Фотеҳ Ниёзӣ Вафо (роман, китоби 1-боби нуҳум)

Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии

Тоҷикистон Фотеҳ Ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар

ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир

кардааст.

Китоби 1

БОБИ НӮҲУМ

Меҳмонхонаи Мирбадал. Дар тоқча лампаи ҳафту- ми шишааш хира дармегирад. Ду тирезае, ки якеаш ба  тарафи кӯча, дигараш ба тарафи ҳавлии дарун нигоҳ  мекунад, бо пардаи карбос пӯшида шудааст. Дар пешгоҳи хона, дар болои кӯрпачаи нимдошти адрас шахсе сарашро бо рӯймол баста хоб мекард. Ранги рӯи ӯ аз ранги зардчатоби чароғ чандон фарқ намекард, ба  ришу мӯйлабаш як ҳафта инҷониб поку норасида буд.Чашмони нимпӯши вай ҳар замон базӯр гоҳ ба шифт,Ин Мамараҷаб буд. Дар паҳлӯи вай, рӯ ба сӯи Мамараҷаб нигаронда, Мирбадал менишаст, ки ӯ аз кирдори худ сад пушай- монӣ дошт.гуфт Мирбадал аз бетоқатии Мамараҷаб дилгир шуда, – боз як рӯз тоқат кунед, ҳамааш гузашта меравад. Мамараҷаб ҳар як ҳиҷои суханашро канда – канда бедармон ҷавоб дод:

– Як дарди шумо додагӣ мебуд, гап дигар буд.

– Хӯш, боз чӣ дарди дигар доред?

– Коре шуд, ки аз ин монда, аз вай ронда шудам…

– Ҳоло ҳеҷ чиз нашудааст, – ба тасаллодиҳӣ сар карда гуфт Мирбадал, – агар гап дар болои ҳамон му- аллимаи сатанги беқайд бошад, кирои ба хотир овар-дан ҳам намекунад, дар дунё чӣ бисёр – духтари мода-

раш набӯсида…– Ба ин повестка чӣ мегӯед? – Мамараҷаб даъват-

номаи Комиссариати ҳарбии ноҳияро, ки дар қабатикӯрпача буд, нишон дод. – Ба ин бошад, ранг бину ҳол пурс. Дар ҳамон воен-комат нишастагон ҳам ба афтатон як нигоҳ карда, ҳамон замон аз баҳри шумо барин ҷанговар мегуза- ранд.

– Ба болои ин дар бораи Москва ҳам авлиёгии шумо

Ин гапи Мамараҷаб аҳволи рӯҳияи Мирбадалро якбора тағйир дода, ӯро ранҷондагӣ барин намуд. Вай дастонашро ба ҳам молиш дода, ба афти Мамараҷаб бо хашм нигоҳ мекард. Вай то ин дам кӯшиш мекард, ки ҳар гап шавад ҳам, дар бораи беҳуда баромадани орзую умедҳои оид ба зуд аз даст рафтани Москва азкасе гапе нашунавад. Вале офтобро бо доман пӯшидан мумкин нест. Мамараҷаб боз сухани худро давом дода,  ба Мирбадал киноя кард:

– Дар ин мобайн каромоти ба ман нишон додаатон монду бас…

– Акнун ҳар чӣ гӯед ҳам, вақташ гузашт, – гуфт Мирбадал овозашро баландтар карда ва Мамараҷабро тарсонданӣ, ӯро аз мулоҳизаҳои ҳаққониаш баргар- донданӣ шуда, – чизе ки байни мову шумо гузашта бошад, бояд дар ҳамин ҷо монад, набошад аввалан ба мурғ чандта? Якта».

– Қаҳратон наояд, амаки Мирбадал, – ҷавоб дод Мамараҷаб аз гуфтаҳои худ ранҷидани Мирбадалро пай бурда, – охир, ин кор боз «узри бадтар аз гуноҳ» нашавад мегӯям.

