Фотеҳ Ниёзӣ Вафо (роман, китоби 1-боби якум)

Фотеҳ НиёзӣКитоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии

Тоҷикистон Фотеҳ Ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар

ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир

кардааст.

Китоби 1

БОБИ ЯКУМ

   Марди шинелпӯше, ки дар по пима, бар сар телпаки хокистарранги гӯшакдор дошт, аз як канори роҳи калону асфалтии назди фронт ба муқобили боди тунду тези зимистонӣ бармаҳал бардам-бардам пой ниҳода мерафт. Шамоли сахт барфрезаҳоро ба рӯю чашми ӯ оварда мезаду имкони сар бардоштан, чашм кушодан намедод. Вале мардак аз оғӯши боду бӯрон мисли уқоб сина ба пеш дода далерона роҳ мерафт…

Дам ба дам аз пешу қафои ӯ, аз роҳи асфалтӣ автомашинаҳои боркаш, ки болояшон бо брезент пӯшонда шуда буданд, автомашинаҳои сабукрави тамғаашон гуногун, ки мувофиқи намуди фасл ранг карда шуда буданд ва чароғҳояшон хира дармегирифтанд, бо чархи худ барфрезаҳоро ба ҳаво пош дода мегузаштанд.

Аз паҳлӯи чапу рост, аз бешазорҳои бепоён ғурриши ваҳмангезе ба гӯш мерасид, ки ин садои сайри шамоли бешазор буд. Ба ин ғурриши бод гулдурроси пай дар пайи тӯпу туфангҳо аз дуру наздик низ ҷӯр мешуд. Ин  ноябри соли 1941, дар яке аз маҳалҳои даромадгоҳи Москва буд. Он мард то торик шудани шаб роҳ рафта, ба чорраҳае баромад. Дар ин ҷо ба назди ӯ шахсе, ки ба сари синааш автомат овехта буд, ҳозир шуд ва баъд аз пурсуҷӯи ҳуҷҷату мақсад ӯро бо ҳамроҳии ҷанговари дигар ба як пайраҳаи бешазор равона кард.Ҳамин ки сиёҳии онҳо дар бешазор ғоиб шуд, касе садо баровард. Ҷанговари гуселкунанда ҷавобан ба ин овоз паролро гуфт ва он мардро аз паси худ пеш бурда, дар назди роҳраве, ки аз замин қариб ним метр чуқуртар канда шуда буд, нигоҳ дошт. Баъд худаш пештар рафта, дари блиндажеро, ки бомаш аз замин қариб ним метр баландтар менамуд ва аз як гӯшаи он, аз мӯрии танге дуди ғафс ба ҳаво баромада паҳн мешуд, кӯфт. Баробари аз дарун баланд шудани ҷавоб, аскарбача ҳамроҳи худро низ ба даромадантаклиф кард.

Ҳар ду ба хоначае даромаданд, ки ба воситаи он ба хонаи аз ин калонтари дигар ҳам даре кушода буд.Дар хонача дар тарафи рост, ҷавони бориктани сафедпӯст, ки рутбаи лейтенантӣ дошт, ба рӯи саҳифаи кадом як китоби ғафс сархам менишаст. Вай баробари даромадани аскарбача ва шахси дуюм аз ҷояш хесту саломалейк кард ва баъд аз шунидани рапорти ҷанговар бо ҳуҷҷатҳои шахси ҳамроҳи ӯ омада шинос шуд.

– Генерал ба зудӣ бояд аз хати пеши ҷанг биёяд, –гуфт лейтенант бо одоби низомӣ.

– Лозим меояд, ки камтар мунтазир шавед, рафиқ капитан.

Капитан бо таклифи лейтенант шинелашро кашид ва ба роҳрав баромада барфи онро афшонду оварда ба мехи либосовезак, ки дар паси дари даромад буд, овехт.Баъд дастони аз хунукӣ шахшудаашро ба ҳам молиш дода, ба назди бухории тафсони чӯянӣ омада ба курсӣ нишаст.

