Умумӣ

Фактҳои аҷоиб.

Соли 1998 Ларри Пейҷ ва Сергей Брин хостанд системаи ҷустуҷукунандаи худро номи нав гузоранд то дорои ҳаҷми бузурги маълумотро баён кунад. Ҳамкорон ҳама сарҷамъ шуда калимаи ‘googol ‘—  ро пешниҳод намуданд,  чихеле, ки дар матиматика маънои якто адади 1 – у 100 ноли дигарро мефаҳмонад. Дарҳол Ларри холӣ будан ё набудани домени  googol.com – ро аз назар гузаронид. Вақте аз назар гузаронидан саросема шуда баҷои калимаи  googol ӯ google—  ро дохил намуд ва ин калима ба ӯ маъқул шуд.

Шариф Идд—  писарчае, ки то сини  панҷ солагияш тақрибан ҳазор шахсро ба дини ислом даъват кардааст.Шарифи Идд дар синни панҷсолагияш озод бо панҷ забон – арабӣ, англисӣ, фаронсавӣ, итолиёвӣ, ва забони модарии худ- суаҳилӣ гап мезад.  Аҷоибаш ин, ки Шариф дар ягон ҷо дарс барои аз худ кардани ин забонҳо нахондаст. Шариф на танҳо кудаке, ки панҷ забонро медонад. У ба ин дунё ба рисолати Иллоҳӣ омадааст—  мавъиза кардани дини Исломро.

Шариф моҳи декабри соли 1993 дар Аруша, шимоли Танзания дар оилаи католик ба дунё омадааст.  Дар синни ду моҳагияш аз шири модарӣ даст мекашад ва як чанд моҳ пас ба талафузи Ояҳои Қуръони карим оғоз мекунад.  Волидонаш вақте мебинанд, ки Шариф бо арабӣ талафуз карда истодааст, фикр мекунанд кудакро ҷинн задааст ҳатто посторро даъват мекунанд то ин,  ки ӯро бубинад. Аммо аз дасти постор ҳеҷ чиз намеояд, писарча боз давом додан мегирад. Дар наздикии макони инҳо мусалмонҳоҳам зиндагонӣ мекардаанд.

Вақте мусалмонҳо суханони аҷоиби ин тифлро ташхис мекунанд, ба волидонаш хабар медиҳанд, ки тафл на танҳо ба арабӣ сухан мегуяд, балки Оятҳои Қуръони каримро талафуз мекунад. Вақте падару модари Шариф инро мефаҳманд ба дини Ислом имон меоваранд. Соли 1997 падари Шариф аз дунё мегузарад, Шариф бошад модарашро дар Танзанияи танҳо монда ба роҳи рисолати муқаддаси худ равона мешавад, яъне ба амри маъруф дар байни мардум оғоз мекунад.  Шариф Идд аз тифлияш барои даъват кардан ба дини мубини Ислом ба ҳар давлатҳои руи дунё сафар мекунад.

“Rаp ” (реп)  аз забони англисӣ гирифта шуда, дар забони тоҷикӣ маънои— “зарба “, “куфтан “— ро дорад. Ва инчунин маънои калимаи “to rap ” дар забони тоҷикӣ маънои   гап задан, сухан гуфтанро дорад. Реп ва шакли муосири он дар  солҳои 1970 дар байни раёнҳои афроамерикоӣ —  Бронкс дар байни Dj -ҳои ямайӣ пайдо шудааст. Аз ҷумла,  асосгузори реп диҷей Kool Herс номида мешавад. Аз аззал репро на ба хотири тиҷорат балки ба хотири лаззату завқ мехонданд. Барои паҳншавии реп дар байни мардум яке аз радиоҳои зангиҳо (негрҳо)  кумак кард.  Бо ташабуси треки The Sugarhill Gang «Rapper’s Delight» (1979)  реп бозҳам мустаҳкамтар шуду, номи реп ва репер дар байни мардум машҳур шуд.  Яке аз аваллин шахсе, ки номи реперро дошт ин Ҷек Гибсон зери тахалуси Jack Rapper буд. Реп дар Тоҷикистон дар байни солҳои 90 пайдо шудааст, аммо то соли 2004-2005  на он қадар машҳур будааст дар байни мардум.

