Умумӣ

ХИСЛАТҲОИ НОМАТЛУБ – ДОҒИ ҶОМЕА

Адаб тоҷест аз нури Илохӣ,

Бинеҳ бар сар, бирав ҳарҷо ки хоҳӣ.

Инсон бузургтарин насли бошуурест, ки маҳз тавассути ақлу хирад, илму маданият, фарҳангу адаби худ аз дигар офаридаҳои Офаридгори бузург тафовут дорад. Инсон – фардиятест, ки дорои ақлу заковати бузург буда мебинад, мешунавад, дарк мекунад ва ҳамаи дидаву шунидаҳояшро бо ёрии ақлу идрок натиҷагирӣ намуда, худро аз бадию ноҷуриҳо дар канор мегирад. Маҳз, ҳамин канорагириҳо инсони комилро дар зиндагӣ соҳибмаърифат, бомаданият ва бузургдил мегардонад.

Кист инсони комил? Он касест соҳибмаърифат, донишманд, соҳибистеъдод, накукор ва ибратомузи имрузи рузгор. Ӯ касест, ки суханаш адаб, ишорааш маънӣ, кирдор ӯ рафтораш кони ҳусну малоҳат ва хираду заковаташ дурри ноёбу гаронбаҳост. Ӯ касест, ки ҷомеа аз ӯ ибрат мегирад. Зеро пурдону пуртаҷрибаву пурхирад аст ва аз як ҳарфи алфози кас дунёи хубу бадро тафовут дода метавонад.

Албатта, инсони комил ҳеч гоҳ пайи хислатҳои номатлуб  раҳравон нест. Инсони комилу соҳибхирад аз бадон худро канор мегирад. Дар ҷамъомаду нишастҳое, ки зиёну бадӣ меоранд, иштирок намекунад.

Саволе ба миён меояд: хислатҳои номатлуб кадомҳоянд ва онҳо аз куҷо сар мезананд? Пеш аз ҳама бетарбиятӣ. беадабӣ. бемаданиятӣ, дуздию мардумфиреби, авбошию бадмастӣ, киначуиву бешармӣ, ноадолатию разилӣ ва амсоли ин ба катори хислатҳои номатлуб дохил мешаванд, ки инсонро ба қасодию беиффатӣ ва беобругиву шармандагӣ оварда мерасонанд.

Албатта, агар кас дидаву дониста ин гуна хислатҳоро ихтиёр кунаду шахсияти худро поймол гардонад, бевосита дар шумори инсонҳои асил буда наметавонад. Шояд ягон таклифу ишораи каси дигар ӯро бо ин роҳ мебарад. Шояд худ надониста мемонад. ки хислатҳои номатлубро ихтиёр намудааст. Шояд волидон гунаҳкоранд, ки тифли бо ноз парвардаашон бадкор шуда. Шояд аз дардхои рузгор, аз кабили нодориву тангдастӣ, бепарасториву беаҳамиятии наздикон ё афсурдагиву фиску эҳтиёҷ?!

– На, на ину на он.

Хислати номатлуб  албатта, яку якбора дар вуҷуди инсони асил ҷо шуда наметавонад. Бахусус имрузи ҷомеаи мо пур аз касони баду номурод ва бефикру беиффатанд. Нодидаву нодониста бо ҳама гуна фардиятҳои ношинос дустиву ошноӣ меварзанд. Пайи пайдо намудани музди ночизе ё дороиву сарвате ба корҳои ношоиста, аз кабили дуздӣ, мардумфиреби, бадмастиву кучагарди машғул мешаванд. Чун боре аз ин амал қути лоямуте ба даст оварданд, дигар ҳамаруза паси анҷоми ҳамин гуна амалҳои носавоб даст мезананд. Худро асири хавои ҳавас ва кори бад фирефта намудаанд.

Бехабар аз он ки бадкораву бадру хоҳанд шуд. Зеро бадкор азоб намекашад. Агар у азоб мекашид. фикр мекард, майнаашро хароб менамуд, ҳеч гоҳ паси амали номатлубе даст намезад. Аммо накукорон ва боиффатон аз он ки дустону наздиконашон бадкора шудаанд, дар ранҷу азобанд.

Алалхусус, имрузҳо духтарон низ носазо амалҳо ба ҷо меоранд. Ба наздикону паӣвандон дар оила доғ оварда, амалҳои нодурусту кучагарди мекунанд, ки албатта доғи ҷомеа мегарданд ва на танҳо худро, балки авлоду наздиконашонро шармсор мегардонанд. Ҳоло он ки занонро дар ҷомеа гаҳвораҷунбон ва силсилаҷунбони зиндагӣ мегуянд. Духтарон, ки оянда силсилаҷунбони зиндагӣ мегарданд, бояд мулоҳизакор бошанд. Бадро аз нек, дустро аз душман ва гармию сардии ҳаётро ҳамаҷониба дар тарозуи ақл ба хубӣ уҳдабароёна баркашанд.

Занонро иффату покдоманӣ баору номус будан беҳтарин шараф аст ва шишаҳои шаффофро монад.

Сиёҳтарин руз он рузест, ки шишаи номус бишканад, гуфтаанд.

Аз ҷониби дигар, баъзе волидон барон сазовори амалҳои номатлуб гардидани фарзандоиашон гунаҳгоранд. Зеро аксарият фарзандонашонро ба ихтиёри худ гузоштаанд. Аз паси он намекушанд, ки фарзандон ба чӣ кор даст задаанду ба киҳо нишастуҳез менамоянд. Бо кадом роҳҳо маблаг ба даст меоранду кадом пироҳанро ба бар кардаанд. Оё онҳо покизакоранд? Оё онҳо ояндаашонро фикр кардаанд ё на? Оё ифтихори волидон буда метавонанд? Ин суолҳо волидони гамхори фарзандро ва алалхусус, мактаббачагонро бояд дар тахлука андозад. Бекарор созад. Нагузоранд, ки ягон лаҳзаи ҳаётро бефикр ва созандагӣ бубаранд.

Ранҷи гарон аст тарбияи фарзанди солим. Заҳматталаб аст тарбияи инсони бузург. Беҳуда нагуфгаанд:

Ҷигарҳо хун шавад,

То як писар мисли падар гардад…

Ба ранҷ андар аст, эӣ хирадманд ганҷ,

Наёбад касе ганҷ нобурда ранҷ.

Барои оне ки фарзанди кас ба амалҳои носавобу номатлуб даст назананд, барои оне, ки оила мустаҳкаму пойдор ва намунаи ибрат бигардад, бояд андеша кард, мулоҳизакорона андеша ронд, бо роҳи рост роҳнамун сохт, ба меҳнат аз хурдӣ одат кунонд, фарзандро то ҳамеша банд бошад. то паси дастоварди ҳалолу бо меҳнат ба дастомада кушад, хиёнаткор нагардад, бовиҷдон ба воя бирасад, на дузду авбош. Ҳамвора кушиш кунад, ки илм омузаду меҳнат кунад ва пеш аз ҳама, боору номус ба воя бирасад. Бидонад. ки обру бозори харид надорад, онро бо заҳмату кору ранҷ ба даст меоранд. Ана чунин бояд кард, то тифлон ба амалҳои номатлуб даст назананду шарафёр гарданд.

Leave a Reply