Фотеҳ Ниёзӣ Вафо (роман, китоби 1-боби сеюм)

Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии

Тоҷикистон Фотеҳ Ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар

ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир

кардааст.

Китоби 1

БОБИ СЕЮМ

Сафар пас аз наҳорӣ аз хона, ба идораи колхози «Коммуна» баромад. Дар идораи колхоз ғайр аз котиб – Муҳаммадраҷаб Юсуфов, ки ҳама ӯро Мамараҷаб мегуфтанд, каси дигаре набуд. Вай ҷавоне буд қадбаланди лоғартан ва рангзада. Мамараҷаб ба рӯи кадом як коғаз сар фурӯ бурда, чизе менавишт. Сарқалами нӯгаш хӯрдашудаи худнавис вай ба рӯи коғаз расида ғиҷ-ғиҷ овоз мебаровард. Ҳамин ки Сафар аз дари идора намоён гашт, Мамараҷаб ҳамон дам дафтари қайди мукотиботи колхозро, ки дар як тарафи миз истода буд, гирифта онро ба болои мактуби худ гузошт. Дар афти зардчатоб, дар чашмони танг-танги каме ба косахонааш чӯкидаи вай як ҳолати изтироб ва бесаранҷомӣ ҳис карда мешуд.

– Раис дар ҳамин ҷо? – пурсид Сафар баъд аз мулоқоту пурсупос ба утоқи ишора карда.

– Не, нестанд.

– Одил ако-чӣ?

– Он кас ҳам нестанд.

– Магар ҳанӯз наомадаанд?

– Пагоҳии барвақт як сари қадам омада, боз ҳамроҳи намояндаи райком баромада рафта буданд.

– Ба куҷо рафта бошанд?

– Ба саҳро, ба сари кор бояд рафта бошанд, – ҷавоб дод Мамараҷаб дафтареро варақ зада, – зарур шуда бошанд, ҳозир фақат аз ҳамон ҷо ёфта метавонӣ. Набошад то бегоҳӣ баргаштанашон маълум не. Сафар бо кадом як фикр банд шуда, якчанд дақиқа хомӯш монд. Мамараҷаб ба саҳифаҳои дафтар чашм давонда, баъзан ба вай даркору нодаркор бо қалам ким-чӣ аломатҳо мегузошт.

– Ҳозир хӯҷаини идора як худам гӯй? – шӯхӣ кард Сафар.

– Хӯҷаин набошам ҳам, ин вақтҳо ҳамаи кори идора ба сари ман мондааст, ошно, – гуфт Мамараҷаб худро серкор тарошида, – шабу рӯз аз идора набароям ҳам, боз кор як вагон.

– Ҳисобдоратон ҳам наменамояд-а?

– Вай бечора ҳам як по дар пункт, як по дар банк, бо ҳисобу китоб овораю саргардон. Хуллас, ки ҳамаамон ба сар хоридан вақт надорем, – гӯён Мамараҷаб беихтиёр бо нӯги худнавис пушти гӯшашро хорида монд. Сафар аз ин гапу рафтори ҳавобаландонаи Мамараҷаб оҳиста лаб ба табассум бурда кинояомез гуфт:

– Ҳа, албатта, сархорӣ ҳам вақт металабад, ҷӯра…

– Вақт бисёр нозук омад, ошно, – ҷавоб дод Мамараҷаб, – ҳамаи кор ва диққат ба ҷанг, ба фронт шуда монд. Ин коғазу ҳуҷҷатҳоро намебинӣ, якаш таҳнакарда, аз қафо боз даҳтаи дигараш меояд. Ба чунин қарор омадам, ки ҳамин рӯзҳо аз ин кор дида ба даст туфанг гирифта ба аскарӣ рафтан беҳтар аст. Бо ин сухани рӯидилакӣ Мамараҷаб дар назди Сафар «фидокорӣ»-и худро намоиш доданӣ мешуд.

