Фотеҳ Ниёзӣ Вафо (роман, китоби 1-боби даҳум)

Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии

Тоҷикистон Фотеҳ Ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар

ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир

кардааст.

Китоби 1

БОБИ ДАҲУМ

Аз аввалин бор рӯ ба рӯ шудан ба Сафар хаёлу нақшаҳои Мамараҷаб аз ёдаш набаромаданд. Рӯзе ки сарфармондеҳи рота мисли Мамараҷаб ҷанговарони нав омадаро ба ихтиёри сержант Сафар Одинаев супурд, Сафар аввало якчанд дақиқа бо онҳо пурсупос карду баъд ҳамаашонро саф ороста, талабу қоидаҳои ибтидоии хизмати ҳарбиро нақл кард ва сонӣ як-як либоспӯшии онҳоро санҷида, ба назди Мамараҷаб омад. Вай тасмабандӣ, тугмагузаронӣ, пайтобапечонӣ, телпакпӯшии ӯро аз назар гузаронда гуфт:

– Бо ин намуд, рафиқ Мамараҷаб, шуморо ҳеҷ кас аскари сурх намегӯяд. Ин чӣ, ба холигии тасмаатон боз як миёни одам меғунҷад, шамол бошад, бемалол аз остинатон даромада аз гиребонатон баромада меравад?!

– Одами навкор, ҷӯра, – ҷавоб дод сурху сафед шуда Мамараҷаб, – айб намекунед.

– Ҷӯрагии мову шумо талабҳои низомномаро дигар карда наметавонад,    – таъкидомез гап зад Сафар ҷиддияти худро тағйир надода.

– Инашро намефаҳмидам, – гуфт Мамараҷаб тасмаашро тарангтар баста.

– Акнун бояд фаҳмед, – гӯён Сафар ба назди ҷавонмарди нисбат ба дигарон фарбеҳтари кулӯла омад, – шумо ҳам тасмаро тарангтар бандед, пайтобаро саҳл аз болотар печонед.

– Аз ҳаминаш ҳам шикам дард карда истодааст, рафиқ командир, – гуфт ҷавонмарди кулӯла вазнин-вазнин нафас кашида.

– Зарар надорад, оҳиста-оҳиста дардаш барҳам мехӯрад, – ҷавоб дод Сафар худаш тасмаи ӯро боз як сӯрох тарангтар баста. – Ду-се бор аз сангар ба сангар хазед, зуд шикаматон ҳам ҳамвор шуда мемонад.

Сафар, баъди ба тартиб даровардани сарулибоси ҷанговарони нави худ онҳоро ба аскархона бурда ҷойгир кард. Аз қадами аввал муомилаи расмӣ кардани Сафар Мамараҷабро ба фикру андешаҳои дур водор намуд, гумон мекард, ки Сафар барои рафторҳои нисбат ба Зебӣ кардаи ӯ, барои чораҳое, ки бо мақсади аз хизмати аскарӣ халосхӯрӣ карда буд, аз вай қасос гирифтанист. Ба Мамараҷаб махсусан он чиз бегона менамуд, ки Сафар бо ӯ ба ҷои муомилаи мулоимона, акнун ба таври ҷиддӣ, бе хандаи беҳуда, кӯтоҳ – кӯтоҳ, бурро ва қатъӣ гап мезад.

Вай аз тағйирёбии куллии хулқу атвори Сафар худ аз худ ба он хулосае меомад, ки маслиҳату роҳ нишон доданҳои охирини Мирбадал ҳам дар ин ҷо ба кор нахоҳад рафт. Дар баробари ҳамин, аскархона нишасту бархостҳое, ки қатъиян аз рӯи тартиби дохилӣ ба ҷо оварда мешуданд, интизоми сахт, таълиму машқҳое, ки рӯз то рӯз мушкилтар мешуданд, сахтию маҳрумиятҳое, ки минбаъд дар хизмати ҳарбӣ аз сар гузаронда мешуд, дар пеши назари Мамараҷаб қуллаи пойнорас барин намуда, ба дили ба сахтиҳо одатнокардаи ӯ воҳимаи нав меандохтанд. Вақте ки Мамараҷаб бо ҳамин мулоҳизаҳо хаёлпарешон менишаст, ба болои сари ӯ Сафар омада ҳолпурсӣ кард:

– Чӣ шуд, ҳамқишлоқӣ, ин қадар хаёлпарешон нишастаӣ?

– Ҳеҷ, ҳамин тавр ба гап – гапи инҳо гӯш карда нишастаам, – гӯён Мамараҷаб ба ӯ аз паҳлӯяш ҷой нишон дод. Як гурӯҳ ҷанговарон, ки дар харакҳои гӯшаи ленинии казарма менишастанд, баробари дидани Сафар аз ҷо хестанд. Мамараҷаб ҳам дигаронро дида, сонӣ, аз ҳама охир аз ҷояш хест. Баъд аз ҷанговаронро ба нишастан таклиф кардан, худи Сафар ҳам аз  паҳлӯи Мамараҷаб ҷой гирифта, ба ӯ, ки аз рафтори худ шарм медошт, бо табассум нигоҳ кард,

– Даррав Ҷӯйборро ёд кардагӣ барин менамоӣ-а?

