Фотеҳ Ниёзӣ Вафо (роман, китоби 1-боби ёздаҳум)

Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии

Тоҷикистон Фотеҳ Ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар

ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир

кардааст.

Китоби 1

БОБИ ЁЗДАҲУМ

Аз аввали моҳи январи соли 1942, баъд аз комилан ба анҷом расидани корҳои ташкилӣ, қисми тирандозии тоҷикӣ ба давраи асосии таълими ҷангӣ-сиёсии худ сар кард. Аз аскари қаторӣ сар карда то командирони ба- ландрутба дар зери барфу борон, дар саҳрою теппаҳо, дар шароити ба вазъияти майдони ҷанг наздиккардашуда машғулият мегузаронданд. То банди пой ба лой ғӯтида машқ мекарданд, сина ба замин дода сангир меканданд, тир меандохтанд, граната мепартофтанд, тӯпу пулемётҳоро гоҳ бардошта, гоҳ тела дода, аз як марра ба марраи дигар медавиданд ва мехазиданд, бар зидди танку тӯпҳо мубориза бурданро машқ карда, аз зери сангирҳои танкпахшкарда беиллат сар бардошта, аз иҷрои вазифаҳои аз ин мушкилтари ҷангӣ ҳам сар намекашиданд. Вақте ки онҳо субҳи барвақт ба машғулият баромада, дар ғуруби офтоб бармегаштанд, аз чаккаю пешонаашон арақ ҷӯшида, аз сарулибоси аз арақ таршудаи онҳо буғ мебаромад.Командири қисм полковник Тополев, ки бисту панҷ соли умри худро дар хизмати аскарӣ гузарондааст ва аз аскари одӣ то ҳамин рутбаи баланди ҳарбӣ расидааст, ба ин ҳолат аз машғулият баргаштани фармонбарони худро бо мамнунӣ аз назар мегузаронд. Вай ин мамнунияти худро бо хурсании зиёд ба комиссари қисм Калонзода изҳор карда мегуфт:

– Ана ин айни гуфти сарлашкар Суворов аст: аскар дар машқ чӣ қадар бисёр арақ кунад, дар ҷанг ҳамон қадар кам хун талаф медиҳад. Комиссар Калонзода, ки ходими собиқи ҳизбӣ, одами боазму иродаи вазнин, пуртаҷриба буда, ҳар як корро бо маҳорати ташкилотчигии ба худ хос адо мекард, ба ҷанговарон бо чашми пурмеҳр ва ифтихори падарона нигоҳкунон, ба полковник ҷавоб мегардонд:

– Худашон ҳам хишти аз хумдон баромада барин пухта шуданд.

– Бешубҳа, комиссар, – тасдиқ мекард полковник, –боз оянда нишон медиҳад, лекин ман аз ҳозир метавонам бо эътимод гӯям, ки онҳо аз солдатҳои кадрӣ ақиб нахоҳанд монд.

– Агар муболиға нашавад.

– Ҳеҷ ҷои муболиға нест. Худат ба инҳо нигоҳ кун, комиссар, онҳо аз субҳ то ҳоло ба по ҳастанд, лекин кас дар чашмонашон ягон аломати хирагӣ, дар симояшон ягон нишонаи мондашавиро дида наметавонад. Исти ҳозираашон ҳам шер барин.

– Ҳар чӣ бошад ҳам, ба онҳо бисёртар ҳамон чизеро ки дар ҷанг лозим аст, омӯхтан зарур. Агар то ин дам дар таълими ҳарбӣ, «як кас дар майдон сарбоз намешавад» – гуфта омада бошанд, мо баръакси он, – «як каси дар майдон монда ҳам бояд сарбози қобили ҷанг кардан бошад» – мегӯем. Полковник ба гуфтаҳои комиссар шарик шуда гуфт:

– Мо аз ин хусус дилпур ҳастем. Ин насл, яъне авлоди ту, рафиқ комиссар, агар хато накунам, дар ҳақиқат аввалин бор ба даст яроқ гирифта баробари русҳо ба ҳифзи мамлакат меравад. Ман онро ҳам ба назар дорам, ки дар замони пеш ҳеҷ як офсари рус ва аз ҳама аввал ҳуку мати подшоҳ ба дасти халқҳои Осиёи Миёна ва Кавказ аслиҳа дода ба ҷанг дароварданро ҳаргиз роҳ намедод.

– Чунки онҳо, ҳамин ки ба даст силоҳ гирифтанд, онро пештар аз душман ба муқобили худи подшоҳ кор мефармуданд, – гуфт комиссар дар мобайни сухани полковник.

– Ҳа, бале. Акнун бошад, кас аз бардам қадаммонию яроқро чусту чолокона ба кор бурдани онҳо ба ҳайрат меояд.

Сӯҳбати полковник ва комиссарро овози «Смирно» ва ба назди командири қисм омада гузориш додани сардори ситод бурид. Полковник  Тополев ва комиссар Калонзода аз ҷои истодаашон рӯ ба рӯи ҷанговароне, ки чорқаторӣ саф кашида буданд, рафтанд. Тополев машғулияти имрӯзаро кӯтоҳ ҷамъбаст кард ва аз байни саф якчанд командирони отделения, ҷанговарони қаториро ба назди худ даъват кард. Дар байни онҳо сержант Сафар Одинаев ҳам буд. Полковник аз ҳама аввал ба Сафар Одинаев муроҷиат намуд:

– Сержант Одинаев. Барои ӯҳдабароёна таълим додани отделенияи худ ва  барои намунавор адо кардани хизмат ба шумо ташаккур баён мекунам.

Сафарро изтиробу ҳаяҷон фаро гирифт, чунки ин якумин тақдирёбии ӯ дар назди ҳамаи ҳайати шахсии қисм буд. Вай дили беқарор танидаистодаи худро нигоҳ дошта наметавонист ва шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки дар аснои ҷавоб ба полковник дар овози ӯ ларзише ҳис карда мешуд.

– Ба Иттифоқи Советӣ хизмат мекунам! – гуфт Сафар ва полковник боз ба вай низдиктар омада, дасти ӯро бо самимият фишурду гуфт:

– Умедворам хизмате кунед, ки ба тақдирҳои аз ин зиёд сазовор бошад.

* * *

Ҳамин тавр, рӯзҳо ва моҳҳо мегузаштанд, фарзандони ба даст яроқи ҷангӣ гирифтаи халқи тоҷик бошанд, рӯз аз рӯз ба пешвози озмоишҳои бузург наздик мешуданд.

… Аз мобайн се моҳ гузашта апрел даромад. Аз ҳаво бӯи баҳор меомад. Дар лаби ҷӯйҳо, дар марғзору полизҳо сабзаҳо неш зада мебаромаданд, дарахтон муғҷа мекушоданд. Барфҳои дар ҳар  ҷо ҳар ҷо, дар сояҷойҳо тӯпшудамонда ҳам ба тафти замин дошт надода, об мешуданд. Заминҳои корам, ки зимистони дароз дар зери барфу борон дам гирифта хоб карда буданд, акнун дар зери партави офтоби баҳор тафсида, буғ медоданд.

