Фотеҳ Ниёзӣ Вафо (роман, китоби 1-боби ҳафтум)

Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии

Тоҷикистон Фотеҳ Ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар

ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир

кардааст.

Китоби 1

БОБИ ҲАФТУМ

 Вақти говгум шуда буд. Аз доманаҳои кӯҳҳо то болои қишлоқи Ҷӯйбор тумани тунук ба мисли каҳдуд вазнин паҳн мегашт. Қишлоқ берун аз одат хомӯш буд. Ҳатто баргҳои дарахтон ҳам ба ягон сирру асрор гӯш додагӣ барин, беҳаракат буданд. Танҳо шуввоси рӯди Қаратоғ хомӯш намешуд. Вай бо ҷараёни пурталотуми худ ҳама гуна мамониатҳоро ҷаҳидаю шикаста мегузашт ва ба сӯи дарёи Кофарниҳон, ки вай ба он рафта ҳамроҳ мешуд, мешитобид…

* * *

  Мирбадал ва Мамараҷаб аз байни мардуми Ҷӯйбор ҷудо шуда бо роҳи хилвате, ки охири он ба доманаи теппаҳои чақарсанги тарафи шимоли деҳа рафта мерасид, оҳиста-оҳиста қадам монда гапзанон мерафтанд.

Мирбадал раҳравон аккаи аз чизе хӯсидагӣ барин, ҳар замон ба пешу қафо ва гирду атрофаш нигоҳ карда, баъд бо овози нимхирриаш ба Мамараҷаб гуфт:

– Хӯш, ба чӣ қарор омадед, ҷиян?

– Чӣ мешуд, рафтан даркор, – ҷавоб дод Мамараҷаб хаёлпарешон.

– Э, ҷиянам, ҳоло ҳам шумо хом будаед.

– Гап дар хомию пухтагӣ не, амаки Мирбадал. Ин хизмати ҳатмии умумӣ қонун аст, охир!

– Ҳай қонун – қонун гуфтед-дия! Акнун аз вай қонунҳо чашм пӯшед.

– Чӣ хел чашм пӯшам?!

– Дида истодаед-ку, умри ин қонунҳо ҳам рӯз аз рӯз кӯтоҳ шуда истодааст.

– Ин чӣ гуфтагетон, нафаҳмидам – пурсид Мамараҷаб бо ваҳму ҳарос аз оринҷи Мирбадал дошта.

– Охир маркази ҳамин қонунҳо Маскав бошад, пагоҳ

– бегоҳ аз даст меравад, сонӣ дигар ҳама омин аллоҳ  акбар…

– Ин хел нагӯеде, ҳоло Маскав куҷою немис куҷо.

– Шумо ҳоло кӣ будани Гирмонро намедонед, ҷия-нам. – Боз мақсади худро равшантар изҳоркунон гапзад Мирбадал ва овозашро як андоза паст кард

– Агар хато накунам, аз ин нуздаҳ – бист сол пештар буд, аз афташ, ана дар ҳамон вақт ҳамин Гирмон қариб нисфимамлакати русҳоро зери карда, баъд ҷангро баскарда буд. Ҳозир бошад, нисфи дунё дар дасташ, наход лашкаре, ки як тарафаш то Фарангистон, як тарафидигараш то Ҷазоир замину замонро зери даст кардааст,омада Маскаврогирифтанатавонад?

Ин «далелҳои» Мирбадал Мамараҷабро ба ким-чӣхаёлҳо водор карданд.Дили то ин дам аз рафти ҷанг умедҳои нек доштаи ӯро воҳима зер карда, хаёли ӯроба кӯчаи сарбаста тела медоданд. Мирбадал аз хомӯшмондан ва тағйир ёфтани ҳолати рӯҳии Мамараҷабпай бурда, боз мақсади худро аёнтар кард.

– Ман-ку ба Ҳукумати Совет заррае кина надора ,лекин ба умру ҷони мисли шумо ҷавонҳо диламмесӯзад.

– Сад дилатон сӯзад ҳам, чӣ чора? – савол кард Ма-мараҷаб ба фикри Мирбадал майл кардагӣ барин.

– Чорааш бисёр, ҷиянам, гап ба хоҳиши худи кас.

– Чӣ хел чора?

– Аввал ҳамин, ки монед худи ҳамон русҳо бароимулку ҷони худ ҷангидан гиранд, ба ману шумо чӣ.

Ҳоло ба деҳаю хонаи мо ҳеҷ кас зер карда наомадааст-ку…

– Агар сари роҳашро нагиред, омада ҳам мемонад…

– Э ҷиян, то табар омадан кунда меосояд…

– Хайр, ин повестка чӣ мешавад? – пурсид Мама-раҷаб аз кисааш коғазеро бароварда.

– Илоҷи ин ҳам осон.

– Чӣ хел?

