Шеърҳо аз китоби Интизор-и Шаҳриёр

ТОҶИКИСТОН, ВАТАНАМ

Ҳаст дар рўйи замин гўшаи зебо чу биҳишт,

Сифаташ кас натавонист ба як бор навишт.

Рўдакӣ, Айниву Лоиқ ба сифоташ гуфтанд,

Шукр дорам, ки маро низ ҳамин хок сиришт.

Тоҷикистон, ту равонӣ ба танам, эй Ватанам,

Балки ҷониву ҷаҳонӣ Ватанам, эй Ватанам.

Кўҳсорат ба фалак қомати худ боло кард,

Конҳои ту пур аз нуқраву тиллову зар аст.

Оби дарёи ту чун оби ҳаёт аст маро,

Водиҳоят ҳама сў ғарқаи бору самар аст.

Тоҷикистон ту равонӣ ба танам, эй Ватанам,

Балки ҷониву ҷаҳонӣ Ватанам, эй Ватанам.

Ман, ки фарзанди туям меҳри ту дар дил дорам,

Ҷони худ дар раҳи ободии ту биспорам.

Ҳастиям, буду набудам ба ту пайванд бувад,

Фахр дорам, ки чунин кишвари зебо дорам.

Тоҷикистон, ту равонӣ ба танам, эй Ватанам,

Балки ҷониву ҷаҳонӣ Ватанам, эй Ватанам.

ЛИВОИ СУЛҲ

Аё, эй ҳамватан, эй ҳамзамон андеша кун як дам,

Ба ёд овар гузашта рўзҳои даҳшату пурғам.

Бародар теғ дар каф бо бародар ҷанг эълон кард,

Зи ҳар як хона меомад садои гиряву мотам.

Диёри пур зи файзи Тоҷикистон торикистон шуд,

Занону кўдакон аз мулки бобоӣ гурезон шуд.

Ҳазорон хонаи обод яксон шуд ба коми ҷанг,

Чунин як миллати сарҷамъ беқурбу парешон шуд.

Ватан шуд бе ватандору сарон аз тахт рўгардон,

Зи минбар нокасон бар гўшҳо афсонаҳо гўён.

Пасу паскўчаҳо пур аз гадову аз ятимон шуд,

Барои пораи нон зор будандиву саргардон.

Чӣ рўзоне паси сар кард он дам миллати гумроҳ,

Ба доми макру фанд уфтода монд андар миёни роҳ.

Яке рахти сафар мебаст сўи кишвари мардум,

Дигарро бингарӣ хуни касон мерехт бепарво.

Барои миллати тоҷик Худоям кори шоён кард,

Пароканд абри тору шамси тобоне намоён кард.

Садо омад зи дуриҳо, ки ваҳдат ҷамъи миллат аст,

Ба дўши худ гирифта нанг, Раҳмон сулҳ эълон кард.

Гузашта солҳову чашми тоҷик боз шуд аз нав,

Бародар бо бародар сулҳ кард, дамсоз шуд аз нав.

Диёри ҷангу даҳшат дидаам обод шуд аз нав,

Фирорӣ бар ватан омад, ҳаёт оғоз шуд аз нав.

Биё, акнун, ки мо ҳам номбардори Ватан бошем,

Ливои сулҳ дар каф, ҷоннисори ин чаман бошем.

Шавад то рўз аз рўз зиндагонӣ хубу рангинтар,

Садоқатманди меҳан, лоиқи ин анҷуман бошем.

НАВРЎЗАТ МУБОРАК!

Ба барги гул чакида шабнами тар,

Намуда боғи гулро бас муаттар.

Садои резаборони баҳорӣ,

Дили пири маро созад ҷавонтар.

Чу фасли файзбору пурнишотӣ,

Замини хобро аз нав суботӣ.

Ту қалби ошиқонро метапонӣ,

Баҳорам, фасли зебои ҳаётӣ.

Бари кўҳу чаман бишкуфта гулҳо,

Либоси махмалин пўшида саҳро.

Ба гўш ояд садои рўди кўҳӣ,

Ватан дар чашми ман гаштӣ дилоро.

Диёрам, рўзи фирўзат муборак,

Ҳамин солу ҳамин рўзат муборак.

Дар олам паҳн шуд овозаи ту,

Хуҷаста иди Наврўзат муборак!

БАҲОР АСТ

Канори дашту кўҳҳо сабзазор аст,

Шукуфта боғу саҳро лолазор аст.

Садои чаҳ-чаҳи мурғи хушилҳом,

Баҳор аст ин, баҳор аст ин, баҳор аст.

Ба рўи барги гулҳо ашки борон,

Фараҳафзо насими кўҳсорон.

Табиат зинда шуд, бингар чӣ зебост,

Баҳор аст ин, баҳор аст ин, баҳор аст.

Чаро имрўз қалбам беқарор аст,

Маро ҳар лаҳза майли кўи ёр аст.

Дилам чун мавҷи дарё мехурўшад,

Баҳор аст ин, баҳор аст ин, баҳор аст.

Найи чўпонӣ орад савти дилсўз,

Таҷаллӣ шуд ба мулкам иди Наврўз.

Равон шуд сўи саҳро марди деҳқон,

Гулистон шуд диёри мо, гулистон.

ҶОВИДОН БОШӢ

Муаллим, гарму сарди зиндагониро ҳамедонӣ,

Ҳазорон толиби дониш ба роҳи рост мехонӣ.

Ба уммеде, ки шогирдон аз илмат баҳра бардоранд,

Шабу рўзона заҳмат мекашӣ, аз хоб мемонӣ.

Бигардад боғбон мамнун чу нахлаш дар самар ояд,

Ту ҳам аз завқ меболӣ, чу шогирд боҳунар ояд.

Надорӣ роҳату ором, умре дар азоб астӣ,

Ки як фарзанди меҳан шуҳратафкан, номвар ояд.

Аё устод, хоҳонам, ки фахри ин замон бошӣ,

Зи дарду ранҷҳои зиндагонӣ дар амон бошӣ.

Чу меҳри кўдакони халқро бинмудӣ дар дил ҷой,

Ба номи неки худ дар қалбҳо то ҷовидон бошӣ.

МОДАР

Дарду аламат бори гарон, модарҷон,

Дар ботини ту чӣ ғам ниҳон, модарҷон.

Бар сабру таҳаммули ту кас ҳайрон аст,

Баҳри дили ту чӣ бекарон, модарҷон.

Бо амри Худо аз ту ҳаёт оғоз аст,

Дар шири сафедат қудрати эъҷоз аст.

Ҳар хандаи кўдакат туро рўҳ орад,

Бо аллаи ту хоб чӣ хоби ноз аст.

Модар ба ҷаҳон нест маро чун ту анис,

Номи ту муқаддас аст бар аҳли тамиз.

Ҳар кӣ нарасад ба қадри ту гумроҳ аст,

Бар хурду калон, халқи ҷаҳонӣ ту азиз.

МОДАР, МАРО БУБАХШ!

Бубахшо, модаро, гар метавонӣ,

Хатои ман туро орад гаронӣ.

Худам ҳам дар азобам, вой бар ман,

Намудам ҳайф даврони ҷавонӣ.

Падар дуру бародар нотавон аст,

Fамам бар дўши ту бори гарон аст.

Куҷо ёбӣ ҳисоби кори фарзанд,

Асирам, мўҳлати ман бекарон аст.

Ба роҳам ҳамсари ман интизор аст,

Ҷигарбандам Муҳаммад беқарор аст.

Чӣ созам қисматам, гар талх бошад,

Фақат ғусса насиб аз рўзгор аст.

Ба ғайри модарам дигар надидам,

Касе, ки фикри ман дорад ҳамин дам.

Падар бошад паси кори замона,

Манам танҳо, ба танҳоӣ асирам.

