0 Comments

Таърих ва шиносоӣ бо асбобҳои аввалини ҳисобкунӣ

Одамон аз давраҳои қадим то ба имрўз доимо ба ҳисобкунӣ ва асбобҳои ҳисоббарорӣ эҳтиёҷманд буданд ва ҳастанд. Аввалин асбобҳои ҳисобкунӣ ниҳоят содда буданд. Бо ёрии онҳо фақат чор амали арифметикиро иҷро мекарданд. Мисоли ин гуна асбобҳо ангуштони панҷаи даст буда, якумин асбоби ҳисоббарор аст. Одамон ангуштони панҷаи дасти худро аз давраҳои ҷамъияти ибтидоӣ барои ҳисобкуниҳо истифода мебурданд. Бо ёрии онҳо рақамҳоро аз 0 то 9 байни худ ҷамъ ва тарҳ мекарданд. Барои ҳисобкуниҳо бо ададҳои аз 10 калон бо ангуштҳо мушкилиҳо ба амал меомаданд. Бинобар ин дар ҷамъияти ибтидоӣ одамон барои ҳисобкуниҳо сангчаҳоро истифода мебурданд. Ин сангчаҳоро даҳ донагӣ якҷоя дар шакли пирамида ҷойгир мекарданд. Ин асбоб номи «Пирамида аз сангчаҳо»-ро гирифтааст. Бо ёрии ин асбоб ададҳоро байни худ ҷамъ ва тарҳ мекарданд. Тахминан солҳои 1200-ум Чиниҳо (мардуми Хитой) ин сангчаҳоро сeрох карда, даҳтогӣ дар стержен ҷойгир мекарданд. Ин стерженҳоро ба рамкаи росткунҷашакл параллел пайваст мекарданд. Асбоби сохташуда номи Абакро гирифт. Абак ба счетҳои ҳозира монанд аст. Бо ёрии абак низ амалҳои ҷамъ ва тарҳ иҷро карда мешуд.

Аввалин асбобро барои иҷро намудани амали зарб Ҷон Непер (1550-1617, Шотландия) сохта буд. Ин асбоб чунин сохт дорад: дар болои чeбчаҳои ҳамвори росткунҷашакл ҷадвали зарб навишта шуда буд. Ин гуна чeбчаҳоро паси ҳам гузошта, ададҳои бисёррақамаро бо рақам зарб мекарданд. Ин асбоб номи «Чeбчаҳои Непер»-ро дорад. Тарзи иҷрои амали зарбро бо ёрии ин асбоб шарҳ медиҳем: бигузор рақами 6-ро ба адади 73 зарб кардан лозим бошад. Ҷадвали зарби рақамҳои 7 ва 3-ро паси ҳам мегузоранд. Аз қисми чапи чeбчаҳо зарби рақами 6-ро меёбанд (дар расм бо ақрабак ишорат шудааст). Рақамҳои дар як самт ҷойгир шударо ҷамъ намуда, рақамҳои танҳо аз тарафи рост истодаро бе тағир мегузоранд. Дар натиҷа адади 438 ҳосил мешавад, ки ин натиҷаи амали зарб аст: 6 х 73=438. Айнан ҳамин тавр ададҳои бисёррақамаро ба рақамҳо зарб мекунанд. Иҷрои амали тақсим бо ёрии чeбчаҳои Непер душвор аст. Бинобар ин онро барои иҷрои амали тақсим истифода намебаранд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован.