Умумӣ

«Хирадномаи Искандар»-и Ҷомӣ (расидани Искандар ба шаҳре).

ДОСТОНИ РАСИДАНИ ИСКАНДАР
БА ШАҲРЕ КИ ҲАМАИ МАРДУМ
ПОКИЗАРЎЗГОР БУДАНД ВА САВОЛУ ҶАВОБИ ЭШОН

Сикандар чу мегашт гирди ҷаҳон,
Хабарпурси ҳар ошкору ниҳон.
Дар аснои рафтан ба шаҳре расид,
Дар он шаҳр қавме писандида дид.

Зи гуфтори беҳуда лабҳо хамўш,
Фурўбаста аз носазо чашму гўш.
Наҷуста ба бад ҳаргиз озори ҳам,
Ба ҳар кори некў мададгори ҳам.

На з-эшон тавонгар касе, не фақир,
Бар эшон на султон касе, не амир.
Баробар ба ҳам қисмати молашон,
Мувофиқ ба ҳам сурати ҳолашон.

На аз меҳнати қаҳташон сол танг,
На бар сафҳаи сулҳашон ҳарфи ҷанг.
Зи як хона ҳар як шуда баҳраманд,
На дар бар дари хонаҳошон, на банд.

На ҳар дар фурў бурда гўре мағок,
Ки бинандаро з-он шудӣ сина чок.
Сикандар чу шуд воқифи таврашон,
Шуд аз гуфтугў толиби ғаврашон.

Бигуфто зи аввал, ки «дар вақти зист.
Фурў бурдани гўр аз баҳри чист?
Бигуфтанд, к – «аз баҳри он кандаем,
Ки то дар фазои ҷаҳон зиндаем,
Набандад лаби худ зи иршоди мо,
Диҳад ҳар дам аз мурдагӣ ёди мо.

Кушода бад-ин нукта доим даҳон,
Ки мову туем он даҳонро забон.
Зи ҳар ком барканда дандон дар ў,
Забонвор афтем урён дар ў.

Забонворамон чун ба зиндон кунанд,
Зи дандонаи хишт дандон кунанд».
Дигар гуфт: «Чун хонаҳо бе дар аст?
Дари боз ҳар дуздро раҳбар аст».

Бигуфтанд: «Дар шаҳри мо нест дузд,
Ки аз касби дуздӣ хўрад дастмузд.
Ҳама мардуми содиқанду амин,
Чу хоканд аминони рўи замин.

Ба хок ар супорӣ яке дона ҷав,
Диҳад ҳафсадат боз вақти дарав».
Дигар гуфт: «Чун баҳри молу матоъ
Миёни шумо нест ҷангу низоъ?»

Бигуфтанд: «Мо бандаи сонеъем,
Ба қуту либосе зи вай қонеъем.
Расад бе низоъ он чӣ бошад кифоф,
Аз он дар ғилоф асг теғи хилоф».

Дигар гуфт: «Чун шоҳи фармонравой
Дар ин шаҳри бе шўр нагрифта ҷой?»
«Паи дафъи зулм аст, — гуфтанд,— шоҳ,
Зи зулм ин вилоят бувад дар паноҳ.

Зари адл аз зулм гирад иёр,
Чу золим набошад, ба одил чӣ кор?!»
Дигар гуфт: «Чун дар диёри шумо
Ғанӣ нест кас дар шумори шумо?»

Бигуфтанд: «Н-ояд зи табъи карим,
Ҳарисӣ намудан паи зарру сим.
Насозад дар ин тангнои маҷоз,
Зару симро ҷамъ ҷуз ҳирсу оз».

Дигар гуфт: «Чун аз суруфи замон,
Зи маҳрумии қаҳт доред амон?»
Бигуфтанд: «Бегоҳу гоҳе, ки ҳаст,
Дар омурзишем аз гуноҳе, ки ҳаст.

Шавад одамиро дар ин девлох,
Зи омурзиш асбоби рўзӣ фарох».
Дигар гуфт, к-ин шева хоси шумост,
Ки сармоябахши халоси шумост.

Ва ё аз падар бар падар омадаст?
Гуҳарвор аз кон бадар омадаст?
Бигуфтанд, к-ин хоса аз мо нахост,
Або ан ҷад ин гашта мероси мост.

Надорам аз нахлкорӣ хабар,
Зи нахли падар чидаем ин самар.
Сикандар чу пардохт ин гуфтугўй,
Ба оҳанги баргаштан овард рўй.

Ба дўкончаи дарзие баргузашт,
Ки чашм аз фурўғи ваяш хира гашт.
Ба миқрози таҷрид бубрида дил,
Зи пайванди ин олами обу гил.

Фурў бурда сар ҳамчу сўзан ба кор,
Гузашта зи дурроаи айбу ор.
Чу ришта сар аз ҷоҳилон тофта,
Сари риштаи маърифат ёфта.

Сикандар бад-ў гуфт, к-эй хирасар,
Чу омад ба гўши ту аз мо хабар.
Чу ришта сар аз мо чаро тофтӣ?
Чу сўзан ба сар тез наштофтӣ?
Бигуфто, ки ман марди озодаам,
Ба роҳи ҳавас пой нанҳодаам.

Наёяд хушам фарру иқболи ту,
Чӣ созам сари хеш помоли ту!
Надорам тамаъ ганҷи симу зарат,
Чу мор аз чӣ ҳалқа занам бар дарат?

Аз ин пеш дар шаҳри мо як-ду кас,
Бипарридашон мурғи ҷон аз қафас.
Бурид он умеди худ аз тоҷу рахт,
Кашид ин зи пайғулаи фақр рахт.

Кафан бар тани он зи хаззу ҳарир,
Бар ин аз куҳан далқи дилнопазир.
Аз ин бевафо кохи нопойдор,
Ниҳодандашон дар яке кунҷи ғор.

Бар эшон чу бугзашт якчанд рўз?
Гузаштам бар он ғор бо дарду сўз.
Зи ҳам дидам он ҳар дуро рехта,
Ба ҳам устухонҳо даромехта.

Нашуд равшанам баъди сад эҳтимом,
Ки он як кадом асту ин як кадом.
Ҳавои ҷаҳон бар дилам сард шуд,
Зи пайванди он хотирам фард шуд.

Бад-ў гуфт шаҳ, к-эй ба донишварӣ
Туро аз ҳама пояе бартарӣ,
Зи ҳар кор мебинам огаҳ туро,
Биё, то бар инон кунам шаҳ туро.

Бигуфто, ки шоҳо, ман он дарзиям,
Ки бошад паи худ амалварзиям.
Паи хеш далқи бақо дўхтан,
Беҳ аз атласи фонӣ андўхтан!

Намехоҳам ин хилъати мустаор,
Ба ури дигар кун ато ин шиор…
Биё, соқиё, з-он маи ровакӣ,
Ки сайди тарабро кунад новакӣ.

Бидеҳ, то дар ин доми дилношикеб,
Бубандем гўш аз сафири фиреб.
Биё, мутрибо в-он наи форсӣ,
Ки бар рахти ишрат кунад форисӣ,
Бизан то ба ҳамроҳии он савор
Кунем аз биёбони меҳнат гузор.

Leave a Reply