– Агар забонро ба ихтиёри худаш намонда, ба паси дандон маҳкам нигоҳ доред, ҳеҷ чиз намешавад. Агар не гӯед, аз худатон гиламанд бошед. Ҳаминро ҳам хуб фаҳмида гиред, ки пеши ҳамаи касофат ва беса-

ранҷомиҳои ба сари шумо омадагӣ худи ҳамон хушдоратон муаллима ва ошиқи вай Сафар мебошад. Аз бахилӣ шуморо дида натавонист. «Сафар ба ҷанг лос хӯрда мемондааст» – гуфта ба военкомат хабар до- дагӣ ҳам ҳар дуи ҳамонҳо. Набошад, дар як вақте ки саг соҳибашро намешиносад, киро ба кӣ кораш ҳаст?

Мамараҷаб хомӯш монда, ин гуфтаҳои фитнаангези амакашро дар фикри худ таҳлил мекард. Боз азму ихтиёри ноустувори ӯ ба ҳар кӯчаи каҷу килеб даромада мебаромад. Вақте ки ба гӯши Мамараҷаб номи Зебӣ ва Сафар расид, вай ба чунин хулоса омад, ки «Дар ҳақиқат мумкин аст неши касофат Сафар ё Зебӣ бошад. Чунки Сафар Зебиро, Зебӣ Сафарро дӯст медо- рад. Агар Зебӣ дуюмин бор ба вай кас мондани Мама- раҷабро ба Сафар расонда бошад, вай аз ғазабу рашкҳар кор кунад ҳам, кардагист, ба болои ин Сафару

Зебӣ дар назди калоншавандаҳои қишлоқу колхоз аз

Мамараҷаб дида иззату эътибори зиёд доранд, дар ҳар ҷо бо маҳмаддоноӣ росту дурӯғро маъқул ҳам карда

метавонанд. Ана ҳамин тавр, мумкин аст ҳар дуи онҳоболои ҳам се бор даъватнома фиристодани комиссари-ати ҳарбиро низ ташкил карда бошанд, илова ба ин ҳар замон кай ба аскарӣ рафтани ӯро пурсидани раиси колхоз-акои Олим, котиби ташкилоти ҳизбӣ Одил

Саркор, Юнусбобо ва дигарон ҳам аз иғвои ҳамин ду рақиб бояд бошад!..»

Мамараҷаб бо ин хулосаҳои худ ба танобе, ки аз дили бадкини Мирбадал сар мезад, аз нав печ хӯрда, торафт ба ишкел афтода мондани худро намефаҳмид. Баръакс, ин фикру хаёлҳо аз дили бадгумони вай чуқуртар ҷой гирифта, ихтиёри худро ба дасти Мир- бадали «ғамхӯр» медоданд. Мирбадал ҳам «аз ҷои но- зуки фикри ҷияни худ» маҳкам дошта, бадтар мақсади худро зоҳир месохт ва таноби Мамараҷабро, ки вай ҳар замон фикрҳои ба Мирбадал номаъқул изҳор ме- кард, тарангтар кашида мемонд.

– Боз мегӯям, ки ин гапҳо дар байни худамон монад,– гуфт такроран Мирбадал ва Мамараҷаб, ки ӯ ба як кунҷи девори хона беҳаракат чашм дӯхта монда буд, – шумо аз ман барои камтар бедармон шуданатон сахт хафа шуда бошед ҳам, майлаш, боз ба ҷони ҷавонатон дили ана вай ошиқу маъшуқҳо, ҷигарам! Мамараҷаб ҳамаи гуфтаҳои амакашро хомӯшона гӯш карда, ҳеҷ ҷои эътирозкунӣ намеёфт. Баръакс, ин суханҳо дар дили вай мавҷи аламу ғуссаҳои навро ба ҷӯш оварда, ӯро бадтар бетоқат мекарданд. Вақте киМамараҷаб охирин ҷумлаҳои Мирбадалро шунида, бо бетоқатӣ аз ҷояш нимхез шуду бо як уф кашидан буғзи дилашро холӣ кард, аз ин уфи вай ҳавои хона ҳам ба мавҷ омада, забонаки торафт хомӯшшавандаи чароғро лип – лип ба ҷунбиш овард.

