Фотеҳ Ниёзӣ Вафо (роман, китоби 1-боби шашум)

Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии

Тоҷикистон Фотеҳ Ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар

ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир

кардааст.

Китоби 1

БОБИ ШАШУМ

– Ҳо, очаи Сафар!

– Ҳа, мана ман, аз ин ҷо биёед, хоҳар.

– Ассалом, даррав хеста омадед-дия?

– Ассалом. Ҳа, аз хона ҳамроҳи Сафар баромада будам.

– Инро бинед, дар як дам чӣ қадар одам ҷамъ омадааст?

– Рост гуфтед, худи як тӯю маърака барин.

Модари Сафар Умрихола ба аммаи Зебӣ – Бибизайнаб аз паҳлӯяш ҷой дод. Бошишгоҳи колхози «Коммуна», ки аз мактаби деҳа каме болотар буд, аҳолии деҳа – занону мардон, духтарону писарон ва мактаббачагон лиқ пур шуда буд. Пештар омадагон дар курсию харакҳо, сонитар омадагон дар тоқчаи тирезаҳои клуб зич паҳлӯ ба паҳлӯ менишастанд. Як гурӯҳ одамон дар поёни толор ростмеистоданд. Дар қатори пеши курсию харакҳо ғайр аз пирамардон ва занон, инчунин як тӯда мактаббачагони дар гарданашон галстуки сурхи пионерӣ ва дар танашон либосҳои наву тоза менишастанд, ки ҳар замон бо овози ҷарангосӣ сурудхонии онҳо тамоми толорро фаро мегирифт. Дар пешгоҳи бошишгоҳ дар саҳнаи хурдакаки чоркунҷа миз ва дар гирди он панҷ-шаш курсӣ меистод. Ба рӯи миз сатини сурх партофта шуда буд. Деворҳои бошишгоҳ бо шиору лавҳаҳои гуногун, бо сурати роҳбарони партия ва ҳукумат зинат ёфта буданд. Дар рӯ ба рӯ, дар тоқи саҳна шиори «Салом ба фарзандони азизи мо, ки ба сафҳои Армияи Сурх мераванд!» овехта шуда буд.

– Писаратон наменамояд? – баъд аз ба одамони ҷамъомада чашм давонда гирифтан, аз модари Сафар пурсид Бибизайнаб.

– Дар ҳамин ҷо бо ҳамроҳонаш гапзанон истода буд, навакак ҳамаашонро раис ҷеғ зада бурданд.

– Боз киҳо мерафтааст, фаҳмидед?

– Аз деҳаи мо боз се кас мегӯянд: укои раис, ҷияни Одил саркор, Наврӯз, сонӣ боз ду-се касро ном гириф-та буд, аз ёдам баромад.

– Мамараҷаб бошад?

– Котиби колхозамонро мегӯед-мӣ? – пурсид Умрихола ва баробари сар ҷунбонидани Бибизайнаб ҷавоб дод. – Не, Мамараҷабро панҷ-шашрӯза ҷавоб додаанд. Боз ду-се ҷавонмарди дигар аз деҳаи боло – аз Яккабед.

– Илоҳӣ ҳамаашон сиҳат рафта саломат биёянд, аҷаб рӯзи сахт омад.

– Аввало Худо, дуюм худи ҳукуматамон дар паноҳаш нигоҳ дорад, – гуфт модари Сафар ва пас аз нафас рост кардан аз Бибизайнаб оҳиста пурсид, – хайр, аз хостгорҳоятон гап занед, хоҳар?

– О, хоҳарҷон, чӣ гӯям? Шамол барин аз ин тараф даромада, аз он тараф баромада рафтанд. Ихтиёри Зебӣ ба худаш гуфтам, худаш хоҳад, касеро, ки ёбад, вай кори ӯ, дар ин вақт кӣ ба ихтиёри худаш духтарро ба шавҳар бароварда медиҳад?

– Худи Зебинисо чӣ мегӯяд?

