Умумӣ

Тавзеҳи «Саломон ва Абсол»-и Ҷомӣ.

Яке аз шевотарин достонҳои адабӣ-ишкии форс-тоҷик, ки дар зарфи панҷ карни охир мавриди таваҷҷуҳи доимии аҳли адаб будааст, маснавии «Саломон ва Абсол»-и Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ мебошад.
Достони «Саломон ва Абсол», ки матни чопи он соли 1913 (Тошканд) ба назари ахли илм расидааст, камҳаҷмтарини мас-навихои «Ҳафт авранг»-и Ҷомӣ буда дороӣ 1108 байт аст. Аммо да;р баъзе нусхаҳои хаттӣ то ИЗО байт хам дида шудааст. Ин достонро Мавлоно Ҷомй ба номи Султон Яъқуб ибн Узунхасач Оккуюнлу (884—896) (1479—1491), хукмрони Табрез, гуё дар соли 885 суруда аст. Дар ин маснавй матолибе ва мавзуъхое дар шикоят аз пирй дида мешавад ва чунин ба назар мерасад ва мантикан хам бармеояд, ки Мавлоно Чомй ин достонро дар ку-х,ансолй суруда бошад.
«Назми достони «Саломон ва Абсол» барои нахустин боч дар таърихи адаб ба василаи Мавлоно Чомй анчом ёфтааст. Дар давраи ислом ин х,икоят аз фарханги кадими Юнон икти-бос шуда ва дар осори муаллифони араб Хунайн ибн Исхок, Ибн-ул-Аъробй, Ибн Туфайл ва бино ба гуфтаи Насриддини Туей, дар х.ошияи «Ишорот»-и Ибни Сино низ оварда шудааст. Барои исботи ин кисса ба воситаи Хунайн ибн Исхок аз юнонй ба арабй тарчума шудааст, бояд гуфт, ки ин матлаб барои ах;ли илм пушида нест, зеро матни он дар соли 1908 дар Кохира чоп шудааст. Аммо ин хам пушида нест, ки маъруфтарин шакли ин кисса хамоно манзумаи Мавлоно Чомй мебошад, ки дар Мовароуннахр ва чй дар Туркияю Хиндустон ва дар мамлакатхои дигари Ховарзамин машхур аст. Чунон ки зикр шуд, дар таърихи адабиёти Шарк Мавлоно Чомй нахустин суханварест, ки киссаи кухани Юнонро аз авва-лин ва асилтарин накл бар назм дароварда ба силсилаи масна¬вии худ пайваста аст. Дар асоси тахдикоти мавчуда, ки дар ин матлаб дар Иттифоки Советй ва дар кишварх,ои хоричй ан¬чом дода шудааст, якинан мешавад гуфт, ки Чомй ин достонро дар асоси накли гононии он ки ба забони арабй Хунайн ибни Исх,ок гардонида буд, сохтааст.1 Бинобарин бояд ёдовар шуд, ки Мавлоно Чомй хеч гох, мавзуъи достони «Саломон ва Абсол»-ро чунон, ки чанде аз донишмандони Шарку Рарб пиндоштаанд аз Ибни Сино ё Ибни Туфайл ва дигарон иктибос накардааст2. Баъзе аз мух,акк,ик,он сарчашмаи киссаи Ибн Синоро х.ам иштибохан тавзех. додаанд, зеро факат аз руи гуфтах,ои Чуз-чонй натичагирй ва хулосабарорй кардаанд. Ва хол он ки киссаи «Саломон ва Абсол» ба калами Абуалй ибн Сино дар китоби «Рисолаи хукамо» мавчуд аст ва дар ганчинаи дастхатх,ои Ин-ститути шаркшиносии АФ РСС Узбекистон нигах,дорй мешавад.3
1 Ниг. К. Айни. Великий творец поэмы «Саламан и Абсаль»— Абдурахман Джами. Саламан и Абсаль. Душанбе — Цвикау 1977, с 12—13.
2 Ниг. А. Крымский. История Персии и ее литературы и дер-вишекой теософии, ИГ, № 1—2, М. 1914—1917, с. 124, эзохи К. Чайкин. Нуреддин Абдурахман Джами—сб. «Восток», т. II, М—Л, 1935, с. 426. Зулмадж—Мухтасаре аз фалсафаи Ибн Сино ва нуфузи он дар Рарб. Техрон, 1952, с. 154. Али Асрари Х,икмат. Чомй. Техрон, 1320; Е. Э. Бертельс. Хитоба. Чашнномаи ибни Сино, ч. 2, Техрон, 1344, с. 18; Е. Э. Бертельс. Навои и Джа-ми. М„ «Наука» 1965. с. 272.