Аз ҳама репсорйи тезхон дар ҷаҳон ” CEZA ” мебошад.

20-уми июли соли 1969 киштии кайҳонии “Апполо-Ⅱ” бо се кайҳонавард ба Моҳ парвоз карданд. Аваллин шахсе, ки ба Моҳ қадами худро гузошт ин Нейл Аймстронг буд. Ӯ ва ду рафиқи дигараш Олдинг ва Коллинс дар гаризонти моҳтоб ким кадом ашёҳеро дидан— ба мисли  китоби кушодае ва сипас “мусуқӣ”-и пурасроре шуниданд. Онҳо дар ин бора ба Замин хабар доданд.  Дар авал бовар накарданд:  аз куҷо китоб дар моҳтоб пайдо шудаасту ва чихел мусиқи дар фазои беҳаво. Аммо мусиқиро ба воситаи алоқаи радоӣ шуниданд ва китоб бошад ба навор гирифта шуда буд. Вале ин маводҳо махфӣ нигоҳ дошта мешуданд.

Дар моҳи феврали соли 1983 яъне, ки чордаҳ сол баъд аз парвоз ба Моҳ, кайҳоннавард Нил Аймстронг ба Миср омад, барои иштирок дар конфронси илмӣ. Дар ҷараёни маҷлис овози Азон садо дода шуд.  Аймстронг ҳагоми шунидани азон ранг парида ( руй суманд)шуда  аз шахсе, ки дар ҳайъати раёсат нишаста буд пурсид:  ” Ин чи гуна мусиқӣ ҳаст?” . Ин ҳолати кайҳонаврдро дидан ҳама дар ҳайрат афтодан, иштирокчиёни конфренсия уро фаҳмонданд, ки ин даъват ба суи намоз ҳаст. “Ин овоз. Ин ҳамон овозе, ки аваллин маротиба қадамаро дар моҳ гузота будаму шунидам, аз чи сабаб бошад баданамро ларза фаро гирифта буд “—гуфт Аймстронг ва боз хабар дод ” Ман ба моҳ бе намоз рафтам, акнун намозамро мехонам, шумо метавонед маро мусалмон бишуморед ”

Ҳамин хел аваллин шахси ба моҳтоб рафта, кайҳонаварди амрикоӣ мусалмон гашт.Баъдтар, яке аз кормандони NASA,  суриягӣ ҳамаи сӯҳбатҳои  ба қайдгирифташудаи байни киштии кайҳонӣ ва Замин дар давоми будубоши кайҳонавардон дар Моҳтоб бударо ошкор намуд.

30-юми декабри соли 1993 донишҷуёни  ассотсиатсияи лоиҳаҳои  хайрияи мусалмонӣ дар Австралия ҳангоми лагери тобистона дар Моснор дарахтеро пайдо карданд, ки ҳангоми рукуъ қарор дорад. Аксарият ҷолибаш дар он аст, ки рукуъи ин дарахт қатъиян ба сўи Макка равона шудааст. Ин дарахт дар Германия дар парваришгоҳи хоҷаги мевқеъ мебошад.  Аксари олмониҳо бад аз ба чашмони худ дидани ин муъҷизаи Худо дини Исломро қабул карданд. Дар ҳол ҳукумати Германия сарҳади ин деҳаро бо панҷараи металӣ маҳкам карданд, барои он ки ҳамлаҳои боздиди муҷизаро пешгирӣ кунанд ( пешгирии омавии қабули дини мубини Ислом)

Девори  Бузурги Чин— бузургтарин муҷассамаи меъморӣ. Дар қисми шимолии Чин бо дарозии 8851,9 км  сохта шудааст ,  дар сарзамини Бадалин бевосита ба наздикии Пекин мегузарад.  Бари девор ба ҳисоби миёна 5,5 метрро ташкил медиҳад, баландиаш бошад дар баъзе ҷойҳо ба 10 метр мерасад. Байни ҳар як масофаи 200 метр, манораҳо сохта шудааст, мақсад аз сохтани манораҳо, огоҳ кардан аз ҳамлаи душман мебошад. Сохтмони ин девор ба солҳои Ⅲ— и пеш аз милод рост меояд, шумори коргаронаш тақрибан   миллион одамро ташкил медод, Ҷолиб он аст, ки дар вақти гузоштани сангҳои блок ба ҷои маҳлули семент, шуллаи часпаки биринҷро бо оҳак истифода мебурданд.  Як чизи дигарро бояд қайд кард ки шахсоне ки дар ҷои кор вафот мекардан онҳоро дар ҷояшон дафн карда мешуд. Ба ҳисоби олимон дар давоми сохтмон тақрибан 2 млн одам ба ҳалокат расидааст.