– Равғани чароғ ҳам адо шуд аз афти кор? – гуфтМамараҷаб.

– Ман гуфтам, чаро ин қадар паст дармегирифта  бошад, – гӯён Мирбадал ба чароғи дар тоқча истода даст дароз кард. Керосини чароғ ба охир расида буд. Фақат пилтаи равғанолуди вай сӯхта, хонаро бӯи ғализ фаро мегирифт.

– То равған рехта оварданам дар торикӣ наметар- сед? – бо оҳанги кинояомез пурсид Мирбадал.

– Боз аз афти худам ягон кас натарсад мегӯям, – ҷавоб дод Мамараҷаб бо ангуштонаш ришу мӯйлаби расидаашро молида. Мирбадал чароғ дар даст аз хона баромад. Дар хо- наи торик танҳо Мамараҷаб монд, ки ӯро кадом як «доруи» се-чор рӯз пеш аз ин бо дасти амаки «ғамхо- раш» пешкаш кардашуда ба ин ҳол гирифтор карда буд. Азму ихтиёри Мамараҷаб, ки акнун дар дасти Мир- бадал буд, торафт суст мешуд. Мамараҷаб ба он одаткарда буд, ки дар ҳаёт аввал фақат худашро пеш гузо рад.

Дар оқибати ҳамин гуна фикру мулоҳизаҳо Ма- мараҷаб ба муҳаббат танҳо аз нуқтаи назари ҳирси ҳайвонӣ нигоҳ мекард… Ҳамаи инҳо Мамараҷабро дар дасти Мирбадал зоча карда буданд. Мирбадал ҳам ки- наю адовати дар кунҷи дилаш боқимондаро, каме бошад ҳам, ба амал бароварданӣ шуда, ҷияни худро дар ин роҳ «қурбон» мекард. Мехост, ки аз қафои де-вор истода таъсири кирдорҳои худро тамошо кардахандад, буғзи ғубори дилашро барорад.Вай барои инҳатто духтари понздаҳсолаи худ Барноро, ки дар син-фи панҷуми мактаби деҳа мехонд «қурбон» кардан хост.

Баъди ба чароғ равған андохта баромадан вай мавқеи худро мустаҳкамтар карданӣ шуда, ба Мама- раҷаби хаёлпарешон гуфт:

Бед, аз ҳамин соат ҳамон Зебии якпула ҳаёю номус надоштаро аз дилатон бароварда партоед. Ман ба яқ маслиҳати дигар омадам: «Девор афтад ҳам, ба дарун афтад» гуфтаанд, ғам нахӯред, ба шумо духтари ху- дамро тӯй карда медиҳам. Мамараҷаб, ки дигар ба ҷавоби мусбати Зебӣ умед надошт, ин пешкашкунии Мирбадалро ба дилаш рӯш- ноӣ афтодагӣ барин, бо хушҳолӣ қабул кард. Вай гӯё шарм медошту сарашро поён фуроварда хомӯш менишаст.

– Аз пагоҳ ба мактаб ҳам намеравад, – гуфт Мирба- дал. – Монед, барои ҳамин ҳам боз ба ягон балои дигар намонем, – ҷавоб дод Мамараҷаб сарашро набардо- шта дилу бедилон. – Ба чӣ бало мемонем? Духтар духтари ман аст, хоҳам мехононам, хоҳам ба шавҳар медиҳам. Чӣ, ак-

нун оё духтарам ҳам пошшогӣ шуд? – Мирбадал ин суханҳоро бо як хашму ғазаби фавқулода мегуфт ва дар ҷумлаи охирини вай ифодаи алами кӯҳна ҳам буд.

Ба Барнои ақлу ҳушаш расо, бафаҳм ва ҳамеша хандон ин «орзуи2 падараш чун санге буд, ки ногаҳон ба чашм омада зада бошад. Ашкҳои беихтиёр аз чаш- мони ҳалими вай ҷоригашта, рухсори аз оташи алам тафсидаашро тар мекарданд. Вай дар хамин вазъият баназди муаллимаи худ Зебӣ давида рафт ва гирёну но- лон аз вай илтиҷо кард, ки ба ин кори падараш ҳаргиз роҳ надиҳанд, ӯро аз хондан маҳрум накунанд.

