Умумӣ

Фотеҳ Ниёзӣ Вафо (роман, китоби 1-боби сездаҳум)

Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии

Тоҷикистон Фотеҳ Ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар

ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир

кардааст.

Китоби 1

БОБИ СЕЗДАҲУМ

Саҳрои васеи Дон. Офтоби саратон заминро оташвор метасфонад. На фақат одам, балки паррандаҳо низ аз гармии ҳаво беҳол шудаанд. Боди аз шимол вазанда ҳам ба рӯи одам ҳаври танӯр барин мерасад. Ангори гандум ва ҷавдор қариб тамоми саҳроро фаро гирифтаанд ва аз боди андак ба ҷунбиш омада,
мисли тилло барқ мезананд. Работу қӯрғонҳои хурду калон дар ҳар ҷо – ҳар ҷои саҳрои васеъ ба назар мисли қалъаи посбонӣ менамуданд. Fайр аз он ки аз мобайну канори заминҳои корам ду роҳи ҳамвори мошингард мегузашт, дар ин рӯзҳо аз байни киштзорҳо низ боз ду-се роҳи нави пиёдаву саворагард кушода шуда буд, ки яки он ба тарафи ҷануби шарқӣ, дигараш рост ба шарқ, сеюминаш ба самти шимоли шарқӣ нигоҳ карда мерафт. Ҳам роҳҳои асосӣ ва ҳам роҳҳои нав кушодашудаи ин саҳрои зархези Дон дар ин солҳою моҳҳои наздик ин қадар серҳаракату серодам нашуда буд, чуноне ки дар ин рӯзҳои аввали фасли тобистони соли 1942 дида мешуд. Аз роҳҳои асосии васеи ҳамвор пайи ҳамдигар автомошинҳои чорчарха ва шашчархаи боркаш, ки ба ақибашон тӯп пайваст карда, болои онро бо брезент пӯшонда буданд, мошинҳои сабукрави гуногун, гурӯҳ-гурӯҳ одамони яроқнок, аробаҳои чорчархаи пурбор ва
ошхонаҳои сафарии аскарӣ аз шарқ ба ғарб ва аз ғарб ба шарқ ҳаракат мекарданд. Аз роҳҳои нав кушодашуда бошад, марду занҳо, духтару писарбачагон, баъзеашон савори аробаҳои чорчарха, дигарашон пиёда дар дасту китфҳояшон борхалтаҳо хомӯш ба самти шарқи ҷанубӣ нигоҳ карда меомаданд. Аз як роҳи дигар, ки ба тарафи ҷануби шарқӣ бармегашт, чӯпонҳо галаю рамаҳои гову гӯсола, бузу бузғолаҳоро аз ғарб пеш карда меомаданд. Он чангу гардҳое, ки аз ин роҳҳо гоҳ ғафс, гоҳ тунук шуда ба ҳаво бардошта мешуданд, хеле вақт рӯи осмонро тира месохтанд. Аз дур якзайл ғулғулаи тӯппарониҳо ба гӯш расида, ин ғулғуларо гоҳо садои ғурриши ҳавопаймоҳои дам ба ғарб, дам ба шарқ парвозкунанда пахш мекард.Ҳамаи ин манзара дар пеши чашмони Сафар Одинаев, ки баробари ҳамаи ҳайати шахсии дивизияи полковник Людников сар карда ақиб нишастанро мекашид, як-як намоён мешуданд ва дар дили вай низ мисли ҳамин роҳҳои нав, ки аз мобайни киштзорҳо кушода шудаанд, изи амиқ мегузоштанд. Лейтенант Осмухин дар гарданаи теппаи гун- базшакл рост истода, бо дурбин ба чор атроф нигоҳ мекарду баъд ба рӯи харитаи топографие, ки дар болои планшетка паҳн карда шуда буд, ҳар гуна аломатҳо мегузошт. Дар нишебии шарқии теппа ҷанговарони вай роҳравҳои баробари қади одам ва барои пулемётҳо сангарҳою майдончаҳо месохтанд. Тарафи шимолии роҳравҳо то ба деҳае, ки қариб дар як километр дурӣ намудор буд, тарафи ҷанубии вай аз роҳи мшингард гузашта, ба даруни гандумзор морпеч шуда мерафт.
Осмухин, баъд аз ба харитаи маҳал кашида шудани хатти мудофиавии ротаи худ, ҳамроҳи роҳбари сиёсии рота Ванюшин ва фармондеҳи взводҳо ба отделенияи Сафар омада, ба сангаркании ҷанговарони ӯ нигоҳ карда истоду баъд ба аскарбачаи нисбат ба дигарон сертараддуди камкор, ки ба обу арақ ғӯтида буд, муроҷиат кард:
– Худи ангиштканҳо барин ба обу арақ ғӯтидию лекин замини кандагиат як оршин ҳам намебарояд… Ҷанговар ним белча хокро ба канор партофта, аввал ба лейтенант Осмухин, баъд ба замину девори роҳрав нигоҳ кард.
– Торафт ба замини заранг вохӯрда истодаем, рафиқ лейтенант, ана худатон бинед, гӯё ки дами белча ба санг хӯрда бошад.
– Чаро азони дигарон ин хел не? – пурсид Осмухин ва ба сӯи дигар ҷанговароне, ки як қади одам роҳрав канда буданд, ишора кард.

