Умумӣ

Услуби илмӣ

Услуби илмӣ

Услуби илмӣ – услуби забони адабӣ буда, як қатор хусусиятҳои хос дорад: мулоҳизаҳои қаблан фикркардашуда, хусусияти монологӣ, интихоби ҷиддии воситаҳои забонӣ, тамоюл ба нутқи меъёрӣ. Намудҳои функсионалии забони адабӣ буда, дар соҳаи илм, техника ва истеҳсолот ба кор бурда мешавад. Илм як соҳаи махсуси фаъолияти инсон аст. Танҳо вай метавонад ки оид ба муҳити атроф маълумоти ҳақиқӣ ва боэътимод диҳад. Матнҳои тиббӣ барои хонандагон – мутахассисон нигаронида шудааст. Ҳамин тавр хусусиятҳои умдаи забони илм ин дақиқӣ ва объективият аст. Матни илмӣ чӣ тавр бунёд мешавал? Сюжети вай маъмулӣ ва оддӣ нест. Муаллиф хонандаро  ба раванди ҷустуҷўйи ҳақиқат  ҳамроҳ мекунад. Хонанда бояд аз пайи муаллиф рафта гаштҳои мантиқӣ кунад  ва ба натиҷаи дилхоҳаш расад. Матнҳои илмӣ мисли занҷире дар даруни худи матн сохта мешаванд. Услуби илмиро дар ниҳояти кор мўҳтаво ва мақсади иттилооти илмӣ муайян мекунад: ҳаддалимкон дақиқ ва мукаммал шарҳ  додани далелҳо, нишон додани равобити сабабиву натиҷавӣ дар байни зуҳурот, ошкор кардани қонуниятҳои таърихии инкишоф ва ғ.

Хусусиятҳои услуби илмӣ

 Новобаста аз хусусиятҳои умумии илмҳои алоҳида (илмҳои дақиқ, гуманитарӣ, табиатшиносӣ) услуби илмӣ ва тафовутҳои жанрҳои баён (рисола, монография, мақолаи илмӣ, гузориш, китоби дарсӣ) як қатор хусусиятҳои умумӣ дорад, барои ҳамин ҳам дар бораи махсусиятҳои ин услуб ба таври умумӣ сухан гуфтан мумкин аст. Дар баробари ин маълум аст, ки матнҳои оид ба физика, химия,, математика аз ҷиҳати баён аз матнҳои филологиву таърихӣ ба таври возеҳ фарқ мекунанд. Барои   услуби илмӣ ифодаи мантиқӣ, системаи мураттаби алоқамандии байни порчаҳои матлаб,  ба дақиқу мўҷаз ва якмаъно баён кардани фикр майл доштани муаллифон ва дар айни замон нигоҳ доштани мўҳтавои пурмаънӣ хос аст.

Мантиқӣ будан – ин мавҷуд будани робитаҳои фикрии муттасили воҳидҳои (порчаҳои) матн аст.

Муттасилӣ – танҳо ба матне хос аст, ки дар он хулоса аз мазмун бармеояд, онҳо муқобили ҳамдигар нестанд, матн ба порчаҳои алоҳидаи фикрӣ, ки ҳаракати фмкрро аз чузъ ба кулл ва аз кулл ба ҷуз тасвир мекунад,  ҷудо шудааст.

Фаҳмо будан дар услуби илмӣ маънои мафҳум ва дастрас буданро дорад. Вобаста ба истифодаи воситаҳои забонӣ ва тарзи баён дараҷаи дастрас будани маводи матни илмӣ, илмӣ – таълимӣ  ва илмӣ – оммавӣ мавҷуд аст.

Дақиқӣ дар услуби илмӣ маънои фаҳмиши ягона, набудни тафовути байни ифода ва таърифи он фаҳмида мешавад. Аз ин рў дар услуби илмӣ маъмулан образнокӣ, ифодаҳои эксперссивӣ вуҷуд надоранд, калимаҳо асосан ба маънои аслиашон ба кор бурда мешаванд ва аз ҷумла истилоҳот якмаъноии матнро таъмин карда метавонад.

