Фотеҳ Ниёзӣ Вафо (роман, китоби 1-боби дувоздвҳум)

Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии

Тоҷикистон Фотеҳ Ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар

ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир

кардааст.

Китоби 1

БОБИ ДУВОЗДАҲУМ

Эшелони ҳарбӣ, ки дувоздаҳ рӯз пеш аз ин аз Сталинобод баромада буд, дар шаби сездаҳум ба хати ҷабҳа расид. Ҷанговарон ба як нимстансияи бекасу нимхароба, ки дар торикӣ хеле ваҳмангез менамуд, аз вагонҳо фу- ромаданд. Пас аз он ки паровоз вагонҳои холиро баргашта аз истгоҳи қатора гирифта бурд, истгоҳ бадтар аз аввала харобазор намуд. Аскарбачаҳо ба чор тараф ҳаросон нигоҳ карда, ягон хонаи чароғдор, ё ягон сиёҳии одамро меҷустанд. Ба болои ин шамоли хунук, ки аз тарафи шимол мевазид, гуп-гупи гоҳ паст ва гоҳ баланди тӯппарониҳоро ба гӯш оварда мерасонд.

– Немисҳо дар кадом тараф бошанд? – пурсид Нозири камаровӣ, ки дар паҳлӯи Сафар рӯяшро аз шаббода гардонда меистод.

– Мегӯянд, ки дар ҳамин тараф, – ҷавоб дод Сафар ба тарафи шимол ишора карда.

– Набошад ин боди хунук ҳам азони ҳамонҳо гӯед, – гуфт Нозир ва боз илова кард, – чуноне, ки кӯҳистониҳо мегӯянд, «каси бадро нафаси бад» ҳамин аст… Дар ин дам фармондеҳи взвод – лейтенанти хурд Харитонов Сафарро ҷеғ зад. Сафар ба назди вай давида рафт.

– Шумо муваққатан ба ҷои ман мемонед, то ба қисми таъйиншуда расиданамон ҳамаи ҷавобгарии взвод ба зиммаи шумо. Фармони лейтенант Осмухин ҳамин аст.

– Итоат, рафиқ лейтенанти хурд, – ҷавоб дод Сафар.

– Ман дар ҷои Осмухин мемонам, – гуфт Харитонов, – Осмухин ҳозир бо вакили қисми навамон меравад.

Лейтенант Осмухин бо вакили дивизияе, ки ҷанговарони тоҷик ба ихтиёри он омада буданд, ба мошин савор шуда ба штаб рафт. Аз мобайн як-якуним соат нагузашта ҷанговарон ҳам бо сардории Харитонов ба роҳ даромаданд. То қароргоҳи он дивизияе, ки ҷузвитомҳои навомада бояд ба вай ҳамроҳ мешуданд, қариб биступанҷ – сӣ километр масофа буд. Роҳ аз борони зуд – зуд борандаи фасли баҳорон чунон лой шуда буд, ки пои кас ба замин мечаспиду қадаммонӣ душвор мешуд. Ба болои ин, яроқу борхалтаи аскарӣ, ки як дақиқа ҳам аз китф намефуромад, қадаммонии ҷанговаронро боз ҳам душвортар менамуд.

– Ин қадар чорхез кардан чӣ лозим, моро-ку ягон кас пеш накарда истодааст, – ба Дадабой нолид Мамараҷаб, ки ба обу арақ ғӯтида буд.

– Ҳа, Мамад, тойи емхӯри камкор барин даррав ба обу арақ ғӯтидӣ? – гуфт Дадабой аз рӯи одати ҳарвақта номи Мамараҷабро кӯтоҳ карда.

– Аз ту ягон бор одам гапи дуруст ҳам мешунида бошад? – гӯё ранҷида гуфт Мамараҷаб.

– Охир, худат доимо тири ҷувоз барин, менолию менолӣ… – бадтар ба асаби Мамараҷаб расонда гап зад Дадабой. Дар ҳамин ҳангом аз пеш фармон дода шуд:

– Калонтар қадам монед.

– Ана, – гуфт Дадабой боз ба Мамараҷаб, – ин ҳам аз ношукрии ту. – Дадабой бо таъназаниҳои худ нигоҳ накарда, боз ба ҳарсасзанон ғеҷидаю пешпо хӯрда поймонии Мамараҷаб раҳмаш омад ва зуд аз китфи вай милтиқашро гирифта ба китфи рости худ овехт. – Ин корам маъқул будагист-а, ошно? – гуфта пурсид вай.