– Хомӯш. Аз афташ ба худаш ҳам гап задагӣ барин. Дина аз кор дер омад, дар болои дастархон авзоашро фаҳмам гуфта, нӯги гапро бароварда будам, ки «ҳамин вақт ин гапҳо ба гӯши кӣ мефорад, амма? Шабу рӯз хаёли мардум дар ҷанг бошаду шумою ман тӯю тамошо гуфта шинем, ба дили кӣ меғунҷад?» гӯён, гапро калтаю кӯтоҳ карду монд.

– Коратон набошад, Худо хоҳад, Сафарам аз ҷанг сиҳат – саломат баргардад, худам ба хостгорӣ меравам, – гуфт модари Сафар оҳиста ба Бибизайнаб бо ханда.

– Канӣ, кошкӣ, то ҳоло дар куҷо будед? Худаш ҳам Ба Сафарҷон дилаш кашол барин, – ҷавоб дод Бибизайнаб ва ба тарафи Зебӣ, ки дар пеши мактаббачаҳо рост меистод, як назар партофт. Сухани онҳоро чапакзании ҳозирон бурид. Ба саҳнаи бошишгоҳ раиси Совети қишлоқ Шодмонов, раиси колхози «Коммуна» акои Олим, котиби ташки- лоти партиявии колхоз Одил Саркор, инструктори комитети ноҳиявии партия Норзода, Сафар ва ду-се нафар аз йигитҳои ба аскарӣ даъватшуда баромаданд.

– Рафиқони азиз, – гуфт акои Олим баъд аз хомӯш шудани чапакзанӣ, – имрӯз якчанд нафар ҷавонони деҳаи мо ба аскарӣ мераванд. Мою шумо ба ин ҷо барои он ҷамъ омадем, ки бо ин писарону додарони худамон хушбошӣ кунем, ба онҳо роҳи сафед орзу намуда, супорем, ки дар аскарӣ нағз хизмат кунанд, лоиқи номи ҷавонмарди ҳисорӣ ба фарқи фашистҳо паҳлаво- нона зарба зада, аз душманони Ватанамон сахт қасос гиранд.

Мо – додару бародар, модару падарҳо бошем, дар кори колхоз аз пештара ҳам зиёдтар ғайрат мекунем, аз сидқи дил кор карда, ҳамаи планҳоро аз мӯҳлат пештар сад фоиз иҷро мекунем. Чӣ гуфтед рафиқон? – гуфт раис ва ба ҳозирон саволомез нигоҳ кард. Ҳамон дам аз толор «Рост, рост, гапи ҳақро гуфтед, раис» – гӯён аз ҳар ҷо садоҳо баланд шуданд. Баъд аз раис суханро инструктори комитети ноҳиявии партия Норзода гирифт. Дар пеши саҳна марди ҷавони миёнақади пӯсти дасту рӯяш дар офтоб сиёҳшуда ҳозир шуд. Вай чашмони калон – калони сермижа дошт, ки онҳо ба одам

ҷозибадор нигоҳ мекарданд. Лабҳои тунукаш ба табассум моил менамуданд. Вай пеш аз сар кардани сухан тугмаи болоии гимнастёркаашрро кушоду ба ҳозирон маънидор нигоҳ карда ба гап даромад. Норзодаро ҳама хомӯш, бо диққати том гӯш мекарданд. Суханони вазнин, бурро ва содаи ӯ ба ҳозирон фаҳмо мерасид. Пас аз он ки дар бораи вазъияти фронт, аҳволи байналхалқӣ ва дохилии мамлакат мухтасар гап зад, вай ба колхозчиён муроҷиат карда гуфт:

– Писарони шумо ва мисли инҳо боз ҳазорон фарзандони халқи мо имрӯзҳо бо даъвати Ватан ба ҷанг рафта истодаандл. Шумо хуб медонед, ки агар ба як гӯшаи дастархоне, ки мою шумо дар атрофи он нишастаем, оташ афтад, албатта, ҳамаамон якбора барои хомӯш кардани вай мечаспем; агар дар хонаи ягонтои мо сӯхтор сар занад, ҳамаи аҳли деҳа барои аз бадбахтӣ халос кардани ҳамдеҳаи худ ва барои ба дигар хонаҳо паҳн нашудани ин сӯхтор даҳдаста мечаспем. Мисли ҳамин, ҳамаи халқи мамлакатамон одамони сари як дастархон, як ҳавлию хона ҳастанд ва агар бадбахтие содир шавад, зуд ҳамаашон аз пайи дафъ кардани он мешитобанд. Ана, имрӯз ба як гӯшаи дастархони оилаи калони мо, ба як тарафи хонаи умумии советии мо фашистон бо кинаю адоват оташ сар дода, аз пайи нест кардани Ватани мо ҷадал карда истодаанд. Ҳамаи мо хуб медонем, ки то хатари  ба сари Ватанамон омада дафъ карда нашавад, дили ҳеҷ кадоми мо аз ҳаяҷону изтироб қарор намегирад.

