Умумӣ

Шеърҳо дар васфи Ватан

Тоҷикистон- мазҳари ман,
Cарзамини камзамин,
Ту саросар кӯҳсорӣ,
Ту саросар сангзорӣ,

Чунки фарзандони ту дар тули таърихи дароз
Ҳар куҷо рафтанд, муште хок бо худ бурдаанд.
Чунки фарзандони ту дар ҷустуҷӯи бахти худ
Дар биёбонҳои тафсон дур аз ту мурдаанд.

Ҳар куҷо рафтанд маҳҷуру ғариб
Аз фироқат ҷуфти онҳо нолаю андӯҳ шуд.
Ҷумла дар кӯи ғариби хок гаштанд эй дареғ,
Орзуҳошон дар ин ҷо санг басту кӯҳ шуд.

Ҳар куҷо рафтанд онон
Ё ба Макка ё Мадина,
Ё ба ғурбат, ё тиҷорат,
Ё гуреза аз хама тазвину кина,
Мушти хокатро ба киса ёдгорӣ бурдаанд.
То агар рӯзе бимиранд аз қазо,
Дар ғариби бекасу беошно
Хоки ту бошад нишони охирин…

********

Зикри дили ман ҳамеша номи ватанаст,
Авроди забони ман каломи ватан аст.
Ман восифи ишқи ватани маҳбубам,
Феҳристи китоби ман мароми ватан аст…

*********

Ватан бар ман азизи ҳамчуноне бар танам ҷонам,
Ба ҷуз нафъи ватан чизи дигарро ман намедонам.
Ба номат эй диёри бахт ин аст аҳду паймонам,
Тамоми ҳастиям пайваста бо ту эё Ватан ҷонам..

**********

Ватан сар мешавад з-огарди деҳқон,
Зи “майдо”-ҳои хирманбодгарҳо.
Ватан сар мешавад аз бурдаи нон,
Ки мо хурдем аз хони падарҳо.

Ватан – дилҷамъию озодии мост,
Ватан – хушбахтию ободии мост.
Ватан сар мешавад з-он остоне,
Ки бар дунёи равшан по ниҳодем.

Ватан сар мешавад з-он пардабоме,
Ки парвозӣ шудему пар кушодем.
Ватан – имрӯзи мо, ояндаи мост,
Паноҳи мурдаи мо, зиндаи мост.

*********

Ватан сар мешавад аз гоҳвора,
Зи шири поку аз пистони модар.
Ватан сар мешавад аз он тавора,
Ки онро сохта дастони модар.
Ватан беҳбудию беҳрӯзии мост,
Ватан хушномию фирӯзии мост.

Leave a Reply