Рузи 8– уми март— таърихан ҳамчун рӯзи ваҳдати миллии   занон дар мубориза ба баробарӣ ҳуқуқва озодӣ ба  вуҷуд омадааст. Ҳаштуми марти соли 1908 ташкилоти занонаи  сотсиалистӣ— демократии Ню— Йорк, гирдуҳамоӣ бо шиори ” баробарҳуқуқии занон ” баргузор гардид. Дар ин руз тақрибан 15 000 зан аз тамоми шаҳр  ҷамь шудан, талаби кутоҳкунии рузҳои корӣ ва баробар кардани музди кории занонро ба мардон кардан. Дар 1909, Ҳизби сотсиалистии Амрико  рӯзи миллӣ занон—ро эълон кард ки он таҷлил то соли 1913  рӯзи якшанбе охир феврал ҷашн гинифта мешуд. Дар 1909 иди занон 28 феврал рост омад. Баъдтар, дар соли 1910 ҳама намояндагони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Копенгаген дар Конфронси байналмилалии дуюми Сотсиалистӣ занон ҷамь шуданд.

Клара Зеткин— камунистзан, яке аз намояндаҳои конфронс пешниҳод кард, ки рузи байналмиллалии занон таъсис дода шавад. Ва ин чунин пешниҳод кард, ки дар ин руз занон метавонанд гирдуҳамоӣ  ва намош ташкил кунанд. Соли 1911 аввалин рӯзи байналмилалии занон дар  Германия, Австрия, Дания ва Швейтсария , рузи 19 март ҷашн гирифта шуд. Дар соли 1912 танҳо ҳамин чаҳор давлат рузи занонро ҷашн гирифтан, аммо дар рузи 12 май. Дар соли 1913 дар Франсия ва Русия занҳо рузи 2- юми март , дар Чехия, Венгрия, Швейтсария, Нидерланд – – 9 март,дар Олмон – 12 март гирдуҳамоӣ ташкил карданд. Дар соли 1914 аваллин маротиба— рӯзи Байналмилалии занон яъне дар рузи ҳаштуми март дар шаш далати дунё: Австрия, Дания, Олмон, Нидерландия, Русия ва Швейтсария ҷашн гирифта шуд. Баъд аз ин ба ҳамаи давлатҳои руи дунё паҳн гардид. Оё медонед, ки вақте дар ИМА ягон штати нав илова карда мешавад, парчамашро тайғир медиҳанд яъне ситорачаҳои нав илова мекунанд.  Охирон маротиба охири солҳои 1950 тайғир  дода  шуда буд, вақте еи мақоми штатҳо ба Гавай ва Аляск пешниҳод карда шуда будaн.

Оё медоенд, ки изҳои  ангуштони коалаҳо ба  изҳои  ангуштони одам ба куллӣ монандӣ доранд. Ҳатто ёфтани фарқият ба воситаи микроскоб душвор аст.

Ҳар сол дар 2 феврал дар шаҳри Панксатои ИМА маросими машҳур  сурат мегирад: суғур фил аз сурохӣ берун омада боду ҳаворо пешгуӣ менамояд.  Агар суғур баромада сояи худро бинаду ба сурохӣ баргардад ин маънои онро дорад, ки зимистон 6 ҳафтаи дигар давом медиҳад, аммо агар барояду соя набошад ин маънои онро дорад, ки баҳор барвақт меояд.

Бо имзо дар соли 2010 бо сарпарастии шартномаи  ташкилоти Qatar Foundtaion ,клуби футболи «Барселона» розӣ шудааст, ки логотипи куртаҳои худ барои фурухтан дар давлатҳои Араб иваз мекунад. Бояд чизе, ки барои мусалмонҳо таҳқиромез бояд набошад яъне бояд аз ҳошаи чапи болоии кунҷ ҳошияи сурх уфуқӣ хориҷ карда шавад. Баъдтар ин шартрномаро  клуби ” Реал Мадрид ” бо розигии  сохтмони як ҷазираи  сунъӣ бо бисёр иншооти ба маблағи 1 млрд доллар, имзо менамояд. Шайхи АМА аз ин клуби футболҳо дархост кард, ҳама гуна нишонаҳои салибдорро аз куртаҳо хориҷ намоянд.