Падар хуб аст, модар беҳтарин аст,

Ба фарзандаш вафодору қарин аст.

Ба худ гирад ғаму сўзи ҷигарбанд,

Ба дарди қалби ман ў ҳамнишин аст.

МОДАРИ ҶОНАМ КУҶОСТ?

Осмонам абрпўшу барфу боронам куҷост,

Сина моломоли дард аст, ашки чашмонам куҷост.

Даст кўтоҳ аст, гирам аз гиребони фалак,

Бурд аз ман ғамгусорам, модари ҷонам куҷост.

Ман ҳама розу ниёзам бо ту, модар, доштам,

Пеши Яздон шукрҳои бешуморе доштам.

Гар зи мулкам дур мондам, гарчӣ зиндонӣ шудам,

То ту будӣ ғам набудам, ғамгусоре доштам.

Тарк кардӣ ин ҷаҳонро, бар кӣ созам нолаам,

Ман зи дунё мондаам, озурдаву бечораам.

Бо кӣ гўям рози дилро, баски танҳо мондаам,

Нест чун ту марҳаме баҳри дили садпораам.

Модари ҷон, ҳар нафас, ҳар рўз ёдат мекунам,

Ман зи қисмат ноламу худро маломат мекунам.

Чун нагаштам лоиқи бар роҳи охир бурданат,

Ёди симои базебат то қиёмат мекунам.

ПАДАРҶОН

Ба роҳат дида медўзам, падарҷон,

Чу шамъи хира месўзам, падарҷон.

Надорам тоқати ҳаҷри туро ман,

Сияҳ шуд шому ҳам рўзам, падарҷон.

Дилам хун гаштаву лаб во надорам,

Fамам дар қалби худ ҷо мегузорам.

Падарҷон, пеши ман қадрат баланд аст,

Раҳи бозомадатро интизорам.

Ба рўям мечакад борони найсон,

Маро ашкам зи мардум ҳаст пинҳон.

Худоё, во шавад дарҳои маҳбас,

Туро оғўш гирам ман, падарҷон.

Дамодам ёди рўят мекунам ман,

Хаёлан саҷда сўят мекунам ман.

Падарҷон, пеши ман қадрат баланд аст,

Сарамро хоки кўят мекунам ман.

ХОКИ МАЗОРАТ

Дамида сабза бар рўи мазорат,

Ба наздат омадам баҳри зиёрат.

Хамўш астӣ, падар, дунё пареш аст,

Дилам дар ҳасрати ту реш-реш аст.

Падар, донӣ чӣ қадрат дўст дорам,

Зи ту воло каси дигар надорам.

Ту будӣ раҳнамоям, вой бар ман,

Дигар танҳояму бе кўю ёрам.

Аз ин хоке, ки дар зераш ту хобӣ,

Гирифтам як кафе бо сўзу оҳе.

Ба бар мегирамаш то зинда бошам,

Ба абрўям ниҳам шому пагоҳӣ.

Бихоб ором, рўҳат шод бошад,

Зи ғамҳо рўҳи ту озод бошад.

Худоям гўри ту пурнур созад,

Ба пеши ҳавзи Кавсар ҷо-т бошад.

ҚИСМАТАМ

Қисмати ман, гарчӣ талх астӣ, наменолам зи ту,

Он чӣ ман дидам ба дунё, он ҳама аз дасти ту.

Гар шикастандам ҳазорон бор пайвастӣ маро,

Пас чаро беҳуда нолам аз шикасту басти ту!

Гар ба кўи бекасӣ уфтода гаштам хоки роҳ,

Ё ба арши осмон рафтам шудам фархундашоҳ.

Аз ватан берун шудам, гаштам ҳақиру дарбадар,

Он ҳама буду набуд аз қисматам омад ба сар.

Ҳар замоне дошт бо худ қаҳрамониҳои худ,

Маст буданд аблаҳон аз сагдаҳониҳои худ.

Ҷумла дороёну шоҳон дидаам дар зери хок,

Боз қисмат, мондаем мову гарониҳои худ.

Шукр гўям, ки дар ин дунё ҳамоно зиндаам,

Фарқ акнун неку бадҳоро, аминам, кардаам.

Гарчӣ ҳар соат маро таҳқиру дашном мекунанд,

Бар ту, қисмат, такя карда, ғам фурў ман бурдаам.

ХУШО ДАМЕ

Эй хуш он дам, ки ту бошию ману бодаи ноб,

Андак-андак зи лабат нўшаму гаҳ-гаҳ зи шароб.

Чу хуморам шиканад вақти саҳар, эй дилбар,

Худ нафаҳмам, ки будам масти ту ё ки зи шароб.

Ба висолат чу расам нарм кашам дар оғўш,

Мисраи шеъри дилам бар ту бихонам, кун гўш.

Захми ин сина шифо мегирад аз хандаи ту,

Ҳарчӣ гўӣ ту бигў, мешунавам ман хомўш.

Як нафас бо ту нишастан ҳама дунёст маро,

Хандаи лаъли ту дилҷўю дилорост маро.

Бин, ки як ғамзадаам, аз ғами ту мемирам,

Нафаси гарми ту ҷонбахшу гуворост маро.

Ман, ки ҳастам ба раҳи меҳру вафо содиқи ту,

Ба ҳама васфу таманнои дилам лоиқӣ ту.

Ёд орам чу ҷамолат биравад сабр зи даст,

Дари дил во куну бингар, ки манам ошиқи ту.

БО ЁДИ ТУ

Аё нав рафта аз оғўши гармам, пас нигар як дам,

Ба ёд овар нигоҳи пур зи имдоду нами ашкам.

Магў бигзаштӣ аз баҳрам, магў валло, ки мемирам,

Умедам, орзуям дида бар роҳи ту биншастам.

Бубин фарёд дорад қалби реши ман барои ту,

Расида бар фалак оҳам, наомад ҳам садои ту.

Ба уммеди висолат рўзу шабҳоям паси сар шуд,

Даме наншаста меҳмонам, зи рафтан лаб кушоӣ ту.

Магар ин шуд сазои ман, ки будам меҳрубони ту,

Як умре дар вафоят устувору роздони ту.

Аз ин захме, ки бинҳодӣ ба қалбам беҳтар аст он ки

Канад тори ҳаётам ҳамчу тори гесўвони ту.

ҲАДЯИ ХУДО

Ба раҳи пасту баланд, лаб-лби ҷар омадаӣ,

Дар танат бўи Ватан, шаҳри дигар омадаӣ.

Бигузаштӣ ту зи баҳри ҳамагӣ хешу табор,

Чӣ хушо пеши мани хок ба сар омадаӣ!

Кардаӣ ранҷа қадам, то дили ман боз кунӣ,

Зи ғаму дарди ҷудоӣ сухан оғоз кунӣ.

Бо ҳамон дидаи пурашк ба сўям нигарӣ,

Ту ба як меҳри дилангез, ба ман роз кунӣ.

Ҳадяи неки Худо омаданат ҷониби ман,

Ҷуз ту кас нест, шавад ошиқу ҳам толиби ман.

Ончӣ мондаст шарар дар тани ман хотири туст,

В-ар набошӣ, нашавад ҳеҷ касе соҳиби ман.

Пас биё бо қадамат хотири ман шод шавад,

Дари умед, ки буд баста зи нав боз шавад.

Шаҳриёри ту бувад ташнаи дидор, эй гул,

Ҳама ашъори дилам баҳри ту эҷод шавад.

ГУЛИСТОН КУН

Дареғо, сарф шуд умрам ба раҳпоӣ,

Чаро қаҳрӣ зи манн, сўям намеоӣ.

Хато бигзашт агар аз ман, бубахшоям,

Набигзорам, ки мирам кунҷи танҳоӣ.

Биё бо ман бимон, то ҳаст дунёям,

Биё, ай беҳтарин уммеди фардоям.

