Умумӣ

Шахс ва ҷомеа

Мундариҷа

Шахс: мафҳум, сохтор ва навъҳои он
Омилҳои ташаккулёбии шахс
Навъҳои иҷтимоии шахс
Мақом ва нақши иҷтимоии шахс
Масъалаи иҷтимоишавии шахс
Талаботҳои шахс: моҳият, таснифот ва консепсияҳо

Шахс: мафҳум, сохтор ва навъҳои он
Масъалаи шахс, мақом ва нақши он дар ҳаёти иҷтимоӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷўҳи мутафаккирони ҳама давру замонҳо ва назарияҳои мухталифи сотсиологӣ қарор дошт ва дорад. Шахс предмети тадқиқоти сотсиологӣ мебошад.Ҳангоме, ки дар бораи мафҳуми шахс фикр намоем, пеш аз ҳама ҳастии иҷтимоии ўро дар назар дорем. Шахсияти инсон дар ҷамъият ташаккул меёбад. Маҷмўи сифатҳои ҷамъиятӣ, гурўҳӣ ва синфии инсонро тавассути мафҳуми шахс ифода менамояд. Барои инсон аз ҷумлаи сифатҳои муайянкунанда ва аҳамиятнок ин сифатҳои иҷтимоияш мебошад. Пеш аз он, ки ў фаъол, эҷодкор ва ҳамчун субъекти иҷтимоӣ баромада намояд, бояд ба муносибатҳои иҷтимоӣ ворид гардад ва ба ҳаёти иҷтимоӣ мутобиқ шавад.
Дар адабиётҳои илмӣ ба мафҳумҳое вохўрдан мумкин аст, ки ҳамчун ҳаммаъно (синоним) – и мафҳуми «шахс» истифода мешаванд, мисли мафҳумҳои «одам», «фард» ва «фардият», аммо агар ба ин мафҳумҳо ҷиддитар диққат диҳем, бо баъзе хусусиятҳояшон мазмунан аз ҳам фарқ менамоянд.
Мафҳуми «фард» бошад ифодагари одами мушаххас, алоҳида ва «хишти аввали бинои инсонӣ» мебошад. Худи калимаи фард («индивид») аз калимаи лотини individ – «тақсимнопазир», «ниҳоӣ» гирифта шудааст, ки маънои ҷузъи ниҳоии бани башар ва мавҷуди томи тақсимнопазирро дорад. «Мафҳуми «фард» инсонро ҳамчун намояндаи алоҳидаи ин ё он умумияти иҷтимоӣ ифода менамояд» . Инсон ҳамчун фард ба дунё меояд, маҳсули инкишофи дурударози эволютсионӣ аст.
Мафҳуми «фардият» бошад маҷмўи хусусиятҳои фарқкунандаи як фард аз фарди дигар буда, аз ҷиҳати равонӣ, биологӣ ва иҷтимоӣ тафовути фардҳои ҷамъиятиро нишон медиҳад. Мафҳуми «фардият» барои нишон додани фарқияти як фард аз фарди дигар, аз ҷумла ҳам фарқияти биологӣ ва ҳам фарқияти иҷтимоӣ истифода бурда мешавад.
Мафҳуми «шахс» (ҳаммаънои калимаи юнонии «личина» ва калимаи русии «личность» ) дар аввал ба маъноҳои гуногун фаҳмида мешуд. Масалан, дар театрҳои бостонии Юнон «личина» гуфта ниқоберо меномиданд, ки ҳунарпешаҳо дар рўй кашида, дар саҳна нақшеро иҷро мекарданд, яъне дар ҷамъияти Юнони бостон мафҳуми «шахс» дар полисҳо (шаҳр ва давлатҳо) ба маънои имрўза истифода намешуд. Агар ин маъниро чуқур таҳлил намоем, пас «шахс» ниқобест, ки аз сифатҳои иҷтимоӣ сохта шудааст ва шахс ба руй намуда, ба муносибатҳои иҷтимоӣ дохил мегардад ва бо тадриҷ ба ин ниқоб одат намуда, онро ба наслҳои оянда мерос мегузорад.
Шахс новобаста аз назарияҳои гуногуни фаҳмиши он низоми сифатҳои иҷтимоии инсон аст, яъне инсон ҳамчун шахс тавлид намешавад. Он натиҷаи иҷтимоигардии инсон, тарбия, таълими мунтазами мавҷуди бошуур аст.
Дар илми сотсиология «зери мафҳуми шахс низоми томи сифатҳои иҷтимоии инсоне фаҳмида мешавад, ки ҳамчун субъекти муносибатҳо ва фаъолияти иҷтимоӣ» баромад менамояд. Сифатҳои иҷтимоии шахс аз маҷмўи унсурҳои муайян таркиб ёфтаанд. Ба унсурҳои таркибии сифатҳои иҷтимоӣ пеш аз ҳама дохил мешавад: мақсади фаъолияти шахс, нақш ва мақоми иҷтимоии шахс, меъёрҳо ва арзишҳои шахс, низоми қонунҳое, ки ў истифода мебарад, донишҳо, сатҳи маълумотнокӣ, хусусиятҳо ва сифатҳои иҷтимоӣ – психологӣ, фаъолнокӣ ва сатҳи мустақилияти шахс ҳангоми ҳалли ин ё он масъалаи муҳими ҳаётӣ ва баровардани қарорҳо, касбу ихтисос, созандагию эҷодкории шахс ва амсоли ин.
Ҳангоме, ки кўдак таваллуд мегардад, ў «шахс» нест, дар ў ҳанўз сифатҳои иҷтимоӣ пайдо нашудааст, зеро ба муносибат ва фаъолияти иҷтимоӣ имкони дохил гаштан надорад. Барои он, ки фард ба дараҷаи шахсият расад, нахуст бояд марҳилаҳои иҷтимоишавии ибтидоиро гузарад. Аммо барои ташаккулёбии шахс омилҳою шароитҳои муайяни иҷтимоӣ, мисли муҳити мусоиди иҷтимоӣ, биологӣ ва фарҳангӣ амри ногузир аст. Дар навбати худ ҳар як шахс ҷаҳони ботинии хос дошта, ба як қатор сифату хусусиятҳояшон аз ҳам тафовут доранд ва ин сифату хусусиятҳо сохтори шахсро ташкил медиҳанд.

Омилҳои ташаккулёбии шахс
Ташаккули шахс раванди мураккаб ва фосиладоре буда, ба як қатор омилҳои объективӣ ва субъективӣ вобастагӣ дорад. Сотсиологҳо нисбати ин масъала низ андешаҳои мухталиф доранд. Баъзе аз сотсиологҳо андеша доранд, ки ҳамаи фардҳо ба дараҷаи камолот мерасанд, аммо барои ҳар яке вақтҳои гуногун лозим аст. Дигар сотсиологҳо ба ин фикранд, ки фард дар вақти муайян ташаккул меёбад. Дар ҳар як давраи умр инсон танҳо сифатҳои муайянро соҳиб мешавад. Агар дар ин давра бо сабабе ин ё он сифатҳои иҷтимоиро аз худ накунад, дигар то охири умр аз ин сифатҳо маҳрум мегардад. Гурўҳи сеюми сотсиологҳо чунин мешуморанд, ки ҳамаи одамон ба дараҷаи камолот мерасанд, агар дар раванди ташаккулёби бо сабабе ягон марҳиларо аз даст диҳанд, дар синнусоли баъдина онро аз нав аз худ карда метавонанд.
Сотсиологи рус Фролов С.С. омилҳои инкишофи шахсро ба тариқи зайл нишон додаст:
* Омилҳои биологӣ (ворисияти биологӣ)
* Муҳити табиӣ (мавзеи зист, иқлим, захираҳои табиӣ ва ғайра)
* Таҷрибаи гурўҳӣ ва таҷрибаи фардӣ, ки тавассути иҷтимоишавӣ ба вуҷуд меоянд.
Имрўз аксарияти сотсиологҳо ба ин андешаанд, ки инсон ҳамчун шахс таваллуд намешавад, балки ба шахс табдил меёбад. Аммо то ҳол ақидае ҷой дорад, ки мувофиқи он сифатҳои шахсӣ ба таври меросӣ аз як шахс ба шахси дигар мегузарад. Оила, гузаштагон ва генҳо муайян мекунанд, ки инсон ҳамчун шахси бузург, ҷинояткор ё нодону беқобилият, сарватманд ё қашшоқ ба воя расад. Нисбати ин масъала назарияҳои мухталифи сотсиологӣ ва психологӣ вуҷуд доранд. Яке аз онҳо назарияи «Евгеника» мебошад.
Мувофиқи назарияи евгеника сифатҳои иҷтимоии инсон аз насл ба насли дигар мегузаранд. Қобилият, тавоноӣ, симои зоҳирӣ ва дигар сифатҳои иҷтимоиро инсон тавассути генҳо аз волиданашон соҳиб мешавад. Шахсе, ки волиданашон генҳои нерўманд надорад ба вуҷуди талошҳои шабонарўзӣ қобилият ва тавоноии хешро инкишоф дода наметавонад. Махсусан, ин назария то ибтидои асри XX дар афкори омма ҳукумрон буд ва айни замон низ бисёри аз одамон ин ақидаро қабул доранд. Аз ин сабаб, дар ҷомеа никоҳи эндогамӣ (никоҳ дар доираи табақа, қавм, авлод ва миллат) маъмул гашта буд. Табақаҳои доро ва шахсони бонуфуз кўшиш менамуданд, ки фарзандони хешро дар доираи нуфуз ва табақаи хеш оиладор намоянд. Онҳо одамони қашшоқ, нодор ва бенаворо нодону беқобилият шумурда, онҳоро ба табақа ва мақоми болотар роҳ намедоданд.
Дар нимаи авали асри ХХ исбот намуданд, ки инсон ба таври табиӣ ва автоматӣ нобиға таваллуд намегардад. Барои ташаккулёбии шахс пеш аз ҳама муҳити иҷтимоӣ ва маданияте, ки дар он ҷо шахс таваллуд шудааст, нақши асосиро мебозад. Албатта, дар ташаккули шахсият омилҳои биологӣ низ назаррас аст, онҳо ба ташаккули шахс таъсир мерасонанд, аммо ин нуқтаи назарро ба ҳадди мутлақ расонидан мумкин нест. Дуруст аст, ки баъзе аз сифатҳои шахсӣ ва нишонаҳои зоҳирӣ аз насл ба насл мегузаранд, аммо пурра ташаккули шахсиятро таъмин наменамоянд. Омилҳои биологӣ ё меросияти биологӣ ҳамчун замина (фундаменти) – и инкишофи шахс хизмат менамоянд. Инсон ва ҷамъият ҷузъи табиатанд. Инсон мавҷуди биологӣ низ ҳаст, бо дигар мавҷуди дигар хусусиятҳои зиёди монанд дорад ва хоҳу нохоҳ ба қонунҳои табиат итоат менамояд. Инсон мавҷуди табиӣ аст, бадан, хун ва майнаи сари онҳо ба табиат тааллуқ доранд ва ҳеҷ гоҳ аз табиат озод буда наметавонад. аммо инсон дар зинаи олии инкишофи мавҷудоти зинда қарор гирифтааст. Аз ин рў, дар ташаккули қобилият,эҳсосот, рафтор ва амали инсон нақши омилҳои табиӣ ва иҷтимоӣ (сиёсӣ) нақши асосиро мебозанд. Ҳарчанд муайянкунандаи тарзи ҳаёт ва роҳи зиндагии инсон омилҳои иҷтимоӣ ҳастанд, аммо инсон сифатҳои биологиашро на танҳо барои таъминоти ҳастӣ ва зинда мондан, балки барои муоширати маънавӣ ва худамалнамоии фарҳангӣ низ истифода мебарад. Ҳар як кўдаки навтавлидшуда майнаи сар ва олоти сухангўӣ (забон) дорад, аммо сухан гуфтан ва фикр карданро танҳо дар ҷамъият меомўзад. Маҳз аз сабаби ягонагӣ ва вобастагии сифатҳои биологию иҷтимоӣ инсонро мавҷуди ҳам биологӣ ва ҳам иҷтимоӣ меноманд.