– Вақташ ояд, мо ҳам қусурашро мебарорем, додар,

– бо оҳанги миннатдорӣ ҷавоб дод Мамараҷаб.

– Дар устави аскарҳо ҳам ҳамин хел навишта шуда- аст, – боз гуфт Дадабой, – аскар ба аскар ҳам ҳомӣ ва ҳам балогардон аст.

Бо ҳамин қадамзании тези аскарӣ ҷанговарон ними шаб ба обу арақ ва лой ғӯтида, ба маҳалли таъйин шуда расиданд. Ин маҳал майдоне буд дар мобайни бешазори калон. Аз даруни бешазор гоҳ-гоҳ садои гуфтугӯи одамон, садои мотори мошинҳо ва ғайра шунида мешуд. Ин ҷо истгоҳи хоҷагиҳои ақибгоҳии дивизияи полковник Людников буд. Лейтенант Осмухин, ки аз Сталинобод сардори эше- лон таъйин шуда буд, аз ҷанговарон пештар ба назди фармондеҳи дивизия омада, дар бораи ҳайати ҷанговарон, тайёрии ҷангии онҳо ҳисобот медод. Дар сангар, ки Осмухин ба он ҷо омада буд, ғайр аз ӯ, фармондеҳи дивизия полковник Людников ки марди миёнақади синну солаш қариб ба чил расида, ҷуссааш калон, чашмонаш зардчатоби ҷиддӣ, пешонааш се-чор рахи ожанг дошт ва боз як подполковник ва як майор ҳозир буданд. Дар пеши онҳо, дар рӯи мизе, ки аз тахтаи яшикҳо сохта шуда, пояҳояшро ба замин гӯр карда буданд, харитаи топо графӣ паҳн карда шуда буд.

– Ҳамин тавр… рафиқ лейтенант, – гуфт полковник пас аз ҳолпурсӣ аз лейтенант Осмухин ва сари худро ба рӯи миз хам карда ба харита чашм андохт.

– Одамони ҷангнадидаро дар ин вақт якбора кӣ ба ҷанг пеш бурда метавонад, рафиқ комдив? – бо кадом як мулоҳиза гуфт подполковники қадпаст мӯйлаби да- розу сияҳи худро тоб дода.

Полковник пешонаашро чин карда, ба подполков ник нигоҳи қаҳролуде кард. Агар ин ба маънои савол бошад, – гуфт полковникбо овози ғафс, – ҷавобаш равшан: ману шумо пеш ме- барем.

– Охир немисҳо ба муқобили мо аскарҳои якачине доранд, ки Европаро зери по карда омадаанд, – боз фикри худро такрор карда гуфт ҳамон подполковник, – оё мумкин аст бачаҳое, ки ҳанӯз бӯи борутро наша- мидаанд ва ба болои ин понздаҳ рӯз инҷониб дар роҳ хастаанд, якбора ба ҷанг дароянд?– Шумо ҷангҳои назди Москваро надида бошед

ҳам, мумкин аст, омӯхта бошед? – Аз якчанд китоб хонда, дар якчанд лексия низ шу-нида будам, рафиқ комдив.

– Агар қувваи ҳофизаатон шуморо фиреб надиҳад, ба хотир оваред, ки немисҳо дар остонаҳои Москва на танҳо аскарҳо, инчунин дивизияю армияҳои кадрии яккачини дар Европа овоза бардоштаро ҷамъ карда

буданд. Онҳоро кӣ зада торумор кард, медонед?– Сибириҳо, – ҷавоб дод майор – На фақат сибириҳо, панфиловчиёни аз Осиёи

Миёна омада, саворагони туркман, ӯзбек, тоҷикро намегӯед? – полковник ҳар бори ном гирифтани ин қисмҳо бо нӯги қалами дар дасташ буда ба рӯи миз за- да мемонд.