Дар соли 2008, ширкати сармоягузории Аморати Муттаҳидаи Араб— Шайх Мансур  клуби футболи инглисӣ «Манчестер Сити».— ро харида буд. Дар яке аз суҳбатҳои телефони шайх ба мудири клуби Барселона мегуяд ” It’s all getting messy” ин ҳама бетартибона ҳаст” . Директор ин ибораҳои шайхро нодуруст шунида, ҳамчун дастур харидани Леонел Мессиро аз клуби “Барселона ” фаҳмид, аммо клуби Испания пешниҳоди харидани пешсафи (лидер)  худро, ки бо андозаи 30 миллион фунт буд, рад карданд. Дар баҳори соли оянда, «Манчестер Сити» бо як  кӯшиши дигар барои харидани Месси ва ин маротиба  ба чор маротиба зиёдтар пешниҳод намуд, вале боз рад шуд.

Чи гуна занги охиронро дар давлатҳои гуногун ҷашн мегиранд:

ШВЕТСИЯ— Рузи хатмкунанда аз наҳорӣ оғоз меёбад— бояд дар наҳорӣ қулфинай (клубника)  ва шонпан вуҷуд дошта бошад. Дар ин руз ҳамаи кудакон калапушҳои сафед барои имзои хотиравӣ мепушанд. Дар ҳолати тамом шудани намоиши “занги охир ” ҳамаи талабаҳо давида бинои мактабро тарк мекунанд ва калапушҳои худро ба осмон мепартоянд.

ИМА— барои хатмкунандаҳои Америка базми хотимавӣ яке аз воқеяҳои бузург ҳисобида мешавад. Дар ин руз писарон либосҳои зебо ва мошинҳои олиҷанобро кироя мегиранд. Духтарон бошанд либосҳои хатмкунандагӣ мепушанд. Дар Америкадар  базми хатмкунандаҳо истифода бурдани нушокиҳои спиртӣ қатъиян ман аст.

ПОЛША—  дар инҷо ҷашни хатмкунандаҳо вуҷуд надорад. Онҳо ҷашне бо номи ” stodniowka” доранд. Ин ҷашро дар муддати 100 руз то хатм кардани мактаб ҷашн мегиранд..

КУБА— ҷашни хатмкунандаҳо дар Куба бисёр расмӣ (официально)  ҳаст.  Дар ҷамъомад мудири мактаб ба хатмкунандаҳо дипломҳояшонро супорида суханони ҷашниро талафуз мекунад. Баъди маросим ҳамаи хатмкунандаҳо ба пляж рафта то саҳар хурсандӣ мекунанд.

ФРАНСИЯ— дар ин ҷо ҷашни занги охирро нағз намекунанд. Барои он ки дар мактабҳо ҳамсинфҳо ҳар сол иваз мешаванд. Аммо дар баъзе мактабҳо мумкинаст , ки дар давоми 100 руз то имтиҳонот машғулияти мактабиро як тараф гузошта, ҷашнро ташкил диҳанд.

ШОТЛАНДИЯ—  занги охирро ҷашн намегиранд. Дар Шотландия касоне ки хоҳишмандан шабнишинӣ ташкил мекунанд.

ХИТОЙ— дар инҷо ҷашн мегиранд. Вақте, ки ҷашни хатмкунадаҳо гузарад, дар шаҳр ба тартибдарориии асоснок (уборка)  ташкил карда мешавад. Инъанаи хитойӣ аз  хатмкунандаҳо талаб мекунад, ки ҳамаи ашёҳое давраҳои мактабиро хотирассон мекунад, аз тиреза партоянд.

Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим

Қуръон— калимаи арабӣ буда дар забони тоҷикӣ маънои “қироат ба овози баланд ” , ” панд, насиҳат, ибрат “-ро дорад. Китоби муқадаси  Қуръон дар давоми тақрибан 23 сол ( аниқаш 22, аз соли 610 то соли 632) ба воситаи Ҳазрати Ҷабраил ба паёмбари Худо— Муҳаммади Мустафо (с.а.с) нозил шудааст. Аваллин маротиба вайл аз назди Худованд (ҷ.ҷ) ба паёмбари ислом Ҳазрати Муҳаммад (с.а.с)  дар сини чиҳилсолагӣ дар шаби Меҳроҷ ( Моҳи шарифи Рамазон) омадааст.

Дар китоби муқаддаси Қуръон 114 сура (аз 3 то 286 оят ва аз 15 то 6144 ҳарф) бо дарозиҳои гуногуг мавҷуд мебошад. Аз руи ҳисобкуниҳои гуногуг дар китоби Қуръон  аз 6204 то 6236 оят ва бештар аз 320 ҳазор ҳарф  вуҷуд дорад. Ҳамаи сураҳои китоби муқаддаси Қуръон ба ғайри сураи нуҳум, бо ” Ба номи Худованди бахшандаю меҳрабон ” оғоз меёбад.

Оё медонед, ки дар кунҷи шарқии Каъба санги муқаддасе  дар танаи девор аст.

Санги сиёҳ- тухмшакл буда дар баландии 1, 5 метр бо чамбараки биринҷӣ дар танаи девор сохта шудааст.Намуди руйии санг майдони 16,5 Х 20 см— ро ташкил медиҳад Санги сиёҳ аз 7-8 шикастапораи санг, ки ранги сурху сиёхэҳ доранд иборатаст!

Соли 930 Карматиҳо Маккаро забт  карда Санги сиёҳро дуздида ба Беҳрайн бурдан, Санги сиёх дар ончо 21 сол монд, соли 951 баъди харидан бо арзиши баланде санги сиёҳ ба Маккаи Мукарамма баргардонида шуд. Ай ни ҳол бошад бисёре аз шахсон орзу доранд, ки ин чизи муқадассро бубинанд, шахсан худи ман.

Дар ИМА, дар шаҳри Сан— Франисико аз ҳама кучаи каҷ мавқеъ мобашад. Ломбард-стрит  —  яке аз кучаҳои машҳуртарини шаҳри Сан— Франсиско мебошад ва нишебаяш (уклон)  27% буда,  дар ин куча суръати ҳаракат то 8 киллометр соат муаян карда шудааст. Дарозии ин куча 400 метр буда, ҳаракати яктарафа аз боло ба поён дорад ва дорои 8 гардиш мебошад.

Фурудгоҳи баналмилалии Саванна штати Хилтон Хед , ИМА яке аз фурудгоҳои аҷоибтарини дунё ба ҳисоб меравад. Аҷоибаш дар ин ки дар роҳе, ки таёраҳо менишинанд дар он рах(полоса)   ҷуфти  қабр дида мешавад. Ин қабрҳо ба соҳибони собиқи ҳамин замин таалуқ доранд, ки ҳозир дар фурудгоҳ ҷойгир ҳастанд.  Хоҳиши охирони онон ин буд ки онҳоро дар заминҳои худ, ба хок супоранд.

Youtube— интернет сервис, рузи 15 феврали 2005 аз тарафи Стив Чен, Чад Херли ва Ҷавод Карим сохта шудааст.  Авалин сабти видеоие, ки дар ин сайт илова карда шуд аз тарафи Ҷавод Карим  рузи 23 апрели соли 2005  тақрибан соати 20:27 бо вақти маҳалӣ илова шудааст. Сабти мазкур 18 сикундро дар бар гирифта, номаш бошад ” Me at the Zoo ” мо дар боғи ҳайвонот мебошад.

Рузи 14 декабри 2011 дар Youtube аз ҳама видеои дарозтарин— 569 соат  31 минут ва 21 сикунд истифодабаранда бо никки MoldytoasterMedia илова кард, аммо бо сабабҳои номаълум ин сабтро ислоҳ карданд.