Масъалае дигаре, ки дар доираи ин мавзўъ матраҳ мешавад, ин масъалаи нобиғаҳо ё ба ибораи маъруф «гениҳо» мебошад.
Аз ҳама муҳим нобиғаҳо шахсони маъруф, қобилиятнок, боистеъдод ва соҳибкасбу соҳибҳунаре мебошанд, ки дар соҳаи фаъолияти худ пешсаф буда, касби худро на танҳо ба пуррагӣ медонанд, балки бо навовариҳо тарзи тафаккури омма, афкори мардумро нисбати ин ё он масъала тағйир дода, дар ин соҳа инқилобро ба вуҷуд меоранд. Барои мисол, ихтирои самолёт ё компютер дар ҷамъият тағйиротҳои куллиро ба вуҷуд оварда, ҷамъиятро садсолаҳо пеш бурд.
Ҷонибдорони назарияи «евгеника» ва дигар назарияҳои ба ин монанд низ нобиғаҳоро маҳсули ирсияти биологӣ номидаанд. Аммо нобиғаҳое ҳастанд, ки дар оилаҳои камбағал ба воя расида, волидони онҳо дар ҳеҷ касаба бартарӣ надоштаанд. Дар ҳаёт низ ба нобиғаҳое дучор омадан мумкин аст, ки ҳаёти хуби иқтисодӣ надоранд, аммо дар ҷомеа ба воситаи кошифию ихтироъкориҳояшон тағйиротҳои куллиро ворид намуда метавонанд.
Муайян шудааст, ки аз байни 3 – 10 хазор одам як нафар нобиға мебаромадааст. Нобиғагӣ зуҳуроти олии тавоноӣ ва қобилияти инсон аст. Нобиғаҳо аз хурди қобилияти хуби зеҳнӣ, тавоноӣ ва бартарияти хешро нишон медиҳанд. Масалан, сардафтари адабиёти форсу тоҷик Рўдакӣ аз 8 – солагӣ қобилияти шеъргўӣ доштааст, Синои бузург дар синни 18 – солагӣ амири Сомониёнро шифо бахшида, ҳамчун табиби ҳозиқ дар ҷаҳон маъруф гардида буд. Ё ин ки ассосгузори илми сотсиология О. Конт аз 20 – солагӣ ҳамчун файласуфи замони худ этироф гашта буд. Математик ва файласуфи франсуз Рене Декард дар синни 17 солагӣ системаи координатии хешро кор карда баромадааст. Философ ва математики бузурги франсуз Жак Даламбар дар синни 4 – солагӣ хонда ва навишта метавонистааст ва дар синни 23 – солагӣ узви Академия шудааст.
Равияи дигаре, ки ҷонибдорони он нақши омилҳои биологиро дар ташаккули шахс ниҳоят муҳим ва бартаринок мешуморанд, ин сотсиобиология мебошад. Сотсиобиологҳо монандии аз ҳад зиёди рафтори инсон ва ҳайвонро эътироф менамоянд. Аввалин маротиба истилоҳи «сотсиобиология» – ро донишманди амрикоӣ О. Уилсон истифода намудааст. Сотсиобиологҳо барои тавсифи фаъолияти иҷтимоӣ аз принсипҳои биологӣ истифода мебаранд. Ҷонибдорони назарияи сотсиобиология пешниҳод мекунанд, ки омилҳои генетикӣ ба рафтори одамон таъсири зиёд мерасонанд. Онҳо бисёре аз намудҳои рафтор – аз ғазаб то ғамхориро бо сабабияти генетикӣ пойбанд медонанд. Сотсиобиологи машҳур О. Уилсон (1975) ба ин андеша аст, ки генҳо ва гормонҳо ба рафтори мо таъсир расонида, онро бармеангезонад. Бисёре аз ҷанбаҳои ҳаёти мо сабаби генетикӣ доранд. Мисол, бисёре аз намудҳои ҳайвонот ҷуфт – ҷуфт зиндагӣ карда, насли худро ба воя мерасонанд. Ё ҷинси нарина асосан хўрокаро ҷамъ намуда, нисбат ба ҷинси модина ҳаҷман калон, нерўманд ва ҳукумрон аст. Дар раванди таҳавуллоти дурудароз рафтори генетикии мо ташаккул ёфта, хусусиятҳои иҷтимоиро касб намудааст. Ҳатто рафтори хайрхоҳона ва ғамхоронаи одамонро сотсиобиологҳо генетикӣ меҳисобанд. Ҳайвонҳо нисбати насли худ ғамхорӣ ва онро муҳофизат менамояд ва ҳатто барои наҷоти насл худро қурбон месозанд. Ба андешаи О. Уилсон, хусусияти биологии табиати инсонӣ дар баробари дигар омилҳо инсонро ба истеъмоли хўрокҳои гуногун, ташкил додани сохтори ҳокимият, комил намудан нақшҳо ва муҳофизати ҳудуд водор месозанд.
Масъалаи дигаре, ки таваҷҷўҳи сотсиологҳоро ҷалб намудааст – ин дар рафтори инсон ҷой доштан ё надоштани инстинкт (ғариза) мебошад. Дар сотсиология ва биология зери мафҳуми «инстинкт» низоми рафтори мураккабу генетики инсон фаҳмида мешавад. Он дар шакли рафтори қаблан аз ҷиҳати генетикӣ ба барномаи муайян даровардашудаи бешуурона зоҳир мегардад. Кўдаки навтавлидшуда тавассути инстинкт аз модар шир мехурад ё ҳангоми афтидан чизеро доштан мехоҳад. Ҳар яке аз ин вокунишҳо барои зинда мондан кўмак мерасонанд. Ҳамаи одамон талабот ба хўрок, алоқаи шаҳвонӣ ва амният доранд, аммо маданиятҳои гуногун шаклҳои мухталифи қонеънамоии онҳоро муқаррар намудааанд ва дар ин ҳолат омилҳои фарҳангӣ бештар ба назар мерасанд. Илова ба ин, одамон имкониятҳои мухталифи фурунишонӣ ва бартарафнамоию таҳаммулпазирии талаботҳои биологии худро доранд, ки дар ҳайвонот ба мушоҳида намерасад. Масалан, рўзагирӣ, то охири умр даст кашидан аз алоқаи шаҳвонӣ ё аз никоҳ ва ғ. Ҳамаи мавҷуди зинда барои зиндамонӣ талош доранд, аммо одамон қодир ҳастанд ба ин ғариза муқобил бароянд, мисли ҳаёти худро ба хатар гузошта ба намудҳои хатарноки фаъолият, варзиш машғул шаванд ва ҳатто худкушӣ намоянд.
Равияи дигаре, ки дар он кўшиши шарҳ додани омилҳои рафтори инсонӣ ба мушоҳида мерасад, бихевиоризм ном гирифтааст. Назарияи бихевиористии шахс дар асоси идеяҳои донишмандони машҳур И. П. Павлов, Ҷ. Б. Уотсона, Э. Л. Ва Торндайк пайдо шудааст. Намояндагони машҳури ин равия Э. К. Толмен, Э. Р. Гутри, К. Л. Халл, Р. Скиннер, Н. Е. Миллер, Ҷ. Доллард ва дигарон мебошанд. Дар бихевиоризм шароитҳои ташаккул, устуворгардӣ ва азбайнравии одатҳо, малака ва намунаи рафтор омўхта мешаванд. Мувофиқи равияи бихевиоризм, ташаккулёбии шахс ҳамчун омўухтани намудҳои як рафтор ва пахшу хомўш гаштани дигар намуди рафторҳо фаҳмида мешавад. «Консепсии бихевиористӣ бештар ба мушоҳидаи бевоситаи рафтори одамон таваҷҷўҳ намудааст ва ба тадқиқи бевоситаи байни фардҳо маҳдуд гаштааст. Мувофиқи ин консепсия амалу рафтори як фард ҳамчун ангезае барои рафтори ҷавобии фарди дигар баромад менамояд. Чунин консепсия танҳо имкон медиҳад, ки раванди таъсири мутақобиларо ба таври зоҳирӣ тасвир намоем».
Дар баробари таъсири омилҳои табиӣ ва биологӣ омилҳои иҷтимоӣ дар ташаккули шахс нақши калидиро мебозанд. Махсусан, таҷрибаи гуруҳӣ ва фардӣ аз муҳимтарин омилҳои рушди шахсият ба ҳисоб мераванд, ки аз ҷониби фард тавассути иҷтимоишавӣ омўхта мешаванд. Дар мавриди мазмуни раванди «иҷтимоишавӣ» дар параграфи дигар муфассалтар сухан хоҳем гўфт.

 Навъҳои иҷтимоии шахс
Сифатҳои такроршавандаи иҷтимоии шахс, ки аз ин ё он умумияти иҷтимоӣ бармеояд, тавассути мафҳуми «навъи иҷтимоии шахс” ифода меёбанд. Фардҳои иҷтимоӣ вобаста ба ихтисос, касб, арзиш, ҷаҳонбинӣ ва дигар сифатҳои иҷтимоии худ аз ҳам тафовут доранд. Ин фарқиятҳо ё сифатҳои алоҳидаи иҷтимоӣ бо мафҳуми «навъҳои иҷтимоии шахс» ифода намудан мумкин аст, ҳарчанд ягон шахс пурра ба чаҳорчўбаи навъи муайяни иҷтимоӣ мувофиқат намекунад, ҳар як шахс сифати иҷтимоии худро дорад ва ба ин васила ба дигарон монанд нест. Дар асоси вазъи якхелаи объективӣ вобаста аз сохтори иҷтимоии маданият, тарзи тафаккур, худшиносӣ ва амалу рафтори алоҳидаи фардҳо навъҳои гуногуни шахс ба вуҷуд меоянд.
