Умумӣ

Шоҳнома – Ҳалоки Рустам

Барои мо ровии достонҳои қадимаи халқҳои эронинажод Фирдавсии бузург аст. Ба навбати худ ў низ ровиён доштааст, ривоятҳои аксари ровиёни шоир пеш аз ў дар “Шоҳнома”-и мансур дарҷ шуда будаанд, ки сарчашмаи асосии асари ҷовидонии Фирдавсӣ ҳамон китоб мебошад. Аммо шоир баъзе достонҳоро аз забони гўяндагон ва ноқилони зиндаи халқӣ низ шунида ба назм даровардааст, Гумон меравад, ки қиссаи Рустам ва Шағод ҳам аз қабили ривоятҳои даҳанакии ровиёни зинда бошад, зеро шоир дар оғози достон Озодсарв ном пирамарди «хирадманду гўяндаву ёдгир»-ро ном мебарад, ки дар Марв мезиста, фоҷиаи ҳалоки Рустам ва макри Шағодро медониста ва нақл кардааст.
«Чунин гўяд он пири донишпазир», ки дар ҳарами Зол, падари Рустами Дастон, канизаке соҳибҷамол ва сарояндаву руднавоз буд. Вай аз Зол писаре зоид. Бача калонтар, ки шуд, ба андому чеҳра айнан монанди паҳлавони номдор Соми Наримон (бобои Рустам) гардид. Зол аз Кашмиру Кобул ситорашиносонро оварда толеи кўдакрр фол бинонд. Ситорашиносон ба зиҷҳои румиву ҳиндии худ нигоҳ ва муқаррар намуданд, ки ситораи бача дар рўзи зоданаш ба қирони наҳс будааст. Табъашон хира гашта ба якдигар нигаристанду ночор рози сипеҳрро ба Зол маълум карданд:
— Писарат дар ахтараш қирон дорад.
— Чӣ гуна? — хавотир кашида пурсид Зол.
— Ин нозанинписар ба мардиву далерӣ, ки расид, насли Соми Наримонро табоҳ мекунад,— гуфтанд.— Аз дасти вай тамоми Эрон дар ҷўш ва Систон пурхурўш мегардад. Вай рўзи мардумони бисёреро сиёҳ мекунаду худаш ҳам умри зиёд надида ҳалок мегардад.
Зол ғамгин шуд ва аммо ба карами худовандаш паноҳида аз вай «ком, оромӣ ва хубӣ» орзу карду бо ҳамин орзу ба парвариши кўдакаш пардохт. Номи бачаро Шағод гузошт.
Чун Шағод ба воя расид, падараш ўро ба назди амири Кобул фиристод. Амири Кобул ба ҳукмдори Систон хироҷ медод — ҳар сол як чарми гов пури симу зар мефиристод: Шағод мебоист дар Кобул вакили падараш шуда, нозири чидану фиристодани хироҷ мегардид.
Амир ба дидори Шағод шод буд ва мегуфт, ки вай сазовори тахти шоҳаншоҳист. Ӯ духтари худро ба ҷавонпаҳлавон дод, чунон ки дар вақташ кобулшоҳ Мизроб духтараш Рўдобаро ба Золи Зар дода буд. Мақсади амир — аслан ба нажоди Соми Наримон пайвастан буд ва сониян меандешид, ки ҳукмдори Систон Рустам аз он пас, ки бародараш домоди амири Кобул шуд, аз Кобул хироҷ нахоҳад гирифт.
Аммо чун вақти хироҷгузорӣ расид, амир дар адои он мусоҳила кард ва баҳона ҷуст, он гоҳ Рустам худаш омаду тамоми шаҳри Кобулро ба ҳам зада хироҷро рўёнд.
Шағод аз кори барадараш озурда ва хашмгин шуд, ҷазм кард, ки аз Рустам ниқор гирад. Рози худро ба падарарўсаш ифшо карда гуфт:
— Бародарам аз ман шарм накард, бегонавор омада хироҷ ситонд. Чи бародару чи бегона, чи фарзонаю чи девона.
— Чора чист , мо хирочҷгузори ўем,— маъюсона гуфт амир.
— Ҳилае месозему Рустамро ба дом меоварем, – гуфт Шағод.
Амири Кобул бо вай ҳамраъй шуд.
Шабе то баромад зи кўҳ офтоб,
Ду танро наёмад сар-андар ба хоб,
Ки «Мо номи ў аз ҷаҳон кам кунем,
Дилу дидаи Зол пурнам кунем».
