Фотеҳ Ниёзӣ Вафо (роман, китоби 1-боби чордаҳум)

Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии
Тоҷикистон Фотеҳ Ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар
ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир
кардааст.

Китоби 1

БОБИ ЧОРДАҲУМ

Сафар чашмони аз хоб сершудаи худро молида – молида аз блиндаж берун баромада буд, ки диққати ӯро якзайл ғур – ғури кадом як ҳавопаймо ба худ кашид. Вай ба осмон нигарист. Дар болои сари ӯ ҳавопаймои дидбоню тасҳеҳгари нишонгирии немисии «фокке –вулф» чарх мезад. Ин ҳавопайморо дар як ҷабҳа ҷанговарон «рама» номанд, дар ҷабҳаи дигар – «нардбон» ва ё «асобағал» меномиданд. Вай дар намуд ҳақиқатан ҳам ҳамин чизҳоро ба хотир меовард ва дар куҷое ки пайдо шавад, мисли пашшаи шилқини фасли саратон одамонро безор мекард: гоҳ варақа мепартофт, гоҳ бомбачаҳо ва гоҳ истгоҳҳои аскарони моро дида монда, барои онҳоро ба зери оташи тӯпу миномётҳо гирифтан ба қисмҳои тӯпчии худ хабар мерасонд.
– Дидӣ, ки «рама» пайдо шуд, дон, ки қисмҳои немисӣ ҳам аз ҷои ту чандон дур нестанд, – шунид Сафар овози ҷанговареро ва ҳамон дам худ ба худ фикр карду ба хулосае омад, ки ҳамнабардони вай ба ҷангҳои нав ҳам тайёранд. Сафар аз роҳрави блиндаж ҷаҳида ба болои хок- тӯдаи сангар баромад. Дар он ҷо якчанд ҷанговар гапзанон менишастанд. Ҳар замон чашмони онҳо ба роҳҳои одаму мошингард дӯхта мешуданд, ки аз он роҳҳо мошинҳои боркаши пур аз захмдорон, ё асбобу анҷомҳои гуногун бор кардагӣ мегузаштанд. Аз ҳар ду канори роҳҳо гурӯҳ-гурӯҳ ҷанговарони сар то пояшон чангу лойолуд мегузаштанд, ки дар ин наздикиҳо дасту рӯяшон ягон бор ҳам ба об нарасидааст ва аз бедорхобӣ пилку сафедии чашмонашонро суп – сурх хун зер кардааст. Симои ҷиддии онҳоро кадом як дарду алам тира мекард. Як гурӯҳ ҷанговарони ротаи лейтенант Осмухин, ки дар сари роҳ меистоданд, бо мақсади донистани вазъият аз аскарҳои роҳгузар мепурсиданд:
– Монда набошед, ҷӯраҳо! Аз куҷо ба куҷо? Аввал ҳеҷ кас ба ин савол ҷавоб надод. Дертар аз мобайн як ҷавони малламӯи сафедпӯст, ки дар китф автомати немисӣ дошт, дар тарафи чапи тасмааш кор- ди финӣ овехта буд, ба наздиктари ҷанговарони Осмухин омада, пилоткаи рангпаридаи чиркини то болои абрувонаш нимкаҷ пӯшидаашро аз сар гирифту пас аз салом гуфт:
– Аввал барои нӯшидан ду-се қулт об медодед, рафиқон… Ба вай обдонро дароз карданд. Солдат бо ҳирси том якчанд қулт об нӯшиду баъд боз пилоткаашро ба сараш пӯшида, бо ҳасрат даст афшонду гуфт:
– Кор чатоқ, бародарҳо! Лаънатӣ фашист худро мурданивор ба пеш зада истодааст.
– Ҳоло дар куҷо? – пурсид ҷанговари дигар.
– Шайтон медонад, ки ҳозир ба куҷо омада бошад, замину осмон пур аз танку самолёт.
– Худи шумо ба куҷо равона?
– Барои аз нав ташкилёбӣ, – ҷавоб дод аскари малламӯй. – Устувор истед, ҷӯраҳо, насиб бошад, мо ҳам боз аз қафо ба мадад расида меоем. – Вай давида ба рафиқони пешрафтаи худ расида гирифт. Аз паси гурӯҳи аскарҳои гузаштарафта як мошини алобулои мошранги «М–1» расида омада, дар пеши роҳ истод. Аз даруни вай се кас – як марди қадпасти фарохсина, ки дар сари синааш дурбин овехта буд, як марди харобакаки мӯсиёҳ ва боз як каси аз қиёфааш бистуду – бистусесола баромаданд. Шахси якум–фармондеҳи дивизия Людников, дуюм фармондеҳи полк майор Максиов, сеюмаш ёвари фармондеҳи дивизия лейтенанти хурд Харченко буд. Фармондеҳи полк аз полковник пештар ба тарафи сангари отделенияи Сафар омада, аз Нозири камаровӣ пурсид:
– Командиратон дар куҷо?