Дар сотсиологияи муосир вобаста ба арзишҳои иҷтимоӣ чунин навъҳои шахсро ҷудо менамоянд:
1. Анъанагароён – асосан шахсоне мебошанд, ки қонунҳо ва урфу анъанаҳоро ҷиддӣ риоя ва иҷро менамоянд, тартиботу ўҳдадориҳоро ба инобат мегиранд, кўшиши навоварӣ, худвоқеъгардонӣ ва мустақилият дар онҳо кам дида мешавад;
2. Идеалистҳо ба меъёрҳои анъанавӣ муносибати танқидона доранд ва барои худинкишофдиҳӣ талоши беандоза менамоянд;
3. Навъи фрустрированного шахс, ки худбаҳодиҳии паст доранд ва худро ҳамеша бегона ҳис менамоянд;
4. Реалистҳо барои худвоқеъгардонӣ ва худинкишофдиҳӣ кўшиш менамоянд, ба воқеият дуруст ва обективона баҳо медиҳанд ва рафтори хешро дуруст ба роҳ монда, хешро назорат менамоянд.
5. Материалистони гедонист (лаззатгаро) пеш аз ҳама барои лаззатгароӣ талош менамоянд ва тамоми талаботҳои истеъмолии ҳаёташонро қонеъ гардонидан мехоҳанд. 2
Р. Мертон дар асоси муносибат ба мақсадҳои одамон ва воситаҳои қонеъгардонии онҳо чунин навъҳои шахсро ҷудо намудааст:
1. Конформист – мақсадҳои фарҳангӣ ва воситаҳои дастраснамоии онҳоро, ки ҷомеа эътироф менамояд, қабул намудааст;
2. Навовар – кўшиш менамояд, мақсадҳои фарҳангиро тавассути роҳҳои ғайриқобили қабул ба даст биорад;
3. Анъанагаро – воситаҳои институтсиониро қабул дорад, аммо мақсадҳои фарҳангиро рад менамояд;
4. Ҷудошуда – аз анъанаҳои фарҳангӣ ва алоқаҳои институтсионалӣ берун мондааст;
5. Исёнгар – аз мақсад ва воситаҳои қабулшуда берун мебарояд, меъёру арзишҳо ва воситаҳои нави бадастоварии онҳоро кор карда мебарояд.
Р. Парк навъи маргиналии шахсро номбар намудааст. Рафтори шахси маргинал дар доираи низоми арзишҳои иҷтимоӣ намеғунҷад ва ҳатто ба низоми нави ташаккулёбанда созгор нест. Ин шахс якбора дар ду ҷаҳон зиндагӣ мекунад, аммо дар ҳеҷ кадоми аз онҳо пурра мутобиқ шуда наметавонад. Зуд объекти мувофиқи манипулятсияи сиёсӣ табдил меёбад ва ба рафтори зидди иҷтимоӣ рў оварда, ба ғазаб меояд ё баръакс, ба бепарвоӣ (апатия) мубтало мегардад.
Вобаста ба шакли фаъолият чунин намудҳои шахсро аз ҳам фарқ менамоянд:
* Шахси фаъол – ҷаҳон, муҳити иҳотанамуда ва худро тағйир медиҳад;
* Мутафаккирон – шахсони эъҷодкор ва созанда;
* Мухлис ва пайрави эҳсост, зебогӣ ва ҳиссиёт – намояндагони санъат;
* Инсондўстон ва фидоиён – шахсони бузург, шинохта фа фидоии миллат.
Дар сотсиалогияи муосири Ғарб навъҳои зерини шахсият махсус қайд гардидаанд:
* Шахси истеъмолкунанда – одамоне ҳастанд, ки асосан мақсадашон фароғат ва истироҳат буда, табиати эгоистӣ (худхоҳӣ) доранд;
* Шахсияти конформист – ин гуна одамон хушомадгў ҳастанд ва ба ҳама гуна вазъияти тағйирёбанда мутобиқ мегарданд. Ба ташкилоти бюрократии ҷомеа ҳам роҳ меёбанд, масалан, роҳбар иваз мешавад ва корманди конформист зуд бо ин роҳбари нав забон меёбад.
* Шахсияти нонконформист – шахсиятҳои принсипнок, адолатҷў боистеъдод ва ба нерўи худ боварӣ дорад, озодиро меписандад. Фармонфармоиро қабул надорад.
* Шахсияти манфиатҷў ва мансабхоҳ – ҳамеша аз рўи манфиат кор мекунанд ва пайваста аз паи ба даст овардани мансаб мебошад.
* Шахсияти динӣ – одамоне, ки ба дину маҳабҳо эътиқоти ҷиддӣ доранд ва ҳамеша тарзи зиндагии худро ба меъёрҳои динӣ мувофиқ гардонидан мехоҳанд;
* Шахсоне, ки манфиатҳои ҷомеаро аз манфиатҳои шахсӣ боло гузошта, барои ҷомеа ва гулгулшукуфии он талош менамоянд. Ба ин типи шахс пеш аз ҳама олимон, кормандони маданият, кормандони сиёсӣ, кормандони ҳарбӣ, шахсиятҳои таърихӣ, мисли Ленин, Маркс, Сталин, Нютон, Эйнштейн, Айнӣ ва диг. дохил мегарданд;
* Шахсоне, ки ба саҳибкории бовиҷдона машғул ҳастанд, фоидаи зиёд ба даст меоранд ва тайёр ҳастанд барои гулгулшукуфонии ҷомеа кўмак расонанд;
* Шахсоне доираи маҳдуди касбу кор машғуланд ва бештар барои оила ва фарзандони худ меҳнат мекунанд, аммо дар лаҳзаҳои зарурӣ барои манфиати ҷомеа низ мубориза мебаранд;
* Шахсоне, ки дар фикри даромад ва лаззати худ ҳастанд, нисбати тақдири одамон ва ҷомеа бетарафиро ишғол мекунанд;
* Шахсони паразит – шахсоне, ки аз ҳисоби дигарон рўз мегузаронанд, мисли мансабдорони порахўр, тоҷирони фиребгар, намояндагони олами ҷиноӣ.
Фаҳмидани навъҳои шахс ба мо имкон медиҳанд, ки муносибатамонро ба олами атроф дуруст ба роҳ монем.

 Мақом ва нақши иҷтимоии шахс
Рафтору амали як инсон аз инсони дигар фарқ менамояд. Илова ба ин ҳар як инсон дар ҷомеа ҷой ва мақоми гуногунро ишғол менамояд. Масалан, мард метавонад падар, шавҳар, муаллим, олим ва роҳбари ҳизб бошад. Ҳар яке аз ин мавқеи иҷтимоӣ, ки ба ҳуқуқу ўҳдадориҳои муайян алоқаманданд, статуси иҷтимоӣ номида мешавад.
Дар сўҳбатҳои ҳаррўза истилоҳи “статус” – ро барои ифодаи мавқеи фард, ҳолати иқтисодӣ, нуфуз ва мартабаи иҷтимоии инсон истифода мебаранд. Калимаи «статус» аз забони лотинӣ ба илми сотсиология ворид шудааст. Дар Рими қадим мафҳуми «статус» вазъ ва ҳолати ҳуқуқии шахс ифода менамуд. Дар охири асри XIX донишмандон ба ин мафҳум маънии нав доданд ва онро барои ифодаи мақоми иҷтимоии шахс дар ҷомеа истифода намуданд. Мақоми иҷтимоӣ тавсифнома, касбу ихтисос, ҳолати иқтисодӣ, имкониятҳои сиёсӣ ва хусусиятҳои демографии инсонро фаро мегирад. Дар илми сотсиология зери мафҳуми «статус» мавқеи иҷтимоии фардро дар доираи гурўҳ ё ҷомеа меноманд, ки ба ҳуқуқу ўҳдадориҳои муайян алоқамандии зич дорад. Маҳз бо воситаи статусҳо мо худро дар сохтори иҷтимоӣ бо якдигар монанд намудан мехоҳем.
Солҳои 30 – уми асри ХХ антрополог ва сотсиологи амрикоӣ Ралф Линтон ин масъаларо ҳаматарафа омўхта, ба хулосае меояд, ки шахс статусро дар ихтиёр дошта метавонад, аммо нақшро бояд иҷро намояд. Агар статус мақоми инсонро дар ҷомеа муайян намояд, пас нақши иҷтимоӣ тарз, роҳ ва ё модели рафтори шахсро нишон медиҳад. Ин назари Р. Линтонро бузургтарин сотсиологҳои ҷаҳонӣ, мисли Н. Смелзер, Т. Маршал, М. Хагопян ва дигарон ҷонибдорӣ намудаанд.
Ҳамин тариқ, статуси иҷтимоӣ зуҳуроти мураккаби бисёртаркиба буда, унсурҳои асосии онро мақом, мартаба, дараҷа ва маҷмўи ҳуқуқу ўҳдадориҳо ташкил медиҳад.
Чи хеле, ки қаблан гуфта гузаштем, шахс якбора соҳиби статусҳои зиёди иҷтимоӣ аст. Дар миёнаи XX сотсиологи амрикоӣ Р. Мертон барои ифодаи статусҳои иҷтимоии шахс мафҳуми «набор (маҷмўъ) – и статусӣ» – ро истифода намуд. «Набори статусӣ» маҷмўи ҳамаи статусҳои иҷтимоиро меноманд, ки ба як фард тааллуқ дорад. Маслан, зан якбора ҳам модар, ҳамсар, муллима, аъзои ҳизб, интихобкунанда, хоҳар ва ғ. шуда метавонад. Маҷмўи статусии ҳар як инсон фардӣ, такрорнашаванда ва беназир аст.
Дар илми сотсиология «статуси ба шахс тааллуқдошта» – ро аз «статуси бадастомада» фарқ менамоянд. Ин мафҳумҳоро аввалин маротиба соли 1936 сотсиолог ва антропологи амрикоӣ Ральф Линтон истифода намудааст.
Статусҳоеро, ки аз лаҳзаи таваллуд ва ба таври меросӣ шахс ба даст меорад, статуси ба шахс тааллуқдошта (навишташуда ё меросӣ) меноманд. «Баъзе аз статусҳо аз таваллуд ба шахс тааллуқ дорад. Масалан, инсони пусти сиёҳ аз лаҳзаи таваллуд шуданаш статуси зангиро ба худ мегирад. Илова ба ин статус ба ҷинс, баромади этникӣ, ҷойи таваллуд ва насаби оила вобастагӣ дорад. Чунин статусҳоро статуси ба шахс тааллуқдошта меноманд» . Статуси ба шахс тааллуқдошта (навишташуда ё меросӣ) дар зери назорати мо нест, аз табиат (ҷинс, нажод, синнусол) ва ё аз институти мерос (монархияи сиёсӣ, эшону сайидзодаҳо, унвони дворянӣ) вобастагӣ дорад. Ҳарчанд ҷомеа ба статуси биологӣ низ аҳамияти иҷтимоӣ дода, ба он таъсир расонида истодааст. Мисол, дар бисёре аз давлатҳо ҳуқуқи зану мардро баробар гузоштаанд, бо вуҷуди он, ки сифатҳои гуногуни иҷтимоӣ доранд. Дар натиҷа ҷинси биологӣ аҳамияти иҷтимоӣ пайдо намудааст, мисли масъалаҳои гендерӣ ва феменизм (нақшҳои иҷтимоии зану мард дар ҷомеа ва оила) имрўз дар илми сотсиология мавзўи марказист.
