Фотеҳ Ниёзӣ Вафо (роман, китоби 1-боби чорум)

Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии

Тоҷикистон Фотеҳ Ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар

ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир

кардааст.

Китоби 1

БОБИ ЧОРУМ

Бегоҳии ҳамон рӯзи аз шаҳр баргашта омадан Сафар баъд аз корҳои рӯзонаи худ дар ҳавлиаш истироҳат мекард. Вай дар болои суфаи қолину кӯрпача густурда дароз кашида мехобид. Гарчанд фасли тирамоҳ бошад ҳам, обу ҳаво аз рӯзҳои тобистон чандон фарқ надошт. Ду-се борони сахт чангу ғубори сабзаву баргҳоро шуста гузашта, порча – порча абрҳои сафед дар ҳар ҷо – ҳар ҷои осмони васеъ сайр мекарданд ва боди сабук онҳоро ором ба шимол, ба паси кӯҳҳои Ҳисор гирифта мебурду дар ғуруби офтоб ин абрпораҳо ба худ ранги гулобӣ гирифта, дар пеши назар тобиши зебое медоданд.

Оре, дар ин диёр чунин рӯзҳои фасли тирамоҳ ҳам мешавад, ки аз баҳору тобистонаш фараҳбахштар, зеботар мебошанд!Сафар рӯ ба осмон хоб рафта ба ҳамин табиати дилкаш, баҳркушо, ба ҳамон абрпораҳои гулобӣ ва ба осмони васеи нилобӣ бо ҳирси беинтиҳо чашм медӯхт ва ба фикру хаёлҳои аҷиб фурӯ мерафт.

Модари Сафар, ки дар сари оташдон ҷунбуҷӯл мекард, гоҳ-гоҳ ба писараш нигоҳкунон аз ин қадар дуру дароз ба осмон чашм дӯхта хомӯш мондани ӯ дар ҳайрат мемонд. Вай ду-се бор ҳар чизро баҳона карда аз Сафар гап пурсида бошад ҳам, аз ӯ ғайр аз ҷавоби кӯтоҳ – «ҳа» ё «не» – дигар сухан нашунид. Аз ин вазъияти Сафар дили модар танг шуд. Вай бо баҳонаи ба оши палав хӯриш тайёр кардан дар дастонаш корду тахтача ва помидору пиёз омада ба як гӯшаи суфа нишаст. Даст ба корду пиёз, чашм ба Сафар як дам хомӯш нишасту охир ба писараш муроҷиат кард:

– Ҳа, бачем, чӣ шуд?.. Дар осмон чӣ дидӣ, ки ин қадар нигоҳ карда мондӣ?

Сафар баробари шунидани овози модараш ба сӯи ӯ рӯ гардонда гирифту як дам чизе нагуфта, бо чӣ банд будани фикри худро ба хотир овард ва баъд ҷавобан ба мо- дар гуфт:

– Ҳеҷ, ҳамин тавр, хониши мурғонро гӯш мекунам.

– Хониши мурғонро магар акнун шунидастӣ? – боз пурсид модар.

– Ба хаёлам мурғон имрӯз бо авҷи тоза ва форам нағма мекунанд, – гуфт Сафар бо оринҷаш ба болин такя карда. Модари Сафар аз ин «баҳонаи» фарзандаш ба таври худ хулоса баровард.

– Чор-панҷ рӯз дар Сталинобод гашта, суруди мурғони хушовозамонро ҳам пазмон шудӣ, аз афташ? Ин сухани модар Сафарро боз ба фикру андешаҳои дигар роҳӣ кард. Ҳамон дам ба сари ӯ чунин фикр омад: «Акнун чор-панҷ рӯз не, балки моҳу сол аз ин манзил дур афтодан, ба ҷои овози мурғакони хушхон ба садои тӯпу туфангҳо одат кардан, ба ивази ин қолину кӯрпача ба замини қоқ дар сармою гармо сина ба замин ниҳода хоб кардан лозим меояд, модарҷон! Дар он вақт ту ду гӯш ба шунидани хабари хуши мағлуб- шавии душман, ду чашм дар роҳи аскарбачаат шабҳоро рӯз мекунӣ… Ту ҳозир аз ин гапҳо хабардор нестӣ, очаи меҳрубонам!»