– Зебӣ – ҳамчун сарвари мактаб, худи ҳамон рӯз ин гапро ба раиси деҳшӯро, раиси колхоз ва котиби таш- килоти ҳизбӣ колхоз хабар дода,дар бораи мудофиа кардани талабу ҳуқуқи толибаи худ ба онҳо хати расмӣ ҳам навишт. Рӯзи дуюм аз рӯи ҳамин масъала Мирбадал ва Мамараҷаб ба идораи деҳшӯро даъват карда шуданд. Раиси деҳшӯро Шодмонов, ки марди миёнсоли ба ришу мӯйлабаш сафедӣ афтода буд, дар пеши мизи ко- ри худ бо қиёфаи ҷиддӣ менишаст. Дар паҳлӯи рости

вай Одил Саркор ҳам буд.– Шумо зан гирифтанӣ ё ба аскарӣ рафтанӣ, Мама- раҷаб? – пурсид Одил Саркор. – Аз афташ, ҳар дуяш ҳам баҷо оварда мешавад, – гуфт Шодмонов аз зери абрувони ба болои чашм хамидааш нигоҳ карда. – То ба аскарӣ рафтан орзую ҳавасаш шиканад гуфта будем, раис, – ҷавоб дод Мирбадал. – Аҷаб вақти орзу – ҳавасшиканиро ёфтед, – гуфт Шодмонов. – аввало ҳамин ки орзу – ҳавас гуфта қонуни ҳукуматро поймол карда намешавад, чунки духтаратон ҳоло ба балоғат нарасидааст, дуюм ҳамин ки Мама- раҷабро ҳоло ҳеҷ кас аз хизмати аскарӣ тамоман ҷавоб надодааст.

– Ҳукумат ин касали нимҷонро чӣ кор мекунад? – гуфт Мирбадал ба афти дар изтироб будаи Мамараҷаб ишора карда. Ба гап боз Одил Саркор ҳамроҳ шуд. – Худатон нимҷон мегӯеду боз худатон ба домодку-

нии нимҷон мешитобед-а? Мирбадал аз гуфтаи худаш пушаймон шуда, дар ҷои нишастааш нотинҷ ҷунбида гирифт. – Мамараҷаб! – хитоб кард ба вай Шодмонов, – на- фасатро барор, ба ту чӣ шуд? На гап мезанӣ, на як йи-гит барин қомат рост карда нишаста метавонӣ. Чӣ, магар забонатро занбӯр газид? – Дармонам нест, раис, – ҷавоб дод Мамараҷаб.

– Дарди ишкам хеле бедармон кард. – илова намуд Мирбадал пеши гапро гирифтанӣ шуда. – Дигар касал-ку надорӣ? – пурсид Одил Саркор. Не, дигар чӣ касал медоштам? – ҷавоб дод Мама- раҷаб.

– Дар хона хоб карда дар фикри зангирӣ шудан – қатӣ дарди шикам дуруст намешавад, – гуфт Шодмо- нов ба Мамараҷаб ва ба гап давом кард, – зангирӣ гу- рехта нарафтааст, аввал саломатиатро дуруст кун, ба военкомат рафта масъалаи ба хизмати аскарӣ рафтан – нарафтанатро ҳал карда биё. Охир, ту аз кадом ба- чамардони ба хизмати аскарӣ рафта камӣ дорӣ? Шу- нидӣ, Сафар чӣ хел аллакай то командирӣ расидааст?

