Умумӣ

Таърихи Тоҷикистон

Аҷдодони тоҷикон аз қадимулайём дар сарзамини ҳозираи Тоҷикистон ва дигар чумҳуриҳои Осиёи Миёна сукунат доштанд. Соли 1980 дар вилояти Кўлоб, наздикии Ховалинг ҳангоми ҳафриёти археологй бозёфтҳое ба даст омаданд, ки далели ҳанўз ним миллион сол пеш дар замини Тоҷикистон зиндагӣ кардани одамони ибтидоӣ буданд. Дар кўҳсори Тоҷикистон ёдгориҳои давраи мезолит ва неолит ёфт шуданд. Ду қабати поёнии мадании бошишгоҳи Тутқавул, наздикии Норак (ҳазораҳои Х-VII то мелод) ба давраи мезолит мансубанд. Ҳанўз дар асри санг маскуншавии баландкўҳҳо, аз ҷумла Помир оғоз мегардад. Дар Помири шарқй дар баландии 4200 метр аз сатҳи баҳр қароргоҳи шикорчиёни кўчманчӣ – Ошхона ифтитоҳ гардид. Дар мағораи Шахта тасвирҳои рўисангии мансуб ба неолити ибтидоӣ ёфт шуданд. Дар онҳо ҳайвоноти тирхўрда ва шикорчиён тасвир шудаанд.
Барои кўҳсор ва доманакўҳҳои Тоҷикистон маданияти давраи неолит хос буд, ки он маданияти ҳисор номида шудааст. Намояндагони ин маданият, ба ақидаи баъзе олимон, бо чорводорию зироаткорӣ машғул буданд. Айни замон шикор дар хоҷагии онҳо нақши калон мебозид. Дар маҳалли биёбонии Қайроққум, шимоли Тоҷикистон боқимондаҳои сершумори қароргоҳҳои аҳди биринчӣ таҳқиқ шуданд. Аксари онҳо ба охири ҳазораи III ва аввали ҳазораи II пеш аз мелод мансубанд. Намояндагони маданияти қайроққуми аҳди биринчӣ асосан бо чорводорӣ машғул буданд, вале айни замон аз зироату кори маъдан – пўлодгудозию кулолӣ низ огоҳӣ доштанд. Дар чануби Тоҷикистон, дар поёноби дарёи қизилсу, Вахш ва Кофарниҳон маданияти дигар, маданияти бишкентии аҳди биринчӣ бо зироаткорӣ, қароргоҳҳои мустаҳкам, дараҷаи баланди истеҳсоли сафолот вусъат ёфта буд. Ин маданият ба ёдгориҳои аҳди биринчии Туркманистони ҷанубӣ ва Осиёи ҷанубу ғарбӣ наздик аст.
Дар нимаи аввали ҳазораи I то мелод аҷдодони тоҷикони ҳозира – бохтариҳову суғдиён аҳолии асосии давлатҳои қадимтарини ғуломдории Осиёи Миёна – Бохтар ва Суғд буданд. Бохтар қисмҳои марказӣ, чанубӣ ва шарқии Тоҷикистони ҳозира (ҷануб ва ҷанубу шарқтар аз қаторкўҳҳои Ҳисор) ва Суғд – ҳавзаи Зарафшон, Қашқадарё ва музофоти шимолии қаторкўҳҳои Ҳисорро фаро мегирифтанд. Аҳолии қадимаи водии Фарғона (музофоти Даван), ҳамчунин қабилаҳои сершумори кўчманчӣ ва нимкўчманчии сакҳо – сокинони Помир, Тиёншон ва Сирдарё аҷдодони тоҷикон буданд. Забони ин халкиятҳо ба шохаи шарқии гурўҳи забонҳои эронӣ тааллуқ дошта, аз забони тоҷикии дертар ташаккулёфта фарқ мекарданд.