– Ду-се рӯз худатонро ба нотобӣ мезанед.

– Одами сип-сиҳат дар як рӯз чӣ хел худро ба но- тобӣ меандозад?

– Шумо ғам нахӯред, ҷони амак, «усул ба дасти нақорачӣ» гуфтаанд, фақат ҳаминро донед, ки амака- тон аз азобу уқубати солдатӣ халос шуда, ба ҷои саҳрои кушод, замини заҳ ва зиндагии пуртаҳлука, дар хонаи ҳамеша чароғон, дар болои қолину кӯрпачаҳо баҳузур ёзида, рӯз гузаронидани шуморо орзу мекуна- ду бас. Монед, ба ҷанг касоне раванд, ки аз ҷони худ сер шудаанд, ҳа нагуфта чашмони онҳо ҳам мош барин кушода шуда мемонад. Воқеан, акнун масъалаи муал- лима ҳам осонтар мешавад…

– Чӣ хел осон мешавад? – пурсид Мамараҷаб бо изти-роб.

– Яъне ҳамин хел, ки Сафар бо ҳамин рафтани худ \худо медонад, оё гашта меояд ё намеояд.

– Аммо, дар ҳақиқат онҳо якдигарро дӯст медошта анд-а?

– Давидани гӯсола то каҳдон. Ана монду рафт, се-дуди чилим барин аз дилу димоғаш баромада меравад.

Ин гуфтаҳои маккоронаи Мирбадал ба дили Мама-раҷаб дом меандохт. Вай мисли бедонае, ки ба дони дом медавида бошад, торафт ихтиёри худро ба дасти набуда тамоми ҳастии ӯро фаро мегирифтанд. Суратӣ Зебӣ, ки Мамараҷаб чандин вақт инҷониб ба вай дил баста, аз пайи бо ӯ хонадор шудан роҳ меҷуст, ба пеши назари ӯ боз намоён мегашт. Гарчанд, ки пас аз бена- тиҷа баргаштани хостгорон Мамараҷаб аз ин нияти худ даст шуста буд, акнун, баъд аз бо чормағзҳои пуч домони ӯро пур кардани Мирбадал, дар кошонаи ди- лаш боз як оташак даргирифта, тамоми ҳастии ӯро оҳиста-оҳиста ба сӯзиш меовард…Онҳо гапзанон ба пеши  дар ҳамин ҷо ба охир расида, он тарафаш пайраҳаи борик торафт ба баландӣ

Омад.Мирбадал аз ҳамин ҷо баргашта ба Мамараҷаб гуфт:

– Хӯш, торикӣ ҳам фуромад, акнун баргардем ҳам

– Хӯш, акнун ба чӣ қарор омадем? – пурсид Мамараҷаб баъд аз якчанд қадам хомӯшона роҳ рафтан.

– Ҳар он чӣ, ки ман гуфтан мехостам, гуфтам, ин та- рафаш ба худатон вобаста.

– Чӣ кунам?

– Чӣ мекардед. Аввал, ки ин гапҳо дар байни худа- мон монад, дуюм ин, ки пагоҳ ё рӯзи дигар илоҷи по- вискаро ҳам мекунед. Баъд, оҳиста-оҳиста аз қафои дигар чораҳо мешавем.

– Худам боз як бор гап занам?

– Ба кӣ?

– Ҳамин оим катӣ.

– Ҳоло сабр кунед, ду-се рӯз оташи дилаш хомӯш шавад, баъд. Набошад сирро бой дода мемонем, ҷиян. Мамараҷаб чизе нагуфт. Лекин вай бо ин сухан бе- бадал ҳам ҷилави ӯро ба даст гирифта, акнун ба ихти- ёри худ ба ҳар сӯ мегардонд… Онҳо ба даромади деҳа омада якбора хомӯш монданд ва аз мобайн дере нагузашта сиёҳии ҳар дуя- шон ҳам дар торикӣ нопадид гашт. Аз паси онҳо аз ҳар ҷо – ҳар ҷо аккосзании сагҳо баланд шуда, хомӯширо

* * *

Мирбадал кӣ буд?

Ӯро дар водии Ҳисор ҳанӯз дар солҳои ҳукмронии амири Бухоро медонистанд. Вай яке аз ҳамон ним фоиз аҳолии бохату саводе буд, ки дар он замон тамоми Тоҷикистон надошт. Падари ӯ дар Бухоро ва Ҳисор замин ва мулки бисёр дошт, ӯро аз хурдӣ бодиққат хононда буд. Вай дар синни бистсолагӣ савдогариро касб карда, аз Бухоро ба Ҳисор, аз Ҳисор ба Шаҳрисабзу Самарқанд рафта меомад. Ҳамон соле, ки истибдоди амири Бухоро торумор гардид, Мирбадал худро аз мавҷу тӯфонҳои замони нав ба канор кашиданӣ шуда, дар Ҳисор монду дар ин ҷо ба кораш машғул шуд. Дар аввалҳои Ҳокимияти Советӣ дар Бухорои Шарқӣ Мирбадал барин хату саводнокҳо ҳамчун одами маданӣ, донишманд дар байни мардуми бесавод эътибори калон доштанд.

