Фалсафа чист?

Фалсафа манфиати куллии халқ адолати иҷтимоиро ифода карда, воқеят – ҳам воқеяти табии ва ҳам воқеяти иҷтимоиро ба тарзи илмӣ инъикос менамояд.
Истилоҳи фалсафа «Ф» маънояш меҳри софия аст, ки онро аксаран «МЕҲРИ ҲИКМАТ» меноманд, вале калимаи юнонии «СОФИЯ» нисбат ба «ҳикмат» хело васеъ ва мураккаб аст. Афлотун дар терминалогияи ғарбӣ калимаи «ФАЛСАФА» -ро собит кард, ки калимаи «ҲАКИМ» ба юнонӣ бо маънои «софист» меомад. Афлотун мегуфт, ки чун ақли одам ва идрокаш ба софия – хосияти азими ба Худо мансуб намерасад аз рўи эҳтиром фақат «дўст» дошта метавонад. Аз ин рў, МЕҲРИ ҲИКМАТ дуруст аст. Фалсафа як навъ посбон ё индикатори ҳақикат аст, ки дар замири худи инсон ҷойгир буда, намегузорад, ки ба ягон дониши ҷузъӣ фирефта шавад.
Фалсафа дар ин бобат таҷассуми як навъ ифодаи колективонаи эътимоди одам ба ҳастияш ба мавҷудоти олами ҳақиқат ва дар баробари ҳамин эътимодба вазифаи олии худ мебошад, ки он дар саъю кўшиш ба ҳамин ҳақиқат ба фаъолияти бошуўронаю мураттаб ифода меёбад.

Likes:
0 0
Views:
36
Article Categories:
Умумӣ

Leave a Reply