Дар асри VI пеш аз мелод шоҳ Куруш Бохтар ва Суғдро забт намуда, онҳо ба давлати форси ҳахоманишиён дохил мегарданд. Дар асри VI пеш аз мелод онҳо як қисми давлати Искандари Мақдунй шуда, аз асри III пеш аз мелод ба давлати ворисони ў – салчуқиҳо дохил мегарданд. Баъдтар аз он салтанати Юнону Бохтар чудо мешавад. Миёнаҳои асри 11 пеш аз мелод дар натиҷаи муборизаи озодихоҳонаи бохтариҳову суғдиён ҳокимияти мақдуниҳо дар Юнону Бохтар сарнагун мешавад. Тохариҳои ба Бохтар якҷоя бо қабилаҳои массагетҳову сакҳо омада дар озодкунии мамлакат ва ҳаёти минбаъдаи сиёсӣ нақши калон бозиданд. Аз асри IV сар карда Бохтар Тохаристон номида мешуд. Тохариҳо чун ҷузъи асосӣ ба халқияти нав ташаккул ёфтаистодаи тоҷикон дохил мегарданд. Сипас Тохаристон якҷоя бо қисми зиёди Осиёи Миёна, қаламрави Афғонистони ҳозира ва Ҳиндустони шимолй дар ҳайати давлати бузург бо сарварии сулолаи кўшониён буд. Ин замони нашъунамои иқтисодиёту маданият, ривоҷёбии алоқаҳо бо Аврупои шарқй, Рум, Чин ба ҳисоб меравад. Ёдгориҳои бостоншиносии замони кўшониён пайвастани санъати осиёмиёнагй, юнонй ва ҳиндиро инъикос менамоянд.
Дар асрҳои VI-V ба Суғд ва Тохаристон қабилаҳои даштнишини ҳафтолиён меоянд, аз асри VI бошад дар ин сарзамин ҳокимияти Ҳоқонии турк барқарор мегардад. Дар асрҳои V-VI раванди феодализатсия торафт бештар вусъат меёбад. Аз асри VI то нимаи дуюми асри Х1Х дар қаламрави Тоҷикистони ҳозира муносибатҳои феодалй бо то андозае нигоҳ дошта шудани зуҳуроти боқимондаи кўҳна, нақши калони ҷамоат, ғуломдорӣ ҳукмрон буданд. Болоравии иқтисодиёт, ки асрҳои VI-VII, қабл аз истилои араб ба амал меомад, боиси боз ҳам бештар ба табақаҳои иҷтимоӣ ҷудо шудан мегардад. Аъёну ашрофи заминдор обу заминҳои обёришавандаро азони худ мекарданд.
Баробари болоравии иқтисодиёт маданият пеш рафта, шаҳрҳо тараққӣ мекарданд. Панҷакент яке аз марказҳои маданияти ибтидоии асримиёнагии Осиёи Миёна буд. Қасру иншоотҳои мазҳабӣ, толорҳои бошукўҳ, ҳайкалу мусаввараҳои рангин бо сужетҳои оиди мавзўи эпосҳо аз дараҷаи баланди маданияти бадеӣ, санъат ва меъмории он замон далолат медиҳанд. Ёдгории катибаҳои Суғд, ки дар вақти кофтукови Калъаи Муғ ёфт шуданд, ба аввалҳои асри VIII мансубанд. Қалъаҳои феодалони асри миёнаи ибтидоӣ хеле мустаҳкам карда шуда буданд (масалан Қалъаи Болои шаҳри Исфара).
Аз нимаи дуюми асри VII суғдиёну тохариҳо чун халқҳои Осиёи Миёна муқобили ғосибони араб мубориза мебурданд. Вале ханўз то миёнаҳои асри VIII арабҳо Осиёи Миёнаро истило намуда, ба ҳайати хилофат дохил карданд. Халқҳои Осиёи Миёна ба зўран ҷорӣ карда шудани дини ислом, забони арабй сахт муқобилият нишон медоданд, бар зидди ҳокимони араб исён мебардоштанд. Алалхус шўриш таҳти роҳбарии Муқаннаъ (солҳои 770-780) хеле тўлонӣ буд. Истилогарон ёдгориҳои маданиро несту нобуд мекарданд, шаҳрҳоро харобу валангор месохтанд, аз аҳолӣ андозҳои сершумори беинсофона ситонида, ба корҳои иҷборӣ ҷалб мекарданд.