– Ман, сержант Сафар Одинаев! – гуфт Сафар баробари шунидани овози Максимов ва аз хоктӯда давида фуромад.
– Зуд ягон касро барои командири рота фиристед ва таъйин кунед, ки командирони дигар ҷузвитомҳоро ҳам ба ин ҷо ҷеғ зада оварад. Сафар фармони подполковникро такрор карда, аз ҷанговарони отделенияи худ Касенкоро ба назди фармондеҳи рота лейтенант Осмухин фиристод.То омадани Осмухин ва командирони взводҳо полковник Людников ҳамроҳи командири полк Максимов ба гарданаи теппа баромада, мудофиагоҳи рота ва маҳалҳои ба он пайвастро бо дурбин аз назар мегузарониданд. Дере нагузашта Осмухин, фармондеҳи баталйон капитан Пузир, ки вай аз полковник пештар ба ин ҷо омада буд, роҳбари сиёсии рота Ванюшин ва фармондеҳони дигар взводҳою ҷузвитомҳои ба ёрии рота додашуда ба назди фармондеҳи дивизия Людников ҳозир шуданд. Людников бо ҳамаи онҳо мулоқот карда, баъд аз Осмухин ва Пузир пурсидани корҳои тайёрии ротаи баталйон, ба дида баромадани минтақаи мудофиагоҳи рота шурӯъ кард. Людников ба сари ҳар марзаю ҳар нуқтаи оташфишонӣ рафта камбудию нуқсонҳоро қайд мекард ва барои худи ҳамин рӯз бартараф кардани онҳо фармон медод. Вақто ки полковник ба назди Нозири камаровӣ омад, гӯё ки бо вай додару бародар бошад, ҳолпурсӣ карда гуфт.
– Лочини кӯҳистонӣ, аҳвол чӣ тавр?
– Бад нест, рафиқ полковник, – гуфт Нозир.
– Чаро хуб не?
– Дар як ҷо нишастан гирем, чӣ тавр хуб мешавад, рафиқ полковник?
– Ё ин ки духтарони сиёҳчашми мӯдарозро ёд кардӣ?
– Ёд карда бошем ҳам, чӣ илоҷ?
– Илоҷаш – немисро сахттар зада, зудтар ҷангро ба охир расондан аст.
– Эҳе, рафиқ полковник, ба хаёлам, ҳоло то тамом шудани ҷанг гап бисёр.
– Чаро гап бисёр будааст?
– Кай ба ҳуҷум мегузарем, кай ин қадар замини аз дастамон рафтаро озод мекунем? – Нозир бо як алами ботинӣ гап мезад. Ин сухани вай полковник Людниковро ҳам мутаассир кард. Вай дар ин қафогардиҳо шахсан худро ҳам ҷавобгар ҳис карда, қиёфааш ҷиддӣ шуда, ду рухсор ва гӯшаш тасфиданд. Бо ҳамин вазъият полковник изтироби худро пинҳонкунон беихтиёр ба пеши пояш, ба хоктӯда хам шуда, аз он ҷо як каф хоки намро гирифт ва онро асабонӣ бо ангуштонаш молиш дода–молиш дода, оромона гуфт:
– Оре, хеле қафо рафтем… Пас аз ин полковник ба як сӯ рафта, ба лейтенант Осмухин амр кард:
– Немисҳо қувваи зиёд доранд, – гуфт аз харита роҳи омади онҳоро нишон дода, – мана аз тарафи ҷануб ба сӯи мо, ба сӯи ҳамсояҳои мо армияи 6-ум ва 4-уми танкии онҳо зер карда омада истодааст. Як қисми онҳо дирӯз аз ҷараёни миёнаи Дон гузашта, дар соҳили чапи вай ҷанг карда истодаанд. Дар ҳар ҳақиқат бояд ба ҷанг тайёр бошед. Бо қатъият ва маҳорат ҷангидан лозим. Мавқеи худро чунон мудофиа кунед, ки ба вай дандони немис бархӯрда шиканад…
Дар мобайни ҳар як ҷумлаи полковник лейтенант
Осмухин: – итоат, иҷро мекунем, рафиқ полковник, – мегуфт.