– Ман албатта, хоҳиши ба қарордоди шумо эътироз баён кардан надорам, лекин талафи беҳуда ба зарари худамон…

– Агар фармондеҳ моҳир бошад, ҳеҷ гоҳ одамони вай беҳуда талаф намешаванд… – фармондеҳи дивизия кинояомез ҷавоб дода, қаламро ба рӯи харита партоф-ту аз ҷояш хеста рӯ-рӯи хона роҳ рафт. Дигарон ҳамрост истоданд. – Ба гапҳои дигар овора шуда, кори  асосиро фаромӯш накунед. Хӯш, рафиқ лейтенант, – ба Осмухин муроҷиат кард полковник, – лозим меояд, ки ҷанговаронатон бе истироҳат ба ҷанг дароянд, оё онҳо ба ин тайёранд? – Ҳафт моҳ барои ин тайёрӣ диданд, рафиқ полков- ник, – ҷавоб гардонд Осмухин бо эътимоди комил. – Бисёр хуб… Ҳафт моҳ дар замони ҷанг мӯҳлати кам нест, – гӯён полковник дар рӯи харита бо қалами сурх якчанд аломат гузошту боз ба гап давом кард. – Ду рота ба шумо, майор Максимов. – Мудофиагоҳи ман ҷои серхатар аст, рафиқ комдив, ду рота камӣ мекунад, – гуфт майор Макси-мов. Полковник сар аз болои харита набардошта гуфт:– Кифоя аст, аз қувваи бисёр дида маҳорату ҳунар зӯртар аст. Се рота ба шумо, подполковник Харламов. – Хуб, рафиқ комдив, – ҷавоб дод Харламов. Полковник Людников ба соаташ нигоҳ карду баъдба ҳар ду фармондеҳони полк амр дод:

– Соат се. То соати шаши пагоҳ одамонро ҷо ба ҷо карда, бо ҳамаи чизҳои зарурӣ таъмин намоед ва пеш аз ҳама хуб сер кунед, аз субҳ ба ҷанг медароем. Не- мисҳо набояд як қадам ҳам пеш раванд. Маҳалли дид-бонии ман ин дафъа дар хати полки шумо мешавад, майор Максимов. Соати ҳафт дар он ҷо мешавам. – Итоат, рафиқ комдив, – ҷавоб дод майор Максимов. – Рафиқ лейтенант, – ба Осмухин муроҷиат кард полковник, – шумо бо ротаи худ ба ихтиёри полки майор Максимов меравед. – Хуб, рафиқ полковник. – Хайр, муваффақият ёратон бошад, то дидан. – Полковник бо Осмухин ва командирони худ хайрухуш карду ба берун баромад. Аз паси ӯ Максимов ва Хар- ламов ҳам баромаданд. Командирони полк барои аз ихтиёри Осмухин гирифтани ротаҳо одамони худро ба вай ҳамроҳ карда, худашон ба хатти пеш роҳ ги-

рифтанд. * * * – Ана, ба хатти пеш ҳам расидем, акнун ин тарафаш

чӣ мешуда бошад, – гӯён Дадабой ба Нозири кама-ровӣ, ки дар шафати вай ба сангар дароз кашида буд, муроҷиат кард.

– Акнун ҳамон даҳанкалониҳоро, ки дар Сталино- бод карда будӣ, дар амал нишон медиҳӣ, бачамард, – ҷавоб дод Нозир.

– Хуб шудааст, – гуфт Дадабой бо калонгирӣ ости- нашро барзада, – канӣ ягонтаи ҳамон немис инсӯтар биёяд, ман бинам!

Ҳаво абр буд. Дамидани субҳ он қадар маълум намешуд. Тӯпу туфангпаррониҳо чандон дар авҷ набу- данд. Танҳо аз даромадгоҳи чакалакзори калон, ки дар байни он ва мавқеи мо як сой мегузашт, ҳар замон са- дои тирандозии пулемёти станокӣ шунида мешуд, киовози вай ба табли таранг монандӣ дошт. Он ҷо мавқеи немисҳо буд. Немисҳо се-чор рӯз ин ҷониб аз ҳамон сӯ болои ҳам ба ҳамла гузашта, мехостанд хатти мудофиавии моро рахна карда пеш раванд. Дивизияи полковник Людников дирӯз вазифадор карда шуда буд, ки пас аз бо қувваи нав пур кардани ҷузвитомҳо, на танҳо мавқеи худро мудофиа кунад, балки инчунин немисҳоро аз маҳалли ишғолкардаа-шон зада дур андозад. Ҳангоме ки аввалин аломатҳои ба ҳуҷумгузарии ҷузвитомҳои мо – тӯпу миномётпаррониҳо акнун саршуда буданд, баъзе ҷанговарони нав ба ҷанг омада бе- ихтиёр ба тарсу ваҳм афтода, ҳар кас ба таври худ па- ноҳгоҳе меҷуст.