– Ба ту чӣ шуд, Сафар? – пурсид модар бо садои изтиробомез. – Имрӯз ин қадар ҳушу хаёлат парешон мена- мояд?

– Ҳеҷ, ҳушу хаёлам дар ҷояш, оча, камтар монда шудам, ба ту ҳамин хел менамояд. Хотирҷамъ коратро кардан гир, – гуфт Сафар ва яке аз рӯзномаҳои дар паҳлӯяш бударо гирифта ба саҳифаҳои он чашм давонд.

– Ё аз хусуси мактаб калонҳои марказ ягон гап заданд? – Боз бо кунҷковӣ пурсид модар. – Авзот ҳаррӯза барин не, писарам, дар дилат ягон дард доштагӣ барин. Сафар мувофиқи қарордоди худ модарашро аз гап хабардор карданӣ шуд. Вай хесту чорзону нишаст ва бо сарахбори мулоим сухан сар кард:

– Оча, росташро гӯям, ту аз афтам дар дилам чӣ буданашро дуруст пай бурдӣ. Ман мехостам аз ҳоло ин хабарро расонда дили туро вайрон накунаму ҳамаашро рӯзи ба иҷрои хизмат рафта истоданам гӯям. Акнун дар болои хӯрок хуб набошад ҳам, ба гуфтан аҳд кардам.

Модар бо чашмони ҳайратангез, бо дили пуризтироб ба писараш нигоҳ мекард.

– О, писарам, бисту ду сол туро парвариш карда калон кунаму боз аз авзоят надонам, ки дар дилат чӣ гап дорӣ?

– Рост мегӯӣ, ман ин гапро дар дилам як рӯз бошад ҳам, ғунҷонда натавонистам, худаш ҳам гапи хурд не, –ҷавоб дод Сафар.

– Хайр, тезтар гап зан акнун, дилам танг шуд, – гӯён модар ба пеши Сафар наздиктар нишаст, – худаш ягон хабари хуш-мӣ ё… Сафар сухани модарашро бурида, оромона гуфт:

– Ман ба ту ду-серӯза меҳмон ҳастам, оча.

– Меҳмонаш чӣ, ин чӣ гуфтагет, худо нигоҳ дорад, писарам!

– Яъне баъди ду-се рӯз ба аскарӣ меравам.

Модар баробари шунидани ин хабар бо бесабрии фавқулода такрор пурсид:

– Ба аскарӣ, ба ҷанг?

– Ҳа, ба аскарӣ, – ҷавоб дод Сафар ба симои ҳамон замон тағйирёфтаи модараш бо диққат чашм дӯхта, – лекин ҳоло ба ҷанг не. Модар ҳушу хаёлашро гум кард ва охирин сухани Сафарро ҳам нашунида монд, гӯшаш ғуввос мекард, дилаш гуп-гуп мезад, роҳи гулӯяшро чизе фишор дода меомад ва дасту пойҳояш меларзиданд, лабҳояш ҷунбида, худ ба худ оҳиста чизе мегуфт.

 

– Чаро хомӯш мондӣ, очаҷон, ба ту чӣ шуд? – гӯён Сафар ҷаҳида ба паҳлӯи модараш гузашт ва дасташро ба гардани ӯ партофта аз рӯи пурожангаш бӯса кард. Модар ҳанӯз мадҳуш буд, забонаш ба гап намерафт.

Фақат баъд аз он ки рӯю лабҳои аз ҳаяҷон тафсони фарзанд ба рӯи модари меҳрубон расиданд, аз чашмони камнуршудаи модар ашк шашқатор шуд ва аз паси ин ашк роҳи гулӯ каме кушода шуда бо овози ғамгини ларзон гуфт:

– Боз ба очаи сарсахтат худо бекас монданро раво дид магар, писарам?

– Ин тавр нагӯй, очаҷон! Замонҳои бекасию ғарибӣ кайҳо аз сари ману ту дафъ шудаанд, – гуфт Сафар ба модараш бо оҳанги эътироз, – худат фикр кун, ба аскарӣ як писари ту намеравад-ку. Дигарон ҳам ман ба- рин модар, падар, оила доранд, оё ҳама ғариб шудан мегиранд?