Талаботи сахт нисбат ба дақиқӣ дар услуби илмӣ доираи истифодаи ифодаҳои образноки (метафора, эпитет, қиёсҳои бадеӣ, зарбулмасалу мақолҳо) забонро маҳдуд месозад. Баъзан ин унсурҳо ба услуби илмӣ ворид мешаванд, зеро услуби илмӣ на танҳо ба дақиқбаёнӣ, балки ба эътимоднокӣ ва исботкунӣ низ  такя мекунад. Баъзан он унсурҳо барои амалӣ сохатани талаботҳои возеҳӣ ва осонфаҳм шудани фикр ёрӣ мерасонанд. Эмотсиянокӣ (таъсирбахшӣ) мисли экспрессивият дар услуби илмӣ, ки ба таври объективона ва интеллектуалӣ баён кардани маълумоти (иттилои) илмиро талаб мекунад, дар муқоиса ба дигар услубҳо фарқ мекунад. Дарки асари илмӣ низ метавонад, ки то як андоза ҳиссиёти хонандаро бедор созад, аммо ин аксуламал ба эмотсияи муаллиф нест, балки шинохти ё дарки худи далели (факти) илмӣ аст. Майл доштан ба маҳдуд кардани доираи истифодаи «ман» – и муаллиф ҳамчун этикет нест, балки зуҳуроти муҷаррад ва типии хоси услуби илмӣ мебошад. Ки шакли тафаккурро ифода мекунад. Яке аз хусусиятҳои хоси услуби илмӣ фаровон будани истилоҳот (аз ҷумла истилоҳоти байналмилалӣ) аст. Лексикаи итилоҳӣ ба ҳисоби миёна 15-25 % – и лексикаи умумии дар кори илмӣ истифодашударо ташкил медиҳанд.Дар услуби илмӣ истифодаи лексикаи абстрактӣ нақши бориз дорад. Аз ҷиҳати морфологӣ шаклҳои кўтоҳ, сарфаи воситаҳои забонӣ бештар нуфуз доранд. Барои алоқаманд кардани қисмҳои матн воситаҳои махусусе (калимаҳо, таркибҳо, ибораҳо ва ҷумлаҳо), ки ба пайдарпайии инкишофи фикр (монанди, дар аввал, қаблан, баъд, мибаъд, қабл аз ҳама, пешакӣ, пеш аз ҳама, дар баробари ин ва ғ.), ба робитаи иттилои қаблӣ ва минбаъда (чӣ тавре, ки гуфта шуд,  чӣ тавре, ки ишора шуд, мавриди мутолиа қарордошта ва ғ.), ба муносибатҳои сабабиву мақсадӣ (хулоса, дар натиҷа, аммо, барои ин, тавассути ин, дар робита бо ин, ва ғ.), ба гузаштан ба мавзўи нав (акнун баррасӣ мекунем, мегузарем ба… ва ғ.), ба наздикӣ, шаюоҳати Аше, шароит, муҳит, аломатҳр (он, ҳамон, чунин, ҳимин хел, дар он ҷо, ин ҷо ва ғ.) ишорат мекунанд, истифода мешаванд.

Жанрҳое, ки дар услуби илмӣ истифода мешаванд

Матнҳои илмӣ дар шакли асарҳои олоҳидаи хатмшуда таҳия мешаванд, ки сохтори онҳо ба аломати жано тобеъ аст. Жанрҳои илмӣ: монография, мақолаҳо барои маҷаллаҳо, тақриз, китобҳои дарсӣ, лексия, гузориш, ахбори иттилоотӣ, (дар бораи симпозиум ва конфронси доиргашта), рисолаҳо, ҳисоботи илмӣ. Ин жанрҳои матни ибтидоӣ, яъне бори аввал аз тарафи муаллиф эҷодкарда  дохил мешаванд. Матнҳои дуввумӣ, дар асоси маълумоти аллакай мавҷудбуда таълиф мешаванд: реферат, автореферат, конспект, тезис, аннотатсия. Ба жанрҳои таълимӣ –илмӣ лексия, гузоришҳои семинарӣ, кори курсӣ ва ғ. дохил мешаванд.

