Фотеҳ Ниёзӣ Вафо (роман, китоби 1-боби панҷум)

Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии

Тоҷикистон Фотеҳ Ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар

ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир

кардааст.

Китоби 1

БОБИ ПАНҶУМ

Зебӣ аз чамани нуздаҳ баҳори умр гул чида, акнун ба бист қадам ниҳода буд. Вай миёнақад буда, рӯи гандумгун, чашмони сиёҳи ҷозибанок дошт. Ин духтари қобилу хоксорро дар деҳаи Ҷӯйбор аз хурд то калон хуб мешинохтанд. Солҳои бачагии Зебӣ дар ҳамин деҳа гузашт. Вай баъд аз вафоти падару модараш, дар дасти аммааш Бибизайнаб монд. Бибизайнаб ӯро то дувоздаҳсолагиаш парасторӣ кард ва дар синни сездаҳсолагиаш, баъд аз тамом кардани мактаби ибтидоии қишлоқ, ба омӯзишгоҳи педагогии занонаи Сталинобод фиристода буд.

Ҳамон соле, ки Зебӣ ба остонаи омӯзишгоҳ қадам ниҳод, Сафар як сол пеш аз вай мактаби миёнаро тамом карда, ба институти педагогӣ, ба факултети забон ва адабиёт дохил шуда буд. Шиносии онҳо, ғайр аз он ки ҳамдеҳа буданд, дар давоми таҳсил торафт наздиктар ва самимитар шуда, аз тарафи дигар расмӣ давом мекард. Ҳар ду дар як сол таҳсилро тамом карда, Зебӣ маълумоти миёна, Сафар маълумоти олӣ гирифт ва ҳар дуи онҳоро ба мактаби нопурраи деҳаи худ – Сафарро ба вазифаи директорӣ, Зебиро ба муаллимӣ таъйин карданд. Рӯзҳо, моҳҳо ва солҳои таҳсил, махсусан давраи дар як ҷо хизматкунӣ дар муносибати Сафар ва Зебӣ тадриҷан самимияти гувороеро ба вуҷуд меоварданд. Дар дили ҳар ду ҷавон оташи муҳаббат забона зада, дар фикру хаёли онҳо орзуҳои ширин мисли муғчагон як-як во мешуданд…

Рӯзи дигар аз шаҳр баргаштани Сафар тамоми аҳли Ҷӯйбор ба хизмати аскарӣ рафтани ӯро фаҳмида буданд. Бошандагони деҳа ба муаллими ҷавони худ муҳаббат ва эҳтироми калон доштанд, бинобар ҳамин бисёр касон аз нохост рафта истодани ӯ бохабар шуда, ба гусели ӯ мешитофтанд. Дар хонаи Сафарино ҳамин рӯзҳо рафтуои ҳамсояю ҳамдеҳаҳо, ёру дӯстон аз одат берун бисёр шуд. Бегоҳирӯзӣ Сафар Одинаев корҳои мактабро ба директори нав – Зебӣ супурду ба сӯи вай даст дароз карда гуфт:

– Хуб, акнун иҷозат диҳед, шуморо бо вазифаи нав табрик кунам.

– Табрик накунед ҳам мешавад, ҳоло аз ӯҳдаи кор баромада натавониста, шарманда нашавам ҳам, хуб аст, – ҷавоб дод Зебӣ.

– Шумо аз ӯҳдааш набароед, дигар кӣ мебарояд?

– Масалан, муаллими ботаҷриба, мудири илмиамон

Мансуровро монда, ин хел кори бомасъулиятро ба ӯҳдаи шахси ҷавони бетаҷриба гузоштан магар аз рӯи инсоф аст?

– Худи муаллим Мансуров ҳам яке аз тарафдорони асосии номзадии шумо ҳастанд. Ба қавли он кас ин вазифа вазифаи мисли шумо ҷавони зираку чусту чолок ва боғайрат мебошад.

– Ғайр аз ҳамаи ин, ба фикрам, чашми ин корҳоро пешакӣ нағз донистани кас ҳам шарт, муаллим.