– Одамҳо ака, ука, зану фарзанд доранд, мани як по дар гӯр ғайр аз ту кӣ дорам? – ҷавоб дод модар бо нӯги қарсаш ашки чашмонашро пок карда. Ин ҳасрати модар дар фикри Сафар ҳам хаёлу андешаҳои дурро бедор кард. Падари дар замонҳои босмачигарӣ дар дасти қӯрбошиён ҳалокшудааш, баробари солҳои гуруснагии ҳазору нӯҳсаду бисту як – бистуду вафот кардааш ба ёдаш омад. Чашмонашро пардаи ашк фаро гирифт. Вале Сафар зуд худдорӣ кард, гапро ба мавзӯи дигар гузаронд.

– Солҳое ки ман дар сағирахона ва баъд дар мактаб будам, худат мегуфтӣ, ки дар деҳа ту танҳо нестӣ. Калонсолон бародару хоҳар, хурдсолон духтару писарат барин шуда мондаанд, бо онҳо бемалол дар сари як дастархон нишаста ошу нон мехӯрдӣ. Ҳозир ҳам  бошад, дар қишлоқ ҳамон одамҳо ҳастанд, оча! Наход меҳру муҳаббати деринаи онҳо имрӯз дигар шуда бошаду дар набудани писарат ту ғариб монӣ?! Модар хомӯш монд. Вай аз хусуси меҳру муҳаббати самимӣ доштани ҳамдеҳаҳои худ ҳақ будани фикри писарашро инкор карда наметавонист. Вале барои модар дар айни ба камолрасӣ ва нашъунамо ёфтани умри ҷавонии писараш аз вай ҷудо шудан кори осон набуд.

Вай бе писари ягонааш чӣ хел рӯзро шаб, шабро рӯз карда метавонад! Сафар барои ӯ ҳам давлат, ҳам такягоҳ ва ҳам орзую умедҳои неки истиқболаш буд. Модар шабу рӯз дар он фикру хаёл буд, ки хонадор шудан, фарзанд дидани писарашро бинаду сонӣ худаш аз ин дунё чашм пӯшад ҳам, ормон надорад, вале акнун, дар даҳони ҳама гапи аскарӣ ва ҷангу фронт аст, ҳоло ин орзуҳои ӯ – танҳо орзу ҳастанду бас. Ин фикру андешаҳо дили модарро бадтар мефи- шурданд, аламу ҳасрати онро зиёд мекарданд. Сафар бошад, бо меҳрубонии ба ҳар як фарзанди вафодор хос модарашро тасаллӣ дода, кӯшиш мекард, ки дили ӯро ба мақсади худ моил кунад.

– Очаҷон, ба ту гапро дароз карда нишастан ҳоҷат надорад. Талхию ширинии зиндагиро аз ман дида ту бисёртар чашидагӣ ва гумон мекунам, ки рӯзҳои сиёҳи як замонҳо аз сар гузаронидаатро дую дубора дидан намехоҳӣ, – гуфт Сафар ба мақсад аз дур даромад карда, – оё ҳамин тавр не?

– Як ман не, илоҳӣ ҳеҷ банда он рӯзҳоро набинад, – ҷавоб гирифт Сафар аз модараш.

– Ҳа, ана бале, оча, як ту не, ҳеҷ банда набинад. Акнун ба гапи ман гӯш кун. Баро, ба ин ҷо дурусттар би- нишин. – Сафар аз зери оринҷи модараш дошта, ӯро оҳиста пештар кашид. Модар бошад, нимғурма «Хайр, ту гап задан гир» гуфту лекин боз мувофиқи талаби Сафар болотар баромада нишаст.

– Гӯш кун, оча, ман чӣ мегӯям, – ба гап давом кард Сафар – ин ҷанг ҷангест, ки ҳаёту мамоти моро ба миён гузоштааст. Душмани ба муқобили Ватани мо лашкарбардошта бошад, аз он босмачиҳои ту дидагӣ ҷаллодтару бедодгартар аст. Мана, дар бораи онҳо дар рӯзнома чӣ навишта шудааст. Сафар аз рӯзномаи «Тоҷикистони Сурх» хабари зеринро хонда дод:

– «Ҷаллодони немисӣ – фашистӣ дар қишлоқу шаҳрҳои Белоруссия нисбат ба аҳолии осоишта таҷовузкорӣ ва таҳқиркуниро торафт ривоҷ дода истодаанд. Отряди солдатҳои фашист ба қишлоқи Костюков омада, ҳамаи чизу чораҳои деҳқононро кашида гирифтанд. Деҳқонзан Ксения Дрегулина аз офисери немис хоҳиш кард, ки куртаю эзорчаи чор кӯдаки ӯро баргашта диҳад. Фашисти хунхор ҷавобан ба ин хоҳиши зан ӯро хуб лагадкӯб карда, баъд парронд. Солдатҳои фашист бошанд, чор кӯдаки занро ба чуқурӣ партофта, зинда ба зинда ба хок гӯр карданд…»

– Шунидӣ?

