Умумӣ

Тавзеҳи «Тӯҳфат-ул-аҳрор»-и Ҷомӣ.

Ин достон сеюмин достони «Ҳафт авранг»-и Ҷомӣ буда, он дар пайравии «Махзан-ул-асрор»-и Низомӣ ва «Матлаъ-ул-анвор»-и Хусрави Деҳлавӣ навишта шудааст. Ҳамчунон ки аз номи маснавӣ пайдост, асар ба Хоҷа Аҳрор эхдост ва дар баҳри сареъи мусаддаси матвии макшуф ё мавкуф таълиф гардидааст. Санаи таълифи асар соли 1481 буда, теъдоди абёти маснавӣ 1712 байт аст.

Маснавии мазкур аз муқаддима, 20 боб ва хотима иборат буда, ба масъалаҳои муҳими ирфону тасаввуф, фалсафаву ахлоқ ва таълиму тарбия бахшида шудааст. Ҳамаи ҳикоёти марказӣ ва илҳоқии асар ирфонӣ-ахлоқӣ буда, камолоти маънавии инсон ва паймудани марҳалаҳои он, тазкия ва тасфияи нафс дар асар мақом дорад.

Leave a Reply