Фотеҳ Ниёзӣ Вафо (роман, китоби 1-боби ҳаштум)

Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии

Тоҷикистон Фотеҳ Ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар

ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир

кардааст.

Китоби 1

БОБИ ҲАШТУМ

Ҳамон рӯзҳое ки дар остонаҳои пойтахти Ватани шӯроӣ – Москав ҷангҳои сахти хунин бар зидди фашистон давом мекард, аз Москав, аз Кремл фармон омад, ки мувофиқи талаби халқ дар ҷумҳуриҳои миллӣ, аз он ҷумла дар Тоҷикистон қисмҳои ҳарбии эҳтийтии миллӣ ташкил дода шаванд. Аз мобайн бисёр вақт нагузашта ҳазорон – ҳазор ҷавонмардони тоҷик – коргарон ва колхозчиён, хизматчиён ва ҳунармандон, ходимони санъат ва муаллимон касбу кори худро мувақкатан тарк карда, ҷанговари ҳамин қисмҳои миллии Армияи Сурх шуданд. Яке аз он ҳазорҳо тоҷикписарон, ки касбу кори худро мувақкатан тарк карда, ҷанговарони Армияи Сурх шуда буданд – муаллими қишлоқи Ҷӯйбор Сафар Одинаев буд. Ҳоло ӯ қиёфаи дигар дошт. Дар тан либоси хоки-ранги ҳарбӣ, дар сар телпаки ситораи панҷгӯшадор, дар по мӯзаи солдатӣ, дар китф милтиқ дошт, бо тасма миёнашро таранг баста, низомӣ қадам мениҳод. Дар боду ҳавои кушод, дар зери офтоби тирамоҳӣ аз пагоҳ то бегоҳ машқкунӣ рангу рӯи ӯро ҳам тағйир дода буданд.

Пусти рӯяш сияҳтоб ва худаш аз аввала лоғартар менамуд. Рост аст, ки ҳар кас, ки Сафарро аз рӯзи ба аскарӣ рафтан ин ҷониб аввалин бор медид, ӯро дарҳол шинохта ҳам наметавонист. Ҳаёту хизмати ҳарбӣ ӯро чи ботинан ва чи зоҳиран хеле тағйир дода буданд. Рӯзе командири қисм, марди қадпасти синну солаш қариб ба панҷоҳ расида, ки рутбаи полковникӣ дошт, дар аснои шахсан аз назар гузаронидани машғулияти тактикии ҷузвитомҳо ба Сафари сангар кандаистода рӯ ба рӯ омад. Сафар мувофиқи талаби низомнома ба замин дароз кашида, дар даст белча, чашмашро аз атроф наканда, замин меканд. Дастони ӯ чусту чолокона кор карда, хоки ҳар бор ба рӯи белча омадаро ба пеши окоп ва ба ду паҳлӯяш мепартофт.Аз байн панҷ- шаш дақиқа вақт нагузашта, Сафар сангари худро тайёр карду баъд белчаашро ба халтачаи ба миёнаш буда андохт ва ҳамон замон мили милтиқашро ба хоктӯдаи пеши сангар монда, бодиққат чизеро ба нишон гирифт.

– Фамилияи шумо чист, рафиқ ҷанговар? – Ин саволи ногаҳонии полковник, ки болои сари Сафар омада буд, ӯро саросема кард. Сафар аввал чӣ кор карданашро надонист. Аз ҷояш хезад ё нахезад? Хезад, тартибу қоидаи машқро вайрон карда, аз фармондеҳи бевоситаи худаш гап мешунавад, нахезад, дар назди фармондеҳи калон беҳурматӣ мешавад. Мулоҳизаи  охирин Сафарро аз ҷо бархезонд ва ӯ дарҳол дасташро ба чаккааш бурда, ба пурсиши полковник ҷавоб дод:

– Ҷанговар Одинаев Сафар, рафиқ полковник! Дар рӯи полковник аломати норизоӣ пайдо шуд. Лабони ӯ каме ба ханда моил шуда бошанд ҳам, аммо аз чашму абрувонаш бадқаҳрӣ намоён буд.

