Фотеҳ Ниёзӣ Вафо (роман, китоби 1-боби дуюм)

 

Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии

Тоҷикистон Фотеҳ Ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар

ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир

кардааст.

Китоби 1

БОБИ ДУЮМ

   Офтоб ҳанӯз аз машриқ сар набардошта буд. Рӯи заминро тумани тунук мисли дока мепӯшонд. Чор атроф хомӯш. Ҳатто баргҳои зардчатоби дарахтон ҳам намеҷунбанд, гӯё онҳо дар ин субҳи барвақт ба кадом як сирри табиат гӯшбақиморанд… Танҳо дар ҳар ҷо–ҳар ҷо гунҷишку мусичаҳо чириқ-чириқ, ку-кукунон аз як шоха ба шохаи дигари дарахтон парвоз мекарданду парубол меёзонданд. Аз чор гӯшаю канори қишлоқ  мааси гову гӯсола, бааси бузу бузғолаҳои ба подараванда шунида мешуданд. Ба ҳамаи ин овозҳо шавваси рӯди шӯхоби аз мобайни қишлоқ гузаранда ҳамовоз мешуд. Ин рӯди Қаротоғ буд.

Вай аз паси силсилаи кӯҳҳои Ҳисор, қариб аз наздикиҳои кӯли Искандар сар гирифта меомад. Ҷӯйборҳои майда-майда, ки аз оғӯши кӯҳҳо меомаданд, ба як дара фуромада бо ҳам пайваст мешу- данд ва  аз он ҷо оби пурталотуми нуқратоб ба сангу шохаҳо пош хӯрда, ба қишлоқи Ҷӯйбор меомад ва баъд ба водии ҳамвор, ба сӯи ҷануб фуромада мерафт. Дар ҳар ду канори ин рӯд хонаҳои истиқоматии аҳли қишлоқ бино ёфта буданд. Дар пеши ҳар хона полез ва майдончаи ниҳолзоре буд, ки гирдогирди онҳоро ба ҷои девори гилу сангин, шоху химчаҳои ба ҳам бофташуда фаро мегирифтанд. Дар поёнтари рӯд, дар қисми ҳамвортари қишлоқ, дар сари роҳи сербари мошинагард якчанд иморатҳои нав низ бино ёфта буданд.

Инҳо бинои мактаби миёнаи нопурраи қишлоқ, идораи Совети қишлоқ ва правленияи колхози «Коммуна», клуб, чойхонаи сурх,магазини селпо буданд ва ба назари ҳар як шахси аввалин бор ба ин ҷо омада мисли як гӯшаи хурди шаҳри обод намудор мегаштанд. Ду чинори куҳансоле, ки дар ду тарафи кӯча, дар назди идораи колхоз қад кашида буданд, ба кӯча ва ба як қисми биноҳо соя меафканданд. Насими кӯҳсор баргҳои шабнамхӯрдаи чинорро ба ҷунбиш меовард.

Ҳангоме, ки шӯълаи офтоби субҳ ба рӯи баргҳои чинор афтод, аз тарафи шарқ, аз роҳи калон мошини боркаше ба қишлоқ даромада, ба як тарафи роҳ, дар рӯ ба рӯи бинои мактаб омада истод. Дар болои мошин, ғайр аз бор, се-чор каси дигар ҳам буданд. Онҳо баробари истодани мошин, аз болои вай ба замин ҷаҳида фуромада, чангу ғубори сарулибоси худро афшонданд. Аз  байни онҳо ҷавони миёнақади чорпаҳлӯ, кулчарӯ, ки дар як даст чизи ба коғаз печондае дошт, аз пеши машина рост ба сӯи бинои мактаб равон шуд.

Вай ҳанӯз ба зинаи дари даромади мактаб пой нагу- зошта, аз дари мактаб пой нагузошта, аз дари мактаб мӯйсафеди серрише, ки дар тан яктаки алоча дошт ва аз болояш миёнбанди хокистарранг баста буд, баромада омад.