– Албатта, ҳақ гуфтед, рост. Ҳушу ёдамон ба тезтар дафъ карда шудани ҳамин балои азим аст, – гуфт касе аз байни мардуми дар толор нишаста. Норзода боз давом кард.

– Акнун масъала дар ҳамин ҷо, ки бо як худи ба майдони мубориза даромадани писарони мо кор буд намешавад. Дар қафои ин паҳлавонони мо тарафдорон, такягоҳон бояд бошанд. Ин тарафдорон ва такягоҳон мову шумо, – одамони кор ҳастем, ки бо дучанд зиёд меҳнат карда бисёртар маҳсул додан ёрмандӣ, такягоҳии худро пурзӯр кунем. Ҳанӯз Норзода ҷумлаи охирини сухани худро ба охир нарасонда буд, ки аз қафо, аз байни мардуми ростистода мӯйсафеди кулӯтариш чашми худро аз раиси маҷлис наканда ба сӯи саҳна пой ниҳод. Он кас Юнусбобо буд. Вай ба назди саҳна расида, дасти росташро боло бардошту аз раис пурсид: – Раис! Як-ду даҳан гап дорам, мумкин? Акои Олим аз байни ғалоғулаи зал чӣ гуфтани Юнусбоборо нашунида, аз ӯ пурсид: – Савол дорам гуфтед-мӣ, Бобо? – Не, – ҷавоб дод Бобо,   – як-ду даҳан гап дорам, агар иҷозат шавад.

– Ҳа, майлаш, марҳамат, – гуфт раис ва баъд ба пештари саҳна омада дасти Юнусбоборо гирифту барои боло баромадани ӯ ёрӣ расонд. Ҳамин ки акои Олим ба Юнусбобо сухан дод, Юнусбобо аввало миёнбанди каме сустшудаашро аз нав тарангтар баста, ду бари ҷомаи сатини парчагули кабудашро ба ҳам зичтар кашида монд ва як дам ба толор хомӯш нигоҳ карда истод. Ин нигоҳи ӯ боз диққати ҳамаро ба худ ҷалб карда, толор тамом ором шуд.

-Бародарҳо, – гуфт Бобо, – шумо нагӯед, ки ба ин мӯсафед дар ин синну сол маҳмаддоноиро кӣ мондааст. Не, ман он чи ки дар ин ҷо хунамро ба ҷӯш овард, дар бораи ҳамон гап мезанам ва мехоҳам рози диламро аз шумо пинҳон надорам. Ришу мӯи сафед – ин як тарафи пирӣ аст, дилу бозу, китфу миён – ин тарафи дигари пирӣ аст. Чӣ хеле ки мебинед, миёнбанди Юну- сбобо аз миёнбанди бӯзбалаҳо тарангтар баста шудааст, – гӯён Юнусбобо ба миёнбандаш даст бурд. Ҳама бо завқ хандиданд. Ҳамсолони Бобо, «Бале, асло паст наоед, Бобо!» гуфта ӯро тарафдорӣ мекарданд. Аз ин хушҳолиҳо Юнусбобо ба шавқ омада, бо ҷӯшу хурӯши тоза ба гап давом кард.