Статуси бадастовардашударо шахс таввассути мубориза, талошҳо ва рақобатҳои шадид соҳиб мешавад. Ин статусҳоро шахс аз ҷомеа тавассути ҳунар, кўшишу талош, қобилияту тавоноӣ ва кордонию ихтисосмандӣ ба даст меорад. Аксарияти статусҳоро инсон дар давоми зиндагиаш соҳиб мешавад, мисли профессор, духтур, ронанда, бомж, дузд, муаллим ва ғ. Статусҳои бадастомада зери назорати инсон аст, зеро онҳоро тавассути интихоб ва кўшишҳои шахсӣ соҳиб гардидааст.
Бо пешрафти ҷомеа ва мураккаб гаштани сохтори ҷомеа статусҳои иҷтимои афзуда истода, дар баробари ин озодии интихоби статусҳо аз ҷониби шахс меафзояд. Дар ин гуна ҷомеаҳо статусҳои бадастомадашуда низ зиёд мегардад. Ҳатто имрўз баъзе аз афроди ҷомеа ҳуқуқи даст кашидан аз статуси падарӣ ва шавҳарӣ, модарию ҳамсариро доранд, ҳол он ки дар ҷомеаи анъанавӣ озодии интихоби статус маҳдудтар аст.
Ҳолатҳое ҷой дорад, ки ду ва зиёда статуси як шахс ба ҳам мувофиқ наомада, ба зиддият дучор мегарданд. Дар ин ҳолат ба ҷаҳони ботинии шахс таъсири харобиовар расонида, ҳамоҳангии статусии шахсро вайрон мекунад. Аввалин шуда мувофиқ наомадани статусҳоро дар миёнаҳои асри гузашта сотсиологҳои амрикоӣ Л. Уорнер, Л. Срол ва Л. Брум мавриди таҳқиқ қарор додаанд. Номувофиқати статусҳо боиси ноқаноатмандии шахсӣ, низоъҳои иҷтимоӣ, пайдоиши рўҳияи пессимистӣ ва шиддати иҷтимоӣ мегарданд. Дар ин ҳолат шахс ба ҳама кор қодир буда, ҳатто аз ў ҷиноятро интизор шудан мумкин аст. Яке аз сабабҳои ба ҳизбу гурўҳҳо, мазҳабу ҳаракатҳо ва иттиҳодияҳои терористию экстремистӣ ҳамроҳ шудани шаҳрвандон низ ҳамин мебошад. Аз сабаби номувофиқии статусҳо баъзе аз шахсон ба бунбасти ҳаётӣ ва роҳи сарбаста гирифтор гардидаанд, ки онҳоро бо истилоҳи сотсиологӣ «маргинал» меноманд. Маргинал шахсест, ки аз як синфу табақа ва маданият маҳрум шуда, ба дигараш ҳанўз ворид нагардидааст ва ба ибори дигар «дар ду дунё» зиндагӣ менамояд.
Статус (мақом) – и иҷтимоӣ ва нақши иҷтимоӣ ду тарфи як зуҳуроти иҷтимоӣ ба ҳисоб мераванд. Маълум аст, ки мо статусро дар ихтиёр дорем ва нақшро иҷро менамоем. Агар статус ин мақоми шахс дар ҷомеа бошад, пас, нақш модели рафтори мувофиқ ба мақоми иҷтимоии шахс аст. Ба андешаи Р. Линтон ҳангоме, ки ҳуқуқу ўҳдадориҳои ба статус (мақом) – и муайян тааллуқдошта воқеӣ мегарданд, фард нақшро иҷро менамояд. Нақши иҷтимоӣ барои амали намудани ҳуқуқу ўҳдадориҳои аз статус (мақом) – и муайян бароянда нигаронида шудааст . Сотсиологи амрикоӣ Н. Смелзер рафтори чашмдошти ба статус (мақом) – и инсон мувофиқро нақш номидааст.
Мафҳуми «нақш» аз соҳаи тетр гирифта шудааст. Одамон дар ҷамъият чи хеле, ки хоҳанд рафтор содир намуда наметавонанд. Онҳо ба он меъёрҳое, ки ба нақшҳои иҷтимоияшон мувофиқ аст, бояд тобеъ бошанд. Вақте, ки мо муаллим мегўем, қаблан медонем, ки чи гуна рафторро бояд аз ў интизор шуд ва ў бояд чи кореро ба анҷом расонад, яъне бо назардошти нақши иҷтимоияш рафтори ў қаблан пешгўишаванда аст. Намояндагони ин он нақш кўшиш менамоянд вобаста ба статус (мақом) – и худ амалу рафтор содир намоянд. Шекспири бузург менависад: «Ҳамаи ин ҷаҳон театр аст ва мо одамон ҳунарпешаҳои он ҳастем, ҳар кас дар ин саҳна нақшҳои зиёдро меофарад».
Дар ҳақиқат, инсон ин маҷмўи нақшҳост, мисли нақши модар, падар, муаллим, донишҷў ва ғайра. Вобаста ба вазъият ва шароит мо аз иҷрои як нақш ба нақши дигар мегузарем. Як нақшро дурудароз иҷро меннамоем, нақши дигар бошад дар муддати кўтоҳ ба анҷом мерасад. Иҷрои як нақш барои мо мушкилие эҷод намекунад, аммо иҷрои дигар нақш моро ба саргардониҳои зиёд гирифтор менамояд. Ҳар як инсон дар ҷамъият нақшҳои зиёдеро ба анҷом мерасонад. Нақшҳои иҷтимоӣ барои одамон муайянанд, вақте одамон онро аз худ менамоянд, аз пайи иҷроиши он мегарданд. Маҳз бо ин васила дар ҷомеа тартиботу ҳамдигарфаҳмӣ вуҷуд дорад. «Нақшҳои иҷтимоӣ имконият медиҳанд, ки маҷмўи амсилаҳои рафтор идора карда шаванд»
Агар статус аз маҷмўи ҳуқуқу ўҳдадориҳо таркиб ёфта бошад, пас нақши иҷтимоӣ аз амали иҷтимоӣ, меъёрҳои иҷтимоӣ ва интизориҳои иҷтимоӣ таркиб ёфтааст. Миёни статус ва нақш интизориҳои одамон ҷой гирифтааст. Танҳо ҳамон рафторе, ки мувофиқи интизориҳо ба статус (мақом) – и муайян мувофиқ меояд, нақш номида мешавад. Аз муаллим хонандаҳо рафтори муайяншударо интизоранд, мисли дониш додан, назорат ба аз болои тартибот, ба саволҳои хонандагон посухи дуруст додан ва гузоштани баҳо. Мо аз духтур табобатро интизорем, на варзиш ё сурудро. Ҳатто худи шахс ҳангоми иҷрои нақш аз меъёрҳои муқарраршуда берун барояд, худро ноҳинҷор эҳсос менамояд. Пас аз иҷрои нақш мо аз дигарон баҳои сазоворро интизор мешавем. Интизориҳои чашмдошти мардум ҳангоми иҷроиши нақши муайян барои мо ҳамчун меъёр баромад менамояд. Интизориҳои нақшӣ аз ду унсур таркиб ёфтааст: амалнамоӣ ва сифат. Аз духтур на танҳо табобат, балки чунин сифатҳо, мисли покизагӣ, дили пок ва таҳаммулу поквиҷдониро интизоранд. Нақш ҳамчун вокунишест ба интизориҳои одамон.
Қабули нақшҳо метавонад ихтиёрӣ, ихтиёрӣ – маҷбурӣ ва маҷбурӣ сурат гирад. Қабули нақши донишҷў ва ё муаллим ихтиёрӣ сурат мегирад, аммо қабули нақши талбандагӣ ва ё аробакашӣ дар зери фишори вазъият амалӣ мегардад, аммо ин ҷо розиигии шахс низ вуҷуд дорад, пас, қабули ин нақшҳо ихтиёрӣ – маҷбурист. Нақши маҳбус, қашшоқ ё сағира маҷбурист. Ҳар як шахс нақши худро ба таври хос, вобаста ба маҳорату ҷаҳонбинӣ ва таҷрибаи фардии хеш иҷро менамояд. Атрофиён аз иҷрокунандагони нақш рафтори ба меъёрҳои он нақш мувофиқро интизоранд. Ба шахсоне, ки ин интизориҳоро вайрон мекунанд, ҷазоҳои гуногунро арзонӣ медоранд, масалан бо ў сухан намегўянд,
Ҳар чи қадаре, ки мо бо хоҳиши худ нақшро иҷро намоем, ҳамон қадар он нақш статус (мақом) – и баланд дорад ва ҳар чи қадаре, ки нақшҳои мо маҷбурӣ ба души мо бор карда шавад, ҳамон қадар ин нақшҳо статус (мақом) – и паст доранд. Баъзе аз нақшҳои иҷтимоӣ, мисли роҳгузар, мизоҷ, харидор, аъзои иттифоқи касаба ва амсоли инҳо барои шахс он қадар аҳамиянок ва муҳим нестанд. Будан ва набудани ин нақшҳоро шахс он қадар эҳсос наменамояд. Аммо баръакс баъзе аз нақшҳои иҷтимоӣ, махсусан нақшҳое, ки ба статус (мақом) – и асосии шахс алоқаманданд, як бахши асосии «Ман» – и шахсӣ ба ҳисоб мераванд. Аз даст додани ин гуна нақшҳо барои инсон як фоҷиа буда, шахсро ба бегонашавӣ ва харобшавбурда мерасонанд. Мард соҳиби оила, роҳбар ва хўронандаи оила ба ҳисоб меравад. Ин нақшҳои худро шахс тавассути кор ва музди меҳнат нигоҳ медорад. Аз даст додани ҷойи кор ва дар баробари он музди меҳнат барои мард як фоҷиа ва бадбахтии калон аст.
Шахс аҳёнан ба хоҳиши худ ин ё он нақшро ба ўҳда мегирад. Ин ё он нақши иҷтимоӣ дар натиҷаи шароити муайян, талаботҳои иҷтимоӣ ва ё хусусиятҳои таҳсилот ба ўҳдаи шахс меафтад, зеро шахс ҳамеша мехоҳад иҷрои нақшҳои бехатар ва манфиатоварро ба ўҳда гирад, аммо вазъият, тарзи рафтор, ихтисос ва қобилияту истеъдод дар қабулнамоии нақшҳо таъсири хешро мерасонанд. Дар раванди иҷтимоишавӣ кўдак он сифатҳоеро аз худ менамояд, ки барои иҷро намудани нақшҳои иҷтимоӣ ниҳояд муҳиманд.