Ғулғулаи тракторҳои заминрон аз ҳар сӯи саҳро ба гӯш мерасид. Деҳқонон аз даст каландро напартофта арақи ҷабин мерехтанд. Барои онҳо ин баҳори якумини замони ҷанг буд. Инро онҳо, ғайр аз ахбороти Дафтари Иттилоот, инчунин аз набудани якчанд шарикони худ, ки онҳо ба аскарӣ рафта буданд, низ ҳис мекарданд. Акнун ба онҳо ба ҷои ин ғоибон ҳам се-чор каланди иловагӣ задан лозим меомад. Деҳаи Ҷӯйбор ҳам ҳамин хел, дар ин рӯзҳо саросар ба маъракаи киштукор банд буд. Ҳама ба сари саҳро баромада, ғами ҳосили ояндаро мехӯрданд. Дар деҳа ғайр аз мактаббачагон, муаллимон, коркунони идора- нишини колхозу шӯрои деҳа дигаронро пайдо кардан душвор буд.

Бинобар ин ҳам, ҳангоме ки Сафар дар гашти рӯз бо қисми худ аз деҳа гузашта ба сӯи дома- наҳои кӯҳҳои Ҳисор ба машқи ҷангӣ мерафт, ғайр аз якчанд нафар талабагон, занони бачадор ва Мирбадал дигар касеро дида наметавонист. Қисми полковник Тополев ин рӯзҳо машқҳои ҳаҷман калони тактикии якчандрӯза мегузаронд. Шаби чоруми ҳамин машқи ҷангӣ қисм дар бозгашт дар деҳаи Ҷӯйбор қарор гирифт. Дар ин ҷо ба ҷанговарон истироҳати шабона дода шуд. Аҳолии деҳа ҷанговарони худро оғӯш кушода, бо хушу хурсандӣ пешвоз мегирифтанд. Барои онҳо дари ҳар як хона меҳмоннавозона кушода буд. Сафар ва фармонднҳии ротаи ӯ лейтенант Осмухин аввал дар хонаи худи Сафар ва баъд дар хонаи Юнусбобо низ меҳмон шуданд.

– Кӯрпачаро ғундошта монед, аз ин либосҳои чангу лойолуд чиркин мешавад, – мегуфт лейтенант Осмухин ба модари Сафар дар вақти пешвозгирии вай.

– Оҳ, писарам, магар кӯрпача аз шумо қиматтар аст? Одам ғанимат, одам, ҷони ширин… Баҳузур ёзида нишастан гиред, чиркин шавад, ҳеҷ боке не, – бо илтифоту меҳрубонӣ ҷавоб медод Умрихола суханҳои Осмухинро ба воситаи писараш фаҳмида.

– Кори кишт чӣ тавр, оча? – пурсид Сафар.

– Пири кордон Юнусбобо, ки сардори бригадаамон ҳастанд, кори кишт бад намешавад.

– Боз номи маро гирифта чӣ ғайбат карда истодаед, кампир? – гӯён Юнусбобо аз дар даромада омад. Вай аз дур ба тарафи Сафар оғӯш кушода омада, ӯро бо меҳрубонӣ ба синаи худ зер кард.

– Дар он ҷое ки Юнусбобо ҳастанд, кор ҳамеша пешрав мегӯянд, очаам, – пас аз мулоқот ҷавоб дод Сафар. Юнусбобо бо Осмухин ҳам даст дода салом алейк карду баъд ба сӯи дар ишора намуда, ба Cафар оҳиста хабар дод:

– Меҳмони дигарро ҳам пешвоз гиред. Сафар ба сӯи дар нигоҳ кард. Аз он ҷо қади мавзуни Зебӣ намудор шуд, ки вай бо чеҳраи шоду хандон зуд- зуд қадам ниҳода меомад. Сафар ба пешвози ӯ шитобид.

– Салом, муаллим, – бо ҳаяҷон мулоқот мекард Зебӣ ва дасти Сафарро сахт фишурда чашм аз рӯи ӯ намеканду такрор-такрор мегуфт: – Хуш омадед, муаллимҷон, хуш омадед. Умрихола меҳмонро ба нишастан таклиф намуда, ҳар замон ба чеҳраи Сафар нигоҳ карда мемонд.

– Ҳа, хоҳар, як-ду сол надидагӣ барин ин қадар ба рӯи писаратон нигоҳ мекунед? – гап партофт Юнусбобо.

– Бечора бачаам худашро боз хело гирондааст, минбаъд ба ин хизмати вазнин чӣ хел тоб меоварда бошад? – бо ҳасрат гуфт модар ва дар чашмони ӯ ашк ҷӯшид.

– Ана халос, – таъназанон гуфт Юнусбобо, – зиёфати меҳмондорӣ магар ҳамин оби дида шуд акнун. Сафар ва баробари вай Зебӣ, Осмухин хандиданд.

– Беҳуда худатонро зиқ накунед, модар. Сафар дар ротаи мо яке аз бачаҳои ба ҳар сахтӣ тобоварандатарин аст. Ин гапи Осмухинро қувват дода Юнусбобо гуфт:

– Ба чеҳраи писаратон ашкатонро пок карда дурусттар нигоҳ кунед, кампир, ман ӯро дида, пӯлоди дар қӯраи оҳангар обутобёфтаро ба хотирам овардам.

– Ҳеҷ набошад, шумо, Зебӣ, ба ин модари ҳамеша гиряолуди мо гапро       мефаҳмонед… – хоҳиш кард Сафар ба сӯи духтар маънидорона нигоҳ карда. Умрихола аз кори кардаи худ хиҷолат кашида, зуд ашкашро пок карду аз ҳозирон табассумкунон узр хост ва барои дастархон берун рафт.

– Дили шумо хиҷил нашавад, муаллим, – бо овози мулоим ҷавоб дод Зебӣ, – оча ҳоло дар ин ҷо ҳамин хел, дар кор бошад, насиҳатгӯю маслиҳатдеҳи ҳама ҳамин кас. Сафар изҳори миннатдорӣ карда, баъд аз Юнусбобо пурсид:

– Умуман кори бригадаатон чӣ хел, Бобо?

– Росташро гӯям, писарам, имрӯз миёни кор лағад хӯрд, – оҳиста оҳ кашид Юнусбобо дастархонро аз дасти Умрихола гирифта ва онро ба миёна кушода партофт.

– Чӣ шуд? – пурсид Сафар. Дигарҳо ҳам ба даҳони Юнусбобо нигоҳ карда монданд.

– Баъди чанд рӯзи интизорӣ фақат ҳамин гашти пешин ба замини мо трактор даромада буд. Бечора тракторчизан то ҳоло ба обу арақ ғӯтида дар атрофи трактор чақида ҳеҷ не, ки дуруст кунад.

Ин гапро Сафар ба Осмухин фаҳмонд. Вай ҳамон дам хоҳиши ба сари трактор рафтанро кард. Аммо Юнусбобо ва Умрихола нагузоштанд, ки вай хӯрок нахӯрда равад. Осмухин аз Юнусбобо пурсид:

– Чӣ хел трактор?

– СТЗ мегӯянд.

– СТЗ бошад, моли заводи мо будааст, ғам нахӯред, Бобо, нисфи шаб бошад ҳам, рафта дуруст мекунем.

– Кадом заводи шумо? – пурсид бо тааҷҷуб Бобо. Яъне заводи тракторсозии Сталинград. Ман то рӯзи сар шудани ҷанг дар ҳамон ҷо кор мекардам. Худам ҳам аз наздикии Сталинград мешавам.