– Китфу бозу бошад, ҳоло ҳам азони Рустами Достон барин, ҳа, олам гулистон, мо ҳоло аз маърака берун нашудаем, – Аз ин сухан боз дар толор ханда баланд шуд. – Чӣ мегӯед, ки агар аз ҳамин ришу мӯи сафед чашм пӯшед, Юнусбобои шумо ҳоло қодир аст, ки мана ин панҷ-шаш Устомурод барин бӯзбалаҳо қатӣ баҳсмабаҳс кунад, – гӯён Бобо колхозчии миёнсоли қадбаланди дар мобайн нишастаро нишон дод ва боз гуфт, – агар мемонданд, ман ҳамроҳи ҳамин ҷавонмардони шерзоди ҳисорӣ ба даст камон гирифта ба ҷанг мерафтам. Афсӯс ки синнам аз ин солҳо гузаштааст. Лекин, чуноне вакили райком рафиқ Норзода ва раисамон гуфтанд, досу каланд ҳам дар ин вақт аз туфангу шамшер монданӣ надорад. Ана акнун ба мақсад наздиктар омада гуфтанӣ ҳастам, ки сухани бародарамон Норзода дили маро ба ҷӯш оварда, ба рагу пайҳоям хуни орият ва довталабиро давонд. Охир ба кадом рӯ ман – як одаме, ки пӯсти дар меҳнат пухта, зарангшудаи дастонам ҳанӯз мулоим нашудааст, дар ин вақти тангу нозук дар як кори хурдакаки боғчаи мактаб нишинам? Не, ин ба дил намеғунҷад, инро виҷдон ҳам қабул намекунад. Раис! – гӯён Юнусбобо ба тарафи саҳна, ба акои Олим муроҷиат кард.

– Мумкин бошад аз ҳамин рӯз сар карда номи маро ба қатори колхозчиёни каландзан навишта монед ва дар назди шумо, дар пеши аҳли қишлоқ қасам мехӯрам, ки то ана ҳамин чашмсиёҳон – фарзандони азиз, душманро торумор карда, дилҳои тирагаштаи мардуми мамлакатамонро бо фатҳи худ равшан накунанд, Юнусбобо даст аз дастаи каланд намеканад. Ана, матлабам ҳамин, боқӣ вассалом, олам гулистон… Ҳозирон ин суханони Юнусбоборо бо чапакзаниҳои баланд пешвоз гирифтанд, якчанд касон ба симои пурҳаяҷон, ба чашмони ашколуди Бобо чашм дӯхта, худашон ҳам ба ҳаяҷон омада буданд. Аз ҳар ҷо – ҳар ҷои зал одамон: «Юнусбобо қоил кард, офарин! Мӯйсафеди пухта!» гӯён гап мепартофтанд. Пас аз он ки Юнусбобо каме хомӯш истода, ҳаяҷони худро паст кард, боз сухан пурсид.

– Акнун ба писарони ба хизмати аскарӣ раванда як-ду насиҳати падарӣ дорам. Агар розӣ бошетон, гӯям.

– Гӯед, гӯед! Сухани шумо аз ҷониби ҳамаамон насиҳати падарона мешавад, – ҷавоб дод Норзода.

– Ман ҳаминро гуфтанӣ ҳастам: ҷавонмардони ба аскарӣ рафтаистодаи мо хуб донанд, ки онҳо фарзандони водии зархези Ҳисор ҳастанд. Айбаш не, агар гӯем, ки дар қадим ин сарзаминро фақат аз шоҳию алочаи гӯсфанди бӯрдоқии ҳисориаш медонистанд. Дар замони Совет бошад, як шоҳию алочаи гӯсфанди вай не, замини зархез, боғҳои сермева, колхозҳои машҳури пахтакор, кону маъданиёт ва одамони меҳнатдӯсти кордони вай ҳам ба аҳли олам машҳур шуданд. Акнун вақташ омад, ки ҷавонмардони ин водӣ худро дар майдони ҷанг ҳам нишон диҳанд ва душманро ончунон кӯбанд, ки ҳама қоил шуда, «баҳодури ҳисорӣ» гӯянд. Ин гуфтаҳои Юнусбобо ҳам ба ҳама аз таҳти дил  маъқул меафтод. Юнусбобо давом дод:

– Мард ҳамон кас аст, ки худашро дар майдон бинад. Йигитҳое ки имрӯз ба хизмати аскарӣ мераванд – нури чашм, қувваи дил, фарзанди азизи мо ҳастанд ва онҳо ҳеҷ гоҳ ба шаъни оила, диёр ва халқашон иснод наоварда, бо ҷонбозии худ сари моро албатта ба осмон мерасонанд, дили як гӯшааш аз набудани онҳо холии ҳар кадомамонро бо умеду орзуҳои нек пур мекунанд. Илоҳӣ сафаратон бехатар, дар ҳар кор дастатон боло, шамшератон бурро бошад, фарзандонам! Баробари ба охир расидани сухани Юнусбобо аз мобайни мардум якчанд кас пасу пеш «офарин» гӯён овоз бароварданд,Юнусбобо ҷавонони ба хизмати аскарӣ равандаро як-як ба оғӯш кашида бӯсиду баъд бо ёрии Сафар Одинаев аз саҳна фуромада, дар зери ча- пакзаниҳои мардум ба ҷои худ рафт. Умрихола суханҳои Юнусбоборо бо диққати том гӯш мекарду ашкони аз ҳаяҷон беихтиёр дар чашмонаш ҷӯшидаро дам ба дам бо нӯки қарсаш пок мекард. Ҳамин ки Юнусбобо аз саҳна фуромада рафт, вай якбора аз ҷояш хесту ба раис муроҷиат кард:

– Ҳо, раис, додар! Ман ҳам мехоҳам як-ду даҳан гап занам.

– Марҳамат, модар, – гуфт акои Олим. Модари Сафар Умрихола аз ҷои нишастааш рӯ ба саҳна рост хеста, бо овози пасти ларзон гап сар кард:

– Гапам ҳамин, ки додарҷон, ман ҳам аз қатори дигарон монданӣ нестам. Ба ҳар ҳол дасту поям дар ҳаракат, чашмам биност. Ман ҳам ба кор медароям. Гӯр ҳамон фоҳишаш шавад… Ҳамин ту-мӣ, номаш фоҳиш буд-мӣ, хоҳар? – гӯён модари Сафар ба Биби- зайнаб муроҷиат кард ва то ҷавоби ӯ касе аз поён:

«Хайр, чӣ фарқ дорад, фашист, фоҳиш, ҳар дуяш ҳам як гӯри сиёҳ», гӯён ҷавоб дод. Модари Сафар ба суханаш давом кард. – Ҳа, ҳамун гӯрсӯхта ин зиндагии осудаи моро дида натавонист. Хайр «чоҳкандаро чоҳ дар пеш» гуфтаанд! Умрихола ба Сафар, ки аз саҳна ба ӯ бодиққат чашм медӯхт, нигоҳ карда бо изтироби гиряолуд гуфт:

– Писарам, нури дидаи модар, ман ҳозир барои ту аввало роҳи сафед ва ба ҷони ҷавонат амонӣ металабам. Рав, писарам, ҳамроҳи ҷӯраҳоят дар куҷое, ки бошӣ, зафар ёрат бошад. Аз ту ҳаракат, аз мо баракат гуфтагӣ барин, ту чӣ қадар ҷонбозӣ кунӣ, модарат ҳам дар қатори дигарон ҳамон қадар бо меҳнати худ туро розӣ мекунад. Худат дур бошӣ, суратат ҳамеша дар дидаи очаат. Умрихола ҳар ду дастонашро ёзонда ба сӯи саҳна, ки дар он ҷо Сафар рост меистод, рафт. Вай дар ин дақиқаҳо ғайр аз писараш дигар чизеро намедид. Сафар ҷаҳида поён фуромад ва худро ба оғӯши модараш андохт. Модару фарзанд ҳамин тавр якчанд дақиқа хомӯш монданд ва Умрихола аввалин бор дар умри худ дар мобайни мардум аз ашкҳои худ шарме накарда, гиря мекард. Пас аз ба охир расидани ин ҷамъомад, ҳама ба сари кӯча баромаданд. Дар сари кӯча панҷ кас, панҷ аспи зину лаҷомзадаро дошта меистоданд.