Туро то зинда ҳастам интизорам ман,

Биё ай монда дар қалбам ҳавасҳоям.

Биёву хонаи торам чароғон кун,

Зи меҳри гарми худ қалбам хурўшон кун.

Хазон гашта баҳорам дар фироқи ту,

Хазонамро ба дидорат гулистон кун.

МОҲРЎ

Моҳрў, лабрез кун ҷоми мани дилбурдаро,

Шод бинмо бо висолат ин дили пажмурдаро.

Чун ба соғар бингарам бинам рухи зебои ту,

Маст гардон бо ҷамолат ошиқи озурдаро.

Ман надидам рўи олам ёқути зеботаре,

Дар замирам ҷой кардам гавҳари рахшандаро.

Ганҷи дунёро кунад хоки раҳи ту, Шаҳриёр,

Fайри ту дигар намеёбам гули арзандаро.

Моҳи чордаҳро бимонад орази зебои ту,

Пас намо аз пушти абр он чеҳраи ҷононаро.

Дар ду олам ман надидам чун ту зебо, эй санам,

Чашми шаҳлои ту афсун кард дили девонаро.

Гар ту ҳастӣ марҳами ҷон, пас намо раҳме ба ман,

Кам бидеҳ озор, ҷонам, ин дили бишкастаро.

Ончунон дар васфи ту шеъру сухан иншо кунам,

То шиносад халқи олам шоири дилхастаро.

СИТАМ ДОРАМ

Ба ёдам мерасад даври ҷавонӣ,

Фазои беғубору шодмонӣ.

Шабу рўз орзуи дидани ёр,

Намедодам баҳои зиндагонӣ.

Куҷо ман будаму ғам дар куҷо буд,

Муҳайё неъмати дунё маро буд.

Ба айшу нўши дунё банд будам,

Маро базму тараб беинтиҳо буд.

Кунун бигзашт айёми ҷавонӣ,

Гузашт он хуррамиву айшронӣ.

Дигар рўзу шабам якранг бошад,

Ба дўшам банд бори зиндагонӣ.

Бас аст охир, надорам тоқати ғам,

Насиби ман чаро ин сўзу мотам?

Ҳама умеду омолам фано шуд,

Намонда ҷуз ситам дар рўи олам.

ЁДИ ТУ ДОРАМ

Замони боҳамиҳо ёд дорам,

Бирафтӣ аз барам, ёди ту дорам.

Накардӣ хотири он ишқи покам,

Хаёлат дар сарам, ёди ту дорам.

Умедамро ба бод додӣ чӣ созам,

Ба сад уммед ман ёди ту дорам.

Рабудӣ равшании қалби сардам,

Вале бо ҷону тан ёди ту дорам.

Ниҳодам сўзаду хомўш гирям,

Гули хандони ман, ёди ту дорам.

Зи кўям кай гузар созӣ азизам,

Ба поят сарфикан ёди ту дорам.

Ҳамедонам зи баҳри ман гузаштӣ,

Валекин то абад ёди ту дорам.

Вафо аз бевафо ҷустам дареғо,

Чӣ некию чӣ бад, ёди ту дорам.

ГУРЕЗОНӢ

Ало ай додаи Оллоҳ, аз ёрат гурезонӣ,

Магар қалби ту сангин аст, ё худ номусалмонӣ.

Дилозорӣ набуда расми ошиқ, раҳм кун охир,

Чаро ин қадр, ҷонам, ашки чашмонам бирезонӣ.

Ба дасти туст хушбахтии ман, ай сарви дилозор,

Ҷамолатро намоён кун, маро камтар бидеҳ озор.

Садоят бишнавад мурғи дилам парвоз бинмояд,

Намеойӣ суроғам ё зи ман, ҷонам, шудӣ безор.

Ба роҳат дидаам чору макун қалбам ғамин дигар,

Намеёбӣ чу ман дилдода дар рўйи замин дигар.

Ба як лабханди зебоят фидо созам ҳаётамро,

Канори мардуми нолоиқи беғам машин дигар.

МАВҶИГУЛ

Гули ман шоҳи гул, Мавҷигули ман,

Туӣ танҳо, туӣ меҳри дили ман.

Ту ишқи аввалину охири ман,

Гули зебо, гули раъно, гули ман.

Ту гул нейӣ, ту худ шоҳи гулонӣ,

Ниҳоли гул ба боғи ошиқонӣ.

Зи барги атргул нозуктар астӣ,

Валекин сангдил, номеҳрубонӣ.

Зи ман ту мегурезӣ, эй гули нор,

Шукуфтастӣ, харидори ту бисёр.

Намо раҳме, сари роҳат бигирам,

Чу ман дигар намеёбӣ вафодор.

ҲАФТ АХТАР

Узр хоҳам ман падарҷон, аз туву ҳам аз Худо,

Ногаҳонӣ дард додам қалби пурмеҳри туро.

Чун Худо бахшанда аст, бахшо ту ҳам фарзанди худ,

Як дуои неки ту хоҳам, маро бошад раво.

Ҳафт фарзанд ахтаронат гирди ту рахшон буданд,

Осмонат софу қалби ту ҳаме ором буд.

Шоми тори ноумедӣ кулбаат торик кард,

Нек фарзандат ба банд уфтоду аз ту дур шуд.

На, наменолам, падар, аз норавоии замон,

Аз ғами зиндону аз фанду фиреби нокасон.

Гирям аз он ғам, ки дардат додаам ман беҳисоб,

Қоматат хам шуд, падар, дар пеши хешу дўстон.

Кист он, ки сарнавишташро дигаргун сохтаст,

Ё зи тақдири азал бигрехт, ҳар кӣ банда аст?

Мард он аст, к-аз хатои худ бигирад дарси нек,

Ман хато кардам, ҳамедонам Худо бахшанда аст.

Гарчӣ дурам аз ту, меҳрат дар дилу ҷони ман аст,

Қадри ту наздам бузургу ёди ту ёди ман аст.

Фахр дорам вориси бобои Мусо мешавам,

Қиблагоҳо, номи покат фахри авлоди манн аст.

БЕВАФОӢ ТУ

Дарди маро давоӣ ту,

Ишқи маро сазоӣ ту.

Оҳи дилам намешнавӣ,

Золиму бевафоӣ ту.

Дар талаби меҳри туям,

Сўи дигар назар макун.

Ташнаи дидори туям,

Аз мани зор ҳазар макун.

Бе ту ҳаёт ҳаёт нест,

Умри маро нишот нест.

Fарқаи ашки ҳасратам,

Ту нестӣ наҷот нест.

О ба барам, ки хастаям,

Дида ба раҳ нишастаям.

Ташнаи туст Шаҳриёр,

Тавбаи дил шикастаам.

 

 

ПИСАР

Маро дода Худо фарзанди некрў,

Зи ў дурам, натонам дидани ў.

Писар ҳастӣ, давоми умрам ҳастӣ,

Ба дил уммедҳо дорам ман аз ту.

Ҳаме чашмам ба роҳи интизорӣ,

Шабу рўзам фақат бо беқарорӣ.

Писар, ту аз куҷо донӣ азобам,

Ки ҳоло кўдакӣ, парво надорӣ.

Ба дастам суратат наззора дорам,

Рабудӣ аз дилам сабру қарорам.

Ба хобастӣ, ба хоби ноз ҳастӣ,

Ду дида бар ту, ман бедорӣ дорам.

Хабар омад, хати озодии ман,

Ба як дунё нагунҷад шодии ман.

Равам пеши ту, фарзанди азизам,

Дигар як лаҳза инҷо ман наистам.

СЎЗИ МАН АСТ

Ин сўзи ман, сўзи ман аст,

Олам пур аз сўзи ман аст.

Дар ҳар қадам, дар ҳар нафас,

Ёдат ҷигарсўзи ман аст.