Мо дар бораи маҷмўи статусҳо, ки Роберт Мертон ин мафҳумро ба илм ворид намудааст, сухан гуфтем. Ин мафҳум маҷмўи ҳамаи статусҳои дар ихтиёри шахс мавҷудбударо ифода менамояд. Роберт Мертон мафҳуми дигареро, ки ба маҷмўи статусӣ (мақомӣ) алоқаманд аст, ба илм ворид намудааст ва он ҳам «маҷмўи нақшҳо» ном дорад. Маҷмўи нақшҳо нақшҳои зиёди шахсро фаро мегирад, ки ба як статус алоқаманданд, ба ибораи дигар ин мафҳумро низоми нақшҳои иҷтимоӣ номидан мумкин аст. Ҳар як статус аз як қатор нақшҳо таркиб ёфтааст. Ҳолате, ки ба зарурати қонеъгардонии талаботҳои ду ва зиёда нақшҳо алоқаманд аст, низои нақшӣ номида мешавад. Ин гуна вазъият бештар хоси ҷомеаҳои муташаккили пешрафтаи саноатӣ аст, ки дар он ҳар як инсон нақшҳои ниҳоят зиёди иҷтимоиро иҷро менамояд.
Низои нақшӣ ҳангоме сар мезанад, ки фард якбора ба талаботҳои зиддиятноки ду ва зиёда нақшҳои иҷтимоӣ рў ба рў мегардад. Низои нақшӣ ҳангоми гузариши шахс аз як табақа, гурўҳ ва синф ба табақа, гурўҳ ва синфи дигар ба миён омада метавонад, ки дар ин маврид шахс мехоҳад муносибатҳои пештараи худро бо аъзоёни оила ва наздикони худ нигоҳ дорад. Ҳолатҳое мешавад, ки дар байни ҷанбаҳои гуногуни дохилии ҳамон як нақш низои нақши руй медиҳад.
Роберт Мертон сотсиологи амрикоӣ андеша дорад, ки якчанд роҳи бартарафнамоии низои нақшҳои иҷтимоӣ вуҷуд доранд. Яке аз ин роҳҳо ин аст, ки баъзеҳо як қисми нақшҳои иҷтимоиро ниҳоят муҳим ва қисми дигарро дуввуминдараҷа мешуморанд. Дар ҷомеаи мо одат шудааст, ки нақшҳои оилавӣ ва ҷойи корро аввалиндараҷа шуморанд. Махсусан, дар оилаҳои тоҷик ҳангоми зарурати интихоби нақшҳои иҷтимоӣ ҳатман нақшҳои оилавиро дар дараҷаи аввал мегузоранд. Азбаски оила ва ҷойи кор барои ҳар яки мо аҳамияти аввалиндараҷа доранд, низоъҳои нақшие, ки дар байни онҳо сар мезананд, зуд ба чашм намудор мешаванд ва сабабҳои сар зар задани онҳоро мо зуд ошкор намуда метавонем. Аксарияти одамон тавассути ҷудо намудани нақшҳои оилавӣ аз нақшҳои ҷойи кор низоъҳои байни онҳоро бартараф менамоянд. Дар ҳолати иҷрои нақшҳои иҷтимоӣ роҳ додан ба камбудиҳои ҷиддӣ низ низои нақшии оилавиро ба вуҷуд меорад. Зиддиятҳои талаботҳо, ки ба ҳамон як нақши иҷтимоӣ тааллуқ доранд, сабаби шиддати нақшӣ мегарданд. Тағйир ёфтани нақшҳои пешина ва пайдоиши нақшҳои нав дар маҷмуи нақшии ҳамсарон шиддат ва зиддиятҳои нақширо ба вуҷуд меоранд. Риоя нагаштани яке аз меъёрҳо ё қоидаҳои танзимсозандаи нақшҳои иҷтимоӣ ба шиддати нақшӣ оварда мерасонад. «Шиддати нақшӣ ин ҳолатест, ки шахс ба талаботҳои зиддиятноки нақшҳои иҷтимоӣ ру ба рў мегардад ва иҷро намудани ин нақшҳои иҷтимоӣ барои шахс ниҳоят мушкил мешавад» .
Статус метавонад як нақши худро аз даст диҳад ва ба ҷойи он нақши дигарро аз худ намояд. «Ду нақши мухталифро бо як маҳорати том иҷро намудан ғайриимкон аст. Тоҷирзан дигар соҳибхоназани хуб шуда наметавонад, ҳатто пурра аз ўҳдаи иҷрои вазифаи модарии худ намебарояд».

Масъалаи иҷтимоишавии шахс
Муайян шудааст, ки инсон новобаста аз хоҳишҳои худ берун аз ҷомеа ва озод аз он зиндагӣ карда наметавонад. Ба ин хотир инсонро мавҷуди иҷтимоӣ арзёбӣ менамоянд. Раванди бошуургардӣ ва иҷтимоӣ гаштани инсон натиҷаи иҷтимоишавӣ ва ҷараёни омўзиш аст. Иҷтимоишавӣ танҳо хоси инсон аст. Ҳарчанд рафтори дар назари аввал муташаккилона, тақсимоти меҳнат, ғамхорӣ ба насл, ҳифзи ҷиддии ҳудуд ва дигар сифатҳои ба ҷомеа хос дар мавҷудоти бешуури зинда ба мушоҳида мерасад, аммо ин ҳама ба таври ғаризавӣ сурат мегиранд, ба амали бошууронаву эҷодкорона ҳеҷ гуна робита надоранд. Ғаризаи биологӣ аз лаҳзаи таваллуд ба таври генетикӣ дар мавҷудоти бешуури зинда дида мешавад ва он барномаи биологии амалу ҳаракати ҳашароту ҳайвонот баромад менамояд. Ғариза (инстинкт) барномаест, ки қаблан таҳрезӣ шудааст ва чаҳорчўбаест, ки аз он берун ва мустақилона мавҷудоти бешшури зинда рафтори озоде содир намуда наметавонанд.
Собит гардидааст, ки «чи қадаре организм мураккаб бошад, ҳамон қадар мутобиқшавии он ба муҳити атроф дуру дароз давом менамояд…, табиат барои мутобиқшавии навзодҳо ба муҳит як давраи муайянро ҷудо намудааст, ки онро тифлӣ ё кўдакӣ меноманд. Ин давра дар паррандагон як мавсим, дар палангу, филу маймунҳо якчанд сол идома меёбад. Ҳар чи қадаре, ки зинаи намудҳо олӣ бошад, ҳамон қадар марҳилаи мутобиқшавӣ идома меёбад…
То кадом дараҷае мавҷудот оддию содда бошад, дар он ғариза ҳамон қадар зиёд аст. Тамоми ҳаракати нонхуракҳо ғаризавӣ аст. Дар филҳо ва гургҳо нисбатан ғариза каме камтар аст ва зиёдтар рафтори худро аз волидонашон аз худ менамоянд. Дар маймунҳо боз ғариза камтар мушоҳида мешавад. Инсон 80% – и рафторашро аз ҷамъият меомўзад. Ҳар чи қадаре, ки рафтори ғаризавӣ зиёд бошад, ҳамон қадар нақшу таъсири волидон кам мегардад».
Инсоният барои азхуднамоии арзишу меъёрҳои иҷтимоӣ вақти зиёдеро талаб менамояд, зеро инсон на танҳо дар кўдакӣ, балки дар наврасию ҷавонӣ раванди омўзишро давом медиҳад. Аз ин рў, инсон ба ҳама гуна шароит қобилияти мутобиқшавӣ дорад ва ба муносибатҳои мураккаби иҷтимоӣ ворид мегардад. Барои ин сифатҳоро касб кардан бояд инсон раванди иҷтимоишавиро гузарад, зеро инсон нисбат ба дигар мавҷудоти зинда оҷиз таваллуд мешавад ва ниёз ба дастгирӣ ва ғамхорӣ дорад.
Аз ин ҷо метавон хулоса баровард, ки иҷтимоишавӣ қабл аз ҳама раванди азхуднамоии меъёрҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва нақшҳои иҷтимоӣ мебошад, ки тамоми умр давом менамояд. Маҳз иҷтимоишавӣ ба мо ошкор месозад, ки инсон чи гуна роҳи дурударози чандмиллионсолаи эволютсияи биологӣ ва чандҳазорсолаи таҳаввулоти фарҳангиро дар як муддати кўтоҳ тай намуда, аз мавҷуди оддии биологӣ ба мавҷуди нерўманди иҷтимоӣ табдил меёбад.
Сифатҳои шахсӣ маҳсули ҷомеа, муносибатҳои иҷтимоӣ, раванди коммуникатсия ва натиҷаи иҷтимоишавӣ мебошад. Таъсири ҷомеа ба фард ва ба шахс табдил додани ў дар илми сотсиология – иҷтимоигардӣ (сотсиализатсия) ном гирифтааст. Ба илмҳои гуманитарӣ мафҳуми «сотсиализатсия» аз илми иқтисоди сиёсӣ ворид шудааст, ки барои ифодаи воситаҳои истеҳсолот дар амалияи иҷтимоӣ истифода мешуд. Аввалин маротиба мафҳуми «сотсиализатсия» – ро сотсиологи амрикоӣ Ф. Г. Гиддингс соли 1887 дар асараш «Назарияи сотсиализатсия» барои ифодаи инкишофи табиати иҷтимоӣ ва тайёр намудани инсон ба ҳаёти иҷтимоӣ мавриди истифода қарор додаст.
Иҷтимоишавӣ «сотсиализатсия» раванди азхудамоии маданият (меъёрҳо, арзишҳо, идея, қоида, рафтор ва стереотипҳо (муқаррарот) – и ҳукумрони ҷомеаро меноманд. Иҷтимоишавӣ «сотсиализатсия» гуфта ҷараёни ба ҳамтаъсирасонии иҷтимоиро менамонд, ки дар раванди он одамон донишҳо, назарҳо, присипҳо ва қоидаи рафтори ҳаётан муҳими ҷомеаро аз худ мекунанд.
Сотсиологи машҳури англис Э. Гидденс раванди иҷтимоишавии шахсро чунин тасвир намудааст: «Иҷтимоишавӣ равандест, ки навзоди оҷиз ботадриҷ мавҷуди бошуури худшинос табдил меёбад, ба моҳияти маданияте, ки дар он таваллуд шудааст, сарфаҳм меравад. Иҷтимоишавӣ кадом як навъи «барномасозии фарҳангӣ» нест, ки кўдак пассивона онро қабул намояд, балки аз давраҳои аввали таваллуд ниёзҳо ва талаботҳоро ҳис менамояд ва дар навбати худ ба рафтори он одамоне, ки ба ў ғамхорӣ менамоянд, таъсир мерасонад».
Иҷтимоишавӣ ҳеҷ гоҳ ба охир намерасад ва дар тамоми ҳаёти фард давом менамояд. Аз ҳама марҳилаи нозуки иҷтимоишавии шахс давраи кўдакӣ мебошад, ки барои ба калонсоли расидан бояд ба арзишҳои тағйрёбандаи иҷтимоӣ ва ҳангоми гузариши аз як муҳити иҷтимоӣ ба дигар муҳити иҷтимоӣ (ивазшавии статус, никоҳ, аз қишлоқ ба шаҳр кўчидан ё баръакс, тағйири ҷои кор ва доираи муошират) ба нақшаҳои нав (падарӣ, роҳбарӣ, шавҳар, модар ва ғ). мутобиқ гардад. Аз ин рў, П. Бергер ва Т. Лукман ду намуди иҷтимоишавиро қайд менамоянд:
• Иҷтимоишавии ибтидоӣ, ки шахс аз синну соли кўдаки берун баромада, аъзои комилҳуқуқи ҷомеа мегардад;
• Иҷтимоишавии дуюмдараҷа – тамоми давраҳои дигари иҷтимоишавӣ, ки шахс ба сохторҳои нави иҷтимоӣ мутобиқ мегардад.
Аз ин гуфтаҳо метавон хулоса баровард, ки барои ҳар як инсон иҷтимоишавии ибтидоӣ чун боду ҳаво зарур аст. Агар бо сабабе дар кўдаки шахс раванди муътадили иҷтимоишавиро нагузарад, дигар ҳеҷ гоҳ ў ба иҷтимоишавии дуюмдараҷа намерасад. Минбаъд ҷуброн кардани иҷтимоишавии даврони кўдакӣ аз имкон берун нест. Пас, муҳити иҷтимоӣ, омилҳои биологӣ, ҷуғрофӣ ва иқлим барои иҷтимоишавии инсон нақши бузургеро мебозад. Ба ҷараёни иҷтимоишавӣ муҳити табиӣ ва ҷараёни коммуникатсия таъсири бузург мерасонад. Коммуникатсия – ин ҷараёнест, ки ба воситаи он одамон ба якдигар иттилоот, идея, фикр ва ҳолати рўҳониашонро интиқол медиҳанд.
Ҷараёни иҷтимоишавӣ бетанаффус буда, то охири умр давом менамояд. Ҳамаи одамон дар рафти зиндагии хеш ва инкишофи шахсияташ марҳилаҳои кўдакӣ, наврасӣ, ҷавонӣ, камолот, пиронсолӣ ва маргро аз сар мегузаронад. Чи хеле, ки қаблан гуфта гузаштем иҷтимоишавии шахс аз лаҳзаи таваллуд оғоз шуда, дар синни 3 – солагӣ кўдак ба «ман» – и шахсӣ сарфаҳм меравад. Бисёре аз кўдакон дар синни 6 – солагӣ якчанд нақши иҷтимоиро дар якборагӣ ба иҷро мерасонанд ва дар муассисаҳои таълимӣ ботадриҷ ақлу ҷаҳонбинии кўдакон васеъ мегарданд.
Пас аз марҳилаи кўдакӣ, яъне аз синни 7 – 8 солагӣ давраи наврасии иҷтимоишавии шахс шурўъ мешавад. Дар синни 12 – 13 солагӣ наврасон бисёре аз ўҳдадориҳои иҷтимоиро ба ўҳда мегиранд. Бо қонунҳо маҳдуд гардонидани кори наврасон боис шуд, ки ин даври умри инсон махсус қадр карда шавад. Дар давраи наврасӣ инкишофи босуръати қад, ҷинс, балоғати ҷинсӣ ва ғ. ба вуҷуд меояд. Писарчаҳо ва духтарчаҳо фарқияти ҷинсии худро саҳеҳ фаҳмида, доираи дўстони худро ҷустуҷў менамоянд, ки давраи ниҳоят нозуки иҷтимоишавии шахс аст. Ба андешаи Эриксон маҳз ин даври умри инсон ояндаи шахсро муайян менамояд. Тасавуротҳо, ҳавою ҳавас, орзўҳои осмонӣ, монанд шудан бо шахсони машҳури кинофилмҳо, достонҳо ва ғайраҳо наврасонро фаро мегиранд. Агар волидон ва шахсони дигар рафтори наврасонро зери назорат нагиранд, метавонанд ба каҷрафториҳо рў биёранд. Наврасӣ марҳилаи ибтидоии интихоби касб, дўстон, намояндаи ҷинси мухолиф ва ғайра мебошад.
Иҷтимоишавии шахс яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеа буда, дар ҳолати нодуруст корбаст намудани он боиси пайдоиши каҷрафториҳои иҷтимоӣ: бадахлоқӣ, оворагардӣ, нашъамандӣ, дуздӣ, ғоратгарӣ, майхорагӣ ва дигар рафторҳои фардӣ ва гурўҳӣ (ҷиноятҳои муташаккилона) мегардад. Иҷтимоишавии шахс ба шароитҳои маданияти миллӣ ва ҷаҳонӣ низ алоқамандии зич дорад, яъне омўзиш на аз рафтори як гурўҳ ё умумият, балки аз маҷмўи хусусият, рафтору шуур ва сифатҳои иҷтимоии маданияти миллӣ шурўъ мегардад, ки барои ҷамъият муҳим мебошанд. Омўхтани маданияти миллӣ яке аз хусусиятҳои муҳими иҷтимоишавии шахс аст.
Инсон дар ҷараёни зиндагиаш вобаста ба синнусол, вазъи иқтисодӣ – сиёсӣ ва иҷтимоӣ чандин маротиба симои шахсӣ ва сифати иҷтимоии хешро тағйир медиҳад. Ўро зарур аст, ки дар ҳар гуна шароит ба муносибатҳои иҷтимоӣ мутобиқ гардад, вагарна ҳаёти хешро ҳифз карда наметавонад. Маҳз раванди иҷтимоишавӣ мутобиқгардии шахсро дар ҳама вазъи иҷтимоӣ таъмин менамояд.
Пас аз давраи наврасӣ ҷавонӣ сар мешавад. Бо пешрафту инкишофи саноат ва воситаҳои коммуникатсионӣ ин давраи умри инсон ба камолот омехта шуда истодааст. Асосан дар бисёре аз мамлакатҳо синни аз 16 то 30 солагиро даврони ҷавонии шахс меноманд. Ба андешаи И.С. Кон «Ҷавони марҳилаи охири тайёри ба ҳаёт ва ибтидои ҳаёти мустақилона мебошад. Дар ин марҳилаи умр шахс соҳиби касби муайян гашта, таҷрибаи зиндагӣ ғун мекунад» . Писарон ва духтарон дар ҷавони хатмкунандаи мактаби миёна, донишҷўи мактабҳои олӣ, падар, модар, мутахассиси ин ё он соҳаи фаъолияти мебошанд. Аз 20 солагӣ онҳо аз падару модар ҷудо шуда, ба хизмати ҳарбӣ (асосан писарон) мераванд ё ба институтҳо дохил шуда, касби муайянеро аз худ мекунанд. Ҷавонӣ давраи касбомўзӣ, донишгирӣ, масъулият, зиндагии мустақил ва ғайра ба ҳисоб меравад. Синнусоли миёна ё давраи камолотро аз 30 то 60 солагӣ ё баъзан вақт сотсиологҳо онро аз синни 45 то 64 солагӣ муайян кардаанд. Мусулмонон ин давраро аз синни 40 то 63 солагӣ муқаррар намудаанд. Дар давраи камолот шахс соҳиби касбу кор ва оила аст. Калонсолон бисёре аз умрашонро дар ҷои кор мегузаронанд, нақшаҳои ҳаётӣ кашида, барои иҷрои онҳо талош менамоянд.
Шахс пас аз миёнаумрӣ ба нафақа баромада, аз фаъолият бозмемонад, аммо бисёриҳо то марг кор мекунанд. Давлатҳои анъанавӣ пиронро ҳурмату эҳтиром намуда, аз онҳо маслиҳатҳо мегиранд. Дар давлатҳои саноатӣ шахс дар пиронсолӣ ба мушкилоти зиёде гирифтор мегардад. Дар давраи пирӣ одамон ба воқеияти раднопазир – марг тайёрӣ мебинанд. Майитро айни замон бо анъанаву меъёрҳои махсуси ҷамъиятӣ ба охират гусел мекунанд. Махсусан, мусулмонон барои ба охират фиристодани шахси фавтида анъанаҳои ҷиддӣ доранд ва маросимҳои зиёдро ба анҷом мерасонанд. Ин маросимҳо ба василаи иҷтимоишавӣ ба наслҳои минбаъда омўзонда мешаванд. Аз ин ҷо маълум мешавад, ки иҷтимоишавӣ тамоми умр давом мекунад ва одамонро ба шарту шароитҳои нав ба нави ҷомеа омода месозад.
Иҷтимоишавии шахс ҳама вақт бо василаи шахсони алоҳида, ин ё он гурўҳ, муҳити иҷтимоӣ ва ташкилоту институтҳои иҷтимоӣ сурат мегирад, ки бо забони илми онро агентҳо ва институтҳои иҷтимоишавӣ меноманд. Э. Гидденс зери мафҳуми «агентҳои иҷтимоишавӣ» шахсони ҷудогона ва гурўҳҳои иҷтимоиеро фаҳмидааст, ки дар доираи онҳо раванди иҷтимоишавӣ сурат мегирад, мисли волидон, дўстон, хешу табор, муаллимон, рўҳониён ва дигар одамоне, ки барои ба мо омўзонидани нақшҳо ва меъёрҳои иҷтимоӣ ҳавасмад ҳастанд. Ба институтҳои иҷтимоишавӣ оила, маориф, ВАО, дин ва ғ. дохил мешаванд.
Яке аз институтҳои асосӣ ва ҳаётан муҳими иҷтимоишавӣ оила мебошад. Тавассути оила шахс ба ҳаёти иҷтимоӣ омода шуда, ҳамчун фарди комилҳуқуқи ҷомеа эътироф мешавад. Моҳияти ҳамчун омили иҷтимоишавӣ баромад намудани оила дар он зоҳир мешавад, ки «вазъи иҷтимоии волидон дар давоми 20 соли ҳаёт статуси иҷтимоии кўдакро муайян месозад. Маҳз касбу машғулияти волидон дараҷаи маърифатнокӣ ва маданияти аъзоёни оиларо муайян менамояд. Инчунин оила метавонад ба раванди иҷтимоишавӣ таъсири бад расонад. Вазъи пасти зиндагии иҷтимоии волидон, майхорагӣ, низоъҳои мунтазами байни волидон, бегонашавӣ ва каҷрафтории падару модар, набудани яке аз волидон ва муносибати бади волидон нисбати фарзандони худ ба ҷаҳонбинӣ, характер ва рафтори кўдакон таъсири манфӣ мерасонад».
Институти дигари иҷтимоишавӣ маориф ба ҳисоб меравад. Маҳз дар мактаб кўдакон ба муваффақият, нокомӣ ва нобаробариҳо шинос мешавад. Онҳо мубориза ба муқобили мушкилиҳо, дар вазъиятҳои ногувор муносибат кардан ва ба ягдигар ёрию мадад расониданро меомўзанд. Маҳз мактаб ба кўдакон худбаҳодиҳиро меомўзонад, ки то охири умраш ин хуббаҳодиҳӣ боқӣ мемонад. Мактаб ба кўдакон низоми фарҳанги ҳукмрон ва қоидаи рафтори маъмулии ҳамагонро меомўзонад, арзишҳои иҷтимоӣ ва муқаддас донистани онҳоро нишон медиҳад.
Дар замони муосир нақши институти дигари иҷтимоишавӣ – ВАО (радио, телевизион, видео, рўзнома, маҷалла, интернет ва ғ.) дар ташаккули шахс бағоят бузург аст. Васоити ахбори умум ҷаҳонбинии шахсро васеъ гардонида, маърифати ўро ғанӣ мегардонад. Махсусан, инқилоби коммуникатсионии ҷаҳонӣ муосир имкон медиҳад, ки шахс оиди паҳлўҳои гуногуни ҳастии ҷамъият маълумотҳои фаровон гирд оварад. Глобализатсияи муосир ба ташаккулёбии маданияти умумиҷаҳонӣ оварда расонида истодааст. Ин омилҳо оқибатҳои ҳам мусбӣ ва ҳам манфиро ба бор меоранд. Ҷиҳати таъсири манфии ВАО дар он аст, ки филмҳои фаҳшу порнографӣ, қатлу кўштор, нобоварӣ ва амсоли инҳо дар шуури наврас зуд инъикос шуда, рафтори онҳоро вайрон месозад ё кўдакону наврасон рўзи дароз ба бозиҳои компютерӣ рўзашонро бегоҳ мекунанд.

Талаботҳои шахс: моҳият, таснифот ва консепсияҳо
Талаботҳои иҷтимоӣ – ин нерўи пурқудрат ва ҳаракатдиҳандаи фаъолияти шахс ба ҳисоб меравад. Талабот нерўи ангезанда, механизми баҳаракатоваранда ё ба шакли маҷозӣ «статер» – и сохтори шахс аст. Он ҳамчун мақсади ниҳоии фаъолияти инсон баромад менамояд. Ашё ё фаъолияте, ки талаботи иҷтимоии мардумро қонеъ намегардонад, ҳеҷ арзишу манзалате надорад. “Талаботҳо – ин ниёз ва муҳтоҷӣ ба ягон чизест, ки барои нигоҳдошти ҳаёту фаъолияти организм, шахсияти инсон ва умуман гурўҳҳои иҷтимоӣ зарур мебошанд, ҳамчун барангезандаи ботинии фаъолии инсон баромад менамоянд».
Талаботҳои умумиятҳои иҷтимоӣ ё шахсони алоҳида дар шакли хоҳиш, талош, арзишҳо, манфиатҳо, мақсад ва фаъолияти бошуурона зоҳир мегарданд. “Манфиат мўъҷизакори тавоноест, ки дар чашмони ҳамаи мавҷудот шакли зоҳирии ашёҳоро тағйир медиҳад» – менависад К.Гелветсий Талаботҳои иҷтимоии шахсро шартан ба талаботҳои моддӣ (талабот ба хўрок, пўшок, манзил, пул, мол ва дигар арзишҳои моддӣ) ва талаботҳои маънавӣ (илм, дониш, амният, хушбахтӣ, дустӣ, муҳаббат, ғамхорӣ ва дигар арзишҳои маънавӣ) ҷудо менамоянд.
Илова ба ин талаботҳои бунёдии одамонро метавон ба гурўҳҳои зерин ҷудо намуд:
• Талаботҳои биологӣ (табиӣ) – талаботҳои ҳамагонӣ ва аввалиндараҷаи ҳаёту фаъолияти организм буда, амали мўътадили организми инсонҳоро таъмин менамоянд. Инсон ҳамчун зуҳуроти биологӣ ба ниёзҳои баданӣ тобеъ аст ва дар заминаи он маҷмўи талаботҳои табиӣ ташаккул меёбанд. Талаботҳои биологӣ дар навбати худ инсонро барои қонеъгардонӣ ба амалу ҳаракат водор менамояд. Талаботҳои табиӣ дар шакли хўрок, майлу рағбати шаҳвонӣ, хоб, мубориза барои ҳаёт, фазои ҳаётии мавҷуда, такроистеҳсолнамоии ҳаёт (таваллуд), инкишофи ҷисмонӣ ва дигар ғаризаҳои табиӣ зоҳир мегарданд. Талаботҳои табиӣ зоҳиршавии ҳамон ғаризаи ҳаётӣ аст, ки дар навбати худ хоси ҳамаи намуди ҳайвонҳо низ мебошад;
• Талаботҳои моддӣ – талаботҳоеро меноманд, ки ҳамчун восита ва шароити қонеъгардонии талаботҳои биологӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ баромад менамоянд. К. Маркс дар байни талаботҳои бешумори моддӣ талаботҳои зеринро махсус нишон додаст:
* Талабот ба хўрок;
* Талабот ба пушок (либос);
* Талабот ба манзил (хона, сарпаноҳ).
Дар ҳақиқат, то дараҷае қонеъ гаштани ин талаботҳо ҳаёту фаъолияти минъбаъдаи инсонро муайян менамоянд, яъне барои инсонҳо тақдирсоз мебошанд. Намояндагони ҳар як табақаи аҳолӣ меъёрҳои муайяни талаботҳои моддӣ дорад ва вобаста ба вазъи иқтисодии худ онро қонеъ мегардонанд. Масалан, барои шахси камбизоат либоси оддӣ низ талаботи ба либосаи ўро қонеъ мегардонад, аммо барои шахси сарватманд маблағи зиёд сарф намудан барои либосҳои қиматбаҳо ин меъёр аст. Дар маҷмўъ талаботҳои моддӣ бояд шароитҳои мўътадили меҳнатӣ ва осудаҳолии маишӣ, истироҳат ва саломатӣ, шароитҳои инкишофи ҷисмонӣ ва зеҳнии шахсро таъмин намояд .
• Талаботҳои иҷтимоӣ нисбати талаботҳои биологӣ ва моддӣ ноайёнтар зоҳир мегарданд ва инсонро барои ҳар чи зудтар қонеъ гардонидани онҳо водор намесозанд. Аммо ин талаботҳо низ барои мўътадил сурат гирифтани ҳаёту фаъолияти одамон ниҳоят нақши бузургро мебозанд. Талабот ба муошират, талабот ба ҳифзи иҷтимоӣ, талабот ба бехатарӣ, талабот ба озодӣ, талабот ба сулҳ ва оромӣ аз ҷумлаи талаботҳои иҷтимоӣ ба ҳисоб мераванд.
• Талаботҳои маънавӣ. Ҳамаи талаботҳо инсонро барои ба даст овардани неъматҳои моддӣ ва маънавӣ водор менамояд. Агар талаботҳои биологӣ инсонро барои дастраснамоии захираҳои ҳаётан муҳим водор намояд, пас талаботҳои моддӣ ба дастдарории воситаҳои моддии қонеъгардонии ҳамаи талаботҳо ва талаботҳои маънавӣ соҳиб шудан ба шаклҳои гуногуни муошират ва робитаҳо доштан бо одамони дигарро талаб менамояд. Предмети талаботҳои маънавӣ пеш аз ҳама муносибат бо ҷомеа ва шахсони алоҳида, дониш, илм, дин, ҳунар, мусиқӣ ва дигар шаклҳои шуури ҷамъиятӣ аст.
Вобаста ба шароитҳо ва имкониятҳои амалигардӣ (муҳит, вазъи иқтисодӣ, баромади иҷтимоӣ, синнусол ва ғ.) як намуди талаботи иҷтимоӣ ба намуди дигар табдил меёбад, мисли тағйир ёфтани талаботи биологӣ ба талаботи моддӣ ва амсоли он. Ҳангоме, ки як талаботи шахс қонеъ мегардад, ҷойи онро талаботи дигар мегирад ё пас аз чанде боз ҳамон талаботи қонеъгашта аз нав аҳамиятнок мегардад.
Идора намудани талаботҳо маънои идора намудани фаъолияти худ ва кўшиши ба даст овардани натиҷаи дилхоҳро дорад. Масалан, вақте ки шахс талабот ба гирифтани ихтисоси муайянро дарк менамояд, бояд кўшиш намояд роҳҳо ва воситаҳои азхуднамоии ихтисосро ҷустуҷў намуда, барнома ва нақшаи қонеъгардонии онро созад ва мувофиқи ин барнома ҷиддӣ амал намояд. Идора намудани талаботҳо инсонро аз ҳама гуна бадбахтиҳо ва саргардони эмин нигоҳ медорад. Идора намудани талаботҳо маънои бартараф намудан ва ғолиб омадан аз болои хоҳишҳои носолим ва ниёзҳои биологию яклаҳзаина ва талош намудан барои қонеъгардонии кўшишҳои созанда, мақсадҳои барои зиндагии солиму арзанда лозима ва роҳ кушодан барои худинкишофёбӣ, худомўзӣ ва мавқеи сазовор ёфтан дар ҷомеаро дорад. Пайдо шудани воситаҳои навтарини коммуникатсия, техника ва технологияи замонавӣ, баланд гаштани сатҳи шуур ва маданияти одамон талаботҳои нав ба нави иҷтимоиро ба вуҷуд оварда, тарзи зиндагӣ ва моҳияти зиндагии одамонро то дараҷае тағйир додан.
Аввалин шахсе, ки кўшиш намуд қонунҳои талаботҳои шахсро ошкор намояд, сотсиолог ва психологи амрикоӣ Абраҳам Маслоу (1908 – 1970) мебошад. Ў соли 1943 консепсияи худро оиди талаботҳои шахс дар матбуот аз чоп баровард. Ин консепсия бо номи «назарияи иерархии талаботҳо» – и шахс машҳур аст. А. Маслоу оиди ангезаҳо ва хоҳишҳои шахс тадқиқотҳоро ба анҷом расонида, ба хулосае меояд, ки талаботҳои шахс низ ботартиб ва ба таври иерархӣ аз поён (талаботҳои моддӣ) ба боло (талаботҳои маънавӣ) тақсим шудаанд. Ба андешаи А. Маслоу шахс талаботҳои зиёд дорад, ки онҳоро дар маҷмўъ метавон ба панҷ категория ҷудо намуд:
• Талаботҳои физиологӣ (ҳаётӣ) – талабот ба такрористеҳсолнамоии одамон, хўрока, нафаскашӣ, ҳаракати ҷисмонӣ, либос, манзил ва истироҳат;
• Талаботҳои экзистенсиалӣ (мусбӣ) ё талабот ба бехатарии мавҷудият. Ин талаботҳо дар навбати худ ду намуд мешаванд:
а) Бехатарии ҷисмонӣ;
б) Бехатарии иқтисодӣ.
Бехатарии ҷисмонӣ – ин талабот ба ҳифзи саломатӣ ва эмин мондан аз зўроварӣ нисбат шахс ва ҳаёти инсон, яъне инсон бояд ба ҳастии фардои худ боварӣ дошта бошад, устувории шароитҳои ҳаёту фаъолияти инсон, талабот ба тартиботи муайян, талабот ба муносибаҳои одилона ва ғайра. Талаботҳои иқтисодӣ асосан ба доираи меҳнат рост меоянд, мисли кафолати шуғлмандӣ, суғурта барои ҳодисаҳои нохуш, хоҳиши доштани воситаи ҳамешагии мавҷудият (музди кор).