– Шунидам. – Ҳа, бале. Шунида бошӣ, магар аз вай қафо монданбарои ту айб нест? Ту ҳам хату савод дорӣ, ақлу идро- кат дар ҷояш, ғайрат кунӣ, аз ӯҳдаи ҳар кор баромада метавонӣ. Агар ду даст ба киса андохта, аз ҳоло худат- ро аз байни мардум ба канор кашию аз пайи орзу – ҳавасҳои номаъқул шавӣ, он гоҳ, ҳеҷ кас ба ту «бале»намегӯяд.– Албатта, гапатон ҳақ, раис, – гӯён Мирбадал ба сухан ҳамроҳ шуд, – лекин Мамараҷаб аз хурдиаш ҳамин хел фақиракак калон шуд, Сафар барин мусо- фират ва ба ҳар тараф рафтуомадро надидааст. – Чӣ, магар ҳоло ҳам кӯдак барин ба ёрии каси ди-гар мӯҳтоҷӣ дорад? – савол дод Одил Саркор. – Ин қадар ҳам нею ҳарчи бошад ҳам, мисли дига-рон худашро ба ҳар кор мезадагӣ не, раис, – ҷавоб додМирбадал.

Одил Саркор ба Мирбадал расонда гап зад: – Агар ҳозира барин бо фикру мулоҳизаи худаш кор накарда, доимо дар паҳлӯяш ба ҷои вай мадҳиягӯи ди- гар мешуда бошад, албатта аз остонаи хона як қадам ҳам дур рафта наметавонад. Боз нафаси Мирбадал ба дарун афтод. Мамараҷаб дигар ба таънаю кинояҳои Шодмонов, Одил Саркор ва ҷавобҳои номаъқули амакаш тоқат карда натавони- ста гуфт: – Агар нотоб намешудам ман ҳам ҳеҷ гоҳ аз қатори Сафар намемондам, чӣ шуду нотобӣ ба миёни кор

лағад зад, раис. Шодмонов боз таъкид кард: – Ҳеҷ кас нотобии туро таъна намезанад ва ҳеҷ кас туро «хонадор нашав» ҳам намегӯяд. Масъала дар бо- лои ҳамин ки ҳар кор вақт дорад. Аввало мо ба амаки

ту Мирбадал мегӯем, ки ба фарзанди худ пештара ба- рин аз рӯи ҳукми шахсӣ нигоҳ накунанд. Он замонҳо кайҳо гузашта рафтанд. Монед, духтар хонад, як чизро мефаҳмидагӣ шавад.

– Ҳозир ҳам ман «нахонад» намегӯям, раис. Лекин, ба фикрам, ман ҳоло ҳаққи падарии худро гум накар- даам, – гӯён Мирбадал пешхезӣ кард. Албатта, ҳеҷ кас инро инкор намекунад, – ҷавоб дод Одил Саркор, – аммо падар бояд падарӣ кунад, на ин ки қадимҳо барин «духтар – амонати кас, чӣ қадар ба соҳибаш зудтар супорем, ҳамон қадар хотирҷамъ мешавем» гӯяд. – Наход ман ба фарзанди худам бадиро раво бинам,  Саркор, – ҷавоб дод Мирбадал. – Модоме ки ҳамин хел будааст, монед духтаратон дар ҷавониаш хонад. Вақташ ояд, худи мо дар тӯяш хизмат мекунем, – гуфт Шодмонов аз ҷояш хеста, сонӣ ба Мамараҷаб муроҷиат кард.

– Додарам, худи ту ҳам дурусттар фикр кун, аз ин тараф хонадор шуда, аз ин тараф зани навро партофта ба хизмат рафтан чӣ маънӣ дорад? Албатта ба аскарӣ бо занат намеравӣ… Рав, ху- датро ду-се рӯз табобат кун, ба военкомат вохӯр, канӣ, чӣ мегӯяд. Агар ман дар синни ту мешудам, эҳе, ҳамин вақт чӣ корҳо, ки намекардам. Охир, ҳозир дар дунё ду чашми ҳама ба шумо барин бачамардони забардаст дӯхта шудааст. Ана бачаҳои аз қишлоқи мо рафтаро бин. Дар кӯчаи Сталинобод гарданд, мардум аз тамо- шои онҳо сер нашуда, фақат офарин мехонанд. – Рост, рост, хуб гуфтед, – гӯён Мирбадал аз ҷояш хест, – хайр, ҳар чӣ аз мо гузашта бошад, мебахшанд. Маслиҳатҳои хуб додетон, минбаъд корамонро аз рӯи ҳамин дониста мекунем, албатта. – Худам ҳам пасфардо ба военкомат меравам, ме- фаҳмам, – гӯён Мамараҷаб ҳам ба асо такя карда аз ҷояш хест.