– Ин тавр бошад, олам гулистон, додарам.

– Албатта, дар болои трактор одами камтаҷриба бошад, кор кардани ӯ мушкилтар. Ба болои ин ҳозир замони ҷанг, қисмҳои эҳтиётӣ ҳам ба қадри даркорӣ ёфт намешаванд, – гуфт Осмухин.

– Ин мушкилиҳои мо дар пеши мушкилиҳои майдони ҷанг ҳеҷ аст, писар. Коре карда, ҳар азобу сахтӣ ба сарамон ояд ҳам, шамшери шумоён бурро бошаду зудтар душманро нест карда сиҳат саломат баргардетон.

Модари Сафар меҳмонони худро бо ҳар чизе ки дар бисот дошт, зиёфат кард. Осмухин гашта – баргашта ба Умрихола ташаккуру миннатдорӣ хонда, дар охир чӣ хел бо ӯ дар кӯчаи Сталинобод, дар аснои ба казарма баргашта истодани рота вохӯрдани худро нақл карда механдид.

– Маники плохой барончук, да? – мепурсид Осмухин гӯё ба забони тоҷикӣ гап задагӣ барин, ҳамон рӯзро ба хотир оварда.

– Чаро плахой, – гуфт Умрихола ва гӯё Осьмухин дар забони ӯзбекӣ гапи ӯро хуб мефаҳмида бошад, ду-се калима ӯзбекӣ ҳам гап зад, – саники бисёр яхши болакай, командирҷон. Саники марҷон ва баранчук бор?

Осмухин гӯё аз ҳаракату ишораҳои Умрихола чӣ гуфтани ӯро фаҳмида, бо табассум сар меҷунбонд ва баъди гапи модари худро тарҷӯма кардани Сафар, ба ӯ ташаккур хонда, духтарча, зан, модар доштани худро гуфта, сурати онҳоро ҳам аз кисааш бароварда нишон дод. Баъди хӯрок хӯрдан ва хеле чақ – чақ кардан, Осмухин аз ҷояш хеста, Юнусбобо ва Сафарро таклиф кард, ки ҳамроҳ ба сари трактори вайроншуда раванд. Бобо ҳам розӣ шуд ва бо Осмухин берун баромад. Аз паси онҳо Сафар ва Зебӣ ҳам аз ҷояшон хестанд. Зебӣ дар назди остонаи дари хона ба Сафар гуфт:

– Мувофиқи ваъда дар мактаб мунтазири шумо мешавем-а, муаллим?

– Албатта, дар бозгашт аз саҳро медароям, – ҷавоб дод Сафар оринҷи Зебиро дошта.

– Боз ба ваъда хилоф нашавад? – пурсид бо шӯхӣ Зебӣ.

– Бовар дошта бошед, ки Сафар танҳо ба ваъда вафоро медонаду бас, – бо як ғурури ботинӣ гуфт Сафар.

Баъд ҳар ду берун омаданд. Моҳи сездаҳрӯза гоҳ ба зери абр монда, гоҳ озодона сайр карда ба олам равшанӣ медод. Аз тарафи кӯҳ шаббода мевазид. Зебӣ ба тарафи мактаб рафт. Бобо, Осмухин ва Сафарро аз пайраҳае, ки лаб – лаби ҷӯй мерафт, роҳнамо шуда ба саҳрои васеъ баровард. Аз ҳафтсад – ҳаштсад метр дурӣ сиёҳии трактор намудор шуд. Осмухин дигар ба роҳбаладии Бобо нигоҳ накарда, аз ҳама пеш гузашта, калон-калон қадам мепартофт. Вай аз Сафар ва Бобо сӣ-чил қадам пештар ба сари трактор омада, аз тракторчизан, ки бо кадом як қисми тракторовора буд, пурсид:

– Ҳа, хоҳар, чӣ гап?

– Дида истодаӣ-ку чӣ гап, – тракторчизан аз зери трактор бо овози нимхиррии шамолхӯрдааш дағалона ҷавоб дод.

– Қаҳрат наояд, хоҳар, мо ғайр аз ҳолпурсӣ ёрӣ ҳам дода метавонем. – Ба қарибии тракторчизан рафта диккак нишаста гуфт Осмухин.

– Ту худат кистӣ?

– Ҳамкасби ту. Сафар ва Юнусбобо ба назди онҳо расида омаданд.

– Ҳа, Марямхон, қариб соз шуд? – пурсид Бобо аз тракторчизан, ки номаш Маруся буда, дар байни колхозчиён Марям ном гирифта буд.

– Не ҳанӯз, – ҷавоб дод Маруся ба забони тоҷикӣ.

– Мана ин рафиқ лейтенант устои ҳамин трактор будааст, як ин сӯ – он сӯяшро нишон деҳ канӣ. Маруся, баъд аз тавсияи Юнусбобо аз таги трактор берун баромада, узромез дастони мазутолуди худро ба Осмухин дароз кард. Осмухин ҳам дасти Марияро самимона фишурду баъд ба гапи ӯ гӯш дода, харидори асп барин, гирдогирди трактор гашта, гоҳ ба мотор, гоҳ ба рулу тормозҳои ӯ даст зада дид.

– Ин СТЗ дар вақти дар завод будани ман бароварда шудааст, – гуфт Осмухин рақам ва санаи дар як тунукаи мураббаъшакл навишташудаи онро дар рӯшноии гӯгирд дида, аз Марям пурсид, – клапанҳо кор мекунанд?

– Ҳозир санҷидам, кор мекард.

– Моторро чарх занонед канӣ? – гуфт Осмухин ба болои трактор баромада. Мария бо дастаи оҳанин моторро чарх дод. Мотор дамдеҳи челонгар барин фишшас мезаду кор намекард. Осмухин аз болои трактор фуромада худаш дастаи моторро тоб дода ба фашшаскунии мотор гӯш дод ва дарҳол гуфт:

– Аз афташ свечаҳоро чирк зер кардааст, кушода дидан лозим. Вай гимнастёркаашро кашиду бо ҳамроҳии Мария ба кушода дидани свечаҳо шурӯъ кард. Сафар ва Юнусбобо аз ду тараф ба кори онҳо бо машъали мазутин равшанӣ медоданд.Аз байн як-якуним соат вақт нагузашта, Осмухин иллати тракторро дуруст карду боз ба назди рули трактор баромад. Мария дастаи моторро чарх дод. Садои пурзӯри трактор баланд шуд. Аз байни ин садо «Офарине, устои ҳунарманд» гӯён овоз баровардани Юнусбобо базӯр ба гӯш мерасид. Осмухин тракторро ба хатти замине, ки як тарафаш шудгор карда шуда буд, рост карда пеш ронд. Аз қафои трактор Сафар, Мария ва Юнусбобо ҳам калон-калон қадам ниҳода, замини бо дандони тези плугҳо рӯгардон шудаистодаро аз чашм мегузаронданд. Моҳ аз оғӯши абрҳо баромада бо шӯълаи беғубори худ тамоми саҳроро рӯз барин равшан мекард. Ҳангоме ки Осмухин тракторро як давр занонда, ба ҷои аввалааш оварда истод, Юнусбобо ба китфи ӯ навозишкорона даст зада гуфт:

– Раҳмат, рафиқ командир, ҳазор раҳмат, олам гулистон. Писарам Сафар, ба ин рафиқ гӯед, ки аз ҳамин замине, ки ҳоло қадами неки ин кас расид, Худо хоҳад, ду баробар зиёд ҳосили пахта мерӯёнем. Сафар ба Осмухин фаҳмонд.