Як кас ба як кунҷи сангар лӯнда шуда нишинад, дигаре сарашро ба ягон чуқурӣ хаста, аз бмиён поёнашро дӯнг карда, гӯё бо ҳамин худро аз ха- тар халос кардагӣ мешуморид, сеюмӣ дар заминкан дуқад нишаста, бо ду дасташ гӯшашро маҳкам мекарду сар аз мобайни ду зону намебардошт… – Ин чӣ масхарабозӣ? – бо ҷаҳл садо баровард Осмухин, ки аз заминкану сангарҳо гузашта омада, вазъияти ҷузвитоми худро месанҷид. Он ҷанговароне, ки аз тарс дар ҳар гуна вазъият менишастанд, аз ҷоябшон ҷунбиданӣ бошанд ҳам, ваҳм онҳоро ба замин зер карда, аз ҷо ҷунбиданӣ намемонд. – Ҳоло шумо, тоҷикписарон, дар майдони ҷанг ма- гар худро ҳамин хел намоиш доданӣ ҳастед? – илова бкард Сафар аз қафои Осмухин омада. Аввало Дадабой, ки аз онҳо дуртар тани худро дар камари сангари худ ҷафс карда менишаст, милтиқашро  аз хандақ гирифта, ҳушёр истод. Гарчанд нишасти вай он қадар таънарасанда набошад ҳам, аз сухани Сафар мутаассир шуд. Баъд аз Дадабой ду-се ҷанговари дигарҳам, ки дар як сангар ба ҳамдигар ҷафс шуда менишастанд, яке аз қафои дигар аз ҷояшон ҷунбиданд. – Мамараҷаб канӣ? – пурсид Сафар аз Нозир. – Дар окопи чорум буд. б– Ӯро аз он ҷо наёфтанд.

– Боз хайру маъзурро нася карда, шабона ба он тараф меҳмон нашуда бошад? – Дадабой

– Ин корро ҳамон кас мекунад, ки ору номус надорад, – ҷавоб дод Нозир. Сафар ҳамдеҳаи худ Қурбонро барои кофтуков ба сангару заминканҳои дигар фиристод. Худаш дар пеши Осмухин аз хиҷолат чӣ кор кардан ва чӣ гуфтанро надониста хомӯш меистод.

– Аз ибтидои кор аҳвол ҳамин бошад, дертар чӣ мешавад.

Ҷавобан ба ин гапи Осмухин Нозир бо оҳанги орият гуфт:

– Рафиқ сержант, ба рафиқ лейтенант бигӯй, ки ин тарсу ваҳмҳо муваққатист. Ду-се бор чашмонамон дида, гӯшҳоямон шунида одат кунад, ана баъд ҷангиданро аз мо бинанд.

Дар ҳамин дақиқа Қурбон: «Мана Мамараҷаб» гӯён овоз баровард. Мамараҷаб ба як заминкани нимаш аз таркиши гулӯла фурӯрафта, ки дар қафои заминкан буд, даромада кулӯла шуда хоб карда буд. Сафар ва Осмухин аз ин рафтори вай гоҳ асабонӣ, гоҳ заҳрханда мекарданд.

– Ҳай, ҳай, бачамарди ҳисорӣ… – таънаомез гуфт Сафар ба Мамараҷаби рангпарида.

– Охир, худи командир гуфта буд, ки дар вақти тӯп- паронӣ ҳама бояд ба заминкану камари сангарҳо панаҳ шаванд, – ба рафтори худ баҳона нишон доданӣ шуд Мамараҷаб.

– Оё фаҳмидӣ, аз кадом тараф тӯп парронида истодааст? – пурсид Сафар.

– Аз тарафи немисҳо… Ин ҷавоби Мамараҷаб Сафарро бадтар ба хашм овард. Дадабой аз дур ин гуфтугӯйро шунида, ба Сафар шунавонда гуфт:

– Ҳарчи заҳракаф нашудааст, ҳаминаш ҳам давлат, даҳбошӣ.

Дадабой дар рӯзҳои охир Сафарро даҳбошӣ меномид.