Асрҳои IX-X сарзамини ҳозираи Тоҷикистон ба ҳайати давлати бузурги Сомониён дохил буд, ки он вилоятҳои калони таърихию маданӣ – Мовароуннаҳр (байни дарёҳои Ому ва Сир) ва Хуросонро (сарзамини ҷанубу ғарбии дарёи Ому) ташкил мекард.
Дар ин давра Самарқанду Бухоро марказҳои калонтарини касбу ҳунар ва савдо, ҳамчунин илм, адабиёт ва санъат буданд. Дар доираи давлати Сомониён раванди ташаккулёбии халқияти тоҷик анчом ёфта, дар он паҳншавии забони тоҷикии ғарби эронии то ин замон бавуҷудомада нақши муҳим мебозид. Он ба тадриҷ забонҳои маҳаллии шарқи эрониро танг карда мебаровард ва дар аҳди Сомониён забони ҳукмрон гардид. Маданият, илм, адабиёт ва санъат бо ҳамин забон нашъунамо меёфт.
Дар вилоятҳои назди Помир равандҳои этникӣ андаке бо роҳи дигар пеш мерафтанд. Бинобар ҷудоии чуғрофӣ ва як қатор сабабҳои ичтимоиву иқтисодӣ ин вилоятҳо то асри Х дар гўшаю канори ташаккули этникии тоҷикон боқӣ монданд. Аз ҳамин сабаб дар инҷо халқиятҳои мустақили дорои забони худ ба вуҷуд омаданд, ки он аз забони тоҷикии шарқи эронӣ фарқият дошт. Дар маданияти хосаи аҳолии Помири ғарбӣ таъсиру нуфузи Тохаристон, алалхусус маданияти давраи кўшониён хеле назаррас аст. Маскуншавии водиҳои душворгузари Панҷи боло дар шакли як қатор мавҷҳои мухочиратӣ ба амал меомад, ки он аз ҷониби ғарб, аз қаламрави Афғонистони ҳозира, Эрон ва ноҳияҳои ҷанубии Тоҷикистон паҳн мегардид.
Асрҳои Х-Х111 сарзамине, ки тоҷикон сукунат доштанд, ба ҳайати чандин давлатҳои Осиёи Миёна, мисли ғазнавиҳо, қарохониҳо, ғуриҳо, қарохитоиҳо дохил буд. Ҳуҷуми қўшунҳои Чингизхон дар асри ХIII ба муқобилияти сахти ҳамаи халқҳои Осиёи Миёна дучор омад. Истилогарон шаҳру деҳот, иншоотҳои обёрикуниро ба харобазор табдил дода, аҳолиро қир мекарданд. Сарзамини Тоҷикистон ба улуси Чағатои давлати муғулҳо дохил карда шуд.
Аз охири асри ХIII ба доираи аҳолии муқимии тоҷикон то андозае гурўҳҳои этникии туркҳо ва турку муғулҳо сар медароранд. Дар баъзе ноҳияҳо ин ҳолат боиси туркгардонии тоҷикони водинишин мешавад. Дар манотиқи кўҳӣ ва шаҳрҳо ин раванди туркгардонӣ камтар зуҳур меёфт.
Дар асри XIV Тоҷикистон ба ҳайати давлати бузурги Темур ва дар асри XV ба қаламрави ворисони ў – темуриён меафтад, ки он аз Ҳинд то Волга ва аз Сурия то Хитой доман паҳн карда буд. Болоравии маданияти давлати темуриён бо фаъолияти набераи Темур – Улуғбек вобаста аст, ки дар нимаи аввали асри XV хукмронӣ мекард. Нашъунамои илм, алалхусус астрономия, эҷодиёти олимон, адибону рассомони машҳур, ки дар Самарқанду Ҳирот зиндагӣ мекарданд, ба ҳамин давра мансуб аст. Ва дере нагузашта маркази давлат ба онҷо, яъне ба Самарқанд гузаронида мешавад.