Шағод чунин таклифе пешниҳод кард:
— Ту меҳтаронро ба меҳмонӣ хонда зиёфати калон. бидеҳ, созанда ва сарояндагонро биёр. Ҳангоми майнўшиву мастӣ ба ман сухани сард бигў, маро ноҷавонмард бигў, дашном бидеҳ. Ман ранҷида ба Систон мераваму пеши падар ва бародарам аз ту шикоят мекунам, туро бад мекунам. Рустам албатта, хашмгин мешавад ва меошўбаду аз баҳри ман ба Кобул меояд. Ту бар роҳи ў дар шикоргоҳ чандин чоҳ бикан, ки ҳар кадомаш ба адозаи тани Рустам ва Рахши ў бошад. Ба таги чоҳ теғҳои дароз биншон. Барои чоҳканӣ сад мард бубар — чоҳҳоро ҳарчӣ бисёртар кананд беҳтар аст. Сипас фармой, сари чоҳҳоро бо хасу хок пўшонда маҳкам кунанд…
Амири камандеши дур аз маниш ба гуфтори он бехирад дар кўшки худ хони зиёфат ороста меҳтарони Кобулро ба меҳмонӣ хонд.
Баъд аз сарфи таом маҷлиси шаробнўшӣ ва базм шурўъ шуд. Чун сарҳо аз бодаи хусравӣ тафсиданд, Шағод «бадхўӣ» ва «носазогўӣ» сар кард, ба сари амири Кобул дод зад, ки:
— Ман ҳамчу Золи Дастон падар, ҳамчу Рустам бародар дорам, гавҳарам олист, дар ин анҷуман аз ман сарафрозтар кист?
Амир «барошуфт» ва гуфт:
— Розро то кай пинҳон дорам, ки ту аз насли Соми Наримон нестӣ, онҳо номе ҳам аз ту намебаранд, ту аз чокари дари Рустам ҳам камтарӣ, модари вай Рўдоба туро бародари писараш намехонад.
Шағод аз гуфтори ў «қаҳр» карда аз боргоҳ бадар рафт ва роҳи Зобулро пеш гирифт.
Биёмад ба даргоҳи фаррухпадар,
Диле пур зи чора, пур аз кина сар.
Ҳам он гаҳ чу рўи писар дид Зол,
Чунон бурзу болову он фарру ёл,
Бипурсиду бисёр бинвохташ,
Ҳамон гаҳ бари Пилтан тохташ.
Зи дидори ў шод шуд паҳлавон,
Чу дидаш хирадманду равшанравон.
Рустам аз амири Кобул пурсон шуд, Шағод чини нохушнудиву озурдагӣ ба абрувон оварда гуфт:
— Ӯро мапурс. Дар аввал бо ман некӯӣ мекард, лекин акнун пайваста май менўшаду пархош мекунад, худро аз ҳама сарафрозтар мегирад. Бадгавҳарии худро падидор карда, маро пеши меҳтарони Кобул паст зад, хор кард, дод зад, ки: «То кай мо ба Систон хироҷ модиҳем? Ман ба мардиву зоту насаб аз Рустам кам нестам». Маро: «Ту фарзанди Зол нестӣ ва агар ҳастӣ, падарат қадру манзалате надорад» гўён дашном дода аз Кобул ронд.
Ба шунидани ин суханон оташи хашми Таҳамтан шўълавар гардид. Гуфт:
Ба хок андарорам сару бахти ўй,
Нишонам туро шод бар тахти ўй.
Ӯ чанд рузе Шағодро арҷманд дошта меҳмондорӣ кард, иззаташро ба ҷо овард, Дар ин миён Завора бо фармони Рустам сипоҳи ўро ба сафари Кобул омода сохт.
Аммо дар арафаи сафар Шағод ба назди Рустам омада чунин гуфт:
— Ту бо амири Кобул ҷанг накунӣ ҳам мешавад. Кӣ дилу гурдаи он дорад, ки ба ҷанги ту ояд? Агар ҳатто номатро бар об нависам, хоби кобулиҳо мегурезад. Ба гумонам, амир пас аз рафтани ман аз кардааш пушаймон шудааст, албатта меҳтарони Кобулро барои узрхоҳӣ ба пешвози ту мефиристад, тавба мекунад.
Рустам «маслиҳат»-и ўро пазируфт ва гуфт:
— Ҳамин аст салоҳи кор. Ба Кобул сипоҳ намебарам, Завораро бо сад савору сад пиёда мебарам, ҳамин басанда аст.