– Ман мехостам аз сангаркании шумо мамнунии худро изҳор кунам, рафиқ Одинаев, аммо шумо бо рафтори ҳозираи худ маро аз ин ният баргардондед, – гуфт полковник. Сафар ҳамон дам чӣ хато кардани худро ба хотир оварда, ба окопи худ чашм партофт ва дарҳол мил- тиқро, ки дар он ҷо меистод гирифта, ба паҳлӯи росташ, дар ҳолати низомӣ нигоҳ дошт. Полковник аз ин кори Сафар боз табассум карда гуфт:

– Ин як. Дигар ин, ки ҳеҷ гоҳ дар вақти машқ, ҳар касе, ҳам ки ояд, – хоҳ полковник, хоҳ генерал, – бе иҷозат мавқеи худро монда нахезед. Дар шароити фронт шумо бо ин рафтор кайҳо ҳадафи тири душман мешудед. Сафар хомӯш ба полковник нигоҳ карда монда буд. Рӯи ӯ дар ҳаври танӯр тасфидагӣ барин суп – сурх шуда, пешонаю болои лабҳояшро донаҳои арақ зер карда буданд.

– Пеш аз армия чӣ кор мекардед? – пурсид полковник.

– Муаллимӣ.

– Маълумотатон?

– Олӣ.

– Кадом мактабро тамом кардед?

– Институти педагогии Сталинобод, факултети забон ва адабиёти онро.

– Ҳамин институт? – полковник аз ҷои истодааш ба сараш ба тарафи шимол ишора кард. Аз қаротеппае, ки дар он ҷо ҷанговарони қисми ӯ ба ҷузвитомҳо тақсим шуда, машғулият мегузаронданд, бинои сеошёнаи институти омӯзгорӣ ва дигар сохтмонҳои шаҳри Сталинобод намоён буданд.

– Бале, рафиқ полковник, – ҷавоб дод Сафар.

– Кӣ шуморо ба армия даъват кард? – боз пурсид полковник бо он мулоҳизае, ки ин муаллими маълумоти олӣ дошта чӣ тавр ба сафи аскарони қаторӣ афтодааст.

– Бо хоҳиши худам омадам, рафиқ полковник, –ҷавоб дод Сафар.

– Ҳо, ин тавр, яъне ихтиёран? – саволомез кашол дода гап зад полковник ва аз сар то пои Сафарро аз назар гузаронд. – Бисёр хуб, бисёр нағз, рафиқ Одинаев. Ҳамроҳ фашистонро мекӯбем гӯед?

– Албатта, рафиқ полковник, – илова кард Сафар аз мамнунияти полковник хурсанд шуда. Полковник, баъд аз он ки як дам хомӯшона ба атроф назар партофта гирифт, аз Сафар пурсид:

– Агар шуморо ба командирии отделения таъйин кунем, розӣ мешавед? Сафар дарҳол ҷавоб надода каме фикр карда монд. Полковник ҷавоби ӯро нагирифта илова кард:

– Ин кор ҳам бо роҳи худаш муаллимӣ аст.

– Аз ӯҳдааш баромада метавониста бошам, рафиқ полковник?

– Дар армия дудила гап заданро одат накунед, – гуфт полковник. – Армия қатъӣ, бурро, равшан, хулоса карда гап заданро талаб мекунад.

– Итоат, рафиқ полковник! – ҷавоб дод Сафар.

– Командири взводро гӯед ба пеши ман ояд.

– Итоат, ҳозир! – Сафар давон-давон ба назди фармондеҳи взвод, ки дар пастхамии теппа бо гурӯҳи дигари ҷанговарон машғулият мегузаронд, рафт ва фармони полковникро ба ӯ расонд. Фармондеҳи взвод ҳамон замон ҳозир шуд.

– Рафиқ полковник, лейтенант Осмухин мувофиқи фармони шумо ҳозир шуд.

– Рафиқ лейтенант, аз пагоҳ Одинаевро, – ишора кард полковник ба Сафар, – ба подразделенияи тайёр кунандаи командирони отделения фиристед. Баъд аз тайёрии якмоҳа боз ба взводи худатон меояд.

– Итоат, рафиқ полковник, – ҷавоб дод лейтенант Осмухин.