– Ҳа, аввал худатро ба духтур нишон деҳ, бародар, – гӯён Одил Саркор гап зад, – ду-се рӯз дам гир, муолиҷа кун. Агар қонунӣ ҷавоб диҳанд, ана сонӣ гап дигар. Шодмонов онҳоро то дари баромад гусел карда

гуфт: – Панду насиҳати мо ба фоидаи туст. Коре кун, ки

ба таънаи дигарон намон. Мирбадал гуфтаҳои Шодмоновро тасдиқкунон аз қафои Мамараҷаб берун баромада, ҳар ду ба сӯи ҳавлӣ

роҳ гирифтанд. Дар роҳ Мирбадал боз фикри Мама- раҷабро бо фитнаю иғвоҳои нав пур мекард:

– Нагуфтам, ҷиянам. Ин ҳамааш кори ҳамон ошиқу маъшуқҳо ва тарафдорони онҳо. Дидед, аз аввал то охир рангу рӯи шуморо дида истода, фақат хизмати аскариро гап заданд. Як «хезед, ҳозир боратонро бар- дошта ба ҷанг равед» нагуфтанду бас. – Ман ҳам гуфта будам-ку, масъалаи духтаратон ҳам касро ба бало мемононад, – илова кард Мама- раҷаб. – Духтарам баҳона шуда, гапу ҳарфи ба аскарӣ нарафтани шумо шуд. – Коре карда як рафта наоям, намешудагӣ барин. – Канӣ пагоҳ – фардо район равем, дар военкомат будагон чӣ мегуфта бошанд, баъд ба тақдир тан дода, роҳи дигарро ҷустуҷӯ мекунем, ҷиянам… Аз мобайн як ҳафта нагузашта Мамараҷабро бо су- пориши комисариати ҳарбӣ дорую дармон карда,

пештара барин ба рангу рӯ дароварданд ва ба по гу-зоштанд. Баъд аз сиҳат шудан, вай аз военкомат даъватномаи ба хизмати ҳарбӣ рафтанро ҳам гирифт. – Акнун кори намешудагӣ шуд, – гуфт Мирбадал ба даъватномаи Мамараҷаб ало-ало чашм андохта, – гуфти худам, нешу касофати ин кор ғайр аз ҳамон Са- фари худобехабар ва хушдораш Зебии нотавонбин, ди- гар кас не. – Акнун ба тақдир тан медиҳем, дигар чӣ илоҷ? – ҷавоб гардонд Мамараҷаб бо як оҳанги маъюсона.

Мирбадал ин гапи Мамараҷабро хулосаи охирини ҳамаи корҳои шудагузашта шуморида, ба вай барои оянда дастуромез гап мезад: – Ба тақдир-ку тан медиҳед, лекин вақту пайташ ояд, ба ҳамон Сафари худобехабар тан надиҳед.

– Чӣ хел мешавад? – гуфт Мамараҷаб, – вай аз ҳама пештар рафта аллакай командир ҳам шудааст-ку? Шумо ҳам ба ҳамон қисм меравед? – пурсид Мир- бадал. – Ҳа, худам ба ҳамон ҷо фиристоданро хоҳиш кардам.

Майлаш, хуб кардед. Рафта бо вай дар як ҷо бо- шед, як кор карда худатонро нағз нишон диҳед, агар мабодо гапҳои гузашта саҳл – саҳл ба гӯши вай расида бошад, «ҷӯра, дар ҷавонӣ мешавад-дия, камтар беақлӣ кардам» гуфта, аз вай пештар гуноҳро ба гардан гиред, сонӣ худи вай ҳам «ҷӯйбории худамон» гуфта, хизмати шуморо хеле сабук карданаш мумкин. Баъзан пул – мул дода истед, хусусан дар мусофирӣ ин муллоҷиринг хеле кор медиҳад, ғайр аз модари кампир, дигар каси ёрирасон ҳам надорад, албатта аз пул мӯҳтоҷӣ мекашад.