Дар ин миён амири Кобул аз сипоҳаш сад нафарро ба шикоргоҳ бурда чоҳҳо канонд. Дар роҳи аз Систон ба Кобул чоҳҳои бисёре канда, ба таги чоҳҳо даста зеру теғ боло ханҷарҳо нишонданд.
Чун Рустам ба роҳ афтод, Шағод савореро пеш давонда ба амири Кобул хабар дод, ки: Таҳамтан бе сипоҳ равон аст, ту ба пешвозаш баромада аз вай зинҳор бихоҳ, тавба кун.
Амир ба роҳ баромад. Дар ду манзил аз Кобул Рустамро дида аз асп пиёда шуд, дастори ҳиндӣ аз сар баргирифт, ҷома аз тан ва мўза аз пой кашид. рухсора бар хоки сиёҳ молид ва узр бар забону заҳр дар ҷон сўи Таҳамтан хазид. Аз дашном доданаш Шағодро изҳори пушаймонӣ карда гуфт:
— Эй номвар ҷаҳонпахлавон, ман маст будам, дар мастиву беҳушӣ саркашӣ кардам, ба карами худ аз гуноҳам гузар.
Рустам гуноҳи ўро бахшид ва фармуд, ки сарутанашро пўшад.
Амир аз барор гирифтани ҳилааш ба дил шод шуда ҷомаву мўзаашро пўшид, дастор ба сар ниҳод ва ба зин барнишасту дар рикоби Таҳамтан сўи Кобул саворӣ намуд.
Бари шаҳри Кобул яке ҷой буд,
Зи сабзӣ заминаш дилорой буд.
Бад-ў андарун обу чанде дарахт,
Ба шодӣ ниҳоданд ҳар ҷой рахт,
Басе хўрданиҳо биёвард шоҳ,
Биёрост хуррам яке ҷашнгоҳ.
Май оварду ромишгаронро бихонд,
Меҳонро ба тахти меҳӣ барнишонд.
Таҳамтан дам гирифта, кўфти роҳро бароварда, аз шароб ва созу наво кайфаш чоқ шуда буд, ки амир бо гуфтори ширини дилфиреб ўро ба шикор даъват кард:
— Дар ин наздкӣ шикоргоҳе дорем, ки дар вай гала-гала нахчир мегардад, оҳувон ва гўрон бешумор. Оё майли шикор надорӣ?
Рустами шикордўст аз гуфтори ў ба шавқ омад.
Бифармуд, то Рахшро зин кунанд,
Ҳама дашт пурбозу шоҳин кунанд.
Ба шикоргоҳ равон шуданд. Завора бар дасти рости Рустам ва Шағод бар дасти чапаш асп меронданд.
Ба дашти нахчир расида, саворон ба ҳар сў пароканда шуданд, то ки нахчирро аз кўҳу дараҳо ба дашти кушод ронанд. Рустам ва Завора дар интизории ба ин сў ронда шудани нахчир бешитоб бо роҳе, ки дар вай чоҳҳо буданд, мерафтанд. Рахш бўи хоки навро шунида беқарор гашт, рам хўрд ва истода ба замин наъл кўфт. Рустам, ки чашми ҳушу хирадашро шароб пўшонда буд, боиси рам хўрдану наъл кўфтани вайро ҷўё нашуда яке нарм тозиёнааш зад, Рахш, ки дар миёнаи ду чоҳ истода буд, ба пеш пой партофт ва ҳамон лаҳза ду пои пешаш ба чоҳ фурў рафт. Аз дами ханҷарҳои тези таги чоҳ
Бидаррид паҳлўи Рахши бузург,
Бару пои он паҳлавони сутург.
Рустам ба пои шикаста ба мардӣ тани чок-чоки худро боло кашиду аз чоҳ хазида баромад, нигоҳ карда Шағоди бадандешро дид, ки дар наздикии чоҳ истода буд. Ба сирри ў пай бурд, донист, ки бародараш бадхоҳи ў ва ин фалокати рўйдода аз макри ўст. Ба вай гуфт:
— Эй бадбахти шум, аз ин бадкирдории ту ин кишвари обод вайрон мегардад. Аз карда пушаймон мешавӣ.
— Ин туро аз гардиши фалак аст,— гуфт Шағод,— то кай ба ҷангу куштору тороҷ даст меёзӣ? Умрат ба поён омад, дар доми аҳреманӣ кушта мешавӣ.