– Ана ҳамин тавр, – боз таъкид кард полковник. Осмухин ва дигар фармондеҳон, фармондеҳи дивизия ва фармондеҳи полкро то назди мошини вай гусел карданд. Баъд аз рафтани полковник Осмухин ва командири баталйон Пузир оид ба вазъият ва ҷангҳои оянда ба маслиҳату сӯҳбат нишастанд. Роҳбари сиёсӣ Ванюшин бошад, барои бо коммунистон ва комсомолон сӯҳбат карда, дар ҷанги оянда ҳам намуна нишон додани онҳоро таъкид кардан ба взводҳо рафт. Гашти пешин роҳбари сиёсӣ Ванюшин ба заминкани хандақмонанди Сафар даромада омад, ки дар вай фақат ду-се кас меғунҷид. Дар заминкан Сафар ба болои зонуяш сумкаи ҳарбиро гузошта, ба рӯи як коғаз сар фурӯ бурда чизе менавишт. Дар як тараф Мамараҷаб ҳам ҳамин хел машғули мактубнависӣ буд. Баробари хам шуда ба заминкан даромадани Ванюшин Мамараҷаб ва Сафар куҷо будани худро фаромӯш карда, аз рӯи одат дар назди сардор аз ҷояшон бархостанӣ шуданд, вале сари онҳо ба шифти заминкан бархӯрда, боз дар ҷояшон нишаста монданд. Ванюшин аз ин рафтори онҳо хандида, «шинед, шинед» гӯён китфи ҳар дуро зер кард.
– Аз афташ ба хона мактуб менависед?
– Ҳа, рафиқ роҳбари сиёсӣ, имрӯз мактуб гирифтам, акнун ҷавоб навишта истодаам, – гуфт Сафар.
– Чӣ менависанд, мумкин аст, ки боз мою шуморо таъна дода бошанд? – гӯён роҳбари сиёсӣ шӯхӣ кард.
– Не, рафиқ политрук. Аз он ки дер боз мактуб на- навиштаам, дар хавотир мондаанд.
– Дидед, шумо бо андешаҳои беасос мактуб на- навишта, хешу табори худро дар хавотир гузоштед.
– Мактуб аз модаратон?
– Ҳа, аз модарам ва аз муаллимаи мактаби деҳаамон.
– Бисёр хуб. Аз номи моён салом расонед, гӯед, ки албатта ба хона бо ғалаба бармегардем.
– Хуб, менависам, рафиқ роҳбари сиёсӣ.
– Хӯш, ба шумо чӣ менависанд? – пурсид роҳбари сиёсӣ аз Мамараҷаб, ки дар як гӯшаи заминкан ба гапҳои Сафар гӯш дода менишаст. Агарчи Мамараҷаб ҳам аз амаки худ Мирбадал мактуби дуру дароз гирифта буд, дар вай ягон калимаи ба дигарон нақлкунанда набуд. Аз сар то по, мисли аввала, гапҳои сафсата ва аз роҳзананда буданд. Барои ҳамин Мамараҷаб ба пурсиши роҳбари сиёсӣ ягон чиз гуфта натавониста, забон мехоид. Ба ҷои вай Сафар гап зад:
– Ин кас ҳам ҳамватани ман, рафиқ роҳбари сиёсӣ.
– Ҳамин тавр, бисёр хуб. Чаро ин қадар пажмурда менамоянд, чӣ, магар аз хонаашон ягон хабари нохуш гирифтаанд?
– Не, ба фикрам, ҳеҷ гап не. Ин кас фақат як амак доранд, ки дар магазини ҷамъияти матлуботи деҳот кор мекунанд, дигар ҳеҷ кас надоранд.
– Ё ин, ки амаки шумо ҳам дар ҷанг қафогардии шуморо коҳишкунон хат навиштааст? – бо кунҷковӣ пурсид роҳбари сиёсӣ. Ин савол ба дили Мамараҷаб як ҷунбиши ногаҳоние ба вуҷуд овард. Дар ин асно ӯ худро дар байни ду олами тамом ба ҳам зид ҳис мекард. Вай ба роҳбари сиёсӣ як нигоҳ карду боз дарҳол аз вай чашми худро канда, сарашро поён фуровард ва бо ангуштонаш як гӯшаи коғази дар дасташ бударо бозикунон хомӯш монд.
– Забони русиро он қадар хуб намедонад, рафиқ роҳбари сиёсӣ, барои ҳамин чӣ гуфтанро надониста монд, – эзоҳ дод Сафар каме тарафгирӣ карда.
– Майлаш, бо забони худаш гап занад, шумо баъд ба ман фаҳмонда медиҳед.
– Гап зан охир. Мамараҷаб, чаро гунг шуда мондӣ?
– Гапи гуфтанӣ набошад, чӣ гӯям? – сарашро набардошта нимғурма гап зад Мамараҷаб.
– Охир амаки Мирбадал чӣ менависад? Мумкин аст, ки туро ёд карда бошад, ё ягон хабари нав навиштагист?
Роҳбари сиёсӣ Ванюшин ҳам илова кард:
– Ё эҳтимол аст, ки худатон диёратонро ёд карда бошед?
– Ҳа, мумкин аст дар ин ҷо зиқ шуда бошӣ? – давоми сухани роҳбари сиёсиро гирифта пурсид Сафар.
– Не, аз зиқ шудан не, – боз нимкора ҷавоб дод Мамараҷаб ва пас аз каме хомӯш мондан бо ҳасрат илова намуд: – росташро гӯям, ҳамеша аз дигарон таъна шу- нидан ба ҷонам расид. Сафар гапи ӯро ба роҳбари сиёсӣ фаҳмонда, дарҳол саволи ӯро такрор кард:
– Барои чӣ, чӣ хел таъна?