– Худоё, тавба, – ҷавоб дод модари Сафар гиребонашро дошта, – ин хел худобехабарон аз кадом гӯристон пайдо шуданд.

– Ҳар кадоми ин душман як каждумест, ки аз иморати фатарот ба хонаи ободи мо хазида омадааст, оча! – ҷавоб дод Сафар.

– Илоҳӣ ба дуои бади ҷабрдидагон гирифтор шава- ду ба тухмаш қирон ояд, – гуфт модар бо қаҳру ғазаб.

Сафар баъд аз ҳамин боз ба мақсади худаш наздик шуда гуфт:

– Як худи ин дуою хоҳиш кам аст, – маънидорона гап партофт Сафар.

– Дигар аз дасти ман чӣ меомад? – гуфт модар ваҷҳ нишон дода, – илоҷе надорам, ки рафта вай бечораҳоро ба пуштакам бор карда аз балои азим гирифта гурезам. Сафар дарҳол гуфт:

– Албатта ин хел корҳо аз дасти ту намеояд, оча. Ба дафъи ин балои азим бархостан пеш аз ҳама вазифаи фарзанди ту – Сафар аст. Умрихола ба рӯи писараш нигоҳи дарду аламноке кард ва гуфт:

– Ҳа, вазифаи танҳо фарзанди ман?! Сафар исроркорона фаҳмонд:

– Ин вазифаи ҳамаи фарзандони халқ аст, очаҷон ва ман ҳам яктои онҳо мебошам. Модар дигар чӣ ҷавоб доданро надониста, сукут карда монд. Дар ин дам касе дари ҳавлии онҳоро кӯфта, Сафарро фарёд кард.

– Мудир, ҳастед?

– Хӯш, ҳозир, – ҷавоб дод Сафар аз ҷояш хеста ва давида ба пеши дар рафту гуфт: – биёед, биёед, Бобо, марҳамат! Модари Сафар овози мардро шунида ба хона даро- мада рафт.

– Танҳо худам дар хона зиқ шудам, биё як сари қадам ба пеши мирзо рафта чорта чақ – чақ карда биёям гуфтам.

– Нағз кардед, Бобо, аз болои кӯрпача гузаред, – таклиф кард Сафар ба Юнусбобо.

– Не, не, шумо худатон баҳузур гузашта нишинед, ба ман ана ҳамин ҷо ҳам мешавад, – гӯён Юнусбобо аз поёнтари суфа нишастан хост. Сафар ӯро намонда ба болои кӯрпача шинонд.

– Хайр, саломат бошед, – гуфт бобо чорзону нишаста ва кафи ду дасташро ба дуо кушод. – Олам гулистон, қадам расид, бало нарасад, тани сиҳат, хотири ҷамъ, дили беғам, умри дароз насиб шавад, омин, – гӯён даст ба рӯ молид. Сафар ҳам ба хотири Юнусбобо оҳиста даст ба рӯ бурд ва сонӣ аз Бобо пурсид:

– Дар мактаб чӣ гап?

– Хотирҷамъӣ, лекин аллакай рафтани шумо ба ҳама овозаю дарвоза шудааст-дия.

– Аллакай кӣ фаҳмидааст?

– Эҳ, мирзо, дарвозаи шаҳрро бастан мумкин, аммо даҳони мардумро бастан мумкин нест, мегӯянд рост, – гуфт Бобо ва баъд аз ба гирду пеши худ назар партофтан ба тарафи Сафар хам шуда оҳиста пурсид, – мода- ратон-чӣ, фаҳмид-мӣ?

– Ҳа, ҳозир гап дар ҳамин хусус буд, – ҷавоб дод Са- фар.

– Кӣ гуфтааст?

– Худам гуфтам, руст карда нанишастам.