Дар як гӯшаи кӯча ду аробаи дуаспаи чорчарха, ки аз болои борҳояш брезент партофтагӣ буд, меистод.Сафар ва ҳамроҳони ӯро мардум миёнагир карда аз бошишгоҳ бароварданд. Баъзеҳо роҳ рафта истода хушбошӣ мекарданд, баъзеҳо то Сталинобод ба гусел рафтани худро изҳор менамуданд. Дар паҳлӯи рости Сафар модараш, дар паҳлӯи чапаш Юнусбобо буданд. Дар майдони пеши бошишгоҳ боз одамон ба гирду атрофи онҳо давра гирифтанд. Сафар ва шарикони ӯ ба ҳамаи онҳо дубора даст дода, ба оғӯш гирифта хайрухуш мекарданд. Занон бошанд, аз пешонаи онҳо мебӯсиданд ва ба сару рӯяшон навозишкорона даст мемолиданд.

Сафар як-як бо одамон хушбошӣ карда, ба котиби колхоз Мамараҷаб ва амаки ӯ Мирбадал рӯ ба рӯ омад. Ҳамон замон мактуби ба Зебӣ супурдаи Мамараҷаб хотири ӯро банд кард. Вале ӯ худро одами аз ин воқеа бехабар вонамуд карда, бо чеҳраи кушод ва самимона ба Мамараҷаб даст дароз карду пурсид:

– Ҳа, Мамараҷаб, хӯш?

– Ҳеҷ, хотирҷамъӣ, – ҷавоб дод Мамараҷаб  бепарвоёна.

– Военкомат рафта будӣ, чӣ шуд?

– Панҷ-шашрӯза ҷавоб дод.

– Ман хаёл карда будам, ки ту ҳамроҳи мо меравӣ. Ба гап Мирбадал ҳамроҳ шуда, бо овози нимхиррӣ кинояомез гуфт:

– Охир, ҳама якбора равад, ин ҷойҳо шағолхона шуда мемонад-ку.

– Чӣ, магар шумо ва ана ин ҷамоат одам ҳисоб намешавед? – гуфт Сафар.

– Мо-ку мо, лекин ҳар чӣ бошад ҳам, ҳусни деҳа ҷавонмардон ҳастанд, мулло. Ана, худатон дида истодаед, ки рафтани шумо дили як деҳа одамро чӣ қадар маъюс карда истодааст

-ҷавоб дод Мирбадал хушомадомезона.

– Фақат дили мардуми ин деҳаро ба эътибор гирифтан кам аст, акои Мирбадал, – гуфт Сафар бо қаҳри ботинӣ.

– Хайр, ҳеҷ гап не, ҷӯра – гӯён Мамараҷаб сухани Сафарро бурид, – вақташ ояд, нарафта чӣ, руст мешудем-мӣ?!

– Худат медонӣ, ба фикрам, ору номуси ҷавонмардӣ аз ҳама чиз баландтар аст.

– Ҳа, албатта.

– Хайр, саломат бош, то дидан, – гӯён Сафару Мамараҷаб дасти ҳамдигарро фишурданд. Мирбадал ҳам бо якчанд суханҳои нӯгизабонии тамаллуқкорона бо Сафар хайрухуш кард.

Сафар, баъди бо якчанд одамони гирду атрофаш хайрухуш кардан бо чашмони пуризтироб аз байни мардум Зебиро меҷуст. Зебӣ бошад, бо як тӯда мактаббачагон дар як канор меистод. Мактаббачагон ба Сафар часпиданд, ӯро оғӯш карданд ва аз ӯ такрор –такрор мактуб навиштанро илтимос карданду дар охир яке аз онҳо галстуки пионерии худро «Аз мо ёдгорӣ нигоҳ доред» гуфта ба гардани Сафар баста монд.