Лекин ҳаргиз сабаби панҷ-шаш рӯз касал шуда хоб кардани худро аз даҳон набароред, ки худатон ба сари худатон об мерезед, – ин суханҳои охирини Мир- бадал ҳушу хаёли Мамараҷабро парешон кард ва ӯ фақат «нее, наход» гӯён дар тамоми аъзои баданаш ларзаи ногаҳониро ҳис намуд. Онҳо аз комиссариати ҳарбии район ба сӯи Ҷӯйбор роҳ гирифтанд. Аз рӯи ҳисоби сол фасли зимистон до-хил шуда бошад ҳам, ҳаво нарм, роҳи деҳа пурчангбуд. Якта – нимта баргҳои рангашон заъфароншуда, ки дар ҳар ҷо – ҳар ҷои шохҳои дарахтон андармон буданд, аз боди хунуки саҳро ширт-ширт канда шуда,

ба зери по меафтоданд. Дар шохаҳои баланди сафедору бедҳо лонаҳои пар- рандаҳо, ки соҳибонашон кайҳо насли худро ба воя

расонда, ба ҷойҳои гарм парвоз кардаанд, ба чашм намоён мешуданд.

Дар ду тарафи роҳ заминҳои як қисмашон нав шудгоркардашуда ва як қисмашон ҳанӯз аз ғӯзапоя тозанашуда паҳн гашта буданд.

Дар ҳар ҷо – ҳар ҷои заминҳои шудгоршуда зоғу заған бесаранҷом тӯда-тӯда менишастанду минқор ба хок зада, кирму ҳашарот меҷустанд. Ҳамин ки тракто- ри заминрон ба сӯи ин зоғу зағанҳо наздик меомад, онҳо якбора хӯсида ба осмон паҳну парешон парвоз мекарданд. Зану мардоне, ки дар мобайни ғӯзапояҳо қомат хам карда ғӯзапоя меканданд, аз дур ба чашми кас мисли гулҳои рангоранг намудор мешуданд. Оби зулоли кӯҳсорон, ки ҷӯйҳои дар ду канори роҳ дарозкашидаро пур карда ҷорӣ мешуд, дар баъзе ҷойҳо аз канор баро- мада, ба худ аз кӯча ва аз марзаҳои замин роҳи нав мекушод. Баъди ба роҳи деҳа даромадан, аз рӯ ба рӯи хеле дур дарахти гунбазшакли ҳанӯз баргҳояш каб – кабуд намоён гашт. Ин ду чанор дар миёнҷои деҳаи Ҷӯйбор қад кашида буд, ки ба ҳар каси ба ин сӯ пойниҳода нишонаи роҳнамо шуда хизмат мекард.

Мамараҷаб ва Мирбадал ба ҳамин чинор рӯ ба рӯ шуда буданд, ки аз дур ба чашми онҳо шахси аспсаво- ре намоён гардид. Мирбадал дасти чапашро ба пешо- нааш бурда, чашмонашро аз офтоби акнун ба ғарбха- мида панаҳ карда, ба он сӯ назар афканд. – Раис омада истодааст, – гуфт Мирбадал.  Шодмонов-мӣ? – пурсид Мамараҷаб ҳам дасташро ба пешонааш соябон карда.

– Ҳа, худи худаш. Биёед, боз бо вай рӯ ба рӯ наша- вем, – гӯён Мирбадал ба тарафи рост ба пайраҳае, ки аз мобайни найзори сари роҳ гузашта мерафт, бар- гашт. Аз паси ӯ Мамараҷаб ҳам ба ҳамон сӯ рафт. Ҳар дуи онҳо мисли гурги аз таъқиб гурехта дар мобайни найзору заҳбурҳо ғоиб шуданд…

 

Likes:
0 0
Views:
81
Article Categories:
Умумӣ

Leave a Reply