Таърихи услуби илмӣ.

Дар ибтидо баёни услуби илмӣ бо услуби адабӣ осори бадеӣ наздик буд. Ҷудошавии онҳо дар давраи александрия, вақте ки ба забони юнонӣ, ки дар он замон паҳншудатарин буд, сохтани истилоҳоти илмӣ сар шуд. ба амал омад,

Минбаъд он бо воситаҳои забони лотин, ки забони байналмилаии асримиёнагӣ буд, мукаммал гашт. Дар давари Эҳё муаллифон мекўшиданд, ки  осори илмии худро ихчам ва дақиқ, орӣ аз унсурҳои тасвирҳои эмотсионалӣ- бадеӣ баён кунанд. Ин кор ба оҳистагӣ сурат мегирифт. Маълум аст, ки тавсифҳои ниҳоят «бадеии» Галилей Кеплерро ба ғазаб меовард, Декарт бошад, чунин ҳисоб мекард, ки услуби исботкуниҳои Галилей аз ҳад зиёд «беллетризован» аст. Таълифоти мантиқии Нютон намунаи беҳтарини нигоришоти илмӣ гашт.

Дар Россия услуби илмӣ аз асри ХVIII сар карда ба ташаккулёбӣ шурўъ кард. Аз ҳамин давра аз тарафи муаллифон ва тарҷумонҳо истилоҳоти илмӣ сохта шудааст. Дар нимаи дуюми асри ХVIII Ломоносов М.В. ва шогирдонаш дар ин самт корҳои назаррасеро анҷом доданд, вале ташаккули пурраи истилоҳоти илмии забони руссӣ дар нимаи дуюми асри ХIХ ба вуқўъ пайваст.

  1. Мо аз забони илм ҳамчун воситаи илм чӣ мехоҳем?

Ибораи «забони илм» хеле зиёд истеъмол мешавад. Вай чи маъно дорад? Оё илм дар ҳақиқат ягон забони махсус дорад, ки аз забони маъмулӣ фарқ кунад, чӣ бартарӣ дорад? Ба ин саволҳо мо бояд ҷавоб бигўем.

Аввалан дар бораи умумн забон ҳарф мезанем, воқеан азбонро барои ба мақсадҳои гуногун расидар истифода мекунем. Масалан, шоир барои ифодаи дар хонанда ё шунаванда бедор нардани ҳиссиёти ҳамдардӣ, маҳзуншавӣ, сиёсатмадорон барои ба хоанада талқин кардани амали боақлона ва манфиатноки ақидаҳои худ (агар он ақидаҳо оқилона ва муфид ҳам набошанд), олимон барои тавсифи далелҳо ва нишон додани робитаи мутақоьилаи онҳо ва ғ. аз забон ҳамчун воситаи баён истифода мекуннанд. Вобаста ба ин мақсадҳо аз забон ба таври гуногун талаботҳо пеш меоянд.

Шоир аз забон пурманоӣ ва фасоҳатро, яъне қобилияти возеҳу равшан расонидани тафаккур ва ҳиссиётро, сиёсатмадор бо иттилои камтарин эмотсияи максималиро, одимон дақиқӣ ва мафҳум буданро талаб мекунанд.

Мафҳум будан ба маънои соддабаёнӣ нест.

Услуби илмӣ яке аз намудҳои функсионалии нутқ буда, ба соҳаи илм ва истеҳсолот хизмат мекунад. Вай дар матнҳои китобии махсус дар жароҳои гуногун ба кор буода мешавад.