– Агар қатъӣ қарор дода бошӣ, азми калон кардӣ,–гӯён Сафар таги дили Мамараҷабро фаҳмиданӣ шуд. Мамараҷаб дар дилаш аз гуфтааш пушаймон шуду бо табассуми сохта ҷавоб дод:

– Сад азму аҳд кунӣ ҳам, аз зери бори ин коғазҳо баромада наметавонӣ… Ба болои ин, бе ихтиёри раис, акои Олим ба куҷо рафта мешавад? Сафар аз рафтори худаш мисол гирифта, исроркорона гуфт:

– Касоне ҳастанд, ки ҳатто идораҳои ноҳия розигӣ надода бошанд ҳам. ба марказ муроҷиат карда, охир ба хоҳишу матлаби худ расидаанд… Мамараҷаб барои мустаҳкам кардани даъвои худ ба баҳонаҷӯӣ даромад.

– Аз як ҷиҳат ин гапат ҳақу лекин калонҳои колхозро писанд накарда, рост ба марказ муроҷиат кардан ҳам аз рӯи услубу одоб нест, ҷӯра.

Ба болои ин гапи Мамараҷаб амаки ӯ, мудири магазини ҷамъияти матлуботи деҳаМирбадал даромада омад. Вай бо Сафар зоҳиран сидқӣ мулоқот намуду риёкорона ба гап даромад:

– Илоҳо ҳеҷ гоҳ аз дида дур нашаведе, ҷони ширин… Панҷ рӯз рафтеду панҷ сол надидагӣ барин пазмон шудема… Ҳа, дарвоқеъ, туф-туф… чашм нарасад, ҷӯраҳои гул барин шукуфон аз афташ, аз дидаю шунидаатон чақ-чақ карда нишастетон?

– Ҳа, аз шаҳр субҳи барвақт омада будам, як аз инҳо ҳолпурсӣ кунам гуфта ҳозир аз хона баромадам, –ҷавоб дод Сафар.

– Бисёр хуб кардед. Худаш ҳам як замоне омад, ки одам ба одам ғанимат шуда монд, – гуфт Мирбадал. Сухани охирини Мирбадал ба табъи Сафар нафо- рид. Вай дарҳол бо хайрухуш ба тарафи дар рост шуда буд, ки Мирбадал пурсид:

– Ҳа, муаллим, чорта гап назада даррав рафта итодаед, ё омадани ман магар ба миёни сӯҳбати ду ҷӯра лагад зад-а, мирзо? – Аввал ба Сафар, баъд ба Мамараҷаб муғамбирона чашм дӯхт Мирбадал.

– Не, амаки Мирбадал, – ҷавоб дод Сафар, – ба раис акои Олим ва парторг Одил Саркор кор доштам, зуд ҳамонҳоро рафта бинам.

– Ин хел бошад, ҳозир ҳамаашон ба клуби колхоз омаданд, – хабар дод Мирбадал. Сафар бо шитоб баромада рафт. Мирбадал аз рафтани Сафар як дақиқа вақт нагузашта аз қафои вай дари идораи колхозро кушоду ба берун, ба чор тараф чашм давонда гирифта, боз дарро сахттар пӯшид ва ба мизи Мамараҷаб наздиктар омада оҳиста пурсид?

– Чӣ мегӯяд?

– Ҳеҷ чиз нагуфтааст, – ҷавоб дод Мамараҷаб.

– Ба аскарӣ рафтани худро гуфт-мӣ?

– Не, аз ин хусус гап назадааст-ку, шумо аз куҷо фаҳмидед?

– Аз ноҳия.

– Ҳаа…, – гӯён Мамараҷаб сухани Сафарро, ки аз ин якчанд дақиқа пеш гуфта буд, ба хотир оварда онро ба Мирбадал ҳам нақл кард.

– Бачаи пухта-дия, ноумед, – илова кард Мирбадал,– хайр, бало ба сари худаш, шумо кори худатонро донед, ҷиянам.

– Ба мо ҳам пагоҳ – бегоҳ навбат меомадагӣ барин, амаки Мирбадал, –гуфт Мамараҷаб ва аз даруни як ҷузвадон якчанд даъватномаи комиссари ҳарбии ноҳияро бароварда нишон дод.

– Мана, боз ба панҷ кас даъватнома омад.

– Ба шумо-ку нест?

– Не, нест.

– Хотирҷамъ бошед, набошад.

– Чӣ хел хотирҷамъ бошам?