Аз мобайн қариб як-якуним соат вақт гузашта буд, ки билохир дари блиндаж кушода шуда генерали қоматбаланди дар сар телпаки қароқӯлӣ, дар тан пӯстини чармӣ даромада омад.

Лейтенанту капитан зуд аз ҷояшон бархостанд.

– Аз штаби армия ҳеҷ кас телефон накардааст? –пурсид генерал аз лейтенант.

– Не, рафиқ генерал. Лекин ана ин рафиқ бо пакети махсус ҳозир аз штаби армия омад.

Генерал ба сӯи капитан рӯй гардонд ва ба чеҳраи кушод ӯро аз сар то по синча кард ва конверти калони чоркунҷаи ба рӯяш сурғуч пахш кардаро аз дасти капитан гирифта, ба хонаи дуюм даромад ва капитанро ҳам ба даромадан таклиф намуд.

Капитан ба блиндажи генерал даромада, дар вазъияти низомӣ ҳозир ба фармоиши генерал истод. Генерал конвертро ба столи хатнависӣ гузошту баъд ба як гӯшаи блиндаж рафта, телпаки қароқӯлии хокистарранги болояш моҳути сурх ва пӯстини чарминашро кашида ба мех овехт. Сонӣ ба назди миз омада ба чашмонаш айнакашро гирифт ва конвертро кушода, ба хате, ки дар машинка чоп карда шуда буд, чашм давонд.

– Марҳамат, рафиқ Рустамов, – гуфт генерал барои капитан аз рӯ ба рӯи столи худ ба нишастан ҷой нишон дода.То мактубро хонда шудани генерал дар блиндаж якчанд дақиқа хомӯшӣ ба миён омад. Лампаи мудаввари 40-ум, ки дар тарафи чапи миз дар болои сепояи оҳанин дармегирифт, ба пайкари чорпаҳлӯ ва ба рӯю мӯи аз куҳансолии генерал хабардиҳанда шӯъла меафканд ва забонаки чароғ ҳар замон аз мавҷи гулдурроси тӯппаррониҳои наздик ба ларзиш омада, лип–лип бозӣ мекард. Ин ба табъи генерал нафоридагӣ барин шуд ва ӯ ба мурвати фонус даст бурда пилтаи онро баландтар кард. Блиндаж боз равшантар шуд.

Пас аз мактубро хондан генерал бо пурсупоси расмӣ ба чеҳраи гандумгуни капитан чашм давонда гирифт ва тахмини худро муайян карданӣ шуда пурсид:

– Аз афтатон одами тарафҳои Осиёи Миёна менамоед?

– Ҳа, аз Тоҷикистон мешавам, рафиқ генерал, – гӯён Рустамов беихтиёр ба ордени Байрақи Сурхи Меҳнати Тоҷикистон, ки дар сари синаи генерал дар қатори се-чор орденҳои дигар ҷило медод, чашм андохт.

– Тоҷик ҳастед? – пурсид генерал ба даҳонаш папирос гирифта.

– Ҳа, аз худи марказ – Сталинобод.

– Собиқ Душанбе? – пурсид генерал бо гӯгирд папиросашро оташ дода.

– Ҳа, собиқ Душанбе, рафиқ генерал, бояд донед.

– На фақат медонам, аз оби дарёи Душанбе ҳам хеле нӯшидаам.

Генерал боз чизе гуфтанӣ шуда буд, ки лейтенант даромада барои хӯрок овардан иҷозат пурсид.

– Ин рафиқро сер кардед? – пурсид генерал пеш аз ба пурсиши лейтенант ҷавоб додан. Капитан якчанд соат пештар дар штаби армия хӯрок хӯрдани худро гуфт. Лейтенант ҳам дар ин ҷо ҳанӯз хӯрок нахӯрдани капитанро гуфт.

– Расму одати Шарқро дониста монед, – гӯён ба лейтенант насиҳатомез гап зад генерал, – аввал меҳмонро сер кардан ва баъд ғами соҳиби хонаро хӯрдан лозим. Гӯед, ба рафиқ капитан ҳам хӯрок оваранд.Лейтенант ба иҷрои фармоиш баромада рафт. Генерал суханро давом дод.