Аз ҳама аввал инро худи Мирбадал мефаҳмид. Бинобар ин ӯ фурсатро аз даст надода, бо мақсади он, ки барои ояндаи худ заминаи соз тайёр кунад, худро ба хизмати Ҳокимияти Советӣ зад, яъне раиси совети қишлоқи Ҷӯйбор шуд. Мирбадал ин амалро такягоҳи якумрии худ умед кард. Вай худ ба худ боварӣ дошт, ки дигар аз байни ин одамони авому пойлуч шахси ба вай баробар ёфт нахоҳад шуд. Аммо ин ҳама хаёли хом буд. Чуноне ки боғбонон ба ҷои дарахтони солхӯрдаи камҳосил сол аз сол ниҳолони нави боз серҳосилтар ва меваҳояш сершираро тарбия карда, ба воя мерасонанд, Ҳукумати Советӣ ҳам сол то сол аз байни худи халқи меҳнаткаш ва фарзандони онҳо – ходимон, коркунон ва роҳбарони лаёқатноку кордонро ба камол расонд, ки дигар ба Мирбадал барин «мирзо» – ҳои аз «охури баланд емхӯрда» эҳтиёҷ намонд.

Мирбадал аввал раисии ҷамоаро аз даст дода, ба котибии он фуромад. Ба ин вазифа ҳам дере наистода, агенти андозчини шӯъбаи молия шуд. Дар ин солҳо дар баробари тамоми мамлакат, дар Ҷӯйбор ҳам хоҷагиҳои яккадаст ба дастҷамъона кор кардан қарор доданд. Мирбадал дар орзуи он, ки ақаллан дар колхоз ба ягон мансаби мувофиқи табъ соҳиб хоҳад шуд ва махсусан бо мақсади он, ки худро дар пеши мардуми деҳа шахси «боваринок» нишон диҳад, бо боғу чорвояш яке аз аввалинҳо шуда ба колхоз нависонд. Он орзую мақсади ӯ ҳам аз ҷояш набаромад. Аз байни деҳқонони деҳа барои он корҳое, ки Мирбадал та- лабгори онҳо буд, одамони аз Мирбадал ҳам ӯҳдабаротар, боидроктар расида буданд.

Барои Мирбадал фақат ба даст каланд гирифтан монда буд. Аммо касе, ки як умр теша ба даст нагирифтааст, каландро чӣ гуна кор мефармояд? Ҳамин тавр ӯ аз боғу чорво даст кашида, якчанд вақт дар рноҳия, сонӣ дар деҳаҳои дигар мудири анборҳои гуногуни кооперативӣ ва баъд мудири магазин шуда кор кард. Баъд, як сол пеш аз ҷанг боз ба Ҷӯйбор мудири дӯкони ҷамъияти матлубот шуда омада буд. Ин аст саргузашти мухтасари Мирбадал. Бинобар он кайҳо боз дили ӯ бо зардоби кинаю адоват пур шуда буд. Ин зардоб ва кинаю адоват нисбат ба сохти шӯроӣ, ки дар ботини ӯ маҳкам ҷойгир шуда буд, ҷисму ҷони ӯро кирм барин мехӯрданд, азоб медоданд. Мирбадал, ки дар вақтҳои даҳанкалони деҳа буданаш гардани кӯтоҳ, рӯи гирдаи сергӯшт ва шиками равған-зеркарда дошт, ҳоло чашмони ба косахонааш чӯкидаи бенур, бадани лоғар ва афти дурушти ҳамеша ғазаболуд дошта, ба касе ҳамроҳ намешуд, камгапи дамдузд буд.

Вай то ин дам гоҳо ба босмачигарӣ, ба хуруҷи кулакон дар вақти коллективонидан, гоҳо ба Иброҳимбек ва ғоратгарии ӯ умед мебаст. Лекин аз ҳеҷ кадоми онҳо баҳравар шуда натавонист. Акнун, ҳамлаи олмониҳои истилогар ва муваффақиятҳои ҷангии муваққатии онҳо ба Мирбадал боз ҷон дароварда буданд. Мирбадал мехост ҷияни худ Мамараҷабро низ ба паҳлӯяш гираду баъд ба воситаи вай мақсадҳои сиёҳи худро боз васеътар ба амал барорад. Ин буд, ки вай ҷияни худро бо «ғамхорию меҳрубонӣ»-ҳои маккорона ба роҳи тираю тор кашола мекард.

Likes:
0 0
Views:
49
Article Categories:
Умумӣ

Leave a Reply