– Бисёр хуб, дар хотир нигоҳ медорем, – ҷавоб дод Осмухин.

– Акнун ба хонаи мо ҳам як сари қадам марҳамат мекунетон, – таклиф кард Бобо.

– Дер шуд, саҳар ба роҳ баромадан лозим, – розӣ нашуд Осмухин, – ҳоло рафта аз ҳолу аҳволи дигар бачаҳои рота ҳам хабар гирифтан даркор.

– Метавонед ҳамаи аскарбачаҳоро ҳам ҳамроҳ гирифта биёед, – гуфт Юнусбобо бо ҳимматбаландӣ ва меҳрубонона ба гап давом карда,-ҷоямон тангӣ кунад, аз диламон ҷой медиҳем додарам. Осмухин  хандакунон ҷавоб гардонд:

– Худамон бас набудем, ки боз ҳамаи рота?

– Ҳамаатон – нури дида, тоҷи сари мо. Шумо ҷонбозонро ба сар набардорем, боз киро мебардорем… Сафар аз тарафи чап, Осмухин аз тарафи рости паҳлӯи Юнусбобо аз палҳои шудгоршудаи саҳро баробар пой ниҳода бармегаштанд. Ҳар бори пой ниҳодани онҳо дар рӯи замини мулоим аз ду ҷуфт мӯзаи солдатӣ ва як ҷуфт чоруқи корӣ изи калон мемонд. Ба Осмухин ҳавои беғубор ва оғӯши васеи саҳрои колхозӣ нашъаи тоза мебахшид ва ӯ синаашро пур карда – пур карда нафас мегирифт.

– Ҳозир ба ин замини шумоён пой ниҳода, саҳроҳои бепоёни диёрам ба хотир омад. Онҳо ба сари кӯчаи сангфарш баромада буданд, ки аз маркази деҳа ба сӯи онҳо чароғи мошини сабукраве шӯъла афканд.

– Мошини полковник будагист, – гуфт Осмухин ва қадаммониро тез кард. Машина дар рӯ ба рӯи онҳо омада истод. Аз дари вай полковник Тополев, комиссар Калонзода ва боз як марди қадбаланд, ки дар бар либосҳои генералӣ дошт, берун омаданд.

– Дар ин бевақтӣ чӣ кор карда гаштед? – пурсид полковник Тополев ба наздиктари Осмухин омада. Осмухин аз кори кардаи худ ҳисобот дод. Сухани ӯро Юнусбобо ҳам тасдиқ карда, боз миннатдорӣ баён кард. Комиссар ба ин ташаббуси Осмухин таҳсин хонд.

– Лейтенанти сталинградӣ ҳамин кас, рафиқ генерал

– лейтенант, – гуфта полковник Тополев Осмухинро ба намояндаи Фармондеҳии Олӣ тавсия намуд. Осмухин боз худашро ба генерал шиносонд. Генерал ба ӯ даст дода вохӯрдӣ кард.

– Бисёр хуб, рафиқ Осмухин. Коратон чӣ тавр?

– Бад нест, рафиқ генерал – лейтенант, фақат мунтазири фронтравӣ ҳастем.

– Танҳо худи шумо мунтазиред ва ё ҷанговарон ҳам?

– Ҳамаамон, рафиқ генерал, ҳозир фармон шавад, ҳамон дам ба по мехезем.

– Дидам, – гуфт генерал, – хеле пухта шудаед, – ва боз барои хайрухуш даст дароз карда илова намуд, – бисёр хуб, мунтазири фармон бошед, дере нагузашта ба ҷанг медароед.

– Итоат, рафиқ генерал, мо тайёрем. Полковник Тополев ба вай боз ду-се супориши дигар дод ва баъд ҳар се ба машина нишаста ба роҳ даромаданд.

* * *

Рӯзҳои охири моҳи апрел буд. Табиат ба либоси сабз печида буд. Дар теппаҳои атроф сабзаву гулу лолаҳо мисли пари товус рангоранг тобиш медоданд. Қуллаҳои кӯҳҳои баланд, ки ҳанӯз бо барф пӯшида бу- данд, дар шӯълаи беғубори офтоби оламтоб тобиши аҷаб дилрабое доштанд. Ин беҳтарин, зеботарин фасли сол аст, ки пойтахти кишвари тоҷикон – Сталинободро мисли наварӯсон оро медиҳад. Майдони чоркунҷаи шаҳрчаи ҳарбии қисми полковник Тополев ҳам дар рӯ ба рӯи ҳамин манзараҳои дилкушою дилчаспи самти шимолу шарқии шаҳр воқеъ буд. Дар се тарафи майдон ҷанговарон ҷорқаторӣ саф ороста, озод рост меистоданд.Дар рӯ ба рӯи онҳо мошини боркаши сетоннагӣ меистод, ки дар саҳни девораш кушодаи вай қолини сурх партофта, дар миёнҷои он минбаре гузошта шуда буд.

– Смирно! Рӯ ба сӯи байрақбардорон! Ин садо тамоми майдонро фаро гирифта, ҳамаро якбора хомӯш карду ба ҳолати низомӣ овард. Аз паси ин амр, дастаи мусиқачиён, ки дар тарафи рости саф меистод, марши тантанавӣ навохт. Дар зери оҳанги тантананоки мусиқӣ як ҷанговаре дар ҳолате, ки бо ду даст байрақи сурхи махмалинро баланд мебардошт ва дар ду паҳлӯи вай ду ҷанговари дигар, ки ба сари си- наашон автомат овехта буданд, бо қадамҳои низомӣ ба миёнҷои майдон омада истоданд. Насими баҳор байрақро ҷилва медод. Ҳар боре ки байрақ ҷилва мекард, ба садҳо чашмоне ки ба сӯи он дӯхта шуда буданд, хати заррини ба рӯи махмал навишташуда намоён мегашт, ки онро гӯё ҳама баробар хомӯш вирди забон мекарданд:

– Марг ба фашистони истилогар! Ин рӯз – арафаи ба сӯи майдони ҷанг сафар кардани қисми полковник Тополев буд. Баъд аз қабули гузориш фармондеҳи саф ва салому алейк бо ҷанговарон, фармондеҳи қисм полковник Тополев, комиссар Калонзода, ду-се афсари дигар ба назди мошини орододапшуда рафтанд. Дар байни онҳо ду ҷавони миёнақади  либосҳои маданӣ пӯшида ҳам буданд. Комиссар Калонзода ба назди минбар баромада, нутқи кӯтоҳе эрод кард:

– Мо бо шумо дар ин ҷо барои он ҷамъ омадем, ки дар арафаи ба майдони ҷанги муқаддас по ниҳодани худ боз як бори дигар ба халқу кишварамон, ки ба мо умедҳои калон бастаанд, аз садоқату вафодории худ савганд ёд кунем. Ин савганди мо дар мактубе, ки шо- иронамон аз номи мо ба халқи тоҷик, ба Ватан навиштаанд, ифода ёфтааст. Баъд аз пешниҳоди комиссар, ба минбар як ҷавони миёнақаде, ки либоси замонавӣ пӯшида буд, баромад. Вай ба назди минбар омада, аввало сафи ҷанговаронро, ки ҳама ҳушёрона ва бо диққати том ба ӯ чашм медӯхтанд, аз назар гузаронд. Симои ҷиддӣ, чашмони оташбор ва исту намуди якранги низомии онҳо шоирро ҳам ба ҳаяҷон меоварданд. Вай дар ин ҳол қиёфаи ғайриҳарбии худро фаромӯш карда, худашро ҳам яке аз ҳамин аскарҳо ҳис мекард. Дар хониши ӯ низ оҳанги қатъиву буррои фармондеҳӣ акс меёфт. Вақте ки мавҷҳои садои шеърхонии шоир ба майдон паҳн гаштанд, атрофро боз ҳам зиёдтар хомӯшӣ фаро гирифт.

Эй Ватан, ба ту мо вафо кунем,

Хизмати туро хуб адо кунем.

Гар талаб кунӣ ҷон, фидо кунем,

Аз хатар туро мо раҳо кунем.

Дар мубориза қаҳрамон шавем,

Зидди душманон беамон шавем.

То ризо шавад ин Ватан зи мо

Ифтихори халқ дар ҷаҳон шавем.

Сатрҳои охирини ин мактубро бо «урра»-и ҷарангосии ҳамаи ҳозирон фаро гирифт. Ҷанговарон мактубро бо як овоз ва ифтихормандии калон қабул карданд, ба вай аз номи ҷанговарони ҳар як ноҳия ҷумҳурӣ як намоянда имзо мегузошт. Дар қатори дигарон дар зери ҳамин мактуб аз номи ҳисориён Сафар Одинаев ҳам имзо гузошта, баъд ба рафиқони ҳамяроқаш муроҷиат карда гуфт:

– Ҳамватанон, ин мактуб қасами дуюми тантанавии мо шуд. Бигузор,Ж тирҳои ҷонгудози мо, ки синаи душманро чок мекунанд, тасдиқ ба ин қасам чӣ гуна вафодор будани мо гарданд.

Субҳи барвақт… Домани сиёҳи шаб номаълум басӯи ғарб кашида шуда, аз шарқ, аз паси кӯҳу теппаҳо оҳиста-оҳиста рӯшноӣ медамиду шабнаме, ки ба рӯи замин ва баргҳои сабзи дарахтон рехта буд, торафт аёнтар ялтас мезад…

– Оча, хезед, рӯшноӣ дамидааст, – гӯён Зебӣ Умри- холаро, ки ду-се шаб инҷониб бедорхоб монда аз мондашавӣ акнун ба пинаки ширин рафта буд, оҳиста бедор кард. Модари Сафар – Умрихола саросема сарашро аз болои халтаи бор бардошта, аз тирезаи чойхонаи сурх бо чашмони хоболуди нимроғаш ба берун нигоҳ кард.

– Вай, очатон садқа, хуб, ки бедор кардед, духтарам. «Хоб додари марг» мегӯянд, рост, дар ғафлат мондаем. Омад?

– Не, ҳанӯз наомадаанд. Лекин то омаданашон пештар тайёр шуда истем беҳтар, – ҷавоб дод Зебӣ рӯймоли ғиҷимашро аз нав ба сараш баста.

– Боз монда нарафта бошад?

– Наход гап назада монда раванд. «Баҳузур хоб кунетон, худам омада бедор мекунам» гуфта буданд-ку.

– О, духтарам, магар гап назада монда рафтагиҳо каманд? Хубаш ҳамин ки рафта, дар наздикиҳои ҳамон вагонашон нигоҳ карда меистем. Дидоракаш ғанимат,

– Урмихола ба рафтан тараддуд кард. Зебӣ ба модари пир ғамхорона нигоҳ карда гуфт:

– Очаҷон, дар берун ҳаво хело хунук, шумо одами пир, боз хунук назанад?

– Ҳеҷ воқеа не, меҳри бачекам гарм мекунад… Умрихола ва Зебӣ аз чойхонаи сурхи вокзали Сталинобод, ки онҳо аз аввали шаб дар он ҷо монда буданд, баромада ба тарафи истгоҳи қатора роҳ гирифтанд. Онҳо ба ҷабҳа рафтани Сафарро фаҳмида, аввал ду шабу ду рӯз дар пеши дарвозаи қисми ҳарбӣ мунтазири гуселонидани Сафар шуданд, баъд охир шаби гузашта ҷанговарон ба вокзал баромаданд, ки Умрихола ва Зебӣ низ аз паси онҳо ба вокзал омаданд. Дар истгоҳи ҷузвитогмҳои ба ҷабҳараванда аз аввали шаб чизу чора ва лавозимоти ҳарбии худро ба вагонҳо бор карда, вагонҳоро ба тартиб меоварданд. Ин корҳо то субҳ давом кард. Сафар модари худ ва Зебиро барои дам гирифта нишастан ба чойхонаи сурхи наздикии истгоҳ оварда монда буд. Вақте ки Умрихола ва Зебӣ ба пеши қатори вагонҳои сурх ва гурӯҳ-гурӯҳ аскарбачаҳо наздик шуданд, як посбони милтиқдор онҳоро дигар пеш омаданӣ намонда, дар ҷояшон нигоҳ дошт.

– Дигар пеш омадан мумкин нест, – таъкид кард посбон ба забони тоҷикӣ.

– Очат садқа, ман модари Сафар, – гуфт Умрихола.

– Ба ман кӣ будани шумо аҳамият надорад, – ба таври қатъӣ ҷавоб дод посбон.

– Охир вай командир, серҷон-ку, чӣ хел намешиносӣ? – боз гапи худро маъқул кунонданӣ шуд Умрихола. Зебӣ аз гапи Умрихола завқида оҳиста хандиду эзоҳ дод:

– Серҷон не оча, сержант Сафар Одинаев гӯед.

– Хайр, кадомаш, ки бошад, коре карда, амали писарам аз ин бачаи якрав калонтар аст, ки хурд не, – калонгирона гап зад боз Умрихола. Ба болои ин мубоҳисаи онҳо худи Сафар омада монд.

– Хӯш, чӣ моҷаро?

– Ана, худи муаллим омаданд, – гуфт Зебӣ ва ба Сафар салом дод.

– Дардакат ба ҷони оча, – гӯён Умрихола писарашро ба оғӯш кашида бӯсид. – Охир ту серҷон, командир бошию наход ин аскарбача нашиносад?

– Ба шинохтан мешиносаду лекин қоидаи посбонӣ ҳамин хел аст. Посбон, ҳатто падари худаш ояд ҳам, наздик намемонад, – ҷавоб дод Сафар ҳамроҳи модараш ва Зебӣ ба сӯи майдончаи дарахтзор, ки дар як сӯи истгоҳ буд, рафта.

– Аз ин баромад, ки, – каме ранҷида гап зад Умрихола, – ҳамин, ки фарзанд ба аскарӣ рафт, ба вай на ҳадди модар мемонад ва на ҳадди падар, ҳамин тавр? Сафар ин мулоҳизаи модарашро рад карда, ба вай

тартибу қоидаи хизмати ҳарбиро боз васеътар баёнкарду гуфт:

– Баъд аз ин хел гапҳои беҳуда кӣ туро модари муаллим мегӯяд?

– Оҳ писарам, дили модар ба фарзанд, дили фарзанд ба фарсанг гуфтагӣ барин, ҳамин вақт ман дар чӣ хаёлу ту дар чӣ хаёл. Пештар ту аскар нашуда бошӣ, ки ман ҳамаи тартибу қоидаи аскариро донам.

– Хайр, ин гапҳоро як сӯ мону ба ман ҳаминро гӯй, ки чаро ин қадар каллаи саҳар хеста омадетон?

– Кошкӣ ин дили беқарор андак ором ёбад, – ҷавоб дод Умрихола. – Боз туро надида намонам гуфта, аз бетоқатӣ худам як тараф, ин Зебинисоро ҳам безор кардам. Зебӣ бо лабҳои сертабассум ва чашмони ҷозибано- ки худ як ба Сафар ва як ба Умрихола нигоҳ карда гирифт. Аз ин нигоҳ вай чунин изҳор кардагӣ барин шуд, ки худи ӯ ҳам аз модар камтар бетоқат нашудааст. Як не, чанд борҳо ба истшоҳи қатора омада рафта, будан

– набудани аскарбачаҳоро хабар мегирифту ҳам худаш ва ҳам Умрихоларо хотирҷамъ мекард. Онҳо якчанд вақт гап – гап карда нишастанд. Баъд

аз он, ки гапҳои умумӣ ба охир расида, ба миёни сӯҳбат як дам хомӯшӣ афтод, Зебӣ ба ин хомӯшӣ халал дод.

– Оча, аз саросемагӣ дасту рӯямонро ҳам нашустем?

– Ҳа, рост гуфтед, духтарам, об мешуд ҳозир шуста мегирифтем.

– Ман давида рафта об биёрам? – пурсид Зебӣ, вале дар чӣ об овардани худро намедонист. Ягон зарф набуд. Сафар зуд аз ин пай бурда, давида аз пеши вагонҳо обдони худро оварда гуфт:

– Ҳозир ман об мебиёрам.

– Не, муаллим, монед, ман худам биёрам, – аз дасти вай дошта гуфт Зебӣ ва гӯё ба ягон таклифи дигар мунтазир буд, ки ба чеҳраи Сафар саволомез нигоҳ кард.

– Хайр, ҳардумон меравем, – таклиф кард Сафар. Зебӣ ботинан ин таклифро аз ҷону дил пешвоз гирифта бошад ҳам, зоҳиран худро ба нодонӣ зада, танҳо мондани Умрихоларо сабаб нишон дод. Умрихола ҳам, аз таҳти дили ҳар дуи онҳо гап зада гуфт:

– Майлаш, духтарам, ҳамроҳ раветон. Як дам танҳо бошам, ҳеҷ воқеа нест. Ба Сафар ва Зебӣ «элак баҳона – дидор ғанимат» шуд. Онҳо лӯлаоби наздиктарро, ки дар тарафи чап буд, монда, ба тарафи рост, ба дуртар рафтанд. Ҳар ду низ сабаби ин рафтори худро фаҳмида бошанд ҳам, лекин ба якдигар чизе зоҳир намесохтанд, баръакс, то- рафт қадаммонии худро суст карда, ҳамдигарро ба гап водор менамуданд.

– Ду рӯз боз шумо ҳам беҳуда овора шудед, Зебӣ? –гуфт Сафар.

– Барои кӣ? – пурсид Зебӣ бо шӯхию нози ба худ зе- банда ва ба гап маънои баръакс дода, калимаи «кӣ»-ро бо оҳанги махсус қайд кард.

– Сабаби оворагии шумо агар ман бошам, узр ме- хоҳам, – гуфт Сафар боадабона. Зебӣ бо самимият ба вай нигоҳ кард. Бо ин нигоҳ Зебӣ дар чашмони шӯълавари ӯ ифодаи меҳру вафои беинтиҳоро пай бурдагӣ барин шуд ва ин ифодаи меҳрувафо дар дили Зебӣ боз як ғунчаи нави муҳаббатро во кард. Сафар аз дасти Зебӣ дошта, ӯро каме ба тарафи худ кашиду гуфт:

– Чаро ин қадар рӯ мегардонед, наход ба меҳмони якчандсоата тамошои дидори худро дареғ доред? Зебӣ бо шарму изтироб ба тарафи Сафар майл кард. Сафар ӯро боз ба паҳлӯяш наздиктар кашида буд, ки Зебӣ «Ягон кас бинад, чӣ мегӯяд, муаллим?» гӯён бо дасти рости худ ба наздиктар кашидани ӯ муқобилат нишон медод. Дили Сафар беқарор ва аз одат берун сахт мезад. Инро дасти ба сари синаи ӯ гузоштаи Зебӣ ҳам хуб ҳис мекард. Аз ин ҳаяҷони Сафар дили бе ин ҳам ноороми Зебӣ низ боз сахттар метапид. Аъзои бадани ӯро як ларзиши фавқулода фаро гирифт, дасти ба сари синаи Сафар гузоштааш бемадор шуда оҳиста поён фуромад… Як дам ҳар ду хомӯш монданд. Ин хомӯширо танҳо чириқ-чириқи гунҷишкон, ки дар шоҳои ба болои сари Сафару Зебӣ хамидаи дарахти сада пару бол меёзонданд, халалдор мекарданд. Сафар тамоми азму иродаи худро ҷамъ карда, аз Зебӣ пурсид:

– То кай ҳамин хел бо рамзу ишора мегардем, Зебӣ?

– Яъне чӣ гуфтанӣ ҳастед? – пурсид Зебӣ.

– Агар шуморо яккаю ягона зеби ҳаётам шуморам, чӣ мегӯед?

–…

– Сукут аломати ризост, – гӯён Сафар аз ду китфи Зебӣ дошта ба чеҳраи вай нигоҳи ҷозибадоре кард. Зебӣ ба лабҳои тунуки ҳанӯз аз ҳаяҷон ларзандаи худ оҳиста табассум гирифт. Аз ин табассуми вай дар чеҳрааш боз зебоии ҷозибадоре пайдо шуд. Ин ҳусни зиёдатӣ диққати Сафарро боз зиёдтар ба худ кашида, аввалин бор забони ӯро ба гуфтани ин сухан водор карданд.

– Ба ҳурмати вафодорӣ ва ҳамчун нишонаи хайру-хуш азизам…

Лабҳои Сафар ба лабҳои Зебӣ наздик меомаданд… Зебӣ аз як ҷиҳат аз шарми духтарӣ рӯяшро дур кашиданӣ мешуд, вале аз ҷиҳати дигар дили аз оташи муҳаббат баҷӯшомадаи вай ба хоҳиши Сафар муқобилат нишон доданро раво намедид.Дар охир азми дил шуд…

Баъди ин якчанд дақиқаҳои фаромӯшнашаванда, ки бағоят самимона ва  ширин буданд, онҳо ҳар ду барои обгирӣ ба назди лӯлаи об рафтанд. Пеш аз ба обдон об пур кардан, Зебӣ хост, ки дасташро шӯяд. Сафар ба вай хизмат карданӣ шуда гуфт:

– Истед, ман ба дастатон аз обдон об резам.