– Эҳ, рафиқ лейтенант, кошки ин ҷо марзи охирини мо мебуд, дар он сурат ба қади як хона бошад ҳам, чуқур мекофтам., – гуфт Қурбон аз паҳлӯи Мама- раҷаб истода ва бо ин ӯ мехост фаҳмад, ки оё боз қафогардӣ мешуда бошад ё не.
– Дар майдони ҷанг кори аскар як дам ҳам истода монад, сангар канда худро паноҳ кардан аст, – ҷавоб дод Осмухин, – зарар надорад, барои мо имрӯз ин ҷо паноҳгоҳи муваққатӣ бошад, пагоҳ барои немисҳо гӯри торик мешавад… Ба болои ҳамин гап Сафари сарулибосаш хоколуд пайдо шуда, ба Осмухин салом дод.
– Ҳа, Сафар, чӣ гапҳои тоза? – пурсид Осмухин ба саломи вай алек гирифта.
– Гапҳои тоза аз шумо, рафиқ лейтенант.
– Гапҳои тоза ҳамин, ки боз ҷанг мекунем, ҷанг…
– Ҷанг кунем, боз беҳтар. Ҳа гуфта қафогардӣ ҳам ба дил зад, рафиқ лейтенант.
– Чӣ илоҷ, кори мо фармони сардоронро иҷро кардан аст, рафиқ сержант. Умед мекунем, ки албатта ин рӯзҳо ҳам ба охир мерасанд. Аз хона мактуб гирифтӣ?
– пурсид дар охир марди қадпасти тануманд, ки дар паҳлуи Осмухин меистод.
– Не, рафиқ политрук.
– Худат мактуб навиштӣ? – пурсид Осмухин.
– Не, понздаҳ – бист рӯз мешавад, ки нанавиштаам.
– Чаро?
– Чӣ менависам, рафиқ лейтенант. Одам шарм мекунад. «Аз деҳа бо тантана баромада рафта, ҳунари нишон медодагиатон магар фақат ақибнишинӣ шуд?»
– гӯён таънадиҳии ҳамватанонро шунидан намехоҳам… – гуфт Сафар бо алам.
Осмухин ва командири взвод, ки дар паҳлӯи ӯ буданд, аз ин гапи Сафар табассум карданд. Осмухин хандаомез ба вай гуфт:
– Ту гумон мекунӣ, ки қафоравӣ танҳо ба ту вобаста аст?
– Охир ман ҳам яктои ҳазорҳо мешавам, рафиқ лейтенант, – ҷавоб дод Сафар.
Осмухин ба симои дурушти Сафар нигоҳ карда, деҳаи ӯ, модари меҳмоннавози вай, маҳбубааш Зебӣ, Юнусбобо ва ҳамон замини бо трактори СТЗ шудгоршуда, инчунин Сталинград, зану духтарчаи худро ба пеши назараш овард ва баробари ҳамин аз дил мегузаронд: «Рост аст, то кай ва то куҷо қафо мегардем? Наход ба ҳамин аҳвол то остонаи хонаи худ равем, Наташа магар намегӯяд, ки «Ҳа, ҷанговар, чӣ хел раво дидӣ, ки немис то ба сари оилаат зер карда ояд, бо тӯпу туфангҳояш муғчаи вонашудаи ниҳоли зиндагиамон – Нинаи шашсоларо пажмурда созад?..»
– Дуруст аст, рафиқ Одинаев, – якбора бо садои пуризтироб гап зад Осмухин ва чашмонашро маънидорона ба самти шарқ дӯхт, – ин ба ҳар яки мо вобаста аст, ҳар кадомамон барои ин замине, ки моро хӯронда, пӯшонда ба воя расондааст, ҷавобгар ҳастем… Давоми сухани Осмухинро ғурриши як гурӯҳ ҳавопаймоҳои бомбаандози мо, ки аз самти шимоли шарқӣ ба тарафи ҷануби ғарбии саҳрои Дон парвоз карда мегузашт, пахш кард. Ҳама ба осмон нигоҳ карда, баробар: «Лочинони мо» гӯён даст афшонданд…
– Ана, ба немисҳо хӯроки бегоҳӣ бурда истодаанд, –гуфт политрук Ванюшин кӯлоҳи хокистаррангашро дар болои сараш афшонда.
– Аз ҳамин хел «меҳмондориҳо» бисёртар шуда истад кор бад намешавад,
– гуфт Осмухин давоми сухани политрукро гирифта.