– Ҳеҷ кас аз модар яку якбора кордон таваллуд нашудааст, Зебӣ! Ман ҳам шумо барин рӯзҳои аввал ба худам боварӣ надоштам.

– Роҳи шумо дигар, муаллим.

– Ман гумон мекардам, ки роҳи ману шумо як аст.

– Ба кадом маъно?

– Ба ҳар маъно, ки шумо мехоҳед.

Зебӣ хомӯш монд. Сафар ба ҳар ду рухсораи аз хиҷолат сурхгаштаи ӯ бо диққат нигоҳ кард.

– Раҳмат, агар аз самими дил гуфта бошед, – ҷавоб дод Зебӣ.

– Бовар кунед, аз самими дил.

Ҳамаи гуфтугӯи ғайрирасмии онҳо ба ҳамин тариқ рӯпӯш мегузашт. На Сафар ва на Зебӣ ба кушоду равшан изҳор намудани он орзуе, ки дар дил мепарвариданд, ҷасорат намекарданд. Шарму ҳаё ва дигар андешаҳо ба ин монеъ мешуданд. Сафар ба ҷавоби Зебӣ миннатдорӣ изҳор карда буд, ки Юнусбобо аз даҳлези мактаб сулфида – сулфида ба пеши дари идора омад.

– Аз афташ ҳоло коратон бисёр, – гуфт Бобо аз пеши дари идора ба дарун надаромада, – боз ягон чойник чой дам карда биёрам?

– Раҳмат Бобо, дигар корамон ҳам намонд, – гуфт Сафар ба тарафи Бобо се-чор қадам пештар рафта.

– Ҳозир меравем, – илова кард Зебӣ дар тараддуди рафтан коғазҳои дар рӯи миз бударо ғундошта.

– Набошад, ҳамаи кор батартиб гӯед? – гуфт Бобо ба Сафар.

– Ҳа, метавонед акнун муаллимаро директор номед,

– ҷавоб дод Сафар.

– Ҳа, ҳа, дарвоқеъ. Олам гулистон, муборак бошад, духтарам.

– Не,не, директор худашон, ман, ҳамин тавр, муваққат, то баргашта омадани муаллим, – гӯён Зебӣ эътироз баён кард.

– Неяш чӣ. Аз ин тараф фармон, аз ин тараф нофармонӣ намешавад, духтарам! – гуфт бо хушҳолӣ Бобо. Ҳар се хандиданд. Юнусбобо рӯзи рафтани Сафарро пурсид, ба вай хабар дод, ки: – Ба ҷияни мудири магазини селпо Мирбадал – котиби колхоз Мамараҷаб ҳам повиска омадааст. Баробари шунидани номи Мамараҷаб Зебӣ ба сӯи

Юнусбобо ҳайрон нигоҳ карду пурсид:

– Кай?

– Навакак ба чойхона баромада будам, раис гуфт.

Сафар аз хабари Юнусбобо якбора ба ҳайрат афтода, дигаргун шудани авзои Зебиро мушоҳида карду дар тааҷҷуб монд. Зуд ба фикраш гумонҳои дигар омад. Ба вай рӯзона гӯшрас шуда буд, ки Мирбадал ба хонаи Зебӣ аз ҷониби Мамараҷаб хостгор фиристодааст. Аммо аз натиҷаи он ҳанӯз бехабар буд. Сафар умедвор буд, ки ё Зебӣ ва ё Юнусбобо ӯро аз ин гап хабардор хоҳанд кард. Лекин касе чизе нагуфт. Ба ҷои ин ҳоло дигаргун шудани вазъияти Зебиро дида, хаёлаш ба ким-куҷоҳо рафт.

– Мумкин аст бо Мамараҷаб ҳамроҳ равем, – гуфт Сафар вазъияти худро нафаҳмонданӣ шуда.

– Нағз мешуд, – ҷавоб дод Бобо, – ба ҳар ҳол, бо шумо якҷо бошад, ҳарчи дар мусофират дар паноҳи якдигар мебудетон.