– Чӣ тавре ки худат медонӣ, дар ҷанги гузашта чӣ тавр шуд, ки дар назди немиси рӯ ба рӯям омада якбора худамро гум кардаму бедасту по шудам. Ҳамон замон Нозир дар наздам пайдо шуда немисро найза зада афтонд. Вақте ки ақиб мегаштем, аэропланҳои немис ҳамаамонро маҷбур кард, ки панаҳ шавем, айбам ҳамин ки ман аз дигарҳо каме дуртар гурехта руст шудам. Дирӯз ба қисмати ман замини заранг вохӯрда, дар истеҳкомканӣ аз дигарон қафо мондам. Ана ҳамаи гуноҳи ман ҳамин аст.
– Хӯш, сонӣ чӣ шуд?
– Охир ҳамин Дадабойи серҷоғ ин сӯ гузарад ҳам, он сӯ гузарад ҳам, «ҳа, Мамадполвон, ин қадар хурӯс барин суп – сурх шуда рафтӣ» гӯён аз таънаю пичингзанӣ даҳон намепӯшад. Ҷанг фақат як ҳамин рӯз не-ку, мебинем, ба дигарҳо ҳам навбат меомадагист, охир… Сафар бо завқ хандида, ба роҳбари сиёсӣ гуфтаи Мамараҷабро фаҳмонда дод. Политрук ҳам хандакунон гуфт.
– Оҳо, ана гап дар куҷо будааст. Ин таъна не, танқиди солдатӣ шудааст. Мамараҷаб аз хандаи онҳо бадтар оташин шуд ва якбора ба ҷӯш омада бисёртар ба Сафар расонда гап зад:
– Мукин аст, ки ман ба худи ту ҳам маъқул набошам, Сафар. Майлаш, ман розӣ, аз он, ки дар назари одамон бад намуда гардам, ба ягон ротаи дигар равам беҳтар…
– Ин гапҳоро баъд дар байни худамон гап мезанем, мефаҳмем, кӣ ба кӣ бад менамояд, – гуфт Сафар дар навбати худ ба Мамараҷаб расонда. Ванюшин хам ба Мамараҷаб насиҳатомез якчанд сухан гуфт:
– Дар ин ҷо бояд якдигарро бародар барин донист, рафиқ Юсуфов. Баъзеҳо ҳазл, баъзеҳо танқид мекунанд, баъзеҳо аз рӯи манфиати кор ҷӯрагиро як сӯ монда, сахттар ҷазо ҳам медиҳанд. Ҳозир қаҳру ғазабро бисёртар ба тарафи фашист бояд нигаронед. Ана пагоҳ – бегоҳ боз ба ҷанг медароем. Сафари гузашта немиси ба шумо ҳамлакардаро Нозир зада афтонда бошад, ин сафар мумкин аст, шумо якто не, камаш ду-се немисро зада нест кунед. Баъд худ аз худ ҳамон касе, ки шуморо таъна додааст, худаш қоил шуда, забонаш- ро газида мемонад. Чӣ гуфтед?
Мамараҷаб аз гуфтаҳои роҳбари сиёсӣ қонеъ шудагӣ барин як нафаси дароз кашида – «Дуруст аст, рафиқ роҳбари сиёсӣ» гуфт.
Баъд роҳбари сиёсӣ Ванюшин дар бораи корҳои расмии ҳизбӣ, комсомолӣ, сиёсӣ гап зада, ба Сафар супоришҳо доду баромада рафт. Дар заминкан Сафар ва Мамараҷаб монданд.
– Хӯш, бародар, мана ман дар ихтиёри ту ҳастам, чӣ матлабе, ки дорӣ, гӯй, – гуфт Сафар наздиктари Мамараҷаб рӯ ба рӯ нишаста.
– Не, ман дар ихтиёри ту ҳастам, – ҷавоб гардонд Мамараҷаб, – ту командир, ман фармонбардори ту.
– Ҳозир ман бо ту на ҳамчун командир, балки фарзанди як деҳаю як халқ гап задан мехоҳам.
– Ман гапи зиёдатӣ надорам, боз мегӯям, ки агар ба назари шумоён бад менамудагӣ бошам, ба ягон ротаи дигар фиристон.
– Мумкин аст баръакс, ман ба ту маъқул набошам? Гуноҳи ман ҳамин аст, ки дар вақти адои хизмат ҷӯрагиро як сӯ ғундошта, туро ҳам баробари дигарон медонам. Ту бошӣ, аз ин хулосаҳои беҳуда мебарорӣ.
– Ҳар чӣ бошад ҳам, ман дар назди ту айбдор, ба ин иқрор мешавам.
– Масалан?
– Худат медонӣ, гуфтан чӣ ҳоҷат?
– Агар айбу камбудиҳои дар аскарӣ кардаатро бошад, албатта медонам ва барои ин аз рӯи низомнома ба ту чора ҳам дида будам.
– Ман инро намегӯям.
– Набошад аз дигараш ҳеҷ хабар надорам.
– Наход баъзеҳо ба ту хабар надода бошанд?
– Баъзеҳо кӣ, кадом хабар? Билло, ки чӣ гуфтан мехоҳӣ, ҳеҷ намефаҳмам…
Мамараҷаб хомӯш монда «гӯям ё нагӯям» гӯён фикр карду баъд туфашро фурӯ дода, базӯр овоз баровард.
– Зебӣ.
Сафар чашмонашро калонтар кушода бо ҳайрат такрор пурсид:
– Зебӣ?
– Ҳа.
Сафар мақсадро фаҳмиду худашро ба нодонӣ андохт.
– Хӯш, Зебӣ муаллимаи мактаби мо, чӣ шудааст?
– Чӣ мешуд, нафаҳмида як номаъқулӣ карда будам.
Агар медонистам, ки оқибат дар мобайни ману ту ҳамин қадар хунукӣ меафтад, даҳан во намекардам. Сафар ба чӣ ин қадар дар назди худ дамдузд, парешон ва ба ҳар як сухани вай бо шубҳа нигоҳ карданиМамараҷаб акнун дурусттар пай бурд. Аммо худи Сафар ба ин гапҳои майда – чуйдаи гузашта эътиборе намедод ва ҳатто ба Зебӣ кас мондани Мамараҷабро қариб аз хотираш фаромӯш ҳам карда буд.
– Аввал ин ки ман хӯҷаин ё ҳокими Зебӣ нестам, Мамараҷаб, дуюм ҳам ин, ки ин гапҳои ба як пули сиёҳ наарзанда худи ҳамон вақтҳо дар Сталинобод фаромӯш шуда буданд. Агар ту гумонҳои беҳударо то ҳамин ҷо, ба майдони оташу тӯфони ҷанг дар дилат нигоҳ дошта омада, аз боиси ҳамин ба ман кина дошта бошӣ, аз худат гиламанд бош. Акнун, вақте ки айби худатро худат ошкор сохтӣ, ман аз дили софи дӯстӣ мегӯям, ки дар хизмат ва дар ҷангҳои гузашта
ноӯҳдабароӣ кардани ту ҳам ана аз ҳамин сабаб буда-
аст. Одамҳо ба чӣ мақсадҳо хун рехта истодаанду ту ба чӣ хаёлҳои бемаънӣ печ хӯрдаӣ? Ҳамин қадар гуноҳҳоро дар дилат бардошта гаштию дар вақташ ё бо амаки Мирбадал, ё бо ягон каси худат бовар мекардагии деҳа дуруст ё нодуруст будани онҳоро маслиҳат ҳам накардӣ?
– Ман маслиҳат накарда бошам ҳам, баъзе одамон худашон маслиҳат дода буданд…
– Масалан, чӣ маслиҳат дода буданд? Шояд гуфтаҳои маро гуфта бошанд?
Мамараҷаб аз он ки Сафар торафт бо вай бе ҳеҷ ғараз рӯшод гап мезад ва аз сабаби он ки муқаррар кардани ҳақиқат хеле зарур буд, дар дилаш чӣ гапе, ки дошт, гуфтан гирифт.
– Не баръакс. Агар қаҳрат наояд ва ин гап аз байни мо берун набарояд, мегӯям.
– Кӣ ва чӣ будани худамро ба ту гуфта доданам ҳоҷат нест. Худи ту бояд маро хуб шиносӣ.
– Мегӯянд, ки ту аз хостгор фиристодани ман ба Зебӣ ва ба аскарӣ баробари ту нарафтанам ба рашку хашм омада, ба комиссариати ҳарбӣ арз кардаӣ, ки зудтар маро ба ҷабҳа фиристанд.Ин гапи Мамараҷабро шунидан замон тамоми аъзои бадани Сафарро хашму ғазаб фаро гирифт ва пас аз он ду гӯш, ду рухсораи вай мисли ҳаври оташ тасф баровард.
– Ту ҳам ба ин бовар кардӣ?
– Ҳа, ҳамон вақтҳо бовар карда будам.
– Ҳозир ҳам бовар мекунӣ?
– Ҳозир аз ту рост ё дурӯғ будани инро мепурсам.