– Аз ҳоло орзу дорам, ки ҳамин, ки ҷанг тамом шуд, барои гирифта омадани оилаам албатта бо ҳавопаймо хоҳам рафт.
Осмухин дар ҳамин ҷои сухани политрук Сафарро ҷеғ зад, ки вай дар саҳнаи махсус пулемёт мешинонд.
Сафар омад. Лейтенант ба ӯ фармуд, ки Дадабойро ба ин ҷо фиристад.
– Дар байни инҳо Ёрматов ном як ҷанговар ҳаст, вай аз ҳамон шаҳрест, ки оилаи шумо ба он ҷо кӯчонда шудааст.
Сафар зуд Дадабойро аз сари сангараш гирифта овард.
– Дадабой, ту ленинободӣ ҳастӣ?
– Ҳа, аз худи Ленинобод, рафиқ лейтенант.
– Дар он ҷо ягон хешу табор дорӣ?
– Як тағо ва як амакам дар Ленинобод. Хоҳару модарам дар Қӯрғонтеппа, дар колхоз кор мекунанд, рафиқ лейтенант.
– Мана, зану бачаҳои роҳбари сиёсӣ ҳам ҳозир дар шаҳри ту меҳмон будаанд.
– Бисёр хуб кардаанд. Меҳмони кӣ? Роҳбари сиёсӣ аз кисаи гимнастёркааш як лифофаи дуқаткардашудае бароварду ба унвони дар поёни вай навишташуда чашм давонда бо овози баланд хонд:
– «Ленинобод, кӯчаи Сурх».
– Ин аз ҳавлии мо як маҳалла боло, медонам.
– Худи шаҳр бисёр гарм мегӯянд-а? – пурсид роҳбари сиёсӣ.
Дадабой ҳар чӣ таърифе, ки дошт ба шаъни Ленинобод гуфта, чунон хулоса баровард, ки гӯё дар олам аз он ҷо беҳтар ҷои зебо, дилнишин, сермева ва боғҳояш хушманзара нест.
– Зардолуяш бисёр мегӯянд-а?
– Дар шаҳри мо касе, ки як бор мазаи зардолуро чашад, дигар ба қанду шириниҳо нигоҳ ҳам намекунад, рафиқ политрук.
– Наход ҳамин қадар ширин бошад?
– Асал барин рафиқ политрук, мана як мазаашро бинед, – гӯён Дадабой ҳамон дам ба кисаи шалвораш даст андохту панҷ-шаш дона қоқи қандакро ба рӯи кафаш бароварда ба политрук ва командири рота дароз кард.
Осмухин ва Ванюшин ба ин рафтори Дадабой бо чашми ҳайрат нигоҳ карда, табассумомез аз дасти вай яктаӣ қоқ гирифтанд.
– Ин коратон ширинкори сирк барин шуд, – гуфт роҳбари сиёсӣ чангу гарди қоқро бо нӯги ангуштонаш пок карда.
– Чӣ, магар ягон халтаашро бардошта омадед?
–пурсид Осмухин.
– Рӯзи ба поезд баромадан, модарам камтар савғо карда буд, – ҷавоб дод Дадабой.
– НЗ1 гӯед – пурсид роҳбари сиёсӣ.
– Ҳа, рафиқ политрук, ҳар замон шумо барин рафиқонро меваи шаҳрамон гӯён зиёфат мекунам.
– Раҳмат. Хӯш, ҳамин хел шаҳри хуб гӯед?
– Ҷаннат, рафиқ политрук. Агар не нагӯед, ман ба тағоям ва амакам менависам, оилаатонро ба боғамон гирифта мебаранд.
– Раҳмат, монед, онҳоро ташвиш надиҳед, дӯсти азиз.
– Ҳеҷ ташвиш надорад. Шамоли саҳроро хӯрда саёҳат мекунанд. Боғамон ҳам аз шаҳр чандон дур нест, як-якуним километр.
– Ҳа, майлаш, чӣ бадӣ дорад, баръакс, амаку тағои Дадабой ҳам хурсанд ва ҷияни худро дидагӣ барин мешаванд. Матвей Иванович, – гуфт Осмухин таклифи Дадабойро тарафдорӣ карда. Роҳбари сиёсӣ Ванюшин бо миннатдорӣ ташаккур изҳор кард.
– Хуб, ташаккур, рафиқ Ёрматов, баъд боз гапзанон мекунем. Ман бегоҳӣ адреси занамро навишта медиҳам ва адреси шуморо ҳам навишта мегирам.
– Майлаш, рафиқ политрук, кадом вақте, ки бошад, ман тайёр.