Дар асри XVI қаламрави Тоҷикистон ба давлати ўзбекони шайбонӣ бо пойтахташ Бухоро дохил мешавад. Дар ин давра хонигарии Бухорою Хива ва дертар, дар асри XVIII хонигарии Қўқанд ташкил меёбанд. Дар онҳо хонҳои сулолаҳои ўзбекӣ ҳукмронӣ мекарданд. Тоҷикон асосан дар хонигариҳои Бухорою Қўқанд зиндагӣ менамуданд. Барои хонигариҳои осиёмиёнагии асрҳои XVI-XVIII парокандагии феодалӣ, чангу низоъҳои тўлонӣ хос буданд. Чангҳои дохиливу хориҷӣ боиси харобшавии системаҳои обёрикунӣ, пастравии зироаткорӣ гардида, баъзан вилоятҳо батамом ғорат мешуданд. Ба синфҳо ҷудошавии ҷамъият пурзўр мегардид, деҳқонону косибони истисморшаванда ба заминдорони феодал, хону амалдорони онҳо, низомиёну рўҳониён муқобилият нишон медоданд. Деҳқонон – тоҷикону ўзбекҳо, ки дар заминҳои давлативу хусусӣ заҳмат мекашиданд, ба амалдорону бойҳо андозу хироҷҳои миёншикани ҳархела месупориданд, доимо қарздор буда, торафт бештар хонасалоту қашшоқ мешуданд. Корҳои мухталифи иҷборӣ: сохтмони қасрҳо, системаи обёрикунӣ, роҳсозӣ маъмул буданд.
Рентаи феодалӣ махлут буд: бегорӣ, коркардадиҳй ва пулӣ. Вазъияти деҳқонони чоряккор, ки барои қисми ночизи ҳосил дар замини бойҳо кор мекарданд, алалхусус вазнин буд. Ғуломдорӣ низ чой дошта, он танҳо баъди ба Русия ҳамроҳ карда шудан бекор мегардад. Зулму ситами бераҳмона, андозҳои вазнин боиси шўришу исёнҳо (соли 1758 дар Бухоро, аввали асри Х1Х дар Уротеппа, Хўҷанд ва дигар ҷойҳо) мегардиданд.
Таъсири пурзўри рўҳониёни иртиҷоъпараст ба ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти халқ ба инкишофу тараққии илму санъат таъсири манфӣ мерасонд, маданияти ин давра рў ба таназзул оварда буд.
Рақобати Англияву Русия барои вусъату ривоқ додани бозори фурўш ба Русия ҳамроҳ карда шудани Осиёи Миёнаро тезонид. Соли 1868 мувофиқи шартномаи байни Русияву Бухоро қисми зиёди қаламрави аморат ба ҳайати генерал – губернатории Туркистон дохил карда шуд. Амир аз ҳуқуқи муносибати мустақилона бо давлатҳои хориҷӣ маҳрум гардид.
Аморати Бухоро акнун бо заминҳои маҳдудгаштааш чун мулки тобею вобастаи Русия вуҷуд дошт. Қисми шимолии Тоҷикистони ҳозира ба Русия дертар ҳамроҳ карда мешавад. Ҳамон вақт пас аз фурў нишондани шўриши зиддифеодалии солҳои 1873-1876 дар Қўқанд заминҳои он ба вилояти Фарғона дар ҳайати генерал – губернатории Туркистон ҳамроҳ карда шуд. Соли 1886 дар Бухоро агентии сиёсии императории Русия ташкил мегардад. Соли 1895 бо муоҳидаи байни Русияву Англия сарҳади аморати Бухоро бо Афғонистон қад-қади дарёи Панҷ дар Бадахшон муқаррар гардид. Қисмҳои ҷанубу шарқӣ ва марказии Тоҷикистони ҳозира – Бухорои шарқӣ ва Помири ғарбӣ дар ҳайати аморати Бухоро боқӣ монда, соҳили чапи Дарвоз, қисмҳои соҳили чапи Вахон, Ишкошим, Шуғнон, Рўшон ба Афғонистон гузаштанд.
Ҳамроҳшавй ба Русия ҳам барои тоҷикон ва ҳам барои халқҳои дигари Осиёи Миёна аҳамияти калони мусбӣ дошт, чангу низоъҳои байнихудӣ барҳам хўрданд, раванди таназзули хочагии натуралии феодалӣ ва инкишофи унсурҳои муносибатҳои капиталистӣ оғоз ёфт. Тақвияти муносибатҳои иқтисодӣ, сиёсию маданӣ бо Русия ба инкишофи иттифоқи халқи заҳматкаши тоҷикон ва русҳо, ҳамчунин дигар халқҳои Русия, тавлиди синфи коргари тоҷик, шиносо шудани тоҷикон бо маданияти пешқадами инқилобию демократӣ мусоидат намуд.