Бошад Худо, пешам шавӣ,

Як дам дар оғўшам шавӣ.

Дил метапад аз шодият,

Зеби бару дўшам шавӣ.

БАҲОРАМ РАФТ

Тирамоҳ омад, баҳорам рафт, рафт,

Фасли сабзу беғуборам рафт, рафт.

Зард шуд ранги рухам мисли хазон,

Барги сабзи рўзгорам рафт, рафт.

Навҷавоне бо қади боло будам,

Соҳиби молу зару коло будам.

Гарди пирӣ рехт бар мўи сарам,

Орзуи бисёрам рафт, рафт.

Хам шуда қомат маро мисли камон,

Нест аз он навҷавон акнун нишон.

Рўи ман ожанги пирӣ лона монд,

Хандаҳои беғуборам рафт, рафт.

Месароям ман кунун аз бандагӣ,

Нест дилгармӣ дигар дар зиндагӣ.

Хоб рафт аз чашму ку осудагӣ,

Меҳрубон бемордорам рафт, рафт.

ДИЛИ САДПОРААМ

Сўзиши шамъе бимонад сўзиши қалбам ниҳон,

Об гардад лаҳза-лаҳза андарунам ноаён.

Мефишорад синаамро дардҳои зиндагӣ,

Нобарориҳои умру ҳаҷри ёри меҳрубон.

Нестам танҳои дунё, гирди ман пуродам аст,

Офтобам нурфишону дар самоям ахтар аст.

Дурии ту нозанинам, ормони дидаам,

Мерабояд хоб аз чашму ҳаётам ахгар аст.

Надорам тоқати ғам, дурият бошад гарон,

Ашки чашмам тар намуда бистарамро ёри ҷон.

Сар ба болин гиряму дарди дилам пинҳон кунам,

То нагардад мотами ман ханда баҳри нокасон.

Нури ту танҳо кунад равшан даруни хонаам,

Косаи сабрам лаболаб гаштаву бечораам.

Раҳм бинмо як замон, андешаи ҷонам бикун,

Дар барам о, марҳаме шав бар дили садпораам.

НАФАҲМИДӢ ДИЛАМРО

Ба дил чун тухми меҳрат коштам ман,

Умед аз ҳосили ту доштам ман.

Ба бод додӣ ҳама шавқи диламро,

Ҳама ёде, ки бо худ доштам ман.

Нагаштам мубталои ҳусни волот,

Гирифтори ҳама абрўи зебот.

Шудам мафтуни дунёи дили ту,

Асири донишу ақлу суханҳот.

Рабудӣ пас умеду орзуро,

Хато кардӣ, нафаҳмидӣ диламро.

Бикардӣ хоки роҳат ишқи покам,

Намудӣ хаставу навмеди дунё.

Зи ман бигзаштию… бошӣ саломат,

Надорам бар ту ман кину адоват.

Худоё, то ҷаҳон бошад, ту бошӣ,

Ки дорам дўстат ман то қиёмат.

НОМА

Зи сўзи дил нависам достоне,

Ки монад баъди ман аз ман нишоне.

Барои ёри дилсанге нависам,

Намояд дурияш манро гаронӣ.

Замину осмон ҳайрони ман ҳаст,

Қалам дар дасти ман гирёни ман ҳаст.

Чаро сўзам зи баҳри он нигоре,

Ки майлаш сўи ағёрони ман ҳаст.

Зи ман рафтию рўзам гашт торик,

Ба гўшат кай расад имдоди ошиқ.

Ҷаҳонро тарк гўям аз ғами ту,

Намеёбӣ ба олам ишқи лоиқ.

ҶАҲОНГИРАМ ТУ БОШӢ

Ба ҳар дард одамиро ҳаст дармон,

Паси шоми сияҳ субҳе намоён.

Ба ҷўе, ки замоне хушк гаштаст,

Расад рўзе шавад обаш фаровон.

Фалак меозмояд гўӣ манро,

Ки донам қадри ёру хешу пайванд.

Чаро нолам зи сахтиҳои тақдир,

Ки дорам гавҳари носуда фарзанд.

Якеро бахту тахте дода Яздон,

Яке заҳмат кашад аз субҳ то шом.

Маро дода Худо фарзанди зирак,

Сарам дар арш аз ин гуна инъом.

Бихоҳам то ҷаҳон бошад, ту бошӣ,

Давоми умру тақдирам ту бошӣ.

Дуо гўям бароят то ки ҳастам,

Ҷаҳонгарду Ҷаҳонгирам ту бошӣ.

АХТАРИ МАН

Туро дар хоб дидам, духтари ман,

Калонак гаштаӣ, тоҷи сари ман.

Агарчанде надидам чанд вақтат,

Ҳамеша пеши рўӣ, ахтари ман.

Туро монанди ҷонам дўст дорам,

Ба дидорат, азизам, беқарорам.

Хабар омад, ки ту сўям биёӣ,

Надонам чун шабам бар рўз орам.

Пагоҳ наздам биёӣ, донаки ман,

Туро бинам, равад тобу таби ман.

Дар оғўшат гирам Матлубабону,

Ҳамин бошад ягона матлаби ман.

ЧАРХИ ФАЛАК

Чу манро андар ин дунё касе нест,

Ба дарди қалби манн фарёдрас кист?

Чаро аз ҳаҷри ёре нола созам,

Ки ўро заррае ғам дар дилаш нест.

Маро беш аз палосе қадр набвад,

Чу нав будам, ҳама хурсанд буданд.

Даме, ки кўҳнаву фарсуда гаштам,

Маро аз хонашон берун намуданд.

Ҳамин дунё, ки манро ронда кардаст,

Зи ҷамъи ошно бегона кардаст.

Замоне буд ҳама пайванди ман буд,

Кунун бингар маро пасмонда кардаст.

Вале чархи фалак якҷо наистад,

Гаҳе боло равад гоҳ зер истад.

Чу ман ҳоло ба поёнаш расидам,

Расад рўзе, ки ў боло фиристад.

ЗОДРЎЗ МУБОРАК!

Агарчӣ кунҷи зиндон ҷои мо шуд,

Агарчӣ интизорӣ бас гарон аст.

В-агар рўзону моҳҳо мисли сол аст,

Гузаштӣ умр он сон буд, ҳамон аст.

Бирафта моҳҳо моҳи ту омад,

Бародар рўзи мавлудат саромад.

Наӣ танҳо, ту ҳастӣ байни ёрон,

Махўр ғам, идат инҷо рост омад.

Туро ёрон муборакбод гўянд,

Бароят ҳазлу шўхиҳо намоянд.

Набошӣ хастадил аз қисмати худ,

Чу ёрон бо ту даври ҳам биоянд.

Чилу панҷсола Мақсад навҷавонӣ,

Туро бодо мунаввар зиндагонӣ.

Дуо созем, озодӣ бароӣ,

Ҳаётат шоду хуррам менамоӣ.

ХАЗОНРЕЗ

Ман ин бегоҳ сайри боғ рафтам,

Зи гулзори хаёлат гул бичидам.

Даруни боғ дар гирди фавора,

Ду ҷуфтеро ба ҳам печида дидам.

Ба ёдам омад айёми ҷавонӣ,

Замони баччагиву беғамиҳо.

Ману ту аз Ҳисор аз чашм пинҳон,

Душанбе омадем сайру тамошо.

Хунук буд он ҳавои тирамоҳон,

Ба зери пойҳо бонги хазоне.

Ду кас оғўши ҳам биншаста будем,

Ба мисли Маҷнуну Лайлии сонӣ.

Нашуд рози ману ту ҷовидонӣ,

Ҷудо шуд роҳи мо дар зиндагонӣ.

Зи тақдир буд ё аз дасти мардум,

Ҷавоби ин суол орад гаронӣ.

Ҳама ёд аст, ёди хушки холӣ,

Куҷо шуд ишқи даврони ҷавонӣ?

Хазонрез аст акнун пеши рўям,

Хазони умри манро ту бимонӣ.

FАМ БИГЗАРАД

Fам махўр ҷонам, ки ғам ҳам бигзарад,

Рўзҳои талх чун таб бигзарад.

Ҳеҷ дидӣ ту, ки шаб бо рўз ҷуфт,

Навбати рўз оядат, шаб бигзарад.

Офарида чун Худо мову туро,

Дон, ки бар мо ризқ ато фармудааст.

Бин, ки зери об моҳӣ зиндааст,

Пас туро ҳам бенасиб нанмудааст.

Фикри фарзандон ту кам кун дар дилат,

Ки нагардад рўи бистар ёварат.

Ҷаҳд кун, ки фикри дунё кам кунӣ,

Ҳарчӣ ояд бар сари мо, бигзарад.

ЁДАТ БА ХАЙР, ҶИГАРБАНД

Гарон шуд бори тобутат ҷигарбанд,

Гаронӣ мекунад марги ту фарзанд.

Танам месўзаду дил гашта пора,

Фалак манро ҷудо кард аз ту, дилбанд.

Кафангулгун шаҳид астӣ писарҷон,

Ба ёдат ашк резам, ашки сўзон.

Туро шому саҳар бар ёд орам,

Кай аз ёдам равӣ дил гирад ором.

Бирафтӣ навниҳоли гулнакарда,

Мани сарсахтро навмед карда.

Кунун ёдат диламро мефишорад,

Зи чашмам ашк резад ҳалқа-ҳалқа.

ҶОНИ ПАДАР

Ба Худо шукр кунам, шоми сияҳ поён аст,

Фараҳи субҳ кунун дар баданам дармон аст.

Дилам аз шавқ ба рақс омадааст, иншоллоҳ,

Ҷигарам, духтарам имрўз маро меҳмон аст.

Ту гули боғи манӣ, шамъи шабистони манӣ,

Моҳ бо ин ҳама нур аз рухи ту ҳайрон аст.

Чу ба лаҳни шакаринат сухан оғоз кунӣ,

Булбул аз шарм ба кунҷе зи назар пинҳон аст.

Гарчӣ аз ғам дили ман пора шуда, шукр кунам,

Хандаи беғаши ту қалби маро дармон аст.

Набувад ҳадя маро беҳ зи ту дар олам,

Ба раҳи омаданат ҷони падар қурбон аст.

ДИЛГИРАМ

Ман аз танҳоӣ дилгирам,

Бубин дар пой занҷирам.

Чаро раҳме надорӣ ту,

Биё наздам, ки мемирам.

Зи ман рафта хатоиҳо,

Бисўзам аз ҷудоиҳо.

Ба ёдат кай расад ёрат,

Намоӣ меҳрубониҳо?

Мани зиндониро, ҷонам,

Канори туст армонам.

Фироқи ту, висоли ту,

Рабуда сабр аз ҷонам.

Дилам хун шуд зи танҳоӣ,

Суроғи ман намеоӣ.

Туӣ оромии қалбам,

Аниси кунҷи танҳоӣ.

ПУШАЙМОН МЕШАВӢ

Fаму дарди ҷаҳонӣ гарчӣ зўр аст,

Агарчӣ одамӣ бас носабур аст.

Надорад тоқати гармову сармо,

Вале номусу нанг ўро зарур аст.

Агар мардӣ, манол аз бебарорӣ,

Зи худ нагзар ба вақти бурдборӣ.

Ту дасте гир, гар ҳастӣ забардаст,

Ки бо он меҳри Ҳақ бар даст орӣ.

Ба неъматҳои дунё шукр бигзор,

Наҷў бар дигарон асло ту озор.

Гузар аз нафс, меорад фалокат,

Раҳи дил рав, агарчӣ ҳаст душвор.

Ҳаёт-ин армуғон аз сўи Оллоҳ,

Мусалмон тўҳфаашро қадр бинмо.

Агар беҳуда умрат сарф кардӣ,

Пушаймон мешавӣ фарҷоми дунё.

ТЎҲФАИ НОЧИЗ

Ман ба ту ин байт инъом мекунам,

Созише бо сўзи ҳиҷрон мекунам.

Тўҳфаам ночиз, аммо қадр кун,

З-он, ки онро аз дилу ҷон мекунам.

Ту, азизам, буда дардамро даво,

Ман ба ту як умр бошам мубтало.

Мову ту ду чашми як рухсораем,

Дур не, аммо зи ҳамдигар ҷудо.

Ман зи Аллоҳ шукр дорам ҳар нафас,

Риштаи умрам Худо бо ту бубаст.

Аз ту ҳосил меваи дунё шудам,

Рўзу шаб дар дил маро шукрона аст.

Гарчӣ дурам аз ту, ман ёри туам,

Кунҷи маҳбас зори дидори туам.

Нест ғайри ту маро дар дил ҳавас,

Ман асиру ошиқи зори туам.

СЎХТӢ МОДАР

Сад дареғо, модари ҷон, сўхтӣ,

Дидаат бар роҳи фарзанд дўхтӣ.

Амри тақдир буд ё рўзгори талх,

Машъали ғам дар дилат афрўхтӣ.

Аз бароям кардӣ умри худ хазон,

Пир гаштӣ то намудиям калон.

Вақти он омад, ки чинӣ ҳосилат,

Бин, ки дурам аз туву дардам гарон.

Ёд орам меҳрубониҳои ту,

Лафзи неку чеҳраи хандони ту.

Он қадар ман дўст медорам туро,

Рўзу шаб дорам ғами дидори ту.

Бо дуоят, модаро, сабзидаам,

Бар ғаму дардам, вале пояндаам.

Гарчӣ дар бандам зи, ту дурам кунун,

Бо умеди рўзи дидан зиндаам.

МОҲПАРӢ

Суғдинигор Моҳпарӣ, дил мебарӣ, дил мебарӣ,

Ба як нигоҳи сарсарӣ, ҷонам аз ин тан мебарӣ?

Афсунгарӣ, ҷодугарӣ, ҳури самоӣ, ай парӣ,

Чашмам ба роҳат хира шуд, аз кўи мо кай бигзарӣ?

Ёдам биёмад рўи ту, ҷунбондани абрўи ту,

В-он хандаи дилҷўи ту, чун хониши кабки дарӣ.

Бо сад умеду орзу рўи раҳат истодаам,

Як бор аз рўи вафо хоҳам, ки сўям бингарӣ.

То кай зи худ дурам кунӣ, хорам кунӣ, зорам кунӣ,

Андар вафоят содиқам, беҳуда озорам кунӣ.

Ман ташнаи ишқи туям, фарёди қалбам мешунав,

Эй кош ойӣ дар барам, як лаҳзае шодам кунӣ.

ПАРАСТАМ

Парастам ман туро, ҷонам, ниҳонӣ,

Надонӣ, сўзи қалбамро надонӣ.

Висолатро зи Яздон назр хоҳам,

Ба наздам то абад хоҳам бимонӣ.

Гуноҳҳоям бибахшо, ҷони ширин,

Нахоҳам як замон бошӣ ту ғамгин.

Маро тақдири бад аз ту ҷудо кард,

Кунун бояд намоям сабру тамкин.

Фақат бо ту бигўям рози дилро,

Надорам ғайри ту ман маҳфилоро.

Худо шоҳид, туро ман дўст дорам,

Надорам ҷуз ту дилҷўе ба дунё.

Туро ман мепарастам, то ки ҳастам,

Ба бўи атри гесўи ту мастам.

Ту зан ҳастӣ, вале дунётаконӣ,

Ман он мардам, ки муштоқи ту ҳастам.

ИШҚИ РАФТА

Надорам шиква аз ту, ишқи дурам,

Зи тақдирам ба пеши Ҳақ бинолам.

Худоям роҳи мо аз ҳам ҷудо кард,

Кунун дур аз ту саршори азобам.

Fазал меофарам, инак, бароят,

Ба ёдам оварам он зулфу холат.

Ҳамон айёми неку боҳамиҳо,

Ки будам масту махмури ҷамолат.

Ба ёдам мерасад он шоми зебо,

Миёни об ба заврақ ҳарду танҳо.

Маро мехондӣ аз афсонаи ишқ,

Ҳамекардам зи бахти худ таманно.

Кунун ашк аст, ашк аз дида ҷорӣ,

Чӣ суд аз ин ҳама афғону зорӣ.

Ту донам пеши дигар ёр бошӣ,

Ба ёди худ маро дигар наорӣ.

Наям Fолиб, дигар ман Шаҳриёрам,

Нависам шеър, ғам аз дил барорам.

Надорам чорае бинам туро ман,

Ба по завлона дар зиндони торам.

Бароям рўи дунё буданат бас,

Чунин таннозу зебо буданат бас.

Гаҳе бар ёди ман бош, ишқи рафта,

Бароям чун таманно буданат бас.

ЭЙ МОҲЛИҚО

Эй Моҳлиқо, сарвқадам, доди Худоӣ,

Ман дар ғами ту сўхтаам, ёр, куҷоӣ?

Бо сад ҳавасе меҳри ту бинмуда ба дил ҷо,

Ҷабри ту кашидам, ба суроғам набиёӣ.

То кай зи ғамат сўзаму дил пора кунам ман,

Мемирам аз ин дард, бидонӣ ту давоӣ.

Гар лоиқи ишқи ту набошам мани мискин,

Пас шому саҳар аз чӣ ба хобам ту дароӣ.

Оҳи мани бечора ба афлок расидаст,

Нашнида садоям зи кадом раҳ гузароӣ.

Дил ташнаи васли ту шуда, моҳи шабафрўз,

Кай пора шавад абр, ҷамолат бинамоӣ.

Донам, ки зи баҳри мани бечора гузаштӣ,

Аммо чӣ илоҷест, зи ёдам набароӣ.

Умрам, ки шуда сарфи таманнои висолат,

Як умри дигар раҳ нигарам, то ту биёӣ.

ЧӢ МЕХОҲӢ

Дило, гар ки забон дорӣ, бигў аз ман чӣ мехоҳӣ,

Тапиданҳот шуд озори ҷон, аз ман чӣ мехоҳӣ?

Ба доми дилбари номеҳрубон ночор афтодам,

Ту гаштӣ моили номеҳрубон, аз ман чӣ мехоҳӣ?

Маро заҳри фироқи ёр кам-кам мекушад охир,

Аз ин ҷоне, ки меҳмон дар танам бошад, чӣ мехоҳӣ?

Ту умре майл дорӣ бар висоли дилбари зебо,

Валекин душманат зебосанам бошад, чӣ мехоҳӣ?

Ба ҳолам раҳм кун, аз хонаат берун ту камтар ой,

Набошад ҳамнишинат дилбарат, аз ман чӣ мехоҳӣ?

Ба тақдири илоҳӣ сабр бинмо дил, ки мемирам,

Бирафт ўву намекўбад дарат, аз ман чӣ мехоҳӣ?

Дило ҳар дам азобам медиҳӣ, ман нотавон гаштам,

Ба бистар сар ниҳодам бехабар, аз ман чӣ мехоҳӣ?

Зи ҷонам ман гузаштам, кай бароӣ ту зи баҳри ишқ?

Ба ту тан додам, эй дил, дигар аз ман чӣ мехоҳӣ?

БА ХОБАМ ОМАДӢ

Ту имшаб омадӣ бар хоби мастам,

Зи атри гесўят аз ҷой ҷастам.

Рабудӣ хоб, аз ғам гиря кардам,

Зи ҷуфти худ ҷудо, бемор ҳастам.

Дамид субҳи саҳар бедор бошам,

Ҳанўз дар ҳасрати дидор бошам.

Ту хуршеди саҳархез рўй бинмой,

Ки дар зулмоти ғам бемор бошам.

Даме, ки бо туам, дунёст зебо,

Диламро пур кунад шодӣ саропо.

Маро ишқи ту ҷони тоза бахшад,

Чу ман ошиқ намеёбӣ ба дунё.

Биё бар кулбаи зорам гузар кун,

Ба ҳоли ошиқи шайдо назар кун.

Зи ҳаҷри ту дили бемор дорам,

Давояш кун, зи бегона ҳазар кун.

Биё, ишқат маро якумра бошад,

Чу ман ошиқ дар ин дунё набошад.

Тасаллои ғамам танҳо ту ҳастӣ,

Маро бе ту ҷаҳон рўшан набошад.

ТАНҲО БИМИРАМ

Маро бигзор дар танҳоӣ мирам,

Ва ё умре сари танҳо нишинам.

Намеарзам ба дидори ту, ҷоно,

Намехоҳам азобатро бубинам.

Ҳаётатро хазон кардам, нигорам,

Ҷавоният абас рафтаст, донам.

Барои ман зи баҳри худ гузаштӣ,

Худам ҳам з-ин ғамон безори ҷонам.

На аз худ ман, зи тақдирам бинолам,

На ман ин сарнавишт эҷод кардам.

Паноҳат бар Худо гўям, нигоро,

Ки ман ғамҳои худ бар гўр бурдам.

КИСТ ОШИҚ?

Ошиқӣ як лаҳзаи шодиву дунёи ғам аст,

Кист ошиқ? -Мубталову дилшикаста одам аст.

Ноумедӣ, номуродӣ қисмати ошиқ бувад,

Ҳар нафас бо ғам қарину рўзу шомаш мотам аст.

Дарди зўре дарди ошиқ, ҷонгудозу бедаво,

Зиндагӣ бо ёди маъшуқ зикру афкори ман аст.

Кош бошӣ дар барам бар сўзи ман гардӣ даво,

К-ин ягона муддаои ин дили зори ман аст.

Ончунон талх аст дурии висолат нозанин,

Қалб хунин, дида пурнам, ёди ту ёди ман аст.

Гарчӣ месўзам чу шамъе дар табу тобам мудом,

Бо ҳама ранҷу азоб ишқи ту имдоди ман аст.

ҶУДОӢ

Накардам пешат, ай ҷонам, хатоӣ,

Чаро бо ман нигорам, норавоӣ?

Маҷў озори қалби хастаи ман,

Натонам зист аз ту дар ҷудоӣ.

Ба мулки худ чу як бегона будам,

Асиру бекасу бечора будам.

Ту кардӣ зинда ҷони мурдаамро,

Вагарна ман дар ин дунё набудам.

Ба васфат шеърҳое сохтам ман,

Ба дил нақши рухатро бофтам ман,

Сари танҳо дар ин танҳои зиндон,

Хаёлат ҳамнишинам ёфтам ман.

Чаро аз ман гурезӣ, эй ситамгар,

Ба қалбам мезанӣ ҳар лаҳза ханҷар.

Наҷў, ҷоно, ту озори диламро,

Ки мемирам, нахоҳам зист дигар.

ФАРОМЎШАМ МАКУН

Ман ин бегоҳ танҳоям,

Фақат маҳтоб ҳамроҳам.

Ту ҳастӣ ғамбарорам, дўст,

Бидонӣ маънии оҳам.

Фақат дар ёди ту бошам,

Накун, ҷўра, фаромўшам.

Зи дурият дилам сард аст,

Fами ҳиҷрон-т бар дўшам.

Биё наздам ба меҳмонӣ,

Ту гар қадри маро донӣ.

Фидоят мекунам ҷонам,

Магар инро намедонӣ?

Ману ту дўстӣ дорем,

Бародарвор мемонем.

Агар дунё равад аз даст,

Ба пеши ҳамдигар монем.

ИШҚИ НИҲОНӢ

Ба ёдам мерасад ишқи ниҳонӣ,

Хаёлан меравам сўи ҷавонӣ.

Даме, ки бори аввал бо ту будам,

Чу ман ошиқ набуд дар зиндагонӣ.

Гузашта рўзу шабҳои ҷавонӣ,

Хазон шуд навбаҳори зиндагонӣ.

Зи ту мондаст дар дил захми сўзон,

Туро монда писар аз ман нишонӣ.

Даме, ки дар хаёл ояд диёрам,

Туро бар ёди худ орам нигорам.

Нависам дарди дилро рўи коғаз,

Ки ў бошад шарики сўзу розам.

ЭЙ СИТАМГАР

Туро бо сад умеде ром кардам,

Диламро пеши ту ором кардам.

Набуд манро ба ҷуз ту ишқи дигар,

Ба меҳрат қалби худ чун ҷом кардам.

Паридӣ аз лаби бомам, кабўтар,

Рабудӣ ақлу ҳушамро ту аз сар.

На бо зўрӣ, на бо зорӣ, на бо зар,

Накардам ром қалбатро, ситамгар.

Бирафтӣ, дилрабоям, аз канорам,

Намудӣ пора қалби беқарорам.

Гирифторам, чаро хотир надорӣ,

Қарорам бурдаӣ, ман беқарорам.

Агар бошӣ канори ёри беҳтар,

Шавад рўзам сиёҳу хок бар сар.

Набошад бе ту майли ман ба дунё,

Нахоҳам зист дар танҳоӣ дигар.

НОУМЕДАМ

Мусибат яккаву танҳо наояд,

Ҳамеша ҳамраҳе бо худ биёрад.

Кунун чандест бо ғам ҳамнишинам,

Маро ку ёваре ғамҳо барорад?

Наменолам зи сахтиҳои дунё,

Зи макру ҳиллаву найрангу ғавғо.

Маро тақдири бад ғамдор карда,

Диламро мефишорад фикри фардо.

Ба зиндонам, асир афтодаам ман,

Парешонам, зи дунё мондаам ман.

Ҳама имдоди ман пеши ту бошад,

Fариби байни ғамҳо мондаам ман.

Сафедиҳо дамид дар тори мўям,

Намонда умр бисёре чӣ гўям?

Гузашт умрам ба нокомии дунё,

Дигар аз бахт дасти дил бишўям.

Маро шарм аст аз ёру бародар,

Зи фарзандону аз хешони дигар.

Намехоҳам ба ғайби ман бигўянд,

Аҷаб марде, надорад хонаву дар.

Мадад кун, ай Худо, аз ғам барорам,

Ба роҳи хештан роҳам бипайванд.

Намо манро ту соҳибхонаи худ,

Ки фардо тобутам аз он бароранд.

Хатоям авф кун, Парвардигорам,

Ҳамеша пеши ту ман саҷда орам.

Ту бошӣ дар тани ман қуввату ҷон,

Ба номи ту ба сахтӣ тоб дорам.

ШЕЪРҲО ПИНҲОН ШУДАНД

Ин саҳар бар сар намеояд сухан,

Шеърҳо аз ман куҷо пинҳон шуданд?

Ҷои нав, ёрони нав, дунёи нав,

Лек ғамҳоям ҳамон истодаанд.

Ёдам омад гиряҳои ҳамсарам,

Пеши қозӣ бо сари хам буданам.

Ин сари хам шарми кирдорам набуд,

Назди ту ман сар фуруд овардаам.

Ту, азизам, баҳри ман ҳастӣ ҷаҳон,

Балки мехоҳам ту бошӣ ҷовидон.

Ҷабрҳое, ки расонидам ба ту

Худ намехоҳам, ки орам бар забон.

Ҳукми манро хонд қозӣ: ҳашт сол,

Бесабаб дашном додӣ ту варо.

Қозии тақдири ман танҳо Худост,

Ҳукми ў танҳо раво бошад маро.

Муддате шуд ин, ки одат кардаам,

Ман наметарсам аз ин зиндону банд.

Тарси ман з-ояндаи тифлон бувад,

Дар миёни кўча танҳо мондаанд.

Бо гуноҳи ман, фиреби нокасон

Зиндагоният хазон шуд, ҷони ман,

Боз доим аз пайи кори манӣ

Бори андўҳат гарон шуд, ҷони ман.

Fам махўр, ин рўзи ғамҳо бигзарад,

Сабру тоқат меваи шаҳд оварад.

Гар ба ҳаққи мо зи номардон расид,

Ҷабри онҳоро Худованд офарад.

ВАСЛИ ТУ

Пеши долон шиштаам, чашмам ба роҳ,

Ашки ғам рухсораам тар мекунад.

Оҳ, мушкил дурии ту, моҳи ман,

Дил ба ёдат гиряҳо сар мекунад.

Бо ту рангин аст дунёи дилам,

З-ин ҳаёт аз ту бичидам ҳосилам.

Нури ту бошад чароғи манзилам,

Меҳри ту ҷонам мунаввар мекунад.

Дур бошӣ аз ману дунёи ман,

Кист ин дам бишнавад овои ман.

Ҷони ман, ту ҳамраҳи фардои ман,

Ҳаҷри ту ҷонам чу ахгар мекунад.

Шаҳриёр аст ошиқи шайдои ту,

Бандаи нозу қади волои ту.

Рўи олам аз ҳама зебоӣ ту,

Васли ту ҷонро муаттар мекунад.

ҶАВОНӢ РАФТ

Зи олам ман чӣ дидам ғайри ғам, чизе надидам ман,

Зи боғи зиндагонӣ меваи ширин начидам ман.

Ба номардони дунё некиву мардонагӣ кардам,

Вале теғе агар дидам, дареғ, аз пушт дидам ман.

Бикоридам зи меҳру аз муҳаббат дона дар дилҳо,

Ба вақти чидани ҳосил ниҳолам бесамар дидам.

Чӣ нолам з-ин ҳаёти рафта бо андўҳу пурҳасрат,

Ки андар умри кўтоҳам фақат хавфу хатар дидам.

На якбору дуборе рў ба рў афтодаам бо марг,

Раҳо гаштам зи марг, аммо басо заҳре чашидам ман.

Дареғо, дар суроғи рўзи нек умрам хазон кардам,

Ҷавонӣ рафту даврони ҷавониро надидам ман.

ДАР СЎГВОРИИ ФАРЗАНД

Ай навдаи тар, шикастаӣ маҷбурӣ,

Ай шаҳбачаи шаҳид паноҳи гўрӣ.

Оҳи падарат расид бар гўши фалак,

Хоби ту абад, надонӣ дарди дурӣ.

Бигзашт падар, бародарам нест дигар,

Дар гўшаи хок ҷо гирифта модар.

Шукрона намуда ғам фурў бурдам ман,

Ёрон, донед маро кушад доғи писар.

Шинам-шинаму рўи туро ёд кунам,

Он хандаи дилҷўи туро ёд кунам.

То ҳастаму чархи зиндагӣ гардон аст,

Имои ду абрўи туро ёд кунам.

Бигзаштӣ туву навбати мо ҳам бирасад,

Бошад, ки яке дида ба дидор расад.

Ҳоло, ки дуо кунам қабулаш бинмо,

Ҷуз пораи оят ба ту чизе нарасад.

НАЗАРЕ КУН

Ба сўи мо назаре кун, Худо назар дорад,

Зи кўи мо ту гузар кун, ки умр гузар дорад.

Дилам зи лонааш бурун шудааст, месўзад,

Ҳавои ишқи туро нозанин ба сар дорад.

Ба аҳди дода содиқам, зи ман магир қасам,

Дилам фидоии туст, то даме шарар дорад.