– Олам гулистон, хӯш, канӣ, чӣ гуфт?

– Гиряю нола, аламу ҳасрат.

– Дили занон, хусусан модарон, аз мум ҳам нармтар мешавад, – гуфт оҳиста Бобо боз ба гирду атроф нигоҳ карда,-чӣ кор кунад, ба модаратон ҳам осон не, яккаю ягона писараш барои ӯ гавҳари ноёб-дия. Баъд аз фурсате модари Сафар баргашта аз хона ба сараш қарси тоза партофта баромад, ки дар як дасташ дастархон ва дар дасти дигараш фонус бардошта буд.

Вай ба сари суфа омада ба Юнусбобо салом дод ва «Хуш омадед, додар» гуфт. Юнусбобо ҳам саломи ӯро алейк гирифта, ҳолпурсӣ намуд ва чароғро аз дасти ӯ гирифта ба миёнҷо монду ба дилдорӣ додан сар кард. Сафар бошад, дастархон паҳн мекард.

– Хоҳар, зиёда ғаму ғусса хӯрда, ҳам дили худатон ва ҳам дили писарро хиҷил накунед. Ин кор ҳозир ба сари ҳар як бандаи мӯъмин омадааст. Ана ба укои саркори колхозамон Шарифбой – Қурбон ҳам навакак повиска омад, тракторчии колхозамон, шумо медонед,– гӯён Бобо ба Сафар муроҷиат кард ва баъд аз «Серёжа» гуфта ҷавоб додани Сафар, Бобо боз ба гап давом карда гуфт, – ҳа – ҳа, ана ҳамон ҳам имрӯз борхалтаашро бардошта ба аскарӣ рафт. Канӣ акнун, ман ҳам мисли инҳо ҷавон бошаму аз ин ҳарбу зарб дар канор намонам. Охир, афсӯс ки ҷавониамон бесамар, шаби торик барин гузашта рафт… – гӯён Юнусбобо пиёлаи чойро аз дасти Сафар гирифт. Баъд аз ин сухани Юнусбобо модари Сафар ҳам дере хомӯш наистода, аз як гӯшаи суфа нишасту:

– Хайр, дар қатори дигарон дар куҷое ки бошад, илоҳӣ танаш сиҳат, умраш боқӣ бошаду лекин дар аснои расидани вақту соати охири умри очааш ба болои саракам омада бо дасти худаш гӯручӯб кунад, – гӯён гиряолуд рози дил кард.

– Шумо чӣ гуфта истодаед, хоҳар, – гуфт Юнусбобо бо табассум ба ин сухани модар эътироз баён карда, -олам гулистон, ҳоло мою шумо то ҷанг тамом шуда, тӯйи ин писарҳоро нахӯрем, аз ин дунё ба куҷо меравем?

– О, додарҷон, шартамон рафта партамон монду тамом… – бо маъюсӣ гуфт модар. Сафар ба гуфтугӯи куҳансолон бо табассум гӯш дода, баъд вай ҳам илова кард:

– Оча, Бобо рост мегӯянд, ҳоло аз сад гулат нисфаш ҳам нашукуфтааст…

– Акнун ту ҳам гап зан, – гӯён модар ба Сафар нигоҳи тунде кард. – Худат мардаки кап – калони ришу мӯйлабдор шудию ҳоло ҳам бо як сари қоқат мегардӣ.Ин кинояи модар Сафарро аз ханда боздошт.Мавзӯи сӯҳбат ба хонадоршавии Сафар баргашт. Юнусбобо ба рӯи Сафар нигоҳ карда, аз нотинҷ шудани ӯ пай бурд ва тарафи ӯро гирифта гап зад.

– Гапи шумо ҳам ҳақу лекин ҳар кор дар вақту соати худаш буд мешавад, хоҳар. Арӯс бошад, гурехта нарафтааст, вай дар пеши чашми худатон…Юнусбобо дар охири суханаш ба сӯи Сафар нигоҳ карда, чашмак зад. Сафар дарҳол сарашро поён фуроварда, худашро ба нофаҳмӣ андохт.

Модар ҳамон дақиқа як ба Юнусбобо ва як ба Сафар назар афканд. Дар аснои ба Сафар чашм партофтан хомӯш, сархам нишастани ӯро диду ба фикраш хулосаи дигареро овард. Вай гумон мебурд, ки Сафар аз модар рустӣ дар ин хусус ҳам ягон коре кардагист.

