Умумӣ

«Хирадномаи Искандар»-и Ҷомӣ.

ХИРАДНОМАИ ИСКАНДАР

Сикандар, ки ганҷинаи роз буд,
Дари ганҷи ҳикмат бад ў боз буд.
Зи ҳикмат басо гавҳари шабфурўз,
К-аз ў монда пайдост бар рўи рўз.

Биё, гўшро қоиди ҳуш кун,
В-з он гавҳар овезаи гўш кун.
Чу дорӣ дилу ҳуши ҳикматгарав,
Бикаш пунба аз гўшу ҳикмат шунав.

Арасту, к-аш устоди таълим буд,
Бад-ў нақди худ карда таслим буд.
Бад-ў гуфт рўзе, ки эй хурдаҷўй,
Ба дониш зи ақрони худ бурда гўй.

Чу мулки ҷаҳонат мусаллам шавад,
Дар он поя пои ту маҳкам шавад.
Чӣ бошад ба пеши ту миқдори ман,
Чӣ равнақ пазирад зи ту кори ман?

Бигуфто, ки бошад туро бартарӣ,
Бари ман ба миқдори фармонбарӣ.
Ба тоат туро то қадам пештар,
Бувад қадри ту пеши ман бештар.

Арасту чу аз вай шунид ин ҷавоб,
Ба меъёри ҳикмат намудаш савоб.
Бигуфто: «Шуд акнун яқинам дуруст,
Ки ин ҷома бар қомати туст чуст.

Ба тоҷи каёнӣ шавӣ сарбаланд,
Зи тахти Ҷаму мулки ў баҳраманд».
Ҳаме буд доим ба фарҳангу рой,
Ба таъзими устод кўшишнамой.

Касе гуфт: Чунӣ, чунин ранҷбар,
Ба таълими устод беш аз падар?
Бигуфто: Зад ин нақши обу гилам,
В-аз он тарбият ёфт ҷону дилам.

Аз ин шуд тани ман пазирои ҷон
В-аз он омадам зиндаи ҷовидон.
Аз ин ёфтам як-ду рўза вуҷуд
В-аз он як шудам баҳри афзолу ҷуд.

Аз ин баҳри гуфтан забонвар шудам
В-аз он дар сухан кони гавҳар шудам.
Зи шаҳват шуд ин як замон комёб,
Паи тухми ман рехт як қатра об.

Зи фикрат шуд он солҳо сеҳркор,
Ки дар илми ҳикмат шудам номдор.
Аз ин по кушодам зи қайди адам
В-аз он рў ниҳодам ба мулки қидам.

Яке рўз бар тахти шоҳӣ басе
Ба сар бурду бегона н-омад касе.
Бигуфто, ки имрўзро, к-аз дарам
Наёяд кас, аз умри худ нашмарам.

Дар он рўз шаҳро чӣ осоиш аст,
Ки аз вай на бахшиш, на бахшоиш аст,
Нарезад ба домони хоҳанда сим,
Нашўяд зи ҷони паноҳанда бим.

Иноят набинад накўкор аз ў,
Сиёсат наёбад дилозор аз ў?!
Чӣ хуш гуфт рўзе, ки қавли ҳаким
Бувад оина пеши марди карим.

Ки бинад дар ў сирату хўйро,
Бад-он сон ки дар оина рўйро.
Хирадро асар дар дили оқилон,
Фузун бошад аз теғ бар ҷоҳилон.

Бимонад мудом он асар дар замир,
Шавад ин ба якчанд дармонпазир.
Камони аҷал гар хадангафган аст,
Маёзор, к-озор аз он бар тан аст.

Чу солим зияд мурғи шириннафас,
Чӣ ғам, гар шикасте расад бар қафас?
Чу муҷрим шавад аз гунаҳ узрхоҳ,
Гунаҳ дон тағофул зи узри гуноҳ.

Битарс аз иқоби шадид-ул-иқоб,
Макун дар уқубатгироӣ шитоб.
Тавон зиндагонро фигандан зи пой,
Вале кушта ҳаргиз нахезад зи ҷой.

Фаровон ҳаме бахшу кам мешумор,
Зи миннат ниҳодан ҳаме кун канор.
Ҳаме гир кам, лек мебин басе,
К-аз ин шукр пайванд гардад гусӣ.

Чу Доро ба он рою фарҳанги хеш
Шуд озурдаи теғи сарҳанги хеш.
Аз он захм дар хоку хун уфтод,
Зи мулки саломат бурун уфтод.

Паси парда будаш яке турфа духт,
Зи покизагӣ меваи сояпухт.
Васият чунин кард, к-он дурри пок
Зи фарри Сикандар шавад тобнок.

Нагардад ҷуз ў ҳеч кас ҷуфти ў,
Кушояндаи дурҷи носуфти ў.
Сикандар чу кард он васият қабул,
Вале аз қабули васият малул.

Бад-ў гуфт кас, к-ин маломат зи чист,
Аз ў беҳтарат дар ҷаҳон ҷуфт кист?
Бигуфто: Аз он бошад андешаам,
Ки бар по занад ишқи ў тешаам,
Зи савдои ишқаш дарафтам зи пой,
Шавад бар сарам шоҳи фармонравой.

Наёрам зи кас кардан онро ниҳон,
Бигўянд фарзонагони чаҳон:
«Сикандар зи Доро ҷаҳонро гирифт,
Вале духтараш аз вай онро гирифт.

Забунсози мардони соҳибнигин,
Забун шуд занеро, на ақлу на дин!»
Бад-ў хотираш майли бисёр дошт,
Вале зоҷири ақл бар кор дошт.

Ба вай маҳраме гуфт, к-эй комгор,
Аз ин нўшлаб коми хотир барор.
Бигуфто, ки тоҷи хилофат ба фарқ,
Ҳама зери фармони ман Ғарбу Шарқ,
Нашояд, ки дар пеши ин ишвасоз,
Дароям ба зонуи аҷзу ниёз.

Зи тифле ҳамоғўш бистар кунам,
Ба вай хештанро баробар кунам?!
Биё, соқӣ, он талқи маҳлулро,
Ки зирак кунад ғофилу гўлро,
Бидеҳ, то нишинам зи ҳар ҷуфт тоқ,
Диҳам ҷуфту тоқи ҷаҳонро талоқ.

Биё, мутрибу тоб деҳ гўши уд,
Ба гўши ҳарифон расон ин суруд,
Ки риндони озодаро дар никоҳ,
Набошад ба ҷуз духтари раз мубоҳ!

Leave a Reply