Аз сухани Дадабой ҷанговарони гирду пеш хандиданд. Сафар ҳам оҳиста       лаб ҷунбонда, бо пурсиши Осмухин сухани ӯро тарҷума кард. Осмухин ҳам

аввал як табассум карду баъд ба Мамараҷаб нигоҳ карда гуфт:

– Рост, агар ҳамаи зӯру қудрати мардонагӣ ҳамин бошад, дар тӯппаронии дуюм заҳра он тараф истад, дилу ҷигараш ҳам мекафад… Ин таънаю сарзанишҳо ба Мамараҷаб ва ба баъзе ҷанговароне, ки мисли ӯ иродаи худро асири тарсу ваҳм карда буданд, сахт таъсир карду аз рафтори шар- мандавори худ хиҷолат кашиданд. Аз мобайн боз як-ду соат гузашт ва ҳамин ки тӯппаронӣ боз ба авҷи зиёд давом кард, бо сигнали муайян ротаи Осмухин дар зери ҳимояи таркиши гулӯлаҳои тӯпҳои худӣ ба ишғол кардани хурӯҷгоҳи ҳамла аз ҷо ҷунбиданд. Аз отделенияи Сафар аз ҳама аввал худи Сафар, баъд Нозир, Дадабой ва боз дигарон гоҳ хази- да, гоҳ кӯтоҳ – кӯтоҳ давидаю ҷаҳида пеш рафтанд. Мамараҷаб ҳар замон ба замин дароз кашида, паноҳгоҳ меҷусту боз тифоқо саросемавор сар бардошта, аз дигарон ҷудо шуда қафомонии худро пай бурда, аз нав ба пеш медавид. Дар ин маврид Нозири камаровӣ, ки барои Мамараҷаб мутасаддӣ буд, ба ӯ мегуфт:

– Аз қатор ки мондӣ, аз худат гила кун. Баъд ба ту ҳеҷ кас ёрмандӣ намекунад. Мамараҷаб тез – тез нафас кашида нимғурма ҷавоб медод:

– Аз Сталинобод, ки сар карда омада истодаему омада истодаем, ҳеҷ, не ки камтар дам гирем, шушамон ҳам ба даҳон омад…

– Шушат ба даҳон омада бошад-ку ҳеҷ гап не, ҷонат ба лаб наояд бача… – гуфт Нозир ба Мамараҷаб. Қариб ҳамаи рота аз хатти мудофиавии худ ба сӯи мавқеи немисҳо сесад – чорсад метр наздик омаданд. То мавқеи немисҳо сад – дусад метр масофа монда буд, ки ҷанговарон бо фармон ба ҳамла тайёр истоданд.

Дар ин дақиқаҳо аскарҳои немис аз оташи тӯпу миномётҳои мо ба камари заминкану сангарҳои худ панаҳ шуда, сар намебардоштанд. Гулӯлаву минаҳо дар рӯ ба рӯи ҷанговарон яке аз паси дигар таркида, чангу хоки мавқеи немисҳоро ба осмон мебардоштанд ва ҳатто оҳанпораи онҳо аз пеши чашму гӯш, болои сари ҷан- говарони мо шув – шув парида мегузаштанд. Пас аз якчанд дақиқаи ба хурӯҷгоҳ расидани рота, оташи тӯпхона ба дарунтари мавқеи немисҳо гузаронда шуду баробари ҳамин аз қафо ба осмон мушак парид. Ин ишора ба ҳамла буд. Ҳамин ки аз паҳлӯи рота отде- ленияи сержант Сафар Одинаев якчанд ҷанговарони ҷангдидатарини полк ба ҳамла қомат рост карданд, Сафар ҳам аз ҷояш бархоста, бо тамоми азму ирода «Ба пеш!» гӯён садо баровард. Ҳанӯз ҷанговарони ӯ се-чор қадам пеш надавида аз пеш якбора тирандозии ду-се пулемёт сар шуд. Шояд аз ҷӯшу хурӯши ғаюрӣ бошад, ки Сафар ба ин тирандозии пулемёт эътибор надода, боз се-чор қадам монду баъд як ба қафо нигоҳ карда худро якбора кунда барин ба замин партофт.

– Ӯҳ, кори даҳбоширо кард… – бо алам гуфт Дадабой нимхез шуда ва ҳамон дам баргашта ба замин часпид.

– Ку? – пурсид Нозир ва беихтиёр акнун сар бардоштанӣ буд, ки се-чор тир дар пеши чашми ӯ чанги заминро ба ҳаво бардошта ва як тир рост теппаи кулоҳхӯди ӯро харошида гузашт. Аз зарбаи ин тир кулаҳхӯди Нозир ба ақиби сараш афтод. – Ӯҳ, ноумед, каллаамро сӯрох кард, – гӯён Нозири рангу қуташ паридагӣ беихтиёр ба сараш даст бурд. Боз оташи пулемёт авҷ гирифт. Нозир дарҳол аз безарар мондани худ як шодии беинтиҳои дохилӣ пайдо карда, ба се-чор қадам чаптар, ба паси як хоктӯда ғелид. Ҳама дар ҳамин аҳвол садо набароварда, аз ҷояшон наҷунбида мехобиданд.

Гарчанде ки аз қафо ду пулемёти рота кор мекард, вале оташи пулемёти немисҳо имкони сар бардоштан намедод. Ҳамин тавр, ҳамлаи якум барор нагирифт. Ҷанговарони Осмухин як қисмашон пештар, як қисмашон қафотар дароз кашида, на пеш мерафтанд ва на қафо мегаштанд. Мамараҷаб бошад, дар ҷои дарозкашидааш сарашро ба замин ҷафс карда, пичир – пичиркунон аз афташ ким-чӣ дуою оятҳо мехонд. Ин вазъияти тангро якбора болои ҳам тирхоликунии тӯпе, ки садои он аз қарибиҳои хурӯҷгоҳ ба гӯш мерасид, сабук кард. Баробари рӯ ба рӯ, ба заминканҳои немисҳо афтода таркидани гулӯлаҳо, пулемёти душман ҳам дигар садо набароварда монд. Тӯпи аз қафо оташфишонанда оташи худро ба паҳлӯи чап гузаронда буд, ки аз қафотари ҷанговарони отделенияи Сафар касе синаашро ба пеш дода, дар дасташ туфангча баланд садо бароварда медавид:

– Рафиқон, ҳамватанон, барои Ватан, барои халқамон, ба пеш! Аз паси ин даъвати ӯ аз чапу рост ва аз мобайн «урра»-и ҷарангосӣ баланд шуда, майдоне, ки аз ин якчанд дақиқа пештар дар он нишонаи касе дида намешуд, аз одам пур шуд. Баъзеи онҳо рост, баъзеашон нимхез ба пеш медавиданд. Вақте ки марди дар даст туфангча аз мобайни отделенияи Сафар ҳафт-ҳашт қадам пештар рафт, якбора аз паҳлӯи чапи ӯ: «Тоҷикписарон! Барои шарафу озодиамон ба пеш!» гӯён Сафар ҳам аз ҷояш ҷаҳида хеста ба пеш тохт; ногаҳон аз замин қомат рост кардани Сафар, ки навакак ҷанговарон ӯро ҳалокшуда гумон карда буданд, шид- дати ҳамлаи ҷузвитомро тез кард.

– Э, мурӣ ҳам, ҳеҷ набошад, як немисро кушта мур, охир! – гӯён Дадабой Мамараҷабро ба пеш тела медод, ки вай гоҳ ба қафои ҳамроҳи худ, гоҳ ба қафои Нозир панаҳ шуда медавид.

Онҳо ба мавқеи немисҳо нарасида, аз заминкан аскарони немис ҷаҳида мебаромаданд. Ҷанги рӯ ба рӯ авҷ гирифт. Сафар аз рӯи таълими Осмухин немисҳои рӯ ба рӯ омадаро бо оташи автомати худ мехобонд. Дадабой бошад, бо авҷ аз ҳама пештар рафта ба ду немиси аз пеш баромада вохӯрд. Вай бо суръати давидан рост ба синаи немиси якум найза халонда буд, ки немиси дуюм ба Дадабой автомат рост кард. Дадабой аз ҳавли ҷон як дасташро аз милтиқи худаш канда, бо чаққонӣ мили автомати немиси дуюмро маҳкам дошта ба замин хам кард. Немис бо тамоми қувва автоматро кашида гирифта, боз ба Дадабой рост кард.