– Ҳа, ҳа, албатта, хуб мешуд, – тасдиқ кард Сафар боз ҳаяҷони худро зер карда. Зебӣ аз тағйир ёфтани оҳанги суханҳои Сафар дар чӣ вазъият будани ӯро пай бурду лекин худро ба нодонӣ андохта, ба рафтан ҳозир шуда аз Сафар пурсид:

– Шумо ҳам ба хона меравед?

– Ҳа, ғайр аз ба хона рафтан дигар коре намонд, вақт ҳам хеле шуд.

– Наход бевақт шуда бошад? – Зебӣ ба соати деворӣ нигоҳ кард, – акнун даҳуним шудааст-ку.

– Боз пагоҳ дарс набаромада монед, – гуфт Сафар бо оҳанги пичинг.

– Аллакай бовариро гум кардед-а? – ҷавоб дод Зебӣ.

– Не, ин ғамхӯрӣ аз камоли боварӣ аст, – илова кард Юнусбобо ба дасташ лампаро гирифта.

– Ёфтед, Бобо, – ҷавоби Боборо тасдиқ карда гуфт Сафар.

– Бобо, шумо ҳам хеле ба гап усто-куя, – хандида гуфт Зебӣ.

Онҳо ба остонаи дари даромади мактаб баромада буданд, ки шаббодаи серун забонаки чароғро ба ларзиш овард.

– Бобо, шумо баргардед, боз шамол чароғатонро хомӯш накунад, – гуфт Сафар ҳазломез.

– Не, садқа, ҳоло ба куштани чароғи мо зӯри ин шамолҳо намерасад, – ҷавоб дод Бобо ва бо муаллиму муаллима хайрухуш кард. Ҳамин ки равшании чароғ ғоиб шуд, Сафару Зебӣ ба роҳ даромада, дар торикӣ якчанд дақиқа чизеро надида монданд. Ҳар ду беихтиёр ба осмон нигоҳ карданд. Дар осмон ситораҳои беҳисоб чашмак мезаданд.

– Торикии шабро бинед-а? – гуфт Зебӣ.

– Чӣ қадар торик бошад ҳам, гуфти шоир: – Поёни шаби сияҳ сафед аст… Зебӣ ҳам дарҳол ба Сафар мисраи авввали ин шеърро такрор кард:

– Дар ноумедӣ басе умед аст…Зебӣ аз он ки ин мисраъҳо дар вақташ ва мос омаданд, хеле мамнун гашт ва бо ин гуфтугӯи кӯтоҳ онҳо як китоб маънидод карда гирифтагӣ барин, якчанд қадам хомӯш роҳ рафтанд. Пеши чашми онҳо оҳиста-оҳиста равшан шуда, сиёҳии дарахтон, хонаҳо ва аз дур кӯҳҳо як-як намудор мешуданд…

Баъд аз каме хомӯшӣ Сафар гап сар кард:

– Зебӣ, одам аҷаб хислатҳо дорад-а?

– Масалан?

– Масалан, ба гумонам, дар дунё касе нест, ки бе ягон умеду орзу зиндагӣ мекарда бошад.

– Худи шумо чӣ орзую умедҳо доред?

– Хеле бисёр. Гап дар ҳамин, ки чӣ қадар ба умеду орзу расед, дар дилатон боз ҳамон қадар умеду орзуҳои нав бедор мешудааст.

– Агар махфӣ набошад, ягонтаашро мегуфтед?

– Кадом яктаашро гӯям? Ҳанӯз аз солҳои дар интернат буданам орзу мекардам, ки оё ман ҳам лоиқи пӯшидани либоси ҳарбӣ мешуда бошам. Ана, ҳоло бошад як дараҷа ба ин орзу расидам.

– Боз чӣ?

– Боз ҳамин ки бо як худи пӯшидани либоси ҳарбӣ кор тамом намешавад. Дар пеш хизматҳои душворе истодаанд, ки аз адо кардани вай кӣ ва чӣ будани кас маълум мегардад.

