Умумӣ

Tаркиби «Ҳафт авранг»-и Ҷомӣ

Tаркиби «Ҳафт авранг»

Абдураҳмони Ҷомӣ натанҳо дар сурудани жанрҳои хурди лирикӣ мартабаи бузург дошт, балки дар эҷод намудани достонҳои ҳаҷман калони ишқӣ, ахлоқӣ маҳорату истеъдоди комилро доро буд. Ў дар солҳои охири ҳаёташ дар пайравии «Хамса»-ҳои Низомии Ганҷавӣ ва Амир Хусрави Деҳлавӣ 7 достони мустақил гуфтааст. Ба ҳамин тариқ, миқдори достонҳои «Хамса»-ро зиёд намуда, ба 7 расондааст.
Ҷомӣ ин ҳафт достони худро ба ҳафт хазинаи пурганҷ, ба ситораҳои «Ҳафт додарон» монанд кардааст. Агар, мегўяд шоир, ин «Ҳафт додарон» дар осмон шўҳратманд бошанд, ин ҳафт достони ман дар замин бо номи «Ҳафт авранг» мақоми хоса доранд:

Ин ҳафт сафина дар сухан якранганд
В-ин ҳафт хазина дар гуҳар ҳамсанганд.
Чун ҳафт бародаранд бар чархи баланд,
Номӣ шуда бар замин ба «Ҳафт авранг»-анд.

Достонҳои Ҷомӣ чи аз ҷиҳати бандубасту композитсия ва чи аз ҷиҳати тасвири воқеаю ҳодисаҳо аз достонҳои Низомӣ ва Амир Хусрав фарқи калон доранд. Шоир ба ин маънӣ ишорат намуда, изҳор менамояд, ки бояд хар кас бо меҳнати ҳалоли худ зиндагӣ кунад, ном барорад. Дар офаридани асар низ бояд ҳамин тавр бошад. Вагарна ба ақидаи шоир, тири мақсуд ҳаргиз ба нишон намерасад:

Гавҳар чу тавон зи кон гирифтан,
Сустӣ бувад аз дукон гирифтан.
Ҷон аз кафи дасти хеш кардан,
Об аз нами ҷўи хеш хўрдан.
Беҳ з-он ки хўрӣ ба косаи зар,
Аз ҳавзаи соқиёни дигар1.

Ҷомӣ хурсанд аз он аст, ки ба Низомию Амир Хусрав пайравӣ кардааст, вале асарҳои ў махсусиятҳои худро доранд:

Ҳар сў ҷўе зи об ронам,
Ҳам худ хўрам об, ҳам хўронам.

Мусаллам аст, ки маснавиҳои «Силсилатуззаҳаб» ва «Саломон ва Абсол» тозаэҷоданд. Панҷ достони дигар дар ҷавоби панҷ достони «Хамса»-ҳои Низомии Ганҷавӣ ва Хусрави Деҳлавӣ иншо шудаанд.
—————————
1. Достонҳои Низомӣ ва Амир Хусравро дар назар дорад.

Leave a Reply