Ҳар боре, ки талабаҳо ба Сафар часпида, бо вай самимона хайрухуш мекарданд, ин ҳисси дӯстдорӣ ва муҳаббати софи бачагӣ ба чашмони Сафар ашки шодӣ медавонд… Сафар дар охир ба Зебӣ, ки дар рӯ ба рӯяш парешонҳол меистод, табассумкунон нигоҳ карду зуд ба вай наздиктар шуда, даст дароз кард. Агар дар гирду пеш одамон намебуданд, эҳтимол буд, ки Сафар аз мӯ ва рӯи Зебӣ бӯида, бӯсида ба ӯ муҳаббат, ишқ ва самимияти беандозаи худро изҳор кунад, вале андеша ва мулоҳиза, шарм ва ҳаё дар миён афтоду вай ин корро накард. Вай бо ҳамин хаёл ба Зебӣ даст доданашро надониста монд. Фақат « мо ҳам бо ин бачаҳо шуморо то шаҳр гусел карданӣ ҳастем» гуфтани Зебӣ ин хаёли Сафарро бартараф кард.

– Раҳмат. Овора нашавед, бачаҳо монда мешаванд, ба болои ин пагоҳ дарс доред, – ҷавоб дод Сафар.

– Чӣ, магар бо ҳамин дигар шуморо намебинам?

– Не, чаро? Мегӯянд, ки мо боз якчанд рӯз дар Сталинобод мешавем.

– Ин хел бошад, боз нағз. Барои дидан меоям.

– Ба чашм.

Онҳо дасти ҳамдигарро сар надода гап мезаданд. Аз мобайни мардуми ҷамъомада фақат Мамараҷаб ва Мирбадал аз сар то пои онҳо чашм наканда аз назар гузаронда меистоданд. Гуфтугӯи Сафару Зебӣ ба охир нарасида, аз сари кӯчаи калон садои шиҳа кашидани аспи саманд, ки дар болояш раиси колхоз акои Олим нишаста буд, шунида шуд. Акои Олим рӯ ба рӯи бошишгоҳ омада, аз асп фуромаду ба сӯи Сафар нигоҳ карда «Марҳамат» гуфт. Аспи саманд арӯс барин оро дода шуда буд. Вай гӯшҳои худро сих карда, сарашро бо ғурур боло ме- бардошт ва бо чашмони зираку тезаш ба пеш нигоҳ мекард ва боз шиҳа мекашид. Сафар баробари таклифи акои Олим дасти Зебиробоз сахттар фишурда – «Хайр, Зебӣ, нағз монед, то дидан!» гуфту аз ӯ ҷудо шуда ба пеши акои Олим омад ва лаҷоми аспро аз дасти ӯ гирифта, пои чапашро ба узангуи биринҷӣ монд ва бо як хез задан худро ба болои зин гирифт.

Саманд зӯри савораи худро месанҷидагӣ барин, ду-се бор сахт сар ҷунбонда, дар ҷои истодааш бо бетоқатӣ пой мезаду боз шиҳа мекашид. Аз ҳамроҳони Сафар боз якчанд кас ҳам савори асп буданд. Юнусбобо, модари Сафар, шарикони боқимондаи ӯ, се-чор ҳамқишлоқиҳо низ ба ду аробаи чорчарха савор шуданд. Ҳамин ки сари аспи саманд ба сӯи роҳи шаҳр рост шуд, ҷамъомадагон бо як овоз ба ҷавонмардони қишлоқ роҳи сафед, тани сиҳат ва некию амонӣ орзу карданд. Аз паси садои калонсолон овози мактаббачагон баланд шуд. Онҳо бо сардории Зебӣ муаллими худро то беруни қишлоқ гусел карданд.

Ин вақт офтоб, ки ба сари силсилаи кӯҳҳои Ҳисор сар монда буд, ба водии хуррами Ҳисор нури заррини худро меафшонд.Вақте ки аспу аробаҳо аз қишлоқ хеле дур шуда буданд, Сафар боз ба қафо, ба қишлоқи дар оғӯши дарахтон пинҳоншуда баргашта нигоҳ кард. Ба чашми ӯ тӯдаи одамоне, ки ҳанӯз даст афшонда меистоданд, базӯр менамуд. Лекин боди сабуки саҳро мавҷи суруди то ҳоло хомӯшнашудаи бачагонро баръало ба гӯши ӯ оварда мерасонд. Сафар аз ин ба шавқ омадагӣ барин баробари онҳо худ ба худ нақароти сурудро такрор мекард: Мо магар қабри Ленинро дасти душман медиҳем…

Likes:
0 0
Views:
67
Article Categories:
Умумӣ

Leave a Reply