– Магар ба худатон боварӣ надоред?

– Чаро надошта бошам, дорам. Лекин дар паҳлӯи ин боварӣ орзую умедҳои дигар ҳам ҳастанд, ки коре карда ба онҳо расидан лозим.

– Ин, ба фикрам, ба ҳиммату ғайрати худи кас вобаста аст.

– Ҳам ба ирода, – илова кард Сафар.

– Ҷӯянда ёбанда аст, гуфтаанд, муаллим!..

– Бале. Лекин ҷӯянда ёбаду ёфтаашро боз аз даст диҳад, алами аз ин бадтар нест… Ин гапи Сафар ба Зебӣ киноя барин расид. Вай ҳам дарҳол ба Сафар бо оҳанги таънаомез ҷавоб дод:

– Вой бар ҳоли ҷӯянда, ки ёфтаашро боз ба осонӣ аз даст медиҳад…

– Ҳамон кас ёфтаашро зуд бой медиҳад, ки вай барои нигоҳ доштани он қобил набошад…

– илова кард Сафар ҷавобан ба Зебӣ.

– Охир шумо аз қобилҳо ҳам қобилтар-ку…

– Аз ҳад зиёд гуфтед, ҳанӯз ҳамаи кор дар пеш.

Ҳар ду гапзанон ба назди ҳавлии Зебӣ омада мондани худро пай набурданд. Фақат пас аз он ки чароғи хонаи Зебиино аз роғҳои дари яктабақаи ҳавлӣ ба рӯи онҳо шӯъла афканд, Сафар аз роҳ истода гуфт:

– Ба гап овора шуда қариб буд, ки аз пеши даратон гузашта равед…

– Биёед, ба хонаи мо, – таклиф кард Зебӣ.

– Раҳмат, дер шуд, аз хоб намонед.

– Дар ин хел вақтҳо хоб ҳаром…

– Шумо ҳалол хоб раведу хобҳои нағз бинед, – гуфт Сафар бо Зебӣ хайрухуш карда.

– Раҳмат, шумо ҳам хоби ширин бинед, – ҷавоб дод Зебӣ ва ҳанӯз Сафар аз пеши дар панҷ –даҳ қадам дур нашуда, аз қафо ӯро фарёд карда гуфт:

– Муаллим, ба шумо як хат буд, қариб фаромӯш карда будам, – Зебӣ аз кисааш як конверти дуқад кардашударо бароварда ба Сафар дароз кард.

– Аз кӣ? – пурсид Сафар.

– Намедонам, имрӯз як мактаббача оварда дода буд.

– Раҳмат, гӯён Сафар дар шӯълаи чароғ ба рӯи конверт ҳарчанд чашм дӯхта бошад ҳам, ҳеҷ чизро дида натавонист ва ӯ бо Зебӣ бори дигар хайрухуш карду то аз дар даромадани Зебӣ мунтазир истод ва баъд худаш ҳам ба сӯи хонааш роҳ гирифт. Вай то ба хонааш расидан дар бораи муносибати ба худаш доштаи Зебӣ, дар бораи ояндаи худ ва алалхусус дар бораи хабари ба Зебӣ хостгорӣ фиристодани Ма- мараҷаб ба гирдоби фикру хаёлҳо фурӯ мерафт. Сафар худ ба худ чӣ фикрҳо намекард: «Чаро Зебӣ дар бораи хостгор фиристодани Мамараҷаб ба ман чизе нагуфт, чаро хабари ба аскарӣ рафтани ӯро бо як ҳайрати ногаҳонӣ шунавид?