– Набошад, ба ҳамон касе, ки ин гапҳоро ба гӯши ту рехтаасту чашми туро аз дидани ҳақиқат бастааст, гӯй, ки коми Сафарро модараш бо ин хел беномусиҳо набардоштааст. Мамараҷаб пеш аз ин гумон надошт, ки ба унвони амаки худ аз забони Сафар ин қадар нафрати сахт ме- расида бошад. Вай гапи Сафарро дандон ба дандон монда мешуниду дар ин кор кӯтоҳандешӣ кардан ва қисман айбдор будани худро ботинан эътироф мекард. Боз худ ба худ мегуфт: «Ҳоло ин як нӯги ришта аст».Агар боз ба ӯ чӣ гуна фикру маслиҳатҳои фитнаангез додани амаки худро ошкор созад, ба ивази онҳо Мирбадалро ғайр аз хоин дигар чиз номидан кам аст. Бо хоин ҳамтабақ ва ҳамфикр шудан Мамараҷабро ҳам қариб ба ҳамин ном лоиқ карда буд. Хуб шуд, ки вай ҳамааш набошад ҳам, як қисми гуноҳи худро дар пеши Сафар ошкор кард. Ҳозир ҳаминаш кифоя. Ӯ худро аз гуноҳҳои сахт дар оташу тӯфони ҷанги дарпешистода пок хоҳад кард. Мамараҷаб сари бо ин фикру хаёлҳо поён фурӯдрафтаашро боло бардошта, дар байни шаш – ҳафт моҳ аввалин бор ба чашмони калон – калони сиёҳи Сафар рост нигоҳ карда узромез гуфт:
– Айб аз ман гузаштааст, ҷӯра. Мебахшӣ, дили туро сиёҳ кардам.
– Не, дер бошад ҳам, бисёр хуб кардӣ. Ин гумонҳоро дар Сталинобод бартараф кардан лозим буд. Майлаш, кӣ будани он маслиҳатдеҳи туро пурсидан ҳам ҳоҷат нест. Агар азму ирода ва орияти ҷавонмардиатро гум накарда бошӣ, ҷавобашро худат медиҳӣ.
– Хуб, рафиқ сержант, – гӯён бо ҷиддият расмиятро баҷо овард Мамараҷаб, – ин тарафаш тани мо. Мамараҷаб боз чизе гуфтанӣ буд, вале аз роҳрав туп – тӯп қадаммонии касе ӯро аз гап боздошт. Ҳар ду ба роҳрав нигоҳ карданд. Ба тарафи заминкан робитачии фармондеҳи взводи сеюм меомад.
– Хӯш, Костя?
– Барои шумо омадам. Зуд ба назди фармондеҳи взвод, рафиқ сержант.
– Боз чӣ гап, аз ин ҷо ҳам кӯчро ғундоред-ку намегӯянд?
– Намедонам, ҳамаи фармондеҳони отделенияро ҷеғ мезананд.
Сафар сумка ва автоматашро ба гардан овехта аз блиндаж баромад. Аз роҳрав ба Мамараҷаб гуфт:
– Ту дар ҳамин ҷо бош, дур нарав.
– Хуб.
Дар блиндажи фармондеҳи взвод – лейтенанти хурд Харитонов, ғайр аз фармондеҳи отделенияи чорум, дигар ҳама ҷамъ омада буданд. Сафар аз фармондеҳи взвод иҷозат гирифта даромад ва аз паҳлӯи фармон- деҳи отделенияи пулемётчиён чорзону нишаст. Фар- мондеҳи взвод Харитонов дар пешгоҳи блиндаж, дар болои суфачае, ки дар пешаш аз тахтаи бараш
сӣ–чилсантиметрии кӯҳна мизи хурде сохта шуда буд, ба кадом як коғаз чашм дӯхта менишаст.
– Хуб, раифқон! – Ҳама ба тарафи фармондеҳи взвод Харитонов рӯ гардонданд. – Ман шумоёнро барои бо як фармон хабардор кардан ҷеғ задам. Аз ҳамин шаб сар карда мавқеи мо боз хавфноктар шуда монд. Немисҳо имрӯз субҳ хатти мудофиавии моро аз ду ҷо рахна кардаанд. Қисмҳои танкӣ ва мотории онҳо моро танг карда меоянд. Дивизияи мо фармон гирифтааст, ки ба мудофиаи марзи худ ва зада баргардондани ҳуҷумҳои душман тайёр бошад. Ин шаб навбати муҳофизату посбонӣ ба взводи мо супорида шуд. Отделенияи сержант Одинаев ва Клименко дар ду тарафи гарданаи теппаи дуюм, ки рӯбарӯямон аст, дар посбонӣ меистанд. Ду отделенияи дигар, то фармони махсус, бояд барои ба кашшофӣ рафтан ҳозир бошанд.
Фаҳмидед?
– Фаҳмидем, рафиқ лейтенанти хурд, – ҳама баробар ҷавоб доданд.
– Мумкин? – пурсид Сафар. Харитонов иҷозат дод.
– Ҷои посбонии отделенияи моро аз харита саҳеҳтар нишон медодед.