Баъд аз ними рӯз фармонднҳи взвод танаффус эълон кард. Ҳама аз сангарҳои худ хеста, ба доманаи теппа гурӯҳ-гурӯҳ ҷамъ шуда нишастанд. Як гурӯҳи ҷанговарон рӯ ба боло бо телпаки худ рӯяшонро аз офтоб панаҳ карда, дигарашон рӯ ба замин тахтапушташонро ба офтоб дода хоб мекарданд. Як қисми дигари ҷанговарон, чорзону нишаста, аз дуди ғафси махоркаи солдатӣ, ки дар коғази рӯзнома ғафс – ғафс печонда шуда буд, кайф мекарданд. Дар як тарафи ҳамин гурӯҳ Сафар ҳам нишаста, аз рӯзномаи нав ахбороти Идораи иттиолотро бо овози баланд мехонд. Вақте ки Сафар хабари оид ба ҷангҳои назди Москваро мехонд, ҳама  хомӯш нишаста мешунавиданд. Дар ҳамин асно кадом як ҷанговар сахт сулфид.Дигарон аз сулфаи бемаҳали ӯ ранҷидагӣ барин якбора ба ӯ нигоҳ карданд. Ҷанговари рӯкалон ва гӯшҳояш аз гӯшҳои муқаррарӣ калонтар, ки дар паҳлӯи Сафар менишаст, ба ҳамон ҷанговари сулфааш гирифта, гуфт:

– Чӣ, дар гулӯят магар устухон дармонд, Дадабой:

– Не, аз афташ шушаш ба даҳонаш омад, – илова кард ҷанговари харобакаки хандонрӯ.

– Набошад зуд бо шомпол тела додан лозим, – гуфт боз як ҷанговар аз мобайн. Дадабойи ленинободӣ, баъд аз сулфаашро нигоҳ доштан, ба ҷанговари харобакак нигоҳ карда гуфт:

– Чӣ, оё сулфаи мо табиати нозуки камаровиро хира кард? – Дадабой ба Нозир лақаби «камаровӣ» дода буд.

– Дида истодаӣ-ку, бачамард, Сафар коҳида рӯзнома мехонад, – ҷавоб дод Нозири камаровӣ. Дадабой чашмони аз сулфаи сахт ашконаш баромадаи худро пок карда, ба Нозир гап партофт:

– Карнайи радио барин гӯш дорӣ, боз карии туро бин.

Ҷанговарон ханда бардоштанд. Нозир ҳам ҷавобан ба Дадабой гуфт:

– Агар мабодо ба пеши микрофони радио баромада аз ҳамин сӯрт сулфаҳо камтарашро сар диҳӣ, бемуҳобот, карнай – парнайро кафонда мепартоӣ,бачамард… Боз ханда баланд шуд. Баъд Сафар ҳамаро ба хомӯшӣ даъват карда, давоми ахборотро хонд.

Баъд аз хонда шудани ахборот, боз овози Нозири камаровӣ баланд шуд.

– Ист, ки рафиқ, ба мо ҳам навбат меомада бошад, то ки мо ҳам аз қатор намонда, зӯрамонро бисанҷем? – боз пурсид Нозири камаровӣ.

– Навбат албатта меояд, камаровӣ, нағз тайёрӣ бин,– гуфт Сафар.

– Канӣ, кошкӣ ҳозир маро ба ҷанг дарорад, – гуфт Дадабой бо овози шамолхӯрдаи худ калонгирона, – граната ғурронда, милтиқ андохта, то даҳ-понздаҳтаашро ба зери поям гирифта маҷақ накунам, хотирҷамъ намешудам…

– Ҳай, ҳай, – гуфт Нозир бо ду дасташ китфи Дадабой ба авҷ омадаро зер карда, – зӯратро беҳуда сарф накун, даркор шуда мемонад.