Аҷаб нест, ки онҳо дар байни худ ягон аҳду паймон дошта бошанд? Дар ин ҳол чаро Зебӣ ба ман ин қадар муносибати самимӣ ва баъзан меҳрубонона ҳам дорад. Чаро? Ё ӯ мехоҳад, ки бо ин ҳама сирру асрори маро фаҳмида гирифта азони худашро рӯпӯш кунад?!» Сафар боз аз фикру хаёлҳо, гумонҳои бесару нӯги худ худдорӣ мекарду ба чунин хулоса меомад: «Хайр, ман магар зӯрӣ дорам. Ихтиёр ба дасти бахтиёр. Раҷаб ҳам як ҷавони босавод, дар кори худаш фоиданок…»

Сафар гоҳ ин тавр, гоҳ он тавр фикр карда ба ҳавлиаш омада мондани худро надонист. Дар кушода буд. Модари Сафар баробари аз дар даромадани Сафар роҳи ӯро бо лампа равшан кард.

– Оча, лампаи хонаи маро гирон.

– Гирондагӣ, писарам, паст карда монда будам. Чаро ин қадар дер мондӣ?

– Кор бисёр буд.

– Хайр, ҳамаашро тахт кардӣ?

– Ҳа, – кӯтоҳ ҷавоб дод Сафар ва ба хонааш даромада пилтаи чароғи дар болои миз истодаро баланд кард ва дарҳол мактуби Зебӣ супурдаро кушод. Баробари сарлавҳаи мактубро хондан аз пеши чашмониСафар раъду барқ гузашта рафтагӣ барин шуд. Дилаш беқарор зада, мактуби дар дасташ буда пир – пир меларзид.

«Зебинисои азиз! – навишта шуда буд дар рӯи коғаз, – Ин мактубро гирифта ҳайрон нашавед. Инро шиноси кӯҳнаи шумо Мамараҷаб менависад. Ман бо ҳамин мактуб мехостам хоҳиши чандинвақтаи худамро ба шумо гӯям. Боварӣ дорам, ки шумо маро хуб медонед ва мешиносед ва ман ҳам шуморо дар қишлоқ аз ҳама беҳтар медонам ва агар қаҳри шуморо наоварам, дӯст медорам. Қарор додам, ки бо шумо якҷоя хонаю ҷой созаму якҷоя умр ба сар барам…

Барои ҳамин ба хонаатон хостгор ва ба худатон ин мактубро фиристодам. Ду чашм дар ҷавоби шумо ҳастам. Мамараҷаб, 20-уми ноябри соли 1941». Сафар ин сатрҳоро бо як ҳаяҷону азоб мехонд, торафт тапиши дилаш тез мешуд. Вай дар охири ин мак- туб боз ду-се сатри дигар, ки бо хати зебо навишта шуда буд, хонд:  «Муаллими мӯҳтарам! Вақте ки ин мактубро яке аз талабагони мактаб ба дастам оварда дод, ман гумон карда будам, росташ умед ҳам доштам, ки ин аз шумо бояд бошад.

Аммо афсӯс, ки гумону умедҳои ман хоби шаб барин гузашта рафтанд… Агар ин сатрҳои самимонаи ман боиси, қаҳри шумо гардад гуноҳ ба гардани соҳибаш. Шабу рӯз орзу мекунам, ки шамшератон бурро, са- фаратон бехатар бошад. Зебӣ,   21-уми ноябри соли 1941». Ин сатрҳо, баъд аз мактуби Мамараҷаб, ба Сафар дар саратони гарм ба синаи тафсидаю сӯхтаи кас насими форам расидагӣ барин шуд. Вай ҷавоби Зебӣ ва мактуби Мамараҷабро аз аввал то охир якчанд бор такрор – такрор мехонд ва аз ин гӯша ба он гӯшаи хона беқарор қадам мепартофт.

Ҳатто ӯ ба таоме ки модараш ба болои миз оварда монда буд, эътибор ҳам надода, ба ким-чӣ хаёлҳои ширин фурӯ мерафт. Ҳамин тавр, Сафар хеле вақт гоҳ нишаста, гоҳ хеста фикр мекард. Ба Зебӣ ҷавоб ҳам навиштанӣ шуд. Вале аз ҳаяҷон ва изтироб чӣ ва чӣ хел навиштанро намедонист. Охир ба рӯи кат дароз кашида боз ғарқи хаёлҳои ширин гардид.

 

Likes:
0 0
Views:
73
Article Categories:
Умумӣ

Leave a Reply