– Мана, наздиктар оед, – гуфт Харитонов харитаи топографиро ба наздиктари худ кашида ва ангуштони кӯтоҳ – кӯтоҳи худро ба рӯи харита монду баъд бо нӯги сурхи қалами дуранга ба ду нуқта доирачае кашид, – ана ҳамин ҷо. Боз дар аснои ба иҷрои вазифа шурӯъ кардан худам ҳамроҳ рафта нишон медиҳам. Боз чӣ савол ҳаст? Дигар савол набошад, ба отделе- нияҳои худ рафта, тайёриатонро бинед. Расо дар соати 20 шурӯъ мекунем, – Харитонов ба соат нигоҳ кард. – Дар ихтиёри шумо боз чор соати пурра. Фармондеҳи отделенияҳо пас аз шунидани фармон ба ҷой – ҷойҳояшон рафтанд. Вақте ки Сафар ба за- минкани худ наздик шуд, аз он ҷо садои думбра ва овози ба вай ҷӯр шуда сароидани Нозир мебаромад. Сафар бо кадом як мулоҳиза оҳиста-оҳиста қадам монду ба даромади заминкан расида, як дам рост истод. Ба гӯши вай овози думбра ва суруди Нозир аз ҳарвақта дида чунон форам мерасид, ки гӯё аввалин бор мешунида бошад. Нозири камаровӣ бо овози на он қадар баланд, вале форами худ чунин месароид. Ду қоши сиёҳ дорию мӯҳои дароз, Дар мактаби шӯроӣ мехонӣ ба ноз. Қурбони ду абрӯи сиёҳат бишавам, Пеши мани зор кай ту меоӣ боз?
Ҳангоми суруд Сафар як дам худро фаромӯш карда, фикран ба Тоҷикистон, ба водии Ҳисор, ба кӯҳсорони Қаротегину Дарвоз, дар кӯчаҳои тахту рости Сталинобод, ки дар ин шабу рӯзҳо саросар сабзапӯш шудаанд, сайругашт мекард. Аз Юнусбобо шармкунон бо Зебӣ дар таги кадом як ниҳоли боғчаи мактаб танҳо сӯҳбати ширин мегузаронд. Модараш ба гардани ӯ часпида ашки шодӣ, ашки пазмонӣ рехта, дере дар гирди сари ӯ парвона барин чарх мезад. Боз… боз… чӣ хаёлҳое ки аз пеши назари вай намегузаштанд… Лекин, садои
як-бора хомӯшшудаи думбра ва суруд ҳамон замон фикри Сафарро ҳам аз ин сайругаштҳо боздошт. Вай худ ба худ табассуме карду ба гирду атрофаш назар андохта, ба заминкан даромад. Дар блиндаж Нозир, Мамараҷаб, Дадабой, Степан Шестак ном ҷанговари сибирӣ ва Аркадий Косенко ном ҷанговари украинӣ зич ба ҳамдигар ҷафс менишастанд. Баробари намоён шудани Сафар ҳама аз ҷоя- шон ҷунбида, илоҷи бархоста берун баромадан меҷустанд.
Сафар аз даромад нигоҳ карда – «Эҳе… қариб ҳамаи отделения дар ҳамин ҷо-ку» гӯён, ҷанговаронро таклифи нишастан карда худашро берунтар гирифт.
Аскарҳо як-як баромада, камтар дилхушӣ кардани худро гуфтанд. Сафар ҳам ин кори онҳоро маъқул шуморида ба Нозир таҳсин хонд:
– Бале, камаровӣ!
– Гоҳ ғамзаю усул, гоҳ худою расул, рафиқ сержант,
– ҷавоб дод Нозир.
– Нағз, бисёр нағз кардӣ, камаровӣ. Боз кӣ медонад, ки ин ғамзаю усулҳо кай мешуда бошад, – гуфт Сафар ба Нозир шарҳи ин суханро фаҳмонда.
– Боз пагоҳ – бегоҳ нағораи ҷанг баланд мешудагӣ барин…
Сафар ин суханро гуфту чашмаш ба уфуқ афтод. Офтоб сурхчатоб шуда ба сӯи ғарб фурӯ мерафт.