21-уми декабри соли 2012 аваллин маротиба дар таърихи Youtube ва Интернет,  тамошобинони як видеоклип ба 1 миллиард расид. Шумораи тамошобинони ин клип 31 майи 2014  ба 2 миллиард расид. Айни замон бошад 2, 2 млрд расидааст. Иҷрокунандаи ин клип сурудхони Кореяи ҷанубӣ— PSY ва номи суруд ” Gandnam Style ” мебошад.Дар Youtube аз ҳама канали бисёр обуна (подписка)  карда шуда—  ин канали PewDiePie буда, зиёда аз 30 млн истифодабарандаҳо обуна шудаанд.Канали “IGN ” дар Youtube ягона канале мебошад, ки ба миқдори зиёда аз 98 ҳазор видео илова кардааст.

(Magic Tap Fontan)— крани ғайриодӣе, ки дар осмон муаалақ буда, ҳамчун бе такяи ягон чиз дар осмон гуё овезон аст. Ин гуна кранҳо дар шаҳри Кадис дар қисми ҷанубу-ғарбии Испания сохта шудаанд. Аваллин шахсоне, ки ин кранро диданд дар ҳайрат афтодаанд, гӯё ” ин об аз куҷо меомада бошат дар ҳоле, ки ин кран дар осмон ба ягон чиз пайваст нест “.Сири ин чизи шоёни диққат бисёр оддӣ:  ба мобайни обе, ки аз крани овезон шорида истодааст, лулаи труба гузаронида шудааст.  Маҳз бо ҳамин труба об ба крана меравад ва худи кранро бошад медорад.

Дарвоза—  танури газӣ дар Туркманистон. Сокинони маҳалӣ ин танури газиро ҳамчун “Дарвозаи ҷаҳаннам ” ном мебаранд. Мавқеи ҷойгиршавиаш 90 км аз авлаи Ербент,  диаметри танур тақрибан 60 метро ташкил медиҳад, чуқуриаш бошад 20 метр.

Соли 1971,  геологҳои саветӣ дар Туркманистон дар наздикии деҳаи Дарвоза ҷои ҷамшавии гази тагизаминиро пайдо карданд. Дар натиҷаи буридан ва парма кардани сурох геологҳо ба ковокии замин рус монданд. Дар охир замин худ ба худ фуру рафта,  як чуқурии калони пур аз газ пайдо мешавал. Бурҷи пармакунак бо ҳамаи таҷҳизоту лавозимоташ ва нақлётҳо дар ҳолати пайдо шудани чоҳ ба замин фуру мераванд.  Геологҳо тахмин мекунанд, ки сухтор баъди якчанд руз хомуш мешавад, аммо хатто карданд. Аз соли 1971 инҷониб гази таббии аз танур баромада,  беист шабу руз месузад.

Оё медонед, ки Узбекистон дар ҷаҳон ягона давлате мебошад, ки номи давлатҳои ҳамсояш бо “стан ” тамом мешавад. Тошкент ягона шаҳре, ки ҳамаи нақлиётҳои шаҳриаш аз автобусҳои Mersedes иборат мебошад.

Оё медонед, ки давлати серзабонтарини руи дунё— Ҳиндустон ба шумор меравад. Руйхати охирони бақайдгириии забонҳо нишон медиҳад, ки дар Ҳиндустон тақрибан 1652 забону лаҳҷа   вуҷуд дорад. Аз байни ин қадар забони дар Ҳиндустон буда, 18- тоаш ба гузориши махсус дар назди Конститутсия ба қайд гирифта шудааст.  Ва инчунин 18 забон, забони расмии штатҳои Ҳиндустон номида мешавад.Дар Конститутсияи Ҳиндустон гуфта шудааст, ки забони давлатӣ танҳо анлисӣ ва ҳиндӣ номида мешавад

Оё медонед, ки дарозии умумии сархади Точикистон 3 651км-ро ташкил медихад.

  1. Чумхурии исломии Афгонистон–1206 км.
  2. Хитой-414 км.
  3. Киргизистон-870 км.
  4. Узбекистон-1161 км

Оё медонед, ки дар  ИМА, штати Дакотаи ҷанубӣ  дар атрофҳои Кистоуна куҳе бо номи Рашмор ҷойгир аст. Чихеле, ки маълум аст ин куҳ боз бономи куҳи приздентҳо ҳам машҳуру маъруф аст. Номи куҳ  аз чахор акс-ҳайкал приздентҳои Амрико (дар акс аз тарафи дати чап ба рост)— Ҷорҷ  Вашингтон,  Томас Ҷеффарсон, Теодор Рузвелт ва  Авраама Линколн тарошида шудааст! Баландии ин муҷасамма 18,6 метрро ташкил медиҳад.Сохмони муҷассамаи приздентҳо аз соли 1927 то соли 1941 таҳти роҳбарии ҳайкалтарош—Гутзон Боглум давом кардааст.