– Вай кадом арӯс будааст, ки дар пеши чашм бошаду ман набинам?! – Дар овози модар норизоӣ ҳис карда мешуд. Сафар сарашро бардошта бо шармгинӣ ба модараш гуфт:

– Бобо шӯхӣ мекунанд.

– Чӣ шӯхӣ? Ҳеҷ ҷои шӯхӣ надорад, додар, – эътирозомез гуфт Бобо ба Сафар ва дарҳол оҳанги суханро тағйир дода, боз илова намуд, – акнун аз ман пинҳон доред ҳам, дар пеши волида рости гапро гуфта, дили ин касро аз ҳар гумони бад холӣ кунед.

– Гапи набудагиро монед, Бобо, – боз рад кард Сафар ва рӯю пешониашро арақи шарм зер мекард.

– Ҳа, писар, – гӯён модар ба Сафар нигоҳ кард, – чаро сирри давлатро аз ман пинҳон медорӣ?.. Ё аз Сталинобод ягонта оимча овардӣ? Гӯй, майлаш, дил дили Зайнаб, якдигарро хоста бошед, ман чӣ гуфта метавонам. Замонҳое ки ихтиёри зангирию духтарбарорӣ дар дасти падару модар буд, гузашта рафт.

– Не, гап ин хел не, хоҳар, – гуфт Юнусбобо худаш ба баён кардани қисса сар карда. Дар ин вақт Сафар бо баҳонаи ёзидан аз ҷояш хеста, аз назди онҳо дур шуд. Юнусбобо ба гап давом кард.

– Ин гап ҳоло дар байни худамон монад. Агар насиб карда бошад, олам гулистон, гул ба гулдон, булбул дар шохи он ғазалхон мешавад. Дуо кунем, ки писар сиҳат – саломат аз адои хизматаш баргашта ояду ҳар ду ба остонаи як хона пой монанд.

– Охир, худи ӯ кӣ, ному насаб дорад ё не? – пурсид модар бо бесабрӣ аз Юнусбобо.

– Номаш ҳам муносиби худаш. Муаллимаи худамон Зебинисо.

– Хайр… Ин тавр гӯед… Духтари худамон будаст-ку, – гуфт модар бо як хушҳолӣ. – Чанд вақтҳо боз худам ҳам, «ана ҳамин хел келинам бошад» гуфта дар орзу будам. Худаш ҳам Сафар барин бепарда, дар дасти аммааш ятима калом шуд, аз хурдиаш духтари бамаънӣ, ҳушёру кордон аст. Аммааш ҳам зани фақиракак. Хайр, кошки тезтар ба муроду мақсадашон мерасиданд. Юнусбобо ба гуфтаҳои модар бо диққат гӯш дод ва дар охир боз насиҳатомез ба ӯ муроҷиат кард:

– Ҳа, ана олам гулистон… Акнун аз ману шумо шабу рӯз дуои ҷони ҳамин ҷавонҳоро кардан мемонад. Илоҳӣ сафари ҳамаи он касон, ки аз хона, ҷой, падару модар, зану фарзанд ҷудо шуда ба хизмати аскарӣ рафтаанд, бехатар бошаду душмани баттоли хонаи ороми моро ноором карда хоку туроб гардад.

– Илоҳӣ омин, – гӯён модар дасташро ба дуо бардошт.

– Хоҳар, коре кунед, ки писаратон ба рӯи шумо нигоҳ карда маъюс нашавад, ба сафараш бо хотири ҷамъ ва дилпурӣ баромада равад. Бовар кунед, ки хурду калони деҳа – ҳамаамон дар гирди саратон парвона шуда, якчанд вақт набудани Сафарро номаълум гузаронда мефиристем.

– Ман чандон ғами танҳо мондани худамро намехӯрам. Лекин ҷони ҷавони бача дар ҷанг ба чӣ хатарҳо дучор мешуда бошад, гуфта ба дилам шайтон ҳар гуна хаёлҳо меоварад.