…Дар рӯи ҳамон уфуқи оташвор хол – хол нуқтаҳои сиёҳ пайдо мешуданд ва онҳо ба назар торафт калонтар менамуданд. Сафар як дам нафас ба дарун кашида, хомӯш монд. Ҷанговароне, ки дар пеши ӯ буданд, мисли вай ба ҳамон сӯ нигоҳ карданд. Диққати онҳоро овози фавқулода баланди кадом як кас, ки аз парвози ҳавопаймоҳои фашистӣ хабар ме- дод, бурид. Ҳама яроқу аслиҳаҳои дар сангарҳо ва майдончаҳо истодаро ба камарҳои заминкан ва сан- гарҳо руст карда, худашон ҳам пинҳон шуданд. Дар як дам атрофро хомӯшӣ фаро гирифт. Акнун ғур – ғури ҳавопаймоҳо баландтар шунида мешуд. Fайр аз ин, аз
куҷое ғиҷир – ғиҷири чархи вайронаи ароба ва бо қаҳр дашномдиҳии касе низ ба гӯш мерасид. Ҳавопаймоҳои вазнини бомбаандози немисҳо, ки дар зери ҳимояи қиркунандагон парвоз мекарданд, бо ғулғулаи худ осмонро пур карда, ба болои мавқеи ротаи лейтенант Осмухин расиданд. Ин сафар ҳавопаймоҳо аз ҳарвақта пасттар ва бо суръати сусттар парвоз мекарданд. Ҳамин, ки ҳавопаймоҳои бомбаандоз аз болои мавқеи рота хеле дуртар гузашта рафтанд, яке аз он ду «Мессершмидт»-и қиркунанда, ки гоҳ аз пеш, гоҳ аз қафо парвоз мекарданд, аз роҳи худ баргашта якбора сарозер омада, майдону роҳҳоро аз пулемёти худ тирборон кардан гирифт. Ҳавопаймо чунон ба замин наздик мепарид, ки сарнишини он равшан дида мешуд. Ҳар бори як қатор тир андохта гузаштан сарнишин сарпӯши кабинаи худро кушода, сар бароварда ба қафояш нигоҳ мекард. Ҳамин тавр, вай се-чор бор сарозер омада, баъд боз аз қафои шарикони худ шитобон рафт. Баъди аз чашм ғоиб шудани қиркунанда, ҷанговарон аз паноҳгоҳҳо пайи ҳам дигар берун баромаданд ва зуд аз ҳамдигар ҳолпурсӣ карданд. Ҳама зинда ва беосеб будани худро мегуфтанд. Аммо баногоҳ касе аз дур чунон фарёд бардошт, ки гӯшу чашми ҳама баробар ба он сӯ дӯхта шуд. Дар сари роҳи калоне, ки аз паҳлӯи чапи мудофиагоҳи рота мегузашт, як марди кулӯтариши синаба- раҳнаи сарлуч ришу мӯйҳояшро харошида – харошида гоҳ ба замин меафтод ва гоҳ бархоста ба чор тараф даст ёзонда ёрмандӣ металабид. Сафар бо ҷанговаронаш ба он сӯ давид. Каме дуртар аз он ҷои исти мардак, дар қарибии ҷӯйбор аробаи чорчархае меистод, ки дар болояш лақу – луқҳои бисёре бор карда шуда буд. Дар пеши он як писараки нӯҳ –даҳсола нӯги лаҷоми аспро маҳкам дошта рӯ ба замин наҷунбида мехобид. Яке аз ҷанговарон писаракро зуд аз ҷояш бардошта рӯболо хобонд. Вай беҷон буд. Аз сари синааш то болои нофаш олудаи хун буд. Мардаки кулӯтариш ва дар паҳлӯи вай яке зани миёнсоли мӯсиёҳ худро ба болои мурдаи писарак партофта, чунон фиғону нола мекарданд, ки дили дигарон ҳам аз нолаи онҳо об мешуд. Ин писараки ҳанӯз ба камол нарасида, ки ҳамроҳи падару модараш хонаю ҷойи худро партофта, аз дасти истилогарон ба ақибгоҳи дур паноҳгоҳ кофта мерафт, қурбони тири ҳамон қиркунандаи немис шуда буд. Ҷанговарон бо фармоиши Осмухин ва Ванюшин, ки онҳо низ ба сари ин воқиаи хунин расида омада буданд, ҷасади писаракро бардошта, аз сари роҳ ба миёнҷои як пали замини корам бурданд. Дар он ҷо барои ӯ қабр кофта, ин писари бемаҳал қурбоншудаи
соҳили Донро ба оғӯши хоки Дон супурданд… Падару модар дар байни ним соат дар доғи писар девонавор ҳушу хаёли худро гум карда, аз болои қабр сар намебардоштанду хоки ӯро ба ашкҳои худ тар мекарданд.
Дар болои қабр салюти кӯтоҳи автомату туфангҳои ҷанговарон садо дод. Падари писарак аз ҷояш хеста ба китфи Сафар, ки вай дар паҳлӯяш истода буд, даст партофта, сарашро ба синаи ӯ монду бо овози пуралам
гуфт:
– Фарзандонам, ҳаққи хуни ин бародари аз дасти Гитлер ҷавонмаргшудаи худро ҳам фаромӯш накунед. Мамараҷаб ба сари қабр омада, зани дар болои он хобидаро оҳиста бардошт ва ӯро ба пеши аробаи чор- чарха, ки ҷанговарон онро рост карда, чизу чораҳои ба ҳар сӯ титу парешоншудаашро ҷо ба ҷо карда буданд, оварда ба он савор кард. Ароба ба таври ҳузновар но- лишкунон боз ба роҳ даромад… Мамараҷаб аз паси ароба хеле нигоҳ карда монд. Дар чашмони пилкҳояш варамкардаи вай ашк ҷӯшида буд… Дандонҳои ӯ асабиёна ғиҷиррос мезад…

Likes:
0 0
Views:
63
Article Categories:
Умумӣ

Leave a Reply