– Ана, олам гулистон, биёед, муллоҷон, – гуфт пирамард ба ҷавон дасти мулоқот дода. – Як рӯз гуфта панҷ шабу панҷ рӯз рафтед-а, чӣ шуд, хо- тирҷамъӣ-мӣ?

– Маориф нигоҳ дошта монд, Юнусбобо, – ҷавоб дод он ҷавон аз дари мактаб ба дарун даромада, – худи шумоён чӣ тавр, дарсҳо бетаъхир гузашта истодааст?

– Ҳа, шукр, хотирҷамъӣ, ҳамаи кор дар ҷояш, – гуфт боғбони мактаб Юнусбобо калиди идораи мактабро аз миёнбандаш кушода гирифта. – Худо хайри муалли-  маро диҳад, духтари қобил будааст, ҳамаи корро гуфтагетон барин саришта кард.

– Бисёр нағз, – гуфт ҷавон бо мамнуният ва ба идораи мактаб даромада ба гап давом кард: – Акнун мин- баъд ҳам ҳамаи корро худи муаллима бояд саришта кунанд, Бобо. Юнусбобо ба чӣ мақсад гуфта шудани ин сухани мудири мактаб Сафар Одинаевро нафаҳмидагӣ барин ба рӯи сертабассуми ӯ саволомез нигоҳ карда пурсид:

– Хӯш, боз ягон гапи тоза овардед-мӣ, писар?

– Гапи тоза бисёр, сонӣ батафсил мегӯям. Кӯтоҳаш ҳамин, ки ба аскарӣ меравам. Ба ҷои ман Зебӣ мемонад. Лекин ҳозир ин гапро ба гӯши касе нарасонда истед. – Таъкид кард Сафар ба Юнусбобо.

– Аз ростӣ ё ҳазил? – такрор пурсид Бобо чашмони ҳайратангези худро аз Сафар наканда.

– Магар ман ягон бор гапи дурӯғ гуфта будам?  –гӯён Сафар ба назди тирезае ки ба сӯи боғчаи мактаб кушода шуда буд, рафт. Аз боғчаи гулзор ба димоғи ӯ бӯи хуш расид ва ӯ бо ҳаловати том нафас кашида, дар худ нашъаи ширине ҳис кард. Вай дар давоми се-чор моҳ ана дар ҳамин ҷо нишаста ба комитети ноҳиявии ҳизб, ба Комиссариати ҳарбӣ, ба комитети районии комсомол, ба шӯъбаи маорифи район ва Комиссариати Халқии Маориф дар бораи ба сафи армияи сурхи амалкунанда рафтан якчанд аризаю мактубҳо навишта буд.

Охир ба аризаи ӯ ҷавоби қаноатбахш дода шуд. Ин хоҳишу орзуи худро Сафар то ин дам ба ягон каси дигар нагуфта буд. Вай ором, бо ғайрати комил машғули кори худ ва корҳои оммавӣ – сиёсӣ дар байни аҳли қишлоқ буд. Ҳар субҳ ва ҳар бегоҳ дар чойхонаи сурх ба аҳли қишлоқ дар бораи вазъияти фронтҳо, аҳволи дохилию хориҷии мамлакат хабарҳои охиринро мерасонд, дар бораи ватанпарварии одамони советӣ ҳикоятҳои диққатангезе мекард.

Юнусбобо ҳам яке аз онҳо буд, ки ба Сафар бо меҳру муҳаббати самимона рафтор мекард. Ҳамин Юнусбобо буд, ки дар кӯдакии Сафар ба аскарони сурх роҳ нишон дода, сабабгори аз сару тани хунолуди ӯ расидани дасти мададгори онҳо шуда буд ва ҳоло ба

Сафар ҳамчун ба яке аз ҷавонони пешқадамтарин ва донишмандтарини қишлоқ муносибат мекард. Инчу- нин Сафар ҳам нисбат ба Юнусбобо иззату эҳтироми калон дошт.