– Э, пурсида мешинед-мӣ ҷиянам, дар ин рӯзҳо камина амаки магазинчетон ҳам одами аз ҳама даркорӣ шуда монд. Хулоса ҳамин, ки ба ягон кас корамон афтода монад, мо ба пеши вай не, худо хоҳад, худи вай, агар гурусна монданро нахоҳад, ба пеши мо меояд. Мамараҷаб аз ин гапи амаки худ завқ карду аз ҷояш хест ва ӯ ҳам рафта дари даромадро кушода ба беруннигоҳ кард.

– Боз аз тӯй пештар нақора нашавад… – гуфт Мамараҷаб ба ҷои худ баргашта.

– Хуб, ин гапҳо баъд. Хатро навиштед? – пурсид Мирбадал.

– Навиштам, – ҷавоб дод Мамараҷаб аз зери дафтар хати ҳанӯз имзо нагузоштаи худро ба амакаш нишон дода. Мирбадал ба хат чашм давонду баргашта ба Мамараҷаб дода гуфт: – хуб навиштед, аз нав дар коғази нағз хушхат карда рӯнавис кунед. Кай ки хостгор фиристонем, ин хатро ҳам ҳамон рӯз ба воситаи ягон мактаббача ба худаш мефиристонед.  Баъд Мирбадал ба назди тирезае, ки ба тарафи кӯчаи калон кушода мешуд, рафт. Аз тиреза ӯ як гурӯҳ одамон ва як қатор аспу аробаҳоро, ки дар пеши чойхонаи сурхи қишлоқ ҷамъ омада буданд, дид.

– Боз ин чӣ маърака? – пурсид Мирбадал аз кӯча чашм наканда. Мамараҷаб ҳам ба назди тиреза омад.

– Ҳа, воқеан имрӯз колхоз ба фонди Армияи Сурх корвони сурхи пахта, ғалла, сабзавот мефиристонад.

– Боз ин ҳунари кӣ?

– Парирӯз раис, парторг ва одами райком дар байни худ гап – гап карда буданд, имрӯз аллакай ҳамааш тайёр ҳам шудааст.

– Охир ин мардуми деҳа ғаму парвои фардоро дорад ё не? – Мирбадал бо як хашму ғазаби ботинӣ аз димоғ нимғурма гап зад, – як рӯз нагузашта як корвон тӯҳфа ҳозир карда, ду рӯз нагузашта гушна мондан ба чӣ маънӣ? Ҷанг сар шудан боз фаъолияти Одил Саркор ҳам дучанд зиёд шудагӣ. Се аробаи ин корвон ҳам аз бригадаи худи ҳамон.

– Худоё тавба, аҷаб замона шуд-дия, – бо як ҳасратмандӣ гуфт Мирбадал, – як одами дирӯзакак пойлучи бесавод имрӯз калони фирқаю саркори мардум шуданашро бинед?!

– Тавба-ку не, қоил шудан даркор, амаки Мирбадал, қоил шудан даркор!   -ҷавоб дод Мамараҷаб ба фикри Мирбадал бо ҳисси ростгӯӣ эътироз баён кардагӣ барин. – Барои ҳамин мардум ба Ҳукумати Советӣ молу ҷонашонро фидо мекунанд-дия…

Ин сухани Мамараҷаб, ки вай аз хурдсолӣ аксар ба азму ирода ва майлу таъсири амаки худ гардан фуро- варда калон шуда буд, ба Мирбадал нафорид. Нафаси вай танг шуда омада, нотинҷ гардид ва чашмони бенури ба косахонаҳояш чӯкидаашро бо хашм ба Мамараҷаб дӯхт.

– Шумо қоил бошед, бас аст, – гуфт Мирбадал аз пеши тиреза дур шуда.                 -Мо барои чӣ қоил шавем? Барои он ки Одил Саркор барин касони як вақтҳо ба пеши мо барои як ариза навишта додан бо илтимосу илтиҷо омада, имрӯз ба болои сарамон амру фармондеҳ шудаанд, ба ҳамин қоил шавем? Ё ин ки шуморо пагоҳ– бегоҳ ба еми тӯпу туфанг мефиристонанд, барои ҳамон-мӣ? – Мирбадал ба афти Мамараҷаб нигоҳ карда, мизроби сухани худро мулоимтар кард. – Эҳ, ҷигарам – ҷигарам, синнатон ба бистуду – бистусе даромадаасту ҳанӯз ҳам сиёҳро аз сафед дуруст фарқ карда наметавонед… Амакатон ин гапҳоро бечиз намегӯяд, инро хуб фаҳмида монед, дар ин кору бор гӯштамон фуромада, пӯстамон рехта, мӯямон сафед шуд-ку, ҷиянам. Монед, алами кӯҳнаро тоза накунем. Коратона кунед, ман рафтам. Мирбадал берун баромада, ба тарафи чойхона роҳ гирифт. Дар пеши чойхона ғайр аз як гурӯҳ мардуми

қишлоқ ки ба гуселкунии корвони сурхи колхоз ҷамъ омада буданд, раиси колхоз акои Олим ҳам буд, ки вай як пояшро ба тири ароба такя дода, дар болои зонуяш дафтарчаеро гузошта чизе менавишт. Ҳар боре, ки инструктори райком ба ӯ савол медод, акои Олим сарашро бардошта ба вай ҷавоб медод:

– Натиҷаи корамон ана ин хел, рафиқ Норзода: плани пахта – 121,        ғалла-112, картошкаю сабзавот 200 фоиз иҷро шуд, – ва дафтарчаашро ба Норзода нишон дод.

– Ин корвонро ба ин ҳисоб намедароред? – пурсид Норзода.

– Албатта, не! Берун аз план набошад чӣ хел тӯҳфа мешавад? – касе аз байни ҳозирон гап партофт. Ба болои гуфтугӯи онҳо Одил Саркор, ки марди миёнсоли қоматбаланд буд ва дар тан ҷомаи кории гарду чангзеркарда дошт, омада хабар дод:

– Раис, ҳоло рӯйхатро ҷамъбаст накарда истед.

– Ҳа, боз чӣ шуд? – пурсид акои Олим аз Саркор.

– Аз муаллиму мактаббачагон ҳам даҳ қуттӣ себ омад, – гӯён Одил Саркор, Сафар, Юнусбобо, мудири илмӣ Мансуров ва Зебиро, ки аз тарафи мактаб бо  ҳамроҳи якчанд муаллиму мактаббачагон дар дасташон қуттиҳои пур аз себ меомаданд, нишон дод. Ҳама ба ҳамон сӯ рӯ оварданд.

Норзода бо хушҳолӣ ба Сафар, ки аз рӯ ба рӯ меомад, гап партофт:

– Одинаев ҳам ба имо маътал будаанд-дия.

– Аз дӯст як ишорат, аз мо ба сар давидан, садқа…, –ба Норзода нигоҳ карда гуфт Юнусбобои аз ҳама пештар омадагӣ ва қуттии пур аз себро ба болои кати чойхона гузошту боз ба сухан давом кард: – Ин аз нӯги хамир фатир… Дертар мондем, набошад номаш боғчаи мактаб бошад ҳам, маҳсулаш аз маҳсули бригадаи Саркор кам нест.

– Номаш хурду кораш калон гӯед, – гуфт Норзода аз сухани Юнусбобо завқ карда.

– Ҳа, ана, олам гулистон, ёфтед, – ҷавоб дод Бобо ва ба Норзода дасти мулоқот дароз кард. Ба гап Сафари ба назди онҳо расидаомада ҳамроҳ шуд:

– Модоме ки ин корвон аз деҳаи Ҷӯйбор, аз колхози «Коммуна» мерафтааст, чаро моён – фарзандони ҳамин деҳа, аъзоёни ҳамин оила аз иштирок кардан ба вай дар канор монем?

– Хоҷагии шумо дахлнопазир гуфтем-дия, додар… – бо табассум ва шӯхӣ гап зад Одил Саркор.

– Дахлнопазир ба бегонагон аст, Саркор амак! – хитоб кард бо як қиёфаи ғаюрона Зебӣ ва илова намуд: – модоме ки ин корвон аз номи колхозчиён мерафтааст, чаро фарзандони онҳо аз қатор монанд? – Сафар аз ин ҷавоби Зебӣ мамнун гашта, дар давоми сухани ӯ тасдиқомез сар меҷунбонд. Одил Саркор бошад, зуд ҷавоб наёфта, хандакунон гуфт:

– Ҳа, паст наоеде, муаллима!