Илм соҳаи махсуси фаъолияти мнсон аст. Вай дар бора иолами атроф маълумоти ҳақиқӣ ва боэътимод медиҳад. Гарчанде қонуниятҳои олами алрофро на банҳо тавассути усулҳои илмӣ, балки бо усулҳои дигар низ дарёфтан мумкин аст, вале маҳз илм ба интеллект ва мантиқ нигаронида шудааст. Матнҳои илмӣ ба хонандаи касбӣ- мутахассисон нигаронида мешавад. Ҳамин тавр, хусусияти асосии у.и. ё забони илм ин дақиқбаёнӣ ва объективият аст.

Матни илмӣ чӣ гунна таҳия мешавад? Сюжети матни илмӣ ғайриоддӣ астя: муаллиф хонандаро ба раванди ҷустуҷўйи ҳақиқат ошно месозад. Хонанда бояд аз паси муаллиф равад, ба таври мантиқӣ муносибат куна два хулосаи зарурӣ барорад.

Композитсияи матни типии илмӣ аз марҳилаҳои пайдарпайи таҳқиқотиборат аст:

  1. дарк кардани проблема (масъала, вазифа) ва мақсадгузорӣ –«муқаддима»
  2. Ҷустуҷўи роҳҳои ҳалли проблемаҳо, интихоби вариантҳои имконпазир ва пешниҳод кардани фарзияҳо (гипотеза) –«қисми асосӣ»
  3. ҳаллу фасл кардани вазифаи (мақсади) пажуҳиш

Истилоҳшиносӣ

Терминология илмест, ки лексикаи махсусро аз нуқтаи назари типология, пайдоиш, шакл, мазмун (моҳият) ва фаъолияташон, ҳамчунин истифода ва танзиму сохтани онро меомўзад.

Ибтидои истилоҳшиносӣ ба номи донишманди австрягӣ Ойген Вюстер  ва олими рус Димитрий Семёнович Лотте алоқаманд аст, онҳо аввалин пажуҳишҳои худро дар солҳои 30-юми асри ХХ ба анҷом расонидаанд. Ҳоло ба таҳияи назарияи истилоҳшиносӣ як қатор мактабҳои миллӣ, мисли мактабҳои австрягиву олмонӣ, франко-канадагӣ, россиягӣ, чехославакиягӣмашғуланд, онҳо ҷанбаҳо ва самтҳои лексикаи махсусро бо диди гуногун таҳқиқ мекунанд. Дар байни онҳо мактаби Россия мавқеи асосӣ дорад, шогирдони ин  мактаб зиёда аз 2300 рисола ҳимоя кардаанд (С.В.Гринев Гриневич … 2006) ва иерминологияи пешрафта дорад, қариб 3500 мстилоҳ (С.В.Гринев,2001).

Ҳоло дар терминология самтҳои мустақили истилоҳшиносӣ мавҷул аст, монанди истилоҳшиносии назариявӣ, ки қонуниятҳои инкишоф ва истифодаи истилоҳоти лексикаи махсусро фаро мегирад, истилоҳшиносии амалӣ дар асоси он бунёд гашта, принсипҳои амалӣ ва тавсияҳо ҷиҳати бартараф кардани нуқсонҳои истилоҳот ва истилоҳшиносӣ, тавсифи онҳо, арзёбии онҳо, таҳриру танзим, тарҷума ва истифодабарии онҳоро таҳқиқ мекунад.

Истилоҳшиносии умумӣ хусусиятҳо, проблема ва протссесҳои нисбатан умумии лексикаи махсусро меомўзад, истилоҳшиносии хусусӣ ё соҳавӣ бошад, ба омўзиши лексикаи махсус ва мафҳумҳои соҳаи ҷудогонаи дониши забони мушаххас машғул аст.