Дадабой ҳамон замон ду дасти Нозирро маҳкам дошту аз ҷояш ҷаҳида хест ва мехост ӯро дар ҳамин ҳолат ба замин хобонда, пахш кунад. Лекин Нозир ҳам бо чусту чолокӣ ду китфи Дадабойро маҳкам дошта, ба ҷидду ҷаҳди вай муқобилат нишон дод. Ҷанговароне, ки дар гирдогирди онҳо давра гирифта буданд: «Канӣ, канӣ, кӣ зӯр, кӣ ба гӯштингирӣ усто» гӯён онҳоро ба ҳамдигар тез мекарданд. Дадабой ҳарчанд зӯр занад ҳам, Нозирро ба китфаш гирифта натавонист. Онҳо дар хамин ҳолат барои афтондани якдигар хеле зӯр заданд, вале нашуд. Ба болои ин гӯштингирӣ Осмухин расида омада, вай ҳам талоши зӯрнишондиҳии он ду ҷанговари худро бо мароқ тамошо карда, гуфт:

– Ҳар дуятон ҳам нимҷон ҳастед.

– Дар наҳорӣ хӯрокро камтар хӯрда будем аз афташ, – гуфт Дадабой ҳарсасзанон ва дасти Нозирро сар дода илова кард, – худат ҳам буз барин чандир будаӣ-дия.

– Одам бо даҳанкалонӣ Рустами Достон шудан намегирад, бачамард, – ҷавоб дод Нозир сарулибосашро ба тартиб оварда, – зӯр даркор, зӯр!

– Зарар надорад, «мардро дар майдон бин» гуфтаанд, ба майдони ҷанг наздиктар равем, ана дар ҳамон ҷо маълум шуда мемонад, – ҷавоб дод Дадабой аз даъвои худ пас нагашта. Ҳамин тариқ, танаффуси ҷанговарон бо шӯхию бозӣ ба охир расида, баъд боз як-ду соати дигар давоми машқ шуда гузашт. Қариби бегоҳ ҷанговарон саф ороста ба сӯи қисми худ роҳ гирифтанд. Ҳамин, ки онҳо аз кӯчаи Ленин гузашта ба тарафи шаҳрчаи ҳарбии худ бармегаштанд, чашми Сафар ба модараш ва Юнусбобою Зебӣ афтод. Онҳо баробари ҷанговарон аз пайраҳа мерафтанд. Сафар онҳоро дида боз ҷиддитару далертар қадам мениҳод.

Модари Сафар Умрихола писарашро дар сарулибоси низомӣ дида ҳам ба ҳаяҷон меомаду ҳам ифтихор менамуд.

– Ҳо, писараки шераки оча, салом!

Сафар ба сӯи модараш як назар карду дигар чизе нагуфта боз ба пеш нигоҳ карда бардам пой мондан гирифт.

– Ҳо, Сафари оча, садқа, магар маро намебинӣ, намешунавӣ?

Мардум ҳама ба Умрихола нигоҳ карданд. Фармондеҳи взвод, ки аз канортари кӯча қадам мепартофт, бо ҳайрат як ба Умрихола ва як ба взвод нигоҳ карда монд. Аз взвод касе диққати худро вайрон накарда

қадам мезад. Умрихола ба пешгирии Юнусбобою Зебӣ эътибор надода, ба Осмухин наздиктар омаду бо чеҳраи пурифтихор ба вай гуфт:

– Азони ман баранчук, ҳу Сафар.

– А-а-а, нағз, бисёр нағз, – гӯён русӣ ҷавоб дод Осмухин ва ба Сафар, ки гӯё аз ҳеҷ чиз бехабар буда, бо қиёфаи ҷиддӣ пой мениҳод, чашм партофт ва ба модар ҷавоб дод, – ҳозир мумкин нест, баъд гап мезанем. Зебӣ ба Умрихола чӣ гуфтани фармондеҳро фаҳмонд ва худаш ҳам таъкид кард, ки дар кӯча гап задан хуб нест. Умрихола якравӣ карда ба Зебӣ ман – манӣ карда ҷавоб гардонд:

– Ба вай гӯед, фарзанди худам, дар кӯча-мӣ, дар хона-мӣ, куҷое ки хоҳам, гап мезанам. Акнун аскар шуд гуфта магар аз модараш ҳам рӯ гардонад? Ман зоида калон намекардам, чӣ мекард?

