ҷо мехобидам.
  • Ман чи навъ мефаҳмам, ки ҳолаш бадтар аст ё беҳтар? — гуфтам ман, дар ҳолате, ки дар чашмонам об чарх мезад.

—Гиря накун, мард бош! Писари падарат шав, ки одамӣ сахтибардор  аст!  Аҳволаш хеле сахт  аст,аммо барои дар ташвиш наандохтани шумоён худро ором нигоҳ медорад. Аҳволаш бад шавад, гулўяш хашшос мезанад ва нафасаш тангӣ мекунад. Ман равам,ки аҳволи янгаат бад буд.

Шаб шуд. Ман чароғи сиёҳро даргиронда бар болои чароғпояи чӯбин мондам. Ғайр аз ман ҳама масти хоби беморӣ буданд. Ҳанўз аввали шаб буд, ки падарам нафасҳои сахт кашидан гирифт ва баъд гулўяш хир-хир кард. Амакамро ҷеғ задам. Ӯ омада ба гулўи бемор бо пахта об чаконид. Бемор чашмонашро кушода, аввал ба ман нигоҳ кард ва баъд аз он ба амак нигоҳ карда:

—   Зиёдтар об диҳед! — гуфт.

Амак ин дафъа бо қошуқ ба даҳони бемор об рехт, ў «бас» гуфт ва ба ман ишора   карда    ба гап даромад:

Leave a Reply