Истилоҳшиносии типологӣ ба омўзиши муқоисавии хусусиятҳои терминологияи алоҳида, ба мақсади барқарор кардани хусусиятҳои умумии терминология  ва хусусиятҳои терминологияи алоҳида, ки ба хусусияти соҳаи дониши инъикоскунандааашон вобастаанд, мавриди омўзиш қарор медиҳад. Истилоҳшиносии муқоисавӣ бошад, ба омўзиши муқоисавии хусусиятҳои умумӣ ва махсусиятҳои лексикаи махсуси забонҳои гуногун машғул мебошад, масалан, руссӣ –англисӣ.

Истилоҳшиносии семасиологӣ ба омўзиши проблемаҳои ба маъно (семантика) –и лексемаҳои махсус алоқаманд, тағйирёбии маъно ва зуҳуроти имконпазири семантикӣ – полисемия, омонимия, синонимия, антонимия ва гипонимия машғул аст.  Истилоҳшиносии ономасиологӣ шаклҳои сохтории лексикаи махсус, протссесҳои номгузории мафҳумҳои махсус ва интихоби нисбатан оптималии номгузориро меомўзад.

Истилоҳшиносии таърихӣ таърихи истилоҳотро барои муайян кардани тамоюли тавлидшавӣ ва инкишофи онҳо бо дар назардошти додани тавсияҳои дуруст дар танзими онҳо меомўзад. Ҳоло дар заминаи натиҷаҳои ин самт фанни мустақили лингвистӣ – антрополтнгвистика пайдо шудааст.

Истилоҳшиносии функсионалӣ ба омўзиши функсияҳои муосири истилоҳ дар матнҳо ва ситуатсияҳои мухталифи муносибатҳои касбӣ ва тайёр кардани мутахассисон, ҳамчунин хусусиятҳои истифодабарии истилоҳот дар системаи компютерӣ  машғул аст.

Дар ҳоли ҳозир як қатор самтҳои нав ба вуҷуд омадаанд, ки дар байни онҳо самти истилоҳшиносии когнитивӣ ё гносеологӣ ҷудо шуда меистад, вай ба омўзиши мавқеи истилоҳот дар идрок ва тафаккури илмӣ сару кор дорад.Ҳамчун фасли мустақили истилоҳшиносӣ назарияи истилоҳшиносии матнро низ ҷудо кардан мумкин аст,назарияест дар байни истилоҳшиносӣ ва назарияи хусусии матн ва ба омўзиши масъалаҳои типологияи матнҳои истилоҳдор , таҳлили истилоҳии матн, инчунин таърихи истилоҳот – фасли истилоҳшиносӣ, ки ба таърихи ташаккул ва таҳаввули восита, усулҳо ва сохтори истилоҳшинос, мавқеи он дар системаи илмҳо, тащаккули назария ва принсипҳои вай, инчунин мактабҳои алоҳидаи истилоҳшиносӣ машғул аст (В.М.Лейчик, 1989,2006; С.В. Гринев, 1994).

Терминография бо  истилоҳшиносӣ алоқаи зич дорад, вай илм дар бораи сохтани луғатномаҳои лексикаи махсус аст. Як гурўҳ муҳаққиқон терминографияро ҳамчун як фасли истилоҳшиносӣ меҳисобанд. Аксари прблемаҳои аз тарафи истилоҳшиносон таҳкиқшаванда дар амалияи сохтани луғатҳои махсус буруз кардаанд ва ҳаллу фасли ин проблемаҳо ба усули сохтани луғат таъсир мерасонад.  Илова бар ин ҳар як соҳаи  лексикаи махсус ҳатман бо терминография алоқамандӣ дорад, чунки натиҷаи кори ошкорсозӣ,таҳқиқртва танзими истилоҳот маъмулан дар шакли луғат муиаттаб мешавад.