Онҳо бо ҳамин машмаша аз қафои саф то пеши дари шаҳрчаи ҳарбӣ омаданд. Пеши дарвозаи шаҳрчаи ҳарбӣ ва суфаю чорпояҳои чойхонаи сурхи аскарӣ, ки дар зери дарахти тути рӯ ба рӯи дарвоза буд, аз зану мард пур буд. Ҳамаи онҳо имрӯз – бегоҳии якшанбе ба мулоқоти писару додар,  ёру бародари дар хизмати ас- карӣ будаи худ омада буданд. То ба самти ғарб гашт кардани офтоб ҷанговарони ҷузвитомҳо аз машқи саҳроӣ баргашта омада хӯроки гаштирӯзиро қабул карда, баъд аз он, бо иҷозати фармондеҳон ба мулоқоти хешу таборҳои худ баромаданд. Сафарро аввало Зебӣ, ки дар рӯ ба рӯи дари баромад истода буд, пешвоз гирифт. Вай баъд аз даст дода салом алейк кардан ӯро ба чойхона, ба назди модараш ва Юнусбобо бурд.

– Очакат садқа ба хоки поят, – гӯён Умрихола аз бӯсидан ва ба сари сина зер кардани Сафар даст намекашид.

– Ба мо ҳам навбат расад, хоҳар! – гуфта Юнусбобо Сафарро аз оғӯши Умрихола ба сӯи худ кашола кард ва дарҳол худаш дастҳояшро ёзонда ӯро ба бағалаш гирифт. – Бале, писар, бале… Олам гулистон…

Модари Сафар, баъд аз пурсупос, аз қиёфа ва қаду басти писараш чашм наканда, хомӯш гиря мекарду мегуфт:

– Аз ҳафтаи гузашта худатро боз хело коҳондаӣ, бача, биё, мон, ихтиёр карда омадӣ, боз ихтиёр куну рав. Худат ҳам дока барин тунукпӯст. Ҷисму ҷонат ба ин хел кори вазнин дошт намедиҳад.

Сафар ва баробари ӯ Зебию Юнусбобо аз ин гапҳои Умрихола механдиданд.

– Нобурда ранҷ ганҷ муясар намешавад, гуфтаанд, хоҳар, – ҷавоб дод ба нолиши модар Юнусбобо, – ба Сафар чӣ шудааст, камтар гӯшт фуроварда бошад ҳам, рангу рӯяш нони ширмол барин. Албатта хизмати ас-

карӣ осон не, лекин дар ин кор то сахтиро набинӣ, намепазӣ.

– Дили модар аз шиша ҳам нозуктар мегӯянд, рост аст. – Ба гапи Юнусбобо ҳамроҳ шуд Сафар ва ба модараш хитобан гап зад. – Чӣ, ту мехоҳӣ, ки мисли духтари хона соле дувоздаҳ моҳ аз пеши чашмат дур нашавам?!

– Ту чӣ медонӣ, ки очат дар чӣ хаёлу ғам, – боз оби чашм кард Умрихола.  Сафар гоҳ хандида, гоҳ ба қаҳр омада гап мезад. Юнусбобо ба ҳар ду тараф ҳам насиҳат медод. Охир, Зебӣ, ки то ҳол ба рӯи Сафар чашм дӯхта, су- рати ҳамаи ҳаракату гапзаниҳои ӯро мисли рассоме ба дилаш мекашид, ба гап ҳамроҳ шуд:

– Оча, монед акнун, беҳуда дили муаллимро хиҷил кардан чӣ фоида. Умрихола дид, ки чор-панҷ кас ба вай чашм дӯхта истодаанд, худаш ҳам хиҷолат кашида, бо нӯги қарси сафедаш ашки чашмонашро пок карда гап зад:

– Гӯр оби дидаи ман ҳам шавад, ҳамин вақтҳо гап ки ду шуд, даррав дар милки чашм ҳозир. Хайр, ба гап овора шуда, ин тугунчаро ҳам накушодаем. Зебӣ рӯймоли чоркунҷаи дар дарунаш чизу чора ба- сташударо ба пеши Сафар дастархон карда кушод. Дар рӯймол себ, ангур, мавиз, чормағз, гӯшти яхнӣ ва нони фатир буд. Аз ҳама аввал диққати Сафарро бӯи хуши себи тирамоҳӣ ба худ ҷалб кард. Ин ҳосили ҳамон ниҳолҳои боғчаи мактаб буд, ки дар шинондан ва парваридани онҳо Сафар ҳам иштирок дошт.