– Не, раҳмат, ман аз шумо даст шустанӣ нестам… – ҷавоб дод бо лутф Зебӣ. Пас аз даст шустан ва ба обдон об гирифтан, онҳо ба назди Умрихола баргашта омаданд. Умрихола ҳам аз он ки онҳо барои об ин қадар дер рафтанд, бетоқат шуда, ба Сафар ва Зебӣ бо киноя гуфт:

– Хайрият, ки биринҷи ошро андохта шуморо ба об нафиристодаанд?

– Об бисёр дур будааст, – сабаб нишон доданӣ шуд Зебӣ чашмонашро аз нигоҳи Умрихола гурезонда.

– Шаб ҷои об дар ин ҷо наздик набуд? – боз кунҷковӣ кард Умрихола. Сафар ҳам сабаби қонеъкунанда наёфта, аз саросемагӣ якбора баҳонае нишон дод, ки аз гуфтани он худаш ҳам дар хиҷолат монд:

– Оби ин ҷо ях кардааст. Зебӣ аз ин ҷавоби ӯ хандаи худро дошта натавониста, ба як тараф рӯ гардонд. Умрихола бошад, дигар ба Сафар чизе нагуфт. Дар ҳамин дақиқа як ҷанговар омада ӯро ба назди фармондеҳи рота ҷеғ зада бурд. Умрихола ва Зебӣ танҳо монданд.

– Хунук нахӯрдед, очаҷон? – ҳолпурсӣ кард Зебӣ гапро ба мавзӯи умумӣ гузаронданӣ шуда.

– Сафар об ях кардааст мегӯяду ба ман бошад, ху-

нук заррае ҳам таъсир накардааст… – ҷавоб дод Умри- хола тааҷҷубомез.

Зебӣ аз нав шармид, чӣ гуфтани худро надониста монд. Хуб шуд, ки оркестри нафасии қисм, ки барои гусел кардани ҷузвитомҳои аввалини қисм ба истгоҳи қатора баромада буд, якбора марши тантанавӣ навохту диққати Умрихола ва Зебиро ба худ кашид. Ҳамин тавр, саҳаргоҳон оҳиста-оҳиста ба чоштгоҳ табдил гашту офтоби аз болини шарқ сарбардошта ба шаҳр торафт зиёдтар партавафшонӣ мекард… Аз субҳидам инҷониб ба майдончаи вокзал боз паси ҳамдигар хеле мардум ҷамъ омаданд. Саҳни вокзал торафт аз одам пур мешуд. Fайр аз ҷанговароне, ки дар назди вагонҳо ба сафар ҳозир меистоданд, ба ин ҷо инчунин занону мардон, пирону ҷавонон, бачаҳо ҷамъ омада, дар ҳар ҷо – ҳар ҷо писар ё додар, шавҳар ё хешу табори ҷангравандаи худро миёнагир карда, бо вай соатҳои охирини хайрухушро мегузаронданд.

Дар як тараф, дар зери ниҳоли сафедор, ки нав барг ёзондааст ғайр аз Умрихола, боз инчунин Юнусбобо, раиси колхоз – акои Олим, котиби ташкилоти ҳизбии колхоз – Одил Саркор, Зебӣ, Мирбадал, боз се-чор ҳамқишлоқиён ва панҷ-шаш нафар духтару писарони мактабхони Ҷӯйбор дар дасташон гулдастаҳо ба Сафар мунтазир меистоданд.

– Худаш ҳам замин кафида одам баромадааст, –гуфт Мирбадал дуқад нишаста.

– Охир ин ҷанг – ҷанги муқаддас аст, – ҷавоб дод Юнусбобо, – ба ин ҷанг олам ба по хестагӣ…

– Илоҳӣ душман ҳарчи зудтар гӯручӯб шаваду писарҳои мо сиҳат саломат баргашта оянд, – гӯфт Умри- хола ғамгинона.

Акои Олим ба қиёфаи маъюси Умрихола чашм дӯхта, ба дилбардорӣ сар кард.

– Умеду бовариро мустаҳкам кунед, – гуфт вай, – ҳа нагуфта ин рӯзҳо ҳам гузашта мераванд.

– Ҳа, албатта, умеду боварӣ накарда чӣ мекардам?.. – ҷавоб гардонд Умрихола. Дар мобайни ҳамин гап бонги кадом як паровоз баланд шуда буд, ки Умрихола ҷаҳида хесту бо ҳаяҷону изтироб – «Ана рафт, бачекамро надида мондам» гӯён аз байни мардум худашро ба сӯи вагонҳо зад. Дар аввал аз ин рафтори очаи Сафар дигарҳо ҳам ба ташвиш афтида, аз қафои ӯ шитоб карданд. Вале ногоҳ ба назди онҳо пайдо шуда мондани Сафар ва Мамараҷаб онҳоро аз роҳ боздошт.

– Писаратон дар ин ҷо, поезд куҷо меравад?! – гӯён Мирбадал аз ақиби Умрихола фарёд кард. Умрихола ба қафояш баргашта, ба назди Сафар омад ва ӯро навозиш карда гуфт: – Гурдем кафиде, писарам, гӯр содагӣ ҳам шавад…

– Худатон-ку худатон, дигарҳоро ҳам бесаранҷом кардед, – гуфт Юнусбобо боз ҳамаро ба нишастан ба зери ниҳол даъват карда ва миёнбандашро кушоду ба рӯи замин густурд. Умрихола тугунчаи дар дасташ бу даро кушода, ҳарчи хӯрокӣ буд, ба рӯи миёнбанд гу- зошт. Ҳама гирдогирди дастархон давра гирифта ни- шастанд. Танҳо Мирбадалу Мамараҷаб номаълум ба як тараф ғоиб шуда буданд… Чашмони ҳозирон аз Сафар канда намешуданд. Ҳар як иштироккунандаи ин сӯҳбат кӯшиш мекард, ки ба фарзанди деҳаи худ бодиққат нигоҳ карда, сурати ӯро ба дилаш ҷо кунад. Кӣ медонад, ки дигар ӯ кай ба дидори онҳо мушарраф мегардад, кӣ медонад, ки дар пеш чӣ рӯзҳои хуш ва ё бад ба вай мунтазир аст…

Умрихола баъд аз каме хомӯшӣ, ба Сафар муроҷиат кард: Сафар аз паҳлӯи модараш гузашта нишаст. Умрихола аз рӯи дастархон ҳарчи, хӯрокӣ буд, ба пеши ӯ ҷамъ мекард.

– Кошкӣ мемонданду ман то онсӯтар шумоҳоро гусел карда, ҷои исту манзилатонро бо чашми худам дида хотирҷамъ шуда меомадам, – гуфт Умрихола ба Сафар чашм дӯхта.

– Агар мемонданд, як шумо не, ҳамаи модарон мерафтанд… – ҷавоб дод Сафар.

– Оҳ, писарам, агар мегуфтанд, ки ба ҷои писарат ту рав, поямро монда, бо сарам медавидам, ту дили модарро чӣ медонӣ? Кай, ки зандор шавию бачаю кача кунӣ, баъд мефаҳмӣ…

Аз ҷумлаи охирини Умрихола рангу рӯи Сафар ва Зебӣ якбора тағйир ёфта, онҳо беихтиёр ба ҳамдигар  чашм партофта гирифтанд.

Ба болои ин гап Мирбадалу Мамараҷаб омада монданд, Юнусбобо ба онҳо киноя кард.

– Ҳа, мудир, панду насиҳатҳо қӯр гирифт, аз афташ?

– Чӣ панду насиҳат мешуд, Бобо, – ҷавоб дд Мир- бадал ба давра нишаста, – аз худи бачамардони ин за- мона оё гап мемонад. Чорта гапҳои худамонро зада гирифтем. Мамараҷаб худашро аз чашми Зебӣ ба канор гирифта рост истод. Ба вай нишастанро таклиф карда бошанд ҳам, розӣ нашуд.

– Боз чӣ шуд, Мамараҷаб? – пурсид акои Олим. – Ба аскарӣ омада аз пештара ҳам дамдуздтар шудӣ?

– Дар умраш мусофириро надидааст, раис, боз як мусофирро, – тарафдорӣ карданӣ шуд Мирбадал.

– Ҳамаи онҳо ҳоло ҷавон ҳастанд, як Мамараҷаб не, – эътироз карда гуфт Одил Саркор, – ҳар кадомашон асои як хонадонанд. Дар ин мавридҳо ба ҷои ин гуна гапҳое, ки дили касро маъюс мекунад, панду насиҳати дилпруркунанда лозим, мудир.

– Ҳа, хуб, аз мо гузашта бошад, маъзур. Ҷавоби Мирбадалро садои сигнал пахш кард ва сухани вайро ҳеҷ кас нашунид. Ҳама баробар ба по хестанд. Аз пйаи сигнал фармони ба вагонҳо саворшавӣ ҳам дода шуд. Дар ин асно касе набуд, ки якдигарро ба оғӯш накашида бошанд. Мардуме, ки дар саҳни вокзал ҳозир буданд ба шинос ё ношинос будани ҷанговарон нигоҳ накарда, ҳамаи онҳоро ба навбат ба оғӯш кашида бӯсакунон бо самимият хушбошӣ мекарданд.

Сафар хеле вақт дастонашро аз китфи модараш нагирифта, гашта – баргашта ӯро мебӯсид, ба сари синааш сар монда аз ӯ бо илтиҷо хоҳиш менамуд:

– Очаҷон, очаҷонакам, дили маро озор надоданӣ бошӣ, гиря накун, хуб нест.Модар ба охирин илтимоси писараш итоаткорона сар ҷунбонда, он чиро, ки роҳи гулӯяшро фишор дода меомад ва ба чашмонаш ашк медавонд, рафъ карданӣ мешуд. Лекин алами ҷудоӣ зӯрии худро нишон медод. Модар фарёд назанад ҳам, дидаҳои ӯ беихтиёр ба чашмаи ашк табдил меёфтанд. Донаҳои ашк ба сари синаи Сафар ки ӯро ба оғӯш гирифта буд, мерехтанд. Аз лабҳои пир-пир паридаистодаи модар ин суханҳо базӯр ба гӯш мерасиданд.

– Хайр, писаракам, нури дидаам, такягоҳи умрам, чизе, ки ту гӯӣ, модарат ҳозиру нозир. Коре карда дар куҷое, ки бошӣ, сиҳату саломат бошу арвоҳи падарат ёр, дуои модарат дастгират шавад… Аз Худо як матлабам ҳамин ки модарат дар фироқат насӯзаду дар вақту соаташ омада бо дасти худат ба гӯрам гузор. Сафар аз дигарон рӯяшро панаҳ карда, оби дидаи ҷӯш зада барояндаи худро бармегардонд ва баъд навбат ба навбат акои Олим, Одил Саркор ва дигар ҳамдеҳаҳояшро ба оғӯш кашида хайрухуш мекард. Юнусбобо ҳам ӯро маҳкам ба бағалаш гирифта, аз пешонааш бӯсида:

– Зафар ёрат бошад, писари азиз. Мана ин ҳадяи боборо қабул кун, ягон вақт ба кор меояд, – гӯён як корди дудамаи ба ғилофи чармин андохташударо, ки дастааш садафин буд, ба Сафар дароз кард ва ба суханаш давом карда гуфт: – Инро ҳамон командире, ки деҳаи моро аз босмачиён озод карда буд, ба ман ёдгорӣ дода буд, акнун ман ба ту ҳадя мекунам, писари азиз, ягон вақт ба кор меояд… Сафар кордро аз дасти Юнусбобо гирифту оҳиста ба лабаш бурда, дасти ӯро бӯсид ва «Раҳмат, бобо, раҳмат» гуфта, баргашта Юнусбоборо ба оғӯш кашид. Баъд Сафар аз дастаи талабагони худ гулдастаҳоро қабул карда, бо ҳар кадоми онҳо меҳрубонона хайрухуш карду аз ҳама охир дасти ба сӯи ӯ дарозшудаи Зебиро бо ду дасташ маҳкам дошта, дере аз чашмони ашколуди вай чашм наканда:

– Хайр, то дидан, азизам Зебӣ, – гуфт.

– Ҳамеша дар дида ҳастед, муаллим. Дур равед ҳам, дер намонед… –ҷавоб гардонд Зебӣ. Сафар бо душворӣ дасти ӯро сар дод ва такроран бо ҳама хайрухуш карда, ба сӯи вагон давид. Аз ақиби вай Мирбадал ҳамроҳи Мамараҷаб қадам монда, ҳам ба Сафар ва ҳам ба Мамараҷаб муроҷиат карда мегуфт:

– Аз якдигар ҷудо нашавед, ба якдигар ҳомӣ бошед, хату хабаратон канда нашавад, худатонро эҳтиёт кунед. Паровоз пеш аз ҳаракат, охирин бонги худро сар дод.

…Чархҳои вагонҳо ба ҳаракат даромаданд. Баробари вагонҳо мардуми ҷамъомада ҳам ба пеш ҳаракат мекарданд. Дар байни онҳо модари Сафар, аз паси вай Зебӣ ва дигарон ҳам аз пеши дари вагон дур нашуда, дасти Сафарро мефишурданд. Садҳо даст ба ҳаво бардошта шуда, афшонда мешуданд. Сафар ва шарикони вай аз пеши дари вагон истода, баъзеҳо телпак, баъзеҳо рӯймолча, баъзеҳо дасти холии худро баланд бардошта, «Хайр…хайр…хайр» гӯён овоз мебароварданд. Дар охирин дақиқаҳои аз саҳни вокзал дуршавии вагонҳо модари Сафар ва аз паҳлӯи рости ӯ Зебӣ боз пештар давида, Сафарро бо нигоҳҳои пурмеҳри чашмони гиряолуд худ гусел мекарданд. Сафар ҳам аз онҳо чашм наканда, як дастаи гулҳои ба синааш зер кардаро ба сӯи онҳо ҳаво дод. Дастаи гул дар ҳаво паҳну парешон шуда баъд ба сар ва нӯги пои Умрихола ва Зебӣ омада афтод… Поезд торафт аз чашм дур гашта, ба паси дарахтони сабзранг ғоиб гашт. Аз роҳи оҳан бошад, якзайл тик – так, тик – так овози чархҳо ба гӯш расида, гӯё бо тапиши дили мардуми гуселкунанда ҷӯр мегашт…

Likes:
0 0
Views:
92
Article Categories:
Умумӣ

Leave a Reply