Дар натиҷаи омўзиши соҳаҳои гуногуни лексикаи махсус муқаррар гардид, ки дар баробари истилоҳот воҳидҳои дигари лексикаи махсус низ мавҷуд аст. Онҳоро номен (Г.О.Винокур,1939), профессионализм (Н.П.Кузмин,1970), арготизмҳои профессионалӣ(Л.И.Сквортсов, 1972), жаргонизмҳои прфессионалӣ (Н.М.Гладкая, 1977), предтермин ва квазитермин (В.М.Лейчик (1981), терминоидҳо (А.Д.Хаютин), прототерминҳо (С.В.Гринев,1990) номиданд. Ин лексемаҳои махсус ва истилоҳот як катор аломатҳои мушобеҳ, вале фарқият низ доранд.

Термин (истилоҳ) –калима ё ибораи номинативие (исм ё ибораи асосаш исм) мебошад, ки барои номгузории мафҳумҳои умумӣ ба кор бурда мешаванд.

Номен   – ин номгузории мафҳумҳои ҷудогона ва маҳсулои мушаххаси оммавӣ, ки тибқи ҳамон як намуна истеҳсол мешаванд (Канделаки 1970). Фарқи байни термин ва номен ин аст,ки номенҳо мафҳумҳои алоҳида ва терминҳо мафҳумҳои умумиро ифода мекунанд.

Предтерминҳо – инҳо лексемаҳои махсусусе мебошанд, ки ба сифати истилоҳ барои ифодаи мафҳумҳои нав истифода мешаванд, вале ба талаботҳои асосии истилоҳ ҷвавб дода наметавонанд. Ба сифати предтермин асосан истифода мешаванд:  а) ибораҳои тавсифӣ – ибораҳи бисёркалимаи номинативӣ,ки барои ифодаи мафҳум истифода мешавад ва имконият медиҳад, ки моҳияти он ба таври дақиқ тавсиф карда шавад, аммо талаботи муҷазӣ, кўтоҳбаёниро ҷавбгў нест: б) ибораҳои пайваст: в) таркибҳое, ки ибораҳои сифати феълӣ ва феъли ҳол доранд. Предтерминҳо барои ифодаи номи истилоҳоти нав, ки фавран ё ба зудӣ барои ифодаи онҳо итилоҳи муврфиқ ёфта намешава истифода мешаванд.  Предтерминҳо дар муқоиса аз терминҳо бо хусусиятҳои  муваккатӣ буданашон, шакли ноустувор доштанашон, ҷавбгў набудан ба талаботи муҷазбаёнии истилоҳот ва аз тарафи умум қабулшудагӣ, баъзан бетарафии услубиашон фарқ мекунанд. Аксар маврид предтермнҳоро терминҳо иваз мекунанд. ё танг карда доираи истеъмолашонро маҳдуд месозанд. Дар мавридҳои дигар бошад, ба термин ивазшавии воҳиди луғавие, ки ба талаботи истилоҳот бештар ҷавбгў аст, тўл мекашад ва предтермин дар лексикаи махсус хусусияти устуворӣ пайдо карда, ба квазитермин (истилоҳоти козиб) табдил меёбад.

Мавқеи профессионализмҳо мураккаб аст, онҳоро баъзе мутахассисон а) бо истилоҳот айният медиҳанд, як чиз медонанд,  б) бо воҳидҳои лексикаи касбу кор дохил мекунанд, в) ба лексикаи махсуси  ғайри номинативӣ дохил мекунанд (феъл, зарф,сифат), г) ба лексикаи махсуси ненормированный, яъне ғайримеъёрӣ,ки танҳо дар нутқи шифоҳии профессионалӣ дар муҳити ғайрирасмӣ истифода мешавад ва аксар вақт дорои коннотатсияи эмотсионалӣ –экспрессивӣ аст. Як намуди профессионализм ин жаргонизми профессионалӣ ба ҳисоб менавад, вай қобилияти характери меъёрӣ гирифтанро надорад ва гўяндагон хусусияти муваққтӣ дощтани онро ҳис мекунанд.

 

Leave a Reply