– Боғчаи мактаб ҳам хуб себҳо дорад-а, Бобо? – пурсид Сафар як донаи онро ба даст гирифта.

– Меваи меҳнати худатон, писар, – ҷавоб дод Юнус- бобо, – аз талабаҳо ба мудирамон савғо гуфта муаллима оварданд.

Сафар ба сӯи Зебӣ нигоҳи пурмеҳре кард. Зебӣ шармгинона сарашро пойин фуроварда, давоми сухани Юнусбоборо гирифт:

– Муаллимон, талабагон, ҳамаашон пурсида фиристоданд.

– Саломат бошанд. Корҳои мактаб, хонданҳо чӣ хел?

Аз Зебӣ пештар Юнусбобо ҷавоб дод:

– Олам гулистон, хотирҷамъ бошед. Мудира мисли худатон корҳоро сад фоиз нағз бурда истодаанд.

– Ин қадар ҳам не, – хоксорона гуфт Зебӣ, – ҳанӯз

ҳам ҷои шумо холӣ.

– Рост,рост, – фикри Боборо қувват дод Умрихола,

– духтарам хеле бадаступо. Хурду калон таъриф мекунанд.

– Бовар мекунам, албатта, – тасдиқ кард Сафар ва аз ин таърифи рӯ ба рӯ хиҷолат кашидани Зебиро пай бурда, гапро аз дигар ҷо сар кард. – Дар колхоз чӣ гапҳои нав, кори худи шумо чӣ хел, Бобо?

– Кори мо як зарраи кори умум. – Бо хоксорӣ гуфт

Бобо ва ҳамаи таърифро ба унвони аъзоёни бригадаи худ гардонд. – Ана, якта зарбдорамон волидаатон, плани ғӯзачинӣ ва ғӯзатозакуниро аз сад фоиз зиёд иҷро карданд. Ин кас дар пеши шумо оби чашм мекунанду дар кор бошад, олам гулистон, лочин барин. Планҳои колхоз ҳам аз пахта сар карда то ғаллаю сабзавот, бекамукост ба ҷояш расонда шуд. Худо хайру

барака ва умру ҷони роҳбарони колхозро диҳад, ҳаминҳо ба хаёлам на шаб ором мегиранд на рӯз. Ҳар вақт, ки бошад, ба ҳар кор ҳозир. Пурсед – «Ҳоло вақти дамгирӣ не» мегӯянду тамом.

– Аз Ҷӯйбор боз киҳо ба аскарӣ рафт? – савол дод Сафар.

– Ҳоло ҳозир ғайр аз шумоён дигар ҳеҷ кас, – ҷавоб

дод модари Сафар сухани «ғайр аз шумоён» – ро бо як оҳанги махсус таъкид карда.

– Баъд аз шумоҳо Мамараҷаб рафтанӣ буд, – илова кард Юнусбобо, – намедонам, рост ё дурӯғ, мегӯянд, ки касал гуфта боз панҷ-шашрӯза ҷавоб гирифтааст.

– Касал-пасал не, хирс барин. Аслан як хел одамҳо ҳилаашро меёбанд, – Умрихола бо ҳасад гап зад.

– Чаро ин хел донам – надонам гап мезанӣ, оча, – ба

модараш эътироз баён кард Сафар. – Раваду дар

ҳақиқат касал бошад.

Зебӣ пеши мунозираро гирифтанӣ шуда гуфт:

– Касали бапо, ҷогаҳӣ не, худатон медонед-ку, муаллим.

Баъд аз ин гапи Зебӣ Умрихола, Юнусбобо ва Сафар фурсате ба чӣ хаёле рафта, хомӯш монданд. Ба дили Сафар оташ афтодагӣ барин шуд. Ӯ боз ба сад гумонҳо рафта, чӣ гуфтанро надонист. Юнусбобо пай бурд, ки ин гап баногоҳ ба миёни чақ – чақ лағад зада, сӯҳбатро хунук кард. Бинобар ин роҳи аз ин вазъият баромаданро ҷуста, ба пиёлаи холии дар дасташ буда чой рехту ба Сафар дароз кард ва гуфт:

– Хайр, бало ба сари худаш. Биёед, гапи худамонро занем. Сафар хомӯш пиёларо аз дасти Бобо гирифту ба ла- баш бурда аз чой як қулт нӯшид. Юнусбобо боз Сафарро ба гап андохт.