– Биёед, аввал дар хусуси корҳои расмӣ гуфтугӯй карда гирем, дар бораи диёратон бошад, сонӣ муфассалтар чақ-чақ мекунем. Магар шумо аз ин ҳам пеш дар армия хизмат карда будед?

– Бале, то соли 1938. Дар худи Сталинобод, дар полки савора хизмат мекардам. Баъд, аз сабаби носиҳатиам ба корҳои гражданӣ гузаштам.

– То сар шудани ҷанг дар корҳои гражданӣ будед?

– Ҳа, баробари сар шудани ҷанг боз ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ омадам.

– Саломатиатон?

– Аз аввала беҳтар аст, рафиқ генерал.

– Дар армия дар кадом вазифаҳо будед?

– Командири эскадрон, ҷонишини сардори штаби полк.

– Бисёр хуб. Метавонед дар қисми мо ҳам дар штаб кор кунед ва ё командирии ягон баталйонро гиред.

– Чӣ тавр ки шумо фармон диҳед, рафиқ генерал. Лекин беҳтар мешуд, агар ба хати пеш мефиристодед.

– Дар фронт ҳар як участкаи дастраси тири милтиқу тӯп хатти пеши ҷанг ҳисоб мешавад, – гуфт генерал абрувони зардчатоби худро ҷиддӣ ба ҳам кашида, – чуноне ки маълум аст, барои техникаи ҳарбии замони ҳозира марзаи пеш ва ақиб – ҳар ду як майдонимуҳориба аст. Махсусан мо дар маҳалле истодаем, ки ақибгоҳу хатти пеш, паҳлӯи пеш, паҳлӯи росту чап надорем. Вазъият мушкил ва хатарнок… Аз се тараф мудофиаи дарвозаҳои Москва ба дасти мо ва ҳам-

сояҳои мо супурда шудааст. Немисҳо бо тамоми қувва зӯр зада истодаанд, ки ҳамин шабу рӯз ба Москва зер карда дароянд. Аммо ба чор тараф сар зада сӯрохе намеёбанд. Вақте ки аз ин якчанд соат пештар хатти пеши ҷангро давр мезадаму аз ҷанговарон ҳолпурсӣ мекардам, як солдат (дар торикӣ афташро дида натавонистам) бо шеваи ғайрирусӣ гуфт: «Немис на фақат аз пеши мо, балки аз болои танку тӯпҳои маҷақшуда, аз болои ҷасади аскарони қиршудаи худаш ҳам роҳи гузар ёфта натавониста монд» гуфт. Генерал каме хомӯш монду баъд ба Рустамов нигоҳ карда пурсид:

– Шумо, албатта, ҳанӯз бо ин хел ҷанг сарукор надоштед?

– Не, рост аз курси такрории ҳайати командирон омада истодаам, – ҷавоб дод Рустамов.

– Аз ин пеш дар ҷангҳо иштирок надоштед?

– Фақат дар Тоҷикистон, дар ҷангҳои муқобили босмачиён иштирок карда будам.

– Чӣ тавре ки мегӯянд: бӯи дуди борут ба машоматон расидааст?

– Бале, камтар.

– Бинед, халқи мо, замини мо чӣ рӯзҳоро надид…

–генерал чашмони кабудчатоби худро ба қафо тела дода аз ҷояш хест. Баробари генерал, Рустамов ҳам аз ҷояш хестанӣ буд, ки генерал ӯро ба нишастан водор кард. Дар ҳамин асно лейтенант дар бораи тайёр будани хӯрок хабар дод ва бо рухсати генерал ба столи чоркунҷаи таомхӯрӣ, ки дар як гӯшаи блиндаж меистод, дар табақчаҳо хӯрок оварда монд. Генерал рост истода ба гап давом кард:

– Интервентҳои хориҷӣ, сафедгвардиячиёни ватанфурӯш, босмачиёни ғоратгар моро буғӣ карданӣ шуданд, мехостанд хоки муқаддаси Ватанамонро поймол кунанд, занонро бева, фарзандонро сағир мононанд, кулбаҳои мардумро оташ зананд…

Вале чизе ба онҳо муяссар нашуд. Ҳозир як воқеае ба хотирам омад, ки дар солҳои мубориза бо босмачиён, дар Тоҷикистон, дар полки мо рӯй дода буд.

– Генерал аз оҳанги расмият ба сӯҳбати оддӣ гузашт. – Биёед, хӯрок хунук наша-

вад, чуноне ки дар байни мардуми шумо мегӯянд: «Аввал таом, в–онгаҳ калом» (генерал, аз афташ, зарбулмасалҳои тоҷикиро нағз медонист). Капитан Рустамов дар пеши генерал хӯрокхӯриро ба худ муносиб надониста ва услубу одоби шарқиро баҷо оварданӣ шуда аз таомхӯрӣ узр хост. Генерал бо меҳрубонӣ ӯро ба столи таомхӯрӣ даъват кард ва бо чеҳраи кушод гуфт:

– Ман имкон надорам, ки шуморо бо палав зиёфат кунам. Шумо ибо накунед, капитан, мо ҳам дар меҳмониҳои тоҷикон кам нону намак нахӯрдаем. Шумо имрӯз меҳмон, пагоҳ бошад, баҷооварандаи фармон ҳастед.

– Хуб, рафиқ генерал, итоат, – ҷавоб дод Рустамов ба назди столи таомхӯрӣ омада.Онҳо ба хӯрокхӯрӣ нишастанд, генерал Рустамовро як-ду қадаҳ май ҳам зиёфат карду баъд қиссаи худро давом дод.

– Агар хато накунам, – гуфт каме фикр карда генерал, аввалҳои тирамоҳи соли ҳазору нӯҳсаду бистуҳафт ё бистуҳашт буд. Ман дар он вақт командири полки савора будам. Полки мо аз шаҳри Тирмиз, шаҳре ки ҳамаи гармии офтоб дар он ҷо ҷамъ шудааст, барои барҳам додани босмачиён ба воситаи районҳои Деҳнав, Сариосиё ба водии Ҳисор баромад. Чӣ хел ҷойҳои зебо, хушманзарае дорад водии Ҳисор!

Генерал табақчаи аз таом холӣшудаи худро дуртар тела дода, бо дастпоккун лабонашро пок кард ва рафта аз болои столи хатнависӣ папирос гирифта кашид.

Рустамов ҳам баъд аз генерал аз таом даст кашида аз ҷояш хест. Генерал ба ӯ барои нишастан рухсат дод ва худаш гоҳ нишаста, гоҳ хеста гап мезад.

– Вақте ки мо ба аввалин қишлоқи ин водӣ дохил шудем, ба мо як деҳқони камбағали серғайрат, ки аз босмачиён гуреза будааст, вохӯрд. Намедонам ҳоло зинда бошад ё не. Чӣ хеле ки ҳозир ҳам дар ёдам ҳаст, вай як марди шонапаҳни серришу мӯйлаб, абрувонаш то болои чашмаш хамида, кулчарӯй, дар як тарафи биниаш холи калон ҳам дошт. Номашро фаромӯш кардам. аскарбачаҳои мо ӯро Бобо меномиданд. Вай ба кори мо хеле ёрии калон расонд. Аз қишлоқу кӯҳҳо роҳ нишон дода, қароргоҳи босмачиёнро аз мардуми деҳаҳо дониста гирифта, хабари нав ба нав меовард.

Ҳар гоҳ, ки ягон қишлоқро аз босмачиён озод мекардем, аҳолӣ: «Худо оҳи камбағалонро шунида, ҳамроҳи Бобо лашкари мадад фиристод» – гӯён ба ӯ, ба аскарон оғӯш кушода мечаспиданд. Оре, ин бе муболиға гапи рост аст, рафиқ Рустамов.

– Мутлақо рост аст, рафиқ генерал, – тасдиқ кард капитан Рустамов аз ҳикояи диқкатангези генерал ба завқ омада, – ман ҳам ин хел ҳодисаҳоро бо чашми худ дидаам.

