0 Comments

Агар шарбате боядат судманд,
Зи лой шунав нӯшдоруи панд.
Зи парвезани(ғарбел) маърифат бехта,
Ба шаҳди зарофат баромехта.

  1. Эй азизон, умр ғанимат шумаред!
  2. Вақт аз даст мадиҳед!
  3. Айши имрўз ба фардо маяндозед.
  4. Рўзи нек ба рўзи бад мадиҳед.
  5. Подшоҳиро неъмат ва ғанимат ва тандурустӣ ва эминӣ 166 донед.
  6. Ҳозири вақт бошед, ки умри дубора нахоҳад буд.
  7. Ҳар кас, ки поя ва нисбати худро фаромўш кунад, ба ёдаш маёред.
  8. Бар худписандон салом мадиҳед!
  9. Замони нохуширо ба ҳисоби умр машмаред!
  10. Мардуми хушбош ва сабукрўҳ ва каримниҳод ва қаландармизоcро аз мо дуруд167 диҳед!
  11. Тамаъ аз хайри касон бибурред, то ба риши ҷаҳониён тавонед хандид.
  12. Гирди дари подшоҳон магардед ва атои эшон ба лиқои дарбонони эшон бахшед!
  13. Ҷон фидои ёрони мувофиқ кунед!
  14. Баракати умр ва рўшноии чашм ва фараҳи 168 дил дар мушоҳидаи некўвон донед!
  15. Абрў дарҳамкашидагон ва гиреҳ дар пешони оварандагон ва суханҳои ба ҷидгўён ва туршрўён ва каcмизоҷон ва бахилон ва дурўғгўён ва бададабонро лаънат кунед!
  16. Хоҷагон ва бузургони бомурувватро ба риш тизед!
  17. То тавонед, сухани ҳақ магўед, то бар дилҳо гарон машавед ва мардум бесабаб аз шумо наранҷанд.
  18. Сухани шайхон бовар макунед, то гумроҳ нашавед ва ба дўзах наравед!
  19. Дасти иродат дар домани риндони покбоз занед, то растагор шавед.
  20. Аз ҳамсоягии зоҳидон дурӣ ҷўед, то ба коми дили худ хоҳед зист.
  21. Дар кўчае, ки манора наздик бошад, висоқ169 магиред, то аз дарди сари муаззинони бадовоз эмин бошед.
  22. Мастонро даст гиред!
  23. Чандон ки ҳаёт боқист, аз ҳисоби меросхорагон худро хуш доред!
  24. Муҷаррадӣ ва қаландариро мояи шодмонӣ ва асли зиндагонӣ донед!
  25. Худро аз банди ному нанг бираҳонед, то озод тавонед зист.
  26. Дар хонаи марде, ки ду зан дорад, осоиш ва хушдилӣ ва  баракат маталабед!
  27. Ҳокиме одил ва қозие, ки ришват наситонад ва зоҳиде, ки сухан ба риё нагўяд ва ҳоҷибе,170 ки бодиёнат бошад… дар ин рўзгор маталабед!
  28. Ҳар дағо,171 ки битвонед дар нард ва қимор бикунед, то муқомири 172 тамом гуфта шавед ва агар ҳариф сахт шавад, савганди сеталоқ бихўред, ки савганд дар қимор шаръ, нест.
  29. Мардуми бисёргўй ва суханчин ва сифла ва маст ва мутрибони нохушовози заллабанд,173 ки таронаҳои муқаррар гўянд, дар маҷлис магузоред!
  30. Аз маҷлиси арбада 174  бигрезед!
  31. Бар лаби ҷўй ва канори ҳавз маст наравед, то магар дар ҳавз наяфтед.
  32. Бо шайхон ва навмолон ва фолгирон ва мурдашўён ва кингиразанон 175 ва шатранҷбозон ва давлатхўрдагон ва бозмондагони хонадонҳои қадим ва дигар фалакзадагон сўҳбат мадоред!
  33. Ростӣ ва инсоф ва мусулмонӣ аз бозориён маталабед!
  34. Аз фарзанде, ки фармон набарад ва зани носозгор ва хизматгори ҳуҷҷатгир ва чорпои пир ва коҳил ва дўсти беманфиат бархурдорӣ тамаъ мадоред!
  35. Ҷавонӣ беҳ аз пирӣ, сиҳат беҳ аз беморӣ, тавонгарӣ беҳ аз дарвешӣ, ғаррӣ беҳ аз қалтабонӣ, мастӣ беҳ аз махмурӣ, ҳушёрӣ беҳ аз девонагӣ донед!
  36. Ҳаҷ макунед, то ҳирс бар мизоҷи шумо ғалаба накунад ва беимон ва бемурувват нагардед.
  37. Аз дайюс, ор мадоред, то рўз беғам ва шаб бефикр тавонед зист!
  38. Дар моҳи рамазон шароб дар баробари мардум махўред, то мункири шумо нашаванд.
  39. Дар ростӣ ва вафодорӣ муболиға макунед, то ба қуланҷ176 ва дигар амроз 177 мубтало нашавед.
  40. Аз миннати хешон ва суфраи хасисон ва гиреҳи пешонии хидматгорон ва носозгирии аҳли хона ва тақозои 178   қарзхоҳон гурезон бошед!
  41. Ба ҳар ҳол аз марг бипарҳезед, ки аз қадим маргро макрўҳ доштаанд.
  42. Худро то зарурат набошад, дар чоҳ маяфканед, то сару пой маҷрўҳ нашавад.
  43. Калимоти шайхон ва бангиён дар гўш магиред…!
  44. Ҳазл хор мадоред ва ҳаззолонро 179 ба чашми ҳақорат мангаред!

45……

100. Зинҳор, ки ин калимот ба самъи ризо дар гӯш гиред, ки каломи бузургон аст ва бад-он кор бандед!

Ин аст, он чи мо донистаем аз устодон ва бузургон ба мо расида ва дар китобҳо хонда ва аз сирати бузургон ба чашми хеш мушоида кардаем, дар ин мухтасар ёд кардем, то (ки) мустаидон аз он баравар гарданд.

БАЙТ

Насиҳат некбахтон ёд гиранд,
Бузургон панди дарвешон пазиранд…

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован.