Чаро одамон хамёза мекашанд?

Олими рухшинос Гордон Галлап аз Донишгохи Олбани бовари дорад: одамони хамёза мекашанд, то ин ки магзи сарро хунук гардонанд. Аз руи гуфтаи у аклу идрок ба компутер монанд аст, аз ин ру он дар холати хунук бехтар кор мекунад. Аз хамин нигох дар организм механизмхои мураккаби хунуккунанда мавчуд аст, ки харорати магзи сарро ба танзим меарорад. Олимон нуктаи назари худро чунин шарх медиханд: агар одам аз меъёр зиёд бедор бошад, яъне хоб накунад, харорати магзи сар баланд мешавад ва агрегати хамёза ба кор медарояд.
Олим хамрохи писараш барои тасдики фарзияи худ санчиш гузаронид. Онхо аз донишчуён хохиш намуданд, филмеро тамошо кунанд, ки дар он одамон хамёза мекашанд. Вакте иштирокчиёни санчиш дар лахзаи тамошо дар сар компресси хунук нигох доштанд ё ба воситаи бини чукур нафас гирифтанд (механизми табиии хунуккунандаи магзи сар), хамёза накашиданд. Аммо вакте бо набзи барои худ мукаррари нафас кашиданд ё дар сар компресси гармро гузоштанд, хамёза кашиданд.

Likes:
0 0
Views:
110
Article Categories:
Умумӣ

Добавить комментарий