Юнусбобо баъд аз ҷавоби Сафар каме хиҷолат кашида ба вай мулоимона муроҷиат кард:

– Дурӯғ-ку намегӯӣ, писарам, лекин очаат чӣ мегуфта бошад?!

Ин сухани Юнусбобо Сафарро ба андеша гузошт.Вай пеш аз ариза навиштан ва пас аз он ҳам ба ин кор он қадар розӣ набудани модари танҳояшро ҳис мекард ва мефаҳмид. Вай пас аз сухани Юнусбобо якчанд дақиқа хомӯш монд ва фикри ӯ дар ҷустуҷӯи ризоии дили модар тамоман банд шуд. Як андеша ба Сафар дилпурӣ медод: «Наход модаре, ки аз рӯзи ба сағирахона рафтани ӯ то дами тамом кардани институти педагогӣ солҳо ба танҳоӣ тоб овардааст, ҳоло тани худро ба пеши роҳи ӯ партояд?» Ин фиркҳо ба ӯ дилпурӣ диҳанд ҳам, вазъияти замон ва сафари дар пешбуда барои модар аз ҳамаи он рӯзҳои сахти гузашта мушкилтар буд.

Гап дар сари он буд, ки ин ҷанги ҷаҳон касро ба бадбахтиҳои беназир гирифтор карда, аз ӯ қурбониҳои калон металабид. Ба модар ҳақро ҳаққонӣ гуфтан, мақсадро ба ӯ равшан фаҳмонида додан лозим. Сафар дар ҷустуҷӯи ҳамин роҳ ба фикр фурӯ рафт.

– Рост гфтед, Юнусбобо, – гуфт вай баъд аз фурсате,– ба модари танҳо мушкил мешавад. Додар надорам, ки нигаҳбонаш шавад, хоҳар надорам, ки дилбардораш бошад…

Сафар боз як калимаро ба забон гирифтанӣ шуду вале бо кадом як андеша дар пеши мӯйсафед худдорӣ кард. Вале Юнусбобо аз ин зуд пай бурда, табассумкунон илова намуд:

– Арӯс надоред, ки дастёраш шавад… Баробари калимаи арӯс ба пеши чашмони Сафар сурати муаллимаи ҳамин мактаб Зебӣ намоён гардид.Охирин мулоқоту гуфтугӯи онҳо дар майдони ниҳолзори мактаб шуда буд. Ҳар ду орзуҳои ширине карданд. Вале ҷанг орзуҳои онҳоро ба мавқуф гузоштан маҷбур кард.

…Дар ин рӯзҳо ба сари Ватанамон хавфу хатари

ҷиддӣ омада буд. Аз шимол – аз соҳили як баҳр то ҷануб – то соҳили баҳри дигар дар шаҳру деҳаҳои ғарбии сарзамини азиз абри сиёҳи дайду сайр мекард, дар кулбаҳои мардумон чароғи ҳаёт хомӯш гашта, ба ҷои он тирагии мудҳиш ҳукмрон шуда буд… Душман ба остонаҳои Ленинград, Москва, Ростов омада буд. Ӯрдаҳои масту мағрури ӯ, танку тӯпҳои но- фармонранги ӯ ба қиру торумор шудани худ нигоҳ накарда, роҳе меҷустанд, ки ба дили мамлакатамон зер карда дароянд. Сафар яке аз ҳамон ватанпарварони ҷавон буд, ки ҳамаи ҷиҳатҳои мусбату манфии рафтори худро пеша- кӣ дар тарозуи ақл баркашида дида буд.