Дадабой ҳамон сония ду дасташро ҳам аз милтиқаш холӣ карду худашро чапғалат дода, ҷаҳида немисро маҳкам ба оғӯш гирифт. Немис ҳарчанд гирд хӯрда, тир холӣ кунад ҳам, тирҳои ӯ ё ба замин, ё ба ҳаво мепариданд. Дар ҳамин вазъият Дадабой бо тамоми қувва пои не- мисро аз замин канду бо зарби сахт сарнагун ба за- минкан партофт ва дарҳол милтиқи худро ба даст гирифта, ба сари немисе, ки мехост аз заминкан барояд, бо қундоқ зада, ӯро нимҷон кард.Баъд аз ҳамин, Дада- бой ба гирду атрофи худ чашм давонда, аз рафиқонаш касеро надид. Ҷанг ба он сӯи заминкан гузашта буд. Дадабой аз заминкан ҷаҳида, ба ҳамон тараф давид. Вай ба ин ҷо нарасида, аз худаш даҳ-понздаҳ қадам дуртар Мамараҷабро дид. Вай дар даст милтиқ тир андохта медавид ва аз паҳлӯи рости вай як немиси хунолуд корди дудама дар даст аз қафо ба Мамараҷаб ҳамла карданӣ мешуд:

– Мамараҷаб, мурдӣ! Ба паҳлӯят нигоҳ кун! – гӯён бо ҳаяҷон фарёд кард Дадабой. То ба худ омадани Мамараҷаб немис ба вай ҷафс шуду аз гиребони ӯ маҳкам дошта, дудамаро аввал як ба ҳаво бардошт ва акнун ба паси гардани ӯ заданӣ буд, ки дар ин асно аз куҷо Сафар ҳозир шуд. Вай дасти немисро маҳкам дошта, ҳамон замон сахт ба ақиб кашид. Дасти немис ба қафо тоб хӯрда буд, ки корд аз дасташ афтод. Аз ин фурсатро фоида бурда, Мамараҷаб ба синаи ӯ найза халонд. Немис ҷо ба ҷо ҷон дод. Баъд Мамараҷаб корди дудамаи ӯро аз замин гирифта ба соқи мӯзааш халонду ба пеш давид.

Ҷанги рӯ ба рӯ то ними чакалакзор рафта буд, ки немисҳои дар пештар буда дигар ба зарбаи ногаҳонӣ тоб наоварда, қафонокӣ гурехтанд. Ротаи Осмухин ва дигар ротаҳои ҳамсоя то охири чакалакзор мавқеи не- мисҳоро ишғол карда, пеш рафтанд. Ҳангоме, ки отделенияи Сафар заминкани охирини немисҳоро аз аскарҳои боқимонда тоза мекард, аз чап овози Нозир шунида шуд. Бо фармоиши Сафар Мама- раҷаб ба он сӯ давид. Вай бист – сӣ қадам давида буд, ки аз як заминкани немисӣ боз садои Нозир баромад. Мамараҷаб давида ба он ҷо даромад.

Дар заминкани чоркунҷаи қариб як қади одам кандашуда, ки дар он ҷо немисҳо ҳамаи асбоби зиндагии худро партофта гурехта буданд, Нозир ба болои сари кадом як кас дузону менишаст…

– Сержант канӣ? – пурсид Нозир.

– Чӣ гап?

– Зуд сержант ё лейтенантро фарёд кун. Дар ин ҷо як солдати хунолуди мо хобидааст. Мамараҷаб баргашта рафтанӣ буд, ки ба заминкан лейтенант Осмухин, роҳбари сиёсии рота Ванюшин ва сержант Сафар Одинаев омаданд. Осмухин дар торикӣ чеҳраи аскари дар заминкан беҳаракат хобидаро дуруст дида натавонист.

– Ба роҳрав бароред, – гуфт Осмухин. Нозир ва Мамараҷаб ҷанговарро бардоштаба роҳрав бароварданд. Дар пеши чашми ҳозирон ҷавонмарде мехобид, ки сарулибосаш лахт – лахт, хунолуд, пойбараҳна буд ва чашмонашро нимпӯш карда базӯр менолид. Дар пешонаи вай бо корд шакли ситораи панҷгӯша, дар ду рухсораш аломати зарб бурида шуда буд. Политрук Ванюшин дарҳол ин ҷанговарро шинохту ба болои сари вай хам шуда, номашро гирифт:

– Ӯрозов, Ӯрозов! Ӯрозов пардаи чашмони нимроғашро базӯр ҷунбонда ба як ҳол оби даҳонашро фурӯ бурду ду-се бор нимғурма гап зад.

– Немис канӣ?