– Саркор мегӯям, – гуфт акои Олим, ки ба назар марди наздик ба панҷоҳсола метофт ва ба мӯйлаби сиёҳаш якта – дута тори сафед афтода буд, – корвони чор-панҷ ароба тахмин кардаатон то аз қишлоқ баромадана даҳ – дувоздаҳ ароба мешудагӣ барин.

– Расми корвонкашӣ ҳамин аст-дия, додарам, – гуфт Юнусбобои пурдон. – Гап то ягон кас сари корвонро гирифта ба роҳ даромадан аст, он тарафаш то ба ман- зили қарордода расидан як шутур – панҷоҳ шутур мешавад…

Дар ҳақиқат корвони иборат аз чор-панҷ ароба, ки котиби ташкилоти ҳизбӣ Одил Саркор аз номи аъзоёни бригадаи худ ва коммунистони колхоз ба хазинаи Армияи Сурх ташкил доданро қарор дода буд, то қариби ними рӯз ба нӯҳ – даҳ ароба расид.

Ҳамин тавр, Одил Саркор ба сари корвон истода, бо тӯҳфаҳои колхоз ба роҳ даромад. Дар аробаи якум яке аз талабагони мактаби деҳа, ки дар тан либосҳои нав, дар гардан галстуки пионерӣ дошт ва ҳамроҳи ӯ боз як колхозчии миёнсоле байрақи сурхи колхозро баланд бардошта менишастанд. Байрақ дар болои сари Одил Саркор ва ҳамроҳони ӯ ҷилва мекард…

Вақте ки корвон акнун аз қишлоқ баромада буд, ба пеши чойхона як пирамарди тахминан шастсолаи тануманд ва бақувват, ки ба китфаш як барраи фарбеҳро бардошта ба обу арақ ғӯтида буд, саросема омад. Вай чашмонашро ба аробаи охирини корвон, ки аз деҳа берун мерафт, ҳаросон дӯхта, номи касеро гирифта, бо овози баланд ҷеғ зад.

– Хӯш, Бобонор, чӣ шуд, магар ба бозор фуромаданӣ будед? – пурсид Мирбадал, ки аз ҳама охир аз пеши чойхона гузашта мерафт.

– Аҷаб гап задед, – ҷавоб дод Бобонор ба Мирбадал норозиёна чашм партофта ва боз касеро ном гирифта ҷеғ заду баъд ба Мирбадал гуфт: – Ман дар чӣ ғаму шумо дар чӣ хаёл.

– Ман чӣ донам, аз саросема шуданатон гумон бурдам, ки мумкин аст «Аз бозори гӯсфанд дер намонам» гуфта ба таҳлука афтодаед.

– Аз бозори гӯсфанд дер монам парво ҳам намекардам, аммо аз маърака мондан хеле айб шуд, – гӯён Бобонор ба ҷавоби нимғурмаи Мирбадал гӯш надода ба пеш шитобид. Вай аз чойхона болотар, дар назди клуби колхоз ба Норзода вохӯрд, ки бо Сафар гапзанон истода буд.

– Ҳа, бахайр Бобонор! – пурсид Норзода.

– Э, ассалом додар, – гуфт бесаранҷомона Бобонор.

– Садқетон шавам, боботон аз маърака дер монд. То ин ҷонварро аз қир пеш карда омаданам, аллакай корвон рафта мондааст.

– Чӣ, ҳамроҳ рафтанӣ будед? – савол дод Сафар.

– Ҳамроҳ ҳам мерафтаму лекин аз ҳама аввал мана ин ҳадяи хурдакаки худро қатӣ карданӣ будам, – ҷавоб дод Бобонор ҳарсосзанон. Сафар бо илтимоси Норзода барои корвонро аз роҳ нигоҳ доштан давид. Норзода аз китфи Бобонор гӯсфандро гирифта ба замин монду гуфт:

– Хайр, аз шумо ин кор зарур ҳам набуд-ку.

– Эҳ, садқетон гардам, писар. Аввал аз падар ва бобоямон васият мондааст, ки аз кори маърака берун намонем, сониян ҳамин, ки ана ин мирзо Сафар қатори як нури чашми мо – Шодӣ аз ҷанг як сол пештар ба аскарӣ рафта буд, дар хаташ «ҳозир дар наздикиҳои Маскав ҷангида истодаем» гуфтааст. Модоме ки халқ ба ҷанговарон ҳадя мефиристодааст, падари яке аз онҳо – ман чӣ хел аз қатор берун монда метавонам?

– Рост, хуб гуфтед. Гуфтугӯи онҳо ба охир нарасида Сафар баргашта омаду худаш гӯсфанди Бобонорро бардошта бурда, ба як аробаи корвон бор карда монд. Бобонор ҳам ба ҳамон ароба савор шуда гирифт. Дар ҳамин вақт Одил Саркор ба назди Бобонор омада ҳазломез гуфт:

– Оббо Бобоноре, хуб мӯйсафеди ба ҳар куҷо пойрас ҳастед-дия.

– Пои Саркор дар куҷое ки бошад, пои мо ҳам ба ҳамон ҷо нарасида намемонад, додарҷон… – ҷавоб дод Бобонор бо хушҳолӣ ва арақи пешонӣ ва рӯю гарданашро пок кард.

Сафар аз ҷавоби Бобонор завқ карда, бо корвон хайрухуш карду ба назди Норзода баргашт. Баъд Норзода бо ҳамроҳии Сафар аз пайраҳае, ки дар гирдогирди майдончаи бошишгоҳи колхоз воқеъ буд, роҳ рафта, дар шаҳр чӣ корҳо кард, чӣ гапҳо шуд, аз вай пурсид.

– Ҳамин тавр, тавсияи райком кори маро осон кард,

– гуфт Сафар баъд аз муфассал нақл карда додани он ки чӣ хел Комиссари маориф дар аввал ба талаби ӯ розигӣ надодааст.

– Сонӣ ба куҷо рафтӣ? – пурсид Норзода.

– Сонӣ ба Комиссариати ҳарбии республика. Дар он ҷо аъзои партия набуданам ба як кор халал расонд, – гуфт Сафар бо афсӯс.

– Чӣ кор? – савол дод Норзода.

– Ба курси семоҳаи роҳбарони сиёсӣ ҷой будааст, лекин ба он ҷо касони ба партия аъзо ё номзад бударо мефиристодаанд. Чунон афсӯс мехӯрам, ки…

– Сафар гапашро ба охир нарасонда хомӯш монд. Норзода ба сари хами ӯ нигоҳ карда, бо оҳанги насиҳат ва дилдорӣ гуфт:

– Аввал ин ки ба партия барои амалгирӣ намедароянд, дуюм ин ки барои он кас, ки чи ботинан ва чи зоҳиран тақдири худ, ҳаёт ва фаъолияти худро бо партия маҳкам пайвастааст, дари партия ҳамеша кушодааст. Сафар! Билети партиявӣ доштан – ин як тарафи расмии кор, лекин бо партия аз ҳамаи роҳҳои мушкилу мураккаб баробар қадам партофтан, баҳри мақсади олии вай тамоми қувва, ғайрат ва ҳатто, лозим шавад,

ҷони худро дареғ надоштан – ин аст яке аз хислат ва сифатҳои асосии он шахсе, ки ба гирифтани номи баланди коммунист сазовор шуданист. Оё ту дар худ чунин азму ирода ва боварӣ дорӣ, ки аз ӯҳдаи ин шарти асосӣ баромада тавонӣ? – пурсид дар охири сухан Норзода Сафарро санҷиданӣ шуда.

– Агар ин гапи ман ба саволатон ҷавоб шуда тавонад, – гуфт Сафар оромона, – ба фикри ман, ҳамин мақсад азми маро ба он равона кард, ки либоси гражданиро бо либоси аскарӣ иваз намоям.

– Албатта, ин аз як ҷиҳат дуруст аст, лекин бо як худи иваз кардани сарулибос кор тамом намешавад. Дар айни замон ҳазорон – ҳазор одамон, ки Ватани худро аз сидқи дил дӯст медоранд, либоси аскарӣ пӯшидаанд. Гап дар сафи аввали онҳо истода аз обу оташу тӯфон якумин шуда гузаштан аст… Вақте ки Норзода ин гапҳоро мегуфт, Сафар ғарқи хаёлҳои наҷиб хомӯш аз паҳлӯи ӯ қадам мепартофт…

Likes:
0 0
Views:
95
Article Categories:
Умумӣ

Leave a Reply