Айни замон тоҷикон, чун дигар халқҳои Осиёи Миёна зери зулму истибдоди дукарата монданд. Акнун онҳоро ҳам истисморгарони худӣ ва ҳам ҳокимияти мутлақи шоҳ бо системаи истисмори иҷтимоиву иқтисодии халқҳои гўшаву канори Русия азобу шиканҷа медод. Тоҷикон дар ҳаракати миллии озодихоҳона иштирок доштанд. Шўришҳои охири асри ХIХ дар Уротеппа (соли 1875), уезди Хўҷанд (соли 1880), як қатор уездҳои Фарғона далели онанд. Деҳқонони аморати Бухоро низ зуд-зуд ба муқобили амир ва ҳокимони маҳаллӣ сар мебардоштанд. Шўриши соли 1885 дар Балҷувон таҳти сарварии Восеъ аз чунин ҳаракатҳои деҳқонӣ ба ҳисоб меравад.
Инқилоб ба Бухоро якҷоя бо Армияи Сурх омада, амирро сарнагун сохт ва соли 1920 Республикаи Халқии Советии Бухороро ташкил дод. Солҳои 1918-1926 ҷанги гражданӣ мерафт. Соли 1924 Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати РСС Узбекистон ташкил ёфт. Ба қаламрави республика 12 кенти кишвари Туркистон, Бухорои шарқӣ ва як қисми Помир дохил гардиданд. Маркази асосии сиёсию маданӣ – Бухоро ва Самарқанд дар дохили сарҳади Узбекистони Советӣ монданд.
Республикаҳои нав ташкилёфта, аз ҷумла РСС Тоҷикистон (аз соли 1929) аз рўи намунаҳои умумииттифоқӣ идора мешуданд, Айни замон бисёр анъанақои халқҳои мухталиф ба инобат гирифта намешуданд. Асосҳои нави саноатӣ гузошта шуданд, коллективонӣ анҷом ёфта, боиси аз байн рафтани деҳқонони мустақил гардид. Дар натиҷаи гузаронидани маъракаи маҳви бесаводӣ (солҳои 1926-1936) саводнокии мардум соли 1937 ба 72 фоиз расид. Маъракаи “Ҳуҷум (озодшавии занон)” оғоз гардида, системаи советии нигаҳдории тандурустӣ инкишоф меёфт. Дар замони советӣ Тоҷикистон комилан ба комплекси умумииттифоқии хоҷагии халқ ҳамроҳ шуда, пурра тобеи Марказ гардид.
Соли 1990 Тоҷикистон соҳибихтиёрии худро эълон кард. Пас аз “табадуллот”-и августи соли 1991 дар Москва Шўрои Олии Чумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи эълони мустақилияти давлатии ҶТ” қарор қабул намуд. Бо парокандашавии СССР муборизаи дурудароз барои ҳокимият оғоз ёфт. Тақобули шахсони баргузидаи кўҳнаи советӣ ва коалитсияи оппозитсионии исломистҳо, зиёиёни миллатчӣ ва доираҳои тиҷоратию соҳибкорӣ ба муборизаи гурўҳҳои минтақавӣ табдил ёфт.
Моҳи маи соли 1992 гирдиҳамоӣ ва гуфтушунидҳо дар Душанбе ба тақобули мусаллаҳона гузашта, баъдтар дар ноҳияҳо паҳн шуданд. Аз ҳамин давра эътиборан ва то ба имзо расидани созишнома дар бораи оташбас охири соли 1994 низоъҳои мусаллаҳона гоҳ-гоҳ ба вуқўъ мепайвастанд, алалхусус дар ҷануби Тоҷикистон. Моҳи ноябри соли 1994 раъйпурсии оиди қабули Қонуни асосӣ (конститутсия) ва интихоби президенти нав гузаронида шуд. Пас аз се моҳ, моҳи феврали соли 1995 интихобот ба Маҷлиси Олӣ (парламент) барпо гардид.

Leave a Reply