– Немисро пеш кардем, Ӯрозов! Ҳамин ки роҳбари сиёсӣ ин суханро гуфт, Ӯрозов як чашмашро калон кушода, ҳаракати сар бардоштан карду лекин дармонаш нарасида, баъд чашми нимроғашро ҳам пӯшида, хомӯш монд…

– Разведкачии мо буд, ду рӯз шуд, ки аз супориши ҷангӣ баргашта наомад, фашистҳо албатта аз вай чизе рӯёнда натавониста, ӯро ҳамин хел шиканҷа кардаанд… Худаш ӯзбек, ду орден ҳам дорад, – гуфт бо овози ғамгин Ванюшин ва аз сараш телпакашро гирифт. Дигарҳо низ сарлуч шуда, як дам дар болои сари ҷасади беҷони ҷанговари шӯроӣ хомӯш рост истоданд. Мамараҷаб аввалин бор аз ин фоҷиа кӣ будани душмани дар рӯ ба рӯ истодаро дар фикри худ тасаввур мекард. Як гӯшаи дили ҳанӯз аз иғвоҳои Мирбадал тозанашудаи вайро низ оташи ғазаб ва кинаю адоват нисбат ба гитлерчиён ба сӯзиш меовард… Вақте ки вай ба рӯи ҷанговари ҳозиракак ҷондода нигоҳ мекард, гӯё аз лабҳои беҷони Ӯрозов чунин садое ба гӯши ӯ мерасид:«Агар орияту номуси мардонагӣ дошта бошӣ, барои ҷони ҷавонам қасос гир, ҷанговар!»

* * *

Пас аз он, ки торикии аввали шаб ба чор тараф доман паҳн кард, ба мавқеи ротаи Осмухин фармондеҳи дивизия полковник Людников омад. Фармондеҳи полк майор Максимов низ ҳамроҳи ӯ буд. Осмухин онҳоро дар баромадгоҳи чакалакзор, дар пеши заминкани аскарӣ пешвоз гирифт. Полковник дарҳол Осмухинро ба ҳамон заминкан таклиф карду аз ҳама аввал худаш ба он ҷо сар халонд. Дар заминкан сержант Сафар Одинаев ва Нозири камаровӣ дар рӯшноии пилтасӯзе, ки аз қуттии консерв сохта буданд, кадом як маҷаллаи кӯҳнаро аз назар мегузаронданд. Полковник Люников аз паҳлӯи онҳо ба суфачаи заминкан нишаст. Дигарҳо ҳам ба ҳамдигар ҷафс нишастанд.

– Ҳамин тавр… – гуфт полковник ишорачӯби дар дасташ бударо аз миёни ду пояш ба замин зада – зада ва гоҳ ба Нозир, гоҳ ба Сафар чашм медӯхт – Ҳамин тавр, аввалин бор бӯи борутро ҳам шамидед?

– Шамидем, рафиқ полковник, – ҷавоб дод Сафар.

– Чӣ хел, хеле талх аст? – боз пурсид полковник аз Нозир.

– Ба ҳар ҳол ширинӣ надорад, рафиқ полковник, – гуфт Нозир табассумкунон. Полковник ҳам бо мамнунӣ хандида-хандида ба сухан давом кард:

– Ширинии вай дар дигар чиз аст, – ҳама ба полковник саволомез нигоҳ карданд. – Оё ҳис намекунед, ки пас аз ин қадар талхии бӯи борут муваффақияти ҷангии мо чӣ қадар ҳисси ширин мебахшад? Ин ҷавоби ӯ ба лабони ҳозирон низ табассуми мамну- ният эҳдо кард ва ин табассум тасдиқи хулосаи полковник буд.

– Хӯш, майор Максимов, аз рафиқони нав розӣ ҳастед?

– Аз ҷону дил, рафиқ полковник. – Дар рӯи лоғари майор хурсандӣ ҳувайдо буд. Пас аз сӯҳбат, полковник Людников, майор Максимов, лейтенант Осмухин аз заминкан берун баромаданд. Борон монда, абрҳои ғафси пора – пора ба ҳар сӯ титу пароканда мешуданд. Аз байни абрпораҳо ситораҳо медурахшиданд. Аз чакалакзор бӯи баҳор – бӯи дарахтони нав муғҷакушода, сабзаҳои аз қабати замин сарбардошта ба димоғ мерасид. Полковник дар пеши заминкан як дам ба осмон нигоҳ карду рост истоду баъд чуқур нафас кашида гуфт:

– Чӣ андоза табиати дилкушо… гӯё ки ситораҳо ҳам ба таҳсини ҷанги имрӯзаи мо ин қадар равшан медурахшанд.

Likes:
0 0
Views:
78
Article Categories:
Умумӣ

Leave a Reply