-Юнусбобо ҷавоб дод:

– Шумо ба роҳи шайтон надароед, хоҳар. Хайр, акнун гап ҳамин, – гуфт Бобо хеста рафтанӣ шуда ва Сафарро, ки аз пеши дари ҳавлӣ сулфида меомад, фарёд намуд. Сафар аз пеши дар «ҳозир» гӯён ҷавоб дода буд, ки Бобо боз бо модар гап зад. – Коре кунед, ки писар хафа нашавад. Вақтҳое буд, ки мо ҳам дар айни умри ҷавонии худ аз зану фарзанд ҷудо шуда, деҳа ба деҳа, кӯҳ ба кӯҳ бо аскарҳои худамон босмачиҳоро пеш карда мегаштем. Ана, умрамон боқӣ будааст, то ҳамин рӯзҳо расида, каму беш роҳат дидем. Боз насиб бошад, ҷанг тамом мешавад, писарони мо душманро мағлуб карда сиҳат ва саломат баргашта меоянд ва ба рӯзҳои нек мерасем…

– Хуб гапҳотон қӯр гирифт аз афташ, – гӯён Сафар ба ҷои худаш омада нишаст ва Юнусбоборо рафтан намонда, ба модараш фармуд, ки ошро кашида оварад. Баъд аз таом ҳам Юнусбобо боз бо Сафар хеле сӯҳбат карда, баъд аз ҷояш хестанӣ шуд…

– Акнун ман рафтам. Дар мактаб ҳам ҳеҷ кас набуд, шаб ҳам бевақт шуд…

– Ҳоло барвақт, соат чоряк кам нӯҳ, – ҷавоб дод

Сафар соати дастиашро дида ва ба Бобо таклиф кард, – шинед, Бобо, боз ягон чойнак чои гарм нӯшем!

– Ҳа, гапзанон нишастед-дия, додар, – ба таклифи Сафар ҳамроҳ шуд модари ӯ.

– Дар мактаб боз якчанд корҳои муаллима таъйин кардагӣ ҳам буд, – гуфт Бобо аз ҷояш хеста, – шумо пагоҳ ба мактаб меоед-а?

– Ҳа, албатта. Ҳоло то корҳоро супурда хотирҷамъ шудан як-ду рӯз мегузарад.Писару модар Боборо то беруни дар гусел карданд. Вақте ки сиёҳии Юнусбобо аз чашм ғоиб шуд, мо- дару писар дарро пӯшида, ба ҳавлӣ баргаштанд. Сафар рост ба хонаи худ рафт, модари ӯ ҳам аз паси вай даромада, фонуси бистумро, ки дар болои мизи хатнависӣ меистод, даргиронду баъд ба сари оташдон баромад. Шӯълаи зардчатоби фонус хонаи на он қадар калони батартибу озодаро равшан мекард. Дар ду тоқи девор, ки пештарҳо дар он ҷо косаю табақ, ё сандуқу қуттӣ мегузоштанд, ҳоло дар рафчаҳо ки- тобҳои гуногун чида шуда буданд.

Сафар каме дар рӯи хона роҳ гашта, баъд ба кати мулоим дароз кашид. Вай аз болои стуле, ки дар паҳлӯи чапи кат меистод, китоби саҳифаҳояш кушодаи Николай Островский – «Пӯлод чӣ тавр обутоб ёфт» –ро ба дасташ гирифт ва ба хондан сар кард. Вай то-рафт ба мутолиаи ин роман фурӯ рафта, ҳаёт ва муборизаҳои дурахшони Павел Корчагинро ҳамин ҳоло бо чашмони худаш дидагӣ барин мешуд. Сафар дар ҳамин вазъият хеле вақт чашм аз китоб наканд. Аз мобайн як не, ду-се соат ҳам гузашта рафт.

Модари ӯ ҳар замон омада аз пеши дар ӯро хабар мегирифту боз ба писараш халал расонданро нахоста, ба хонаи худаш бармегашт. Вақте ки модар чорумин бор аз остонаи дар ба Сафари дар рӯи кат дарозкашида назар кард, вай рӯяшро бо китоб пӯшида ба хоб рафта буд. Модар оҳиста ба хона даромаду фонусро хомӯш кард. Баробари хомӯш шудани фонус пеши чашми Умрихоларо як дам торикӣ фаро гирифт. Вале дере нагузашта моҳтоб, ки аз рӯ ба рӯи тирезаи хона ба осмон сар мебардошт, хонаро бо нури нуқравори худ равшан кард…

Likes:
0 0
Views:
73
Article Categories:
Умумӣ

Leave a Reply