• Талаботҳои иҷтимоӣ аз табиати коллективӣ одамон бармеояд. Мо майл ба дўстӣ, дилбастагӣ ва муошират дорем. Ба гурўҳи муайяне ворид мегардем. Дар ташкилотҳои расмӣ ё ғайрирасмӣ иштирок мекунем, дар ҳаққи якдигар ва худ ғамхорӣ менамоем, ки дар маҷмўъ талаботҳои иҷтимоии моро ташкил медиҳанд;
• Талабот ба нуфуз (обрў) – ин талабот ба эҳтироми дигарон, пешрафт дар ҷои кор, вазифа ё ихтисос, статуси баланд, эътирофи дигарон, мустақилият ва амсоли ин мебошад. Ин талаботҳоро талаботҳои эгаистии шахс низ меноманд, зеро ба худи шахс нигаронида шудаанд;
• Талаботҳои маънавӣ – талабот ба худвоқеъгардонӣ, худтакомулдиҳӣ ва худмуайянсозӣ тавассути эҷодиёт ва эҷодкорӣ. Ин ҷо сухан дар бораи воқеъгардонии қобилият ва тавоноии шахс меравад.
Маслоу талаботҳои физиологӣ ва экзистенсиалиро аввалиндараҷа ва талаботҳои иҷтимоӣ, нуфўзхоҳӣ ва маънавиро дуюмдараҷа шуморидааст. Бо қонеъгардӣ ва пешрафти талаботҳои аввалиндараҷа ба дуюмдараҷа иваз мешаванд. Ба андешаи А. Маслоу «талаботҳои физиологӣ» нисбати дигар талаботҳои инсон муҳимтар ба ҳисоб мераванд. Пеш аз ҳама ин маънои онро дорад, ки барои инсоне, ҳеҷ чиз надорад, ба сифати омили асосӣ ниёзҳои физиологӣ баромад менамоянд. Шахсе, ки аз хўрок, бехатарӣ, муҳаббат ва эҳтиром маҳрум мондааст, пеш аз ҳама ба таври табиӣ барои ба даст овардани хўрок талош менамояд. Майл барои шеърнависӣ, кўшиши соҳиби автомобил гаштан, таваҷҷўҳ ба таърих ва кўшиши соҳиби либоса шудан дар ҳолати ниҳоӣ комилан аз хотир мебарояд ва ё дуввуминдараҷа ҳисобида мешавад. Барои инсоне, ки гурўснагии сахтро эҳсос менамояд, дигар ҳеҷ манфиате, ба ҷузъ хўрок вуҷуд надорад. Ў дар бораи хўрок орзў ва фикр менамояд, онро ба хотир оварда, барои ба даст оварданаш талош меварзад… Ҳангоме, ки инсон аз хўрок сер гашт, ҳамон замон талаботҳои дигари олитари физиологӣ бартарӣ пайдо менамоянд. Барои инсон ҳамеша талаботҳои қонеъгашта бартарӣ дорад ва он талаботҳое, ки қонеъ гаштаанд, умуман ё муваққатан аз хотир фаромўш мегарданд. Ба андешаи А. Маслоу, пас аз қонеъ гаштани талабтҳои физиологӣ талабот ба бехатарӣ бартарӣ пайдо менамояд. Талабот ба бехатарӣ дар давраи осоиштагӣ ва доираи маданияти имрўза қисман таъмин аст ва онро шахсони калонсол кам эҳсос менамоянд.
Агар талаботҳои физиологӣ ва бехатарӣ қонеъ гарданд, майл барои қонеъгардонии талабот ба муҳаббат, дустӣ, вобастагӣ, муттаалиқият ба ин ё он умумият, ғамхорӣ, оила ва фарзанд ботадриҷ меафзояд. Пас аз ин се гурўҳи талаботҳо поёнӣ ё аввалиндараҷа талаботҳои нуфўзхоҳӣ аҳамият пайдо менамоянд. А. Маслоу дар ин бора менависад, ки ҳамаи одамони ҷомеаи мо ба худбаҳодиҳӣ, худэҳтиромнамоӣ ё эҳсоси шаъну шарафи худ ва муносибатҳои боэҳтироманаи дигарон ниёз доранд. Қонеъ гаштани талабот ба худэҳтиромнамоӣ боиси эҳсоси худбоварӣ, дарки нерўи тавоноӣ шахсӣ, қадру қимат ва манфиатовар будан барои ҷомеа мегардад. Баръакс, қонеъ нагаштани ин талаботҳо ба пйдоиши эҳсоси нокомилӣ, заифӣ ва оҷизию дармондагӣ сабаб мешаванд.
А. Маслоу дар зинаи охир ва олии талаботҳои инсон талабот ба худвоқеъгардонӣ ва худмуҳимгардониро гузоштааст. Агар чаҳор гурўҳ талаботҳои зинаи аввал қонеъ гарданд, дар инсон талаботи нав (ин талабот на ҳама вақт пайдо мешавад) – талаботҳои маънавӣ ба миён меоянд. Ҳар як инсон пешаеро интихоб намудааст ва бояд он ҳунарашро инкишоф диҳад, қобилияти худро барои ташаккули он сарф намояд, ба эъҷодкорию созандагӣ машғул гардад. Ин талаботро мо худмуҳимгардонӣ меномем.
А. Маслоу ба маҳдудияҳои назарияи худ ҳеҷ шўбҳа надошт, масалан, ў эътимод дошт, ки иерархияи талаботҳо ба шароитҳои ҳаётии шахс алоқамандии зич дорад. Дар баъзе ҳолатҳо талаботҳои зинаи болоӣ дар зинаи поён ҷой мегиранд. Дар давоми тамоми мавҷудияташ аксарияти оммаи мардум бештар барои қонеъ гардонидани талаботҳои физиологӣ ва зинаи паст талош менамуданд.
Пешрафти иқтисодиёт, технологияи саноатӣ ва коммуникатсионӣ, нисбатан устувор гардидани вазъи сиёсӣ боиси пешрафти ҳаматарафаи ҷомеа гардид. Дар натиҷа талаботҳои аввалиндараҷаи мардум то қадри имкон қонеъ гардиданд ва талаботҳои омма тағйир ёфта, ба зинаи баландтар баромаданд. Агар пештар танҳо дар бораи қонеъгардонии талаботҳои физиологӣ андеша менамудем, пас дар асри нав бештар ба сифати зиндагӣ, худмуайянкунӣ, пешрафт дар ҷойи кор, амалӣ гардонидани иқтидории зеҳнии худ фикр менамоем (дар назар дошта мешавад аҳолии ҷомеаҳои индустриалӣ ва постиндустриалӣ). Талаботҳои ҳар як зина он гоҳ муҳим мешаванд, ки агар талаботи пеш аз он қаноатманд гашта бошад. Ба андешаи А. Маслоу талаботҳои физиологӣ дар зери ҳокимият ва иродаи инсон қарор надоранд, аммо талаботи маънавии инсон ба ирода ва хоҳиши шахс алоқамандии зич дошта, назоратшаванда ва идорашаванда мебошанд. Агар талаботҳои поёнӣ ба ҳама як хел тааллуқ дошта бошад, пас муносибати одамон ба талаботҳои маънавӣ гуногун зоҳир мегардад ва дар ташаккулёбии шахс таъсири бештар мерасонанд.
Ҳамаи талаботҳои одамон ба таври даврӣ такрор мешаванд. Масалан, талабот ба хўрок вақте қонеъ гашт, пас аз чанде инсон гурўсна гашта, боз хўрок мехоҳад, вобаста ба муд либос низ зуд – зуд иваз мешавад. Талаботи статусии шахс низ ботадриҷ тағйир меёбанд. Дар аввали кори худ ба мавқеъ, вазифа ба маоши паст низ розӣ аст, аммо ба зиёд гаштани таҷрибаи корӣ ва зиёд шудани собиқаи корӣ ў дигар ба статуси қаблӣ қаноатманд намегардад. Кўшиш менамояд вазифаи нав гирад, инкишоф ёбад, соҳиби статуси баланд ва маоши зиёди корӣ шавад.
Ба андешаи А. Маслоу шаҳрвандӣ миёнаҳол дар давоми умри худ тахминан 85% талаботҳои физиологӣ (дараҷаи аввал) 70% талаботҳои бехатарӣ (дараҷаи дуввум), 50% – талабот ба муҳаббат ва дўстдорӣ (дарачаи сеюм), 40 % талаботи худбаҳодиҳӣ (дараҷаи чорум) ва 10 % – худвоқеъгардонӣ ва худтакмилдиҳии худро қонеъ мегардонад». А. Маслоу инсонро «мавҷуди дилхоҳ» – е номидааст, ки қариб ҳеҷ гоҳ талаботҳояш пурра ва дар сатҳи дилхоҳ қонеъ намегардад. Агар як талабот қонеъ гардад, талаботи дигар пайдо шуда, таваҷҷўҳ ва кўшишиҳои инсонро ба сўи худ мекашад. Ҳаёти инсон чунин сохта шудааст, ки ҳамеша хоҳони чизе аст. Махсусан, талаботҳои бехатарӣ ва амният дар давраҳои ҷанг, ҳодисаҳои стихиявии табиӣ, инқилобҳо ва дигар бетартибиҳои ҷамъиятӣ дар одамон зиёд ба мушоҳида мерасад.
Ба андешаи А. Маслоу, аксарияти одамон ба худтакмилдиҳӣ ва воқеъгардонии иқтидори ниҳоии худ ниёз доранд. Танҳо одамони беҳад лаёқатманд (тахминан 1% – и ҳамаи аҳолӣ) ба ин мақсад мерасанд, зеро аксарияти одамон қобилият ва иқтидори худро намебинанд ё умуман дарк намекунанд, ки чунин қобилият доранд ва ё ба мавҷудияти он боварӣ надоранд, аз ҳама бадтараш, аз нишон додани қобилияти худ метарсанд. Аз ин рў, барои худтакомулдиҳии шахс шароитҳои мусоид ва ҷомеаи ин шароитҳоро мусоидкунанда лозим аст. Аммо то ҳол дар таърихи мавҷудияти инсонӣ чунин ҷомеае вуҷуд надоштааст, ки пурра ба ҳамаи аъзоёни худ шароитҳои мусоиди худтакомулдиҳиро муҳаё намуда бошад, аммо ҷомеаҳое имрўз вуҷуд дорад, ки нисбати дигари ҷомеаҳо то дараҷае шароитҳои худтакомулдиҳии аъзоёни худро таъмин менамоянд.
Нисбати назарияи А. Маслоу фикру андешаи олимон гуногун аст. Баъзе аз донишмандон дурустии ин назарияро зери шўбҳа қарор дода, барои тафтиши он таҳқиқотҳои махсусро анҷом додаанд.

Leave a Reply