Вай дар аввалин моҳи ҷанг, дар рӯзҳои айни авҷи сафарбарӣ ба армия, мисли ҳамин рӯз, дар идораи мактаб, дар пеши ҳамин тирезае, ки ба сӯи боғча кушода шудааст, дере хаёл карда, тамоми ҳаёт ва амалиёти бисту дусолаи худро аз пеши чашм мегузаронд ва ба дилаш аҳду паймонҳои нав ҷо мекард… Ана мувофиқи ҳамин аҳду паймон Сафар аз пайи ба сафҳои армия рафтан ҷидду ҷаҳд кард ва ба ин мақсад ноил гардид. Сездаҳ сол вай (аз нисф зиёди умри ҷавони ӯ) дар сояи меҳри Ватан дар сағирхона, омӯзишгоҳ ва мактаби олӣ тарбия ёфт, аз рӯзи аввалини ба даст қаламу дафтар гирифтани худ то ба зинаи олии дониш пой ниҳодан ин фарзанди тоҷик ба мақсаду маслаки худ вафодор буданро омӯхт. Ватан ӯро ба камол расонид.

Вақте ки ӯро дар чордаҳсолагиаш ба сафҳои комсомол қабул мекарданд, ба саволи котиби комитети ноҳиявии комсомол: «Шумо бо чӣ мақсад ба сафҳои комсомол медароед?» тантанавор чунин ҷавоб дода буд: «Ҳамеша ва дар ҳама кор ба фоидаи халқ, ба ман- фиати Ватан фаъолона хизмат кунам, бар зидди душ- манони вай бераҳмона мубориза бурда, писари содиқи халқу Ватан буданамро дар амал исбот намоям».Ана  ҳоло вақту соати адои ин аҳду паймон расида буд. Сафар ин саҳифаҳои ҳаёти худро дар фикраш як-як варақ мезад. Юнусбобои талхию ширинии ҳаётро ча- шида низ ба симои беғубор, ба чашмони пурмаънои Сафар нигоҳ карда, тамоми фикру андешаҳои ӯро пай бурдагӣ барин мешуд.

– Хайр, писар, ҳеҷ воқеа не, – гӯён хомӯширо бурид Юнусбобо, – як худи модарат бошад, ҳар кор кардаодами ҳамдамшавандаро меёбад. Наход бе ту ӯ дарбайни як деҳа мардум қӯшхонае наёбад?! Сафар аз ин сухани Бобо гӯё дилдорӣ ёфта, ба вай гуфт:

– Ман ба ин иштибоҳ надораму вале барои ин сафарам аз модар чӣ тавр ризоӣ гирифтан, чӣ хел дили ӯро ёфтан маро дар андеша гузошт. – Ин гапат ҳақ аст. Модар ризо – худо ризо гуфта-

анд. Вале модари ту, ба хаёлам, зани бефаҳм не. Вай медонад, ки ин кор на ба сари як худи ту, балки ба сари кӯп, ба сари олам омадааст, ин душмани қаттол тинҷро нотинҷ, шодро ношод кард, коре шуд, ки ба оши ҳалоламон магас афтод…Акнун ба тақдир тан додан, дуои ҷони ту барин ҷавононро карда, аз худо ба онҳо роҳи сафед талабидан мемонаду бас. Ба пеши мо-дарат рав, ту худат ба гап устоӣ, мақсадро фаҳмон, канӣ чӣ мегӯяд. Охир, ҳеҷ набошад, ба насиҳати ду-сета мо барин мӯйсафедон гӯш медодагист, – гуфт Юнусбобо. Сафар ин маслиҳати Боборо қабул карда дар тараддуди ба хона рафтан шуда буд, ки аз берун садои

ғалоғулаи якчанд мактаббачагони ба дарс омада шунида шуд. Юнусбобо овози онҳоро шунидан замон наздиктари соати деворӣ омада, ба мили он чашм дӯхт:

– Қариб вақти сар шудани дарс ҳам шудааст-ку. Соат ҳашту чоряк. Боз чоряк соат вақт мондааст.Бобо сухани худро ба охир нарасонда, Сафар аз пеши тиреза «Ана муаллима ҳам омаданд» гӯён бо сараш ба сӯи боғча ишора кард.