– Ватан-дия, рафиқ, – Мамараҷаб ба замин нигоҳ карда ҷавоб дод.

– Магар фақат ту ватан дорӣ? Мо ҳам, ҳамаи ҳаминҳо ҳам ватан доранд, – гуфт Сафар ба ҷанговарони хомӯш ба гапи Сафар гӯшдодаистода ишора намуда. Мамараҷаб ҷавоб нагардонд. Сафар боз ба сухани худ давом кард.

– Бале, ватанро фақат ёд кардан кам аст. Чунон писар бош, ки ватан ҳам туро доимо ёд кунаду дӯст дорад.

Сӯҳбати онҳоро садои баланди «Смирно!», ки дар тамоми аскархона ҷарангос зад, бурид.Ҳама ба по хеста, дар ҳолати низомӣ истоданд. Дар пеши дари аскархона навбатчии казарма ба каси болопӯши сиёҳи чарминпӯш, ки дар ҳар ду петлитсаи сурхи гиребонаш дутоӣ нишонҳои хиштмонанд дошт, гузориш дод.

– Рафиқ комиссари баталйон! Ҷанговарони баталйони якум дар танаффуси пас аз хӯроки бегоҳӣ мебошанд. Навбатчии баталйон лейтенанти калон Коробченко. Комиссари баталйон, ки ҳамчунин комиссари ҳамин қисми миллии тоҷикӣ буд, аз шунидани рапорт «Озод!» истодани ҷанговаронро фармуду ба дида баромадани казарма ва ҷанговарон сар кард. Вай баъд аз чанд дақиқа ба назди ҷанговарони Сафар омад. Ҷанговарон комиссари худро бо иззату эҳтироми низомӣ пешвоз гирифтанд.

– Сафар, имрӯз ба отделенияи ту рафиқони нав омаданд?

– Ҳа, рафиқ комиссар. Мана ҳамин панҷ кас, – ҷавоб дод Сафар, Мамараҷаб ва боз чор каси дигарро нишон дода.

– Ҷои хоб, хӯрок ва сарулибосашон пурра таъмин аст?

– Бале. Ҳамааш, рафиқ комиссар.

– Инҳо аз куҷо мешаванд?

– Ду кас аз Ҳисор, се кас аз Варзоб, рафиқ комиссар. Ана ин кас ҳамдеҳаи худам, – гуфт Сафар Мамараҷабро нишон дода.

– Оҳо, бисёр нағз. Номат чист, рафиқ?

– Номам Мамараҷаб, номи падарам Юсуф, рафиқ сардор.

– Ана, ба шумо бисёр хуб шудааст, бо ҳамдеҳаатон дар як ҷо зиқ намешавед, – гуфт комиссар ва хандида – хандида ба гап давом кард, – акнун даҳ сол дар аскарӣ бошед ҳам, чӣ парво? Сафар ба симои Мамараҷаб нигоҳ кард. Вай ба за- мин чашм дӯхта буд.

– Аз ҳоло ватанашро ёд кардааст. Рафиқ комиссар,

– гуфт Сафар чашмонашро аз Мамараҷаб наканда. Мамараҷаб ба Сафар нигоҳи норозиёна карду гуфт:

– Дар мусофирӣ кӣ ёд намекунад?

Комиссар абрувони кӯтоҳ – кӯтоҳи худро чин карда, чашмони сердиққаташро ба Мамараҷаб дӯхт.

– Чӣ илоҷ, Мамараҷаб, ҳамаамон ҳам ёд мекунем. Лекин ин муваққатӣ аст. Ин хизмати мо адои ӯҳдадории муқаддас аст. Медонед, дар байни халқ чунин зар-булмасал аст: «Мард бояд, ки ҳаросон нашавад, мушкиле нест, ки осон нашавад…» Агар аз ҳоло аз душвориҳо тарсида, зуд худро гум карда ҳаросон шавед, оқибаташ чандон хуб намешавад. Комиссар даме хомӯш монд, Қурбон ба комиссар  муроҷиат карда гуфт:

– Рафиқ комиссар, мо розӣ ҳастем, ки ҳозир ба ҷанг фиристед.

– Охир, ҳар як тиреро, ки дар ин ҷо мо ҳар рӯз ба нишони холӣ мепарронем, дар ҷанг ба синаи фашист холӣ мекунем, ҳеҷ набошад аз се дутаашро мехобонем, – илова кард ҷанговари тануманди сияҳпӯст, ки дар қисм аллакай бо номи Маҳдӣ – мерган ба ҳама машҳур шуда буд.

– Нарафта намемонем, рафиқон, як рӯз пеш не, як рӯз дертар меравем, – гуфт боз комиссар, – лекин чуноне ки мегӯянд, «Дер ояду шер ояд».

Комиссар дар охир ба хизмат навомадагонро нишон дода гуфт:

– Ана ин шарикҳотон ҳам бояд зудтар ҷанговарони моҳир шаванд.

– Мешаванд, рафиқ комиссар! – ҷавоб дод Сафар дар ҳолати низомӣ истода ва дасти ба сӯи худ дарозкардаи комиссарро дошта бо ӯ самимона хайрухуш кард.

Likes:
0 0
Views:
85
Article Categories:
Умумӣ

Leave a Reply