Умумӣ

Таснифи услуби илмӣ аз рўйи омилҳои ғайрилингвистӣ ва лингвистӣ

Таснифи услуби илмӣ аз рўйи омилҳои ғайрилингвистӣ ва лингвистӣ

Хосияти истилоҳии услуб аз маънои луғавии он ба миён меояд: услуб умуман равиши хосаеро мефаҳмонад, ки соҳиби амал дар офариниши ягон чиз зоир мекунад.

Дар забоншиносӣ ба чунин маъниҳо истифода шудани услуб расм шудааст:

  • Он яке аз шохаҳои забон аст, ки зимни он воситаҳои баён дар шароити муайян вобаста ба мақсад ва вазифаи мубодилаи афкор бо равиши махсус интихоб ва истеъмол мешаванд. Услубҳои функсионалии забони адабии имрўза – услуби илмӣ, публитсистӣ, бадеӣ ва расмии коргузорӣ, ки сарфи назар аз умумияти асосии худ бо ҷиҳатҳои алоҳида аз якдигар фарқ мекунанд, ба ҳамин маънои услуб мувофиқ меоянд;
  • Тариқи истифодаи маҷмўи воситаҳои фарқкунандаи забонист, ки дар бораи адибе, асаре ё жанре хосанд. Чунончи, услуби романи Р.Ҷалил «Одамони ҷовид», услуби С.Улуғзода, услуби назм, услуби асари илмии оммавӣ ва ғайра;
  • Интихоби воситаҳои забоние, ки хусусияти эҳсосӣ (эмотсионалӣ) ва муассирӣ (экспрессивӣ) доранд;

Услубҳои нутқ одатан дар заминаи таъсири омилҳои ғайрилингвистӣ (иҷтимоӣ)  сурат  мегиранд, ки муҳимтаринашон аз инҳо иборатанд:

  1. Муҳити муошират. Ҳар як соҳаи фаъолияти ҷамъиятии одамон шакли хоси шуури ҷамъиятиро дар бар мегирад.

Мардум ҳангоми алоқа ва мубодилаи афкор дар ҳар кадом аз соҳаҳои мазкур истифодаи яке аз услубҳои нутқ (ё шохаи забон)-ро лозим медонад. Масалан, дар рўзгор ва ҳаёти маишии онҳо одатан аз услуби гуфтугўӣ фоида мебаранд. Агар мубодилаи афкор дар соҳаи идоравӣ  сурат гирад, услуби расмии коргузорӣ истифода мешавад. Ҳамин тавр, муҳит, доираи муошират омили асосиест, ки гўянда бо тақозои он ба яке аз шохаҳои забони адабӣ (ё услубиёти функсионалӣ) муроҷиат мекунад.

2. Мақсади муошират. Одамон дар фаъолияти ҷамъиятӣ ҳамеша бо мақсади муайян сухан мегўянд. Ин ҳодиса онҳоро водор мекунад, ки аз сарвати забони модарӣ маҳз он тарзи ифода ва воситахои забонии хосеро ба кор баранд, ки дар айни ҳол барои ифодаи он мақсад даркор аст. Ин ҷиҳат офарандаи асари бадеиро ўҳдадор мекунад, ки аз воситаҳои  ифоданок ва тасвирии сухан бештар истифода барад. Мақсади нутқи илмӣ  ифодаи маълумоти  илмӣ дар асоси далелу рақам ва натиҷҳои таҳқикоти илмист. Баёни  ин маънӣ талаб мекунад, ки гўянда истилоҳҳои зарурӣ, воситаҳои ақлии суханро зиёдтар ҷалб намояд.

3. Мухотиби нутқ. Касе, ки ягон чиз менависад ё мегўяд, дар навбати аввал ин ҷиҳатро ба назар мегирад, ки мухотаб – шунаванда ё хонандаи  нутқи ў кист. Масалан, нутқи илмӣ  дар ҳар соҳаи илм ба онҳое нигаронида мешавад, ки дар ин соҳа дониш ва малакаи зарурӣ доранд. Дар аснои нутқи илмии оммавӣ маърифату зеҳнияти шахсоне пеши  назар оварда мешавад, ки саводи миёна дошта, барои фаҳмидани ягон шохаи илм бо тамоми ҷузъиёташ тайёр нестанд.

Омилҳои лингвистӣ

          Услуб дар чаҳорчўбаи услубшиносии лингвистӣ ба асоси он воситаҳои услубии забон сурат мегирад, ки аслан дорои се ҷиҳатанд:
а) обуранги услубӣ; б) фарқи маъноӣ; в) хусусияти муассирӣ.

А) Обуранги услубӣ. Зери ин мафҳум истифодаи воситаҳои забонӣ дар ягон услуби нутқ пеши назар оварда мешавад. Чунончи, таснифи воҳидҳои луғавӣ ба калимаҳои адабии китобӣ, гуфтугўӣ, дурушт, шоирона ба ҳамин асос сурат мегирад: мунчашакл (морфемаи якум хусусияти гуфтугўӣдорад); ғадуди ширӣ (дурушт).

Б) Фарқи маъноӣ. Дар ин замина асосан ҷилои маъноии муродифу муодилҳои забон ба ҷойи аввал мебарояд. Ҳар як гўянда вобаста ба шароити муошират, мақсади баён ва доираи фаҳмишу биниши шунаванда бояд аз муродифҳои дахлдори як истилоҳ истифода барад. Чунончи, атеросклероз (сирф илмӣ)-сахтшавии шараён (омиёна); гепатити А (илмӣ)-навъе аз зардпарвин (омиёна).

В) Хусусияти муассирӣ ҷиҳати таъсирбахш ва ҳаяҷонангези воситаҳои забониеро дар бар мегирад, ки моҳияти баҳодиҳӣ доранд. Муаллиф зимнан унсурҳои забониеро истифода мекунад, ки ғайр аз маънои мантиқӣ дорои хусусияти таъсирбахшӣ ва ҳаяҷонангезӣ мебошанд. Онҳо ба воситаи истеъмоли ин қабил воситаҳои услубӣ ҳам ба ақл ва ҳам ба ба ҳиссиёти шунаванда ё хонанда таъсир расонда, мақсаду мароми худро хубтар талқин мекунанд. Зимни муҳокимаронии мантиқӣ бо ду роҳ  метавон ба ақли шунаванда таъсир расонд: якум, аз тариқи далелҳои психологӣ. Яъне бояд нутқи гўянда аз муқоисаҳои эмотсионалӣ ва мисолҳои пуробуранг саршор бошад. Дуюм, ҳангоми муҳокимаронии мантиқӣ бояд он тарзу усулҳои баён ё шигард (приём)-ҳои баён ба кор бурда шаванд, ки ҳиссиёт, хоҳиш, майл, иродаи шунавандаро таҳти таъсир гирифта тавонанд.

Ба асоси далелҳои дар боло овардашуда услуби илмиро чунин тасниф мекунанд, ки дар натиҷа зеруслуб ё жанрҳои гуногун падид меоянд:

1) сирф илмӣ (рисола, мақола (барои конференсияи илмӣ, маҷмўаи илмӣ));

2) илмии техникӣ (истеҳсолии техникӣ);

3) илмии иттилоотӣ;

4) илмии маълумотномавӣ;

5) таълимии илмӣ;

6) илмии корӣ;

7) илмии публитсистӣ;

8) таълимии методӣ ва ғайра

Тавсифи матни жанрҳои гуногуне, ки бо гуногуннавъии тақсимбандишудаи услуби илмӣ мутобиқат хоҳад дошт, ба ин асос пешниҳод мешавад.

Таснифи функсионалии услубӣ ва дастабандии жанрҳо

          Чунонки аз гуфтаҳои боло маълум гашт, услуби илмӣ дар навбати худ боз ба зеруслубҳои хос xудо шуда, ҳар зеруслуб жанрҳои ба худ муносиберо талаб менамояд. Акнун баъзе зеруслубҳоро ба таври мухтасар шарҳ медиҳем, ки дархури аҳамият аст.

Услуби сирф илмӣ асосан барои мутахассисони соҳаи дахлдор таъйин шуда, чунин жанрҳоро дар бар хоҳад гирифт: монография, мақола, маърўза, кори курсӣ, кори дипломӣ, рисолаи илмӣ.

Ба услуби илмии иттилоотӣ жанрҳое хосанд, ки зимни онҳо ягон андешаи тозаи илмӣ ё кашфиёти наве ба миён гузошта намешавад ва фикр ба асоси маълумотҳои то ин вақт маълум ҷараён меёбад. Баъзе жанрҳои онро номбар мекунем: реферат, аннотатсия, конспект, тезис, тавсифи патентӣ.

Жанрҳои зерин хоси услуби илмии маълумотномавӣ мебошанд, ки барои хонанда ё шунаванда маълумотҳои ибтидоиро пешниҳод мекунанд: луғат, маълумотнома, баргадон (каталог).

Тавре ки маълум аст, услуби илмии оммавӣ  барои тамоми қишрҳои  аҳолӣ  нигаронида шуда, хосияти он ҳам аз ҳамин ҷо бармеояд, яъне матлаби илмӣ ба забони нисбатан содатар баён меёбад. Жанрҳои зерин хоси он мебошанд: очерк, китоб, лексия, мақола.

Бояд гуфт, ки жанрҳои услуби илмӣ бо вуҷуди тафовути ба чашм намоён боз як қатор умумиятҳои хосро доро мебошанд. Яке аз ҳамин гуна нуктаҳои умумиятбахш нақшаи ягонаи мантиқӣ мебошад, ки ба тартиби зайл шакл хоҳад гирифт: тезиси асосӣ (барои тасдиқкунӣ)-гувоҳи далелнок-иллюстратсия ё тазйин, яъне мисол (ба хотири ба исбот расонидани назарияи пешниҳодшудаи илмӣ), ки назарияи мазкурро пурратар тасдиқ  хоҳад намуд.

 

Leave a Reply