3 Дастхати раками 2385, в. 101—102. Ниг. С. Мирзоев. Ибн Синонинг шаркшинослик институтида мавчуд асарлаои. Ташкент, АН УЗССР 1955, с. 192—200. А. Идрисов. Абуалй Ибн Синонинг «Саломон ва Абсол» кисаси, АН Узб. ССР, Ташкент, 1973. Ниг. ^- Айнп. Великий творец поэмы «Саламан и Абсаль»—А. Джами. Саламан и Абсаль. Душанбе, —Цвикау, 1977, с. 13. Эзохи 15.
Дар ин маврид бисьёр бачост ишора шавад, ки донишманди афгани Абдулхай Хабибй дар китоби худ «Нигохе ба Саломон ва Абсол ва савобики он»1 достони Мавлоно Чомиро комилан сахех тавзех додааст, харчанд, ки нусхаи хаттии киссаи «Сало¬мон ва Абсол» аз ганчинаи Институти Ховаршиносии Академиям Фанхои Узбекистон дар дастраси вай набудааст.
Абдурахмони Чомй бо ин ки мавзуи маснавии «Саломон ва Абсол» ро аз Хунайн ибн Исхок ик,тибос кардааст, вале вай ба-рои манзумаи худ ба таври куллй аз шаклу мазмуни ин кисса истифода карда, мазмун ва матолиби тозаи бикри фикрй ба ко-лаби он овардааст. Ва зимнан як силсила хикоёт ва тамсило-ти гуногуни адабй ва ахлокии судмандеро дар пайкари достони дилангези худ гунчоиш додааст. Илова бар ин мешавад якинан пиндошт, ки Мавлоно Чомй ин достонро оинаи акоид ва назари-ёти хеш карор дода хостааст, ки дар поёни рузгораш афкор ва орзухои хешро ба ин васила ба таври возех. ба хонанда намоиш дихад ва аз ин лихоз метавон гуфт, ки достони «Саломон ва Абсол» намоишгари равшан ва мунъакискунандаи афкори чамъ-иятии мардони барчастаи он рузгор буда дар радифи осори Аб¬дурахмони Чомй ва бузургони дйгари он замон маком ва ман-зилати хосаеро доро будааст. Дар вокеъ Мавлоно Чомй дар ин аса-раш афкору акидаи пешкадамона ва инсондустии худро ба наз-ми фасехи расо ва сухани бадеъ баён карда, адлу инсоф, мехру вафо ва мухаббату шафкатро, ки хамеша бех,тарин орзухои ба-шар будаанд, ба зарофати хосе ва бо калами ороставу пироста васф намудааст.
Масалан назари Мавлоио Чофиро дар хусуси хукумат ва кишвардорй ба таври муъчиз дар мисраъх,ои зерин метавон дид:
Нуктае хуш гуфтааст он дурбин Адл дорад мулкро коим, на дин. Куфркеше, к-у ба адл ояд фарех, Мулкро аз золими диндор бех,. Акидахои пешкадамонаи Мавлоно Чоми, ки дар достони «Саломон ва Абсол» инъикос ёфтаанд, барои он замон ва пас аз он хам ахамияти фавкулоддаи ичтимой доштанд, зеро онхо мардумро, ки гирифтори азобу беадолатй буд, тасалло медоданд ва як навъ рахнамой менамуданд, фармонравоёнро ба рохи неку накуй ташвик, мекарданд, дарси ахлоку тарики адлу инсофро ни-шон медоданд. Тасодуфй набуд, ки дере нагузашта «Саломон ва Абсол»-и Мавлоно Чомй ба калами Махмуд ибни Усмонп Ломей ба забони турки тарчума шуд, Абдибеки Шерозй ба пай-равии вай назира сохт, сипае бо кушиши Мухаммадризо Огахй барои хони Хева ин достон ба забони туркии узбеки гардонда шуд.1
Дар соли 1956 достони «Саломон ва Абсол»-и Мавлоно Чо¬мй ба василаи Фитз Джеральд ба шеъри англией тарчума шуд. Сипае тарчумаи ин достон ба насри франсавй дар Париж анчом дода шуд, ки дар соли 1928 чоп шудааст.
Хонандагони рус аз ОРОЗИ карни гузашта бо намунаи осори Мавлоно Чомй ошной пайдо карданд. Вале киемхои асосии дос¬тони «Саломон ва Абсол»-ро дар соли 1935 шаркшиноси маъру-фи рус Константин Чайкин руей гардонида интишор дода буд. Баъдтар шоир ва мутарчими рус Владимир Державин достонро ба таври хеле комилтаре ба риштаи шеъри руей кашид, ки борхо ба табъ расидааст.

Leave a Reply