Аз боғча, аз байни ниҳолҳои сабз Зебӣ чаққон по ниҳода меомад. Куртаи атласи сурхи ӯ дар шӯълаи офтоби чоштгоҳ, мисли лолаҳое ки аз мобайни сабзаҳо сар бардоштаанд, барқ мезад. Қомати миёна, чеҳраи гарм, мӯи ба сари сина афтодаи ӯ ба чашмони Сафар торафт наздик мешуданд. Юнусбобо ба симои шодидамидаи Сафар як назар афканду баъд худро оҳиста ба сӯи дар гирифт. Сафар чашмашро аз боғча наканда пурсид:

– Ҳа, Бобо?

– Ҳозир меоям, писар, – гуфт Юнусбобо. – Рафта дари синфҳоро кушоям… шумо хотирҷамъакак кору боратонро саранҷом кардан гиред, лозим шавам, ман дар ҳамин ҷо. Зебӣ рӯ ба рӯи тиреза омада Сафарро дида беихтиёр як дам дар ҷояш истода монд. Вақто ки чашмони онҳо ба якдигар афтоданд, дар лабони ҳар дуи онҳо табассуми ширине пайдо шуд. Ин гӯё ҳам салом ва ҳам алейки онҳо буд. Зебӣ дигар нигоҳ накарда ва сарашро ба замин хам карда ба тарафи дари даромади мактаб зудтар қадам зада рафт.

Сафар ба тарафи дари идораи мактаб рӯ гардонда, ба тоқчаи тиреза такякунон истод. Аз байн ду-се сония нагузашта, аз дари идораи мактаб Зебӣ даромада омад. Онҳо ба якдигар баробар салом доданд. Сафар хушҳолона назди Зебӣ омада ба ӯ даст дароз кард. Зебӣ ҳам бо як шарму ҳаёи духтарона чашмонашро поён дӯхта, дасти Сафарро оҳиста фишурд.Дар ин дам аз ҳаяҷони ботинӣ чеҳраи ӯ гулгун шуда буд. Сафар ба ин рафтори Зебӣ чизе намегуфт. Баръакс, аз ин гуна шарму ҳаёи ӯ дар дили Сафар самимияти нав, муҳаббати нав ҷӯш мезад,тамоми зеҳну диққати ӯ ба рафторҳои ба худ зебандаи Зебӣ ҷалб мешуданд… Пас аз якчанд сония хомӯшӣ:

– Хуш омадед, муаллим (Зебӣ Сафарро ҳамеша муаллим меномид), чӣ хабарҳои нав? – гуфт Зебӣ дафтару китобҳояшро ба болои мизи хатнависӣ гузошта.

– Ташаккур, хушвақт бошед. Чандон хабарҳои нав надорам, – ҷавоб дод Сафар, – аз худи шумо пурсем?

– Наход дар байни чор-панҷ рӯз ҳеҷ хабари нав на- шунида бошед? – боз такрор кард Зебӣ. Сафар аз ин такроран пурсидани Зебӣ гумон мебурд, ки мумкин аст вай аллакай аз ҳамаи кору бори ӯ хабардор бошад ва илоҷи ба дигар мавзӯъ гардондани суханро ҷустуҷӯ намуда, бо забонхоӣ каме хомӯш монд. Зебӣ ҳам аз ин вазъияти Сафар пай бурд, ки вай ягон хабари навро аз ӯ пинҳон медорад ва боз бо кунҷковӣ, ба саволдиҳӣ сар кард:

– Дар шӯъбаи маориф чӣ хабарҳои тоза? Аз он ҷо- ку ягон кас ба аскарӣ нарафтааст?

– Ҳа, эҳтимол як-ду кас равад, – ҷавоб дод Сафар.

– Кӣ?