Ҳама накҳат зи гесўвони ту хоҳам бўид,

Ки тарҳи рўи нозукат зи гул хабар дорад.

Тарафи шаб ба кулбаам ту беибо бигзар,

Даме, ки чашми бадзабон хоби шаб дорад.

Паси ин парда бо ту то даме бигўям роз,

Ки нахли ишқу умед дар дилат самар орад.

ЁРИ МАНӢ

Баҳори сабзу гулафшон ту дар хазони манӣ,

Ба Худованд қасам, ишқи ҷовидони манӣ.

Туву ғами ту ба хўрдан адои умрам кард,

Давои дарди ману дарди беамони манӣ.

Чу нақши рўи ту зебо наофарид Худо,

Вале чӣ суд на зеби ҳарамсарои манӣ.

Ба роҳи меҳру вафо содиқат манам, чӣ кунам,

Шикаста аҳду вафо, ёри бевафои манӣ.

Дар канорам бинишин, рози ниҳонам бишнав,

Ту фиреби назару дур аз канори манӣ.

Кай шавад дар барам оиву бигўӣ бо меҳр,

Ашки ҳасрат марез, Шаҳриёр, ки ту ёри манӣ.

ОРЗУЯТ МЕКУНАМ

Меҳрубонам, ҷони ҷонам, ёди рўят мекунам,

Ҳар нафас, ҳар лаҳзае ман майли кўят мекунам.

Нест бе ёди ту манро зиндагӣ дар ин ҷаҳон,

Бахти беандоза, ҳар дам орзуят мекунам.

МАРГ БЕҲТАР АЗ ДУРИСТ

Зи танҳоиву аз дурии ту беҳтар маро марг аст,

Ба дунёи дилам бингар, нигоро, торику сард аст.

Маро ҳар лаҳза бо ёди ту будан бас гарон бошад,

Биё наздам ҳамебинӣ — саропоям кунун дард аст.

МОДАР

Ба лабат ханда, ба дил доғ ниҳон, модарҷон,

Бори андуҳи ту бас бори гарон, модарҷон.

Сўхтӣ дар ғами фарзанд, хамўш гирёнӣ,

Ашк созад ғами ботинат аён, модарҷон.

Сўзат аз дурии ман бошаду аммо чӣ кунам,

Ки замин сахту баланд аст самоям, модар.

Оразат пеши назар ояду дил пора шавад,

Эй дареғо, зи рухи пок ҷудоям, модар.

То накуном шавам, кардӣ ту Хушбахтам ном,

Аз азал аз паям овора бигаштӣ, модар.

Бин, ки Хушбахти ту бадбахти ҷаҳон шуд имрўз,

Ҳоли ман дидаву бечора бигаштӣ, модар.

Бахш манро, ки ба пеши ту гуноҳам зўр аст,

Бе дуои ту яке бахт надорам, модар.

Хотири шири сафедат, ки ҳаётам додаст,

Сари таъзим ба пеши ту гузорам, модар!

БИГЗОР МАРО

Бигзор маро зи дарду ғамҳо мирам,

Аз фанду фиреби зиндагӣ дилгирам.

Бигзар ту зи баҳри ман, малолам нашавад,

Ман марди асиру пой дар занҷирам.

Гирям на аз он ки дасткўтоҳам ман,

Шабҳо ҳама шаб зи ғусса бедорам ман.

Ин дидаи бехобу сиришки ҳасрат,

Хорист, ба пеши ҷумлагон хорам ман.

Аз дасти фалак ҷафо кашидам бисёр,

Умрам ҳама рафт, сол монда башумор,

Ҳайҳот зи даҳр панд баҳрам нарасид,

Навмедӣ маро хаста намуд охири кор.

Дилхаста шудам зи фикри рўзи фардо,

Гумроҳаму роҳи ростам нопайдо,

Гар даҳр гузашт аз баҳри ман, боке не,

Ман низ гузаштаам зи баҳри дунё.

ДУБАЙТИҲО

Дилам сард аст, бо ғам ҳамнишинам,

Ба кунҷи тор дар фикрат нишинам.

Надорад қалби пурдардам шарора,

Зи дасти ишқи ту гўшашинам.

Ба гулзоре нишастам байни гулҳо,

Туро, эй гул, нигаҳ дорам саропо.

Намедонам, ки аз боғи куҷоӣ,

Маро шав чорасози ин муаммо.

 

Замин сахту само болост, ёрам,

Фироқатро дигар тоқат надорам.

Гузаштам ман зи баҳри зиндагонӣ,

Маҷў манро дар ин дунё, нигорам.

 

Маро кардӣ фиреб, ай ёри беғам,

Сари шаб ваъда додӣ, ойӣ пешам.

Гузашта шаб, намози бомдод аст

Ҳанўзам ман раҳатро интизорам.

 

Ба чашмонат назар кардам, нигорам,

Бирафт аз даст қалби беқарорам.

Намесозам дигар сўят назора,

Зи чашми одамон ман тарс дорам.

 

Гурезӣ то ба кай аз ман, ситамгар,

Ба қалбам мезанӣ ҳар лаҳза ханҷар.

Худат донӣ, ки бе ту дар азобам,

Куҷо пинҳон шудӣ носуфта гавҳар?

 

Ба баҳри беканоре ғарқ танҳо,

Наҷотам дасти ту, Парвардигоро.

Ба киштии муродат ҷой бинмо,

Сафо бинмо, раҳо созам зи ғавғо.

 

Туро, ишқи туро бо ҷон харидам,

Зи сўзи ту суруде офаридам.

Намедонам, ки донӣ ё надонӣ,

Дар олам чун ту зебое надидам.

 

Фидоят мешавам, ёри ягона,

Намо камтар ба пеши ман баҳона.

Ман имшаб то саҳар бедор будам,

Намеоӣ чаро боре ба хона?

 

Ба чашмонат намудам ман назора,

Наметонам назар созам дубора.

Нигоҳи ту, адои ту дурўғ аст,

Диламро бо дурўғат кардӣ пора.

 

Нигорам, дилнишину дилрабоӣ,

Ба парвозӣ чу мурғони ҳавоӣ.

Агар оиву дар наздам нишинӣ,

Намоям ҷони худ баҳрат худоӣ.

 

Ба кўят меравам ман баҳри дидор,

Худам донам намеёбам туро, ёр.

Сари роҳат нишинам субҳ то шом,

Намеоӣ, зи ман гаштӣ ту безор.

 

Ба боғат сайр кардам, гул бичидам,

Садои форами булбул шунидам.

Ба гўшам гуфт булбул, ки дареғо,

Дар олам чун ту ошиқро надидам.

 

Рухат нозуктар аст аз барги гулҳо,

Ду чашми ҷодуят бурда дили мо.

Қадат чун навниҳоли боғи фирдавс,

Ба хушрўии худ дорӣ таманно.

 

Дилам хун шуд зи ғам, ёри ситамгар,

Надорам тоқати ҷабри ту дигар.

Гурезам аз ҷафоят гар бидонӣ,

Равам сўи нигори аз ту беҳтар.

 

Машав ғамгин ало ёри ҳамеша,

Дилам аз гиряҳоят ганда меша.

Даме, ки дурии ту ёдам ояд,

Замин аз зери поям канда меша.

РУБОИЁТ

Аз кўчаи мо гузар макун, ғам дорам,

Беморам ман, фикри ту дар сар дорам.

Гар мегузарӣ, нигаҳ макун ҷониби ман,

Сўзон ҷигару дидаи пурнам дорам.

Имрўз зи субҳ пеши ман рўи шумо,

Дар пеши назар мавҷ занад мўи шумо.

Дарди дили ман як нафас ором шавад,

Гар бўса занам аз лаби ширини шумо.

Likes:
0 0
Views:
192
Article Categories:
Умумӣ

Добавить комментарий