Бародаркуш ва қурбони ў бо ҳам дар ин гуфтугў буданд, ки амири Кобул аз роҳ ба он ҷо расид. Вай Таҳамтанро он гуна хуншору афгор дида ба «даҳшат» омад ва гуфт:
— Эй номдори сипоҳ, ин бад ба ту аз кӣ расид? Дар ин дашт чӣ рўй дод? Ман рафта пизишконро меоварам, магар ин захмҳоятро марҳам молида дуруст кунанд. Э вой, ман бояд хун бигирям ва рух ба сиришки хунин бишўям.
— Эй риёкори бадгавҳар,— ҷавоб дод Рустам ба вай,— ту ба куштаи худат мегирйӣ? Пизишкӣ дер шуд, зиндагони ман саромад. Лекин ман аз марг наметарсам. Ман аз Ҷамшед, ки душман миёнашро бурид, бузургтар нестам, аз Фаридуну Кайқубод, аз Сиёвуш, ки Гурўй гарданашро ба ханҷар бурид, фузунӣ надорам. Онҳо рафтанду мо дертар мондем. Писарам ва нури чашмам Фаромарз меояд, хуни маро аз ту меситонад.
Сипас вай ба Шағод гуфт:
— Ту камони маро аз таркаш бигиру зеҳ кун ва бо ду тир ба пешам гузор. Мабод ки даррандае барои шикор ба нахчиргоҳ ояду мани афтодаи маҷрўҳро сайд кунад. Дар он ҳол ман бо камон худро дифоъ хоҳам кард.
Шағод камони Рустамро оварда зеҳ кашиду бо ду тир ба назди ў гузошт.
Рустам камонро бо душворӣ гирифта, гўё барои озмоиш, ба он тир андохт ва кашид. Шағод аз тарс дар паси чанори пире, ки дар он ҷо қад барафрохта буду дарунаш холӣ ва аммо шоху баргаш барҷо буд, пинҳон шуд. Таҳамтан бо тамоми қуввати боқимондааш ба чанор тир андохт, тир ҳам чанор ва ҳам Шағодро шикоф карда гузашту ўро ба танаи чанор дўхт.
— Сипос мегузорам ба Яздон, ки маро зўр дод, то дар дами маргам аз ин нобакори хоин интиқомамро гирифтам.
Рустам инро гуфта ҷон дод.
Завора ва инчунин дигар сипоҳиёни Рустам дар ҷоҳои дигар ба чоҳҳо ғалтида ҳалок шуданд,
Фақат як нафари онҳо аз вартаи ҳалокат ҷон ба саломат бурда, ба Зобул шитофт ва аз фоҷиаи дашти нахчир ба Зол хабар бурд.
Хурўше баромад зи Зобулситон
Зи бадхоҳу аз шоҳи Кобулситон.
Ҳамерехт Зол аз бари ёл хок,
Ҳамекард рўю бари хеш чок,
Ҳамегуфт зор: «Эй гави пилтан,
Нахоҳам, ки пўшад танам ҷуз кафан,
Кӣ дорад ба ёд инчунин рўзгор,
Кӣ ёрад шунид ин зи омўзгор,
Ки шере чу Рустам бад-он тира хок
Зи гуфтори рўбоҳ гардад ҳалок?»
Ҷасади Рустам, Завора ва Рахшро аз он дашти нахчир ба Зобул оварданд. Дар саросари роҳи дароз издиҳоми халқ — марду зан, пиру ҷавон баромада паҳлавони беҳамто ва қаҳрамони ҷаҳоншумули худро ба сафари охиринаш гусел мекарданд. Ду рўзу як шаб тобутҳо даст ба даст рафтанд ва боре ҳам ба замин гузошта нашуданд. Танаи Рахши номдорро фил мекашид.
Ҷасади Рустам ва Завораро дар боғи зобулии паҳлавон ба хок супурда, бар болои қабрашон дахмаи бошукўҳе сохтанд. Рахшро дар пеши дари дахма гўронданд ва ба болои гўраш ҳайкали мармарии ўро гузоштанд.
Сипас Фаромарз ба Кобул лашкар кашида, ба хуни падараш ва амакаш амири Кабулро бо ҳамаи авлоди вай аз дами теғ гузаронд, чанори пирро бо мурдаи Шағоди хаин оташ зада хокистарашонро ба бод дод.

Leave a Reply