– Инспектор Раҳмонзода, баъд ҳисобдори шӯъбаи маориф.

– Аз муаллимон-чӣ?

– Аз муаллимон ҳам, – гуфт Сафар, – якчанд кас барои ихтиёран ба фронт рафтан ариза дода будаанд.

– Киҳо?

– Исмоилов, Калонзода,Қаюмов, Меликов ва боз якчанд каси дигар.

– Ба онҳо чӣ ҷавоб додаанд?

– Ба баъзеашон розӣ шудаанд, ба баъзеашон розӣ нашудаанд.

– Ба киҳо розигӣ додаанд? – пурсид Зебӣ ва дар ас-нои ин саволро додан овози ӯ дигаргун шуда буд. Сафар баъд аз ин савол дигар сирри худро пинҳон дошта натавонист ва ба хулосае омад, ки Зебӣ на аз он касон аст, ки Сафар аз ӯ мақсади худро пинҳон дорад ва дуюм ин ки пинҳон доштани ин сир аз рӯи муҳаббат ва самимияти ҳамдигарӣ нораво аст. Ва пеш аз ба саволи охирини Зебӣ ҷавоб додан ба назди миз омада аз байни дафтару китобҳояш коғазеро бароварда ба Зебӣ дароз кард ва гуфт:

– Мана ба ҳаминҳо барои ба хизмати аскарӣ рафтан розигӣ доданд. Зебӣ сатрҳои аввали фармони шӯъбаи маорифи районро беизтироб аз назар гузаронд, аммо вақте ки ба чашмони ӯ номи Сафар афтод, баногоҳ дили ӯро чизе аз ҷояш ҷунбондагӣ барин шуд, аввал якбора ранги ӯ парид ва баъд рӯяш тасфида, мисли анор суп -сурх гардид. Ҳам ба аскарӣ рафтани Сафар ва ҳам дар

ҷои ӯ ба вазифаи масъул – сарвари мактаб таъйин шудани Зебӣ якҷоя ба фикри ӯ намеғунҷиданд. Вай фармонро хонда шуда бошад ҳам, аз ӯ чашм наканда, дар дасташ нигоҳ медошт. Баъд аз фурсате Зебӣ коғазро ба Сафар дода гуфт:

– Чанд рӯз боз чашмам беҳуда намепаридааст…

– Чӣ, ин магар сабаби хафагии шумо шуд, Зебӣ?

– На хафагӣ ва на хурсандӣ, – ҷавоб дод Зебӣ нӯги як миллаи мӯяшро бофта.

– Ман бошам, аз ин хурсандам, – гуфт Сафар фармонро ба ҷузвадонаш гузошта. – Агар донистан хоҳед, аз рӯзҳои аввали ҷанг дар пайи ҳамин мақсад будам.

– Ман ҳам дар ҳамин гумон будам.

– Аз куҷо медонистед? – пурсид Сафар.

– Аз куҷо мешуд, аз нишасту хести шумо ва аз аризаи ба Комитети ноҳиявии комсомол ва Комиссариати ҳарбӣ навиштаатон пай бурда будам.

– Кадом ариза? – пурсид Сафар. – Ман-ку ҳеҷ як ариза ба шумо нишон надода будам?

– Шумо мақсадатонро аз ман пинҳон дошта бошед

ҳам, вай кайҳо ба ман маълум буд. Акнун иқрор шавед, ки шумо ба ман боварӣ надореду боз ба ҷои худ сарварии мактабро ба гарданам бор кардед, – гӯён Зебӣ аз Сафар гила кард.

Сафар ҳам аввалин бор дар назди Зебӣ ин тавр ба вазъияти ногувор мондани худро пай бурд ва ба рӯи ӯ ҳам хуни хиҷолат давид, дар оҳанги сухани ӯ эътироф- кунии гуноҳи худ ҳис карда мешуд.

