Умумӣ

Тасвири ҷамъияти хаёлӣ дар «Хирадномаи Искандарӣ»-и Ҷомӣ.

Дар достон идеяи ҷамъияти хаёлӣ характери ҷамъбастӣ дошта, аз нигоҳи фалсафӣ ниҳоят қавист. Мувофиқи тасвири Ҷомӣ Искандар пас аз ҷаҳонгирӣ, тай намудани кишвару мамлакатҳои зиёд ба шаҳре, ки ҳама мардум покизарўзгор буданд, мерасад. Аз тасвири Ҷомӣ равшан мегардад, ки Искандар аз Рум на барои қатлу ғорат, забт намудани кишвару бум, баҳру бар, боигарию сарват, чунон ки дар Фирдавсӣ омадааст, ё на ҳамчун кишваркушоӣ, умуман лашкаркаши моҳир, ки Низомӣ нишон додааст, балки хамчун як марди хирадманд, ҷўяндаи хайру эҳсон, хабарпурси ҳар як ошкору ниҳон ҷаҳонгардӣ намудааст:

Сикандар чу мегашт гирди ҷаҳон,
Хабарпурси ҳар ошкору ниҳон.
Дар аснои рафтан ба шаҳре расид,
Дар он шаҳр қавме писандида дид.

Пас аз ин Ҷомӣ бевосита бо як ҳиссиёти баланд ба тасвири ҷамъият рў меорад. Қаблан тасвири Фирдавсӣ ва Низомиро дидем. Пеш аз ҳама ҳангоми муқоиса эхсос мешавад, ки саволу ҷавоби Искандар бо бошандагони ин ҷамъият дар Ҷомӣ дақиқтаранд. Агар дар Фирдавсӣ бо Искандар сарвари бараҳманон, дар Низомӣ бузургони ин қавм сўҳбат ороста бошанд, дар Ҷомӣ Искандар бо дарзӣ барин шахс саволу ҷавоб мекунад. Дар оғоз Ҷомӣ агар сифату хислати одамони ин ҷамъиятро тавзеҳ диҳад, пас аз ин бо камоли маҳорат характеру хислатҳои як гурўҳи одамони оддиро дар рафти амалиёт нишон медиҳад. Масалан, Ҷомӣ чунин мегўяд:

Зи гуфтори беҳуда лабҳо хамўш,
Фурў баста аз носазо чашму гўш.
Наҷуста ба бад ҳаргиз озори ҳам,
Ба ҳар кори некў мададгори ҳам.
На з-эшон тавонгар касе, не фақир,
Ба эшон на султон касе, не амир.
Баробар ба ҳам қисмати молашон,
Мувофиқ ба ҳам сурати ҳолашон.
На аз меҳнати қаҳташон сол танг,
На бар сафҳаи сулҳапон ҳарфи ҷанг.

Мулоқоту сўҳбатҳои самимии дарзӣ бо Искандар ва тафаккуру андешаи дарзии хирадманд нуқтаи баландтарини достони Ҷомӣ ба ҳисоб меравад, ки чунин мулоқотҳоро дар Фирдавсӣ ва Низомӣ дида наметавонем. Аз ин рў, достони «Хирадномаи Искандарӣ» ва ҷамъияти хаёлии тасвиркардаи Ҷомӣ дар пояи олӣ меистад. Биёед саволу ҷавобҳои Искандарро бо мардуми покизарўзгори ин ҷамъият хубтар мулоҳиза кунем.
Масалан, Искандар аз онҳо мепурсад, ки чаро ҷамъияти шумо бе подшоҳ аст? Дар ҷавоб бошандагони он шаҳр ба Искандар мегўянд, ки дар ин ҷо зулму золимӣ нест. Бинобар ин мо ба подшоҳ эқтиёҷе надорем:

Дигар гуфт: «Чун шоҳи фармонравой,
Дар ин шаҳри бе шўр нагрифта ҷой?»
«Пайи дафъи зулм аст, – гуфтанд, – шоҳ,
Зи зулм ин вилоят бувад дар паноҳ.
Зари адл аз зулм гирад иёр1,
Чу золим набошад, ба одил чӣ кор?!»

Ҳатто одамони оддии ин шаҳр дар сухандонӣ ва нуктафаҳмӣ Искандари донишмандро мулзам мекунанд. Масалан, Искандар аз назди дўкони дарзӣ мегузашт. Дарзӣ ўро дида эътиборе надод, яъне аз ҷой нахест ва таъзим накард. Искандар сабаби инро аз дарзӣ пурсид. Дарзӣ дар ҷавоб чунин гуфт:

Наёяд хушам фарру2 иқболи ту,
Чӣ созам сари хеш помоли ту?
Надорам тамаъ ганҷи симу зарат,
Чу мор аз чӣ ҳалқа занам бар дарат?