– Ҳа, бале, воқеан шумо ҳам бояд донед. Ҳоло аз ин ҳам аҷибтарашро гӯш кунед, – гуфт генерал дар рӯ ба рӯи Рустамов рост истода. – Рӯзе ки мо аз охирин қишлоқ, аз қишлоқи калонтарини дар домани кӯҳ, дар ду тарафи як дарёча паҳншуда босмачиёнро пеш кардем, номи ин қишлоқ… номи қишлоқ… – гӯён генерал аз гап бозистоду бо ангуштонаш пешонаашро дошта каме дар фикр монд, – ҳа, номаш аз бисёрии ҷӯйҳо гирифта шудааст.

– Ҷӯйбор-ку не? – пурсид Рустамов номи қишлоқҳои калонтарини Ҳисорро як-як ба хотир оварда.

– Ҳа, Ҳа, худи худаш, Ҷӯйбор… – гуфт генерал.

– Ҳозир ҳам номаш Ҷӯйбор, рафиқ генерал.

– Бале, бисёр хуб. Баъд вақте ки босмачиёнро аз ҳамон қишлоқ пеш кардем, дар миёнҷои кӯчаи қишлоқ одамон моро печонда гирифта, бо ашки шодӣ бӯса мекарданд, миннатдорию раҳматҳо мегуфтанд. Дар айни ҳамин вазъият як зани сарлучу пойлуч, мӯйҳояш парешон, синабараҳна дар дасташ як бачаи шаш–ҳафтсолаи куртаҳояш ҷиғда-ҷиғда хунолуд бо нолаю фиғон аз мобайни мардум зада ба пеши аскарбачаҳо омад.

Вай ончунон аламзада буд, ки на дар чашмаш ашк, надар рӯяш хун дошт. Ба ҳар як аскарбача мечаспид, чашмони ҳаросони худро ба чор тараф дӯхта, касеро меҷуст.

– Кӣ, кӣ, киро меҷӯӣ, модар? Худаш чӣ гап? – гуфта пурсид Бобои мо аз пеши ман ба пешвози он зан давида. Чи тавре ки сонӣ ба ман фаҳмонданд, занак мегуфт:

– Куштанд, кабӯтарамро куштанд, очекат садқаи ҷони ширинат, кӣ арзи маро мешунавад?!

Генерал аз ҳикояи худ ба ҳаяҷон омада папиросро

болои ҳам мекашид, дуди онро аз димоғу даҳонаш бароварда боз ба гап давом мекард:

– Бобо одамонро ба қафотар тела дода, занакро

пурсид. Вай фарзанди хунолуди худро ба ӯ нишон медоду баландтар фиғон мебардошт. Ман аз асп фуромада ба назди зан рафтам ва зуд духтури полки мо ҳам ҳозир шуд. Дар миёнаи кӯча ҷое набуд, ки духтур тани маҷрӯҳи писараки ӯро дида даво кунад. Бобо аз зан пурсид:

– Хонаат куҷо?

– Ҳо, ана, – гӯён занак бо дасташ як хонаи бомаш

хаспӯши дар он тарафи кӯча бударо нишон дод. Бобо, духтур, фелдшер ва ман занакро бо писараш ба хонааш бурдем. Дар хона ғайр аз бурё, як кӯрпачаи кӯҳнаи ҷиғда – ҷиғда, ду-се табақу косаи чӯбин дигар чизе набуд.

Буду шуди ин хонаро ҳам, мисли дигар хонаҳои қишлоқ, босмачиён толону тороҷ кардаанд. Ҳатто ба зери сари фарзанди нимҷони ӯ болин ёфт нашуд. Бобо ҷомаи худро кашида, ба таги сари ӯ гузошт. Вақте ки дасти духтур ба пою шонаи писарак мерасид, вай аз дард нолиш мекард, се ҷои сараш кафида буд. Медонед, босмачиён ба ин кӯдаке, ки ҳанӯз аз даҳонаш бӯи шири модар нарафтааст, чӣ ваҳшигарӣ кардаанд? Дар аснои гурехтани босмачиён ин писар дар кӯча аз паси онҳо бо завқи бачагӣ бо овози баланд «Уре, уре» гуфтааст. Яке аз йигитҳои босмачӣ аз ин кори писарак ба хашм ома- да, аспи худро ба болои ӯ давонда, шонаю пои рости писаракро маиб карда, сарашро кафондааст.