Дадабой аз назди онҳо дур нашуда, Осмухин, Ванюшин ва фармондеҳони взводҳо, ки дар як тараф дар болои хоктӯда ғун шуда менишастанд, қад – қади роҳрав ба тарафи деҳа рафтанд. Офтоб ба мағриб хамида, тасфи ҳаво торафт паст мешуд. Чангу гардҳои аз роҳҳои серҳаракат ба ҳаво бардошташуда ҳам оҳиста-оҳиста тунук шуда, аз чашм ғоиб мегаштанд. Тӯдаи одамоне ки аз ҷойҳои немисҳо ишғолкарда мегурехтанд, торафт кам мешуд. Танҳо рафтуои мошинҳои боркаш, сабукрав ва баъзан аробаҳои чорчархаи дуаспа канда намешуд. Fулғулаи тӯппарониҳо низ якзайл давом карда, аз ким-куҷои осмон ғурриши ҳавопаймоҳо ба гӯш мерасид. Дар ҳамин хел вақтҳои каме хомӯшӣ аскарҳо бо якдигар шӯхӣ карда мегуфтанд: «Ё немис моро фаромӯш кард, Ба маънои захираи эҳтиётӣ . ё мо ба ақибгоҳи дур афтода мондем». Албатта, нисбат ба он марзе, ки ҳоло аз он ҷо садои тӯпу туфангҳо баланд мешуд, ин ҷо ақибгоҳи дури хатти ҷабҳа ҳисоб мешуд. Аммо аз ҳар эҳтимол холӣ набуд, ки пагоҳ ё пасфардо ин ҷо ҳам яке аз марзҳои пешхатти ҷаьҳа гардад. Дар ин минтақаи мудофиавӣ ротаи Осмухин ду рӯз боз истеҳком месохт. Дар маҳалле, ки дарозиаш қариб ҳазор – якуним ҳазор метри мураббаъ буд, маҳалҳои такягоҳии взводҳо, маҳали такягоҳии асосии рота, маҳалҳои қалбакӣ барои тӯпу миномётҳо, пулемётҳои дастгоҳӣ ва аслиҳаҳои танкзан марзи оташфишонӣ ба вуҷуд оварда мешуд ва чор тарафи ин маҳалро симхорҳо, майдонҳои минакоришуда, дар самтҳои танкгузар чуқуриҳои зиддитанкӣ печонда мегирифтанд. Дар ҳар ҷо – ҳар ҷо аз майдончаҳои махсус тӯпи 45–миллиметрии танкзан, миномётҳои 82-миллиметрӣ ва пулемётҳои калибрашон калон мили худро рост ба ғарб, ё ба ғарби ҷанубӣ ва ё ғарби шимолӣ нигаронда меистоданд, ки аз болои онҳо ва гирду пешашон тӯрҳои ноаёнсозӣ кашида шуда буданд. Аз ҳамаи маҳалли мудофиавии рота роҳраву заминканҳо ба якдигар омада пайванд мешуданд. Взводе, ки отделенияи Сафар ҳам дар ҳайати ҳамон буд, дар тарафи чапи маҳалли мудофиавӣ дар қарибии кӯча ҷойгир шуда буд. Ин тараф – тарафи хатарноки танкгузар ҳисоб мешуд.
– Ин сафар ба ҷои хатарнок афтода мондем-а? – мегуфт Мамараҷаб ба Сафар.
– Дар ҷабҳа ҷои хатарноку бехатар нест, ҷӯра. Ҳамааш ҳам майдони ҷанг,
–ҷавоб медод Сафар аз сангарканӣ даст накашида. Дадабой ба гап ҳамроҳ шуда мегуфт:
– Агар фаҳмиданӣ бошӣ, дар ҳама ҷо марг аввал аз гиребони тарсончак меқапад, Мамад!
– Ин қадар ту аз маргу тарсончакӣ гап мезанӣ, Дадо? – Мамараҷаб аз сухани Дадабой оташин шуда ранҷида пурсид. Дар болои ҳамин гап аз ғарб як тӯда ҳавопаймоҳои «Юнкерс» ба шакли секунҷа парвоз карда омаданд. Овози баланди касе: «Воздух!» гӯён хабар дод. Ҷанговарон дар ҷой-ҷояшон панаҳ шуданд. «Юнкерсҳо» он қадар баланд парвоз намекарданд. Ранги зардчатоби онҳо ва нишони монанди тортанак дар зери ҳар ду боли онҳо кашидашударо чашм равшан медид.
– Ӯ, ҳаромӣ, – гуфт Дадабой, – аэропланаш ҳам худаш барин бадафту нофораме…

Leave a Reply