Дар рафти ҷараёни ин кор тақрибан 360 ҳазор тонн ҷинси куҳӣ истифода бурда шудааст. Макқсади ҳайкалтарошии ин чаҳор нафар барои хизматҳои шоистаашон дар роҳии ободикунонии ИМА мебоша—мегуяд Борглум.

Ба ин хотир,Ҷорҷ Вашингтонро  барои хизматҳои шоистааш  дар роҳи  демократикунонии халқ, Томмас Ҷеферсенро  барои барои хизмати шоиста дар роҳи таъсис додани Деклартсияи Истиқлолият, Авраам Линколнро барои хизмат дар роҳи нобуд сохтани ғуломдори дар ИМА, Теодор Рузвелтро бошад ҳайкалтарош Борглум,  ба хотири мадад расонидан дар сохтмони канали Панама ва инчунин мадад ба мудофияи давлат ва тиҷорат,  интихоб намуд.Барои ба охир расонидани ҳайкатарошӣ 14 сол,   тақрибан 400 коргар кор мекар.

Оё медонед, ки байрақи Филиппин ягона байраке мебошад, ки чойҳои ранги рахҳояш иваз мегарданд.

Дар вақти оромӣ ва сулҳ- ранги кабуд аз қисми болойӣ буда , ранги сурх аз поён аст, дар вақти ҷангу нооромӣ бошад баръакс- ранги  сурх аз боло ва ранги кабуд бошад аз қисми поён.

Оё медонед, ки айни замон аз ҳама маҳбаси бароҳаттарин, дар Норвегия мебошад.  Маҳбаси Халден чанде пеш соли 2010 бо техналогияи нав бино карда шудааст.  Маҳбаси Халден— ин маҷмаъ(комплекс) дар даруни ҷангал ҷойгир буда, дорои студудия сабти овоз, пайҳроҳа барои давидани варзишгарон ва коттеҷ барои дидорбинии маҳбусон бо хешовандонашон дорад. Сохтмони маҳбас 10 сол бо маблағи 1,5 млрд крони норвегӣ (тақрибан 252 млн доллар) давом кардааст.

Мудири маҳбас—  Аре Хойдал мегуяд, ки дар маҳбаси Халден аз ҳама зиёд,  қочоқбарон, қотилон ва таҷовузгарон мешинанд. Бо мулоҳизаи чопи омории Норвегия:  тақрибан 20%- и маҳбусон баъд аз озод шудан, дар давоми ду сол боз аз сари нав ба маҳбас меафтанд. Ҳар як камера (ҳуҷраи маҳбус)  дорои телевизор ва мини яхдон буда терезаҳо бе панҷара мебошанд.

Ҳар як ҳуҷраи маҳбус майдончаи 12 м² буда, бо мебелҳои ҳозиразамон ва душ таъмин карда шудааст.  Инчунин дар маҳбас толори варзиш, китобхона, боғи зимистона, ҷой барои корҳои лабораторӣ, маркази тандрустӣ ва устохона бино карда шудааст.

Оё медонед, ки аваллин  чароғаки роҳнамо(светофор) 10 декабри соли 1868 дар Британияи Кабир дар шаҳри Лондон дар назди бинои парламенти(ҷои маҷлиси қонунбарории намояндагон)  Британия, барқарор карда буд.  Чароғаки роҳнамо дастӣ идора карда мешуд ва дорои ду ақрабаки семафорӣ буд: агар ақрабак ба таври уфуқӣ бардошта мешуд ин ишорти “стоп”-ро мекард, аммо агар ақрабак ба 45° фуроварда мешуд ишораи боэҳтиёткорона ҳаракат карданро мекард. Дар ҳолати торикӣ фонуси газии тобхуранда истифода бурда мешуд, ки бо ёрии он ба таври мувофиқ ба рангҳои сабзу сурх ишора карда мешуд. Ихтироъкунандаи ин чароғак— Ҷон Пик Найт—мутахасиси чароғакҳои роҳи оҳан буд.