– Кай рафтанатон маълум ҳаст ё не?

– Ҳеҷ кас намедонад.

– Гитлери ҳаромӣ ҳам дар наздики Маскав хуб шатта хӯрдаст-а, писар?

– Ҳа, худаш ҳам то ҳоло дар ҳеҷ ҷо ин хел шатта нахӯрда буд.

– Иншооллоҳ ана – мана нагуфта, роҳи омадаашро гум карда, ба қирон гирифтор мешавад, ноинсоф.

– Канӣ акнун моро ҳам зудтар мефиристоданд, – гӯён Сафар ба модараш нигоҳ карда монд.

– Чӣ, дар он ҷо ягон чизи ноёб будаст, ки оё наравӣ хушк мемонӣ? – пурсид модар.

– Аҷаб ба гап лочинпарвоз-дия шумо, хоҳар! – гуфт Юнусбобо кинояомез. – Ин чӣ хел мешавад, ки ба аскарӣ рафтам гуфта боз аз нисфи роҳ гашта ояд?!

– Аз дасти ин чӣ ҳам меояд мегӯед, додар? – боз писари худро ноӯҳдабаро шуморида гуфт Умрихола.

– Муаллимро ин қадар паст назанед, оча, – гуфт Зебӣ тарафи Сафарро гирифта. Сафар аз гапҳои модараш табассумкунон менишасту ба баҳсу мунозира шарик шуданро лозим ҳам намешуморид.

– Чойро гиреде, хоҳар, – гап зад ба ӯ Бобо, пиёларо дароз карда, – вақташ ояд, баъд худам салом медиҳам.Писар, ҷавобан ба ҳамин гапҳои модаратон, пайташ ояд, як кор нишон диҳед, ки дар байни мардум достон шавад. Дар болои ҳамин сухани Юнусбобо аз даруни шаҳрчаи ҳарбӣ бонги ҷамъомад баланд шуда, онро боди сабуки бегоҳирӯзӣ ба хеле дуриҳо бурд.

– Хайр, вақти ҷамъомади бегоҳӣ ҳам шуд, – гӯён Сафар аз ҷояш ҷаҳида бархост. – Пагоҳ рӯзи дамгирӣ, тавонам, худам ҷавоб гирифта ба деҳа рафта меоям. Умрихола, Юнусбобо бо Сафар самимона хушбошӣ карданд. Зебӣ ба дасти дарозкардаи Сафар даст надода, «То онсӯтар ҳамроҳ равем» гуфту ба сӯи дарвозаи шаҳрчаи ҳарбӣ баробари Сафар қадам ниҳода, гапҳои дар ин ҷо нагуфтаи худро ба вай нақл кард.

– Чӣ маслиҳат медиҳед? – пурсид Зебӣ аз Сафар, –бачаҳои синфҳои болоро ба ёрии кори колхоз барораммегӯям. Сафар гуфтаҳои Зебиро бодиққат гӯш карда, ба маслиҳатпурсии вай:

– Ташаббуси шоёни таҳсин! Кори нағз мешавад, албатта… – гуфту ба чашмони ҳалими Зебӣ дере нигоҳ карда монд. Вақте ки Сафар ба Зебӣ даст дода, хайрухуш ме- кард, акнун Зебӣ дурусттар ҳис намуд, ки дастони Сафар мисли пештара мулоими майдаяк не, балки гӯштҳояш шах ва пӯсти рӯю кафҳояш дағар – буғур шуда буданд. Зебӣ дасти Сафарро сар надода, сари шармгинона поён фуровардаашро оҳиста боло бар- дошт. Дар ин асно чашмони ҳар дуи онҳо боз ба ҳам афтода, ба лабҳои ҳанӯз ба бӯсаи муҳаббат ташнаашон табассуми ширин давид…

Likes:
0 0
Views:
98
Article Categories:
Умумӣ

Leave a Reply