Пас аз мутолиаи боби мазкур хонанда ба дунёи фикру андеша меравад, то ки хубтару беҳтар мақсади шоир ва фалсафаи зиндагиро бифаҳмад. Аз ин хотир дар тафаккураш саволҳои зиёди беҷавоб пайдо мешаванд. Ў андеша мекунад, ки чаро ин ҷамъият ба подшоҳ ниёз надорад? Чаро бойу камбағал, нест, ҳама баробар зиндагӣ мекунанд? Дар ҷавобҳои дарзӣ ба Искандар шоир ба кадом масъалаҳо диққат додааст? Ва ба ҳамин монанд саволҳои зиёде ўро нороҳат мекунанд.
Воқеан, хонандагон аз рўи матн ба саволҳои зикршуда то андозае ҷавоб хоҳанд ёфт. Азбаски дар ҷамъияти тасвиркардаи Ҷомӣ зулму истисмор, ҷангу ҷидол, тўҳмату бўҳтон нест, одамони ин ҷамъият ахлоқи писандида доранд, ҳамфикранд, баробар кор мёкунанд, ба онҳо подшоҳ ҳам лозим нест. Подшоҳ ҳам дар низоми давлат маҳз барои ҳамин корҳо лозим аст. Аз ин рў, ҷамъиятро бояд халқ идора кунад. Ба ҳамин тариқ, Ҷомӣ дар охири умр ба хулосае омад, ки ҷамъияти инсонӣ бе подшоҳ ва роҳбарии ў пиз пеш рафта метавонад. Баръакс, мамлакат боз беҳтар мешавад. Яъне Ҷомӣ дар ин айём аз баҳри подшоҳи одил ва бомаърифат ҳам мегузарад ва дар идора кардани давлат халқро ба мадди аввал мегузорад.
Ба саволи дуюм алоқамандона ба саволи боло ҷавоб додан лозим меояд. Дар ҷамъияти тасвиркардаи Ҷомӣ барои он бойу камбағал нест, ки мардуми он покахлок ва нексириштанд, онҳо дили соф, ақлу заковати баланди инсонӣ доранд. Ҷомӣ бо ин гуфтан хостааст, ки танҳо ҳамин зайл одамон чунин ҷамъиятро сохта метавонанд. Баъзе хислатҳои одамони ин ҷамъиятро Ҷомӣ дар симои дарзӣ инъикос намудааст. Дарзӣ марди ҳунарманд аст. Вай ба кори хоксоронаи худ машғул буда, узви комилҳуқуқи ин ҷамъият аст. Дарзӣ ба Искандар эътибор намедиҳад, аз ҷой намехезад, таъзим намекунад ва ин ба табъи Искандар намефорад. Дарзӣ ҷавоб медиҳад, ки ман аз ту ягон чиз талаб надорам, мўҳтоҷи ту нестам, ман озод ҳастам.
Ҷомӣ ба воситаи овардани саволу ҷавоби онҳо мавқеи ҷамъиятии шахсро гузоштааст. Ба ин восита адиб одамони тамаъкору хушомадгўи замонаашро мазаммат намуда, онҳоро ба назарбаландӣ ҳидоят мекунад.
Абдураҳмони Ҷомӣ ба хулосае меояд, ки дар он ҷое, ки золим нест, аз ҳар ҷиҳат мардумон бо ҳам баробар ва бародаранд, мувофиқи тавоноиашон меҳнат мекунанд, аз рўи ақлу хирад ҳар як узви ин ҷамъият зиндагиашро пеш мебарад. Мана ҳамин аст кулминатсияи асар, нуқтаи авҷи тасвир дар асари шоири бузург. Тасвири ҷамъияти хаёлӣ на танҳо як саҳифаи дурахшони адабиёти тоҷику форс, балки ғояи олии умумиинсонии адабиёти ҷаҳонӣ аст. Ин афкори олии Абдураҳмони Ҷомӣ баъд аз чанд аср ба тарзи аниқтар дар асарҳои сотсиалистони хаёлӣ ва нависандагони барҷастаи Европа Томас Мор («Утопия», 1516), Кампанелла («Шаҳри Офтоб», 1602), Анатол Франс («Дар санги сафед», 1905) ва дигарон инъикос ёфтааст.
Вале аз ҳама муҳимаш он аст, ки Ҷомии мутафаккир дар ҳамон замоне, ки инсон хору залил, фақиру музтар гардида буд, субҳи мурод, ҷилои хуршеди саҳар, машъали рахшони адолатро орзу кард.
———————–
1. Иёр — баҳо, тарозуи зарсанҷ, қимат, арзиш.
2. Фарр — шукўҳ, зебоӣ, дабдаба, тоҷи иқбол, ҳайбати шоҳон.

Leave a Reply