– Ин гуноҳи ман аст, албатта, Зебӣ. Лекин ман намехостам, ки пеш аз ид нағора навозам ва ба ҷои ху- дам таъйин карда шудани шумо аз камоли боварӣ аст ва ман аз шумо ҳамеша дилпурӣ дорам. Мехостам фаҳмам, аз ростӣ шумо мақсади маро пештар фаҳмида будед?

– Ҳа, – ҷавоб дод Зебӣ, – рӯзҳои аввали сар шудани

соли таҳсил аз шумо якчанд дафтар гирифта будам.

Дар як варақи он дафтарҳо аризаи нотамоми шуморо хонда будам.

– Ин тавр бошад, чаро ҳамон рӯзҳо мақсади ариза- ро напурсидед?

– Ҳоло ман ихтиёри ба корҳои шахсии шумо дахл

кардан надорам…

Ҳаққонӣ ва кинояомез будани ин ҷавоби Зебӣ Са- фарро аз саволҳои дигар боздошт ва калимаи «ҳоло» зуд ба фикри ӯ хаёлҳои аҷиберо бедор кард. Мумкин буд дар байни ҳар дуи онҳо боз чандин дақиқаи дигар ҳамин тавр гуфтугӯҳои кинояомез давом кунад, вале занге, ки саршавии вақти дарсро хабар медод, сухани онҳоро дар ҳамин ҷо бурид.

Зебӣ аз болои миз дафтару китобҳояшро гирифта, аз Сафар пурсид:

– Шумо ҳоло дар ҳамин ҷо будагед?

– Не, ман ҳам ҳозир меравам. Ҳанӯз ба назди очаам нарафтаам, – гуфт Сафар ҷузвадонашро ба қуттии миз гузошта.

– Наход ҳоло ҳам очаро надида бошед? – гуфт Зебӣ ва илова намуд, – чашми оча дар раҳатон чор шуд, на- медонам ба ин хабарҳои нави шумо чӣ мегуфта бошанд?

Сафар ҳамроҳи Зебӣ аз идораи мактаб баромада, ба

Зебӣ таъкид кард:

– Акнун тасаллии хотири оча шудан ҳам ба гардани шумо…

Зебӣ аз шарм худашро ба нодонӣ зада, кай ба мактаб омадани Сафарро пурсида гирифт ва ба синфи рӯ ба рӯ даромада рафт. Сафар дар роҳрави бинои мак-

таб ду-се муаллимеро, ки ҳамроҳи Юнусбобо меомаданд, диду бо онҳо аҳволпурсӣ карда, берун баромад.

Мактаббачагон, ҳамқишлоқиҳои Сафар ба ӯ рӯ ба рӯ шуда, ҳамаашон: «Салом, мудир, ҳарчи омадед, тинҷӣ, амонӣ-мӣ?» гӯён пурсупос мекарданд.

Вақте ки Сафар аз кӯчаи калон ба тарафи хонаи худ, ки дар дасти рост, дар лаби наҳр буд, баргашт, аз дур модари ӯ, ки дар лаби ҷӯ косаю табақ мешуст, пи- сари худро дида, саросемавор аз ҷояш хесту оғӯш кушода, якчанд қадам пеш омад.

– Очакат садқаи ту, куҷо шудӣ? Чашмакам чор,

тоқатам тоқ шуд. Шайтон ба дилам чӣ хаёлҳое нао- вард, ҳарчи, хотирҷамъакак омадӣ? – гӯён модар аз пешонаи Сафар бӯсид.

Сафар ба модараш хандида – хандида ҷавоб дод:

– Аҷаб воҳимае мекунӣ, оча, ман кӯдакам, ки гург мехӯрад?

Дар ин асно акси шӯълаи офтоб, ки дар рӯи мавҷҳои оби зулол ҷило медод, ба чеҳраи модару писар рӯшноии беғуборе меафканд…

Likes:
0 0
Views:
100
Article Categories:
Умумӣ

Leave a Reply