Аваллин чароғаки бо таври автоматӣ кор кунандаро( яъне қобилияти тағйирёбӣ бе  иштриоки одам), соли 1910 ихтирокор аз Чикаго— Эрнстом Сиринном тайёр намуд.  Чароғаки Эрнстом бо навиштаҷоти “Stop ” ва “Proceed ” истифода бурда мешуд.

Ихтирокорони чароғаки электрикӣ Лестейр Вайр ва Солт-Лейк-Сити(аз штати Юта, ИМА) ба ҳисоб мераванд.  Онҳо соли 1912 чароғаки роҳнаморо бо сигнали гирди электрикӣ (ранги сурхи сабз), ихтироъ кардан.

Соли 1920 ихтирокорони амрикоӣ,  Уилям Поттс ва Ҷон Ф. Ҳарисс светофори серангаро ихтироъ намудан.

1.Дар шаҳри Сиракюс, штат Ню-Йорк, ягона светафор дар ҷаҳон сохта шудааст, ки ранги сабз аз боло ва ранги сурх аз поён аст.

2.Дар маркази шаҳри Прага (пойтахти Чехия) дар миёни биноҳо гузаргоҳи бараш 70 сантиметр ҳаст, ки дар онҷо чароғакҳои роҳнамо овезон кардаанд.. Ин чароғакҳо на барои мошинҳо балки барои одамон кор мекунанд, ки дар чорраҳаҳо одамон бо ҳамдигар бар нахуранд.

Оё медонед, ки баландии хайкали Исмоили Сомонӣ дар Душанбе 13 метр аст. Соли 1999 ба муносибати 1100 – солагии бузургдошти Давлати Сомониён, дар майдони Дӯстии ш. Душанбе маҷмааи меъморӣ ба муносибати Ваҳдати миллӣ ва муҷассамаи Исмоили Сомонӣ бунёд гардидааст;

Баландии умуми иморат аз сатхи майдон 43 метрро ташкил медихад!

Оё медонед, ки бинои(здание) баландтарин дар чахон, иморати ” Бурҷ Халифа” дар Дубай, Аморати Мутаҳҳидаи Араб бо баландии 828, 9 м, бо микдори 163 ошёна чойгир аст.

Aрзиши умумии иморат 1,5 млрд доларро ташкил медихад. Накшаи(проект) бинои мазкурро меъморони амрикои Skidmore, Owings ва Merrill пешкеш карданд. Дар дохили ошёна: мехмонхона, квартира, офис ва маркази савдо чои дода шудааст. Бино дорои се даромад(вход) мебошад: даромад ба истиқоматгоҳҳо (квартирахо), даромад ба офисхо, даромад ба мехмонха.Дар бино аз ошёнаи 1 то 39 меҳмонхони Armani ва офиси ширкат ишғол шудааст(ба ғайри ошёнаҳои 17 ва 18, ин ошёнаҳои техникӣ мебошанд.) Аз ошёнаи 44 то 72 ва аз 77 то 108—900 истиқоматгоҳ (квартира)  ҷойгир аст. Ошёнаи садум пурра ба миллирдери ҳинд Б. Р. Шетти мутаадиқ мебошад. Аз ошёнаи 111 то 121 ва аз 125 то 135 ва боз аз 135 то 139 ҳуҷраҳои офис ҷойгир аст.  Дар манораи мазкур 57 лифт бо масофаи 12м/с кор мекунад.

Сохтмони манораи осмонхарош 21 сентябри соли 2004 бо суръати 1-2 ошёна/хафта сар шуд. Дар сохтмон хамаруза 12 000 коркун кор мекард. Дар сохтмон 320 000. м³ бетон ва бештар аз 60 000. тон арматури пулоддин сарф карда шуд.  Ҳукуматдорон хостанд, ки биноро рӯзи 9- уми сентябри соли 2009 дар як вақт баробари кушодашавии Метрополитени Дубай кушоянд аммо бо сабаби маблағдиҳии тарафи имаротсоз кушодашавии биноро ба рузи 4 январи 2010 мавқуф гузоштанд. Хачми манора 500 000 тон(дар холати холи будан).

Leave a Reply