Хулоса, модари ягона фарзанд, ки аз писараш ноумед шуда, сарашро ба замину девор мезад, баъд аз ду-се рӯз бо лабу рӯи пур аз ханда, чӣ тавр миннатдорӣ изҳор кардани худро надониста, се-чорта тухми пухтагӣ, ду дона нони зағора дар даст ба назди ман омад. Бинед, як зани ба ғорати босмачиён гирифторшуда нисбат ба мо чӣ гуна муҳаббати самимӣ изҳор мекард. Писари ӯро мо дар қисми санитарии худ хобондем, полки мо ҳам қариб як- якуним моҳ дар ин қишлоқ қарор гирифт. Он занак бошад, ҳамчун ҷомашӯи мо то рафтанамон хизмати моро аз дилу ҷон баҷо овард ва мо ба ӯ музди кор медодем.

– Писарак охир сиҳат шуд-мӣ? – савол дод капитан Рустамов.

– На фақат сиҳат шуд, аз қафои мо чашми модари худро хато карда, то Душанбе омад. Чандин бор баргардонданӣ шудем, худашро ба замин партофта ғавғо мебардошт. Сонӣ худи ман ҳам раъйи ӯро нагардондам, якчанд рӯз бо худ гирифта гаштам. Вай ҳатто камубеш бо забони русӣ гап мезадагӣ шуда буд. Охир, пеш аз рафтани полки худ, нағз ба хотирам меояд, ки ӯро ба сағирахонаи Душанбе дароварда, бо дасти худ ба варақаи шахсиаш тахминан чунин навишта будам:

«Ту писари полки мо будӣ. Агар зинда бошем, агар тақдир тақозо кунад, ягон рӯз ҳамдигарро хоҳем дид. Балки ту дар он вақт ходими масъул, коркуни илмӣ ва ё мисли ман дар либоси ҳарбӣ мешавӣ. Ҳар кӣ ҳам шавӣ, дӯстии мову ту бо хуну ҷон пайванд гардид, ки фаромӯш шудани он ғайримумкин аст. Хон, ба камолрас, доно шав, писари тоҷик!»Баъд дар поёни ҳамин сатрҳо: «Командири полк Балашов» – гӯён имзо ҳам гузошта будам. Генерал аз як кунҷ ба кунҷ дигари блиндаж қадам зада, аз Рустамов пурсид:

– Вақте ки шумо «Ман аз Тоҷикистон, аз Сталинобод» гуфтед, баногоҳ дилам гуп-гуп зад. Гумон кардам, ки шумо ҳамин ҳозир «Ман ҳамон писарак»

мегӯед.Мебахшед, номи шумо чӣ?

– Назар.

– Не, номи вай, агар қувваи ҳофизаам фиреб надиҳад, Сафар буд. Лекин шумо барин писараки сиёҳчашми мижгонҳояш дароз, афташ гандумгун буд.

– Мумкин аст вай ҳам ҳозир дар қатори дигарон дар майдони ҷанг, дар ягон заминкан нишаста бошад. Кӣ медонад, рафиқ генерал, балки як рӯз не, як рӯз дар роҳҳои фронт бо ӯ рӯ ба рӯ омада мемонед, – гӯён Рутамов тахмини генералро қувват дод. – Оре, оре, ин ҳам мукин аст, бешубҳа. Ана ҳисоб кунед, аз соли ҳазору нӯҳсаду бистуҳафт-бистуҳашт, ки вай ҳафт-ҳаштсола буд, ҳоло чанд сол гузаштааст?

– Сездаҳ-чордаҳ сол.

– Бале, сездаҳ-чордаҳ сол. Вай ҳоло албатта ҷавони бистуду–бистусесолаи як олам корро саришта мекардагӣ шудааст, ба ин шӯбҳае нест… Бинед, чӣ хел солҳо зуд мегузаранд. Гӯё ин ҳикояю қиссаҳо дирӯзакак буд…

Likes:
0 0
Views:
127
Article Categories:
Умумӣ

Leave a Reply